Фанни Адабиёт

Ҳаёт ва эҷодиёти АҲМАДИ ДОНИШ

АҲМАДИ ДОНИШ

Дониш

Нависандаи забардаст, шоир ва мутафаккир Аҳмад Махдуми Дониш, ки бо лақаби «Калла» ҳам шӯҳрат дорад, соли 1826 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари Аҳмад Мулло Мирносир ном дошта, аслан аз тумани Шофирком буда, баъдҳо барои таҳсил ба Бухоро омада муқимӣ шудааст.

Падару модари Аҳмади Дониш аз аҳли фазл буданд. Аз ин рӯ, ӯ саводи ибтидоиро пеши модари бузургвораш баровардааст. Баъдтар Мулло Мирносир писарашро дар овони 12-солагӣ, яъне соли 1838 ба мактаби қоригӣ месупорад.

Соли 1842 Мулло Мирносир писарашро аз он мактаб гирифта, ба мадраса медиҳад. Аҳмади Дониш дар баробари таҳсили мадраса, инчунин нозукиҳои ҳунари хаттотию лавҳакории китобҳоро хеле хуб ёд мегирад. Ӯ барои таъмини зиндагӣ ва кӯмак ба хонаводаашон девонҳои шоиронро бо хати зебои худ хаттотӣ ва бо ҳунари валои хеш лавҳакорӣ менамуд. Аз ин рӯ, ӯ дар ин ҳунарҳо низ ба тезӣ дар Бухорои онрӯза шӯҳрат пайдо мекунад.

Аҳмади Дониш ҳамаи илмҳои ҷории замонаашро аз қабили забони арабӣ, мантиқ, нуҷум, ҳайат, табииёт, риёзиёт, фалсафаи калом, тиб, таърих, адабиёт ва шеършиносиро хеле хуб аз худ менамояд.

Баъдҳо яке аз олимони шарифи дарбор, ки ба Аҳмади Дониш ҳақи устодӣ доштааст, ин марди шариф сармуҳандиси дарбор буда, ба Дониш некӣ намуда, ӯро ба дарбор даъват менамояд. Аҳмади Дониш ба пешаи хаттотӣ ва асосан маслиҳатчии амир оид ба илми нуҷум дар дарбор ба фаъолият мепардозад. Пас аз вафоти устодаш Амир Насруллоҳ соли 1855 Аҳмади Донишро сарвори мактаби муҳандисону меъморони дарбор ба ҷои устодаш таъин мекунад. Ӯ боз ҳам ба амир наздиктар мешавад ва нуфузаш ниҳоят беш мегардад. Ин аст, ки дар ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмию мадании мамлакат амир аз Аҳмади Дониш маслиҳат мепурсад. Яъне Аҳмад ҳамчун яке аз тавонотарин олимон пазируфта мешавад. Бинобар ҳамин ҳам Аҳмад тахаллуси худро «Дониш» интихоб кардааст. Хусусан, амир дар илми нуҷум ягонаи замон будани Аҳмади Донишро ҳис намуда, дар ин ҷода низ танҳо бо маслиҳати ӯ амал мекунад.

Соли 1857 сафорати амир азми Петербург карда буд. Ин сафорат бо сардор элчӣ Муллоҷони Мирохур бояд ба вуқӯъ мепайваст. Ҳадафи сафорат таъзия бар вафоти подшоҳи рус — Николаи I ва табрики ба тахт нишастани Александри I буд. Сафари мазкури сафорат дар шаҳри Петербург се моҳ давом намуда, ҳайати сафорат бояд дар ин муддат ба як қатор корхонаҳои саноатӣ, ёдгориҳои маданиву таърихӣ, китобхонаву музейҳо ва марказҳову доираҳои илмию фаннии пойтахти Россия ошно мешуданд. Чунин ҳам шуд. Аҳмади Дониш ва дигар бузургони қаламрави Бухоро тахмин мекарданд, ки шояд шаҳре, ки дар зебоӣ ба шаҳрҳои Осиёи Миёна рақобат мекарда бошад, нест.

Аҳмади Дониш акнун фаҳмид, ки гумони ӯ ва ҳамақидаҳояш ботил будааст. Сохтори давлатӣ ва усули мамлакатдорӣ, донишу ҷаҳонбинии амиру аморат ва ғайра то чӣ андоза пучу бемаънӣ ва ноӯҳдабароёна буда, фарсахҳо аз пешравии давлатҳои ғарбӣ, ба хусус, аз Россия қафо мондаанд. Аҳмади Дониш қарор дод, ки мушоҳидаҳояшро ба амир хоҳад гуфт ва амир хоҳишҳои Донишро амалӣ хоҳад намуд. Албатта, маълум нест, ки амир маслиҳату машваратҳои Донишро то кадом андоза пазируфта буд. Вале ин ҷиҳат маълум аст, ки амир Насруллоҳ соли 1860 вафот намуд ва ба тахт амир Музаффар ба тахт нишаст. Ин амир бештар ба хушомалгӯён таваҷҷӯҳ дошта, ба олимон чандон эътиборе намедод.

Соли 1866 қӯшунҳои рус ба Тошканд ҳуҷум мекунанд. Амир ба муқобили онҳо мехезад. Аҳмади Дониш ин амали амирро носавоб ҳисобида бошад ҳам, амир ӯро гӯш намекунад. Дар натиҷа Бухоро аз Россия сахт шикаст хурда, ҳам товони ҷанг ва ҳам як қатор заминҳояшро низ аз даст медиҳад.

Соли 1869 амир Музаффар барои изҳори дӯстӣ ва мустаҳкам гардонидани иртиботи ду кишвар сафорати навбатӣ омода месозад. Аҳмади Донишро котиби сафорати мазкур таъин мекунанд. Аҳмади Дониш дар ин сафар Россия ва мамолики Аврупоро боз ҳам амиқтар меомӯзад. Бори дигар яқин сохт, ки амиру аморат хеле аз давлатдорӣ дуранд. Ӯ дар ин бора менависад: «Салотини Бухоро дар боби суфаро (элчиҳо) одамони камтаомул ва бедонишро ихтиёр кунанд, ба гумони он ки асрори давлати мо фош наградад… Ва ҳол он ки ихтиёри ин маслак айни безайбӣ ва беназмии давлат бошад».

Баъди бозгашт амир Музаффар ба Аҳмади Дониш рутбаи илмию ифтихории «Ӯроқ»-ро медиҳад. Зеро Дониш обрӯи Бухороро ҳимоя намуда, бисёр масъалаҳоро бар нафъи Бухоро ҳал карда буд. Аз ин рӯ, амир ӯро ба яке аз мансабҳои баланди давлатӣ таъин карданӣ мешавад. Аҳмади Дониш ба тезӣ розӣ нашуда, то андозае корро ба таъхир меандозад. Зеро Аҳмади Дониш каме пештар ин қасидаро дар васфи амир Музаффар суруда буд, ки ҷое дар он қасида овардааст:

Шунидаам ки ҳакиме, ки подшоҳонро Ба чанд тоифа бояд кушод роҳи висол:

Нахуст олими доно ба илми дин, зи усул Фурӯъро бишиносад ба ҷумлаи аҳвол.

Дигар табиби масеҳодаме, ки гоҳи касал,

Барад зи тинати гул сардии насими шимол.

Дигар дабири ҳумоюнхате, ки гоҳи рақам Ниҳад зи хушқадамӣ бар рухи Уторуд хол.

Дигар, суханвари шоир, адиби болиғфан,

Ки васфи шоҳ кунад дар ҷамеи ҳолу муҳол (л).

Дигар мусаввири Беҳзоддасту Моникилк,

Ки нақшаи фалаку арзро кашад тимсол.

Вуҷуди ҳар як аз ин қавм зеби мамлакат аст,

Ҳузури ҳар як аз ин фирқа мулкрост ҷамол…

Вале амир Музаффар ниҳоят кӯтоҳназарӣ зоҳир намуда, ба сари мамлакат шиканҷаҳои зиёде овард. Зеро Россия ба Бухоро ҷанг эълон кард. Ин дафъа ҳам Бухоро шикаст дид ва амир Музаффар шартномаи сулҳ имзо карду розигӣ ба супоридани товони ҷанг дод.

Пас аз ин амир соли 1869 ба Петербург сафорати нави худро омода месозад. Аҳмади Дониш боз ба ин ҳайат дохил карда мешавад. Ин дафъа Дониш сармушовир таъин мегардад.

Охирҳои соли 1873 ҳайати сафорат фиристода мешавад, ки Дониш дар ин сафар се моҳ дар он ҷо мемонад ва марти соли 1874 ба Бухоро бармегардад. Александри II дар ин сафар ба Аҳмади Дониш таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамояд. Дар ин сафар Дониш андешаҳои худро ба таври ҷудгона дар «Рисола дар назми тамаддун ва «таовун» дохил намудааст. Ӯ баъдтар ин рисолаи худро ба таркиби «Наводир-ул-вақоеъ» ҷойгир кардааст. Таклифҳои Дониш ба амир писанд наафтод ва аз ин рӯ, амир Аҳмади Донишро аз Бухоро дур кард. Баъдтар амир Аҳмади Дониш ба Ғузор ва пас аз чанде ба Наҳрнай мефиристонад.

Соли 1885 дар Бухоро тағйирот ба вуҷуд меояд. Дар ин сол амир Музаффар вафот мекунад ва ба тахт писари ӯ Амир Абдулаҳад соҳиб мешавад. Ин амир худро илмдӯст нишон дода, Аҳмади Донишро аз Наҳрнай ба Бухоро баъват мекунад.

Аҳмади Дониш ба Бухоро омада, танҳо ба фаъолияти илмӣ-эҷодӣ мепардозад. Ӯ тӯли солҳои дароз дар дарбор кӣ будани амирони манғитиро донист ва омӯхт, ки аз онҳо умеди некӣ нест. Се сафари Аҳмади Дониш ба Россия ӯро ба кишвари пешрафтаи аврупоӣ, усули мамлакатдорӣ, низоми сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра шинос намуд. Пеш аз ҳама, Аҳмади Дониш фарҳанги миллӣ, илм ва таърихи миллиро хеле хуб медонист. Аз ин рӯ, ӯ дар назария қиёс намуд, ки ҳукуматдорони Бухоро аз ин падидаҳо умуман хабар надоранд. Онҳо танҳо бо роҳи зӯрӣ, қатл, зиндон мардумро дар чаҳорчӯбаи сиёсат нигоҳ медоранду ҳукумат мекунанд. Аҳмади Дониш тавассути Россия то андозае ба Аврупои Ғарбӣ низ шиносоӣ пайдо намуд. Зеро ӯ бо шахсиятҳои ҷудогона ошно гардида, як андоза онҳоро омӯхт. Масалан, Аҳмади Дониш соли 1869 ҳанӯз дар шаҳри Тошканд бо П.И.Пошино ном тараққихоҳи рус шинос шуда, бисёр масъалаҳои иҷтимоиро бо ӯ машварат мекунад. Ё худ дар сафари аввалааш бо яке аз шарқшиносони рус В.Григорев дар Оренбург чандин мулоқотҳо барпо намуда буд. Аҳмади Дониш бо намояндагони артиши Россия низ шинос гардида, бо онҳо ҳам сӯҳбат дошт. Аз он ҷумла, бо полковники рус Колзаков (дар сафари сеюм) ва дар бозгашти ҳамин сафар аз Тошканд то Шаҳрисабз бо капитан Стремоухов шинос гардида бо онҳо дар мавзӯъҳои гуногун сӯҳбатҳо меорояд.

Баъди сафарҳо Аҳмади Дониш мулоҳиза ва андешаҳои худро оид ба усули кишвардорӣ дар шакли китоб ба амир пешниҳод менамояд. Дар муқаддимаи он менависад, ки агар амир таклифҳои ӯро қабул накунад, ӯ ба дарбор барои фаъолият дар ягон мансаби давлатӣ нахоҳад омад. Зеро амир боисрору пайваста аз Аҳмади Дониш талаб мекард, ки ягон мансаби давлатиро қабул кунад. Таклифҳои Аҳмади Дониш ва кушодагӯиҳои ӯ амирро акнун хашмгин сохт. Амир дид, ки таклифҳои Аҳмади Дониш мавқеи ҳокимро суст мекунанд.

Амир дигар Донишро на танҳо таклиф накард, балки мехост ӯро аз худ дур нигоҳ дорад. Амир Музаффар боре ба наздикони худ гуфта будааст, ки: «Ман фалониро бо суфарои (элчиёни) давлат ба ҷониби Россия ҳамроҳ кардам, дар охир ба ман насиҳатгар шуд. Ман баъд аз ин ӯро намефиристонам» Аҳмади Дониш пас аз фаҳмидани чунин ҷавобҳои ноадешидаи амир ба назидикони худ гуфтааст, ки: «Ман ҳам ба нӯкарии ин каллахарон толиб нестам».

Аҳмади Дониш соли 1889 аз мадрасаи Мири Араб як ҳуҷра мегирад ва танҳо ба корҳои илмӣ-эҷодӣ машғул мешавад. Яъне он корҳоеро, ки то ин муддат ба итмом нарасонида буд, хотима мебахшад.

Поёни умри ин мутафаккир низ дар Бухоро гузаштааст. Ӯ дар байни моҳҳои март-апрели соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

Мероси адабӣ ва илмии Аҳмади Дониш

Аҳмад Махдуми Дониш нависанда, шоир, мутафаккир, файласуф ва ҷомеъашиноси бузурги тоҷик аст, ки тӯли 71 -соли умри хеш аз ӯ осори гаронарзиши адабӣ-бадеӣ ва илмӣ боқӣ мондааст. Осори Дониш гуногунмавзӯъ, серсоҳа ва серпаҳлу буда, доир ба мӯҳтавои осор ва арзиши он худи адиб чунин ишора дорад:

Ҳунар кадом, ки бо ман нагашт рӯй ба рӯй.

Кадом илм, ки бо ман накард, истиқбол?

Асарҳои Аҳмади Дониш

  1. «Манозир-ул-кавокиб» («Манзараи ситораҳо»). Асари мазкур доир ба илми нуҷум-ситорашиносӣ буда, оид ба мавқеъ, мақому ҳолоти ситораҳо, ҷойгиршавии онҳо ва зуҳури бисёр ҳаводису воқеоти марбути ситораҳо ва ғайра баҳс мекунад. Муаллиф ин асари худро ба яке аз дӯстонаш бахшидааст. Санаи таълифи китоб соли 1865 мебошад.
  2. «Рисола фӣ аъмол ил-кӯра» («Рисола доир ба амалиёт бо кӯра»). Аҳмади Дониш дар ин рисола оид ба кашфиёти илмии асри худ, доир ба кайҳон маълумоти нодири илмӣ медиҳад. Хусусан, баъди мулоқоти ӯ бо капитани рус Стреомухов, ки капитан ба Дониш ду глобус: ҳам глобуси замин ва ҳам глобуси саморо тӯҳфа менамояд. Аз ин рӯ, Дониш баъзе ахбори тоза оид ба ҷанбаъҳои ҷуғрофӣ ва астрономӣ медиҳад.
  3. «Таъодули хамсаи мутаҳайира» («Ҳаракати панҷ ситора»). Ҳадафи Аҳмади Дониш ҷойгиршавӣ ва ҳаракати Уторуд, Зӯҳра, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал буда, рисолаи мазкур низ ба илми нуҷум бахшида шудааст. Яъне ҳар яке аз ин ҷирмҳои самовӣ бо хосиятҳои ҷудогонаи худ шарҳ дода мешавад. Аҳмади Дониш ин асарашро соли 1883 дар шаҳри Ғузор таълиф намудааст.
  4. «Меъёр-ут-тадайюн» («Ҳадди диёнат»). Аҳмади Дониш ба масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятиву ҳуқуқӣ аз нигоҳи илми шариат низоми муайян таъин менамояд. Ҳадафи муаллиф амиру аморат ва сохтори роҳбарии ҷомеъаро, ки аҳли диёнат мебошанд, ба адлу адолат ва инсоф даъват мекунад. Дониш ин асарро соли 1894 таълиф намудааст.
  5. Дар мероси илмии Аҳмади Дониш боз як асари таърихии ӯро низ метавон номбар кард, ки мутахассисон онро «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития»- ном ниҳодаанд. Дар ин асар сари қудрат омадани амирони манғития аз Дониёл то Абдулаҳад маълумот дода мешавад. Асар оид ба шахсияти амирон, усули кишвардории онҳо, муносибатҳои дохилӣ-дарборӣ ва хориҷии онҳо, хусусан бо Россия, ҳолати раъият ва ғайра хеле маълумоти пурарзишу судманд медиҳад, ки дар ин бора баъдтар маълумот хоҳем дод.

Мероси адабии Аҳмади Дониш асосан аз анвои гуногуни манзум ва мансур иборат мебошад. Осори манзуми Аҳмади Дониш жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайраро дар бар мегирад. Адиб ин шаклҳои шеъриро дар вақтҳои гуногун эҷод кардааст. Осори манзуми Дониш дар шакли пароканда дастрас шудааст. Ӯ осори манзуми худро дар шакли девон ба таври алоҳида боқӣ нагузоштааст.

Мавзӯъҳо ва мандариҷаи ғоявии ашъори Аҳмади Дониш гуногун буда, дар онҳо васфи инсонҳои соҳибкасбу соҳибмаърифат, ҳунарварону санъаткорони хориҷӣ, дӯстию рафоқат, хислатҳои неки одамӣ, тарғиби маданияти пешқадам, васфи хираду дониш, некиву накӯкорӣ, адлу адолатхоҳӣ, васфи илму фарҳангу ҳунар ва ғайра мебошад. Масалан, дар ин қитъа шоир зоҳирпарастии инсон, ба шакл таваҷҷӯҳ намудани касон, оҷилу шитоб, бесабриро танқид мекунад. Баръакс сабру таҳаммул, ботинбинӣ, рӯ овардан ба сират-маънавиёти инсон, подоши ҳаётро ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ таъкид мекунад, ки инсон пок ба дунё меояд, набояд нопок равад, балки пок бояд зиндагӣ кунад ва пок биравад. Ӯ мегӯяд:

Ба шакли ҳайати инсон зи раҳ марав зинҳор,

Тавон ба сабру таҳаммул шинохт ҷавҳари мард.

Агар на пок бувад, аз бало нахоҳад ҷаст В-агар дар асл бувад пок, сабр хоҳад кард.

Албатта, мавзӯи ишқ ва исёнҳои қалбии инсонӣ, эҳсосоти нозуки одамӣ ва васфи маҳбубаву назокати гуфтори ошиқ яке аз мавзӯъҳои ҷовидона дар таърихи адабиёт мебошад. Ин яке аз мавзӯъҳои асосии лирикаи Аҳмади Дониш низ ҳаст. Чунончи, дар ин ғазал мегӯяд:

Абрӯи чун ҳилоли ту ҷонро шикор кард,

Мижгони обдори ту дил беқарор кард.

Дасти булӯрранги ту қадри гуҳар шикаст,

Лабҳои чун ақиқи ту ёқут хор кард.

Аз хоки пираҳан чу намуд он тани ҳарир,

Олам пур аз таровати бӯи баҳор кард.

Калпӯши зар, ки маст ба торак ниҳодааст,

Бо қомати чу дурру гуҳар интишор кард.

Ту осмону ман чу замин, чун кунам, валек,

Лутфи дигар ба бӯсаам уммедвор кард.

Ғазали мазкур хеле хуб аст, вале дар ҳар сурат ҳунармандона нест. Зеро Аҳмади Дониш нависандаи забардаст, мутафаккир, файласуфу ҷомеъашинос аст. Ашъори ӯ пеш, аз ҳама, бо ягон сабабе, баҳонае ва ё дар мавридҳои зарурӣ рӯи кор омадааст.

Сохт ва мундариҷаи «Наводир-ул-вақоеъ».

«Наводир-ул-вақоеъ» дар мероси адабии Аҳмади Дониш мавқеи марказӣ дорад. Ин асар заҳмати 15-сола ва маводи якумраи гирдовардаи муаллиф аст. Нависанда ба таълифи асар соли 1870 оғоз намуда, онро соли 1885 ба итмом расонидааст. Таълифи ин асар муаллифи онро миёни аҳли ҷомеаи онрӯзаи Бухоро ҳамчун адиби тавоно ва мутафаккири забардаст шиносонид. Аҳмади Дониш дар ин асар бисёр масъалаҳои муҳимми фалсафию иҷтимоиро, ки мавриди қазовати файласуфон ва мутафаккирони гузашта буд, аз дидгоҳи нав ва дар аҳди бархурдҳо бо тамаддуни Аврупоӣ ба таҳлилу тасвир гирифтааст. Аз ин рӯ, «Наводир- ул-вақоеъ» барои бедории фикрӣ, барои ҷунбиши мафкуравии миллат ва умуман муосирони Аҳмади Дониш, пайравони ӯ ва зиёиёни пешқадами охири асри XIX ва ибтидои садаи ХХ таъсири амиқу дақиқ гузоштааст. Зеро солҳои таҳсил дар мадраса, робита бо дарбору дарбориён, махсусан сафарҳои ӯ ба Россия, муносибат бо олимон, ҳарбиён, сиёсатмадорони Аврупо ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ӯро нисбат ба сиёсат ва иқтисодиёти аморати бухоро тағйир дода буд.

Сохтори асар «Наводир-ул-вақоеъ» аз нигоҳи сохту таркиб бисёр ҷолиб аст. Асар хати яклухти дорои сужети муайян нест ва қисматҳои сужетро ҳам дар бар намегирад. Асар дар маҷмӯъ аз бисту се боб иборат мебошад, вале боби 15-уми он фарқ дорад. Зеро ин боб «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ном дошта, дорои муқаддима ва се боби ҷудогона мебошад, ки баъдтар онро шарҳ хоҳем дод. Бобҳои «Наводир- ул-вақоеъ» гуногунмавзӯъ буда, чаҳордаҳ боби асар таҳлилу тадқиқи муаллиф аст, ки дар боби понздаҳ ҷамъбасти он ба сифати як навъ рисолаи ҷудогона оварда шудааст.

Умуман, ҳамаи бобҳои асар аз нигоҳи ғояву мазмун ва мақсади муаллиф ба ҳам як навъ пайванди минтиқӣ дошта, яке дигарро тақвият медиҳад, пурра мекунад. Мушоҳидакор ё таҳлилгар, ки баёни бобу нақли ҳикоёт низ ба ӯ тааллуқ дорад, шахсияти олиму доно, мутафаккир ва ҷомеъашиноси бузургест, ки Шарқро бо тамоми ҷузъиёт ва Ғарбро ҳам хуб медононад. Метавонад мушоҳидакор шахсияте бошад, ки ҷаҳонбинии ниҳоят васеъ, сафаркарда, таълимдида ва қиёскунанда бошад. Дар асл чунин ҳам ҳаст. Аҳмади Дониш ҳамчун ҷомеъашинос ҷамъиятро бе сардор имконпазир медонад. Аз ин рӯ, дар «Наводир-ул- вақоеъ» оид ба тарбияи авлоди инсон, муносибати ниҳоят ҷиддӣ ва эҳтиёткорона нисбат ба фарзандон ва тарбияи мунтазами онҳо, хусусан оид ба ахлоқ ва муомилаи табақаҳои ҷамъиятӣ, ахлоқи табақаҳои ҳукмрон, риояи адолат ва маҳкум намудани ноадолатӣ, нақши амир, қозиву муфтӣ, вазиру қушбегӣ ва ғайра дар бобҳои ҷудогонаи асар андешаҳои шахсии худро баён намудааст.

Аҳмади Дониш маориф, таҳсил ва таълиму тарбияро асоси ҷомеа медонад. Вай барномаи таҳсил, сабку усули таълим, китобҳои дарсӣ, ҷараёни дарсҳо ва ғайраро дар таълимдиҳандаҳои Бухорои замони муаллиф, яке аз масъалаҳои марказии асари худ медонад.

Масъалаҳои мазкур дар бобҳои «Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн (падару модар) ва ҳадду ҳуқуқи онҳо», «Дар таҳқиқи матои дунё ва ҳақиқати муомилоти он», «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбу пешаҳо» ва ғ. хеле бо далелу бурҳони қотеъ баён шудааст.

Мазмуну мӯҳтавои асар. Мазмуни мухтасари «Наводир-ул-вақоеъ» тақрибан чунин аст:

Муқаддима. Дар ин ҷо муаллиф сабаби таълиф шудани асарро бо мазмуну мундариҷаи он зикр мекунад.

Боби якум. «Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн…» Оид ба тарбияи фарзандон ва шинохти падару модар аст.

Боби дуюм. «Дар таҳқиқи матои дунё ва ҳақиқати муомилоти он». Др ин боб бештар кормандони корҳои давлатӣ ва фаъолияти онҳо ба таҳлил гирифта шудааст, ки бояд онҳо маънавияти бой дошта бошанд, то аз ҳарисӣ парҳез кунанд.

Боби сеюм. «Дар таҳқиқи таърихи олам ва тафтиши ҳудусу қидам». Ҳатто аз унвони боб пайдост, ки оид ба пайдоиши олам ва умуман фалсафаи офариниш баҳс рафтааст.

Боби чаҳорум. «Дар иллати накбати уқало ва сабаби давлати суфаҳо». Дар ин боб оид ба сабабҳои бадбахтии оқилон ва хушбахтии бедонишон баҳс меравад. Аҳмади Дониш таъкид мекунад, ки инсон маҳз ба хотири манфиатҳои моддӣ талош наварзад, балки бештар ба маънавият таваҷҷӯҳ зоҳир намояд. Бояд инсон танҳо нафърасони ҷомеъа бошад.

Боби панҷум. «Дар ҳикояти фаромӯшхона ва баёни қурби соат».

Боби шашум. «Дар ҳикояти Ҳоҷӣ ва манофеи сафар ва хислати занон» Доир ба саргузашти марди бухороӣ, ки ба сайҳат баромада хеле тӯлонӣ сафар кардааст, нақл карда мешавад.

Боби ҳафтум. «Дар ҳикояти Абулқосимбӣ ва сафари русия».

Боби ҳаштум. «Дар сафорати Абулқодирбек ва аҷоиби ҷашни Руссия».

Боби нӯҳум. «Дар ҳикояти гирдоби Искандар ва ғанои марди аҷамӣ».

Боби даҳум. «Дар таҳқиқи ишқу муҳаббати ҳақиқӣ ва маҷозӣ ва одоби ишқбозӣ». Ин боб низ мисли дигар бобҳо бо усули суолу ҷавоб навишта шудаанд.

Боби ёздаҳум. «Дар одоби никоҳ ва баёни хусусияти модаршӯ».

Боби дувоздаҳум. «Дар таҳқиқи қазову қадар» Дар ин бахш Аҳмади Дониш вуҷуди зиндагиро дорои чор рукн: хӯрдан, пӯшидан, зану фарзанд кардан ва маскан сохтан медонад.

Боби сездаҳум. «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбҳову пешаҳо».

Боби чордаҳум. «Дар таҳқиқи рӯҳ ва нисбати тааллуқи он ба абдон».

Боби понздаҳум. «Рисола дар назми тамадун ва таовун». Ин ягона боби «Наводир-ул-вақоеъ» аст, ки комилан мустақил буда, аз муқаддима, се фасл ва хотима иборат мебошад.

Дар муқаддима сабабҳои пайдоиши одамӣ, хайри он ва ихтиёри ӯ дар чист… ва ғ. баҳс рафтааст.

Фасли аввал — «Дар фазилати аморат ва раёсат ва муомилати салотин бо Ҳақ».

Фасли дуюм — «Дар сулуки умаро бо сипоҳ ва хадам ва ҳашам».

Фасли сеюм — «Дар тариқи раиятдорӣ ва фуқаропарварӣ ва расидан ба ғаври муҳоммии зердастон».

Хотима. Дар таъйини мулук ба нудамо ва муқаррабон.

Дар ин рисолаи хурд оварда мешавад, ки инсон шарифтарини махдуқот аст. Ҳама чиз барои инсон офарида шудааст. Зоти инсон аз ақли шарифа ва нафси касифа мураккаб аст.

Инсон бояд илму маърифат омӯзад ва аз рӯи илму маърифат ва ақлу фаросат роҳи дурустро паймояд.

Боби шонздаҳум. «Дар таҳқиқи ҳайати арз ва такаввуни маодин ва мо юносаба золика». Дар ин боб Аҳмади Дониш оид ба ҷинсҳои кӯҳӣ, конҳо, маъданҳои зеризаминӣ, заминҷунбӣ, вулконҳо маълумот медиҳад.

Боби ҳабдаҳум. «Дар фараҷ баъд аз яъсу хамул».

Боби ҳаждаҳум. «Дар наводири ҳолоти ашхос, ки аз ҷанги сибоъ ҷастанд».

Боби нуздаҳум. «Дар таъбири рӯъёи ҳоила, ки далолат бар ҳудуси воқеа мекард». Муаллиф доир ба хобҳои дидаи хеш ҳикоят мекунад. Ин хобҳо баъзе лаҳзаҳои шарҳиҳолии худи муаллиф низ ҳаст. Яъне бисёр лаҳзаҳои тарҷумаиҳолии Донишро низ равшан месозад.

Боби бистум. «Дар таҳрири маъноии баъзе абёт, ки афозили аср истадъо намуда буданд». Дар ин боб Дониш баъзе байтҳои Бедилро шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Боби бисту якум. «Ҳикояти бӯзинаи таббох».

Боби бисту дуюм. «Дар маънии ҳадиси «Сақф-ул-ҷаннати аршу-р- Раҳмони ва баёни ҳашру Нашр».

Боби бисту сеюм. «Дар ташхиси ахлоқи инсон». Аҳмади Дониш дар ин боб менависад, ки инсон дар хулқу атвор мисли тилло ва нуқра аст, зеро тилло ва нуқра то ин ки холис шаванд, аз чандин кӯраву бӯта мегузаранд. Инсон ҳам бояд аз чандин таҷрибаҳои рӯзгор гузарад, то ин ки хислатҳои разилаву бади худро рафъ созад. Ӯ бештар аз сокинони ҷомеаи онрӯзаи Бухоро намунаҳо меорад. Барои он ки инсони оқил ва инсони ҷоҳилро аз ҳам фарқ гузоред, бояд онҳоро санҷид.

Лаҳзаҳои тарҷумаҳолии Дониш дар асар хеле зиёданд. Дар

«Наводир-ул-вақоеъ» аз оғоз то анҷом мо нақши эҷодкори онро мушоҳида мекунем. Зеро аксари бобҳои асар ба тариқи суолу ҷавоби муаллиф бо образи асосии боб, ки дӯстони муаллиф мебошанд, сомон ёфтаад. Чунончи, дар боби панҷум «Дар ҳикояти фаромӯшхона ва баёни қурби соат» омадааст:

«Навбате муҳаррири сутурро бо ҷамъе аз дӯстон дар зиёфате иттифоқи маҷлисе афтод. Мизбон ба тақрибӣ ҳикояте овард, аз он чи бар ӯ гузашта буд. Ва ман чун гӯшу чашм ба иборат кушода доштам, сурати он базмро дар силки тақрир кашидам.

Мизбон чун аз нақизу радди сухани ёрон оҷиз буд, дар аксари муқаддимот муҳаррири сутурро ба шаҳодат мекашад, ки агар бовар надоред ва дар шак бошед, аз меҳмон пурсед, ки вай дидааст ва хуб шунида ва медонад ва дар аксари ин маорику маҷолис расида ва хуб медонад.

Ва ман низ дар он чи дида будам ва яқин дониста, гувоҳӣ медодам…»

Агар дар ин бобҳо ҷараёни воқеаҳо ба тариқи суолу ҷавоб сурат гирифта бошад, дар баъзе ҳикоёти дигар адиб комилан саргузашти худро баён месозад. Масалан, бобҳои ҳафтуму ҳаштумро метавон номбар кард. Ин бобҳо сафарҳои Аҳмади Донишро ба Россия дар бар мегирад. Чунончи: «Навбате, ки ба масҳуби Сайид Абдулфаттӯра ва рафоқати Абулқосим-бӣ ба сафорати Рус иттифоқи вуруд афтод, расм аст, ки дар ҷо элчиёнро барои изҳори ҷоҳу дастгоҳи давлати хеш ва маҷолису маҳофили бузург ва тамошохонаҳо имороти олия ва хазоину дафои мегардонанд ва бад-он тафохуру мубоҳот мекунанд.

Ва билҷумла шабе мутарҷим аз қибали вазир омада, моро ба маҷлисе «сурония» ном таклиф намуд. Бо чаҳор нафар дар он базм рафтем… Дар иморате рафеъ ва манеъи олии зарандуд даромадем, мабно бар хонаҳо ва ҳуҷароти бисёр ва дарҳои ойинакорӣ ва аз ҳама дарҳо пардаҳои ҳарир фурӯҳишта, муштамил ба кату каровати зарнигор ва ойинаҳои ситабри бузург баробари қадди одамӣ ниҳода»… ва ғайра. Яъне фаъол гардидани симои адиб дар ин боб, чунон ки маълум шуд, бештар ба назар мерасад. Зеро мушоҳидагар ва нақлкунанда худи адиб аст. Аз тарафи дигар, боби мазкур холӣ аз ҳама гуна хаёлбофиву тасвирсозиҳост. Зеро муаллиф ҳар он чизеро мебинад, мушоҳида мекунад, онро айнан ба қалам меорад. Ин бобро метавон очерки сафарӣ номид. Воқеан чунин тарзи сафарноманависӣ дар таърихи адабиёти тоҷик аз Носири Хусрав («Сафарнома»-асари насрӣ) шакли манзуми он бошад аз Ҳоқонии Шарвонӣ («Тӯҳфат-ул-Ироқайн») оғоз шудааст. Давоми мантиқии боби ҳафт боби ҳаштум ба шумор меравад, ки «Дар сафорати Абдулқодирбек ва аҷоиби ҷашни Русия»-ном дорад. Ин боб низ мисли очерки сафарӣ буда, Аҳмади Дониш саргузашти худ ва мушоҳидаҳои сафарашро ба қалам додааст. Чунончи: «Навбате ба масҳуби Абдулқодирбеки Додхоҳ дар мавриди тӯи императури Рус ҳам ва ҳукми давлати Бухорои Шариф ва пойтахти давлати Русия ба расми таҳният ва сафорат бо тӯҳаф ва ҳадоёи лоиқа иттифоқи вуруд воқеъ шуд_ Ва ҳар боре, ки мутарҷим бо мо мулоқот мекард, аз ман мепурсид, ки:

-Охир агар шеъре бастаӣ, дар назар ор, то бинам, ки чӣ мазмун гуфтаӣ?

-Ман гумон кардам, ки мабодо маро имтиҳон кунад ва оҷиз ёбад. Дар охир номи домод ва номи арӯс пурсидам.

-Гуфт:

Алфред ва Морӣ… Маҷмӯъ нӯҳ ҳарф буд. Пас нӯҳ ҳарфро ба аввали нӯҳ байт мувашшаҳ намуда ба дасташ додам…» ва ғайра.

Ин аст, ки «Наводир-ул-вақоеъ» баробари таълиф як ҷунбиши фикрӣ, ангезаи зеҳнӣ ва бархурдҳои мафкуравиро ба вуҷуд овард. Махсусан, барои адибони ибтидои асри ХХ. Устод С.Айнӣ, ки бо ин асари Аҳмади Дониш дар охири солҳои 90-уми асри XIX шинос шуда буд, аҳволи рӯҳия ва таассуроти одамони пешқадами он даврро аз хондани ин асар аз забони худ чунин баён намудааст:

«Ҷоҳои ба ман таъсирбахши «Наводир-ул-вақоеъ» он ҷоҳо буданд, ки ман он ҳодисаҳоро дар зидагӣ дида будам ва аз он аҳвол дилтанг мешудам, аммо ҳеҷ гоҳ ислоҳ кардан ва ислоҳ шудани он аҳвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки дунё ҳамин тарз омадааст, ҳамин тарз ҳаст ва ҳамин тарз ҳам меравад, чӣ бояд кард? Аммо вақте ки ман он аҳволи фалокатиштимолро дар мундариҷоти «Наводир-ул- вақоеъ» бо тасвири реалӣ, бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, хондам, ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам, ки ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст. Инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод».

Умуман, дар «Наводир-ул-вақоеъ» масъалаҳои сиёсӣ: усули

мамлакатдории Бухоро ва Россия, муносиботи давлат бо раъият, мақомоти қудратии ин ду кишвар; масъалаҳои иқтисодӣ: зироатӣ будани Осиёи Миёна ва саноатӣ будани Россия; фарҳангӣ: нашри рӯзномаву маҷаллаҳо, нашриёту китобчопкунӣ, шаҳрсозӣ ва зебу зинати хиёбонҳову гулгаштҳо, толорҳои консертӣ ва биноҳои мӯҳташам; ороиши кушкҳову манзилҳои истиқоматӣ, системаи абёрии шаҳрҳо ва ғайра.

Дар масъалаҳои ахлоқӣ ва тарбиявӣ бошад, баъзе ҳикоёту бобҳои асар хеле ҷолибанд. Хусусан боби панҷум «Дар ҳикояти фаромӯшхона» ё худ дар он ҷойҳое, ки Шукурбек ширкат варзида ва ӯ ба аҳли ҷоҳу мансаб бархурдҳои фикрӣ зоҳир намудаву аҳли заҳматро ҷонибдорӣ кардани вай ба тасвир омадаанд ва ғайра.

Дар асар андешаҳои Аҳмади Дониш ҳамчун адиби маорифпарвар дар баъзе бобҳо бисёр ҷолиб аст. Андешаҳои адиб дар ҳикоят ва қиссаҳои бадеӣ хеле хуб ифода шудааст. Мутафаккир ба воситаи образҳои бадеӣ ҳадафи худро ифода мекунад. Масалан, «Дар ҳикояти Ҳоҷӣ ва манофеи сафар ва хислати занон» чунин омадааст, ки марди

Бухорие, ки ба мақсади зиёрати Каъба сафар кардааст. Нависанда дар ин фасл нишон додааст, ки аз қаламрави Бухоро ба берун баромадан ва сайри олам кардан то чи андоза инсонро аз нигоҳи маънавӣ ғанӣ мегардонад. Марди ҳоҷӣ ҳангоми сафар ба Ҳиндустон меравад, дар он ҷо бо шахсони олиму фозил сӯҳбат мекунад, дар шаҳрҳои Ҳиндустон иншоотҳои саноатӣ, киштиҳои азими боркашу сафарӣ ва ғайраро тамошо мекунад, дар шаҳрҳо ба маърифату маориф, илму фарҳанг то андозае шинос мешавад. Марди сафарӣ ин пешравиҳоро дида, хаёлан ин шаҳрҳоро ба Бухоро муқоиса мекунад. Кӯчаву хиёбонҳои пур аз лой, роҳҳои каҷу ноҳамвор, иморатҳои бетартиби бе нақша сохташуда ва гилин, хусусан шабҳангом торику ваҳмнок ва ғайра. Ё худ:

«-Марди ҳоҷӣ бо ҳусни хати хеш ба саркори як шаҳр хеле маъқул мешавад ва он саркор, ки аслан забону адабиёти форсиро намедонист, марди хоҷиро ба хидмат қабул карда, ба ӯ пули бисёре дода, асарҳои олимони форсу тоҷикро нависонда мегирад. Марди ҳоҷӣ дар шаҳр сайр мекард ва боре дид, ки одамони бисёре ба лаби баҳр хок мерехтанд ва мехостанд дар он ҷо банде андохта, дӯконҳо кушоянд. Марди ҳоҷӣ дар ҳайрат афтода меандешад, ки барои як оё ин қадар заҳмат кашидан раво бошад? Саркор дар ҷавоб мегӯяд:

-Ақли шумо (мардуми Бухоро) ба ин кор намерасад ва агар гӯем ҳам, дарк карда наметавонед. Ва моро ба дунё оварданд, ки ҷаҳонро обод дорем ва баҳрҳову конҳо бикшоем ва аҷоиботи олами моддиро зоҳир гардонем… Миллатҳои гуногуни олам аз ҷаҳон манфиати бисёре бардоштанд, аммо онро ба ҳоли худ гузоштанд, наздик буд, ки ҷаҳон хароб шавад. Набинӣ, ки токи ангур, агар тарбият накунӣ, ҳар соле мева аз соли гузашта камтар медиҳад ва охир хушк мешавад. Шумо мева аз ток мехӯред, дигар ғам надоред, агар бехи ӯро кирм занад ва сарашро сармо»…

Дар қазовати боло назири Аҳмади Дониш ба қафомондагии Бухорои феодалӣ баён шудааст.

Дар лаҳзаҳои боло Бухорои замони Аҳмади Дониш тасвир шуда бошад, акнун мебинем, ки Петербург-пойтахти давлати Россия дар муқоиса чӣ гуна аст. Яъне Аҳмади Дониш Петербургро чӣ гуна дарёфтааст.

Аҳмади Дониш мушакпарониеро, ки дар ҷашни шоҳона дар Петербург барпо гардида буд, чунин тасвир кардааст: «Ва аз ҷумлаи аҷоиботи он тӯй яке чароғоне тартиб дода буданд дар болои яхбанди дарё, ки тахминан шаш ҳазор қадам мушаки рангин дар ҳаво сар дода буданд, ки рӯи осмон пӯшида шуд ва ҳаво ҳама аз моҳҳои сурху зард ва сапеду зангорӣ пур шуда буд, то ки зарраҳо бар рӯи замин намоён мешуд». ва ғайра.

Чунон ки дида мешавад, дар мамлакатҳои пешрафта аҳволи мардумонаш, ки нисбатан хуб аст, ҷаҳонбинӣ ва муносибати мардум, сатҳи зинагӣ ва тафаккури онҳо дигар аст. Албатта, ин пеш аз ҳама, ба системаи сиёсии давлатдорӣ, усули роҳбарӣ, ҷаҳонбинию маҳорат ва донишу истеъдоди сиёсатмадорон сахт вобастагӣ дорад.

Боби аввали «Наводил-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш чунон ки қаблан ҳам зикр намуда будем, «Дар таҳқиқи ҳуқуқи абавайн ва ҳадди уқуқи онҳо»-ном дошта, боби мазкур асосан ҷанбаи назариявӣ дорад. Яъне назари Аҳмади Дониш ба фарзанд, падару модар, оила, одоби муошират, инсон ва ҷомеа ва ғайра баён шудааст».

Дар ин боб омадааст, ки дар маҷлисе ҳар кас аз ҳар бобе сӯҳбат мекарданд. Баъзе аз бедирамӣ, ҷамъе аз душвории касбу зироат, ҷавқе аз суубати роҳи ишқу муҳаббат. Яке мегуфт: Падарам ҷафокор аст. Дигаре мегуфт: Модарам саросар озор, то сухан дар ҳадди ҳуқуқ ва меъёри ҳуқуқи абавайн қарор гирифт. Яке мегуфт:

-Чун ман дар иёли падарам, агар изҳори эҳтиёҷ кунам ва дар мутолаба ибром барам, ҳукм ба куфру исёни ман мекунад. Дигаре мегуфт: Дар умури саҳлатулҳусул, ки карду нокарди он дар шариату футувват базаҳ ва исме надорад, агар иқдом намоям, модар садои иқоқу ишқоқ мезанад. Яке гуфт: Падар маро барои инфоқи явмия ба умури номашрӯъ рухсат медиҳад ва агар ибо кунам, озурда мешаваду оқ мекунад. Дигар мегуфт: Модарам мутриба аст, хоҳарамро ба рақсу самоъ тарғиб мекунад, вай мутанаффир аст, бонг бар ӯ мезанад…»

Дар муҳокимарониҳои боло муносибатҳои гуногуни оилавӣ дар хонадони мардуми Бухоро дида мешавад. Падаре фарзандро бо баҳонае бо роҳи носавоб ҳидоят мекунад. Модаре барои ривоҷи кори худ, духтарашро ба он роҳ ғайри ихтиёри фарзандаш бурданӣ мешавад.

Бисёрҳо мешавад, ки ин корҳои абавайн хилофи ахлоқи исломист, вале онҳо ин корро барои рӯзгорашон пеш мегиранд.

Баъзан чунин ҳам шудааст, ки бисёр оилаҳо аз рӯи талаби волидайн дигар шудаанд. Яъне аз ҳам ҷудо шуда, оилаҳои дигар бунёд кардаанд:

«-Дигаре истифто менамуд, ки модаре дорам ҳариф шуда, агар саранҷоми муҳимми манзил ба модар супорам, аз ӯҳда барнамеояд, агар ба дасти зан ниҳам, норозӣ аст. Ва бар сари ҳар обу таом ғавғо бунёд мекунад ва зиёдасарию зиёдаталабӣ мекунад, то ҳадде, ки гӯё дигаронро ҳеҷ ҳаққе намемонад, гӯё ҳама аз они ӯст ва барои ӯ. Собиқ ду зан аз ман ба талоқу фироқ овард ва дар зани сеюм низ ҳол ҳамон аст, ки дар аввал ва дуюм. Агар ба ҳуқуқи зан қиём орам, модарам хушнуд намешавад, магар ба талоқ, ки ҷабре ихтиёр кунам… Ман ташхис наметавонам кард, ки риояти кадом тараф кунам. Агар ҷониби модар гирам, бояд, ки аз ҳаққи зан даст бардорам ва агар тарафдории зан кунам, бояд ки оқи модарро ихтиёр намоям.»

Албатта, ҳамаи масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳое, ки марбут ба рӯзгори инсонист, дар асоси қонунҳои исломӣ матраҳ, ҳаллу фасл шудаанд. Аз ин рӯ, Аҳмади Дониш ин масъалаҳоро дар ҳамин замина хеле нозук ба муоина мегирад. Ӯ ба баҳсҳои дар боло оварда аз ҳамин мавқеъ, вале на чун мутаассиб, балки басо ҷиддӣ ва огоҳ ба кор мегирад. Аз ин ҷост, ки Аҳмади Дониш ба он баҳс чунин ҳамроҳ мешавад:

«Гуфтаанд: Бале, матлаб ҳамин аст, ин ишколро аз пеш бардорӣ ва ҳақиқати ҳолро камоҳӣ мутобиқи офоқу анфус шарҳ диҳӣ.

Гуфтам: Падару модар мавриди эҳсону шукранд, бар тақдире, ки солеҳ бошанд ва ба фарзанди худ некихоҳанда ва салоҳи ҳоли ӯ ҷӯянда, ки агар фосиқ бошанду ба фарзанд некӣ намехоҳанд ва салоҳи ҳоли ӯро наметалабанд, балки ғарази худро меҷӯянд, мавриди он ҳуқуқ, ки дар оёту аҳодис омада нестанд. Ва ҳол он ки ҳар як аз абавайн муддаии инанд, ки мо дар ҳама ақволу афъол, ки аз мо содир мешавад, хайри фарзандро мехоҳем… Яъне бояд, ки қавлу феъли абавайн муфзӣ ба хилофи шаръ нашавад ва дар дину муруввати фарзанд халал наёрад, то фарзанд барои дарёфти ризогии онҳо муртакиби маҳзуроту маҳҷурот нагарад. Масалан, барои нафақаи онҳо дуздию қимор пеша накунад ё барои дарёфти хушнудии модар зани солеҳаи худро талоқ дода ба фисқу фасод ва зинову ливотат наяфтад.»

Ё худ агар масъалаҳои боло тамоман иҷтимоӣ бошанд, дар «Наводир-ул-вақоеъ» масъалаҳои сиёсӣ низ ҷои намоён доранд. Масалан, дар боби «Муомилаи салотин ба фуқаро ва раъият»… омадааст, ки:

«…Раъият маҳалли дахли вилоятанд ва аскария маврии харҷ. То дахл набувад, харҷ мутаҳаққиқ нашавад, балки салтанат бе раъият мутасаввир нагардад ва раъият бе истимолату марҳамати султон муҷтамеъ нагардад. Пас подшоҳ, ки мушфиқи дарвеш аст, нигаҳбони мулку давлати хеш аст, адлу раъфати султон муҷиби амну истиқомат аст мар раъиятро, то иморату зироат беш иттифоқ афтад. Ва чун иморату зироат ва адлу раъфати султон ва арзонӣ баландовоза шавад, бозаргону мусофирон дар ин шаҳр рағбат оранд ва ғаллаву қумош ва дигар матоъ биёваранд, пас мулк ободон шавад ва хазоин маъмур гардад. Ва бад ин сабаб лашкариён серу фарохдаст гарданд. Ва чун лашкар қавӣ бошад, ҳавзаи миллат маҳфуз монад ва шариат ривоҷ ёбад.»

Доир ба донистани ҳудуди кишвар ва арзиши минтақаҳо ва кадом минтақа чӣ дороӣ доштану ҳолати он ва дар ин бора муносибати шоҳ бо сарзамини худ ва ҳамҷиворон ҳикояти хеле олиҷанобе аз тарафи як сайёҳе ва муносибати он дар муколимае миёни, ӯву марди аврупоӣ чизҳои ҷолиб мавриди арзёбӣ қарор дода мешавад:

«Яке аз сайёҳон гуфт: Дар Пешовар пеши ҳоким будам, ки аз қибали фарангӣ фармонраво буд. Рӯзе ба тақриб пурсид, ки Бухоро чӣ миқдор замини солеҳи заръ дорад?

Гуфтам: Тақрибан сӣ фарсах шарқану ғарбан ва понздаҳ фарсах шимолану ҷанубан.

Гуфт: Самарқанд чанд аст?

Гуфтам: Нисфи он.

Гуфт: Насаф?

Гуфтам: Сулси он.

Гуфт: Аксарияти дохилии Бухоро чанд аст?

Гуфтам се ҳазор, дар вақти ошӯб дувоздаҳ ҳазор, ба замми атроф бист ҳазор.

Гуфт: Мавоҷиби онҳо аз куҷост?

Гуфтам: Аз ушру хироҷи иртифоот.

Гуфт: Агар осмон набораду замин надиҳад?

Гуфтам: Аз чӯълу андоз.

Гуфт: Агар халқ оҷиз оянд ва натавонанд?

Гуфтам: Аз мусодараю ярғӯ, ки тавонгаронро афтад…

Гуфт: Аз Шумо то Бадахшон чӣ миқдор роҳ аст?

Гуфтам: Тахминан ҳаштод фарсах.

Гуфт: Аз маҳкуми кист?

Гуфтам: Ба сари худ аст.

Гуфт: Чаро подшоҳони шумо онро дар тасарруфи худ намеоранд?

Гуфтам: Он чӣ замин аст?

Бихандиду гуфт: Шумо турфа мардуми бетамизед, ҷое ки зар бояд сарф кард, шумо зар металабед ва ҷое, ки зар аст, намеҷӯед. Бадахшон замине аст, ки дар он чаҳор маъдан: тилло, нуқра, лаълу лоҷувард…

Пас, ҳиммати подшоҳона он иқтизо дорад, ки зар аз кону дурр аз баҳр биталабад ва ба фуқарою раият сарф кунад, то ҷаҳонро обод дорад ва ба кушодани наҳрҳо ва буридани кӯҳҳо ва зироати арозии майита. Ва кушодани кон бе раъият имкон надорад ва ғайра…»

Дар қазоватҳои зикршуда мо ҷаҳонбинии шоҳон, масъулиятшиносии онҳо, усули кишвардорӣ, муносибат бо халқ ва мақомоти давлатиро ба хубӣ фаҳмида метавонем. Мибинем, ки амирони манғитӣ ба ҷуз роҳи зӯриву тарсонидани мардум кори дигареро фикр ҳам накардаанд. Аз ин ҷост, ки оддитарин аврупоӣ дар боби кашвардорӣ нуқсону сустии амирони мазкурро медонад. Ин аст, ки назари Аҳмади Дониш низ ба ин сулола хуб нест ва онҳоро мутанаффир, кӯтоҳандешу бетамиз меномад.

Чизи дигареро низ метавон таъкид намуд, ки дар «Наводир-ул- вақоеъ» мавзӯъҳои ҳамосӣ ҳам ба назар мерасанд. Масалан, боби XVIII, саргузашти муллои Бойсунӣ — Холмуҳаммад, ки марди шуҷоъу далер ва шикорпеша аст. Рӯбарӯшавии ӯ бо ҳайвоноти даррандаи ваҳшӣ, мисли шер, хирс ва ғ. ки гоҳе бо зӯрӣ ва баъзан бо ҳилла ҷон ба саломат мебарад, аз ҷасурию далерии Холмуҳаммад шаҳодат медиҳад. Ҳатто аспи худро ба болои дарахт мебардорад. Яъне таҳамтан ҳам ҳаст.

Ҳамин Холмуҳаммад нақл мекунад, ки:

«-Дар он овон Шукурбек ном дузди шабрав дар Бухоро истило ёфта, басе захиму ҷасим ва айёрипеша буд. Дар шаб бо сад нафар муқобил шудӣ. Ҳарчанд диловарони зӯрозмо ва баҳодурони разморо сари роҳаш мегирифтанд, тоби муқобала наёварда рӯй ба гурез мениҳоданд.

Бо ин ҳама ҷабборӣ ва мардумозорӣ карампеша, олиҳиммат буд, ки мол аз тавонгарони бахил ситада ба мустаҳаққиқони алил расонидӣ ва бо аҳли илм ва талабаи мадраса ионоӣ кардӣ. Амир барои ӯро дастгир кардан 100 динор зари сурх ба гарав монда буд.

Мулло Холмуҳаммад инро шунида назди мударрис меояд ва иҷозат мепурсад, ки барои дастгир намудани Шукурбек ба ӯ иҷозат бидиҳад. Мударрис мегӯяд: Зинҳор ин ҷуръат мекунӣ, ки пои хасмро надида, сар ба бод диҳӣ. Надонӣ, пил шикорӣ гавазн нашавад ва шер мусаххараи рӯбоҳ нагардад:

Ҳар ки бо фӯлодбозу панҷа кард,

Соида симини худро ранҷа кард.

Хулоса, мударрисро бовар кунонидам ва ӯ ба ман иҷозат дод ва таъкид намуд, ки эҳтиёт кунам. Ман — мегӯяд Мулло Холмуҳаммад, ба назди асас рафтам ва арзи мақсад намудам. Ӯ низ хандид. Чун ӯро низ бовар кунонидам, ӯ як миқдор пул ба ман доду гуфт, ки мондагиашро баъд аз овардани Шукурбек мегирӣ. Ман рафтам. Роҳи омадани Шукурбекро аниқ кардам. Ӯро шабонгаҳ ёфтам ва хостам бо калтак ба сари ӯ фурорам, вале намедонам, ки чӣ шуд. Ҳамин қадар ёд дорам, ки рӯи синаам кӯҳи гароне афтида буд.. Шукурбек мақсади маро пурсид ва ман чизеро аз ӯ пинҳон накарда росташро гуфтам. Ӯ дигар маро азоб надод ва бо худ ба мадрасаи Кӯкалтош, ба яке аз ҳуҷраҳои он бурд. Ӯ дар он ҷо аз мақсади ман комилан огоҳ шуду як панҷа зари сурх ба ман дод ва гуфт, ки ба зодгоҳат рав. Агар бори дуюм фирефта шавию ба дастам афтӣ, зинда намераҳӣ.

Ман чунин кардам.»

Дар ин ҳикояти саргузаштии воқеӣ Шукурбек айёрпеша, дузд ва роҳзан аст. Гумон меравад, ки ноадолатиҳои замона ӯро ба ин роҳ бурдааст. Агар ӯ ноодил мебуд, баробари ҳуҷуми Мулло Холмуҳаммад ӯро бо андак зарба нобуд мекард. Вале ӯ ин амалро дар нисбати як нафар толибилми бебизоат раво надид.

Холмуҳаммад низ як тан толибилми дилсофу поктинат, вале ҳарису комҷӯ аст. Аз ин рӯ, ӯ ҳам аз таҳсил ва ҳам аз истиқомат дар Бухоро маҳрум мемонад.

Образи Шукурбек аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки ӯ ба муқобили ноадолатиҳо мебарояд. Онҳоеро, ки аз ҳисоби истисмор соҳиби сарват гардидаанд, ба онҳо кинаварзӣ мекунад. Моли ба яғмо бурдаашро ба толибилмон, бенавоён, дармондагон, тангдастон тақсим менамояд.

Умуман, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш дар адабиёти асримиёнагии тоҷик як падида, як бозёфти адабӣ аст, ки дар он ҳам аз сиёсат, аз иҷтимоиёту иқтисодиёт, аз илму фарҳанг ва аз таъриху адабиёт, аз бархурди фарҳангҳову тамаддунҳо, аз нақши инсон ва ҷамъият баҳсҳои сершумор ба миён меорад.

Ӯ барои пешрафти давлат, инқилобҳои фикрии мутафаккирон, эҷодкорон зимомдорони вақт, амирони манғитиро сахт ба зери тозёнаи танқид мегирад. Баробари хондани асар дар пеши назари хонанда шахсияте намудор мешавад, ки аз илму маърифат, фарҳангу таърих, сиёсат, усули кишвардорӣ, шеъру адаб, дину ойин, тамаддуну ҳикмати миллӣ хеле ва хеле амиқу дақиқ огоҳ аст. Яъне нависандаи китоби мазкур сиёсат, иқтисодиёт, илму фарҳанги миллиро комилан медонад. Дар баробари ин, ӯ аз сиёсат, иқтисодиёт ва илму фарҳанги Аврупоӣ низ огоҳӣ дорад. Ин аст, ки Аҳмади Дониш мушаххасан Бухоро ва қаламрави онро бо Россия ва ба ин восита бо Аврупои Ғарбӣ то ба андозае муқоиса мекунад. Аз ин ҷиҳат танқиди Аҳмади Дониш танқиди зоҳирӣ ва ҳар чи бодобод нест! Ӯ он масъалаеро, ки маҳкум карданӣ шавад, хеле хуб аввал паҳлуҳои онро месанҷад, муойина мекунад. Ҷанбаҳои нораво ва нуқсондори онро дармеёбад ва бо далелҳои сершумор ба зери тозёнаи танқид мегирад.

Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» бештар масъалаҳои хеле муҳими фалсафиву иҷтимоиро, ки мавзӯи баҳси бузургони пешин қарор доштанд, ба миён мегузорад. Онҳоро таҷдиди назар мекунад. Аз дидгоҳи нав, аз рӯи талабу тақозои замони нав, шароиту заминаҳои нави таърихӣ ба тадқиқу мушоҳида мегирад.

Албатта, дар оғози сари қудрат омаданаш назари амир Музаффар ба Аҳмади Дониш дигар будааст. Аҳмади Дониш ҳайати сафорати Бухороро дар бесаводию бедонишӣ муттаҳам намуда, онҳоро кӯтоҳназар, худбину худхоҳ, бемасъулият, қафомонда меномад. Бо вуҷуди ҳамаи ин, амир Музаффар хидмати Аҳмади Донишро қадр менамояд. Аз рӯи салоҳияте, ки амир дар ихтиёр дошт, ӯ ба Аҳмади Дониш рутбаи илмӣ-ифтихории Уроқро раво мебинад. Зеро Амир борҳо ҷанбаи амалии машваратҳои Аҳмади Донишро таҷриба намуда, дар амалияи муносибат бо Россия дидаву санҷида буд.

Аз ин рӯ, ба Аҳмади Дониш чанд мансаби давлатиро низ пешниҳод мекунад. Аҳмади Дониш ҳолати дохилии дарбору дарбориёнро дида, супоришҳои амирро ба таъхир меандохт. Аҳмади Дониш хуб медонист, ки «ба як гул баҳор намешавад». Танҳо бо омадани Аҳмади Дониш ба дарбор тағйироти ҷиддие дар сиёсат пайдо намешавад. Зеро ҳасудону чоплусон амирро хеле хуб иҳота кардаанд.

Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» дар аксари бобҳои он масъалаҳои муҳимтарини назариявию амалиро аз мавқеи ҳикмати тамаддуну таовун ба таҳлилу тадқиқ мегирад. Чордаҳ боби асар (то рисолаи сиёсӣ) ба масъалаҳои басо муҳим-фалсафаи зиндагӣ, ҳикмати амалӣ бахшида шудаанд. Дар ин фаслҳо масъалаҳои ҷамъияти инсонӣ, беҳбудии рӯзгори мардум, ҳимояи адолати иҷтимоӣ ва роҳҳои он ба риштаи таҳлил кашида шудааст.

Умуман, бобҳои «Наводир-ул-вақоеъ» ҳарчанд ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шудаанд, муҳим он аст, ки ба мақсади ягонаи муаллиф- яъне чӣ гуна ташкил намудани ҳаёти иҷтимоӣ ва шахсияти инсон равона карда шудааст.

Ғояи асосии «Наводир-ул-вақоеъ» Аҳмади Дониш як бошад ҳам, вале мавзӯъҳои бобҳо мухталифанд. Дар бобҳои асар масъалаҳои фалсафӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, тарбиявӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва ғайра баён шудаанд.

Маълум аст, ки «Наводир-ул-вақоеъ» барин асар наметавонад маҳсули меҳнати як ё дусола бошад. Аҳмади Дониш ин асарашро дар тӯли наздик ба понздаҳ сол рӯи кор овардааст. Вале муносибати мантиқии бобҳо хеле қавӣ аст. Аз тарафи дигар, дар ҳар як боб муаллиф ҷонибдори адолати иҷтимоӣ буда, онро пайваста ҷонибдорию ҳимоя менамояд. Танҳо бобҳои 16-23 андак дигартар буда, дар ин бобҳо нақши фалсафа ва шеъру адаб зиёдтар аст. Аз сӯи дигар, ашъори ахлоқӣ- тарбиявӣ дар ин қисмат зиёдтаранд. Аз ин рӯ, Аҳмади Дониш ба ашъори Саъдии Шерозӣ бештар рӯ оварда, бо пораҳои шеърӣ ҷанбаъҳои тарбиявӣ ахлоқӣ ва таълимии ҳикояҳои асари худро тақвият медиҳад. Ин аст, ки пораҳои шеърӣ низ барои тасдиқи андешаву афкори муаллиф оварда шудаанд.

«Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» ва

мазмуни мухтасари он

Дигар аз асарҳои Аҳмади Дониш, ки дар он афкори сиёсиву иҷтимоӣ ва маорифпарварии ӯ хеле дақиқу амиқ баён шудааст, «Рисолаи таърихӣ»-и мутафаккир мебошад. Рисолаи мазкур қисмати аввали асарест, ки Аҳмади Дониш онро тамом карда натавонистааст. Азбаски асар нотамом мондааст, муҳаққиқон вобаста ба мазмуну мундариҷаи он ба ин асар унвонҳои «Таърихча», «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития», «Тарҷумаи ҳоли амирони санғития» мондаанд. Маълум аст, ки рисола дар овони пиронсолии олим таълиф шудааст, зеро танҳо наздиктарин эҷодкорон аз таълифи он хабарор шудаанд. Ин асар тақрибан пас аз даҳ соли таълифи «Наводир-ул- вақоеъ» эҷод шудааст. Аз ин рӯ, Аҳмади Дониш тӯли даҳ сол тавонистааст сохтори сиёсии Бухоро, амиру аморат, сиёсатмадорону усули кишвардории онҳоро боз ҳам чуқуртар омӯзад.

Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» оид ба аморати Бухоро ва тартиботи сиёсиву иҷтимоии он ва иқтисодиёти кишвар, бо ислоҳот ва бартараф намудани як қатор нуқсонҳо беҳбудии онро чашмдор буд. Ӯ дар давоми даҳ соли омӯзиши минбаъда хеле фикру ақидаи худро оид ба ин масъала тағйир дод. Ана ҳамин ҷанбаъ рисолаи «Таърихча»-ро рӯи ҳастӣ овард.

Сохту таркиби асар

Аслан Аҳмади Дониш рисолаи «Таърихча»-ро ба фаслу бобҳо ҷудо накардааст. Ин рисола тақрибан аз нигоҳи сохтор чунин аст: муқаддима, қисмати асосии асар, ки дар навбати худ аз ду бахш иборат мебошад. Баъд аз ин хотимаи рисола пеш меояд, ки муаллиф андешаҳои худро натиҷагирӣ мекунад.

Мазмуни мухтасари рисола

Дар қисмати муқаддимавии рисолаи «Таърихча» андешаҳои Аҳмади Дониш ҳамчун олими ситорашинос ва ҳам донандаи фалсафаи инкишоф баромад мекунад.

Муқаддимаи рисола ва бобҳои минбаъдаву хулоса ҳам унвонгузории махсус нашудаанд.

Мутафаккир Аҳмади Дониш дар қисмати муқаддимаи рисола таъкид менамояд, ки: «Сабаби ободии ҷаҳон ҳаёт, об ва адл бувад ва боиси харобии маргу беобӣ ва зулм бошад, ки воситаи он аз олами улвӣ шаш кавкабанд. Вуҷудиёт аз натоиҷи табъи Офтоб ва Зӯҳраву Муштарӣ ва адамиёт аз таъсироти Миррих ва Зуҳалу Қамар ва Аторуд муовини ҳар кадом аст».

Ба назари Аҳмади Дониш, дунё ва ҷамъияти инсонӣ пайваста дар ҷараёну рушд ва таназзулу харобишавӣ қарор дорад. Ӯ ин фалсафаи инкишофро дар заминаи сайри сайёраҳо қазоват менамояд.

Ӯ чунин мешуморад, ки агар 4 ва ё 100 сол давраи рушд бошад, ҳатман боз таназзул пеш меояд. Барои раҳоӣ аз ин дар ҳар як давраи муайян аз шоҳон ё аз донишмандон як ё якчанд гурӯҳ ба миён меоянд, ки онҳоро муҷаддиди (навкунандаи) алф (ҳазор) ё миа (сад) мегӯянд. Темур Ҳусайн Бойқароро, Абдуллоҳхон ва Субҳонқулихонро нишон медиҳад. Махсусан, Аҳмади Дониш нисбат ба амир Шоҳмуроди манғитӣ назари мусбат дорад. Зеро баробари сари қудрат омадани ин амир дар Бухоро навкарди соҳаҳо оғоз шудааст. Аҳмади Дониш ба Шоҳмурод баҳои баланд медиҳад.

Дар рисола нахуст воқеаи сиёсӣ тасвири ҳукумати Дониёл ва фаъолияти сиёсии ӯст, ки «Харобии назми аморат дар замони амир Дониёл ва тарзи салтанати амир Шоҳмурод» унвонгузорӣ шудааст. Назари Аҳмади Дониш ба ин амир ва усули мамлакатдории ӯ манфӣ мебошад. Аҳмади Дониш амир Шоҳмуродро нуқтаи баланд дониста, таназзулро аз аҳди амир Музаффар меҳисобад. Муаллиф менависад: «Аз ҷумлаи тадбирҳое, ки амир Музаффар дар назми ҳукумат ниҳод, барои ҷалби дилҳо ва ҷамъияти халқ яке он буд, ки ҳамаи нуқуд, дираму динорро ба нияти ғазо ва аскардорӣ аз миёни халқ бардошт ва дар хазина ниҳод, то агар касеро ба дираму динор эҳтиёҷ афтад, бояд, ки сари иродат ба давлатхона ниҳад ва хидмати амир кунад ва зар бибарад. Дигар аксар заминҳои фуқароро барои чаҳорбоғи султонӣ баргузида бихарад ва ҳар ҷо, ки боғе медиҳанд, барои подшоҳ мехариданд, то агар касеро иштиҳои ангуру анҷир, сар дар ин дарбор ниҳад»…» Инчунин боз мегӯянд:

«-Назми дигаре, ки амир Музаффар дар боби вилоятдорӣ ниҳод, рақси бачагон ва қавлу ғазали масхарабозон ва дорбозии эшон буд, ки дар тамоми солу фасул ин шева дар ҳамаи қаламрав ҷорӣ буд ва шабу рӯз овози нойу дуҳул аз ҳама ҷо баланд буд, то халқ гумон кунад, ки ҳама ҷо орамидааст…»

Назари Аҳмади Дониш ба амир Абдулаҳад низ хеле бад аст. Ин амир ягон беҳбудӣ барои кишвар накард,-« мегӯяд муаллиф.

Дар хотимаи рисола бошад, Аҳмади Дониш оид ба заволёбии аморати Бухоро сухан ронда -«Осмон бар сари инҳо фуруд ояд!» — мегӯяд. Ин аз як тараф, аз рӯи муоинаи ситораҳо бошад, аз тарафи дигар, Дониш хобҳои дидаи дӯстонашро низ чунин таъбир мекунад, ки натиҷаи аз осмон рехтани ситораҳо, танҳо монанди шер, пора — пора гардидани ӯ аз аз дасти даррандагони дигар ва ғайри ба ин гувоҳ мебошад.

Бояд гуфт, ки асари Аҳмади Бониш, ҳамчунон ки аз унвони он пайдост, яъне «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғиятия» таърихӣ-адабӣ буда, дар афкори адабии тоҷик мақоми арзанда дорад. Аз сабаби он ки таърихи асри муаллиф аст, ҷанбаи бисёр қавии публитсистӣ низ гирифтааст. Вале он на публитсистика, балки асари таърихист, ки аз ҷониби адиби нависанда ва шоир рӯи кор омадааст. Дар рисолаи мазкур Аҳмади Дониш давлатдорони кишварашро бо усули пешгирифтаи давлатдориашон тасвир менамояд. Мушоҳидаҳои худро ошкору пинҳонӣ баён мекунад. Таваҷҷӯҳ танҳо ба амир Шоҳмурод дорад. Амирони дигари манғитро хеле сахт накӯҳиш мекунад. Дар муқобили амир Шоҳмурод ҳамон амирони дигари ин сулола меистанд. Масалан, амир Музаффар ва сари қудрат омадани ӯро сабаби бадбахтӣ барои ҷомеъа медонад. Зеро ӯ дар фикри беҳдошти кори мардум нест. Ӯ қудратро воситаи беҳтарини хушгузаронии умр меҳисобад. Аз ин рӯ, ҳолати кишварро басо табоҳ намуда, халқу мамлакатро ба вартаи ҳалокат расонида буд. Аз ҷумла, системаи тамоман вайрон ва бенизоми идораи давлат ва ҳокимияти амир, ахлоқи разилаи аъёну ашроф ва дигар табақаи ҳукмрон, бехирадӣ ва бетадбирӣ, кӯтоҳназарӣ ва беандешагии нахуствазири Бухоро, ахлоқи паст ва хислатҳои манфии худи амир кишварро ба гирдоби ҳалокатбор андохта буд.

Умуман, хизмати таърихии Аҳмади Дониш дар он аст, ки ӯ мероси адабӣ-илмӣ ва таърихии миллиро басо амиқу дақиқ омӯхта, ҳамчун таълимдиҳандаи мадраса ва фарди аз таърихи ислом огоҳ рӯ ба эҷод овардааст. Хусусан, таъсири «Бадоеъ-ул-вақоеъ» аз осори мансури бадеӣ дар эҷодиёти Аҳмади Дониш хеле фаровон ҳис карда мешавад.

Аз тарафи дигар, се сафари ӯ ба Россия — ба олами Ғарб, шиносоии мутафаккир ба симоҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, илмӣ, фарҳангӣ, адабӣ, инқилобӣ ва дигарон роҳи зеҳнии ӯро ба тафаккури нав муҳокимарониву натиҷагирии дигар равшан намуд. Ин аст, ки тозакориҳои мутафаккир низ дар ҳамин замина зуҳур кардааст. Ҳамин инқилоби фикрӣ, ҷунбиши зеҳнӣ, ғановати ақлонӣ ӯро водор намудааст, ки тарҳафкани ҷараёни нави мафкуравӣ дар таърихи адабиёту фарҳанг эътироф гардад.

Аҳмади Дониш ва маорифпарварони дигар.

Ҷараёни маорифпарварӣ яке аз дастовардҳои таърихии адибони тоҷик дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX ба шумор меравад. Хидмати таърихии Аҳмади Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тавассути эҷодиёти худ ба зуҳуру ташаккули ҷараёни маорифпарварӣ бунёд гузошт.

Аҳмади Дониш афкори маорифпарвариро ҳам ба воситаи эҷодиёти худ, ҳам ба воситаи ҳамфикронаш оммавӣ намудааст. Мутафаккир дар асарҳои «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисолаи таърихӣ», фасли понздаҳуми «Наводир-ул-вақоеъ», «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ва ғайра ба ин масъала таваҷҷӯҳи бештар кардааст.

Бузургтарин адиб, шоир, олим ва мутафаккир, устод С.Айнӣ оид ба баҳрабардории худ аз Аҳмади Дониш ва махсусан, аз китоби «Наводир- ул-вақоеъ»-и ӯ менависад: «Ҷоҳои ба ман таъсирбахши «Наводир-ул- вақоеъ» он ҷоҳо буданд, ки ман он ҳодисаҳоро дар зиндагӣ дида будам ва аз он аҳвол дилтанг мешудам, аммо ҳеҷ гоҳ ислоҳ кардан ва ислоҳ шудани он аҳвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки дунё ҳамин тарз омадааст, ҳамин тарз ҳаст ва ҳамин тарз ҳам меравад, чӣ бояд кард?»… Аммо, вақте ки ман он аҳволро дар мундариҷоти «Наводир-ул-вақоеъ» бо тасвири реалӣ-бо тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, хондам, ба ман ҳолати дигар рӯй дод. Ман дар дили худ гуфтам ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модом ки ман аслоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст… Инқилоби фикрӣ кам ҳам бошад, дар ман ана дар ҳамон вақт рӯй дод».

Албатта, дар ин қазовати устод С.Айнӣ мо ҷунбишҳои фикрӣ, бедории мафкуравии аҳли қаламро ба ҳаёт, ба рӯзгор мебинем. Яъне аз чунин тарзи муҳокимаронӣ пай бурдан мумкин аст, ки муносибати рӯшанфикрон нисбат ба рӯзгору зиндагӣ, ба сохти давлатдорӣ дигар шудааст.

Чунин бедории фикрӣ дар замони зиндагии Аҳмади Дониш зуҳур карда будааст. Минбаъд ҳам он доираи васеътареро фаро гирифтаву барои худшиносии мардум мусоидат кардааст. Аз ҷумла, дар интиҳои садаи XIX ва оғози асри ХХ як зумра аҳли қалами Осиёи Миёна: Шамсуддин Шоҳин, Абдулқодирхоҷа Савдо, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Тошхоҷа Асирӣ, Мирзо Сироҷ, Фитрату Муқимӣ ва дигарон дар осори адабии худ барои бедории фикрии омма хидматҳои бедареғ кардаанд.

Ба хусус, тасвирҳои реалистии Аҳмаи Дониш ба таҷрибаи эҷодии устод С.Айнӣ таъсири бузург расонидааст. Ҳатто тасвирҳои реалистии Аҳмад Маҳдуми Дониш ҷавони болаёқат — устод С.Айниро ба ваҷду ҳаяҷон овардааст. Ин аст, ки С.Айнӣ таассуроти худро пас аз хондани ҳикояти «Баққол»-и Дониш дар асари худ «Ёддоштҳо» чунин баён кардааст:

«-Ин тасвири Аҳмад Махдум ба ман ончунон таъсир кард, ки баққоли мазкур аз назарам ҳеҷ дур намерафт. Баққолеро, ки дар раставу бозор дар ду тарафи кӯча, дар дӯконҳояшон нишаста молҳояшонро мефурӯхтанд, дуру дароз пешашон истода тамошо кардан барои ман мумкин набуд…

Охир дар рӯ ба рӯи гӯшаи ҷанубу ғарбии саҳни мадрасаи Кӯкалтош баққолеро ёфтам, ки аз ҷиҳати қиёфаи зоҳирӣ ҳам ба баққоли Аҳмади Дониш монандӣ дошт… Ман ҳар рӯз соатҳо дар гӯшаи саҳн нишаста, кору кирдори он баққолро дар зери назари диққат мегирифтам ва ҳама кори ӯро мувофиқи кирдори баққоли Аҳмад Маҳдум меёфтам ва дар ин ҳол ба назари зиндагибинӣ ва ҳақиқатнигории муаллифи «Наводир-ул- вақоеъ» таҳсин бар таҳсинам муафзуд».

Аз ин рӯ, осори илмӣ, таърихӣ, адабӣ-бадеии насрӣ ва манзуми Аҳмади Дониш на танҳо барои илму адабиёт арзишманд аст, балки барои халқу давлат ва умуман ҷамъият аҳамияти бунёдӣ дорад. Зеро осори ӯ бедории фикрӣ, ҷунбишҳои маънавиётсоз ва инқилоби мафкуравии миллиро таъмин намуд. Барои худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ заминаҳои асосӣ бунёд кард.

Савол ва супоришҳо:

1.Оид ба овони тифлӣ ва ҷавонии Аҳмади Дониш чӣ медонед?

  • Дар бораи таҳсили ибтидоӣ ва мадрасавии Аҳмади Дониш маълумот диҳед.
  • Аҳмади Дониш ҳангоми таҳсил дар мадраса боз ба кадом касбҳо машғул шудааст?
  • Сабаби ба дарбор даъват карда шудани Аҳмади Дониш чӣ буд?
  • Аҳмади Дониш чанд дафъа ба Россия сафар кардааст?
  • Кадомин амири Бухоро ба Аҳмади Дониш унвони илмӣ- ифтихориро сазовор донист?

7.Оид ба Дониш натиҷаи сафарҳои Аҳмади Дониш ба Россия нақл кунед.

  • Сабабҳои норизоии амир Музаффар аз Аҳмади Дониш чӣ буд?
  • Ҳангоми сафарҳояш Аҳмади Дониш бо кадом шахсони сиёсӣ- таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ шинос гардидааст?
  • Оид ба поёни рӯзгори Аҳмади Дониш чӣ медонед?
  • Мероси илмӣ ва адабии Донишро номбар кунед.
  • Асарҳои илмии Аҳмади Дониш кадом мавзӯъҳоро дар бар мегиранд?
  • Мазмуни мухтасари «Наводир-ул-вақоеъ»-ро нақл кунед.
  • Дар «Наводир-ул-вақоеъ» кадом лаҳзаҳои шарҳиҳолии нависанда инъикос шудааст?
  • Дар кадом фаслҳои ин асар мусофирати нависанда ба Россия баён гардидааст?
  • Назари Аҳмади Дониш ба авзои Бухоро ва муқоисаи он бо Россияро нақл кунед.
  • Аҳмади Дониш оид ба муносибатҳои ахлоқ ва оиладорӣ чӣ алоқа дорад?
  • Доир ба фаслҳои ҳамосии «Наводир-ул-вақоеъ» маълумот диҳед.
  • Дар хусуси шахсият ва корномаи Шукурбек чӣ медонед?
  • Тафовути боби 15-уми «Наводир-ул-вақоеъ» аз дигар бобҳои он дар чист?
  • Мазмуни мухтасари «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития»-ро нақл кунед.
  • Таваҷҷӯҳи Аҳмади Дониш ба кадоме аз амирони манғития бештар аст?
  • Тафовути «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Рисола»-ро дар чӣ мебинед?
  • Аҳмади Дониш дар таълифи «Рисола» ба кадом хулоса омадааст?

25.Оид ба ҷараёни маорифпарварӣ чӣ медонед?

26.Чаро Донишро асогузори ҷараёни маорифпарварӣ медонанд?

27.Таъсири Аҳмади Дониш ба маорифпарварони дигарро шарҳ диҳед.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *