Фанни Адабиёт

Ҳаёт ва эҷодиёти ҚОРИ РАҲМАТУЛЛОҲИ ВОЗЕҲ

ҚОРИ РАҲМАТУЛЛОҲИ ВОЗЕҲ

Яке аз шоирони тавонои адабиёти нимаи дуюми асри XIX тоҷик Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ буда, соли 1818 дар шаҳри Бухоро дида ба дунё кушодааст. Возеҳ дар ибтидо дар дабиристони Қориён таҳсил намуда, баъди хатми таълимкадаи мазкур ба мадраса дохил мешавад. Яке аз устодони бонуфузи ӯ дар мадраса домулло Ҳоҷибойи Хӯҷандӣ буда, аз ин шахс Возеҳ улуми ҷории даврро омӯхтааст. Шоир илмҳои дигарро аз қабили улуми адабӣ, таърих ва инчунин табииётро низ хеле хуб аз худ мекунад. Баъди хатми мадраса Возеҳ ба хидмати ҳокими Кармина- Музаффархон роҳ меёбад. Муҳити ҳукмронии дарбори Музаффархон ба Возеҳ чандон писанд намеафтад ва аз ин рӯ, дере нагузашта шоир боз ба Бухоро бармегардад. Вақте ки Музаффархон ба тахти ҳукумати марказӣ менишинад, кори Возеҳ боз омад намекунад, зеро муносибати ҳоким бо Возеҳ чандон хуб набудааст.

Возеҳ аз фурсат истифода намуда ду корро сомон медиҳад: аввал ин ки дар як қасидаи худ аз амир Музаффархон хеле ва хеле бо самимияти хосса ёд намудааст, аз ҷумла:

Хуршедфитрато, малико, хусраво, даме Чашми ризо ба сӯи мани бенаво кушой.

Гар муфлисам ба симу зар, аммо ба синаам Бас ганҷҳои фазлу маъонӣ намуда ҷой.

Рӯ карда омадам ба дарат бо ҳазор умед,

Дил баста омадам ба ҷанобат ба сад раҷой[1]

Дуюм ин ки соли 1871 вай тазкираи худро таҳти унвони «Тӯҳфат-ул- аҳбоб фи тазкират-ул-асҳоб» («Тӯҳфаи дӯстон ва зикри ёрон»)-ро ба итмом расонида, онро ба амир Музаффархон пешкаш мекунад. Дар тазкираи Возеҳ беш аз 145 нафар қувваҳои адабии охири асри XVI11 ва оғози садаи XIX ҷой дода шудаанд, ки онҳо дар қаламрави Бухоро, Қӯқанд, Самарқанд ва дигар марказҳои илмӣ-фарҳангии Осиёи Миёна зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Дар муносибат бо чунин корҳои Возеҳ амир чӣ гуна иқдом намудааст, равшан нест ва ин чиз мусаллам аст, ки Возеҳ асосан бо пешаи хаттотӣ касби маош мекардааст. Инчунин, Возеҳ аз улуми табииёту риёзиёт, фиқҳ ва тиб низ ба таври бояду шояд баҳраманд будааст.

Соли 1885 дар аморат тағйирот ба вуҷуд меояд, ба ҷои Музаффархон писари ӯ-амир Абдулаҳадхон сари қудрат меояд.

Баҳори соли 1886 Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бо нияти ба ҷо овардани ҳаҷ роҳи Арабистонро пеш мегирад. Ӯ тавассути Туркманистон, Қафқоз, Истамбул ба Арабистони Саъудӣ меравад ва дар бозгашт соли 1887 ба Бухоро роҳи ӯ аз Қаламрави Ироқу Эрон мегузарад.

Пас аз сафар ӯ хотираҳои хешро дар шакли китоби сафарӣ таълиф менамояд, ки дар ин асар оид ба рушди мамолики хориҷа ва аз ин бояд сарварони ҳукумати Бухоро ба ягон хулосаи зарурӣ биёянд ва ба ҳамин маъно тасвирҳо дида мешавад. Вале ин асар ба аморати Бухоро ва

балегӯёни дарбор писанд наомад ва суханони Возеҳро онҳо ҳамчун ношукрӣ пазируфтанд ва ба ӯ тамоман аҳамият надоданд. Дар ин бора аз баъзе намунаҳои ашъори Возеҳ иттилоот метавон пайдо намуд, ки гуфтааст:

Зи бас гирифта дил аз вазъи олами пирам,

Ба рӯзгори ҷавонӣ чу ғунча дилгирам.

Чу дил шикаставу ошуфтаю парешонам,

Ки ҳамчу мавҷ набошад қабули таъмирам.

Насиби ман ба ҷаҳон ғайри талхкомӣ нест,

Магар, ки рехта айём заҳр дар ширам.

Ҳадиси ояти ҳиҷрон рақам задӣ, Возеҳ,

Ки нест ҳоҷати шарҳи саҳеҳу тафсирам.

Умуман, дар лирикаи Возеҳ оҳангҳои яъсу навмедӣ, шикастадиливу шикастанафсӣ, шикваҳо аз нодориву тангдастӣ, бенавоию қашшоқӣ хеле баланд садо медиҳанд. Намунаи қазовати мазкур ғазали зерин аст, ки шояд шоир дар ҳамин айёми камбағалии хеш таълиф намуда бошад. Чунончи:

Ман, ки аз ташвиши даврон хотирам зери ғам аст,

Рӯзи идам дар назар монанди шоми мотам аст.

Карда ғамҳои ҷаҳон ҷо дар дили ношоди ман,

Лоҷарам ҷуз ман ба олам ҳар ки бинӣ хуррам аст.

Одамият дар мизоҷи аҳли олам ёфт нест,

Бошад аз ҳайвон басе кам, он ки гӯӣ одам аст.

Рафт то ҷое камоли нуқсу нуқсони камол,

Соҳиби ҷаҳли мураккаб бошад, он к-ӯ аълам аст.

Бошад эмин аз ғурури ин шаётинофатон,

Чун Сулаймон ҳар ки таслимаш нигини хотам аст.

Дил ба нони хону оши косаи дунон мабанд,

Филмасал гар қурси хуршед аст в-ар Ҷоми Ҷам аст.

Баъд аз ин, Возеҳ, чу Урфӣ аз фалак фарёд хоҳ:

«Ман ба ҷое меравам, к-он ҷо қадам номаҳрам аст».

Албатта, тахмин метавон намуд, ки чунин абёти моҳияти бисёр қавии иҷтимоидошта шояд аз нигоҳи эҷод ба даврони пирии шоир рост омада бошанд. Чунин ашъори лирикии шиквоӣ дар осори маҳфузмондаи Возеҳ кам нест. Ӯ бештар ранҷу кулфатҳо, тангдастию шиканҷаҳои замонро зимни нақши лирикии маҳбуба хеле ва хеле хуб ба тасвир мегирад. Ҷузъиёти тасвир дар лирикаи ишқии Возеҳ бо ин характернок аст, ки пурра воқеӣ, ҳаётӣ, мушаххас, муқаррарӣ буда, аз ноҷӯриҳои рӯзгор ҳосил шудаанд. Масалан, ғазали зерини Возеҳ намунаи бисёр хуби чунин қазоват мебошад:

Ёр темори дили хастаи мо кард?-Накард,

Гузаре ҷониби арбоби вафо кард?-Накард.

Чашмаш аз лутф сӯи ғамзадагон дид?-Надид,

Дилаш аз меҳр ба мо майли сафар кард?-Накард.

Соате мӯниси ғамхонаи мо буд?-Набуд,

Тарки ҳамсӯҳбатии аҳли дуо кард?-Накард.

Бар муроди дили аҳбоб даме рафт?-Нарафт,

Дарди ушшоқи ҷигархора даво кард?-Накард.

Аз парешонии ман зулф туро гуфт?-Нагуфт,

Ё ки тақрири ғамам боди сабо кард?-Накард.

Бар ғами бекасиам ҳеч касе сӯхт?-Насӯхт,

Аз шиканҷи ситами чарх раҳо кард?-Накард.

Коми Возеҳ фалаки шаъбадабоз[2] дод?-Надод,

Раҳм бар вай нафасе баҳри Худо кард?-Накард.

Поёни умри Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар Бухоро сипарӣ гардида, ӯ соли 1894 дар ҳамин ҷо олами фониро падруд гуфтааст.

МЕРОСИ АДАБИИ ВОЗЕҲ Дар суханпардозиву иншои насрам нест мисл,

Нест касро андарин фазлам мацоли мункирӣ.

Дар луготи форсиву туркиву лафзи араб Бурдам аз майдони маънӣ гӯйи сабку бартарӣ.

Бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти зиндагӣ, ноадолатиҳои иҷтимоӣ, тангии маишӣ, нооромиҳои замон Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ тавонистааст аз худ осори гаронарзиш боқӣ гузорад. Возеҳ се забонро: тоҷикӣ, арабӣ ва туркиро хеле хуб омӯхта будааст ва бо ин забонҳо эҷод кардааст, вале бисёр афсӯс, ки на ҳамаи он осори гаронқадр то ба ин рӯзҳо омада расидааст. Аз мероси адабии Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ то кунун чунин асарҳо маҳфуз мондаанд: «Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ул-асҳоб», «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» ё «Ғароиб-ул-хабар фи аҷоиб-ус-сафар», «Кони лазат ва хони неъмат». Ин асари Қорираҳматуллоҳи Возеҳ дар хусуси тайёр намудани таъомҳои миллӣ, шириниҳо ва анвоъи нон, ки дар миёни мардумони Осиёи Миёна ва ба хусус бухороиён ҷорӣ будааст, маълумоти судманду муфид медиҳад. Асари дигари Возеҳ «Ақоид-ун-нисо» («Эътиқоди занон») ном дошта, дар ин асар урфу одат, расму хурофоте, ки миёни занони нодону нохондаи ватани шоир-Бухоро ҳукмфармо будааст, ҳаҷву танқид карда мешавад.

Ниҳоят, осори манзуми Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, ки аслан бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва туркӣ эҷод гардида, қисми зиёди он осор аз миён рафта будааст. Ҳоло қисман ба забонҳои тоҷикиву арабӣ маҳфуз мондааст, ки онҳо на дар шакли девон, балки дар шакли парешон, аз сарчашмаҳои асри шоир қисман гирдоварӣ карда шудаанд.

Инчунин баъзе асарҳои дигари ӯ низ то кунун маҳфуз мондаанд ва ё дастрас нестанд, танҳо унвони онҳоро муаллифони сарчашмаҳо ёдрас кардаанд. Ба силки чунин осор: «Шақоиқ-уд-дақоиқ»-дар тавсифи илмҳо ва олимони ҳамон соҳа, «Ароис-ул-абкор ва наводир-ул-афкор»-асари бадеӣ буда, аз ҳикоёти манзуму мансури мухталифи ба забонҳои тоҷикию арабӣ эҷодшуда иборат мебошанд ва ниҳоят «Тӯҳфаи амонӣ», ки оид ба илми тиб аст, дохил мешаванд.

«Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик»

Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ба ин асари худ ду ном гузоштааст: «Савонеҳ-ул-масолик ва фаросих-ул-мамолик» («Воқеаҳои роҳ ва масофаи байни мамлакатҳо») ва унвони дигари ҳамин асар «Ғароиб-ул- хабар фи аҷоиб-ус-сафар» («Ҳикоёти ғариб аз аҷоиботи сафар») мебошад. Ин асари сафарӣ буда, соли 1887 таълиф шудааст. Асар зоҳиран ба ҳокими вақт амир Абдулаҳад бахшида шудааст.Ин асар аз муқаддима, бахши асосӣ ва хотима иборат аст. Муқаддимаи асар суннатӣ буда, аз таҳмид, наът оғоз мешавад ва муаллиф дар ҳамин бахш мақсади худро аз сафари Ҳиҷоз баён менамояд. Дар қисмати асосии асар Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ тасвир менамояд, ки ӯ соли 1886 чӣ гуна бо нияти ба ҷо овардани маросими ҳаҷ ба сафари Ҳиҷоз баромадааст. Возеҳ аввалан роҳи хешро тариқи саҳроҳои Туркманистон, шимолии Эрон, соҳилҳои баҳри Хазар (Каспий), қаламрави мулки Қафқоз, баҳрҳои Сиёҳ ва Миёназамин ва баҳри Сурх ба Ҳиҷоз рафта расидааст. Пас аз адои маросими муқаддаси ҳаҷ ӯ зимистони соли 1887 тавассути роҳҳои Эрон ба Бухоро омадааст. Дар ин асар оварда мешавад, ки муаллиф ҳангоми мусофират бисёр шаҳрҳои мутараққии олам мисли: Марв, Ашқобод, Боку, Искандария, Машҳад, Ироқ, Эрон ва ғайраро дидааст, ба тарзи зиндагӣ, урфу одат, рӯзгор, забон, маданият, муносибат, пешрафт, усули давлатдорӣ, ободонии шаҳрҳо, машғулияти халқҳои ин ё он шаҳру кишвар, боигарии онҳо, истеҳсолоту истеъмолоти онҳо, зироату боғдориҳо, дарёҳо, иқлимҳо, раставу бозорҳо, масҷиду мадрасаҳо, таълимкадаҳо, машғулияти дӯстдоштаи баъзе халқу кишварҳо ва ғайраро мушоҳида намудааст. Возеҳ, хусусан ба шаҳрҳои Боку, Тифлис, Батуми ва дар як қатор шаҳрҳои Русия ва ғайра чанд муддат меистад, аз ободонию маданият ва усули кишвардории онҳо амирро мехоҳад огоҳ созад. Ҳатто амирро барои беҳбудии мамлакат ба чораҷӯӣ мехонад, вале бисёр афсӯс, ки хидмати адибро дар Бухоро ба амир чоплусҳову чокарони ӯ дигархелтар шарҳ медиҳанд, ки амир Абдулаҳад ба Возеҳ ба чашми таҳқир менигарад. Миёни шоҳ ва шоир низоъ ба амал меояд.

Ғояҳои пешқадам ва маърифатпарваронаву маорифхоҳонаи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар ин асар, дар он ҳам зоҳир мегардад, ки шоир маданият, санъат, илм ва фарҳанги пешқадамро тарғиб мекунад. Бояд гуфт, ки аввалан асар барои тарғиби макони муқаддаси ислом, Макка ва Мадина, ба ҷо овардани ҳаҷ таълиф шудааст ва муаллиф аслан ҳамин ҷиҳатро мехоҳад ба мардум шиносонад. Зеро дар ин муддат робитаи Бухоро ба Шарқу Ғарб чандон ҷоннок набуд ва аз ин рӯ, Возеҳ мехоҳад мардумони Бухоро ва атрофи онро бо муқаддасоти исломӣ шинос намояд ва ба хусус, насли миёнсол ва ҷавони қаламрави Бухороро бештар воқиф созад. Танҳо пас аз роҳ ёфтани Русияи подшоҳӣ, бо вуҷуди бисёр ҷанбаъҳои манфӣ, тарафҳои пешқадам низ ба мушоҳида мерасад ва ин ҷанбаи пешқадам пайвастан ба тамаддуни Ғарб ва техникаву тахнологияи Аврупо мебошад.

Возеҳ дар ин ҷода то ба дараҷае пайрави Аҳмади Дониш аст, зеро ӯ мутаассиб нест. Возеҳ бештар ба он шаҳрҳо рафта буд, ки он ҷойҳо нисбат ба Бухоро хеле пешрафта ба шумор мерафтанд.

Возеҳ асосан ба се ҷиҳат бештар диққат додааст: а) сохтори сиёсии кишварҳо, мамлакатҳо, б) сатҳи рушди иқтисодиву сиёсӣ, в) ҳолати илму маданият, адабиёту ҳунар, техникаву технологияи то дараҷае пешрафта. Возеҳ ба шаҳри Марв аз он ҷиҳат таваҷҷӯҳ мекунад, ки он аллакай тавассути роҳи оҳан ба Аврупо пайваста буд. Ӯ менависад: «Аз ҳангоми убури доӣ (яъне ман, банда) то алҳол, ки ёздаҳ моҳ аст, Марв бисёр обод шуда ва тафовути куллӣ дар умроноту (ободонӣ) асвоқ (бозорҳо) ба ҳам расонидааст. Ва ба ҷиҳати дарё пуле сохтаанд муштамил бар сездаҳ хона аз чӯб…»

Ё худ дар тасвири осиёби шаҳри Истамбул менависад: «Мошин дошт, ки сабӯсро аз орд ҷудо мекард ва мошини дигар дошт, ки орди аълоро аз авсату (миёна) адно (пасттар) имтиёз медод».

Возеҳ ин ҳама техникаву технологияро аз мувофиқати илму амал ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ медонад. Возеҳ Теҳронро аз он ҷиҳат тасвир мекунад, ки дар баробари мадрасаҳо мактабҳои усули нави ҳарбӣ-низомӣ ва техникаву технологияи Аврупоиро кор гирифтааст. Ӯ менависад: «Ба иморати муаллимхонаи шаҳрӣ рафтем, ки ба даруни ҳуҷароти онҳо мардумон ва кӯдакони дигар ҳастанд, ки забонҳои мухталифа аз русиву фарангӣ ва арабию юнонӣ ва ғайра илми низоми сарбозӣ таълим медиҳанд».

Ҳангоми сафар Возеҳ ба бисёр миллатҳо ва намояндагони динҳои дигар вомехӯрад. Ӯ ба як тан тоҷири арман дар бораи худ чунин нақл мекунад: «Ман марди толибилми фақирам ва на моле хариданӣ ва на бизоате фурӯхтанӣ дорам. Он чи ман дорам, ҳамин мояи илму ҳунар аст, ки касе онро намеписандад…».

Аз ин қиёсҳо бармеояд, ки асари Возеҳ то ба ҳадде бо сабки реалӣ иншо шуда, арзиши адабӣ, бадеӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ, этникӣ, фарҳангӣ, фолклорӣ, иқтисодиву сиёсӣ дошта, халқи сарзамини Бухоро ва пеш аз ҳама, ҳукумати ин қаламравро аз тамаддуни Шарқу Ғарб то андозае огоҳ месозад. Ба туфайли асари Возеҳ ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ як қатор калимаҳои нав: миқнотис (магнит), физика, вогун (вагон), оҳан, ҷелиз (желез), мошин, аробаҳои оташӣ, рейл ва ғ. ворид шудаанд ва ҳатто ба қадри тавоноии худ муродифи тоҷикии онҳоро пайдо мекунад.

Умуман, Возеҳ, барои он ки забони асараш ба хонандаи Бухоро фаҳмо бошад, бештар аз луғоти гуфтугӯӣ-халқӣ низ кор гирифтааст. Инчунин дар баъзе мавридҳо гумон меравад, ки сабки адиби охири асримиёнагӣ нест. Масалан, «Қолинҳои абрешимӣ ва пашмӣ… паҳну фарш карданд..», ё ки: «Хидмати мекардагиашон ҳамин ки лосаву молидан аст» ва ё дар ҷои дигар: «Ва ҳамин ки шахс аз дар медарояд, ба ҳар ду ҳуҷра роҳ дорад». Ё ин ки дар ҷои дигар чунин менависад: «…се ҳарами дарунбадарун воқеъ шуда…»

Бояд гуфт, ки як сифати бисёр ҷолиби кори Қорираҳматуллоҳи Возеҳ он аст, ки ӯ монанди Аҳмади Дониш калима, ибора ва истилоҳоти русиро хеле зиёд ба кор мебарад. Ҳангоми истифода аз калимаҳою ибораҳо ва истилоҳоти ҷудогона, ӯ аввал онро шарҳ медиҳад ва баъд муродифи онро зикр менамояд. Чунончи: «Ва аробаи оташӣ, ки ба истилоҳи Русия «ҷелиз» (железо, яъне железная дорога) ва «рейл» (калимаи англисӣ мебошад) ва мошин (машина) хонанд».

Дигар ин ки Возеҳ калима, ибораҳоро баъзан бе тарҷума низ зикр менамояд. Дар ин маврид тарҷума накардани калимаҳои овардаи ӯ сабаб дорад, зеро дар ин маврид ҳамон калимаву ибораҳоеро зикр менамояд, ки онҳо кайҳо дар забони халқҳои Осиёи Миёна ва ба хусус, тоҷикҳо маъмуланд ва аз ин рӯ, ӯ онҳоро бе тағйироти тарҷумавӣ зикр менамояд: устал-стул, физик-физика, тилгироф-телеграф ва ғайра.

Давраи Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бо назардошти давраҳои насри форсӣ-тоҷикӣ, насри давраи бозгашти адабӣ аст, ки бо мақсади содагардонӣ то андозае луғату ибораҳои арабӣ дар забони ин давра, албатта, бо таъсири мадраса хеле зиёд мебошад. Аҷоиб он аст, ки Возеҳ гӯё истисно бошад, зеро баъзе ҷумлаҳои ӯ ба фаҳми хонандаи имрӯза хеле наздик аст. Нависанда ҳангоми тасвири воқеаҳо, ҳодисаҳо, ҷойҳои таърихӣ, сӯҳбатҳо бо мардуми дигар хеле оддӣ суханварӣ менамояд. Вай сайъ мекунад, ки баёнаш нисбатан оддиву сода ва оммафаҳм бошад, то хонанда бе ягон душворӣ аз мақсади вай огоҳ шавад. Чунончи, ба ин тасвири хурдакаку мӯъҷази ӯ зеҳн монед: «Дар пешгоҳи ин мадраса ба тарзи хонақоҳ ҷои намоз таъбия (ҷой додан) намудаанд, ки бе муболиға, агар касе ба болои он назар кунад, кулоҳу дастораш аз сараш меафтад».

Аз тарафи дигар, нависанда аз санъатҳои бадеӣ хеле моҳирона кор мегирад. Ин албатта, бо он мақсад аст, ки таваҷҷӯҳ ва диққати хонандаро ба худ ҷалб намояд ва хонанда монда нашуда асарро то ба охир мутолиа кунад. Чунончи, ҳаммоми шаҳри Истамбулро ба тасвир гирифта равшании дохили онро хеле ҷолиб ба қалам медиҳад: «Ва дар равшанӣ то ба ҳаддест, ки агар сӯзане дар як тарафи хонае афтода бошад, аз ин тарафи дигар, дида мешавад» ва ғайра.

«Савонеҳ-ул-масолик»-и Возеҳ ба ҷуз аҳамиятҳои дар боло зикргардида боз аз он ҷиҳат низ муҳим аст, ки нависанда, пеш аз ҳама суннати гузаштагонро тақвият бахшидааст. Мо медонем, ки дар таърихи адабиёти тоҷик аввалин асари сафарӣ ва ё сафарномаи нахустини насрӣ ба шоир, нависанда, файласуф ва мутафаккири садаи XI Ҳаким Абӯмуъинуддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ тааллуқ дорад ва асари ӯ «Сафарнома» ном дошта, ҳосили сафарҳои ҳафтсолаи мутафаккирро дар бар мегирад. Воқеан, нахустин сафарномаи манзум бошад, каме баъдтар аз тарафи шоири тавонои асри X11 Афзалуддин Бадил Хоқонии Шарвонӣ рӯи кор омадааст, ки он «Тӯҳфат-ул-Ироқайн» ном дорад. Суннати мазкур сонитар бо шаклу намудҳои дигар низ ба назар мерасад ва ҳатто «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ то андозае асарҳои саргузаштӣ низ мебошанд ва ғайра.

Возеҳ дар ин давра суннати мазкурро аз нав эҳё намуда, идома дод ва тозакориҳои хеле зиёду назаррас намуд. Ба ғайр аз ин, «Савонеҳ-ул- масолик» боз аз он ҷиҳат пурарзиш аст, ки ӯ зимни сайру саёҳатҳо ва ҷамъ намудани хотироти сафарӣ дар бораи ашъори баъзе аз муосирону шуарои дигар бо ягон сабабу баҳонае рӯчӯъ намудааст ва аз ашъори шуаро пораҳои шеърӣ меорад. Аз ҷумла, дар асари Возеҳ 130 байт (260 мисраъ) оварда шудааст ва ё ин ки дар ин асари сафарӣ се ҳикоят низ зикр карда мешавад.

Бояд гуфт, ки «Савонеҳ-ул-масолик» намунаи беҳтарини насри адабӣ- бадеии нимаи дуюми асри XIX буда, барои рушди асарҳои сафарномавӣ мусоидат низ намудааст.

Умуман, «Савонеҳ-ул-масолик» дар рушду инкишофи каломи бадеъ, насри адабӣ ва адабиёти нимаи дуюми асри XIX мақоми арзанда дорад.

МАЗМУНИ МУХТАСАРИ «КОНИ ЛАЗЗАТ ВА
ХОНИ НЕЪМАТ»

Ин асарро Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ солҳои 1880-81 таълиф кардааст. Асар аз ду ҷилд иборат буда, дорои муқаддима, ду матлаб ва хотима мебошад. Муқаддима ва матлаби якум дар ҷилди якум, матлаби дуюм ва хотима дар ҷилди ду ҷой дода шудааст.

Дар муқаддима оид ба 18 навъи нон, дар матлаби якум, ки аз 22 боб иборат аст, оид ба 109 навъи таом маълумот медиҳад. Дар матлаби дуюм, ки аз бист боб иборат мебошад, оид ба 169 навъи ҳалво маълумот додааст.

Маълум аст, ки дар ин соҳа асарҳои зиёде навишта шудааст. Аз ҷумла: «Қарободини Қодирӣ», «Захираи Хоразмшоҳӣ», «Тӯҳфат-ул-мӯъминин», «Амал-ус-солиҳин», «Қарободини кабир», «Матлаъ-ул-улум», «Иксири аъзам», «Махзан-ул-адвия», «Тарёки имомӣ», «Ганҷи шоиқон», «Лаззат- ул-висол» ва ғайра. Соли 1434 Абӯисҳоқ Ҳаллоҷи Атъимаи Шерозӣ «Канз-ул-иштиҳо»-ном девоне мураттаб сохт, ки он аз ғазалҳо оид ба навъҳои гуногуни хӯрокҳоро дарбар мегирад. Вале асари Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ арзишмандтар аст, зеро дар ин рисола хусусиятҳои таому таркиби онҳо ва усули тайёр намудани онҳо хеле ба тафсил баён карда мешавад. Муаллифи асар навъҳои таъом, аснофи ҳалвою мураббо ва ғайраро бо тартиби алифбои арабӣ зикр намуда, ба он бобҳо чунин номгузорӣ менамояд. Масалан, «Боби алиф», «Боби дол», «Боби син» ва ғайра.

Дар матлаби аввали рисола аз ҷумла навъҳои зерини онҳо номбар карда мешавад: Иброҳимия, оши анбарборис, оши угро, олуболупалав, оши орд, оши ришта, анорпалав, боқилапалав, барро, барӣ, барии кашмирӣ, бурони ҷазар, исфаноҷ, бурони бодинҷон, бурони хиёр, бурони морчӯба, бовардӣ, буғро, буғрои ҳиндӣ, буғрои анор, буғрои хоразмӣ, палав, яхнипалав, луқмапалав, шибетпалав, палави сода, палави зард, палави қурма, палави ҳанонӣ, бурак, баҳат, ҷамолпалав, чукпалав, ҷавозиба, ҷазария, чалов, ҷӯшира, рангинак, сумоқия, уҷҷа, асида ва ғайра.

Аз ҳама муҳим он аст, ки «Кони лаззат ва хони неъмат» на фақат нону ошҳо ва ширинҳои маъмулии халқҳои Осиёи Миёна, инчунин таъомҳои машҳури халқҳои баъзе аз мамлакатҳои берун аз Осиёи Миёнаро низ дарбар мегирад. Муаллифи асар инро мавриди баён сохтани таркиби аксари онҳо махсус қайд карда мегузарад. Чунончи: «Барро (як навъи таъом дар Ҳиндустон) аз ағзияи (ғизои) аҳли Ҳинд аст». Ё ин ки: «Бӯрони хиёр (номи хӯрок). Ин таъомро дар Язд мепазанд». Ё худ: «Бӯрони бодинҷон (номи таъом) — ин хӯрокро дар Шероз мепазанд» ва монанди инҳо.

Метавон таъкид намуд, ки «Кони лаззат ва хони неъмат» бештар таъому шириниҳои дар байни мардумони Осиёи Миёна, Хоразм, дар баъзе шаҳрҳои Ҳиндустон, Эрон, Афғонистон, Туркия ва Арабистон машҳурро фаро мегирад. Хусусан, қисми зиёди навъҳои нону таъом, ҳалвою мураббо, ки дар асар омадаанд, миёни халқҳои Бухоро, Хуҷанд, Самарқанд, Кӯлоб, Қӯқанд ва дигар ҷойҳо маъмуланд. Аз ҷумла: нони ширмол, нони кӯмоч, нони варақӣ, нони нахудӣ, нони сагак, нони тафтон, палов, шӯрбо, қавурма, кабоб, кӯфта, ширбиринҷ, дӯлма, оши орд, оши софӣ, оши ришта, тушбера, оши угро, боқилапалов, шавла, кичирӣ, ҳалвои тар, ҳалвои ордӣ, ҳалвои кунҷит, ҳалвои лавзӣ, ҳалвои шакархамир, ҳалвои ангур, ҳалвои писта, ҳалвои собунӣ, ҳалвои мағзӣ, мураббои олуча, мураббои пӯсти тарбуз, мураббои сабзӣ, мураббои биҳӣ, мураббои тут, мураббои райҳон, мураббои амруд ва ғайра дар шаҳрҳои номбаршуда басо серистифода машҳуранд.

Муҳим он аст, ки Возеҳ дар асари худ хусусиятҳои шифобахшии таъомҳо ва таркиби кимиёвии таъомҳо, усули тайёр намудани онҳоро хеле хуб баён мекунад. Барои намуна метавон чанд навъи хӯроквориро тибқи тасвиру баёни Возеҳ зикр намуд.

Нони бодомӣ. — Нонест бисёр латифу лазиз ва муқаввии меъда. Бигиранд мағзи бодом ним-то, равғани зард — ду дирам, сафедии байзаи мурғ-як адад ва пӯсти мағзи бодомро дар об тар карда ҷудо намоянд ва ба офтоб хушк созанд, то таровати об зоил шавад, он гоҳ бориксудаи наботро дар андак об шира кашида, бодоми сударо дар он биандозанд ва ба дегча карда бар сари оташи зӯғол, яъне ангишт ниҳанд ва ба кафча лат кунанд, чун қариб ба бастагӣ расад, сафедӣ ва равғанро чун бо ҳам омехта дар он биандозанд, чун пухта шавад, баранд ба болои коғаз. Аз он нонҳои борик ба тарзи нони хитоӣ сохта бар сари хони биринҷӣ ё мис ҷудо-ҷудо баркашанд ва оташи ангишт дар зери хон ба болои хон ҳар чаҳор тараф ба андак фосила бигзоранд ва чун ба сурхӣ дарояд, пухта шуда бошад, аз оташ бардоранд ва ба кор бароранд».

Ё ин ки дар ҷои дигар оид ба омода намудани мураббои олуча мегӯяд: «… Ғалабаи сафро биншонад ва ташнагиро сокин гардонад. Бигиранд олучаи султонӣ ҳар қадар ки хоҳанд ва дар деги сангӣ кунанд ва ду-се ҷӯш дода фӯруд гиранд, дигарбора бо асал ё қанд ё шакар табх (қиём) намоянд» ва ғайра.

Умуман, асари насрие, ки оид ба навъҳои таъом ва хӯроквориҳо то ба ин дараҷа маълумоти ҳаматарафа медода бошад, нест. Илова бар ин, дар асар аз пешрафту инкишофи мадданияти моддӣ-маъишии халқи тоҷик дар даврони муайян шаҳодат медиҳад. Аз сӯи дигар, аҳамияти асар боз дар он аст, ки ин аҳамияти шифобахши хурокҳо баён карда мешавад, ки арзиши тиббӣ доштани онро нишон медиҳад.

«АҚОИД-УН-НИСО» ВА МАЗМУНУ
МУНДАРИҶАИ ОН.

Соли таълифи асар зикр нашудааст ва аз ишораҳои муаллиф пайдост, ки он пеш аз «Кони лаззат ва хони неъмат» эҷод карда шудааст. Муаллиф ин асарашро «…мухтасарест дар баёни аҳволу афъоли занон» мегуяд.

«Ақоид-ун-нисо» аз нигоҳи сохтор низ ҷолиб буда, дорои муқаддима ва 16 боби хурд-хурд мебошад.

Дар муқаддимаи рисола муаллиф панҷ нафар занони обруманди замонро ном мебарад. Онҳо: Бибишоҳ Зайнаб, Бибихоли Ҷӯйборӣ, Бибимоҷони Базморо, Хола Панир, Бибиқалмоқи Оллоҳгӯй мебошанд. Муаллиф ин бибиҳоро аз «уламову фуқаҳои замони худ» ном бурда, қайд мекунад, ки: «_ҳар зане, ки хилофи фармудаи эшон кунад, гунаҳкори азим бошад».

Баъд аз муқаддима бобҳои китоб оғоз мешавад, ки чунин унвонгузорӣ шудаанд:

Боби якум: «Дар баёни вузӯъ ва ғусл»…

Боби дуюм: «Дар баёни авқоте, ки намоз соқит аст ва тарки он воҷиб аст»

Боби сеюм: «Дар баёни рӯза».

Боби чорум: «Дар никоҳ дар шаб ё рӯзи зифоф».

Боби панҷум: «Дар баёни аъмоли шаби зифоф».

Боби шашум: «Дар баёни зоёнидани занон».

Боби ҳафтум: «Дар баёни ҳаммом рафтан».

Боби ҳаштум: «Дар баёни созҳо ва феъли он».

Боби нӯҳум: «Дар баёни фаслҳо ва авқоти он».

Боби даҳум: «Дар баёни муоширати занону шавҳарон».

Боби ёздаҳум: «Дар баёни матбуоте, ки ба назар воҷиб аст».

Боби дувоздаҳум: «Дар баёни таъвиз ба ҷиҳати захми чашм».

Боби сенздаҳум: «Дар баёни маҳраму номаҳрам».

Боби чордаҳум: «Дар баёни истинҷоби дуо».

Боби понздаҳум: «Дар баёни меҳмон».

Боби шонздаҳум: «Дар баёни хоҳар хондан».

Мазмуни бобҳо кинояомез буда, ин занҳо, ки асилзодаву ашрофзодаанд, ҳар кадоме муҳокимарониҳои хеле аҷоиб доранд.

Масалан, дар боби якум менависад, ки вузӯъ ва ғуслро ҳамаи уламо (панҷ нафар бибиҳо…) воҷиб медонанд, вале дар ҳолатҳои зерин: вақте ки зан ба дасти худ ҳино баста бошад, ё бар абрӯяш усма кашида бошад, ё шавҳар ба ӯ иҷозати ҳаммом рафтан надода бошад, ба ақидаи Бибишоҳ Зайнаб, то панҷ рӯз ин ҳолат давом бояд кунад ва ба қавли Бибихоли Ҷӯйборӣ, то як ҳафта ва ба гуфтаи Бибимоҷони Базморо, то ба як моҳ тарки ғуслро воҷиб медонад ва ғайра. Ё худ оид ба муносибати занон бо модаршӯён менависад: «…арӯс бо модари шавҳар ва модаршӯй бо арӯс, албатта, душманӣ кунанд, ҳарчанд дар дил бо ҳам дӯст бошанд, дар зоҳир албатта-албатта душман бошанд… ва Бибӣ Шоҳ Зайнаб аз қавли муршиди худ иблиси лаъин гуфта, ки акси онро ба амал орад. Ба арӯс воҷиб аст, ки рӯзу шаб дурӯғ ва ифтирои (сафсаттаи ) бисёр аз қавли шайтони лаъин ба шавҳар нақл кунад» ва монанди инҳо.

Умуман маълум мешавад, ки «Ақоид-ун-нисо»-и Возеҳ дар таърихи адабиёти тоҷик яке аз комилтарин ва арзишмандтарин асар ба ҳисоб меравад. Ин асар назари шахсии муаллиф набуда, асосан ақидаҳои 5 тан занони «уламо»-и давр мебошад.

Асар маҷмӯи урфу одат, тафаккуру ҷаҳонбинии занони табақаи муайяни ҷамъияти онвақтаи Бухорост, ки аз тарафи Возеҳ мушоҳида карда шудааст. Аз тарафи дигар, мо муоинаи табақаҳои иҷтимоии ҷамъияти ҳамонрӯзаи Бухоро ва ба хусус, авзои занон ва мақоми онҳоро дар оила ва ҷамъият мебинем.

Савол ва супоришҳо:

  1. Овони ҷавонӣ ва таҳсили илм кардани Қорираҳмалуттоҳи Возеҳ чӣ гуна сурат гирифтааст?
  2. Возеҳ кай ба дарбор роҳ ёфтааст?
  3. Сабабҳои хидмати дарборро тарк кардани Возеҳ чист?
  4. Поёни умри Қорираҳматуллоҳи Возеҳ чӣ гуна гузаштааст?
  5. Мероси илмию адабии Возеҳро номбар кунед.
  6. Сабаби таълифи асари «Савонеҳ-ул-масолик»-и Возеҳ чӣ буд?
  7. Мазмуну мӯҳтавои «Савонеҳ-ул-масолик»-и Возеҳ аз чӣ иборат аст?
  8. Возеҳ дар ин асараш кадом андешаҳои пешқадамро тарғиб намудааст?
  9. Возеҳ дар «Савонеҳ-ул-масолик» бештар ба кадом масъалаҳо рӯ овардааст?
  10. Сафарҳои Возеҳ ба ҷаҳонибинии ӯ чӣ гуна таъсир бахшидааст?
  11. Мазмуни мухтасари «Кони лаззат ва хони неъмат»-ро нақл кунед.
  12. Дар «Кони лаззат ва хони неъмат» кадом навъҳои таъом шарҳу тавзеҳ дода шудаанд?
  13. Сохт ва мундариҷаи «Ақоид-ун-нисо»-ро баён кунед.
  14. Возеҳ дар «Ақоид-ун-нисо» бештар ба кадом масъалаҳо диққат додааст?
  15. Аҳамияти илмию маърифатии «Ақоид-ун-нисо»-ро фаҳмонед.

Истифодаи истеҳсолоту таъбироти хӯроквориро дар асари «Кони лаззат ва хони неъмат шарҳ диҳед.


[1] Раҷой-орзу

[2] Шаъбадабоз-найрангбоз

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *