Кредити байналхалқи ва шаклҳои он
- Кредити байналхалқӣ моҳият,
принсипҳо ва вазифаҳои он.
- Шаклҳои кредити байналхалқӣ.
3.Лизинг,факторинг, форфейтинг:моҳият ва хусусиятҳои истифодаи онҳо.
1. Кредити байналхалқӣ моҳият, принсипҳо ва вазифаҳои он.
Барои муайян намудани зарурият ва моҳияти кредити байналхалқӣ бояд мафҳуми сармояи қарз ҳамчун категорияи иқтисоди ба хотир овард. Сармояи қарз-ин воситаҳои пулиест, ки дар асоси фоизи муайян ва муҳлати муайян ба қарз дода мешавад. Шакли ҳаракати сармояи қарз кредмт ташкил мекунад. Аз ин ҷо кредити байналхалқӣ ин шакли ҳаракати сармояи қарз дар доираи муносибатҳои байналхалқӣ иқтисоди мебошад ва бо додани ресурсҳои асъорӣ ва моли вобаста мебошад.
Кредити байналхалқӣ аз ҳисоби истифода намудани сарчашмаҳои гуногун таъмин карда мешавад.
Сарчашмаҳои кредити байналхалқӣ;
1.фонди амортизатсионӣ;
2.фонди музди кор;
3.андухти пулии давлат дар намуди воситаҳои аз моликияти давлат гирифташуда даромадхо аз фаъолияти истеҳсоли тиҷорати ва молиявии ҳукумат ва ғайра.
4.андухти пули аҳолӣ;
5.як қисми фоида ки барои васеъшави ва азнавсозии доираи истеҳсолот истифода мешавад.
6.дигар воситаҳои пули мувақкатан озод.
Зарурият барои кредити байналхалқӣ аз инҳо бармеояд;
1. Гардиши даврагии воситаҳо дар хоҷагӣ;
2.хусусиятҳои истеҳсолот ва фуруши маҳсулот;
- фарқиятхо дар ҳаҷм ва муҳлати додугирифти хориҷии иқтисодӣ; 4.зарурияти маблағгузории калон барои васеъ намудани доираи истеҳсолот.
Принсипҳои кредити байналхалқӣ;
1.баргардонидан;
2.мӯҳлатнок;
3.фоизнок;
- ба максади муайян додани кредит
5.таъминоти модди доштан.
Вазъиятҳои кредити байналхалқӣ хусусияти ҳаракати сармояи қарзро дар доираи муносибатҳои байналхалқии иқтисоди ифода мекунад ва аз инҳо иборат аст;
1.аз нав тақсим намудани сармояҳои қарз дар байни мамлакатҳои гуногун ба мақсади таъмин намудани талаботи такрористеҳсолӣ васеъ;
2.сарфа намудани хароҷоти муомилот дар доираи ҳисоббаробаркунии байналхалқи;
3.томарказ (консентрация) вамарказонидани бонкҳо;
4.вазифаи ба танзим даровардани иктисодиёт.
С2. Шаклҳои кредити байналхалқӣ.
Мувофиқи як катор аломатҳои асосӣ тасниф кардан мумкин аст, ки онҳо тарафҳои алоҳидаи кредити байналхалқиро тавсиф мекунанд;
1. Мувофиқи манбаъ (сарчашма);
а) дохили;
б) хориҷӣ;
в)омехта.
2) мувофиқи таъинот;
А) тиҷоратӣ;
Б) молиявӣ; В) мобайни.
3.Мувофиқи намуд;
А) моли;
Б) асъорӣ
- Мувофиқи асъори қарз;
А) дар асъори мамлакати қарзбардор ва мамлакати қарздиҳанда; Б) дар асъори мамлакати сеюм;
В) бо асъори коллективи.
- мувофиқи муҳлат;
А) аз ҳад кутоҳмуҳлат (1 шабонаруз то 3 моҳ)
Б) кутоҳмуддат;
В) миёнамуддат;
Г)дарозмуддат.
6.Мувофиқи таъмин будан; А) таъминшуда;
Б) бланкавӣ.
7.Мувофиқи техникаи додани кредит;
А) кредити нақд (молиявӣ);
Б) кредити аксептӣ;
В) сертификатҳои депозити;
Г) заёмҳои облигатсионӣ; Д) қарзҳои консортсионӣ.
Қарзи байналхалқи инчунин ба кредит таъмин намудани содирот ва воридотро низ дар бар мегирад.
Ба карз таъмин кардани содирот дар шаклҳои зерин гузаронида мешавад.
1. Карз барои харидор (ба мӯҳлати то 8 сол) 2. Қарзи акцепти дар шакли акцепти траттаҳо.
Дар шароити муосир чунин шаклҳои кредитҳои дарозмуддатро фарқ мекунанд:
- Қарзҳои дутарафаи байниҳукукмати;
- Кредитҳои созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавии асъорию-қарзӣ ва молиявӣ;
- кредитҳои имтиёзноки дарозмуддат
Дар шароити муосир чунин шаклҳои кредити байналхалқии тиҷоратиро фарқ мекунанд.
1.кредити фирмави-чунин шакли қарз ки фирмаи як мамлакат ба фирмаи малакати дигар медиҳад.
- кредити вексели-шаклест, ки мувофиқи он содиргар пас аз фиристонидани мол ба воридгар вексел мефиристад, воридгар бошад вайро қабул карда истода розигии прадохти маблағро дар мӯҳлати муайяншуда медиҳад.
- кредит мувофиқи суратҳисоби кушод. Ба воситаи бастани созишнома дар байни содиргар ва воридгар амалӣ мегардад ва мувофиқи он содиргар ба суратҳисоби воридгар ба сифати қарз арзиши молҳои ба воридгар фиристодашударо сабт мекунад ва воридгар уҳдадор мешавад, маблағро дар мӯҳлати муқарраркардашуда медиҳад.
С.3.Лизинг,факторинг, форфейтинг:моҳият ва хусусиятҳои истифодаи онҳо.
Лизинг-ин шакли махсуси маблағгузори барои гирифтани мошинҳо, лавозимотҳо, молҳои манқул ва дигар элементҳои сармояи асоси бо миёнравии ширкати махсусгардонидашудаи лизинги.
Ширкати лизинги ҳуқуқи моликиятро гирифта истода онро ба иҷора ба мӯҳлати миёна ва дароз ба шахси сеюм медиҳад. Истифодаи лизинг як қатор бартариятҳоро дорост, чунки мувофиқи ин шакли ҳамкорӣ барои аз навсозии истеҳсолот дар асоси технологияи муосир маблағи зиёди молияви дар асъори хориҷи аз тарафи фирма сарф карда намешавад.
Тамоми хароҷотҳоро дар марҳилаи аввал ширкати лизинги ба ӯҳдаи худ мегирад. Дар шароити лизинги байналхалқӣ иштирокчиёни муносибатҳои лизинги дар мамлакатҳои гуногун ҷойгир мешаванд. Мувофиқи объекти иҷора лизинг ба лизинги моли манқул ва ғайри манқул тақсим мешавад. Инчунин лизинги оперативи ва молиявиро фарқ мекунанд. Лизинг дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳодисаи нисбатан нав мебошад. Дар солҳои 50-ум ба миён омада истода аз ибтидои солҳои 60-ум ба омили муҳими музаффарияти иқтисодии як қатор мамлакатҳо мубаддал гашт М:ҳиссаи лизинг дар инвеститсияи истеҳсоли дар иқтисодиёти ШМА 25-30% дар Англия, Франсия, Швеция, Норвегия, 13-17%, Германия, Италия, Голландия 12-14%-ро ташкил медиҳад.
Факторинг-шакли нави муносибатҳои байналхалқии кредити амалиётҳои факторинги мебошад. Факторинг- ин аз тарафи ширкати махсусгардонидашуда харида гирифтани талаботҳои пули содиргар ва воридгар ва инкосатсияи онҳо.
Принсипи асосии факторинг аз он иборат аст, ки фактор фирма талаботҳои пули мизоҷҳои худро харид карда истода дар мӯҳлати ду-се руз аз 70 то 90%-и онҳоро дар намуди пешпардохт мекунад, 10-30%-и боқимондаи маблағро содиргар пас аз воридшавии маблағ ба суратҳисоби худ мегирад. Бартарияти чунин шакли хизматрасони зиёдшавии ликвиднокии содиргар мебошад. Дар доираи содирот фактор фирмаҳо ду намуди хадамотро иҷро мекунад.
1.Факторинги «Ором» ё ин ки «Пинҳонӣ»
2.Факторинги «Кушод»
Форфейтинг-шакли нави қарздиҳи ва ба маблағ таъмин намудани тиҷорати беруни мебошад. Форфейтинг-додани ҳуқуқи муайянро ба ивази пардохти нақд ифода мекунад. Дар таҷрибаи бонкӣ форфейтинг ин ба мӯҳлати пурра харид кардани векселҳо, дигар ҳуҷҷатҳои қарзи ва пардохти аз тарафи муассисаи махсуси кредити (форфетор) мебошад. Дар ин гуна ҳолат-форфейтор ҳамаи хатарҳоро ба ӯҳдаи худ мегирад. Дар шароити форфейтикунони содиргар талаботхои ба воридгар доштаи худро мефурушад ва ба ивази вай маблағҳои нақдро мегирад. Мӯҳлати форфейтинг 2-5сол мебошад.
Форфейтикунони барои содиргар як қатор бартариятҳо меоварад:
- зиёд шудани ликвиднокии содиргар;
- озод шудан аз хатари кредити хатарҳои тағйирёбии фоизи қарз ва қурби асъор;
3.зиёдшавии қобилияти кредитдиҳии содирот;
4.аз байн рафтани назорат нисбати баргардонидани қарз.