Фанни Андоз

Манбаъҳои ҳуқуқи андоз

Манбаи ҳуқуқ истилоҳи ҳуқуқӣ буда, барои ифодаи шаклҳои гуногуни иродаи давлат (ҷамъият) хизмат мекунад, ки тавассути онҳо ин ирода ба ҳуқуқ табдил меёбад. Манбаи ҳуқуқ ба маънои махсуси ҳуқуқӣ шакли зоҳирии ифодаи ҳуқуқ, яъне ҷамъи асноди меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, ки онҳо меъёрҳои ҳуқуқро дарбар кардаанд.

Дар навбати худ меъёрҳои ҳуқуқ қоидаҳои рафторест, ки иродаи ҷамъиятро ифода мекунанд ва давлат онҳоро аз номи мақомоти дахлдори худ муқаррар (ё тасвиб) карда, тавассути қувваи маҷбуркунии худ ҳифз менамояд.

Мақоми меъёрҳои ҳуқуқ дар ҳаёти ҷамъият дар он ифода мегардад, ки онҳо бо роҳи муқаррар кардани қоидаҳои дахлдор рафтору кирдори одамонро ҳидоят намуда, бо ҳамин тартиботи ҷамъиятии ба манфиати давлат мутобиқро пойдор месозанд ва инкишоф медиҳанд. Худи хусусияти мақоми фаъоли меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳамчун қисми болосохти (надстройкаи) бевосита ба шакли (типи) давлат вобаста буда, ин меъёрҳоро муқаррар менамояд ва оқибат асоси (базиси) ҳамин ҷамъият мегардад.

Яке аз муҳимтарин фарқи меъёрҳои ҳуқуқ аз дигар меъёрҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла аз меъёрҳои ахлоқи ҷамъият дар он аст, ки меъёрҳои ҳуқуқ бо тадбирҳои маҷбурияти давлатии дар онҳо пешбинишуда ҳифз карда мешаванд. Меъёрҳои ҳуқуқ дар дасти ҷамъият барои барпо намудан ва мустаҳкам кардани сохти давлатдории муайянкардаи Конститутсия — давлати соҳибистиқлол, дунявӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона фишанги муҳимтарин шуда хизмат менамояд.

Қонунгузориро, ҳамчун шакли зоҳирии ифодаи ҳуқуқ, ҳеҷ вақт бо худи ҳуқуқ омехтан мумкин нест. Ҳуқуқ бо мазмуни иҷтимоию иқтисодии худ сахт вобаста буда, аз хусусияти муносибатҳои танзимшаванда аз режим, принсипу усулҳои ба тартибандозиаш ҷудонопазир аст. Қонунгузорӣ ҳамчун шакли зоҳирии ифодаи ҳуқуқ, дар мадди аввали воқеъияти ҳуқуқӣ қарор дошта, нисбати на танҳо моҳияташ (муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ), балки нисбати шакли ботинии ҳуқуқ низ мустақил мебошад. Вазъи қонунгузорӣ ҳар қадар аз бисёр ҷиҳат ба салоҳдиди қонунгузор, ба фаъолияти самарабахши инкорпоратсия ва кодификатсияи қонунгузорӣ вобаста бошад, ҳамон қадар мухолифати байни ҳуқуқ (ҳодисаи дорои хусусияти объективӣ) ва қонунгузорӣ ногузир аст.

Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон таърифи зеринро пешниҳод кард. Қонунгузории андоз маҷмӯи меъёрҳоест, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси онҳо аз ҷониби Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида мавҷуданд, ки системаи боҷу хироҷҳо, принсипҳои пайдоиш, тағйирёбӣ ва барҳамхӯрии муносибатҳои байни соҳибони мулку давлат оиди пардохти андозҳо, шаклу усулҳои назорати андоз, масъулияти риоя накардани ӯҳдадориҳои андозро муайян мекунанд.

Чунончӣ, дар мамлакатамон мувофиқи моддаи 4 Кодекси андоз муқаррар карда шудааст, ки маҷмӯи санадҳои қонунгузории миллии андозбандӣ аз Кодекси андоз ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси он қабулгардида иборат мебошанд.

Бинобар ин аслан ба номгӯи қонунгузории андоз инҳо дохиланд:

  • Кодекси андоз;
  • санадҳои Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ оиди ҷорӣ кардани (тағйир додани, бекор кардани) андозҳои маҳаллии муқарраркардаи Кодекс;
  • санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • санадҳои вазоратҳои (идораҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамин тавр, қонунгузории андоз ба маънои том аз ҳамаи санадҳои иловагие иборат аст, ки мувофиқи Кодекси андоз қабул шудаанд. Ҳамин гуна муносибатро қонунгузории андози Молдоваю Қазоқистон низ пешбинӣ кардаанд.

Ситондани пардохтҳои гумрукӣ ва боҷи давлатӣ ҳамвора мутобиқи қонунгузории гумрукӣ, қонунгузорӣ оиди боҷи давлатӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, ки қонунгузории андоз фаро нагирифтааст, ба танзим дароварда мешаванд.

Дар айни замон банди 7 моддаи 4 Кодекси андоз ба ҷумлаи қонунгузории ғайриандозӣ муқарраротеро муайян намудааст, ки ба онҳо дохил кардани масъалаҳои вобаста ба андозбандӣ иҷозат дода мешавад:

  • Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ»;
    • Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ»;
    • қонунгузории гумрукӣ;
    • қонунгузорӣ оиди боҷи давлатӣ;
    • қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети
    • давлатӣ барои соли дахлдор;
  • санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ.

Дар навбати худ, моддаи 1 КАФР қонунгузории андозро бо худи Кодекс, инчунин қонунҳои федералӣ, санадҳои қонунгузории субъектҳои федератсия, ҳамчунин бо санадҳои меъёрии мақомоти маҳаллии ҳокимият, ки тибқи Кодекс қабул карда шудаанд, маҳдуд менамояд. Санадҳои иловагӣ ба қонунгузории андоз дохил нашудаанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли дигар давлатҳо, санадҳои меъёрии андозро, ки бо тартиби муқарраршуда нашр нашудаанд, барои иҷро фиристодан иҷозат намедиҳанд. Ингуна санадҳоро дар вақти баррасии мубоҳисаҳо далел овардан мумкин нест, онҳо барои ба танзим овардани муносибатҳои дахлдори ҳуқуқӣ асоси қонунӣ шуда наметавонанд.

Меъёрҳои ҳуқуқи андоз ҳамчун соҳаи ҳуқуқ дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дар асоси он қабулшуда дар ҷараёни таҳия шуданашон ва татбиқашон ба зерсоҳаҳои ҳуқуқ бо назардошти зерин гурӯҳбандӣ шудаанд:

1) вазифаҳои андозҳо (ба танзимоваранда, мутобиқгардонанда, ҳавасмандкунанда, иқтисоди берунӣ, назоратӣ, молиявӣ ва ғайра).

2) равияи соҳаи объекти танзимшаванда (намуди мушаххаси андоз, боҷу хироҷ).

3) минтақавӣ (умумидавлатӣ ва маҳаллӣ).

4) равияи соҳавӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ (аз рӯи соҳаҳои истеҳсолот ва соҳаҳои дастгирии давлатӣ).

Умумияти байни равияи соҳавӣ ва зерсоҳавӣ дар ягонагии мавзӯъ ва усул, фарқияташ бошад дар хусусияти фаъолияти субъектҳо, хусусияти фаръии шаклҳои ҷудогонаи меъёрҳо, хусусияти объекти андозбандӣ ифода меёбад.

Системаи қонунгузории андоз аз ҷиҳати сохтор ду хел аст:

  • қонунгузорӣ, ки табиати дохилидавлатӣ дорад;
  • меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ.

Ба сифати манбаъҳои дохилидавлатии ҳуқуқи андоз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд, ки дар онҳо хусусиятҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои байни андозсупоранда ва давлат баамалоянда ифода ёфтаанд.

Мафҳуми «санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҳамчун ҳуҷҷатномаи расмии шаклаш муқаррарӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор нашр шуда, он меъёрҳои ҳуқуқӣ, яъне дастурамалҳои умумии доимӣ ва ё муваққатиеро дарбар мегирад, ки барои истифодаи бисёркарата таъин гардидааст.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд: Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, инчунин санадҳои дигари иловагӣ (қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармонҳои Президент, қарорҳои Шӯроҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, қарорҳои Ҳукумат, асноди вазоратҳо (идораҳо), мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ).

Қонунҳо бояд сарчашмаи асосии ҳуқуқи андоз бошанд. Эътироф кардани волоияти қонунҳо, роли муайянкунандаи онҳо дар системаи сарчашмаҳои ҳуқуқи андоз ба хулоса меоваранд, ки ин шакли ифодаи ҳуқуқ барои танзими муносибатҳои андоз фаъолона истифода бурда шавад. Дар ин ҳолат волоияти қонун бояд на танҳо ба таври расмӣ нисбат ба дигар санадҳои меъёрӣ бартарият доштанашон, балки дар худи моҳияти онҳо ифода ёбад, ки ин дар онҳо бартарӣ доштани меъёрҳои амали бевосита маҳз бо қонунҳо фаро гирифтани масъалаҳои муҳимтаринро пешбинӣ менамояд.

Дар байни қонунҳо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад24. Он меъёрҳои асосии ҳуқуқро, ки ҳаёти ҷамъиятро ба танзим меоранд, аз ҷумла меъёрҳои ҳуқуқ ва кафолати инсон ва шаҳрванд, муносибатҳои байни шахс ва давлат, дар бораи асосҳои ҳуқуқ ва озодии шахс, шакл ва ваколати мақомоти ҳокимияти давлатиро дар бар гирифтааст.

Ҳамчунин дар он принсипҳои асосии танзими ҳуқуқӣ баён ёфтаанд. Конститутсия асоси ҳуқуқии қонунгузории ҷорӣ ва манбаи бевоситаи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Моддаи 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ки додани андозҳо ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад. Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд, қувваи бозгашт надоранд. Моддаи 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ки «Лоиҳаи қонунҳо дар бораи буҷет оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад». Дар моддаи 77 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, ки Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин қоидаҳои конститутсионӣ асос меёбад.

Кодекс Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» қонунест, ки тамоми меъёрҳо ё қисми зиёди меъёрҳоеро, ки соҳаи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд, дар бар мегирад. Кодекссозии қонунҳои андоз дар доираи як санади ҷиддии меъёрию ҳуқуқӣ имконият медиҳад, ки25:

— ба системаи андоз ва қонунгузории андоз бо назардошти дигар муносибатҳои ҷории ҳуқуқӣ муназам ва мураттаб муносибат карда шавад. Ҳоло дар баробари ворид кардани ягон тағйирот ба Кодекси андоз бояд оқибати он нишон дода шавад, ки ин тағйирот чӣ натиҷа мебахшад — оё аз ин бори андоз кам мешавад ё зиёд, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат тағйир меёбанд ё не ва ғайра;

— тавассути қонунгузорӣ тамоми амалиёти мақомоти давлатӣ, ки мустақиман ё ғайримустақим бо муайян кардан ва амалӣ гардонидани сиёсати давлатии андоз алоқаманд мебошанд, таҳти назорати сахт гирифта шаванд;

— ҳуқуқи андозсупоранда барои ҳамаҷониба шинос шудан ва истифода бурдани қонунгузории андоз ба амал бароварда шавад;

— вайронкунии қоидаҳои қонунгузории андоз кам гардад, зеро дар санадҳои қонунгузории то ба ҳамин қарибӣ қабулгардидаи дахлдори соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, аксаран қоидаҳои бо андозбандӣ алоқаманд дохил карда мешуданд, ки ба соҳаҳои умумии ҳуқуқ ва қонунгузории андоз мувофиқат надоштанд;

— дар як санад номгӯи аниқи андозҳои муқарраркардаи давлат ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ муайян карда шавад, андозсупорандагон, меъёри андоз, номгӯи имтиёзот, тартиби ҳисоби андоз ва мӯҳлати пардохти он, мақомоти аз тарафи давлат ваколатдоршудаи назораткунанда, усулҳои маъмурии андоз ва муҷозотҳои татбиқшаванда мушаххас нишон дода шаванд, ки ин ҳама то ҳол ба шакли нопурра дар санадҳои гуногун оварда мешуд ва аксар вақт мавзӯи баҳси андозсупорандагон ва мақомоти назораткунанда мегардид.

Андозҳо дар асоси принсипҳои умумии андозбандӣ муқаррар карда ва ситонида мешаванд. Танзими қонунгузории андоз барои пурратар ва аниқ таҷассум ёфтани ин принсипҳо мусоидат мекунад.

Бисёрии мафҳуму истилоҳоте, ки ҳангоми муқаррар кардани ин ё он андоз истифода мешаванд, «умумиандозӣ» мебошанд. Муҳим аст, ки онҳо якхела истифода гарданд, то ки мушкилоти нодаркор ва сафсатабозии қонунгузориро ба миён наоранд. Санади танзимкунанда бояд гуногунмаъногии мафҳуму истилоҳот, мухолифати дохилии механизми андозбандиро аз байн барад.

Азбаски маънои системаи андоз танҳо аз системаи андозҳо иборат нест, бинобар ин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиботи ҳуқуқии молиявиро (фискалиро) пурра ба танзим медарорад. Ҳамвора масъалаҳои муқаррар кардани андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ, масъалаҳои ба миён омадан ва тартиботи иҷрои вазифаҳои пардохти андоз, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои андозсупорандагон, шаклу усулҳои назорати андоз, масъулияти қонуншиканиҳои андозӣ ва ғайра баррасӣ карда мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки иштирокчиёни муносибатҳои андоз оиди ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ маълумоти пурра ва мукаммал гиранд.

Аз ин ҷиҳат Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни танҳо соҳавӣ намебошад. Он яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими ҳуқуқи миллӣ мебошад, ки муносибати аҳолиро ба давлат ва умуман ҳуқуқ ташаккул медиҳад. Кодекс ба маънои холисона хизмати қонуни конститутсиониро баҷо меоварад. Тавассути андозбандии воқеӣ аз бисёр ҷиҳат декларатсияи демократизми сохти давлатӣ, оиди ҳуқуқ ҳамчун ифодаи олии адолат, ҳамчун сарвати ягонаи сохти давлатдорӣ дарк карда мешавад.

Вобаста ба объекти танзимгардонӣ Кодекси андоз ба қисмҳои умумӣ ва махсус ҷудо карда шудааст.

Қисми умумии Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ин чизҳоро муқаррар кардааст:

1) принсипҳои ташкил ва фаъолияти системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) тартиби муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андозҳои маҳаллӣ;

3) номгӯи мукаммали андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ;

4) вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои молиётӣ (андозсупорандагон, мақомоти андоз, агентҳои андоз ва ғайра), ки бо қонунгузории андоз танзим мешаванд;

5) муқаррароти муайян намудани объектҳои андозбандӣ;

6) иҷрои ӯҳдадориҳои андозсупорӣ;

7) чораҳои ҷавобгарӣ, ки иҷрои ӯҳдадориҳои андозсупориро таъмин мекунанд;

8) муқаррароти асосӣ оид ба андозҳои маҳаллӣ;

9) муқаррароти асосӣ оид ба ҷорӣ намудани баҳисобгирии андоз;

10) муқаррароти асосӣ оид ба шикоят кардан аз амали (беамалии) мақомоти андоз ва мансабдорони онҳо.

Чунончи, банди 4 моддаи 4 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки мухолифати муқаррароти Кодекси андоз ва муқаррароти дигар санадҳои қонунгузории андоз ҷой дошта наметавонанд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асос ва мувофиқи Кодекси андоз қабулшуда дар сурати мухолифат доштан ба Кодекси андоз эътибори қонунӣ надоранд. Дар сурати ҷой доштани чунин ихтилофот муқаррароти Кодекси андоз мавриди истифода қарор дода мешаванд (эътибори қонунӣ доранд).

Банди 5 ҳамин модда тасдиқ менамояд, ки муқаррароти Кодекси андоз ба мақсади андозбандӣ нисбат ба муқаррароти дигар соҳаҳои қонунгузорӣ бартарият дорад. Мусаллам аст, ки ҳалли масъалаҳои андозбандӣ қоидаҳо, мафхумҳо ва истилоҳоти қонунгузориҳои соҳаи гражданӣ, оилавӣ ва дигар соҳаҳои қонунгузорӣ агар ба Кодекси андоз мухолифат накунанд, ба ҳамон маъное, ки дар ин соҳаҳо корбаст мешаванд, мавриди истифода қарор мегиранд.

Агар дар Кодекси андоз татбиқи дигари қоидаҳо, мафҳумҳо, истилоҳот ва муқаррароти қонунгузориҳои соҳаи гражданӣ, оилавӣ ва дигар соҳаҳои қонунгузорӣ (қонунгузориҳои ғайриандозӣ) пешбинӣ шуда бошад, ба мақсади андозбандӣ муқаррароти Кодекси андоз мавриди истифода қарор дода мешавад.

Умуман дар Кодекси андоз ба танзими давлатии принсипҳои умумии андозбандӣ ба мақсади мушаххасгардонӣ ва рушди асосҳои конститутсионии ташкил ва кори системаи давлатии андоз, аз ҳам фарқ кунондани салоҳияти мақомоти давлатӣ, муқаррар намудани принсипҳо ва тартиби муносибатҳо дар доираи андозбандӣ аҳамияти калон дода шудааст.

Ҳамзамон дар Кодекси андоз таъкид шудааст, ки мафҳумҳо ва меъёрҳои дар он муқарраркарда танҳо дар мавриди танзими муносибатҳои бо андозбандӣ алоқаманд мавриди истифода гардида, ҳангоми танзими муносибатҳои берун аз чорчӯбаи муносибатҳои андозбандӣ худ аз худ мавриди истифода шуда наметавонанд. Мафҳум ва меъёрҳои қонунгузорӣ мумкин аст дар мавриди танзими муносибатҳои бо андозбандӣ вобаста набуда танҳо дар мавриди ҳамин муқаррарот мустақиман дар қонунгузории дахлдори ғайриандозӣ муқаррар гардиданаш истифода шуда метавонад.

Ба қисми махсуси Кодекси андоз меъёрҳое дахл доранд, ки унсурҳои асосӣ ва танзимкунандаи муносибатҳои махсуси андозро оид ба андозҳои умумидавлатӣ, инчунин муайянкунандаи хусусиятҳои асосии андозҳои маҳаллӣ тавсиф додаанд. Боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ ва боҷи давлатӣ, ки ситонидани онҳо мувофиқан бо қонунгузории гумрук ва қонунгузории оиди боҷи давлатӣ танзим мешаванд, истисно мебошанд.

Қонунгузории андозро ҳамчун маҷмӯи тартиботи (қоидаҳои) ҳуқуқӣ низ шуморидан мумкин аст, ки ҳар кадоми онҳо аз гурӯҳи меъёрҳои ҳуқуқие иборат буда, намудҳои муносибатҳои якхелаи дорои сифати ягонаи (умумии) андозро танзим мекунанд.

Аз ин ҷост, ки меъёрҳои бо ташаккул ва таъмини таъсирбахшии системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд тартиботи (қоидаҳои) системаи давлатии андозро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои муайянкунандаи ваколату вазифаҳои мақомоти давлатии танзими андоз ва назорат тартиботи (қоидаҳои) идораи давлатии андозбандиро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳое, ки ҳимояи давлатӣ ва судии ҳуқуқу манфиатҳои молумулкии андозсупорандагонро кафолат медиҳанд, тартиботи (қоидаҳои) ҳифзи ҳуқуқҳои андозсупорандагонро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои ба танзимоварандаи намуд, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи андозбандӣ тартиботи (қоидаҳои) супорандаи андозро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои муайянкунандаи бақайдгирӣ, зарурати ҳисобу китоби андоз оид ба тартиб додани суратҳисоб ва ҳисоботи андозсупорандагон, тартиботи (қоидаҳои) ҳисобрасӣ ва ҳисоботи андозро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳое, ки ба манбаи андозбандӣ, муомилоти андозбандишаванда, арзиши мол, кору хизматрасонӣ ва даромад дахл доранд, тартиботи (қоидаҳои) объект ва мавзӯи (мояи) андозбандӣ, манбаи андозро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳое, ки мӯҳлат ва тартиби пардохти андоз, тартиби иҷро ё аз ӯҳдадории андозсупорӣ озод намуданро дарбар мегиранд, тартиботи (қоидаҳои) ӯҳдадории андозсупориро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои кафолатдиҳандаи масъулияти тарафайни мақомоти андоз ва андозсупорандагон барои вайрон кардани ӯҳдадориҳои худ, тартиботи (қоидаҳои) масъулияти иштирокчиёни муносибатҳои андозро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои муқарраркунандаи шартҳои имтиёзноки андоз барои категорияҳои алоҳидаи андозсупорандагон ё шаклҳои фаъолияти тартиботи (қоидаҳои) имтиёзҳои андозро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои мустаҳкамкунандаи хусусиятҳои асосии иқтисодӣ ва молиявӣ ҳангоми муқаррар кардани маблағи андози ситондашаванда тартиботи (қоидаҳои) ҳисобрасии андозро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои муайянкунандаи ӯҳдадории бонкҳо ва дигар сохторҳои оид ба пешниҳоди маълумотҳо ва ба буҷет гузаронидани андозпулӣ тартиботи (қоидаҳои) иштирокчиёни (агентҳои) молиявии назорати андозро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои аз буҷет бозгардонидани маблағҳои нодуруст ситондашуда ё барзиёд пардохткардаи андозсупорандагон тартиботи (қоидаҳои) бозгардонии пардохтҳои андозро ташкил медиҳанд.

Ин номгӯи тартиботи ҳуқуқии андоз пурра ва мукаммал нест. Тартиботи мазкур, ки муқаррароти асосӣ ва умумиро дарбар мегиранду мӯҳлати амали онҳо ба аксари амали муносибатҳои андоз дахл доранд, дар маҷмӯъ қисми умумии ҳуқуқи андоз ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Қисми махсуси Кодекси андоз тобеи қисми умумӣ буда, аз тартиботе таркиб ёфтаанд, ки режими ҳуқуқии ситонидани намудҳои алоҳидаи андозро аз объектҳои махсус ва мояи андозбандӣ танзим менамоянд.

Мувофиқи намудҳои андоз, ки дар қонунгузории андоз пешбинӣ шудаанд, қисми махсуси ҳуқуқи андозӣ тартиботи қоидаи ҳуқуқиро дорост ва дар фаслҳои мушаххаси Кодекси андоз оварда шуда, хусусияти андозбандии ин ё он намуди андозро инъикос менамоянд. Режими ҳуқуқии андозбандӣ, ки бо тартиботи (қоидаҳои) қисми махсуси Кодекси андоз мустаҳкам ва асоснок карда шудаанд, хусусияти хоси танзими ҳуқуқии муносибатҳои оид ба ситонидани ҳар як андозро инъикос менамояд, ки дар чорчӯбаи режими умумии ҳуқуқии муқаррарнамудаи қисми умумӣ арзи вуҷуд доранд.

Қисми махсус тартиботи (қоидаҳои) худиро ташаккул медиҳад, ки дар Кодекс муқаррар карда шудаанд. Баъзеи ин қоидаҳоро номбар карда, мухтасар тавсиф мекунем.

Меъёрҳои батартибандозандаи таркиби хароҷот ва даромади андозсупоранда, хориҷкунӣ аз манбаи андозбандӣ, баҳисобгирии нарх ва арзиши аслии маҳсулот тартиботи (қоидаи) муайянкунии манбаи андозбандиро ҳангоми муқаррар намудани даромад (фоида) ё муомилоти андозбандишавандаи субъекти андозбандишавандаро ташкил медиҳад.

Меъёрҳои муқарраркунандаи режими махсуси андозбандии баъзе даромадҳо тартиботи (қоидаҳои) хусусиятҳои хоси пардохти андоз аз намудҳои алоҳидаи даромадро муайян мекунанд.

Меъёрҳои дарбаргирандаи намудҳои масорифи ба хароҷот нисбатдодашаванда тартиботи (қоидаҳои) масорифи ба арзиши аслии маҳсулот (кор, хизматрасониҳо) дохилшавандаро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои таъминкунандаи шартҳои додани имтиёзоти андоз ё тағйир додани таркиби он тартиботи (қоидаҳои) назорати асоснокии додани имтиёзоти андозро мустаҳкам мекунанд.

Меъёрҳои дахлдори андозбандии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тартиботи (қоидаҳои) хусусиятҳои хоси андозбандии даромади шахсони ҳуқуқии хориҷиро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳои ба санадҳои байналмилалии соҳаи андозбандӣ истинодкунанда тартиботи (қоидаҳои) пешгирии андозбандии дукаратаро ташкил медиҳанд.

Меъёрҳоитанзимкунандаи андозбандии истифодабарандагони замин, об, ҷангал, конҳо тартиботи (қоидаҳои) ба роҳ мондани ҳақгириро барои сарватҳои табиӣ ташкил медиҳанд.

Ин номгӯи тартиботи (қоидаҳои) умумӣ ва қисмҳои махсуси ҳуқуқи андоз аз нуқтаи назари амалияи ҷаҳонии танзими андозбандӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ пурра ва мукаммал нест. Бинобар ин дар миён масъалаи такмилдиҳӣ ва пуррагардонии тартиботи (қоидаҳои) андозбандӣ вуҷуд дорад.

Дар амалияи қонунбарории ҷаҳонӣ ҷустуҷӯи ҳамаҷонибаи моделҳои нави танзими андозбандӣ ба назар мерасад.26 Аввалан, кӯшиши ҳамоҳангсозии ҳуқуқи андоз (тартибу қоидаҳои он) аз ҷониби ҳамкорони тиҷоратии Иттиҳоди Аврупоӣ оид ба стандартҳои он қайд шудааст. Дуюм, қонунҳои ҳавасмандгардонии меъёрҳои андозбандӣ дастгирӣ ёфта, тамоили даст кашидан аз қонунҳое зуҳур ёфтааст, ки фақат аз меъёрҳои мусодиравӣ иборатанд. Сеюм, тартиботу қоидаҳои нав ба миён меоянд: бехатарии иҷтимоии андозбандӣ, муттаҳидкунии андозбандӣ, имконияти мусоиди инвеститсионии андозбандӣ, салоҳу равоии ҷаримабандии аз андозсупорӣ саркашикардагон. Масъалаҳои асосноккунии салоҳияти ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории андоз, зарурати дароз кардани мӯҳлати ба дигар вақт монондани пардохти андоз ё бахшидани қарзи андоз (бақияи қарз) аҳамияти рӯзафзун пайдо карда истодаанд.

Мувофиқи андозҳои дар Тоҷикистон ҷоригардида соҳаҳои иловагии ҳуқуқи андоз ва соҳаҳои иловагии қонунгузории бо онҳо алоқаманд ташаккулу такмил меёбанд, ки муҳимтаринашон инҳоянд:

  • оиди андози фоида,
  • оиди андози арзиши иловашуда,
  • оиди андоз аз шахсони воқеӣ,
  • оиди андози сарватҳои табиӣ,
  • оиди андозбандии бонкҳо,
  • оиди андоз аз сармоягузории хориҷӣ,
  • оиди андозҳои маҳаллӣ,
  • оиди арзиши аслии маҳсулот,
  • оиди истеҳлок (амортизатсия),
  • оиди ҳисобу китоби муҳосиботӣ (бухгалтерӣ),
  • оиди назорати андоз,
  • оиди нархгузорӣ.

Номгӯи мазкур мукаммал нест, аммо он имкон медиҳад, ки нақшаи умумии муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи андоз тартиб дода шавад. Ҳар кадоми ин соҳаҳои иловагӣ дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон фаслҳои худро, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои меъёри байналмилалиро дорост.

Қонунгузории андозро таҳлил намуда, қайд кардан лозим аст, ки меъёрҳо ба субъектҳои муносибатҳои андоз ҳар хел таъсир мерасонанд.

Меъёрҳои қонунгузории андоз вобаста ба ҳадди ҳуқуқии татбиқашон ба меъёрҳои амали мустақим ва ғайримустақим тақсим мешаванд.

Ба меъёрҳои амали мустақим, масалан, меъёрҳои масъулияти вайронкунии қонунгузории андоз дохил мешаванд. Чунончи, андозсупоранда барои риоя накардани қонунгузории андоз дар мавридҳои муқарраркардаи қонун ҷавобгар дониста, аз ӯ барои ин ё он хилофкорӣ фоизи муайян ҷарима ситонда, гирифтори дигар муҷозотҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ карда мешавад.

Ба меъёрҳои амали ғайримустақим меъёрҳое дахл доранд, ки бо ҳисобу китоби бухгалтерӣ (муҳосибавӣ) ё андозбандии боимтиёз вобастаанд.

Ҳамин тавр, меъёрҳои ҳуқуқи андоз, ки муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи андозбандиро танзим менамоянд, аз рӯи мақсадашон ва мувофиқан аз рӯи моҳияти ҳуқуқиашон гуногунанд.

Таснифи ин меъёрҳо гуногун аст. Ба меъёрҳои моддӣ ва муҳокимотӣ (просессуалӣ) ҷудокунии онҳо хусусияти бештар хоси онҳост27.

Меъёрҳои моддии ҳуқуқи андозро он чиз хос аст, ки онҳо маҷмӯи вазифаву ҳуқуқҳоро қонунан мустаҳкам карда, ҳамчунин тавассути ҳуқуқи андоз масъулияти иштирокдорони муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамоянд. Дар меъёрҳои моддӣ он тартиботи ҳуқуқӣ инъикос меёбад, ки дар чорчӯбаи он системаи андоз бояд амал намояд.

Меъёрҳои моддии ҳуқуқи андоз асосҳои амали муштараки андозсупорандагон ва мақомоти идораи соҳаи андозро муайян менамоянд.

Меъёрҳои муҳокимотии (просессуалии) ҳуқуқи андоз идораи давлатиро ба тартиб меандозанд. Инҳо меъёрҳоеанд, ки тартиби қабул, баррасӣ, ҳалли арзу шикоёти андозсупорандагон, тартиби муҳокимаи парвандаҳои оид ба ҳуқуқвайронкунии андоз ва ғайраҳоро муайян мекунанд. Таъминоти онҳо аз муайян намудани расму қоидаи ҳуқуқу вазифаҳои қонуние иборат аст, ки меъёрҳои моддии ҳуқуқии андоз дар доираи муносибатҳои танзимшавандаи андоз муқаррар карда мешаванд.

Шакли ҳуқуқии моҳияти иқтисодии андозҳо, иҷрои вазифаҳои фискалӣ ва танзимотии андоз мазмуну моҳияти меъёрҳои муҳокимотии (просессуалии) андоз мебошанд.

Меъёрҳои муҳокимотӣ (просессуалӣ) қоидаҳои умумиянд, ки ба соҳаҳои зайл дахл доранд:

  • таҳияи санадҳои ҳуқуқии андоз, ҳам меъёрию ҳам индивидуалӣ (инфиродӣ);
  • қоидаҳои ягонаи ба ҷо овардани амалиёти омиронаи ба амалбарории манъкунии иҷозатдиҳӣ, рухсатдиҳӣ ва амру дастури мустақим, ваколатҳои назоратӣ, иҷозатдиҳӣ, бақайдгирӣ, танзимгардонӣ ва дигар ваколатҳое, ки субъектҳои ҳокимияти иҷроия ба амал мебароранд.

Ин қабил қоидаҳо мутобиқи амалиёти идоравии мақомоти андоз (шахсони мансабдор) тасвият шуданашон мумкин аст, вале на дар ҳар маврид. То ба ҳол санадҳои ҳуқуқии ҳархелаи танзимнашудаи таъиноти мухталифи дорои эътибори гуногуни ҳуқуқӣ мавҷуданд, гарчанд муносибати соф идоравӣ ва тартиб додани ин қабил қоидаҳо раво дида мешавад. Ин ҳолат шаҳодати он аст, ки қонунгузории просессуалии андоз ҳанӯз дар пояи ташаккулёбӣ қарор дорад.

Ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлат қабулшуда манбаи ҳуқуқи андоз мебошанд ва онҳо дорои меъёрҳои ҳуқуқӣ буда, муносибатҳои андозро танзим менамоянд (санадҳои меъёрии ҳуқуқии илова ба қонунҳо қабулшуда).

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии илова ба қонунҳо қабулшуда — манбаи ҳуқуқи андоз ду категорияанд:

  • санадҳое, ки дар асоси вогузор кардани ваколати қонунӣ қабул шудаанд;
  • санадҳое, ки барои тақвияти қонунҳо қабул шудаанду манзури онҳо таъмини иҷрои ин қонунҳо мебошад.

Ин ду категорияи санадҳои илова ба қонунҳо дар асос ва мувофиқи қонунгузорӣ қабулшуда ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд мухолифи қонун бошанд, онро тағйир диҳанд ё худ пурра намоянд.

Мутобиқи Кодекси андоз ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст намудҳои зерини санадҳои меъёрии ҳуқуқии илова оид ба масъалаҳои вобаста ба андозбандӣ қабул гарданд:

  • санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (оиди ҳадди ақалли музди меҳнат, оиди ташкил ва барҳам додани вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, вобаста ба андозбандӣ ва ғайра);
  • санадҳои Маҷлисҳои вакилони халқ оид ба муқаррар намудан, тағйир додан ё бекор кардани андозҳои маҳаллӣ, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст;
  • санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (оиди тасдиқи дастурҳо дар бораи тартиби ҳисоб кардан ва пардохтани андозҳои умумидавлатӣ, дар бораи номгӯи молҳои аксизӣ ва воридотӣ, меъёрҳои андози онҳо, феҳристи хизматрасониҳое, ки аз онҳо боҷи давлатӣ гирифта мешавад ва ғайра);
  • санадҳои вазоратҳои (идораҳои) мамлакат.

Масалан, мувофиқи банди 10 моддаи 4 КА ҶТ Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавридҳои зарурӣ бошад, бо мувофиқаи дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ оиди иҷрои Кодекси андоз дастурот бароварда метавонад.

Дар мавридҳои пеш омадани зарурати дар дастурот инъикос кардани ин ё он масъалаҳои хос онҳо бояд бо дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла бо Бонки миллӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ (дар қисмати, масалан, андози соҳибони воситаҳои нақлиёт) ва дигар вазорату идораҳо мувофиқа кунонида шаванд.

Дастуроти ба ин тарз қабулгардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ниг.Замимаи 1).

Аз ҷониби андозсупорандагон риоя ва иҷро кардани талаботи дастуроти оид ба масъалаҳои мазкур қабулшуда ҳатмист. Дар ингуна дастурот бояд ахбороти дорои хусусияти техникию методӣ оиди хонапурӣ кардани намунаҳои декларатсияи андоз мавҷуд бошад (мисолҳои ҳисоб кардани андоз, тадбирҳои назорат кардан ба ҷараёни ҳисобкунӣ ва пардохти андоз, усулҳои (методикаи) мавриди амал карор додани қонун ва ғайра бояд муайян карда шаванд). Бояд дар хотир дошт, ки чунин дастурот наметавонанд мустақиман ё ғайримустақим тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳоро, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, тағйир диҳанд.

Бинобар ин мақсад аз такмили қонунгузории андоз набояд эҷод кардани меъёрҳои илова ба қонун, балки такмил додани худи қонунҳои оид ба андоз, муқаррар намудани чунин тарзу усулҳои бартараф кардани камбудиҳои соҳаи қонунгузорӣ бошад, ки бидуни интишори дастурот дар асоси худи қонун варианти дурусти рафтору муносибат муайян карда шавад.

Албатта, ҳангоми андозбандӣ аз татбиқи санадҳои меъёрии илова ба қонун қабулшуда тамоман даст кашидан мумкин нест.

Ин якчанд сабаб дорад. Аввалан, баъзе паҳлуҳои масъалаи андозбандӣ ҳаллу фасли фавриро тақозо мекунад, ҳол он ки ин корро аз рӯи қонуну қоида баҷо овардан мушкилиҳо дорад. Чунончи, масъалаи ҷорӣ кардани боҷҳои мавсимии гумрукӣ дар давоми давраи кӯтоҳтарин муҳим мебошад. Дуюм, ҳалли баъзе масъалаҳои дорои хусусияти техникиро на ба дӯши идораҳои махсус, балки ба дӯши қонун бор кардан беҳтар аст. Ҳамчунин шарт нест, ки намунаҳои декларатсияҳои андоз, ҳисобу китоб ва ғайра маҳз бо қонунҳо муқаррар карда шаванд. Сеюм, азбаски андозбандӣ вазифаи танзимгарӣ низ дорад, ҳалли фаврии баъзе масъалаҳоро ба ваколати мақомоте вогузоштан зарур аст, ки барои амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии ин ё он соҳа масъул мебошад.

Ба манбаи ҳуқуқи андоз инчунин санадҳои дигар соҳаҳои қонунгузорӣ шомиланд, ки меъёрҳои ҳуқуқии ба муносибатҳои андоз татбиқшавандаро дороянд. Алоқамандии зичи андозбандӣ ҳамчун тартиботи маҷбуран ситонидани як қисми даромад ва таъмини ҳисобу китоби буҷет оиди пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳуқуқи андоз мавҷуд будани меъёрҳоеро тақозо дорад, ки муносибатҳои вобаста бо ҷанбаҳои гуногуни андозбандиро (зарари амволе, ки ҳангоми рафтори ғайриқонунии иштирокдорони муносибатҳои андоз, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ӯҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, муносибатҳои андозии бонкҳо, мақомоти асъорӣ, гумрукӣ ва ғайра ба миён омадаанд) дар чунин соҳаҳои қонунгузорӣ, чун гражданӣ, бонкӣ, асъорӣ, буҷетӣ, гумрук, иқтисоди хориҷӣ, ҷиноӣ, маъмурӣ, ҷиноии мурофиавӣ, замин, экологӣ ва ғайраро ба танзим медароранд.

Дар банди 5 моддаи 4 КА ҶТ ҳамчунин омадааст, ки агар дар Кодекс чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, қонуну қоидаҳо, мафҳумҳо ва истилоҳоти қонунгузориҳои соҳаи гражданӣ, оилавӣ ва дигар соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамин маъное, ки дар ин соҳаи қонунгузорӣ истифода бурда мешаванд, мавриди истифода қарор мегирад.

То ба ҳол сухан аз чунин манбаи ҳуқуқи андоз мерафт, ки он ба қонунгузории миллӣ дахлдор аст. Зимнан муносибатҳои андоз ҳамчунин бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тамзим карда мешаванд. Мувофиқи моддаи 10 Конститутсия «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» принсипу меъёрҳои маъмули ҳуқуқи байналмилалӣ ва қарордодҳои байналмилалии давлат қисми таркибии низоми ҳуқуқии он мебошанд.

Ҳамчунин аз статуси аҳдномаҳои байналмилалии андоз бояд гуфт, ки онҳо нисбат ба қонунгузории дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарият доранд.

Се гурӯҳи аҳдномаҳои байналмилалиро доир ба масъалаҳои андоз ҷудо кардан мумкин аст:

1) Санадҳои муқарраркунандаи принсипҳои умумии андозбандӣ, аз ҷумла Санади хотимавии машварати оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Европа (с.1975) ва ғайра. Ин санадҳо бевосита истифода бурда намешаванд, принсипҳои онҳо дар қонунгузории дохилӣ татбиқ карда мешаванд.

2) Аслан созишномаҳои андоз созишномаҳои дуҷониба ё бисёрҷонибае ҳастанд, ки ба мақсади роҳ надодан ба андозбандии дуҷониба, роҳ надодан ба маҳдудкунии ҳуқуқи андозсупорандагоне, ки дар қаламрави мамлакатҳои хориҷӣ бо фаъолияти хоҷагӣ машғуланд, пешгирии саркашӣ аз андозбандӣ баста мешаванд.

Дар ин гурӯҳи созишномаҳо се гурӯҳи иловагиро ҷудо намудан мумкин аст:

2а) созишномаҳои умумии андоз (конвенсияҳо). Онҳо ҳама масъалаҳои марбут ба муносибатҳои тарафайни давлатҳоро дар бобати андозҳои мустақим (андоз аз даромад ва аз амвол) ё андозҳои ғайримустақим (масалан, тарифҳои гумрукӣ)-ро дар бар мегиранд.

2б) созишномаҳои маҳдуди андоз. Онҳо ё ба андозҳои ҷудогона (масалан, созишномаи андоз аз мерос, андози суғуртаи иҷтимоӣ), ё андозбандии фаъолияти ҷудогона (масалан, созишномаи бартараф намудани андозбандии дуҷонибаи даромад ва амвол ва ғайраҳо) дахл доранд. Чунончи, ҷиҳати ҳамоҳангсозии андозбандии ғайримустақим Созишнома дар бораи принсипҳои гирифтани андозҳои ғайримустақим аз содироту воридоти молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) байни давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 ноябри соли 1998 аҳамияти калон дорад.

2в) Созишномаи расонидани ёрии маъмурӣ оид ба корҳои андоз. Ингуна созишномаҳо байни мақомоти андози мамлакатҳои гуногун ба мақсади мубодилаи ахборот, пурзӯр намудани назорати андоз ва ғайра баста мешаванд. Дар шароити кушодии марзҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ингуна созишномаҳо хеле заруранд.

3) Гурӯҳи сеюм аз созишномаҳои гуногуни байналмилалӣ иборатанд, ки баробари дигар масъалаҳо инчунин масъалаҳои ҳуқуқи андозро баррасӣ менамоянд. Чунончи, созишномаҳо дар бораи асоси муносибатҳои ду давлат, чун қоида, масъалаи баробарҳуқуқии андозро баррасӣ менамоянд; созишномаҳои барқарор кардани муносибатҳои дипломатию консулӣ имтиёзҳои тарафайни андозро барои кормандони дипломатию консулӣ дар назар доранд.

Баробари он, дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди аз суиистифодаи ин қоидаҳо дар доираи муносибатҳои андоз чораҳои ҳифзу пешгирӣ дар назар дошта шудаанд. Банди 8 моддаи 4 КА ҶТ аз ҷумла муқаррар мекунад, ки имтиёзҳои пешбиникардаи шартномаи (созишномаи) байналмилалӣ оиди пешгирии андозбандии дуҷонибаи резиденти давлати иштирокчии шартнома, агар ин резидентро шахси дигаре, ки резиденти ингуна давлат намебошад, ба мақсади соҳиб гаштан ба имтиёзҳо истифода кардан татбиқ карда намешавад.

Интегратсияи (ҳамгароии) соҳаи иқтисодиёт ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳо роли бузург мебозад. Масалан, интегратсияи иқтисодии байни мамолики Осиёи Марказӣ бидуни ба як шакл даровардани қонунгузорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи гумрук, бекор кардани маҳдудиятҳои соҳаи тариф ва ғайритарифӣ дар савдои тарафайн, гузаронидани назорати гумрук ба сарҳадоти берунии Иттиҳод ва дигар чорабиниҳо ғайриимкон буд28.

Роли созишномаҳои байналмилалии андоз чун манбаҳои ҳуқуқи андоз, инчунин вобаста ба номукаммалии қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухолифат ва ба амалияи ҷаҳонӣ мувофиқат накардани он баланд мешавад. Меъёрҳои созишномаҳои байналмилалӣ оиди роҳ надодан ба андозбандии дуҷониба аксар вақт ҷиҳати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии андоз нишонаи муҳими раҳнамо шуда хизмат менамоянд. Онҳо тартиботи (қоидаҳои) дар амалияи ҷаҳонии қонунгузории андоз истифодашавандаро, ба мисли намояндагии доимӣ, фоида аз фаъолияти тиҷоратӣ, тасҳеҳи даромад, даромад аз моли ғайриманқула, фоиз, даромад аз ҳуқуқи муаллифӣ, маҳдуд намудани имтиёзҳо, роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ дар андозбандӣ, расмиёти мувофиқакунии тарафайн, мубодилаи ахборот ва ғайраро дарбар мегиранд, ки онҳо меъёри қонунгузории миллиро аниқ мегардонанд ва муносибатҳои ҳуқуқии байни субъектҳои муносибатҳои андозро мустаҳкам мекунанд.


24 Ниг.: Моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) Љумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 5 Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

25 Исмоилов Ш.М. Правовое регулирование предпринимательской и налоговой деятельности в Республике Таджикистан. Душанбе, Изд-во «Ќонуният», 1998 — с.82.

26 Петрова Г.В. Налоговое право. Учебник для вузов. М. Издательская группа ИНФРА. М.норма

1997, с.30.

27 Петрова Г.В. Налоговое право. Учебник для вузов. М. 1997.С.10-11.

28 Рахимов Р.К., Асроров И.А. Перспективные формы интеграции экономики Республики Таджикистан в рамках единого экономического пространства Центральной Азии. Известия Академии наук Республики Таджикистан., серия: экономика и политология, 1999, № 3, С.11.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *