Фанни Адабиёт

Шеърхо аз Абушакури Балхи

Паричеҳра фарзанд дорад яке,

К-аз шӯхтар кам бувад кӯдаке.

Мар ӯро хирад неву тимор не,

Ба шӯхиш андар ҷаҳон ёр не.

Шуд, омадаш бинам сӯйи заргарон,

Ҳамора сутӯҳанд аз ӯ дилгарон.

Бихонд он гаҳ заргари дандро,

Зи ҳамсоягон ҳам тане чандро.

***

Чаҳондидагонро ба нодидагон,

Накарданд яксон писандидагон.

Ки позаҳр аст к- афзун шавад,

К-аз андозаи хеш берун шавад.

Бародар бародар бувад дӯст – беҳ,

Чу душман бувад, берагу пӯст беҳ.

***

Биёмӯз ҳарчанд битвониё,

Магар хештан шод гардониё.

***

Хирадманд донад, ки покиву шарм,

Дурустиву ростиву гуфтори нарм.

Бувад хӯйи покон чу хӯйи малак,

Чи андар заминӣ, чи андар фалак.

***

Хирадманд гӯяд хирад подшоҳост,

Ки бар хосу бар ом фармонравост.

Хирадро тани одамӣ лашкар аст,

Ҳама шаҳвату орзӯ чокар аст.

***

Хирад чу надонӣ, биёмӯзадат,

Чу пажмурда гардӣ барафрӯзадат.

Хирад бемиёнҷиву бераҳнамой,

Бидонад, ки ҳаст ин ҷаҳонро Худой.

***

Хирадманд гӯяд, ки марди хирад,

Ба ҳангоми хеш андарун бингарад.

Шавад некӣ афзун чу афзун шавад,

В-аз оҳуи бад пок берун шавад.

***

Хирад беҳтар аз чашму биноӣ аст,

На биноӣ, афзун зи доноӣ аст.

Хирад бод ҳамвора солори ту,

Мабод аз ҷаҳон ҷуз хирад ёри ту.

***

Хирадманд гӯяд, ки таъйиду фар,

Ба дониш ба мардум расад, на ба ба зар.

Чу доно марди бахшандакаф,

Мар ӯро расад ба ҳақиқат шараф.

***

Гуҳар гуморӣ ту беш аз ҳунар,

Зи баҳри ҳунар шуд гиромӣ гуҳар.

***

Чу пухта шавад, талх ширин шавад,

Ба дониш сухан гавҳарогин шавад.

***

Нигаҳбони ганҷӣ ту аз душманон,

Ба дониш нигаҳбони ту ҷовидон.

Ба дониш шавад мард парҳезгор,

Чунин гуфт он бихради ҳушёр.

Ки «Дониш зи тангӣ паноҳ оварад,

Чу бероҳ гардӣ, ба роҳ оварад».

***

Абедонишон бори ту кай кашанд,

Абедонишон душмани донишанд.

***

Гар аз ҷаҳл як феъли хуб ояде,

Мар ӯро ситоянда бистояде.

Сухангӯй ҳар гуфтаниро бигуфт,

Ҳама гуфти доно зи нодон ниҳуфт.

***

Касе к-ӯ ба некӯсухан шод нест,

Бар ӯ бад ҳарчӣ бошад якест.

***

Сухан к-андар ӯ суд на ҷуз зиён,

Набояд, ки ронда шавад бар забон.

***

Бари ҳар сухан боз гӯё шавад,

Чунон к-оби дарё ба дарё шавад.

***

Шикебоиву танг монда ба дом,

Беҳ аз ношикебо расидан ба ком.

***

Кушода шавад кор, чунон сахт баст,

Кадомин баландӣ нобуда паст.

Аз андӯҳ шодӣ диҳад осмон,

Фарохӣ зи тангӣ бувад бегумон.

***

Туро гарчи дониш ба гардун расад,

Зи донои дигар шунудан сазад.

Чӣ гуфтанд дар достони дароз,

Набошад кас аз раҳнамун бениёз.

***

Ҳунарҳо зи бахти бад оҳӯ бувад,

Зи бахтоварон зишт некӯ бувад.

***

Киро меҳнати сахт хоҳад расид,

Ба камтар сухан меҳнат ояд падид.

Киро рӯзи нек ояду бахт нек,

Агар бад кунад, оядаш сахт нек.

***

Чӣ неку сухан гуфт донишфизой,

Бад-он, к-ат на кор аст, камтар гирой.

***

Бад андар дилат чанд пинҳон бувад,

Зи пешонӣ он бад намоён бувад.

***

Шигифте набошад, ки гардад зи дард,

Сари сарв кӯжу гули сурх зард.

***

Шавад дӯст аз дӯст ороста,

Чу бо эминӣ мардум хоста.

Ҳама чиз пирӣ пазирад мудом,

Магар дӯстӣ, к-он бувад ҷовидон.

1 2Следующая страница

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *