Фанни Андоз

Системаи андозҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пардохтҳои ҳатмии ба системаи андозҳо шомилро ба гурӯҳҳои марбути субъектҳои пардохт ҷудо кардан айни мақсад аст. Дар ин асос гурӯҳҳои мазкурро ин тариқ ҷудо кардан мумкин аст:

  • андозҳое, ки шахсони воқеӣ месупоранд;
  • андозҳое, ки корхонаҳо месупоранд;
  • андозҳое, ки ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам шахсони воқеӣ месупоранд (андозҳои омехта).

Боҷу пардохтҳои ҳатмии дигар барои системаи андози мамлакат аҳамияти махсус доранд. На ҳамаи онҳо бо роҳи қонунгузорӣ муқаррар гардидаанд, ин бошад хилофи моддаи 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Онҳо дар феҳристи андозҳои дар моддаи 6 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зикрёфта ишора нашудаанд, аммо бо вуҷуди ин онҳоро мақомоти гуногуни давлатӣ ҳамоно меситонанд. Ин ҳолат аслан на амалиёти бамулоҳизаи таҳиягарони сиёсати андоз, балки камбудии ин сиёсат аст.

7.1. Андозҳое, ки шахсони воқеӣ месупоранд

Андози шахсони воқеӣ шакли ба буҷет ҷиҳати қонеъгардонидани зарурати давлат ситонидани қисми даромади (фоидаи) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа мебошад.

Мадохилоти андози шахсони воқеӣ одатан дар Тоҷикистон қариб 9 фоизи ҳаҷми умумии тамоми мадохилоти андозро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳисоби Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) дар ИМА саҳми андози даромад дар қисми даромади буҷет охирҳои соли 80-ум бештар аз 45 фоиз, солҳои 90-ум 35 фоиз буд. Дар Британияи Кабир ва аксари мамолики минтақаи Европаи Ғарбӣ тақрибан дар ҳудуди 25-30 фоиз аст. Дар ин бобат мамлакатҳои Европаи Шимолӣ рекорди ба худ хос гузоштаанд, яъне ин намуди даромади буҷети онҳо ба 50 фоиз мерасад. Илова бар ин аз даромади шаҳрвандони ин мамлакатҳо мақомоти мунисипалӣ ва калисо низ андоз меситонанд, инчунин барои фондҳои иҷтимоӣ андоз гирифта мешавад. Ҷолиби диққат аст, ки чунин вазъият «мамолики мутараққиро» қаноат намекунонад. Ислоҳоти системаи андозҳо дар солҳои 90-ум саргармии яксараи қариб ҳамаи давлатҳо гардида буд40.

Андози шахсони воқеиро Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст. Феҳристи чунин андозҳо пурра муқаррар гардидааст.

Ба ин гурӯҳ чунин андозҳо марбутанд:

  • андози даромади шахсони воқеӣ,
  • андози амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ ва инчунин
  • як қатор пардохтҳои камаҳамияти шабеҳи боҷҳо.

Андози шахсони воқеиро, ки бештар хоси системаи андози Тоҷикистон аст, дида мебароем.

а) Андози даромади шахсони воқеӣ — яке аз муҳимтарин андозҳоест, ки ҳанӯз дар давраи собиқ СССР гирифта мешуд41.

Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсифоти ҳамин андозро якҷоя бо тавсифоти андози даромади шахсони ҳуқуқӣ шарҳ додааст, ки он ҳамвора муқаррароти умумии ба ҳарду намуди андоз дахлдорро дар бар мегирад. Чунин сиёсат онро дар назар дорад, ки ин андозҳо барои давраи гузариши Тоҷикистон (чун дигар давлатҳои мутараққӣ) ба андозбандии ғолибан шахсони воқеӣ ва кам кардани бори андози шахсони ҳуқуқӣ мобайнӣ мебошанд.

Кодекс қоидаҳои барои ҳамаи категорияи шахсони воқеӣ умумӣ ва ҳамчунин қоидаҳоеро муқаррар кардааст, ки хусусиятҳои хоси андозбандии категорияҳои алоҳидаи шахсони воқеиро ба назар мегиранд.

Барои мисол, хусусияти хоси андозбандии шахсони воқеӣ вобаста ба: (а) аз маҳалли асосии манбаи даромад — ҷои кори асосӣ ва ҷои кори ғайриасосӣ (хизмат, таҳсил), (б) нисбат ба даромадҳои хориҷиён ва ғайра муқаррар гардидааст.

Мутобиқи моддаи 117 Кодекси андоз «резидентҳо ва ғайрирезидентҳо — шахсони воқеӣ супорандагони андози даромад мебошанд».

Чунин мафҳуми супорандагони андоз дар қонунгузории дигар давлатҳо муқаррар карда шудааст. Андозсупорандагони андози даромади шахсони воқеӣ шахсони воқеие дониста мешаванд, ки резидентҳои андоз, инчунин шахсони воқеии ғайрирезидентие мебошанд, ки аз манбаҳои дохили мамлакат даромад мегиранд (моддаи 207 КА ФР).

Андозсупорандагони андози даромади инфиродӣ (алоҳида) шахсони воқеиеанд, ки объектҳои андозбандишаванда доранд (моддаи 141 КА ҶҚ).

Шахсони воқеие, ки ҳақиқатан дар муддати кадом давраи 12-моҳаи мантиқии дар ин соли тақвимӣ ба анҷом расанда зиёда аз 182 рӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир будаанд ё дар муддати соли тақвимӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон будаанд, нисбат ба тамоми соли тақвимии ҷорӣ резидент ҳисобида мешаванд (банди 1 моддаи 24 КА ҶТ). Дар Ҷумҳурии Халқии Хитой андози даромадро аз даромади дар мамлакат ба даст овардаашон ғайрирезидентҳое месупоранд, ки дар қаламрави мамлакат бештар аз 90 рӯз буду бош дошта бошанд.

Объекти андозбандии шахсони воқеӣ мувофиқи моддаи 118 Кодекси андоз даромади умумии дар соли тақвимӣ ба дастомада буда, он маблағи пешбининамудаи нигоҳдошташаванда ҳисоб мешаванд:

  • барои шахсони воқеӣ-резидентҳо — аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз қаламрави он буда,
    • барои шахсони воқеӣ-ғайрирезидентҳо — аз манбаъҳои дар Тоҷикистон буда.

Ҳама намуди даромадҳо, ба ғайр аз даромадҳои аз андози даромад озодшуда, ба даромади умумӣ мансуб мебошанд, аз ҷумла:

  1. даромади ба шакли музди кор гирифташуда (даромади киро);
  2. даромади фаъолияти иқтисодӣ, ки кори кироя ҳисоб намешавад;
  3. ҳаргуна даромади дигар.

Дар моддаи 27 Кодекси андоз чунин номгӯи даромади андозбандишавандаи аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда оварда мешавад (банди 21): (1) даромад аз кори кироя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; (2) даромади истеҳсолкунанда аз таҳвили молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин аз иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; (3) даромад аз фаъолияти соҳибкорие, ки мумкин аст онро ба муассисаи доимии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида мансуб донист, аз ҷумла даромаде, ки онро метавон ба фурӯши чунин молҳо ё молҳои ба ҳамин монанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб донист, инчунин молҳое, ки ба воситаи чунин муассисаҳои доимӣ фурӯхта мешаванд ва даромаде, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меояд ва он чунин хусусият ё ки хусусияти мушобеҳи фаъолияти ба воситаи муассисаи доимӣ анҷомдодашавандаро дорад; (4) даромад аз кори аз ҳисоб баровардани қарзҳои бенатиҷаи андозсупоранда аз тарафи қарздиҳандаи он, аз фурӯши воситаҳои асосие, ки маблағи он ба даромаде ҳисоб карда шудааст, ки аз маблағи фурӯши воситаҳои асосии гурӯҳи муайян дар давоми сол нисбати баланси арзиши гурӯҳ дар охири сол зиёд гаштааст (ки баъди ин баланси арзиши ин гурӯҳи таҷҳизот ба сифр баробар мешавад), маблағи ҷуброни хароҷот ё зиёни пештар нигоҳ дошташаванда ва ё маблағи пештар аз захираҳои камгарданда дошташавандае, ки бо машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманданд; (5) даромад дар шакли суд (дивидендҳо), ки аз шахси ҳуқуқии резидентӣ гирифта шудааст, ҳамчунин даромаде, ки дар натиҷаи фурӯхтан ё супоридани ҳиссаи иштирок дар чунин шахси ҳуқуқӣ ба даст омадааст; (6) даромад дар шакли фоизҳо, ки аз резидентҳо гирифта шудааст; (7) даромад дар шакли фоизҳо (баҳра), ки аз шахси дорои муассиса ё амволи доимӣ дошта, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидааст, ба даст омадааст, агар қарзи чунин шахс бо ин муассиса ё амволи доимӣ вобаста бошад; (8) нафақа, агар онро резидент диҳад; (9) даромад дар шакли роялтӣ, ки барои амволи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида ё истифодашаванда гирифта мешавад, ё даромад аз фурӯш ё додани амвол (ҳуқуқи муаллифӣ, таъминоти барномавӣ, патентҳо, нақшаҳо ё макетҳо, тамғаҳои савдо; таҷҳизоти саноатӣ, савдо ё тадқиқоти илмӣ; донишҳои технологӣ; кинофилмҳо, видеофилмҳо ё дигар асбобҳои сабткунанда; кӯмаки техникӣ вобаста ба амволи мазкур; даст кашидан аз ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани амволи мазкур), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардида ё истифода бурда мешавад; (10) даромаде, ки аз иҷораи амволи манқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда ба даст меояд; (11) даромад аз амволи ғайриманқуле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидааст, аз ҷумла даромад аз фурӯши ё додани ҳиссаи иштирок дар чунин амвол; (12) даромад аз фурӯш ё додани саҳмияҳо ё ҳиссаи иштирок дар корхонае, ки арзиши (активҳои) он бештар бевосита ё бавосита аз ҳисоби арзиши амволи ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида ташаккул меёбад; (13) дигар даромадҳо аз фурӯш ё додани амвол аз ҷониби резидент, ки ба иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ вобаста нестанд; (14) даромаде, ки аз хизматрасонии идоракунӣ, молиявӣ ё суғурта, аз ҷумла хизматрасонии аз нав суғуртакунӣ ба даст меояд, агар онро корхонаи резидентӣ ё муассисаи доимии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида пардозад ва ё агар он дар асоси шартнома бо чунин корхона ё муассисаи доимӣ гирифта шавад; (15) даромаде, ки аз рӯи шартнома оид ба суғуртакунии риск (бурду бохт) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад: (16) даромад аз хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ё нақлиётӣ ҳангоми анҷом додани алоқа ё боркашонии байналмилалӣ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо; (17) дигар даромадҳое, ки дар бандҳои боло номбар карда нашуда, дар асоси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меоянд.

Қонунгузории миллии Тоҷикистон ба мақсади андозбандии даромад маълум накардааст, ки даромади берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардаи шахсони воқеӣ ба кадом намуди андоз дохил мешавад.

Мувофиқи моддаи 30 Кодекси андоз «даромад (фоида), қатъи назар аз асосҳои ба дастомадааш андозбандӣ карда мешавад».

Дар баробари ин назарияи андозбандӣ42 муқаррар кардааст, ки барои даромади андозбандишаванда бояд нишонаи расмият хос бошад, яъне даромаде, ки манбаи пардохти андоз аст, қонунӣ ба даст оварда шуда бошад.

Ин хусусиятро вобаста ба ду ҷиҳат баррасӣ кардан лозим аст:

  • қонунӣ будани худи фаъолият, ки сабабгори даст додани даромади андозбандишаванда гардидааст,
  • ҳамчунин қонунӣ будани ҳуқуқи гирифтани даромади андозбандишаванда.

Аз муқоисаи як қатор санадҳои қонунгузорӣ ба хулоса меоем, ки барои шахсони ҳуқуқӣ фаъолияти оинномавии онҳо, вале барои шахсони воқеӣ ҳамагуна намудҳои фаъолияти соҳибкории қонунан манънашуда қонунӣ дониста мешавад.

а1) Ҳамагуна маблағ ё фоида, ки шахси воқеӣ аз меҳнати кироя ба даст меорад, аз ҷумла даромади кори пештараи кироя, даромади дар шакли нафақа ё шакли дигар гирифташуда ё даромади кори дар пешистодаи кироя ҳамчун даромади музди меҳнат ҳисоб меёбад. Ҳамаи маблағи пардохташуда ва фоида, яъне даромади умумии шахси воқеӣ бояд андозбандӣ карда шавад.

Барои муайян кардани маблағи фоидаи ба дастовардаи шахси воқеӣ усулҳои зерин истифода мешаванд (моддаи 120 КА ҶТ):

аа) дар мавриди автомобили ҳар намуд — 0,02 фоизи арзиши автомобили чунин намуд дар аввали соли андозсупорӣ барои ҳар як рӯзе, ки дар муддати он автомобил барои истифодабарӣ бо мақсадҳои шахсӣ дар ихтиёри корманд будааст, ба истиснои рафту омад ба кор барои хизматчиёни давлатӣ, бо касри ҳар гуна пардохти корманд барои фоидаи ба даст овардааш. Масалан, фоида аз истифодабарии автомобили нархаш 10000 доллар дар давоми 150 рӯзи як сол, бидуни ҳеҷгуна пардохт барои истифодабарии он.

Ба маблағи андозбандишавандаи даромади корманд ба ҳисоби пули миллӣ ($ 10.000 х 0,02%)х 150 рӯз =$300 илова мегардад.

аб) дар мавриди вом (қарз) бо нархи камтар аз арзиши бозорӣ аз рӯи чунин қарзҳо — маблағи баробари фоизе, ки бояд аз рӯи арзиши бозорӣ супорида шавад, бо касри ҳаргуна пардохти корманд барои фоидаи ба дастовардааш. Масалан, корманди Бонки миллӣ аз муассисаи худ дар як сол ба маблағи 30.000 сомонӣ бо меъёри бозтамвили 20% дар сурати 30% будани нархи бозории қарз. Ба андози даромади андозбандишавандаи ин корманд маблағи фоида (30%-20%) х 30.000 сомонӣ =3000 сомонӣ илова мегардад.

ав) дар мавриди аз ҷониби корфармо ба коргар фурӯхтан ё бепул додани кор ё хизматрасонӣ — арзиши бозории ингуна мол, кор ё хизматрасонӣ бо касри ҳаргуна пардохти коргар барои фоидаи гирифташуда;

аг) дар мавриди расонидани ёрӣ барои сабақомӯзии коргар ё шахсони дар таъминоташ буда (ба истиснои барномаи тайёрӣ, ки ба иҷрои вазифаҳои корманд бевосита алоқаманд аст) — арзиши ёрӣ барои корфармо ҷиҳати сабақомӯзӣ бо касри ҳаргуна пардохти корманд барои фоидаи ба даст овардашуда;

ад) дар мавриди талофии хароҷот ба коргар — бо касри маблағи талофии коргар барои фоидаи гирифташуда;

ае) дар мавриди бахшидани қарз ё ӯҳдадории корманд нисбат ба корфармо — маблағи қарз ё ӯҳдадорӣ — бо касри ҳама гуна пардохти коргар барои фоидаи гирифташуда;

аж) дар мавриди додани подоши (мукофоти) суғуртаи ҳаёт ва саломатӣ, инчунин дигар маблағҳои ба ҳамин монанд аз ҷониби корфармо — арзиши ин подош (мукофот) ё маблағ барои корфармо, бо касри ҳамагуна пардохти коргар барои фоидаи гирифташуда;

аз) дар ҳамагуна ҳолати дигар — арзиши бозории фоида, бо касри ҳамагуна пардохти коргар барои гирифтани он.

Ба арзиши фоидаи ҳисобшуда аксизҳо, андози арзиши иловашуда ва ҳамагуна андози дигар ҳамроҳ карда мешаванд, ки бояд корфармо бинобар додугирифти нархгузоришуда пардохт мекард.

Ба музди кори корманд ин пардохтҳо дохил намешаванд:

  • талофии хароҷоти сафари хизматӣ тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талофии сафархарҷӣ аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисоти онҳо, фондҳо, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, дигар шахсони ҳуқуқии ғайрирезидентҳо аз ҳисоби маблағи ашхоси мазкур;
  • пардохтҳои хароҷоти намояндагӣ ва амсоли онҳо барои гузаронидани тантанаҳо, ҷойгиронии меҳмонон ва ғайраҳо.

Даромади умумии андозбандишавандаи шахсони воқеӣ, ки ба мақсади андозбандӣ ҳисоб карда мешаванд, маблағи барои ҳаққи узвияти иҷтимоӣ пардохташавандаро дар бар намегирад.

а2) Ба номгӯи даромади фаъолияти иқтисодие, ки ба меҳнати кироя дохил нест, гурӯҳи зерини даромадҳо дохил мешаванд (моддаи 121 КА ҶТ):

1) даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла:

— фоидаи фурӯш ё додани активҳое, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд;

— даромаде, ки барои розигӣ аз маҳдуд кардани фаъолияти соҳибкорӣ ё бастани корхона ба даст оварда шудааст.

2) даромад аз фаъолияти ғайрисоҳибкории иқтисодӣ, аз ҷумла:

— даромади фоизҳо;

— даромади ба иҷора ё кироя додани амвол;

— роялтӣ;

-маблағи қарзи бахшидаи андозсупоранда аз ҷониби қарздиҳанда;

— фоидаи фурӯш ё додани активҳо;

— ҳамагуна даромади дигар, ки маънои зиёд шудани арзиши активҳои андозсупорандаро дорад, ба ғайр аз музди меҳнат.

Суд (дивиденд) ва фоизҳое, ки шахсони воқеӣ гирифтаанду ва пештар аз манбаи пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ шуда, бояд аз даромади умумӣ хориҷ карда шаванд.

Аз соҳибкорони инфиродӣ, ба истиснои супорандагони андози арзиши иловашуда, мумкин аст андози дар асоси патент ё дигар низоми соддашуда аз рӯи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба тартиби дар фаслҳои 4-6 Кодекси андоз муқаррраргардида андози даромад ва пардохти иҷтимоӣ ситонида шаванд.

Қонун ҳуқуқи шахсони воқеиро ба тарҳшавии як қисми аз даромади умумӣ ҳангоми ҳисоб кардани маблағи андози даромад дар назар доштааст (моддаи 123 КА ҶТ):

1) ба андозаи як моҳонаи ҳадди ақали даромади андози даромад бастанашаванда, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як моҳи соли андозбандӣ аз ҷои кори асосӣ муқаррар менамояд;

2) шахсони воқеии зерин ба маблағи тарҳшаванда барои ҳар як моҳи соли андозбандӣ ба андозаи 50-каратаи ҳадди ақали андозбандинашаванда:

а) Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қаҳрамонони Тоҷикистон, шахсони дорандаи ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф, инчунин маъюбони модарзод, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2;

б) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, дигар муҳорибаҳои ҳарбӣ оид ба ҳифзи СССР аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба армияи амалкунанда хизматкарда, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист;

в) шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи фалокати объектҳои атомӣ мубталои бемории шуоафканӣ шудаанд ва ин касалиро аз сар гузаронидаанд; шахсоне, ки дар рафъи оқибати чунин фалокатҳо дар ҳудуди минтақаи ҷудокунӣ иштирок намудаанд; шахсоне, ки дар давраи бартараф намудани оқибати фалокат дар корҳои истифодабарӣ ё дигар корҳои объектҳои атомӣ машғул буданд.

Соҳибкори инфиродӣ ба тарҳ кардани пардохтпулии иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад.

Даромадҳои зерини шахсони воқеӣ аз пардохти даромади андоз озод карда мешаванд (моддаи 125 КА ҶТ): (а) даромад аз фаъолияти расмии дипломатӣ ё консулии шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд; (б) даромад аз меҳнати кирояи шахсоне, ки резидент ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андозбандӣ камтар аз 90 рӯз истиқомат дошта бошанд, агар ин даромадро корфармо ё аз номи вай аз ҳисоби маблағи корфармо, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, пардохта бошад ва онро муассисаи доимии ғайрирезидент намепардозад; (в) арзиши амволе, ки тӯҳфа ё мерос гирифта шуда бошад, ба ғайр аз даромадҳо аз ин амвол, инчунин амволи чун музди меҳнат гирифташуда; (г) арзиши тӯҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ (юридикӣ), инчунин мукофотҳои дар конкурсу мусобиқаҳои байналхалқию ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар шакли пул гирифташуда, ки аз ҳадди ақали 12-каратаи ҳадди ақали даромади яксола, ки аз онҳо андози даромад гирифта намешаванд, зиёд нест; (д) нафақаҳои давлатӣ ва ёрдампулиҳои давлат, аз ҷумла пардохтҳо ва ёрдампулиҳо аз рӯи ҳомилагӣ ва таваллуд, вобаста ба гум кардани қобилияти корӣ дар натиҷаи захмдор шудан ё расондани дигар зиён ба саломатӣ ва вобаста ба гум кардани саробон; (е) алиментҳо аз шахсоне, ки алимент мегиранд; (ж) пардохтҳои яквақта ва ёрии моддӣ аз ҳисоби буҷет, инчунин ёрии башардӯстона, аз ҷумла ҳангоми офатҳои табиат; (з) даромад аз фурӯш ё додани амволи ғайриманқули шахси воқеӣ, ки дар тӯли 5 соли охир ҷои асосии истиқомати андозсупоранда аст; (и) даромад аз фурӯш ё додани амволи манқули моддии шахси воқеӣ, ба ғайр аз амволе, ки андозсупоранда дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мебарад (истифода бурдааст); (к) маблағи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (л) суғуртапулиҳое, ки дар натиҷаи фавти шахси суғурташуда гирифта шудааст; (м) даромад аз фурӯши маҳсулоти хоҷагии ёрирасони шахсии деҳот бидуни коркарди саноатии он; (н) маблағи таъминоти пулӣ, мукофотпулиҳо ва дигар маблағҳое, ки вобаста ба адои хизмати (иҷрои вазифаҳои хизматӣ) хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, амният, кумитаҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ, оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, департаменти гумрук ва полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Горди президентӣ, инчунин шахсони ӯҳдадори ҳарбие, ки ба ҷамъомадҳои таълимӣ ё санҷишӣ даъват шудаанд, дар доираи 50 ҳадди ақали даромади андозбандинашаванда барои ҳар як моҳ гирифтаанд; (о) маблағҳое, ки аз хунсупорӣ гирифта шудаанд; (п) бурдҳо аз рӯи вомбаргҳои давлатӣ ва лотереяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳуқуқи тарҳ кардану имтиёзҳои мазкур бояд бо ҳуҷҷатҳои марбут тасдиқ карда шаванд. Барои мисол бо дафтарчаи Қаҳрамони Тоҷикистон, шаҳодатномаи маъюб, шаҳодатномаи нафақахӯр.

Шахсони алоҳидае, ки дар асоси шаҳодатнома бо соҳибкорӣ машғуланд, дар мавриди андозбандии даромадашон барои тарҳкуниҳои пешбининамудаи боби 18 КА ҶТ ҳуқуқ доранд. Ҳамин тавр, онҳо барои тарҳкунии ҳама хароҷоти вобаста ба гирифтани даромад, тарҳи хароҷот барои эҳсонкорӣ, додани фоизи қарзҳои бонк, пардохтҳо ҷиҳати тадқиқотҳои илмӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ, ҳиссаҷудокуниҳои истеҳсолӣ (амортизатсионӣ) ва ғайраҳо ҳуқуқ доранд.

Тавре зикр шуд, шахсони воқеӣ бо андози даромад бо тарзҳои гуногун андозбандӣ мешаванд (аз рӯи патент, шаҳодатномаи машғул гаштан бо фаъолияти соҳибкорӣ ё дар ҷои кор) ба ҳаҷми андози (арзиши патент) муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз рӯи меъёрҳои муайянкардаи Кодекси андоз.

Шахсони аз рӯи шаҳодатнома андозсупоранда ва шахсоне, ки андози даромади онҳо дар ҷои корашон нигоҳ дошта мешавад, аз рӯи меъёрҳои зайл андозбандӣ мегарданд:

-даромаде, ки аз ҳадди ақали даромади аз он андоз гирифтанашаванда зиёд нест, андозбандӣ намешавад;

-даромаде, ки аз ҳадди ақали даромади андозбандинашаванда то 100 карат аз даромади ҳадди ақали даромади андозбандинашаванда зиёд аст, дар ҳаҷми 10 фоизи маблағи зиёда аз ҳадди ақали даромади андозбандинашаванда андозбандӣ мешавад;

-даромаде, ки аз ҳадди ақали даромади андозбандинашаванда 100 карат зиёдбуда то даромади 150-каратаи ҳадди ақали даромади андозбандинашаванда дар ҳаҷми маблағи андози дараҷаи пешина ва иловатан ба андозаи 15 фоизи маблағ аз 100- каратаи ҳадди ақали андозбандинашаванда зиёд буда андозбандӣ мешавад;

-даромаде, ки аз ҳадди ақали даромади андозбандинашаванда 10 карат зиёдбуда то даромади дараҷаи пешина ва иловатан ба андозаи 20 фоизи маблағи аз 150 каратаи ҳадди ақали андозбандишаванда зиёдбуда андозбандӣ мешавад.

Корфармое, ки корфармои асосии андозсупоранда нест, бояд аз музди кори аз рӯи меъёри 15-фоиза, бидуни татбиқи ҳадди ақали даромади андозбандинашаванда аз даромад андоз нигоҳ дорад (б.4, моддаи 146 КА ҶТ).

Меъёри андози даромад дар ҷаҳон бағоят гуногун аст. Меъёри ҳадди ақал дар ҳудуди аз 3,1 фоиз дар Швейсария то 42 фоиз дар Дания (ба ҳисоби миёна 20,4 фоиз), ҳадди аксар — аз 35,7 фоиз то 63 фоиз мебошад (ба ҳисоби миёна — 51,1 фоиз). Дар ИМА меъёри ҳадди аксар камтар буда, 31 фоизро ташкил медиҳад. Соли 1997 нисбат ба соли 1995 меъёри ҳадди ақал дар ду мамлакат зиёд ва дар панҷ мамлакат кам шуд; меъёри ҳадди аксар дар се мамлакат кам ва дар чор мамлакат зиёд шуд, дар аксарияти мамлакатҳо бошад, меъёрҳо тағйир наёфтанд.

Ба ҳисоби миёна тамоили як миқдор кам шудани меъёри андози инфиродӣ аз даромад ба назар мерасад (ҳадди ақал — 2,2 дараҷа, ҳадди аксар — 2,9 дараҷа). Меъёрҳо аз ҳама зиёд — дар Норвегия, Дания, Финляндия ва Ирландия паст мешаванд, ки қаблан назар ба дигар мамолики Европа баландтар буд. Аз сабаби боз ҳам зиёд шудани андози даромад, меъёрҳои андоз дар Белгия ва Германия хеле баланд гардиданд. Бояд қайд кард, ки дар аксари мамлакатҳо ҳар сол ё дар ду сол як маротиба фосилаи андозситонӣ вобаста ба беқурбшавии пул ислоҳ карда мешаванд.

Дар мамлакатҳое, ки дараҷаи фосилаҳо 10-20 фоиз зиёд буданд, дар соли 1997 то 5-10 дараҷа кам гардиданд. Бештар аз 10 фосилаи андозситонӣ дар Юнон (15) ва Люксембург (17) муқаррар гардидаанд. Шумораи миёнаи фосилаҳои андозситонӣ дар Европаи Ғарбӣ ба ҳафт баробар аст. Дар Хитой меъёри андоз аз 5 то 45 фоиз аст.

Дар Россия ва Эстония меъёри ягонаи андози даромад ҷорӣ карда шудааст — мувофиқан меъёрҳои 13 ва 26 фоиз. Дар Арманистон ҷадвали прогрессивии андозбандии 3 меъёр амал мекунад: 15, 25 ва 30 фоиз. Дар Қирғизистон шаш меъёри ҷадвали прогрессивӣ: 5,10,15,20,30 ва 40 фоиз. Ҳиссаҷудокунӣ ба соҳаи иҷтимоӣ ба Кодекси андози Қирғизистон дохил нашудааст. Дар Ӯзбекистон панҷ меъёри ҷадвали прогрессивӣ ҳаст: 15, 25, 35, 40 ва 45 фоиз. Дар Қазоқистон бошад, меъёри ҳадди ақали андоз 5 фоиз, ҳадди аксар 30 фоиз аст43.

Шахсони воқеӣ, ки андозбандӣ мешаванд, мутобиқи моддаҳои 43-44 КА ҶТ вазифадоранд, ки а) дар зарфи соли тақвимӣ даромад ва хароҷоти худро барои гирифтани даромад ҳисоб кунанд; б) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба мақомоти андоз оиди даромаду хароҷоташон аз рӯи намунаи муқарраршуда декларатсия ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурию маълумотҳо пешниҳод намоянд; в) ба корхонаю муассиса ва ташкилотҳо ва ба мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи аз даромад тарҳ кардани маблағро пешниҳод намоянд; г) сари вақт ва ба таври пурра ба буҷет маблағи андозро пардохт намоянд. Талаботи аз тарафи андозсупор бурдани ҳисоб нисбати шахси воқеӣ танҳо ба даромади аз фаъолияти соҳибкорӣ ба дастоварда татбиқ мегардад (аз рӯи шоҳидат).

Кодекси андоз рӯихати шахсонеро муайян кардааст, ки ҳамчун агентҳои андоз вазифадоранд аз манбаи пардохт андози даромад нигоҳ доранд (моддаи 146 КА ҶТ).

Агенти андоз, ки ҳангоми пардохти фоида андоз наситонидааст, масъулияти пешбининамудаи қонунгузории андозро ба дӯш дорад.

Маблағи андози даромади берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохташуда ҳангоми дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтани ҳамин андоз баҳисоб гирифта мешавад. Ҳаҷми андози мазкур аз маблағи андози дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобшуда нисбати ҳамингуна меъёрҳои даромади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда набояд зиёд бошад (моддаи 151 КА ҶТ).

Соли тақвимӣ давраи андозбандӣ ба ҳисоб меравад (моддаи 153 КА ҶТ).

Декларатсияи андози даромадро ба мақомоти дахлдори андоз то 1 апрели соли баъдинаи ҳисоботӣ ин шахсон пешниҳод мекунанд):

-шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки аз манбаи даромади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандинашаванда даромад доранд;

-шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки дар суратҳисоби бонкҳои хориҷии берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ доранд;

-шахсони воқеӣ-ғайрирезидентҳои аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромаддошта, ки бояд андозбандӣ шаванд, вале дар манбаи пардохт андозбандӣ намешаванд;

-шахсони воқеие, ки дар ҷои кори асосиашон андозбандӣ намешаванд.

Дар Қазоқистон декларатсияро оиди андози даромад аз рӯи намунаҳои мақомоти ваколатдоршудаи давлатӣ андозсупорандагон, резидентҳои зайл пешниҳод менамоянд (моддаи 171 КА ҶТ):

1) онҳое, ки аз манбаи пардохт даромади андозбандинашаванда доранд;

2) онҳое, ки дар соли андозбандӣ ба маблағи зиёда аз 2000 маоши ҳадди ақал харидории калони яквақта кардаанд, ба истиснои сохтмони манзил ва харидории маводи бинокорӣ барои ингуна сохтмон;

3) шахсони воқеие, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон даромад доранд;

4) шахсони воқеие, ки дар суратҳисоби бонкҳои хориҷии берун аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон пул доранд;

5) ашхосе, ки барояшон меъёрҳои пешбиникардаи қонунгузории барои хизматчиёни давлатӣ, ба истиснои хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳарбии бамӯҳлатро адокунанда татбиқ мешаванд;

6) вакилони Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, судяҳо.

Шахсони воқеӣ — соҳибкорон вазифадоранд, ки на дертар аз 15-уми ҳар моҳ пардохтҳои ҷориро ба андозаи аз 12 як қисми маблағи андози соли гузаштаи андозбандӣ ба буҷет супоранд, ки он ба коэффитсиенти 1,2 зарб карда мешавад (моддаи 174 КА ҶТ).

б) Андоз аз амволи ғайриманқулаи шахсони воқеӣ. Мувофиқи моддаҳои 7, 288 ва 290 КА ҶТ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ Маҷлисҳои вакилони халқ метавонанд ба амволи ғайриманқулаи шахсони воқеӣ андоз муқаррар намоянд. Онро тағйир диҳанд ё бекор кунанд.

Бо санади қонунгузории қабулкардаи Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ тартиби пардохт ва ситондани андоз дар асоси муқаррароти пешбининамудаи моддаи 290 КА ҶТ муаяйн карда мешавад.

Андозсупорандагон шахсони воқеӣ-моликони амволи ғайриманқула ё шахсонеанд, ки амволи объекти андозбандиро истифода мебаранд.

Объекти андозбандӣ ҳуқуқи соҳибӣ кардани амволи муайян — ҳавлиҳои истиқоматӣ, квартираҳо, бӯстонсароҳо, гаражҳо ё дигар иморатҳо (аз ҷумла корхонаҳои хусусӣ) ба ҳисоб мераванд.

Мояи андозбандишаванда аслан амвол мебошад.

Манбаи андоз аз рӯи ин ё он андоз мумкин аст бо истифодаи арзиши бозории объект, арзиши инвентаризатсионӣ, арзиши суғуртавӣ ё арзиши объект дониста шавад, ки аз рӯи арзиши воҳиди майдон бо назардошти ислоҳи он ба коэффитсиенти ҷойгиршавиаш муайян карда шудааст.

Механизми мушаххаси муайян кардани манбаи андоз дар маҳалли ҷойгиршавиаш аз ҷониби Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ муқаррар карда мешавад.

Меъёри андоз аз 1 фоизи манбаи андоз зиёд буда наметавонад.

Дигар унсурҳои муҳими андозбандиро Кодекси андоз муқаррар накардааст ва ба ихтиёри мақомоти маҳаллии намояндагӣ – Маҷлисҳои вакилони халқ гузоштааст (давраи андозбандӣ, андозаи мушаххаси меъёри андоз, тартиби муайян кардани манбаи андоз, тартиби ҳисоб карда баромадани андоз, мӯҳлат ва тартиби пардохт, имтиёзҳои андоз).

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар асоси нишондиҳандаҳои асосии (базавии) шартҳои андозбандии амволи ғайриманқулаи шахсони воқеиро дар қаламрави худ мустақимона муқаррар мекунанд.

Дар амалияи ҷаҳонии андозбандии амволи ғайриманқулаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ чунин хос дорад:

(1) объекти андозбандӣ замин, биноҳо ва иншоот, яъне моле буда метавонад, ки онро нисбат ба амволи манқул нисбатан осонтар муайян кардан ва ҳаммонанд номидан осон аст;

(2) ба сифати асоси ҳисоб карда баромадани манбаи андоз бештар аз ҳама арзиши бозории объектҳои андозбандишаванда мисол шуда метавонанд, ки ин барои аз ҷиҳати иқтисодӣ бештар сарфакорона истифодашавии объектҳои мазкур ҳавасманд мегардонад;

(3) ҳангоми муайян намудани арзиши амволи ғайриманқула одатан на танҳо нархи алоҳидаи ҳар як объект, балки нархи умумии дар асоси ба корбарии расмиёти маъмули ҳисобу китоби арзиши объектҳо ба мақсади андозбандӣ истифода мегардад;

(4) имтиёзҳо дода мешаванд: ба андозсупорандагони аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоянашуда; аз рӯи типҳои амволи ғайриманқулае, ки иҷрои навъҳои фаъолияти фоидабахши ҷамъиятиро таъмин менамоянд; аз рӯи объектҳое, ки дар моликияти давлатӣ (мунисипалӣ) қарор доранд;

(5) меъёрҳои андоз ба амалияи мушаххаси қонунгузорӣ ва иқтисодии мамлакат вобастагӣ доранд. Вобаста ба тарзу усули муайян намудани меъёри андоз, ки қонунан муқаррар карда шудааст, меъёрҳо қатъӣ мешаванд43.

Аммо баробари ин моликияти хусусӣ будани замин пешбинӣ шудааст. Барои Тоҷикистон, ки замин бо роҳи конститутсионӣ дар моликияти давлатӣ монда шудааст (роҳи ягона дуруст дар шароити маҳдудияти он) истифодаи чунин принсип таҳқиқи дақиқи оқибати имконпазири онро тақозо дорад.

Дар Нидерландия андози амвол аз шахсони воқеӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳо, ки соҳиби баъзе активҳои мамлакатанд, гирифта мешавад. Объекти андозбандӣ арзиши амволи ба онҳо тааллуқдошта (биноҳо, иншоот, замин, ба истиснои замини томарқаҳои фермерҳо) мебошад. Субъекти андоз (андозсупор) ҳам молик, ҳам истифодабарандаи (иҷорагири) амвол мебошанд. Меъёрҳои андозро мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мустақилона муайян менамояд.


40 Энциклопедия налога.- http //www. Tax-nalog. Km.ru.

41 Дастури оид ба андози даромад. Бо қарори Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон аз 18.06.99 таҳти №239

тасдиқ шудааст.

42 Ниг.: Запольский С.В. Налогообложение как предмет правового регулирования. Труды НИИ совет

ского законодательства, 1987, №38, с.91.

43 Энциклопедия налога.- http //www. Tax-nalog. Km.ru.

43 Энциклопедия налога.- http //www. Tax-nalog. Km.ru.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *