Фанни Адабиёт

АДАБИЁТИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

АДАБИЁТИ НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна

Нимаи дуюми асри XIX дар ҳаёти халқҳои Осиёи Миёеа давраи нави сиёсӣ мебошад. Зеро Россия аз ибтидои асри XVII бо Осиёи Миёна робитаҳои тиҷоратӣ дошт. Аврупои Ғарбӣ низ ба Шарқ таваҷҷӯҳ мекард. Хусусан, Англия мехост нуфузи худро дар Осиёи Миёна бештар намояд.

Дар нимаи дуюми асри XIX як қатор тағйироти сиёсӣ дар қаламрави Осиёи Миёна ба вуқӯъ пайваст. Ин иртиботи тарафайн боиси зуҳури баъзе мушкилот ва омилҳои монеъшавии мамолики дигари ғарбӣ низ мегардид. Авзои сиёсии дохилии Осиёи Миёна низ хеле мураккабу печ дар печ буд. Хони Хӯқанд — Олимхон бо мақсади ба давлати хонии худ тобеъ кардани Ӯротеппа понздаҳ мартиба ба он ҷо лашкар кашид, амири Бухоро — Насруллоҳхон дар тӯли бист сол барои тасарруфи ноҳияи Шаҳрисабз сиву ду дафъа лашкар кашидааст. Дар ин ҷангҳо қаламрави Мурғоб, ноҳияҳои Ӯротеппа, Хуҷанд, Фарғона ва дигар шаҳру навоҳии Осиёи Миёна хеле харобу заъиф гардида буд.

Ҳангоми лашкаркашии давлатҳои парокандаи саркаш ҳазорон ҳазор одамон нобуд мегардиданд.

Ҳокимони хонигариҳои Бухоро ва Хӯқанд қисми коршоями мардуми вилоятҳои забткардаашонро барои амалӣ намудани ноҳияҳову нақшаҳои худ истифода мебурданд. Масалан, амир Шоҳмурод аз музофотҳои гуногуни Ургут, Зомин, Ҷиззах, Ӯротеппа, Панҷакент ва ғайра шахсони дастандаркорро муҳоҷир намуда, харобазорҳои Самарқандро обод менамуд. Аз тарафи дигар, қаламрави Осиёи Миёна таваҷҷӯҳи Англияро ҳам ҷалб карда буд. Аз ин нуқтаи назар, зиёд гардидани нуфузи Россия барои халқҳои Осиёи Миёна беаҳамият набуд. Аморати Бухоро, хонигариҳои Хева ва Хӯқанд мунтазам байни ҳам дар муносибати душманона буданд. Ин аст, ки Англия барои суст намудани нуфузи Россия дар Осиёи Миёна чораандешиҳо мекард. Ҳолати пешомада Россияро ҳамаҷониба ҳушёр менамуд. Зеро бо роҳҳои дипломатӣ ва ё иқтисодӣ ҳал намудани қазияи мазкур аз имкон берун мегардид. Россия роҳи беҳбудии ин пешомадҳоро дар чораҷӯиҳои ҳарбӣ медид. Соли 1864 миёни Хӯқанду Бухоро ҷанг буд. Россия соли 1865 Тошкандро ишғол кард. Маҳз ба ҳамин хотир, байни солҳои 1865-1868 нуфузи ҳарбии Россия дар ин сарзамин бештар гардида буд. Солҳои 1865-68 Хӯқанд, Ҷиззах, Самарқанд, Фарғона ба Россия тобеъ карда шуданд. Амалан Хева ва Бухоро, ки истиқлоли сиёсӣ доштанд, ба Россия тобеъ карда шуда буданд. Ба ҳамин тариқ, солҳои 60-уми асри XIX Осиёи Миёна аз нигоҳи сиёсӣ ва ҷуғрофӣ ба империяи Россия ҳамроҳ карда шуда буд. Дар Тошканд генерал — губернатори Туркистон ташкил ёфт. Натиҷаи ин рӯйдодҳои сиёсӣ ангезаҳои зеринро пеш овард:

  1. Низоъҳои сиёсии дохилии хонигариҳои Осиёи Миёна аз байн

рафт.

  • Россия низ мавқеъи худро дар Шарқ аз нигоҳи стратегӣ таҳким бахшид.
  • Россия нисбат ба Осиёи Миёна аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ пешрафта буд. Аз ин рӯ, дар қисмати шимоли Осиёи Миёна ҳолати гузаштан аз зироат ба саноат андаке бошад ҳам, ҷараён мегирифт.
  • Низоми фаъолияти бозорҳо, бонкҳо, ривоҷи тиҷорат, хоҷагии қишлоқ, роҳҳо ва ғ. андаке ҳам бошад назаррас гардид.

Вазъияти илму фарҳанг

Ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна ба Россия на танҳо дар ҷодаи сиёсату иқтисодиёт тағйирот ворид сохт, инчунин дар соҳаҳои илм, таълим, фарҳанг ва ҷомеъшиносӣ низ ҷунбишҳо ба вуҷуд омад.

Россия аз нигоҳи техника, саноат ва ихтироъкорӣ нисбатан пешрафта буд, зеро дар он ҷо капитализм марҳалаҳои баланди инкишофро аз сар мегузаронд. Дар чунин шароит ва бо чунин давлати нисбатан пешрафта ҳамроҳ кардани осиёи Миёна, ба ҳаёти илмӣ, фарҳангӣ ва адабии тарафайн албатта, таъсири мутақобила ба назар мерасад. Зеро бе ашёи хом рушди саноат низ аз имкон хориҷ мебошад.

Албатта, пас аз ҳамроҳкунӣ дар ҳаёти илмӣ, фарҳангӣ ва адабӣ тағйиротҳо рух додаанд. Вале ин ҳолат ба таҳсилоти мадрасавӣ таъсир нарасонида бошад ҳам, умуман дар системаи маорифи мардумӣ асар кард. Дар баъзе шаҳрҳои калони сернуфус мактабҳои русии маҳаллӣ ташкил карда шуда буд. То андозае забону адабиёти рус ва аврупоӣ ба қаламрави Осиёи Миёна (қисмати шимоли минтақа) роҳ меёфт. Зуҳури ҷараёни маорифпарварӣ ва таҷдиди назар ба фарҳангу маънавиёт, усули таълим, мактабу маориф, соҳаҳои мухталифи афкори иҷтимоӣ, ҳаёти адабӣ хеле хуб ба мушоҳида мерасид.

Миҳим он аст, ки дар қаламрави Осиёи Миёна матбуоти даврӣ зуҳур карда ва ҳар хел рӯзномаҳову маҷаллаҳо нашр мешуданд. Беш аз ин, дастгоҳҳои китобчопкунӣ, нашриётҳои хусусӣ фаъол мешуданд, ки барои рушди ҳаёти фарҳангӣ-адабии кишвар хеле пурфоида буданд. Бештар дар ин ҷараён нақши мактабҳои илмӣ-фарҳангии Қазон хеле калон аст. Бо ташаббуси ҳамин марказ мактабҳои нави тарҷумонӣ ба миён меомаданд. Ба ин восита адабиёт ва фарҳанги миллии бостонии халқи тоҷик эҳё мегардид, яъне аз нав чоп мешуд. Аз тарафи дигар, кутуби чопҳои Россия, Қафқоз, Эрон ва ғайра дар Осиёи Миёна тарҷума ва нашр мешуданд.

Ба Россия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна як ҷиҳати дигари нисбатан пурарзиши бурунмарзӣ низ дошт, ки ин кишвар бо як қатор кишварҳои ғарбӣ равобит пайдо менамояд.

Вазъияти адабиёт дар нимаи дуюми асри XIX

Адабиёти нимаи дуюми асри XIX, ҳамчунон ки аз унвони мавзӯъ низ пайдост, давоми мантиқӣ ва бевситаи таърихи куҳанбунёди адабиёти тоҷик аст. Ин адабиёт тӯли чандин ҳазорсолаҳо, ки марҳалаҳои камолот мепаймояд, аз бисёр бархурдҳо, монеаҳо, мушкилиҳову нобасомониҳо гузаштааст. Эҷодкорони ин адабиёт дар ҳар давру замон ҳамчун мафкурабардорону мунавварфикрони халқу миллати хеш ҷилва намудаанд. Онҳо гоҳе дучори бисёр шикастурехтҳо ва гоҳе ноили ҷумла пешравиҳо гардидаанд. Дар маҷмӯъ дар ҳама гуна давру замон, новобаста ба фишору таъқибҳо ҳолат ва рӯҳияи халқи худро ифода кардаанд.

Барои рушди ин адабиёт дар асрҳои миёна, махсусан ду омили марказӣ: яке идеологияи ҳукмрони давр — идеологияи исломӣ ва дигаре сохтори сиёсӣ-сохти феодалӣ буд. Албатта, ин ду омил-яке омили идеологӣ ва дигаре иқтисодӣ дар рушду таҳаввули таърихи адабиёт нақши муайян гузоштаанд.

Нуфузи идеологияи исломӣ ғолибан дар соҳаи фарҳангу маориф басо бузург мебошад. Қонунҳои ҳуқуқии инсон ва ҷомеа дар асоси шариати исломӣ амал менамуд. Русуму ахлоқ ва низоми давлатдорӣ низ дар ҳамин замина созмон дода мешуд. Бояд гуфт, ки адабиёт ойинаи таърихи ҳамон халқест, ки эҷодкор ба он халқ тааллуқ дорад. Ин на инъикосгари даврони муайянест, ки рӯзгори адиб дар он мегузарад. Аз ин нуқтаи назар, адабиёт воқеият, ҳақиқатро инъикос менамояд. Бинобар ин вобаста ба сиёсати давр ва сиёсатмадорон, яъне амирон, усули мамлакатдории онҳо, дарбор ва мардум, муносибати соҳибмансабон бо халқ, ҳимояи адолати иҷтимоӣ ва ғайра дар ҳама давру замон муносибати адибон гуногун аст. Адибоне ҳам ҳастанд, ки дидаву дониста амири нолоиқу ноӯҳдабароро ситоиш кардаанд ва зулму бедодҳои ӯро дар либоси адолатхоҳиву мардумннавозӣ ба қалам медоданд. Баръакс, адибони дигар низ буданд, ки ба сиёсат ва ҷомеъа назари танқидӣ доштанд. Онҳо дар осри худ нуқсону норасоиҳоро гоҳе пардапӯшона ва гоҳе ошкоро баён мекарданд.

Дар ин давра ягона доираи адабии овозадору шукӯҳманд доираи адабии Бухоро буд, ки бисёр қонунмандии рушду таҳаввули адабиётро муайян менамуд. Албатта, доираҳои адабии дурдаст мисли Бадахшон, Ҳисор, Хатлон ҳам буданд, вале ба ҷуз Бухоро инҳо чандон машҳур нестанд. Албатта, Бухоро ҳамчун қадимтарин маркази фарҳангӣ то ба охир нуфузи худро нигоҳ дошта тавонист. Дар нимаи дуюми асри XIX низ Бухоро яке аз машҳуртарин марказҳои адабӣ хидмати таърихии худро ба ҷо овард.

Маорифпарварон сараввал ба ҳамкасбони худ-адибони

муосирашон таъсир расониданд. Ин буд, ки оҳангҳои ҳақиқатҷӯӣ, адолатхоҳӣ, башардӯстӣ, илмдӯстӣ, танқиди зулму золимӣ, мазаммати истисморгарон, ҳимояи фақирон ва ғайра дар ин аҳд хеле баланд-баланд садо додаанд. Чунончи, Шоҳин дар танқиди тоифаи мардумозор мегӯяд: Аз ин қавм умеди ёрӣ хатост,

Ки аз душман уммедворӣ хатост.

Аз ин фирқа донишкашон даргузар,

Чу биншастӣ, аз хирқа афтӣ бадар.

Маро бину барзан ба ибрат дуҳул,

Пасояндагонрост пешина пул,

Аз он рӯ зи гетӣ шикоят задам.

Зи гетӣ шикоят бағоят задам.

Ки дастур бофад ба ояндагон,

Ба абнои гетист ояндагон.

Ба ҳамин тариқ, Шоҳин дар ғазалу маснавиҳояш аҳволи вазнини сахт, амир ва ситамгарони атрофи ӯро танқид менамояд:

Зи моли ятимон ситонанд боҷ,

Ба қуттоъи тамғо бубахшанд тоҷ.

Ба золим бароти аморат диҳанд,

Ки номуси мардум ба ғорат диҳанд.

Шоҳин дар «Тӯҳфаи дӯстон» таъкид менамояд, ки давлат бояд бунёди худро бар адлу адолат, ақлу хиради солим, ба илму маърифат ва росткориву садоқат, халқдӯстӣ гузорад. Агар чунин омилҳо ба назар гирифта нашаванд, он гоҳ чунин давлат умри дароз намебинад:

Ҳамин аст расми ҷаҳонхусравон,

Ки доноситоянду душманситон.

Хилофи амирони ин марзу бум,

Ҳуморо надонанд фарқе зи бум.

Дареғо, ки ин аблаҳон беҳисанд,

Тавонгар ба зар, дар ҳунар муфлисанд.

Возеҳ, ки шоҳиди сиёсати ду амир-Музаффар ва Абдулаҳад буд, мегӯяд:

Рафт то ҳадду камоли нуқсу нуқсони камол,

Соҳиби ҷаҳли мураккаб бошад он, к-ӯ аълам аст.

Дил ба нони хону оши косаи дунон мабанд,

Филмасал гар қурси хуршед аст в-ар Ҷоми Ҷам аст.

ва ғайра.

Пас аз он ки Осиёи Миёна бо Россия ҳамроҳ карда мешавад, чунон ки маълум аст, дар ин қаламрав дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ андозае рух доданд. Ҳатто боиси тавлиди ҷараёни нави мафкуравӣ — иҷтимоӣ гардид, ки ин ҷараён дар таърихи халқи тоҷик нақши басо созандае бозидааст. Ин равияи маорифпарварӣ буд, ки дар афкори сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии Осиёи Миёна таъсири бунёдӣ гузошт. Бунёдгузор ва тарғиботчии барҷастаи он нависанда, шоир, мутафаккир ва олими забардасти тоҷик Аҳмади Дониш буд. Нуфузи ин ҷараёни мафкуравӣ хусусан ба адабиёт хеле зиёд буд. Аз ин рӯ, Аҳмади Дониш аз шумори аҳли қалам ҳамақидаҳо-шогирдони тавоно пайдо намуд, ки ҳар кадом дар таърихи бархурҳои мафкуравӣ ва солимгардонии ҷамъият саҳми арзанда гузоштаанд. Аз қабили адибони маорифпарвари тоҷик, эҷодкорон: Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ,

Абдулқодирхоҷа Савдо, Муҳаммад Шамсуддин Шоҳин, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат ва дигарон буданд, ки ин равияи тозазуҳурро ҷонибдорӣ ва тарғиб мекарданд.

Дар эҷодиёти шоирони равияи пешқадам фош намудани нуқсону норасоиҳои сиёсатмадорон, амирон, ҳокимони маҳаллӣ, мансабдорону амалдорон, ҳимояи адолати иҷтимоӣ, маҳкум намудани истисмору зулм, беқадрии инсон ва ғ. буд. Инчунин, онҳо дар эҷодиёти худ илму фарҳанг, мактабу маориф, таълиму тадрис то андозае озодии инсон ва монанди инҳоро тарғиб менамуданд.

Аслан маорифпарварӣ ҷараёни идеологӣ-мафкуравӣ ва ҷунбиши фикрие буд, ки дар Аврупои Ғарбӣ тайи асрҳои ХУП-ХУШ сараввал дар Англия ва баъдҳо дар Франсия зуҳур карда буд. Дар Аврупо маорифпарварӣ бо зуҳури синфи нави буржуазия ҳамчун табақаи иҷтимоӣ марбут буд. Агар ин падида бо чунин шакл дар Англия зуҳур карда бошад, дар Франсия идеологияи маорифпарварӣ ҳамчун таҳкимбахши инқилоби буржуазӣ ба миён омад.

Дар мамлакатҳои Шарқ бошад ин ҷунбиши мафкуравӣ ва бедории фикрӣ алорағми бунёди пӯсидаи ҷомеаи феодалӣ ва инчунин дифои адолати иҷтимоӣ рӯи кор омадааст.

Маорифпарварон муқобили зулму ноадолатиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра нафрати сӯзон доштанд. Ин яке аз хусусиятҳои характерноки ҷараёни маорифпарварӣ ва сифати фаъолияти маорифпарварон мебошад.

Хусусияти дигари ин падидаи зеҳнӣ, ки қисман ба маорифпарварони тоҷик рост меояд, он аст, ки маорифпарварони рус дар осорашон тарзи зиндагии мардумони Аврупои Ғарбиро тарғиб кардаанд. Ин ҷанбаъ тибқи идеологияи исломӣ дар осори адибони мо хеле ҷузъӣ, дучор меояду халос. Зеро Аҳмади Дониш низ шаҳрсозӣ, усули мамлакатдории Россияро дар қиёс бо аморати Бухоро беҳтар меҳисобад. Вале дар масоили дигар: тарғиби маорифу илм, озодии инсон, муносибатҳои табақавӣ, ҳимояи адолат ва ғ. маорифпарварони мо низ ҳамфикрӣ доранд.

Хусусияти сеюми ҷолиби ҷараёни мазкур он аст, ки онҳо табақаҳои меҳнатии аҳолӣ, оммаи халқ ғолибан деҳқононро ҳимоя ва ҷонибдорӣ намудаанд. Инчунин, баҳри беҳбудии аҳволи мамлакат ва оммаи мардум ва роҳҳои халосӣ аз инқирозро мувофиқи ҷоҳонбинии хеш пешниҳод намудаанд.

Масалан, Аҳмади Дониш дар осори адабӣ, фалсафӣ, сиёсии худ қафомондагию бесаводӣ, иртиҷопарастӣ, ноодилӣ, золимпешагӣ ва нолоиқии амирони манғитро хеле хуб фош мекунад. Дар асарҳои ӯ фикрҳои тағйир додани тартиботи давлатии аморати Бухоро, ислоҳи куллии тартиби мактабу маориф, таълими асримиёнагиро ба миён гузошта буд. Албатта, қазоватҳои ин мутафаккир ва ҷасурии ӯ ба ҳаёти маънавии ҷамъияти онрӯзаи Бухоро ва эҷодиёти шоирони пешқадами муосири Аҳмади Дониш бетаъсир намонд. Аз ин рӯ, эҷодкорони муосири ӯ ақидаҳои ин мутафакирро вобаста ба ҷаҳонбинии худ тарғиб намуда, ҷонибдорӣ кардаанд. Яъне мавзӯъҳои танқиди нуқсонҳои ҷомеъа, кӯтаҳназариву нодонии зимомдорон, беадолатиҳову ноодилии амирон, паст будани сатҳи рӯзгори мардум ва нигоҳ доштани халқ дар бенавоию қашшоқӣ ва ғайраро дар осори худ ҷой додаанд.

Пеш аз ҳама худи Аҳмади Дониш дар асари беназири худ «Наводир-ул-вақоеъ», ба хусус дар бобҳои «Фаромӯшхона», «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбҳову пешаҳо» ва ғайра, ки ҳангоми сафарҳояш ба таври муқоисавӣ ба мушоҳида гирифта буд, хеле барҷаста тасвир кардааст. Ҳамфикрони Аҳмади Дониш, шоирони тавоно, нависандагон Возеҳ (дар асари худ «Савонеҳ-ул-масоилик ва фаросих-ул- мамолик»), Шамсуддин Шоҳин (дар осори лирикӣ: қасида, ғазалҳо, қитъаҳо, маснавии «Тӯҳфаи дӯстон» ва асари мансураш — «Бадоеъ-ус- саноеъ» ва дигарон таълимоти Донишро тақвият додаанд.

Аҳмади Дониш андешаҳои худро на танҳо дар асарҳои адабӣ — бадеӣ, балки дар асарҳои дигари худ, ба хусус дар асари сиёсиаш — «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» аз низому қонуни давлатҳои фарангу (Аврупову) Русия ва қиёси афзалияти онҳо аз усули кишвардории Бухоро ба миён гузоштааст.

Албатта, маорифпарварии Аврупои Ғарбӣ ва Россияро бо маорифпарварии Осиёи Миёна як шуморидан зоҳирпарастии маҳз хоҳад буд. Маорифпарварии Осиёи Миёна дар қиёс бо Россия ва Аврупо то андозае дигархелтар буд. Яъне ин ҷараён дар қаламрави Осиёи Миёна бештар алорағми сиёсати аморат буд, ки оммаро дар хориву зорӣ, бесаводиву ҷаҳолат нигоҳ медошт.

Дигар ин ки маорифпарварони Осиёи Миёна гуногунтабақа набуданд. Зеро табақаҳои дигари ҷамъияти онрӯзаи Бухороро моҳияту мӯҳтавои ин ҷараён ҳанӯз фаро нагирифта буд. Аз тарафи дигар, ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XIX миқдори маорифпарварон низ чандон зиёд набуданд. Барҷастатарин намояндагони ҷараёни мазкур: Аҳмади

Дониш, Возеҳ, Шоҳин ва чанд тан аз наздикону ҳамфикрони онҳо мебошанд.

Аҳмади Дониш ба муқобили сохтори мавҷуда ва зимомдорон беибо эътироз менамуд. Мо наметавонем ҳукму муҳокимаҳои ӯро ормону орзу ном бидиҳем. Зеро ӯ бо қатъияти том ба натиҷаҳои мушаххас расида буд, ки мегӯяд: «Ва ин фармонфармоён, ки ҳоло мо «ҳазрати амир» ва «ҷаноби вазираш» мехонем, онҳо монанди чорпоянд, балки аз онҳо ҳам гумроҳтаранд. Ба далели аҳкоми шаръия ҳар соате чанд мартаба ба азли эшон зоҳир мегардад ва касеро инқиёди ҳукми эшон низ нахоҳад гардид». Чунин тарзи муҳокимаронӣ хоси Аҳмади Дониш буда, пайравони ӯ то ба ин поя нарасида буданд. Вале дар ҳар сурат, бартарии онҳо дар ҳамин буд, ки онҳо Аҳмади Донишро фаҳмида буданд.

Афкору андеша ва ақидаҳои Аҳмади Дониш ба ҷараёни рушду инкишофи пешқадамони адабиёти он рӯзгор таъсири фаровони мусбат гузошт. Зумрае аз адибони пешқадами он замон дар таҳти нуфузи ҳамон ғояҳо буданд ва аз ин нигоҳ дар иртибот бо афкору ақоиди Аҳмади Дониш як навъ консепсияи алоҳидаро ҳимоя ва тарғиб менамуданд. Ин ҳавза ва ин доираи мунавварфикронро метавон мактаб ё равияи ҷории маорифпарварӣ қаламдод кард.

Дар афкор пешқадами сиёсиву иҷтимоии нимаи дуюми асри XIX ҷараёни маорифпарварӣ барои бедории фикри миллӣ, баҳри худшиносии халқу миллат ва истиқлолхоҳӣ замина гардид.

Афкор ва ақоиди маорифпарварӣ дар ин аср дар адабиёти бадеӣ ба воситаи жанрҳои адабӣ баён мегардид. Муҳим он аст, ки як зумра адибони тараққихоҳу пешқадам ба моҳияти осори маорифпарварии

Аҳмади Дониш пурра сарфаҳм нарафтаанд. Аз ин ҷост, ки ин адибон дар осори худ ақоиди Аҳмади Донишро инкишоф надодаанд. Ин адибон ба монанди Музтариб, Исо-махдум, Ошиқ, Шаръӣ, Мирзо Абдулазими Сомӣ ва дигарон мебошанд, ки онҳо дар рушду инкишоф ва тарғиби афкори маорифпарварӣ чандон саҳм надоранд. Аниқтараш, онҳо маорифпарварии танҳо асри худро як андоза ҳис кардаанду халос.

Ҳол он ки таъсири осори Аҳмади Дониш дар қаламрави Осиёи Миёна хеле хуб паҳн гардида буд. Нуфузи ақоиди Аҳмади Дониш на танҳо ба ҳаммиллатони ӯ, балки ба халқҳои дигари Осиёи Миёна низ бетаъсир намондааст. Аз ҷумла осори мутафаккири тоҷик Аҳмади Дониш ба эҷодиёти муосирони дигари ӯ Муҳаммадхоҷа Муқимӣ (1850- 1903), Зокирҷон Фурқат (1858-1909), Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (1889-1929) ва дигарон таъсири фаровон гузоштааст.

Ин адибон низ аз осори Аҳмади Дониш баҳра бардошта, дар эҷодиёти онҳо ҳимояи фақирон, танқиди зулму золимӣ, ноадолатӣ, мазаммати худоҳиву худпарастӣ, бераҳмӣ, авомфиребӣ, тарғиби илму маориф, маърифату фарҳанг ва ғайра хеле амиқу саҳеҳ ба мушоҳида мерасад.

Умуман, осори Аҳмади Донишро эҷодкорон Возеҳ, Шоҳин, Асирӣ, Савдо, Ҳайрат, Мирзо Сироҷ ва дигарон хеле хуб пазируфта буданд. Зеро онҳо низ андешаҳои танқидии худро фошофош баён кардаанд. Масалан, Мирзо Сироҷи Ҳаким дар асари худ «Тӯҳафи аҳли Бухоро» менависад: «Бубинед, ки илму сарват кори миллати Урупоро ба куҷо расонида, беамаливу танбалӣ кори мо, аҳолии Осиёи Миёнаро ба чӣ пояи пастӣ кашонида. Зиндагии онон ба чӣ вусъат гузарон, мо мардум ба чӣ машаққату хорӣ? Қаҳвахонаҳои сарибозории онон аз иморати аъёни мо ҳазор дараҷа беҳтару поктар. Ай вой бар мо, вой бар мо!» ва ғайра.

Адабиёти дарборӣ ва хусусиятҳои он.

Адабиёти дарборӣ аслан ҷараёни адабиест, ки одатан дар шакли маҳфилҳои адабӣ дар дарбори подшоҳон, ҳокимон ва амирон фароҳам омада, одатан аз сиёсати роиҷи давр ва адеологияи ҳукмрон ҳимоя менамуд. Аз асри XI сар карда ба ин адабиёту эҷодкоронаш маликуш- шуаро роҳбарӣ менамуд. Маликушшуароро бошад бевосита худи амир таъин менамуд. Ин адабиёт дар аҳди маорифпарварӣ низ двом мекард. Аз навъҳои лирикӣ жанри асосии дарборӣ қасида буда, аз навъҳои қасида бошад, қасоидаи мадҳӣ бештар ба назар мерасад. Навъҳои дигари хурди лирикӣ: ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, тарҷеъот, мусаммат ва ғ. низ ҳаст, вале на мисли қасоиди мадҳӣ.

Аз осори мансур бошад, бештар сиёсатномаҳо, дастурмулукҳо, дастурулфузароҳо ва ғ. низ характерноканд.

Дар адабиёти дарборӣ тазкираву тазкиранигорӣ низ дар ин давра хеле пеш рафтааст.

Яке аз хусусиятҳои аввалиндараҷаи адабиёти дарборӣ аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво он аст, ки мадҳу ситоиш мавзӯи асосӣ ва айёшиву бодапарастӣ мавриди тасвири он мебошад. Ин ҳолат, албатта, сабқати адабиро пеш меорад ва ба ин восита ҳокимон рӯ ба шеъру адаб оварда дар дарбори худ беҳтарин суханварон, соҳибистеъодҳоро ҷамъ меоваранд.

Албатта, дар асрҳои миёна чунин ҳам шудааст, ки адибон зимни довариҳои шоирона, дар фахрияҳо ҳусни ашъори худро баён намуда, нуқсони шуарои дарбориро низ нишон додаанд. Агар бодиққаттар мушоҳида карда шавад, дар ашъори широни дарбор бештар тамаллуқ ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки бисёр шоирон: Низомӣ, Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Бедил ва дигарон дар ашъори худ шоирони тамаллуқкорро танқиду мазаммат намудаанд. Вале дар ҳар сурат адабиёти дарборӣ низ сар то сар беҳудаву ёва нест. Ин адабиёт низ дар заминаи суннат рӯида, дар ҳамин замина рушду таҳаввул менамояд. Адабиёти дарбориро бо адабиёти берун аз дарбор на бояд муқобил гузшт. Широне ҳам буданд, ки дар дарборҳо зиндагӣ ва эҷод кардаанд, вале дар ашъори онҳо оҳангҳои хеле қаввии халқӣ дучор мешавад. Аз ҳама муҳим он аст, ки саҳми он адиб дар ғановати маърифати адабии дарбору дарбориён хеле бузург мебошад.

Саҳми дарборҳо дар рушду таҳаввули илми адабиётшиносӣ низ назаррас аст. Аз ин рӯ, дар миёни қувваҳои адабии дарбор, шоирону нависандагони ин ҳавзаи сиёсии адабӣ, тазкиранависон ҳам зуҳур кардаанд, ки онҳо ду хизмати таърихӣ ба ҷо овардаанд: яке зикри шумораи шоирон, ному насаби онҳо, мақому мартабаи онҳо, шахсияту муносибати онҳоро баён кардаанд. Дигаре намунаҳои эҷодиёти эшон, пояи шоирии онон, ҳунари суханварии онҳо ва хусусиятҳои ҷудогона ва ё фардии эҷодиёти шуарои дарборӣ ва ғайраро таъкид намудаанд. Ин ду ҷанбаъ арзиши илмӣ-адабии осори тазкиравии олимони адабиётшиноси дарбориҳо мебошанд.

Дар нимаи дуюми асри XIX чандин тан тазкиранависон умр ба сар бурдаанд ва асарҳои эшон то кунун маҳфуз мондааст, ки зикри баъзе аз онҳо барои донистани адабиёти ин давра хеле аҳамиятнок мебошад.

Яке аз чунин асарҳо ё худ тазкираҳо ба қалами Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ тааллуқ дошта «Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ул-асҳоб» ном дорад. Маълум аст, ки муаллифи ин асар шоир, маорифпарвар, олим, нависанда ва мутафаккир мебошад. Ин тазкира соли 1871 таълиф гардидааст. Он аз он ҷиҳат низ муҳим аст, ки дар бораи 130 нафар адибони Осиёи Миёнаи асри XIX маълумот медиҳад. Аз осори ин адибон намунаҳо зикр намуда, хусусияти ашъори онҳо, ҳусну қубҳи эҷодии онҳо ва ғайраро қайд менамояд. Ин тазкира соли 1914 аз ҷониби Мирзо Салимӣ ном донишманд бо такмилу иловаҳо ба табъ расидааст. Аниқтараш М.Салимӣ тазкираи мазкурро ба табъ расонида, ба он 80 нафар шоирони дигари охири асри XIX ва ибтидои садаи ХХ-ро илова менамояд. Аз ин ҷост, ки тазкираи Возеҳ аз нигоҳи зикри шумораи қувваҳои адабӣ ва аз лиҳози овардани намунаҳои ашъори онҳо, аҳамияти илмӣ-адабӣ дорад. Он барои омӯхтани адабиёти давр ва умуман баҳри тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик хидмат менамояд.

Инчунин, дар ин давра тазкиранависони дигар зиндагӣ ва эҷод кардаанд, ки тазкирахои онҳо низ ҳар кадом дорои аҳамияти илмӣ — адабӣ мебошанд.

Тазкиранигорони дигари давра, ки дар инкишофи илми адабиётшиносӣ саҳми сазовор гузоштаанд ва тазкираҳои онҳо, ки суннати мазкурро дар ин давра рушд бахшидаанд, инҳоянд.

Яке аз тазкиранависон, ки худ шоир низ ҳаст, эҷодкори дарборӣ Афзал Махдуми Пирмастӣ мебошад, ки ӯ соли 1900 ба хидмати дарбор дохил шудааст. Ӯ ар солҳои ҳукмфармоии амир Абдулаҳад (1885-1910) бо супориши ин ҳоким ба навиштани тазкираи худ оғоз кардааст. Тазкираи Афзал Махдуми Пирмастӣ «Афзал-ут-тазкор фӣ зикр — уш- шуаро ва-л-ашъор» ном дорад.

Дигар аз такзиранависони ин давра Абдуллоҳхоҷаи Абдӣ аст, ки ӯ соли 1904 асари худ — «Тазкират-уш-шуаро» ва ё «Тазкираи Абдӣ», ё ин ки «Тазкират-уш-шуарои мутааххирини Бухоро»-ро (номҳои як тазкира) таълиф менамояд. Ин тазкира аз 28-боб (мақсад) иборат буда, дар бораи 118 нафар адибон ва намунаҳои асори онҳо маълумот медиҳад.

Ҳамчунин яке аз тазкиранависони маъруфи замон Мирсиддиқи Ҳашмат мебошад, ки ӯ ду тазкира таълиф намудааст.

Тазкираи аввали Ҳашмат, ки солҳои 90-уми асри XIX таълиф шудааст, «Тазкират-уш-шуаро» ном дошта, аз ду қисм иборат мебошад. Қисми аввали тазкираи мазкур дар бораи 85 нафар адибон ва қисми дуюми он доир ба рӯзгору осори 88 тан шоирон маълумот медиҳанд. Дигар аз тазкиранависони маъруфи давраи мазкур Мулломуҳаммад Ҳоҷӣ Неъматуллоҳ ибни Қозӣ Шарафуддин аст, ки ӯ бо тахаллусҳои «Нозук» ва «Мӯҳтарам» шеър мегуфтааст. Мӯҳтарам соли 1910 асари худ — «Тазкират-уш-шуаро»-ро таълиф менамояд. Ин тазкира дорои арзиши баланди илмӣ-адабӣ буда, дар бораи рӯзгору осори 175 тан қувваҳои адабӣ маълумот медиҳад.

Арзиши тазкираҳои дар боло номбашуда, пеш аз ҳама аз ин иборат аст, ки агар дар давраҳои пешин дар асре як тазкира ё худ дар ду-се аср як тазкира бошад, дар ин давра суннати адабии мазкур хеле ва хеле инкишоф ёфтааст. Аз тарафи дигар, ахбори як ё ду тазкира баъзан такрор, гоҳо якранг мебошад. Вале чун тазкиранигорон зиёд шаванд, тазкираҳо низ бештар бошанд, арзиши илмӣ-адабии онҳо афзуда, маълумоти онҳо қобили муқоиса мебошад.

Дар ин аср шоирону нависандагони зиёде зиндагӣ ва эҷод кардаанд, ки онҳо, аз як тараф, анъанаҳои адабиро эҳё намуда, ба он умри бардавом бахшидаанд. Аз тарафи дигар, онҳо бо эҷодиёти манзуму мансури худ рӯҳия, ахлоқ, урфу одат, зиндагии ҳамарӯза ва тафаккури баеӣ-эҷодии халқи тоҷикро дар нимаи дуюми асри XIX ифода кардаанд. Аз сабаби он ки тазкираҳо ва тазкиранигорон зиёданд, адабиёти давраи мазкур хеле хуб қазоват ҳам шудааст.

Баъзе адибони ин давра дар таърихи адабиёт, ба достонҳои ишқӣ- романтикии наздик ба ҳазорсола мӯҳри ҷамъбастӣ гузоштаанд. Охирин адибе, ки достони «Лайлӣ ва Маҷнун» эҷод кардааст, ё худ охирин эҷодкоре, ки достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро таълиф намудааст, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ ба шумор меравад ва ғайра.

Дар адабиёти давраи мазкур бузургтарин падидаи сиёсӣ-таърихӣ, мафкуравӣ-иҷтимоӣ ҷунбиши фикрии маорифпарварӣ аст. Ин ҷараёни мафкуравӣ, ки тавассути мактаби адабии Аҳмади Дониш заминагузорӣ шуд, дар таърихи халқи тоҷик нақши бузурги созандагӣ дорад. Аз ин нигоҳ, ин яке аз хидматҳои бузурги таърихии адабиёти бадеии тоҷик ба шумор меравад. Зеро ин ҷараён ҳамчун зуҳуроти таърихӣ тавассути адабиёти бадеӣ кашф шудааст. Муҳим он аст, ки на танҳо тафаккури муосирон, балки фикри мутааххиринро низ тағйир дод. Арзиши мероси адабии Аҳмади Дониш, пеш аз ҳама дар кашфи ҳамин падидаи аср мебошад. Ин ҷараёни сиёсӣ-таърихӣ на танҳо ба худшиносии халқи тоҷик ва ҷараёни ташаккулёбии он гардид, балки дар ҳамин поя ба худшиносии халқҳои дигари Осиёи Миёна низ мусоидат намуд.

Дар тарғиби он нақши пайравони Аҳмади Дониш, адибони маъруфу соҳибистеъдод Шамсуддин Шоҳин, Раҳматуллоҳи Возеҳ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Муҳаммадсидиқи Ҳайрат ва дигарон хеле бузург аст. Онҳо дар дарки падидаи мазкур то ба сатҳи Аҳмади Дониш нарасида бошанд ҳам, дар тарғибу ташвиқи андешаҳои ӯ саҳми бунёдӣ гузоштаанд

Савол ва супоришҳо:

  1. Дар нимаи дюми асри XIX дар Осиёи Миёна чӣ тағйироти сиёсӣ рӯй дод?
  2. Ба Россия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна барои мардумони қаламрави мазкур чӣ дод?
  3. Доир ба вазъияти илму фарҳанг дар ин давра чӣ медонед?

4.Омилҳои пайдоиши ҷараёни маорифпарвариро шарҳ диҳед.

  • Вазъияти адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри Х1Х-ро нақл кунед.
  • Кадом омилҳои инкишофу таҳаввули адабиёти ин давраро медонед?
  • Марказҳои адабии адабиёти давраи мазкур кадомҳоянд?
  • Ҷараёни маорифпарварӣ ва хусусиятҳои онро номбар кунед.
  • Аҳмади Дониш дар инкишофи илму фарҳанги ин давра чи гуна мақом дошт?.
  • Доир ба адабиёти даборӣ ва хусусиятҳои он маълумот диҳед.
  • Кадом тазкираҳои дар ин аҳд таълифшударо медонед?
  • Доир ба тазкираи «Тӯҳфат-ул-аҳбоб фӣ тазкират-ул-асҳоб»-и Возеҳ маълумот диҳед.
  • Арзиши илмӣ-адабии тазкираҳои ин давра аз чӣ иборат аст?
  • Кадом адибони пайрави Аҳмади Донишро медонед?

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *