Фанни Адабиёт

Ахмад Дониш (1826-1897)

Ахмади Дониш соли 1827 дар Бухоро дар оилаи мулло Мир Носир таваллуд шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буд ва дар чавони барои тахсили илм ба Бухоро омада, дар хамин чо мадрасаро хатм мекунад ва аз хамин чо хонадор мешавад. Дониш тахаллуси адабии Ахмад буд. Гайр аз ин, уро ба сабаби калон будани сараш Ахмади Калла хам мегуфтанд. Дар оилаи Мир Носир Ахмад фарзанди ягона буд ва бачахои дигари онхо пеш аз Ахмад ва баъд аз вай хама талаф шуда буданд.

Ахмади Дониш хондану навиштанро дар хавлии худ, дар мактаби хусусии модараш, ки барои саводомузии кудакон кушода буд, ёд гирифт. Вай аз синни 7-8- солаги ба шеър мухаббати калон пайдо кард ва худаш хам шеърхои навкаламона менавишт, ба рассоми ва лавхакаши низ хаваси калон дошт ва чунон ки худаш дар хотирахояш менависад, дар деворхои хавлиашон ва руи тахтаву лавхахо хар хел сурату шаклхо мекашид. Дар айни замон вай ба омухтани забони араби низ мустакил шуруъ намуд.

Тахминан дар солхои 1837 – 1838 падараш Ахмади Донишро ба мактаби корихо медихад, то ки Куръонро аз ёд намуда, корӣ шавад ва ба хамин васила як навъ зиндаги гузаронад. Аммо Ахмади Дониш ба куркурона ёд намудани куръон рагбат пайдо накард. Гайр аз ин, вай аз кудаки дар забон лакнат (гирифтани забон) дошт, Ахмади Дониш аз дарсхо мегурехт ва бештар вакташро дар мачлису маъракаи таъриххону киссагуйхо мегузаронид. Падараш ин холи писарашро дида, уро аз ин мактаб гирифта, тахминан дар солхои 1842 – 1843 ба мадраса мемонад.

Барномаи мадраса, ки асосан аз омухтани забони араби, мантик ва дигар илмхои дини иборат буд, Ахмади Донишро каноат кунонда натавонист. Вай ин дарсхоро бомуваффакият аз худ намуда, боки вакту соатхои холиашро ба омухтани илму фанхое, ки дар мадрасахои Бухоро намегузаштанд, сарф мекард. Вай риёзиет, илми нучум ва хайъат (астрономия ва космогония), табииёт, чугрофия, таърих ва фалсафаи шаркро ба таври мустакил омухт.
Ахмади Дониш тахминан аз солхои 1855 ба хидмати дарбори амир Насрулло меояд ва дар аввалхо ба китобати асархои тиб ва илми нучум машгул буд. Баъд аз оне, ки устодаш аз олам мегузарад, амир Ахмади Донишро ба чои у меъмор ва мухандиси дарбор таъин мекунад.

Ахмади Дониш ба Санкт Петербург 3 маротиба сафар мекунад. Аввалин бор соли 1857 бо фармони амир Насруллох хамчун котиби элчи сафарбар шуд.
Баъд аз вафоти амир Насруллох соли 1860 бар тахти аморат амир Музаффар нишаст. Дар соли 1869 А. Дониш бори дуюм ба Петербург сафар кард ва дар соли 1873 бори сеюм сафар мекунад.
Сафари Россия дар пеши назари Ахмади Дониш як чахони тозаеро кушод. Дониш, ки дар мухити таассуби дини ва пасмондагии феодали тарбия ёфта, аз чордевори торикистони аморати Бухоро берун набаромада буд, ба хуби дарёфт, ки аморати Бухоро аз тамоми чихатхои хаёти иктисодиву мадани акиб мондааст ва ахолии он дар гафлату чахолат зиндаги ба сар мебаранд.
Дар ин сафар Ахмади Дониш бо илму маданият, тартиботи давлатдори, баъзе вокеахои сиёсии Руссияву Аврупо хубтар шинос шуд.
Се сафари А. Дониш ба Россия дар чахонбини ва фикру акидахои у таъсири калон гузошт. Пешрафти нисбат ба Бухоро нихоят фавкулоддаи Россия – тараккиёти саноату техникаи харби, хунархои санъати меъмори ва гайраро дида, Ахмади Дониш бовари хосил кард, ки агар ба инсон илму маърифат дода шавад, у кодир аст, ки дар руи замин муъчизахои хайратангезе бунёд кунад.
Вазъи зиндагии Ахмади Дониш вазнин буд. Аз як тараф ин солхо дар хаети Дониш як давраи навмеди ва яъсу андух буд. Орзую умедхои у аз бехтар намудани холи хароби мамлакату раият барбод рафта буданд. Вай худро дар чамъияти зулмбунёд ва чахолатпарвар танхо медид. Ба болои ин дар ин солхо хучуми пинхонию ошкори хушомадгуёни амир ва уламои мутаассиб ба мукобили Ахмади Дониш аз аввала хам пурзуртар гардид. Яке уро «ношукру курнамак», дигаре «кофир», яке «касе мутакабир ва магрур», дигаре «чодугару кохин» гуфта, обруи уро дар байни мардум рехтани мешуданд, ки рухияи Ахмади Донишро шикаста натавонистанд. У аз байни шоирон ва олимони маърифатдуст ва тараккихохи замон мухлису дустони бисере дошт, ки чонсупорона ва самимона уро тарафдори мекарданд, заковату дониш ва илму маърифати уро кадршиноси намуда, уро дар танхои намегузоштанд. Дар хавлии Дониш хамеша шоирон, адибон, олимон ва мусикичиен чамъ омада, мачлисхои адаби, илми ва мусики барпо менамуданд. Аз шоирони намоёни он давр Шохин, Музтариб ва Тамкин хам гохо ба зиёрати у меомаданд. Шохин баъди хондани «Наводирулвакоеъ” дар ситоиши дониш касидае гуфта ва Музтариб онро мухаммас намуда, дар он душманон ва бадхохони Донишро сахт танкиду мазаммат намуданд.

Ахмади Дониш дар синни 70 солаги соли 1897 дар байни 21 март ва 22 апрель дар шахри Бухоро аз олам чашм пушид.
Ахли илму адаб ва мухлисону шогирдони бисёраш ба сузу гудоз вафоти уро барои илму маърифат ва хаёти маданию фаннии он замон як талафоти калон медонистанд.

Эчодиети Ахмади Дониш

Дар мероси адабию илми ва фалсафии Ахмади Дониш ду асари у махсусан ахамияти калон доранд. Яке аз ин асархо «Наводирулвакоеъ” ном дорад ва дигаре рисолаест, ки муаллиф ба он ном нагузоштааст ва мазмуни он аз тахлили таърихи салтанати амирони мангит ва вокеахои сиесии он давр иборат аст, ки мо онро шартан «Рисолаи таърихи” меномем
Муаллиф ба таълифи «Наводирулвакоеъ” зиеда аз дах соли умрашро сарф намудааст.
Ахмади Дониш дар «Наводирулвакоеъ” дар бораи тарбияи насли наврас, дар бораи усули тахсили нодуруст ва аз талаботи хаёт дур будани мактабхо ва хам мадрасахо хеле муфассал таваккуф намудааст.
Дониш ба асари «Наводирулвакоеъ” тавсифи ду сафари ба Россия кардаи худро низ дохил намудааст. Муаллиф дар ин хикояхояш дар бораи маданият ва илми пешкадами Россия, дар бораи тараккиёти ичтимои ва иктисодии ин мамлакат маълумот ва наклхои хеле шавкангез овардааст. Ахмади Дониш ба ин восита, шахсони пешкадам ва умуман мардуми Бухороро ташвику таргиб намудааст, ки илмхои дунёви ва санъату хунари инсониро, ки дар Россия хеле ривочу равнак дорад, омузанд ва барои тараккиёти чамъият истифода баранд. Хикоятхои Ахмади Дониш дар байни хонандагон нисбат ба санъату маданияти пешкадами Россия хусни таваччух бедор кард ва дустии халкхои Осиёи Миёна ва Россияро таргиб ва ташвик намуд.
Дуюм асари машхури Ахмади Дониш, ки афкори пешкадами сиёсиву ичтимои ва акидахои маорифпарварии у дар он боз хам равшантар баён шудааст, «Рисолаи таърихи ”-и уст. Ин рисола дар хамон шакле, ки ба мо расидааст, як кисми аввали асаре будааст, ки Ахмади Дониш онро тамом карда натавонистааст. Аммо хамин кисм хам як асари мустакил аст ва шаклу мундаричаи томе дорад.
Азбаски асар нотамом мондааст, муаллиф ба ин рисола унвон ё ном хам надодааст. Аз ин сабаб, ин рисола то имруз дар байни ахли илм ва тадкикотчиён бо чанд ном машхур аст: «Тарчумаи холи амирони мангития”, «Таърихча”, «Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития” ва гайра.
Рисолаи мазкур дар охири умри Ахмади Дониш таълиф ёфтааст ва аз хамин сабаб дар он вакт ба хамзамонони у нагз маълум набуд. Аз ин асар факат дустони наздиктарини у, ки ин рисоларо дар шакли сиёхнавис хонда буданд, вокиф буданд.
Ахмади Дониш асархои калонтарини худро, аз кабили «Манозирулкавокиб» (Манзарахои ситорахо), «Рисолаи фи аъмол ил кура» (Рисола дар бораи амалиет бо кура), «Чомеаулхикоет» (асари бадеии тарчумаихоли), «Наводирулвакоеъ» (вокеахои нодир) ва «Тарчумаи холи амирони Бухорои Шариф» бо наср навиштааст. У порчахои шеъри хам дорад.

ДАР ТАЪРИФИ ТУИ МАЛИКАИ РУС

…Дар ин асру овон шахи мулки рус,

Ки то кард бар тахти шохи чулус…

Фитирибурч то пойтахти ту шуд,

Бихишту Ирам аз забонхо бишуд,

Замин нест, у вожгуна самост,

Ки дар хар кадам ахтари пурзиёст.

Дар ин шахр кас хур набинад бурун,

Зи бисёрии хусни олам фузун.

Зи чуши чарогон ба шабхои тор,

Замин чун сабо, осмон чун губор.

Хусусан дар ин ахд, к-аз амри шох,

Макорин ба хам гашта Бирчусу мох,

Махи бурчи иззат, малики замон,

Бад-у дурри якто шуд тавъамон.

Ба акдаш фалак икди Парвин бирехт,

Ба сурат гам аз пеши мардум гурехт.

Зи Кайвон дар ин базм буд посбон,

Бидид ахтарон чумла чашмакзанон.

На Бирчис аммома аз сар ниход,

Ки бахром хам лаб ба ханда кушод.

Зи хуршед машъал ба даст омадаш.

Ки Нохид бо хеш маст омадаш

Зи дасти Аторуд калам уфтод,

Махи пуштхам даст бар дар ниход.

Чахони кухан ёфт ранги нави,

Ки чуз нагмаи уду най нашнави.

Дарун дар имороти шашошён,

Муфарак бар айвони зар устувон,

Канодили зар, фаршхои харир,

Тахи по хасу шол чои часир.

Хама гулъузорони борангу буй,

Хама мохидору хуршедруй…

Зи гул хар яке хирмане сабзшох,

Гиребон кушоданду доманфарох.

Миёни на чун фикри Дониш нахиф,

Вале поктабъанду посухлатиф.

Нишинанд, чонхо бихезад зи чо,

Чу хезанд, дилхо барафтад зи по.

Дар ин базм кавволу раккосу соз,

Хама дилфиребу хама сарви ноз…

Зи найрангу созу самоъу суруд,

Фетербурчро сури якхафта буд.

Пас он гох шохи раъиятнавоз,

Ба Маскав кашид олати базму соз.

Се рузу шабон шахр оростанд,

Зи хошоки гам хона пиростанд.

Чароги айвон ба гардун расид,

Рухи ахтару мах се шаб кас надид.

Зану мард, фавчи сипоху амир,

Паи дидани шах ба хам дастгир…

Ба сахро зи сарди нафас аз гулу,

Чу берун шуди, худ бигашти фуру.

Вале хонахо буд хуррамбахор,

Зи лола, раёхин, зи гул кухсор.

Ба хар суй фаввораву обшор,

Зи тутиву булбул сад андар хазор.

Ба хам оташу об чамъ омада.

Ба дидан хама нури шамъ омада.

Дар ин хонахо суфрахо ду катор,

Бари хам кашида сад андар хазор,

Нишаста ба давр аз ду су гулрухон,

Хама ринду озодаву майпараст

Шахе бо чунин мулку чохи азим,

Хамерафт чун мизбони карим.

Пиёда хамерафт бо хону хон,

Ки фурсат равон аст, хуш бигзорон.

Ишорат хамекард, ки дил хуш кунед,

Мабодо, ки хотир мушавваш кунед.

Чу ин базм берун буд аз таври акл,

Ки душвор такрир мушкил ба накл.

Вале фикри Дониш, ки мухо шикофт,

Ба тахрири ичмолияш рох ёфт…

АЗ АШЪОРИ ПАРОКАНДА

Ба Адеелина Патти

Потии пориси, он сарвкади зухрачабин,

Дар табассум суи доман зи дахан гул мерехт.

Зулфи пурчини хам андар хами у дар буни гуш,

Обруи тари аз чабхаи сунбул мерехт.

Диданаш он хама кайфияти хайрат медод,

К-у зи сахбои нигах дар кафи он мул мерехт.

Лахну овози вай он сон, ки ба гуши ушшок.

Гах хаши саъва, гахе чах-чахи булбул мерехт

Аз Фитирбург азимат чу ба Амрико кард,

Нолахо аз сару аз по хама гулгул мерехт.

Маколахо

Садриддин Айни, ки ба махорати зиндагидони ва хакикатнигории Ахмади Дониш бахои баланд додааст, дар хусуси образи ин баккол дар «Ёддоштхо”-яш чунин навиштааст:

«Ин тасвири Ахмад махдум ба ман он чунон таъсир кард, ки бакколи мазкур аз назарам хеч дур намерафт ва ман хостам дар зиндаги монанди он бакколеро ёфта тамошо кунам. Бакколонеро, ки дар раставу бозор дар ду тарафи куча дар дуконхошон нишаста молхошонро мефурухтанд, дуру дароз истода тамошо кардан барои ман мумкин набуд…

Охир дар ру ба руи гушаи гарбии сахни мадрасаи Кукалтош бакколеро ёфтам, ки аз чихати киёфаи зохири хам ба бакколи Ахмади Дониш монанди дошт… Ман хар руз соатхо дар гуши сахн нишаста кору кирдори он бакколро дар зери назари диккат мегирифтам ва хама кори уро мувофики кирдори бакколи Ахмад махмуд меёфтам ва дар ин хол ба назари зиндагибин ва ба калами хакикатнигори муаллифи «Наводирулвакоеъ» тахсин бар тахсинам меафзуд».

Дар бораи таъсири Ахмади Дониш дар рохи тараккиёти минбаъдаи адабиёти точик ва махсусан насри бадеии он С. Айни чунин гуфтааст: «Дар хамон вактхо ( яъне дар вакти барои аввал хондани «Наводирулвакоеъ» дар солхои 1897 — 98) ман орзу мекардам, ки «бояд кас насрнавис шавад ва агар ин максад ба даст дарояд, монанди Ахмад махдум насрнавис шавад, ки вокеахоро дар пеши хонанда бо забони содда мучассам кунонда нишон дода тавонад… Фикри содданависи хам дар ман баъд аз шинос шуданам бо «Наводирулвакоеъ» пайдо шуд, чунки забони ин китоб ба хонандагони замони хозира хеле душвор намояд хам (ва дар хакикат хеле душвор хам хаст), дар он замонхо, ки ман ба ин китоб ошно шудам, нисбат ба дигар китобхо ва аз он чизхо, ки иншонависони хамон замон менавиштанд, хеле осон буд».

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *