Фанни Адабиёт

Мунҷиқи Тирмизӣ. Дақиқии Балхӣ

Мунҷӣки Тирмизӣ. Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад Мунҷиқи Тирмизӣ аз шоирони бузурги нимаи аввали қарни ҷаҳорум аст, ки баъд аз Дақиқӣ дар дарбори Чағониён ба cap мебурда ва маддоҳи онон, алалҳусус амир Абўяҳё Тоҳир ибни Фазли Чағонӣ ва амир Абулмузаффар Аҳмад ибни Муҳаммади Чағонӣ будааст. Вай шоире забоновару суханпардоз ва некўхаёлу балеғ ва нуктадон буд. Авфӣ каломи ўро аз рўи ҳақ, бад-ин гуна васф кардааст: «Шеъре ғарибу алфозе хуб ва маъонии бикру ибороте балеғ ва истиороте нодир» ва ин авсоф, ки Авфӣ баршумурда, ҳама дар шеъри Мунҷиқ содиқ аст. Девонаш дар қарни панҷум ва шашум дар Эрон машҳур ва мавриди истифодаи аҳди адаб ва шеър буд, чунонки Носири Ҳусрав достони истифодаи Қатрони Табрезиро аз он девон дар «Сафарнома»-и худ овардааст. Мунҷиқ илова бар кудрате, ки дар мадҳ ва сохтани касоиди бузурги мадҳӣ ва васфиву газал дошт, дар ҳаҷв низ саромади шоирони аҳди худ шумурда мешуд ва ба қавли Ҳидоят «касе аз тири таънаш на­растӣ ва аз каманди ҳаҷваш наҷастӣ». Ашъораш дар ҷунгҳо ва тазкираҳо ва кутуби луғат пароканда аст ва аз онхост:

Эй ба дарёи ақл карда шино(ҳ)

В-аз баду неки рўзгор огоҳ,

Чӣ кунӣ табъи поки хеш палид,

Чӣ кунӣ рўи сурхи хеш сиёҳ.

Нон фурў зан ба оби дидаи хеш,

В-аз дари ҳеҷ сифла тир мохоҳ.

Эи хубтар зи пайкари дебои арманӣ,

Эи поктар зи қатраи борони баҳманӣ.

Он ҷо, ки мўи ту барзан ба зери мушк,

В-он ҷо, ки рўи ту ҳама кишвар ба равшанӣ.

Андар Фурот ғарқам, то дида бо ман аст,

В-андар баҳори ҳуснам, то ту бари манӣ.

Ар ангубинлабӣ, сухани талх мар чарост,

В-ар ёсаминбарӣ, ту ба дил чигуна оҳанӣ.

Мангар ба моҳ, нураш тира шавад зи рашк,

Мангар ба боғ, сарви сиҳӣ пок бишканӣ.

Хуррам баҳор хонд ошиқ туро, ки ту,

Лоларуху бунафшахату ёсумантанӣ.

Моро ҷигар ба тири фироқи ту хаста гашт,

Эи сабр, бар фироқи бутон нек ҷавшанӣ.

Рухсори он нигор ба гул бар ситам кунад,

В-он рўйро намоз барад моҳи мустанир.

Эи офтобчеҳраи бутзоди сарвқад,

К-аз зулф мушк борӣ в-аз ғамза тир.

Бингошта чунин набувад дар баҳори Чин,

Тимсоли рўи Юсуф Яъқуб бар ҳарир.

Аз барги лола ду лаб дорӣ фароз рўй,

Як мушт ҳалқаи зираҳ аз мушку аз абир.

Дақиқӣ. Устод Абўмансур Муҳаммад ибни Аҳмад Дақиқӣ аз фуҳули шуарои аҳди Сомонӣ ва дувумин шоирест, ки ба назми «Шоҳнома» қиём кард. Соли вилодаташ ба таҳқиқ маълум нест, вале ба эҳтимоли ақво дар авосити нимаи аввали қарни ҷаҳорум будааст. Дар мавлиди ў низ ихтилоф аст. Авфӣ ўро Тўсӣ дониста ва Ҳидоят (дар «Маҷмаъ-ул-фусаҳо») гуфтааст, ки баъзе ўро Балхӣ ва бархе Самарқандӣ донистаанд ва Лутфалибеки Озар ўро дар шумори шоирони Самарқанд зикр кардааст. Вай оини Зардуштӣ дошт, вале бино бар расми замон куния ва исми мусалмонӣ ихтиёр карда буд. Аз ашъори ў тааллуқаш ба кеши беҳӣ ошкор аст ва ў то поёни ҳаёт бар дини худ боқӣ буд.

Чунонки аз мутолиа дар аҳволи ў бармеояд, дар ҷавонӣ ба шоирӣ пардохт ва ҳам дар ҷавонӣ мақтул шуд ва ин воқеа, ки ба дасти ғуломе иттифок афтод, муҳавдақан марбут буд ба пеш аз соли 370 ё 371ҳ,. (980-981м.) зеро Фирдавсӣ, ки дар ин сол назми «Шоҳнома»-ро оғоз карда буд, аз кушта шудани Дақиқӣ сухан гуфта ва аз тарафи дигар медонем, ки ў ба амри Нўҳ ибни Мансур (салтанат аз соли 365 (976м.) то соли 384 (994м.) ба назми «Шоҳнома»-и Абуўмансурӣ пардохт. Пас, ногузир қатли вай баъд аз соли 365 ва пеш аз соли 370 иттифок афтода ва ба ҳукми ақл бояд марбут буда бошад ба вақоеи байни солҳои 367-369 (978-980м.).

Аҳамияти Дақиқӣ дар ашъори мадҳии ўст ва ў аз подшоҳони Со­монӣ Абусолеҳ Мансур ибни Нўҳ, (350-365ҳ,- — 961-976м.) ва Абулқосим Нўҳ ибни Мансур (365-387ҳ. — 976-997м.) ва аз умарои тобеи Сомониён амир Фахруддавла Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Муҳтоҷ амири Чағониёнро мадҳ гуфта ва гуё ба умарои Чағониён тааллуқи хосе дошта ва маддоҳи махсуси аморати дастгоҳи онон будааст ва боз аз ҳамин хонадони Чағонӣ амир Абусаъд Музаффар ва амир Абўнаср ибни Абўалиро сутудааст.

Аз Дақиқӣ қасоиду ғазалҳо ва китъаоту абёти парокандае дар ку­туби тазкира, хоса «Лубоб-ул-албоб» ва «Маҷмаъ-ул-фусаҳр» ва кутуби таъриху адаб монанди «Таърихи Байҳақӣ» ва «Тарҷумон-ул-балоға» ва «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» ва «Ал-мўъҷам» ва кутуби луғат, хусусан «Луғати Фурс»-и Асадӣ боқӣ мондааст ва ҳамаи онҳо далолати том бар устодиву маҳорат ва диққати хаёлу латофати маънӣ ва равонии алфози ин шоири устод мекунад, аммо асари ҷовид ва муҳими ў «Гуштосбнома», яъне кисмате аз «Шоҳнома» аст дар шарҳи салтанати Гуштосб ва зуҳури Зардушт ва ҷанги мазҳабии миёни Гуштосбу Арҷосби тўрони.

Шурўъ ба назми «Шоҳнома» пас аз таълифи «Шоҳнома»-и Абўмансури (346ҳ. — 958м.) ва иштиҳору ривоҷи он дар аҳди под-шоҳии Нўҳ ибни Мансур, ки ҷулусаш дар соли 365 (976м.) буда ва ба амри ў сурат гирифт, вале шоир ҳануз ҳазор байти онро бештар носуруда, ба дасти ғуломе кушта шуд. Ин ҳазор байт ба байти зайл оғоз мешавад:

Чу Гуштосбро дод Луҳросб тахт,

Фуруд омад аз тахту барбаст рахт.

Ва бад-ин байт поён меёбад:

Ба овози Хусрав ниҳоданд гўш,

Супурданд ўро ҳама гўшу ҳуш.

Ва шояд иллати интихоби ин қисмат аз таърихи шоҳони Эрон барои назм, иштимоли вақоеи он ба зуҳури Зардушти пайғомбар мавриди эътиқоди Дақиқӣ ва табаррук ҷустани ў ба зуҳури оини ниёгонаш буда бошад. Матолиби ин ҳазор байт ҷуз дар баъзе маворид мунтабиқ аст бар китоби паҳлавии «Аёткори Зарирон», ки зоҳиран, ҳангоми нигориши достони Гуштосб дар «Шоҳнома»-и Абўмансурӣ аз он истифода шудааст.

Дақиқӣ бетардид яке аз бузургтарин шоирони қарни ҷаҳорум аст. Вуруди ў дар анвои мухталифи шеър ва қудрате, ки дар ҳамаи абвоби он нишон дода, далели боризест бар фасоҳати калом ва равонии сухан ва нирўи табъу куввати баён ва ҳиддати зеҳни ў. Тағаззулоти бадеъ ва ғазалҳои латифу мадоеҳи олӣ ва авсофи роиҷи ў бо маъонии борик ва мазомини тозаву дилангезе, ки дар ҳамаи онҳо ба кор бурда, ба шеъри ў диловезӣ ва равнақу ҷилои хос мебахшад. Вай махсусан қасоиди мадҳиро камол бахшид ва худ ҳам мутаваҷҷеҳи маҳорати хеш дар ин боб буда ва гуфтааст:

Мадеҳ, то ба бари ман расид, урён буд,

Зи фарру зинати ман ёфт таиласону изор.

Ва баъзе аз қасоиди ў чунон матбўи тибоъ афтода буд, ки пас аз вай чанд бор мавриди истиқболи шоирони устод қарор гирифт ва суханварони бузург номӣ ўро дар радифи гўяндагони тавоно чун Фаррухӣ овардаанд. Аз ўст:

Париҷеҳра буте айёру дилбар,

Нигоре сарвқадду моҳманзар.

Сияҳчашме, ки то рўяш бидидам,

Сиришкам хун шудасту бар мушаққар.

Агар на дил ҳаме хоҳӣ супурдан,

Бад-он мижгони заҳролуд мангар.

В-агарна бар бало ҳоҳӣ гузаштан,

Бар оташ бигзару бар дар-ш магзар.

Ба сони оташи тез аст ишқаш,

Чунон чун ду рухаш ҳамранги озар.

Ба сони сарви симин аст қаддаш,

Валекин бар сараш моҳи мунаввар.

Фареш он рўи деборанги чинӣ,

Ки рашк орад бар ў гулбарги тар бар

Фареш он лаб, ки то эдар наёмад,

Зи хулд оини буса н-омад эдар.

Аз он шаккарлабон аст ин ки доим

Гудозонам чу андар об шаккар.

Аз он лоғармиён аст ин ки ишқам,

Чунин фарбе шудасту сабр лоғар.

Ба чеҳра Юсуфи дигар, валекин,

Ба ҳиҷронаш манам Яъқуби дигар.

Агар бутгар чун ў пайкар нигорад,

Марезод он хуҷаста дасти бутгар.

В-агар Озар чун ў донист кардан,

Дуруд аз ҷони ман бар ҷони Озар.

Санавбар дидаму ҳаргиз надидам,

Дарахти сим, к-аш бар cap санавбар.

Маро гўяд зи чандин шеъри шоҳон,

Ба чандин ошиқона шеъри дилбар.

Кам аз шеъре, ки сўи мо фиристӣ,

Наям андархури гуфтору аз дар.

Магар худ шеър бар ман барназебад,

Магар худ пастам, эй дўст, дарх(в)ар.

Чаро нанвисиям боре мадеҳе,

Зи мири номдорон, шоҳи меҳтар.

Ба ман деҳ, то бидорам ёдгоре,

Ба парда(и) ҷашм бинвисам ба анбар.

Ба ҳалқа (и) зулфаки хешаш бибандам,

Чу таъвизе фурў овезам аз бар.

Чу номи он нигор омад ба гўшам,

Фурў боридам аз чашм оби аҳмар.

Фироқам сурате шуд пешам андар,

Хаёле дидамаш макрўҳу мункар.

Битарсидам, ки ногоҳон канорам,

Тиҳӣ гардонад аз бўстони абҳар.

Чу аз ман бигсалад, кай бинамаш баз,

Кай ояд ин гузашта раҳро бар.

Фурў борид абри дидагонам,

Бар он хуршед, к-аш боло санавбар.

Ҳаме бигристам, то з-оби чашмам,

Чу рўи ёри ман шуд рўи кишвар.

Чу рўи ёри ман шуд даҳр гўӣ,

Ҳаме ораз бишўяд з-оби кавсар.

Ба кирдори дарафши ковиёнӣ,

Ба нақши вушшиву куфӣ саросар.

Бипўшида либоси фарвадинӣ,

Бияфканда либоси моҳи озар.

Гул андар бўстонон бишкуфида,

Ба сони гулбунони боғ пар бар.

Ту гўӣ ҳар яке ҳури биҳиштест,

Ба дасти ҳар як аз ёқут миҷмар…

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *