Фанни Адабиёт

Ҳаёт ва эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ

БЕДИЛИ ДЕҲЛАВИ

Bedil

Бедил, маро ҳарзасароӣ шон нест,

Мадҳи миру ситоиши султон нест.

Ҳаёт ва эцодиёти Бедили Деҳлавӣ

Бузургтарин шоир, мутафаккир ва нависандаи забардаст Мирзо Абдулқодири Бедил, яке аз он эҷодкоронест, ки на танҳо ба адабиёти давр балки ба ҷараёни минбаъдаи таърихи адабиёт низ ҳамаҷониба таъсир расонидааст. Бедили Деҳлавӣ соли 1644 дар шаҳри Азимободи вилояти Банголаи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Баъдҳо ӯ дар қитъае роҷеъ ба санаи валодати хеш чунин ишораи судманд намудааст:

Ба соле, ки Бедил ба мулки зуҳур,

Зи файзи азал тофт чун офтоб.

Бузурге хабар дод аз мавлудаш,

Ки ҳам «файзи қудс» асту ҳам «интихоб».

Дар мисраи чаҳоруми қитъаи мазкур, ки моддаи таърих омадааст, агар адади ҳарфҳо тибқи ҳисоби абҷад гузошта шавад, соли 1054 ҳиҷрӣ ҳосил мешавад. Аз ин сана (1054) 32 тарҳ карда шавад, 1022 мемонад ва он бо 622 ҷамъ карда шавад, соли 1644 ҳосил мешавад, ки санаи володати Бедили Деҳлавӣ мебошад. Абдулқодир ном ва Бедил тахаллуси адабии шоир буда, унвони афтихории эҷодиаш Абулмаъонӣ мебошад. Бедил ба маънии дилдода, яъне ошиқ шарҳ дода шудааст. Падару бобоёни Бедил аз мардумони атрофи Самарқанд буда, аз сабаби нобасомониҳои авзои таърихии Мовароуннаҳр ба Ҳиндустон рафта будаанд. Ба таркиби номи хешовандон ва номи худи шоир илова гардидани вожаи мирзо гувоҳи он аст, ки нафаре аз аҷдоди ӯ сардори бузург гузашта будааст. Гузаштагони Бедил аз тоифаи сипоҳиён будаанд.

Бедил дар овони тифлӣ аз падар ятим монда, тарбия ва таълими ибтидоиро аз модар гирифтааст. Ӯ дар 5-6 — солагӣ ба мактаб дода мешавад. Бедил, дар 7- солагӣ «Қуръон»-ро ҳифз намуд. Баъдтар

илмҳои дигари замонаи хеш: сарфу наҳви арабӣ, мантиқу ҳикмат, фиқҳу калом, тафсиру ҳадис, адабиёт, тасаввуфу ирфон ва ғайраро комилан фаро гирифтааст. Устодони Бедил амакаш Мирзо Қаландар, тағояш — Мирзо Зариф, донишмандону орифони дигар: Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ, Шайх Камол, устод Абулқосим, Шайх Фозил ва дигарон будаанд.

Бедил аз мусоҳибаҳои аҳли илму фазл дар кошонаҳои — Мирзо Қаландару Мирзо Зариф баҳраи комил бардоштааст.

Истеъдоди шоирии Мирзо Абдулқодири Бедил дар синни 10-солагиаш ошкор шудааст. Зеро Бедил дар «Чор унсур» хотиррасон мекунад, ки солҳои мактабхониаш аллакай шеър мегуфтааст. Ӯ тақрибан дар 10- солагӣ ба яке аз ҳамсабақҳояш рубоии зайлро бахшидааст:

Ёрам ҳар гоҳ дар сухан меояд,

Бӯи аҷабеш аз даҳан меояд.

Ин бӯи қаланфур аст, ё накҳати гул,

Ё роиҳаи мушки Хутан меояд.

Бедил соли 1665 аз Биҳор ба шаҳри Деҳлӣ меояд.

Аз мулки Биҳор сӯи Деҳлӣ Чун ашк равон шудем бекас.

Бедил дар синни 25-солагӣ хонадор мешавад ва барои касби маош ба хидмати писари Аврангзеб — Аъзамшоҳ ба ҳайси сипоҳӣ ба фаъолият мепардозад. Нафаре аз наздикони Бедил шоир будани ӯро ба Аъзамшоҳ хабар медиҳад. Шоҳ Бедилро даъват намуда, аз ӯ хоҳиш менамояд, ки барояш мадҳияе бинависад. Ин рафтори ҳоким Бедилро озурда мекунад ва ӯ аз хизмат даст мекашад. Аслан Бедил як марди сарбаланд, бовиқор, бонанг, худогоҳ будааст, ки мегӯяд:

Ай басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли чоҳ аст.

В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ,

Рӯсиёҳи адаб аз мадҳи амиру шоҳ аст.

Марҷаи маънии ин сустхаёлон дарёб,

То бидонӣ чӣ қадар фитраташон кӯтоҳ аст.

Силамуштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд Гар ҳама пой дар афлок ниҳад дар чоҳ аст.

Мирзо Абдулқодири Бедил баъд ба Акбаробод рафта дар маҳфилҳои адабӣ иштирок менамояд ва бо шоирони хушзавқу донишмандони замон — Иззат, Зуҳурӣ ва дигарон шиносоӣ пайдо мекунад.

Шоир баъдан ба шаҳрҳои Панҷоб, Лоҳур, Кашмир, Мултон, Сарҳинд ва ғайраро сайр карда, таассуроташро оид ба шаҳрҳои зикршуда дар асари худ «Чор унсур» хеле муфассал баён намудааст. Ин сафарҳо барои шоир як дарси зиндагӣ буд, чаро ки хоси ӯ тавонист ба ҳаёти табақаҳои мухталифи иҷтимоии ҷамъият шинос шавад.

Умуман, ин шоири мутафаккир аз нигоҳи тангии маишӣ басо танқисиҳо кашидааст. Бедил ҳатто то синни 41-солагӣ манзили истиқоматӣ надоштааст. Баъдтар бо дастгирии дӯстон шоир соҳиби манзили шахсӣ мешавад. Зеро ихлосмандонаш ба ӯ аз шаҳри Деҳлӣ ҳавлии истиқоматӣ ёфта медиҳанд.

Ҳамсари аввалаи Бедил дар синни 38-солагии шоир аз олам чашм мепӯшад ва ӯ бори дигар хонадор шуда, баъдҳо дар синни 64-солагӣ писардор гардидааст. Дареғо, писари шоир дар овони тифлӣ аз олам гузаштааст.

Шоири мутафаккир поёни рӯзгори хешро дар шаҳри Деҳлӣ гузаронида, дар ҳамон ҷо, дар синни 77-солагӣ, яъне соли 1721 вафот кардааст.

Муаллифи тазкираи «Хизонаи омира» — Мир Ғуломалихони Озод дар вафоти Бедил қиъаи зеринро сурудааст:

Сару саркадаи арбоби сухан Аз ғамободи ҷаҳон хуррам рафт.

Гуфт таърихи вафоташ Озод:

«Мирзо Бедил аз олам рафт».

Дар қитъаи мазкур моддаи таърих мисраъи чорум аст. Агар қимати ҳарфҳои ин мисраъ аз рӯи ҳисоби абҷад дуруст гузошта шавад, соли 1133 ҳиҷрӣ ҳосил мегардад ва аз он 34 тарҳ карда шавад, 1099 боқӣ мемонад.

1099 бо 622 ҷамъ карда шавад, соли 1331 ҳиҷрӣ ҳосил мегардад ва аз он 34 тарҳ карда шавад, 1099 боқӣ мемонад, 1099 бо 622 ҷамъ карда шавад, соли 1721 ҳосил мегардад, ки он соли вафоти Бедил аст.

Куллиёти Бедил

Шеърам, ки ба сад забон фуруд омадааст,

Дар чандин вақт он фуруд омадааст.

«Таврот» набуд, то бигӯям, ки ҳама Якбора зи осмон фуруд омадааст.

Эҷодиёти ин шоири мутафаккир хеле гуногунмавзӯъ ва серсоҳа буда, дар шаклҳои назму наср боқӣ мондааст, ки «Куллиёт»-и ӯро фароҳам меорад. Муҳим он аст, ки Бедил аз овони хурдсолӣ ба корҳои эҷодӣ рӯ оварда, фузун аз 65 сол эҷод кардааст.

Таркиби «Куллиёт»-и Бедил дар маҷмӯъ шомили 65 ҳазор байт буда чунин аст:

1) «Дебоча», 2) «Ирфон», 3) «Тӯри маърифат», 4) « Нукот», 5) «Ишорот ва ҳикоёт», 6) «Руқаот», 7) «Чор унсур», 8) «Муҳити аъзам», 9) «Тилисми ҳайрат», 10) «Ғазалиёт», 11) «Рубоиёт», 12) «Қасоид», 13) «Қитьаот», 14) «Таркибот ва тарҷеот», 15) «Ташбеҳот ва тамсилот».

Девони Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар дохили « Куллиёт»-и ӯ омадааст, аз ғазалиёт, рубоиёт, қасоид, қитьаот, таркиботу тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот иборат мебошад. Миқдори умумии абёти таркиби девони Бедил 37500 байтро ташкил медиҳад.

Дар девон ҷои аввалро ғазалиёт ишғол менамояд, ки миқдоран 2165 ғазал буда, 23 ҳазор байтро дарбар мегирад.

Яке аз навьҳои адабии дигар, ки дар девони Бедили Деҳлавӣ мавқеи намоён дорад, рубоӣ мебошад. Дар девони шоир 3500 рубоӣ дарҷ гардидааст. Шояд сабаби асосии ба рубоӣ нисбатан таваҷҷӯҳ зоҳир намудани Бедил он бошад, ки дар ин жанр ҷой додани афкори фалсафӣ, ирфонӣ-тасаввуфӣ, ишқӣ, панду андарзӣ хеле мувофиқу созгор аст.

Мавқеи жанрҳои дигари шеьрӣ: қасоид, қитьот, таркиботу тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот, ки дар девон омадаанд, ба мавзӯьҳои мухталифу масоили гуногун бахшида шудаанд. Аз ҷумла, ишқу ирфон, ситоиши инсон, тасвири манозири олам, масоили фалсафӣ, ҳаётӣ — иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, адабӣ-эстетикӣ ва ғайра.

Маснавӣ дар эҷодиёти Бедил мавқеи муҳим дорад, ки номгӯи онҳо чунин аст:

  1. «Тилисми ҳайрат». Нахустин маснавии Бедил буда, соли 1669 таьлиф шудааст. Асар аз 3750 байт иборат мебошад ва дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси мақсур ё маҳзуф навишта шудааст, ки афоьили он чунин аст:

V — — — / у — — — / у — ~

Яьне, мафоьӣлун, мафоьӣлун, фаьӯлон. Дар ин маснавии Бедил нуфузи таьлимоти маҷзубия ба мушоҳида мерасад.

  • «Муҳити аьзам». Маснавии мазкур соли 1681 таьлиф шуда, аз 4500 байт иборат мебошад. Асар дар жанри соқинома навишта шудааст ва вазни он Мутақориби мусаммани мақсур буда, шакли афоьили он чунин аст:

V — — / V — — / V — — / V ~

Яъне, фаъӯлун, фаъӯлун, фаъӯлун, фаъӯл. Маснавӣ дорои ҳашт боб буда, тасаввуфист ва тасвирҳои маҷозии асбоби тараб: май, хум, ҷом, даф, най, чанг, танбӯр, қонун ва ғайра дар он мавқеи асосӣ доранд. Дар асар доир ба саргузашти симоҳои тасаввуфу ирфон ҳикоятҳо оварда мешавад.

  • «Тӯри маърифат». Маснавии мазкур соли 1687 таълиф гардида, дорои 1500 байт мебошад. «Тӯри маърифат» дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур эҷод шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

V — — — / V — — — / V — ~

Яъне, мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлон. Маснавии «Тӯри маърифат»- ро Бедил «Мактуби манзум» низ номгузорӣ намуда, онро ба дӯсти худ, шоиру донишманди муосираш — Шукруллоҳхон мебахшад. Дар маснавии мазкур асосан кӯҳи Байроти Ҳиндустон ба тасвир гирифта мешавад. Чунончи, шоир мегӯяд:

Тапиш фарсуд шавқи нолатимсол,

Зи таҳрики нафас вомекунад бол.

Ки хомӯшӣ навосоз аст имрӯз,

Ғубори сурмаву соз аст имрӯз.

Зи тӯри маърифат маънӣ сароям,

Ба чандин кӯҳ менозад садоям.

Шоир манзараҳои зебои кӯҳи Байротро дар қиёс бо кӯҳи Тӯр, ки Мусо дар он ҷо нури Илоҳиро дидааст, ба тасвир гирифтааст:

Кунун дар кӯҳи Байрот обу рангест,

Ки ҳар сангаш ба дил бурдан фарангест.

  • «Ишорот ва ҳикоёт». Ин асари Бедил аз маҷмӯи пораҳои шеърӣ, ки дар шакли маснавӣ таълиф шудаанд, иборат аст. Шеърҳо дар шакли маснавӣ навишта шуда бошанд ҳам, дар вазнҳои гуногун иншо шудаанд. Ҳаҷми умумии абёти маснавӣ 1300 байт буда, асосан мавзӯи асар тасвирҳои хеле сершумори табиатро низ фаро мегирад. Масалан, намунае аз ишороти якум:

Саҳар оина ҳампардози дил буд,

Сафое имтиёзи обу гил буд.

Нахустин, ки зи таҳқиқ кардам оғоз,

Ба рамзи обу хокам чашм шуд боз.

Тааммул сарфи кори ину он шуд,

Чароғи хилвати ҳар як аён шуд.

Ниҳол аз хоки гулшан дар қафас дошт,

Ҳубоб аз оби худ ҷӯши нафас дошт.

Яқинам шуд, ки дар ҳар қатра ҷонест,

Ниҳон дар ҳар кафи хоке ҷаҳонест.

  • «Ирфон» дар мероси адабии Бедил калонтарин асар буда, аз 11 ҳазор байт иборат аст ва дар шакли маснавӣ эҷод шудааст. Санаи таълифи асар соли 1712 буда, дар ин асар шоири мутафаккир ба муҳимтарин масъалаҳои ирфону тасаввуф, масоили мухталифи ҳаёт, қонуниятҳои рушди ҷомеа, мақоми инсон дар ҳаёт, воқеияти зиндагии пурзиддиятҳои инсонӣ рӯ овардааст. Инчунин, дар он ақидаҳои илмӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, тасаввуфӣ, иҷтимоӣ, ахлоқии мутафаккир инъикос ёфтаанд, ки басо муҳиму арзишманданд. Дар асар зарару офатҳои бекорӣ баён гардида, пешаи кишоварзӣ, деҳқонӣ аз тамоми касбҳои дигар афзалиятнок дониста мешавад. Махсусан, дар ҳикояти «Комде ва Мадан» адолат ва ноадолатӣ қиёсан ба тасвир гирифта шуда, бебақоии зулму истибдод нишон дода мешавад.

Маснавии «Ирфон» дорои 10 боб бошад ҳам, иртиботи мантиқии бобҳо ба мушоҳида мерасад. Асар асосан ақоиди фалсафӣ — ирфонӣ, тасаввуфӣ, ҳаётӣ — иҷтимоӣ, ахлоқӣ — тарбиявӣ ва ғайраро фаро мегирад. Аз ин рӯ, маснавии «Ирфон» барои муайян намудани ҷаҳонбинии Бедил, мақому мартабаи ӯ дар таърихи адабиёт, ҳунари шоир дар эҷоди маснавӣ ва умуман пояи суханварии ӯ арзишманду муҳим ва ҷолибу зарурист.

Асарҳои насрии Бедил

Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, файласуф, мутафаккир ва инчунин нависандаи забардаст низ ҳаст. Асарҳои насрии Бедил мақому пояи ӯро дар рушду таҳаввулоти насри адабии аҳди таназзули феодализм нишон медиҳад. Осори насрии Мирзо Абдулқодири Бедил низ дар мавзӯъҳои мухталиф эҷод гардидаанд ва онҳо низ дар дохили «Куллиёт»-и ӯ омадаанд:

  1. «Дебоча». Бедил бо чунин унвон бар муқаддимаи девони ашъори худ ба наср навиштааст. Муҳим он аст, ки дар ин асар аз пораҳои шеърӣ низ хеле устодонаву огоҳона истифода кардааст. Адиби мутафаккир пас аз ҳамду наът, моҳияти каломи бадеъ, равобити шаклу мазмуни бадеӣ, машаққат ва назокати ҷараёни эҷоди бадеъ ва умуман кори эҷодӣ, хусусиятҳои эҷодиёти хеш, хусусан осори манзум ва коргирӣ аз мавзӯъҳои мадҳӣ, ҳаҷвӣ ва ғайра баҳсҳои судманд ба миён меорад.
  2. «Нукот». Ин асари Бедил насрӣ буда, дар он аз зикри пораҳои гуногуни шеърӣ хеле фаровон кор гирифта шудааст. Дар ин асар Бедил ақоиди фалсафӣ, тасаввуфӣ-ирфонӣ, иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, ҷомеашиносии худро баён намудааст. Ӯ барои таҳким бахшидан ба андешаҳову ақидаҳои гуногуни худ дар ин асар аз пораҳои шеърӣ хеле устодона кор гирифтааст.

Назм ҳатто нисбат ба наср дар ин асар нуфуз дорад. Аз ҷумла дар асар бештар жанрҳои рубоӣ, мусаммати мухаммас, қитъа, ғазал, фард ё муфрадот истифода шудаанд. Чунончи: «Нукта — Маҷоз, яъне олами эътиборро ниҳоле тасаввур намудан аст, ки тухми он ҷуз ҳақиқат нест, дар мартабаи ниҳол аз тухм асло нишон натавон ёфт ва ҳамчунон аз шоху барг ҳеч натавон шикофт.

Рубоӣ:

Ай он ки гаҳе хилвату гаҳ анҷуманӣ,

Пайваста ба ваҳми ғайр оташ фиканӣ.

Найранги дуӣ боз надорад ин ҷо,

Ман бо ту туам, чунон ки бо ман ту манӣ.

Асари мазкур барои муайян намудани ақидаҳову ҷаҳонбинии Бедил, барои таъин намудани мавқеъ ва пояи адиб дар таҳаввули насри бадеии асримиёнагии тоҷик арҷманд аст.

  • «Руқаот». Руқаот ё номанигорӣ яке аз жанрҳои машҳури адабиёти асримиёнагии форс-тоҷик аст, ки дар ду шакл — назму наср дучор мешавад. Санъати номанигорӣ махсусан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ниҳоят устодона ва дар ғояти фасоҳату малоҳат ба мушоҳида мерасад. Аз асри XI сар карда намунаҳои мансуру мустақили он зуҳур мекунад. Шояд асосгузори он Ҳаким Саноии Ғазнавӣ бошад. Маълум аст, ки дар ин жанри адабӣ хусусиятҳои насри адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, ёддоштӣ дар шакли омехта низ меояд.

«Руқаот»-и Бедил асари насрӣ буда, дар он пораҳои шеърӣ низ истифода шудааст. Яъне маҷмӯи номаҳоест, ки Бедили Деҳлавӣ онҳоро дар вақтҳои гуногун, бо шахсони алоҳида навиштааст. Касоне, ки Бедил ба онҳо нома навиштааст, онҳо дӯстону муқаррабон, ҳамфикрону ҳамақидаҳояш, умуман шахсиятҳои боэҳтироми даврони эҷодкоранд. Мактубҳо бештар ҷавобӣ буда, ҷавоби номаи нафаре аз хамфикрону наздикони Бедил аст. Мактубҳо аз ин рӯ, арзиши адабӣ-шарҳиҳолӣ дошта, равобити адабӣ — эҷодӣ, муносибати шахсиятҳо, симоҳои илмӣ, адабӣ, фарҳангии замони мутафаккирро баён менамояд. Дар номаҳо бисёр лаҳзаҳои рӯзгори Бедил, муносибату гуфтор, рафтору равобити ӯ бо муосирон инъикос ёфтааст.

  • «Чор унсур». Асари калонтарини насрии Бедили Деҳлавӣ буда, соли 1705 ба табъ расидааст. Ин асар насрӣ бошад ҳам, бо пораҳои шеърӣ ақоиду андешаҳои муаллиф таҳкиму тақвият дода мешавад. «Чор унсур» дорои чор боб буда, асосан масъалаҳои фалсафӣ, чаҳор унсури офариниш: об, хок, бод, оташ, доир ба рӯҳи мутлақ, рӯҳи табиию наботӣ, ҳаёвонию инсонӣ баҳс ба миён овардааст. Дар асар фалсафаи офариниш, ҳаёту мамот, камолёбию заволпазирӣ, фано ва бақо хеле ба тафсил баён карда шудааст.

Гузашта аз ин, асар саршор аз ҳаводису воқеоти таърихӣ — лашкаркашиҳои Шоҳшуҷоъ, задухурду кашмакашиҳои сиёсӣ, нооромиҳои даврро фаро мегирад. «Чор унсур» ҷанбаҳои гуногуни ҳолномаи Бедил, муқаррабону дӯстон, хешовандону пайвандон, ҳамсӯҳбатону устодони мутафаккирро низ дар бар мегирад. Дар асар баъзе аз доираҳои адабии замон, бурду бохти сухангустарони аср, муносибати Бедил бо баъзе аз шоирони муосири худ низ инъикос ёфтааст. «Чор унсур» боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар он оид ба овони хурдсолии шоир, давраи мактабхонӣ, таҳсили мадраса ва то ба охир идома наёфтани таҳсили Бедил дар ин таълимкада, хонадоршавии ин симои эҷодӣ ва ба сипоҳгарӣ рӯ овардани ӯ ба тасвир омадааст.

Умуман «Чор унсур»-и Мирзо Абдулқодири Бедил барои баҳо додан ба адабиёти асри XVII, ба хусус насри бадеӣ, барои адибони ҷудогона ва муайян намудани ҳунари эҷодии онҳо, баҳри қиёсу тарҷеҳи пояи суханварии суханварон, оид ба сафарҳои Бедил ва дар маҷмӯъ, афкори адабию шеваи эҷодиаш маълумоти арзишманди илми, адаби ба даст даровардан мумкин аст.

Таркиби девони Бедили Деҳлавӣ

АбулмаонИ Мирзо Абдулқодири Бедил асосан дар ҳамаи навъҳои адаби эҷод кардааст. Ӯ махсусан дар кадом навъи адабие, ки эҷод карда бошад, хатман тозакору навовар эътироф шудааст.

Девони ӯ дар дохили «Куллиёт»-аш ҷойгир буда, 37500 байтро дар бар мегирад. Девони Бедил аз нигоҳи навъҳои адабИ низ нисбатан боғановат буда, аз ғазалиёт, рубоиёт, қасоид, қитъаот, таркибот ва тарҷеот, ташбеҳот ва тамсилот иборат мебошад. Навъҳои адабии мазкур дар давраҳои гуногун эҷод карда шудаанд.

Таҳлили ғазалиёти Бедили Деҳлавӣ

Аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво низ девони шоир хеле ҷолиб буда, асосан ишқ (ҳам ишқи ирфонИ — тасаввуфИ ва ҳам ишқи заминИ — байни инсонҳо), масъалаҳои фалсафИ — ҳакимона, ҳаётИ — иҷтимоИ, тарбиявИ — ахлоқИ, васфи табиату манзаранигорИ, тавсифи хисоли ҳамидаи инсонИ ва мазаммати кирдорҳои разила, ҳимояи адолату ҳақиқат, танқиди золимон, васфи хирад, илму дониш, маърифату ақл, хоксориву фурӯтанИ ва ғайраро дар бар мегирад.

Чунон ки қаблан ёдовар шудем, дар девони Бедили ДеҳлавИ пеш аз ҳама, ғазал мавқеъ дорад. Ба қавли худи ӯ, ғазалсаро беҳтарину тавонотарин эҷодкор аст:

Бедил, гуҳари назм касерост, ки имрӯз,

Дар баҳри ғазал заврақи андеша давонад.

Албатта, мавзӯи марказии ғазал ишқ ва ҷозибаҳои қалбии инсон, ҳиссиёту ҳаяҷонҳои рӯҳИ, эҳсосоти ниҳодию сиярИ, ғалаёнҳои ботинИ ва ғайра мебошад. Аз ин рӯ, ишқи тасаввуфИ — ирфонИ дар ғазалиёти Бедил мақоми махсус дорад. Ин ишқи ҷӯё буда, асли хешро меҷӯяд ва аз ин рӯ, он маънавиётсоз, тафакурсоз ва давронсоз аст. Аз тарафи дигар, ин ишқ инсони комилро ба воя мерасонад, зеро ногузиран ин инсон марҳалаҳои камолотро мепаймояд. Он вораҳидан аз олами нафсонИ ва пайвастан ба олами рӯҳонист.

Барои намуна чанд ғазалеро аз девони шоир хоҳем санҷид, ки дар онҳо офаридани мазмун, интихоби мавзӯъ, коргирИ аз ҳунари эҷод, истифодаи радифу қофия, хусусиятҳои вазнИ ва ғайра то кадомин поя сомон дода шудааст.

Чунончи, ғазали «Ҷоҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънИ нашавад»-ро аз назар хоҳем гузаронид:

Айш донад дили саргашта парешониро,

Нохудо бод бувад киштии тӯфониро.

Ашк дар ғамкадаи дида надорад қиммат,

Аз буни чоҳ барор ин маҳи канъониро,

Ишқ набвад ба иморатгарии ақл шарик,

Сел аз каф надиҳад санъати вайрониро.

Аз хату зулфи бутон тоза далел аст, ки ҳусн Карда чатри бадан асбоби парешониро.

Бор ёбӣ чу ба хоки дари соҳибназарон,

Чини домони адаб кун хати пешониро.

Резиши ашки надомат зи сияҳкориҳост,

Лозим аст абри сияҳ қатраи найсониро.

Зери гардун натавон ғайри касофат андӯхт,

Нохуну мӯ-ст расо мардуми зиндониро.

Лофи озодагӣ аз аҳли фано нозебост,

Домани чида чӣ лозим тани урёниро?

Ҷоҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънӣ нашавад,

Нисбате нест ба шероза сухандониро.

Нафаси сӯхта бояд ба тапиш равшан кард,

Нест шамъи дигар ин анҷумани фониро.

Натавон ёфт аз он ҷилваи беранг суроғ,

Магар оина кунӣ дидаи қурбониро.

Бозгаште набувад пои талабро, Бедил,

Сели мо нашнавад афсуни пушаймониро.

Ғазали мазкур муқаффо буда, калимаҳои парешонӣ, тӯфонӣ, канъонӣ, вайронӣ, пешонӣ, найсонӣ, зиндагӣ, урёнӣ, сухандонӣ, фонӣ, қурбонӣ ва пушаймонӣ ҳамқофия шудаанд, ки беистисно бо пасоянди ро омадаанд. Ҳарфи рави дар калимаҳои қофия «н» буда, танҳо дар вожаи «пешонӣ» риоя нашудааст. Ҳуруфи решаи қофия дар калимаҳои қофияшаванда «- ониро» буда, «о»-ридфи муфрад, «и»-васл, «р»-хурӯҷ ва «о» мазид аст. Яъне як унсур (ридф) то ҳарфи равӣ — «н» ва се унсур (васл, хурӯҷ, мазид) баъди равӣ омадаанд. Аз ин рӯ, қофияи мазкур мутлақ аст.

Ғазал дар баҳри Рамали мусаммани махбуни аслам эҷод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

— V — — / V V — — / V V — — / — —

Яъне: фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун, фаълун.

Аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво ғазали боло ишқӣ-иҷтимоӣ буда, оҳанги хеле қавии андарзӣ дорад. Дили саргашта — қалби ошиқ, нохудо — маллоҳ, бод аст. Парешонии дил — айши он, бод — маллоҳ ҳодии роҳи мурод мебошад. Ашк — Юсуф, чашм-чоҳ ва гиристан — зоҳиршавии Юсуф буда, ишқ — сел; хату зулф — ҷузъи ҳусн, ки боиси парешонии ошиқанд, хеле ҳунармандона корбаст шудаанд. Дар ин абёт ҳолати ошиқ мавриди тасвир қарор дорад.

Аз байти 5-ум ҷанбаи ирфонӣ қувват мегирад, ки ҳангоми мушарраф гардидан ба сӯҳбати соҳибназарон — пирон, муршидон бояд солик сахт одоби шогирдиро риоя бикунад. Агар заррае риоя нашавад, ашки пушаймонӣ рехтан фоида надорад. Тибқи назарияи сӯфиҳо ҷаҳони моддӣ — зиндон, тан ҳам барои ҷон зиндон аст. Аз ин рӯ, дунёдӯстӣ ва танпарварӣ норавост. Ҳадаф аз ҷамъи кутуб фаъолияти амалӣ накардани ориф аст. Ҳадаф аз ҷилваи баранг қурб аст, ки он на ба воситаи дидаи зоҳир, балки ба воситаи дидаи ботин муяссар мегардад.

Ибораи изофии «пои талаб» — ҳадафи ниҳоӣ, зеро он бебозгашт буда, пазирандаи афсуни пушаймонӣ нест. Яъне дар роҳи расидан ба ҳадафи ниҳоӣ пушаймонӣ ҷой нахоҳад дошт. Ориф ҳеҷ гоҳ пушаймон нахоҳад шуд.

Ғазали дигари шоири мутаффаккир, ки бо матлаи зерин шурӯъ мешавад, хеле ҷолибу ҳунармандона ва марғуб рӯи кор омадааст;

Маоли[1] кор нуқсонҳост ҳар соҳибкамолиро,

Агар моҳат кунанд, аз даст нагзорӣ ҳилолиро.

метавон онро ба пуррагӣ зикр намуд, ки то як андоза шарҳу таҳлили он аз аҳамият холӣ нест:

Рамиданҳо зи авзои ҷаҳон тарзи дигар дорад,

Ба ваҳат пеш бояд бурд аз ин саҳро ғизолиро.

Ба нақши неку бад равшандилонро дасти рад набвад,

Кафи оина мечинад гули беинфиъолиро.

Бисоти гуфтугӯ тай кун, ки дар анҷоми кор охир,

Ба ҳукми хомушӣ печидан аст ин фарши қолиро.

Вуболи ранҷи пирӣ барнатобад соҳиби ҷавҳар,

Чанор оташ занад ночор далқи кӯҳнасолиро.

Дар ин водӣ, ки хок аст эътибори ҷаҳлу донишҳо,

Ғуборе бар ҳаво дон қасри фиратҳои олиро.

Ба ваҳдатхонаи дил ғайри дил чизе намеғунҷад,

Бар ин оина ҷуз тӯҳмат мадон нақши мисолиро.

Агар хунсардии дил обёри мазраъат бошад,

Чу тухми обила нашъунамо кун поймолиро.

Ба чанги ағниё домони фақр осон намеафтад,

Ба чинӣ хок гардад, то шавад қобил сафолиро.

Чӣ имкон аст, Бедил, мунъим аз ғафлат бурун ояд,

Ҳуҷуми хоби харгӯш аст яксар шери қолиро.

Ғазали мазкур мураддаф нест, муқаффост. Калимаҳои саҳибкамолиро, ҳилолиро, ғизолиро, беинфиъолиро, қолиро, кӯҳнасолиро, олиро, мисолиро, поймолиро, сафолиро ҳамқофия шудаанд. Решаи қофия «олиро» буда, ҳарфи решагии калимаи қофия ё худ равӣ «л» мебошад. Яъне; «о» ридфи мудрад ва «и»-васл, «р»- хурӯҷ, «о»-мазид буда, пас аз рави се унсур ва пеш аз равӣ якто омадааст. Шакли қофия мутлақ мебошад. Бояд гуфт, ки дар ғазали мазкур қофия ба ҷуз талаботи жанрӣ, инчунин вазифаи хушоҳангӣ, равонӣ ва бештар аз он бори маънибофӣ, мазмунофаринӣ низ мекашад.

Аз нигоҳи истифодаи вазни ин ғазал хеле ҷолибу ҷаззоб аст. Он дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани солим иншо гардида, дорои афоъили зерин мебошад:

V — — — / у — — — / у — — — / у — —

яъне, мафоъӣлун, мафоъилун, мафоъӣлун, мафоъӣлун.

Ғазал аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво комилан мазмуни иҷтимоӣ дошта, таҷрибаи ҳаёт, ҳикмати зиндагӣ, андарзи рӯзгор бунёди тематикии онро фароҳам овардааст. Фалсафаи инкишофи оламу одам ва таҷрибаҳои ҳасилкардаи инсон асоси онро ташкил намуда, аз оғоз то анҷом давом мекунад. Яъне махлуқ пас аз ҳадди камол дучори нуқсон аст. Пас ғизолиро низ гоҳе метавон касб кард, ки мақсад сифат аст, яъне рамандагӣ аз миёни мардум ва тарки дунёву афзал донистани уқбо баён шудаасат.

Равшандилон истиора буда, киноя аз орифону сӯфиён аст, ки ба неку бад яксонанд ва ин сифати онҳо монанд ба кирдори ойина аст, ки зишту накӯро яксон инъикос менамояд. Водӣ ё худ ин водӣ-дунёи моддӣ, хок- камарзишӣ ва фитрати олӣ-шахсиятҳои соҳибмаърифат буда, ҳадафи Бедил бевафоии олам ва Ҳақшиносии инсон мебошад. Дил-каъбаи сират ва ваҳдатхона-хона барои як нафар — Худо, яъне хонаи Худо аст. Аз ин рӯ, ба ҷуз худи дил дар ӯ (дар дидаи зоҳир) чизи дигаре нест.

Мунъим — сармоядор, касе ки умре ҷуз ғановати моддӣ — танпарварӣ чизи дигареро намедонад ва инро Бедил ба ду чиз шабеҳ донистааст: яке хоби харгӯш, дигаре расми шери рӯи қолӣ ва ҳадаф аз ҳар ду монандӣ ғафлатварзӣ ва бехабарӣ аз гузашти умр ва газидани ангушти ҳайрат мебошад.

Умуман, мазмуни ғазал паймудани мароҳили камолот ва ҳушёриву зиракӣ дар ин ҷода ва беш аз он эҳтиёт аз тағофул аст, ки боиси пуштидастгазиҳо мегардад.

Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои назми Бедил ва аз ҷумла, ғазалиёти шоири мутафаккир дар он аст, ки ӯ шеъри андеша мегӯяд. Аз ин рӯ, дар гузашта низ пас аз омӯзиши «Каломи шариф», «Чаҳор китоб», «Девон»-и Ҳофиз, баъд ба омӯхтани эҷодиёти Бедил шурӯъ менамуданд.

Умуқи андеша, паҳнои фикр, ҷавлони тахаёюл, санъати вожасозиву суханороӣ, дарёфти ҷузвиёти суварӣ ва назокати тасвир танҳо хоси ҳунари эҷодии абулмаонӣ аст. Аз ҷумла барои ифодаи мушаххастар ба ғазали зерин рӯ меорем:

Чашми ту ба ҳоли ман гар ним нахар хандад,

Хорам ба чаман нозад, айбам ба ҳунар хандад.

То чанд бар он ораз бар рағми нигоҳи ман,

Аз ҳалқаи гесӯят гулҳои назар хандад.

Дар кишвари муштоқон бепартави дидорӣ Хуршед чаро тобад? Баҳри чӣ саҳар хандад.

Дил мечакад аз чашмам, чун абр агар гирям,

Ҷон медамад аз лаълат, чун барқ агар хандад.

Бо аҳли фано дорад ҳар кас сари якрангӣ,

Бояд, ки ба ранги шамъ аз рафтани сар хандад.

Як хандаи ӯ барқи бунёди ду олам шуд,

Дигар чӣ бало резад, гар бори дигар хандад?

Дар ҷӯи дами теғат ширинии обе ҳаст,

К-аз ҷӯши ҳаловатҳо захмаш ба шакар хандад.

Сомони тараб саҳл аст з-ин нақш, ки мо дорем,

Субҳ аз ду нафар фурсат бар худ чӣ қадар хандад?

Ҳар шабнам аз ин гулшан тамҳиди гуле дорад,

Бо гиря мадоро кун, чандон ки асар хандад.

Аз саъйи ҳавас бигзар, Бедил, ки дар ин гулшан.

Гул низ агар хандад, аз паҳлуи зар хандад.

Ғазали мазкур мураддаф буда, калимаи «хандад» радифи сода аст ва калимаҳои назар, ҳунар, саҳар, агар, сар, дигар, шакар, қадар, асар, зар ҳамқофия шудаанд. Қофияҳои дар ғазали боло зикршуда муқайяд буда, бо равӣ (ҳамсадои «р») интиҳо ёфтаанд.

Ғазал дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраб эҷод гардида, афоъили он чунин аст:

— — V / V — — — / — — V / V — — —

яъне, мафъӯлу/ мафоъӣлун/ мафъӯлу/ мафоъӣлун.

Ҷузъиёти ҳунарӣ ва дарки маънӣ вобаста ба маърифати маъноию вазифаи бадеии лафз аст, ки барои дарёфти ҳадафи эҷодкор мусоидат менамояд. Чунончи, хандидани чашм — назарафканӣ, нози хор дар чаману тамасхури айб бар ҳунар — киноя аз барҳамзании ғаразҳо ва дарки асолати сидқ аст. Рағми нигоҳ, гули назар, ҳалқаи гесӯ… ибораҳои маъмулӣ буда, ошиқ аз наззораи ҷамоли маҳбуба бенасиб аст, зеро ҳалқаҳои мӯ чун ҳиҷобанд ва ин ба он монанд аст, ки чашми холдор низ аз наззора маҳрум мебошад. Ҳадафи аслӣ висол буда, шиква аз фироқу ҳиҷрон басо шоирона рӯи тасвир омадааст. Фано — оғози бақост ва нурафкании шамъ — гузаштан аз сар — бақои ӯст, ки дар вуҷуди маҳбуб бақоро мебинад. Хадаф аз теғу ҷӯши ҳаловатҳо ибораи рамзии теғи нигоҳ аст, ки ҳаловати гуворо дорад, ки киноя аз захми теғ-қурбони нигоҳ гардидан мебошад. Дар байтҳои минбаъда низ ҳадафҳои иҷтимоӣ матраҳ шудааст, зеро татбиқи орзуву ниёзҳои инсонӣ, ба қавли шоири мутафаккир, ки сомони тараб, мадоро, тамҳид, ҳавас ва ғайра ҷузъиёти онанд, он гоҳ даст медиҳанд, ки ғановати моддӣ бошад. Масалан, агар гул дар замири хеш зар (зардии дохили ғунча) надошта бошад, намешукуфад. Яъне аз хандидан маҳрум аст. Албатта, муроди шоир ҷаҳони моддист, зеро ин гулшан ҳамин маъниро дорад.

Дигар аз нозукиҳои санъати ғазалсароии ин мутафаккир он аст, ки ҷузъиёти лирикии тасвир комилан махсус, воқеӣ, мушаххас, дастрас, рӯзгориву табиӣ, ҳаётианд. Ӯ аз чунин ашёву ҷузъиёти табиат тасвирсозиву маъниофаринӣ мекунад, ки он танҳо хоси ҳунари эҷодии Бедил аст. Касе аз пайравонаш дар баробари шоир ҷой гирифта натавонистаанд. Ё худ саъйи ҳавас — орзу кардан, ин гулшан — дунёи моддӣ, палӯ — ба маънии нерӯ, мусъидат дастгирӣ ва ғайра, зар — гарди дохили гул, ки барои нашъунамояш мусоъидат мекунад.

Яъне, шоир беҳбудии сатҳи зиндагиро марбут ба дороӣ ё ғановати моддӣ медонад, ки дуруст аст.

Мақсади адиб дар ин ҷо он аст, ки дар олами моддӣ бе ғановати моддӣ, бе боигарӣ зиндагӣ кардан маҳол аст. Ҳамчунон ки агар гул ҳам аз зардии дохили худ маҳрум бошад, ёрои шукуфтан намекунад.

Дарёфти мақсад, дарки маънӣ, фаро гирифтани ҳадафи асосии шоир дар назми Бедил ва ба хусус, дар ғазалиёти ӯ тез ва ба осонӣ даст намедиҳад. Ӯ асосан сарбаста сухангӯӣ мекунад. Маънии шеър, моҳияти мақсади адиб печида аст ва аз ин рӯ, маънии шеърро тавассути заҳматҳои шабонрӯзӣ метавон сарфаҳм рафт.

Барои мисол ба ғазали дигари Бедил рӯ оварда мебинем, ки он аз нигоҳи ҳунар, маҳорату малака, завқу истеъдоди шоирӣ дар кадомин поя қарор дорад. Инчунин, ғазали мазкур ба кадом мақсад эҷод шудааст ва дарки мазмуну мӯҳтаво ва маънии он чӣ гуна даст медиҳад. Чунончи:

Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар,

Чун сафи мижгон ду олам маҳв шуд дар якдигар.

Бастаам маҳмил ба дӯши яъсу аз худ меравам,

Боли парвозӣ надорад субҳ ҷуз чоҳи дигар.

Хидмати мӯи миёнат то киро бошад насиб,

Гулрухонро з-ин ҳавас зуннор мебандад камар.

Ваҳдати ҳасрат ба ин камфурсатӣ махмури кист?

Сурати ҳамёза дорад чини домони саҳар.

Оламеро аз тағофул рабти улфат додаем,

Нест мижгон қобили шероза бе забти назар.

Ин таносонӣ далели ваҳшати саршор нест,

Ҳар қадар афсурда гардад санг, мебандад камар.

Гар фалак беэътиборат кард, ҷои шиква нест,

Бар ҳаловат бастаи дил чун гиреҳ дар найшакар.

Сайри рангу бӯ ҳавас дорӣ, зи гул ғофил мабош,

Шӯхии парвоз натвон дид ҷуз дар болу пар,

Чанд бояд шуд ҳавасфарсуди пар, касби эътибор,

Марҳам, ай ғофил, намеарзад ба чандин дарди сар.

Манзили саргаштагони роҳи аҷз афтодагист,

То дили хок аст, Бедил, ашкро ҳадди сафар.

Ғазали мазкур дорои матлаъ ва мақтаъ, тахаллус буда, аз 10 байт иборат аст. Ғазал радиф надорад ва қофияҳои он аз калимаҳои зерин: назар, якдигар, ҷигар, камар, саҳар, найшакар, пар, сар, сафар фароҳам омадаанд. Решаи қофия «ар» буда, «р»-и ҳарфи равӣ мебошад. Аз сабаби он ки қофия бо равӣ тамом шудааст ва пас аз он унсури дигаре иштирок надорад, чунин шакли қофияро қофияи муқайяд мегӯянд.

Ғазал дар баҳри Рамали мусаммани маҳзуф эҷод гардидааст, ки афъили он чунин аст:

— V — — / — V — — / — V — — / — V —

яъне фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун.

Дар байти аввал шоир мегӯяд, ки ба ҷуз ту ман аз ҳама рӯй гардонидам ва ду олам барои ман ҳеҷ аст. Маҳмил бастан — ихтиёри сафар кардан, дӯши яъс — ҷониби навмедӣ, аз худ рафтан — нест гардидан ва ғайра, ки омадан ба ин ҷаҳон омодагӣ ба ҷаҳони дигар (боқӣ) аст. Ин мисли субҳ аст, ки баробари фароравӣ, нест мешавад ва мӯҳлати ҳастиаш низ хеле кӯтоҳ аст. Мӯи миён — нозукӣ, хидмат — омодагӣ ба кор, зуннор бастани камар — ба хидмат тайёр будан мебошад. Яъне ба умеди шарафёбӣ ба хидмати маҳбуба ҳама омодаи хизмат ҳастанд. Ваҳшат — рамандагӣ, ваҳшати ҳасрат — лаҳзаи ҳавасҳо, махмур — хуморолуда, хамёза — даҳанвоҷак — кӯтоҳии фурсат. Чини домон — ҳаракати босуръат ва ғайра. Маънии ин ифодаҳо он аст, ки умр чунон шитоб дорад, ки ҳатто кирои орзуҳову ҳавасҳо намекунад. Ё ин ки: оламе — ҷаҳоне, дунё, ки киноя аз инсонҳост. Тағофул — ғафлат, бехабарӣ; рабти улфат — низоми хушҳолӣ, шероза — васлкунандаи авроқ ё чизи дигар, забти назар

  • сарфи назар ё боз доштани нигоҳ. Мақсад он аст, ки бехабарии мо боиси хушҳолии дигарон шудааст. Ҳолати қаҳрамони лирикӣ ҳолати чашм дар пайкари инсон аст. Агар боз ё пушида аст, аз фоида холӣ нест. Дар ҳолати боз будан мушоҳида мекунад, мебинад. Дар ҳолати пӯшидани чашм мижгонҳо ба ҳам меоянду осуда мешаванд.

Ва ё вожаҳои таносонӣ — танпарварӣ, осудагӣ; далел — аломат, нишонӣ… ваҳшат — одамгурезӣ; саршор — фаровон, бисёр; афсуда гаштан

  • корношоямӣ, фарсудашавӣ, яъне киноя аз қувватгирӣ ва омодашавӣ буда, камар бастан бошад сифати ҳамон тайёрӣ мебошад. Яъне манзури адиб соликони роҳи ҳақ аст, ки онҳо ҳар қадаре дунёбезору неъматбадбин бошанд, ба ҳамон андоза омодаву дастандаркоранд. Зеро таносонӣ инсонро ба дунёву неъматҳои он пойбанд месозад.

Лафзи ҳаловат — гувороӣ, ширинӣ киноя аз нозу неъматҳои дунёӣ; гиреҳ — пардаҳои дохили найшакар, ки пас аз гирифтани ҳосил онҳо нолозим мешаванд.

Мақсади шоир он аст, ки аз беэътиборӣ шиква кардан хуб нест, зеро худи шахс гунаҳкор аст, ки ба нозу неъмат дилбастагӣ дорад. Яъне шахси ҳарис — каси беэътибор, хору залил мегардад.

Ифодаи сайри рангу бӯ — майл ба сӯи бӯю ранг, яъне дунё; гул — манбаъ, маншаъ аст, зеро манбаи накҳат ҳамоно гул аст. Шӯхии парвоз — азми парвоз, бавуқӯъоӣ, ҳадафи адиб он аст, ки инсон олами мӯъҷизаосоро набояд зоҳирбинӣ кунад, мисли он ки ҷавҳари накҳат — гул, ҷавҳари олам — Холиқи он аст. Яъне парвозро ҳамагон мебинанду медонанд, вале асоси он болу пар аст, ки бе он парвоз номумкин мебошад.

Ё ин ки калимаҳои ҳавасфарсуд — дар ҳасрати чизе умрро сарф кардан; касби эътибор — бообрӯ шудан; марҳам — дорӯ; яъне то кай баҳри эътибор саъй мекунӣ? Агар обрӯю эътибор барои инсон марҳам бошад, талош баҳри он ранҷ аст.

Ниҳоят калимаи «манзил» роҳи — ҳадафноки мусофир; роҳи аҷз — роҳи тариқат; ҳадди сафар — масофаи тайкардаи солик аст. Мақсади шоир он аст, ки нозукии роҳи соликро мисли роҳи ашки мижгон медонад, ки хеле нозук мебошад. Ҳамин ки заррае азм аз низом дур шуд, ба хок афтода нобуд мешавад.

Дигар аз хусусиятҳои ғазалиёти ин симои бузург он аст, ки аз нигоҳи шакл комилан суннатист, яъне вазн, радифу қофия, теъдоди абёт, риояи матлаъ ва мақтаъ, истифодаи тахаллус ва ғайра. Албатта, дар ҷузъиёти масъалаҳои шаклӣ, хусусан ҷиҳатҳои забонӣ, тозакориҳо дорад, вале асосан ҳунари ӯ дар эҷоди маъниҳо, ҳадафнокии тасвирҳост. Маҳз ҳамин сабаб буд, ки Мирзо Абдулқодири Бедил унвони ифтихории Абулмаъонӣ»-ро сазовор гардид. Яъне пас аз Саноӣ, Аттор, Ҳоқонӣ,

Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ироқӣ, Хусрав, Ҳофизу Камол, Ҷомӣ ва бисёр дигарон соҳиб гардидан унвон магар осон аст?!

Аз ин рӯ, мавзӯи ғазалиёти ӯ хеле бой, серсоҳаву серпаҳлу, мухталифу гуногун аст. Ӯ махсусан вассофи ишқи ирфонӣ, тарғибгари фалсафаи ирфону тасаввуф, ҳимоягари адолату адолатхоҳӣ, тавсифгари илми ҳикмат, ҳақиқату покӣ, ҳақҷӯиву ҳақгӯӣ ва ғайра мебошад.

Дар ғазалҳои ӯ мисли кулли осораш хислатҳои ҳамидаи одамӣ: эҳтироми инсон, бузургдошти илму ирфон, некӯкорӣ, ростгӯиву ростқавлӣ, илмомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ, шикастанафсӣ, дурандешӣ, сидқу садоқат, қаноатпешагӣ, сабурӣ, хотирҷамъӣ ва ғайра бо оддитарин ҷузиёт рӯи тасвир омадаанд. Баръакс, хислатҳои разилаи одамӣ: ноадолатӣ, кибр, ҳасад, бухл, дурӯғгӯӣ, хавобаландӣ, инсонбадбинӣ, мардумфиребӣ, ҷоҳиливу нодонӣ, мунофиқӣ, рибохорӣ, палидӣ ва ғайраро сахт маҳкум менамояд, ки ҷанбаҳои фалсафӣ — иҷтимоии мавзӯи ашъорашро ташкил намудаанд. Ӯ ба мавзӯъҳои суннатии ғазал рӯ оварда бошад ҳам, дар ҷузъиёт тозакорӣ дорад. Вале тозакориҳои ҷиддиро Бедил дар маънӣ, мӯҳтаво ва моҳияти масъалаҳо ворид сохтааст.

Дар маркази тематикии ашъори Бедил, ба хусус,ғазалҳои ӯ симои инсон меистад. Шоир тарҷеҳи инсонро нисбат ба дигар махлуқот қоил шуда, бартарии инсонро дар хиради ӯ, дар фаъолияти вай мебинад, шоир тавассути эҷоди бадеъ мехоҳад оламеро (инсонҳоро) аз ғафлат барорад. Аз ин рӯ, ғазали Бедил ғазали андеша аст. Бунёди ғазалиёти Бедил бар андеша асос ёфтааст. Ӯ ҳатто оид ба мақому мартаба, ҷоҳу ҷалоли инсон қасидаи ҷудогона дорад, ки метавон чанд байте аз онро зикр намуд:

Ай шамъи базми қудс[2], надонам чӣ мазҳарӣ[3],

К-аз ваҳм[4] гоҳ равшану гоҳе мукаддарӣ[5],

Гоҳ аз самуми[6] қаҳр чу гулхан пуроташӣ.

Гоҳ аз насими лутф чу гулшан муаттарӣ.

Дар чор рукни[7] даҳр туӣ ҳайрати зуҳур,

Дар ҳафт баҳри чарх[8] ту ноёб гавҳарӣ.

Ғофил зи худ мабош, ки чун шамъи офтоб Иқболи ҳафт маҳфилу[9] нӯҳ қасри ахзарӣ.

Аз ҳар шайъе[10], ки аҳли ту фаҳмад афзалӣ,

Аз ҳар макон, ки фаҳми ту пай бурд, бартарӣ.

Ҳар ҷо нигоҳ меравад, он ҷо ту рафтаӣ,

Ҳар сӯ хаёл меравад, он ҷо ту мепарӣ.

Маҳкуми нафси ин ҳама дунҳимматӣ чаро,

К-андар бисоти қудс ту садру сарварӣ.

Олам ҳама мусаххари амри замири[11]туст,

Ай бехабар, ту аз чӣ ҳаворо мусаххарӣ?!

Бузургдошти инсон нисбат ба кулли мавҷудоти рӯи замин, яке аз масъалаҳои марказии эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ мебошад. Яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи эҷодиёти Бедил низ дар гузориши масъалаи мазкур ва роҳи ҳалли он зоҳир мешавад. Азбаски доираи фаъолияти инсон серсеҳа, худи инсон махлуқи басо мураккабтарини мавҷудот ҳаст, пас дарки моҳияти эҷодиёти Бедили Деҳлавӣ низ ҳамин гуна мураккаб аст. Албатта, Бедил ғазалҳое низ дорад, ки дар онҳо зебоиҳои олами мавҷуда, тасвири манзараҳо, хусусан ҷузъиёти фасли баҳор, ҷирмҳои самовӣ ва ғайра мавриди тасвир қарор дода шудаанд.

Достони «Комде ва Мадан»-и
Бедили Деҳлавӣ.

Достони «Комде ва Мадан» аввалин достони асримиёнагист, ки қаҳрамонҳои марказии он — ошиқ ва маъшуқа намояндаи аҳли ҳунар, санъатанд. Ин достон мустақил ё ҷудогона набуда, дар дохили маснавии «Ирфон» ҷой дода шудааст. Аз сабаби он, ки соли таълифи «Ирфон» 1712 эътироф шудааст, пас санаи эҷоди «Комде ва Мадан» низ бояд ҳамон сол бошад. Достони «Комде ва Мадан» аз 900 байт иборат буда, 10 бобро фаро мегирад. Достон дар шакли маснавӣ буда, дар баҳри Хафифи махбуни аслам (баъзан аслами мусаббағ, махбуни маҳзуф, махбуни мақсур) таълиф шудааст.

Афоъили он чунин аст:

— V — — / V — V — / — —

яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаълун ё фаъилун

Мазмуни достони «Комде ва Мадан» чунин аст: Яке аз шоҳони номдори қаламрави Ҳиндустон дар ҳарамсарои хеш бо номи Комде раққосаи ҳунарманду хубрӯе доштааст. Комдеи соҳибҷамол бо ҳунари волои худ, ки дар базмҳои шоҳона барпо мешуд, ҳамаро мафтуну шайдо ва шефтаву ҳайратӣ менамудааст. Чунончи:

Базми шаҳ бе рухаш ҳузур надошт,

Бо ҳозирон чароғ нур надошт.

Овозаи ҷамоли зебо ва санъати волои Комде оламгир мешавад ва дар мулки Шимоли Ҳундустон санъатвари дигаре — Мадан ном зиндагию фаъолият менамуд, ки хунёгари бемонанд ва сарояндаи хушсавте буд. Мадан овозаи Комдеро шунида бо як илоҷе худро ба қаламрави Комде мерасонад. Мадан дар як базми шоҳ иштирок намуда, ҳунарнамоӣ мекунад ва ба ҳозирин ниҳоят писанд меафтад ва ҳунарнамоии Мадан шоҳро ба ҳадде мутаассир мекунад, ки шоҳ шаддаи марвориди гаронарзишеро ба Мадан ҳадя мекунад. Санъати Мадан Комдеро низ тасхир карда буд ва Мадан шаддаи ҳадяшударо ба Комде мебахшад.

Бедил лаҳзаи мазкурро чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

К-он чи ман дорам аз сарафрозӣ,

Беҳ, ки халхоли[12] пои худ созӣ.

Рафтори Мадан боиси ғазаб гирифтани шоҳ мешавад. Шоҳ амр мекунад, ки Мадан аз шаҳр бадарға карда шавад ва агар касе ба ӯ раҳмхориро раво бинад, ба қатл расонида мешавад. Комде бошад дар ҷазои Мадан худро сабабгор медонад ва аз ин рӯ, мехоҳад Маданро бубинад:

Комде ҳар тараф «Мадан»-гӯён,

Буд чун ашк аз қафо пӯён.

Кӯчаҳо дод чок бар ҷигараш,

То расонӣ хешро ба сараш.

Комде ба сифати ришва зару зевари зиёдеро сарф намуда, Маданро ба мӯҳлати як шаб халос менамояд ва ошиқро ба хонаи худ гирифта меорад. Онҳо дар якҷоягӣ аз гардиши айёму аз ноҷуриҳои рӯзгор шикваҳо мекунанд. Рӯзи дигар золимон онҳоро ҷудо намуда, Маданро ба биёбон бурда, дар он макон ӯро танҳо мегузоранд.

Дар ҳамон сӯҳбати якшаба Мадан ба Комде гуфта буд, ки дар кадом як гӯшаи мулки Шимол дарахти муқаддасест, ки инсонро ба мурод мерасонад. Яъне, агар касе он дарахтро пайдо намуда, каме дар сояи он нишинад, ба мурод хоҳад расид. Ба ҳамин мақсад, Мадан он дарахтро ҷӯён мешавад ва аз ҷумла мегӯяд:

Меравам, то ба он дарахт расам,

Шояд аз сояаш ба бахт расам.

Лаҳзаи хайрухуш Мадан ба Комде гуле тақдим намуда, таъкид мекунад, ки агар гулро хазон бинӣ, бидон ки ҳаёти ман дар хатар аст ва умрам ба поён расидааст. Агар гул пажмурда нашавад, маро чизе таҳдид намекунад.

Мадан он дарахтро пайдо карда дар сояи он муддате хоб меравад ва ҳар замон аз Комде ёд мекунад. Аз забони Мадан номи Комдеро ҳатто паррандагони биёбон низ ҳифз карда, онҳо «Комде»-наво мешаванд. Чунончи:

Ваҳшу тайри саводо он саҳро,

Баст минқору лаб зи савту наво,

Баски бо созиш ошно гаштанд,

Як қалам «Комде»-наво гаштанд.

Боре шоҳи мулки Шимол ҳангоми шикор гузораш ба ҷавони парешонҳоле меафтад, ки дар биёбон басо афсурдаву хиҷил аст. Шоҳ ҷавонро ҳолпурсӣ мекунад ва пас аз огоҳӣ ёфтан аз ҳоли хеле парешони Мадан, ба ӯ хоҳиши ёрӣ расондан пайдо мекунад. Зеро Мадан саргузашти пурмоҷарои худро ба самъи шоҳ мерасонад. Шоҳ аз шунидани ин хеле мутаассир гардида, мехоҳад ба ошиқон ёрӣ расонад. Шоҳи мулки Шимол ба шоҳи золим нома навишта, хоҳиш менамояд, ки барои ба мақсад расидани ошиқон мусоидат бикунад. Инчунин, боисрор таъкид ҳам мекунад, ки агар ба кори ошиқон монеъ шавад, он гоҳ бо ӯ ҷанг хоҳад кард. Вале подшоҳи золим хоҳиши шоҳи одилро рад мекунад. Ниҳоят, ҷанг сар мезанад ва дар ин ҷанг шоҳи одил пирӯз мешавад:

Хоки он бевафо ба хун тар шуд, 39

Подшоҳи Мадан музаффар шуд.

Мадан аз ғалабаи шоҳи одил шод гардида, наздик омадани висолро ҳис мекунад. Комде аз ҳолати гул қиёс мекунад, ки Мадан хушҳол бояд бошад. Аз ҳолати ошиқон шоҳи одил низ хурсанд гардида, мехоҳад иродаи Маданро бисанҷад. Ӯ тавассути суханчине ба Комде мерасонад, ки Мадан дар яке аз лаҳзаҳои ҷанг ҳалок шуд. Комде баробари шунидани ин хабар, аз ҳуш меравад ва шоҳ низ аз кори худ пушаймон мешавад. Зеро ҳамон шахс хабари ҳоли Комдеро ба шоҳи одил мерасонад. Ҳангоми ба шоҳ арз намудани саргузашти Комде, Мадан дар ҳузури шоҳ буд, хабар ёфта ӯ низ аз ҳуш меравад. Шоҳи одил аз ҳазли ноҷо худ пушаймон мегардад. Шоҳ амр мекунад, ки ҷасади ошиқонро ба гармоба гузоранд. Зер шоҳ бо табибон машварат намуда буд. Онҳоро ба гармоба мебаранд ва баъди бахудоӣ, онҳо ҳамдигарро дар канори якдигар пайдо намуда, хурсандӣ мекунанд ва ба ҳамин тариқ, ба мурод мерасанд.

Достон бо ҳамин хотима меёбад. Албатта, дар адабиёти тоҷик достонҳои ишқӣ-лирикӣ хеде зиёданд: «Варқа ва Гулшоҳ», «Вис ва Ромин», «Хусрав ва Ширин»-ҳо, «Лайлӣ ва Маҷнун»-ҳо, «Фарҳод ва Ширин» ва ғайра. Вале дар асари Бедил тозакориҳо фаровон аст. Муҳим он аст, ки оптимизми бисёр қавӣ дорад. Зеро қаҳрамонҳои асосии он ба мақсад мерасанд.

Аз тарафи дигар, қаҳрамонҳои марказии достон намояндагони аҳли ҳунар мебошанд, ки ба ҷуз хунари хеш ва хизмат ба мардум, ба сиёсат ва низоъҳои дигар сару кор надоранд.

Дар ин асари Бедил шоҳи одил низ рафтори дигар дорад. Ӯ бисёр қатъӣ, ҷиддӣ ва дӯстдори ҳақиқату адолат аст. Агар ҷое ноадолатиеро бубинад, онро то ба охир месанҷад ва адолатро барқарору ҳақиқатро пойдор месозад.

Бедил исбот мекунад, ки зулм ва золимӣ бебақо ва сустпоя аст.

Образҳои асосии достон

Дар достони «Комде ва Мадан» образҳои асосӣ ва лаҳзагӣ, мусбат ва манфӣ иштирок менамоянд. Образҳои марказии он: Комде, Мадан, шоҳи кишвари Комде, шоҳи мамлакати Шимол.

Ғоя ва ҳадафи эҷодии Бедил. Дуруст аст, ки достони «Комде ва Мадан» достони ишқист ва бо оптимизми бисёр қавӣ саршор аст. Ишқи дар ин асар рӯи тасвиромада дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат сахт ҳимоя карда мешавад. Ишқи ду дилдода пок, беолоиш, холӣ аз макру ҳилла, сидқӣ, софдилона ва самимӣ буда, ҳар ду дилдода ҳам муборизанд. Онҳо тарсу ҳарос аз шоҳу амиру каси дигаре надоранд. Гузашта аз ин, Комде ва ошиқи ӯ — Мадан намояндаи як табақаи иҷтимоиянд. Онҳо соҳибҳунаранд ва ҳунарашон онҳоро машҳур кардааст. На Комде ва на Мадан ҳариси молу чиз нестанд. Онҳо барои дороиву молу пул талош намеварзанд. Шоҳ ба Мадан шаддаи марворид инъом кард, вале Мадан дар ҳузури шоҳ шаддаи марворидро нисори қудуми Комде намуд.

Аз тарафи дигар, бунёди ғоявии асарро адл ва адолатхоҳиву додгустарӣ фароҳам меорад. Албатта, адлу дод дар муқобили зулму бедодӣ меистод. Шоир ба ин восита гуфтанист, ки адлу дод ҳимоя аст. Мутафаккир асоснок менамояд, ки набояд фирефтаи ноадолатиҳо ва истеъдодҳо шуд. Зеро зулм ва золимӣ бебақо буда, мағлубпазиранд ва адлу додгустарӣ бошад, шикастнопазир ва ҷовидонаанд. Бедил бо нишон додани ду шоҳ ва усули муносибати онҳо, ҳаминро таъкид карданӣ ҳаст, ки шоҳони ҷонибдори зулм роҳи хаторо интихоб кардаанд. Онҳо хатман шикаст мехуранд ва аз арсаи таърих мераванд. Онҳоро таърих низ бо нафрат ёд мекунад. Вале шоҳони одил таърихсозанд ва мамлакати онҳо дарозумру мардумонаш меҳнатқарин мебошанд. Тавассути эҷоди бадеъ сурат гирифтани образи шоҳи одил яке аз вазифаҳои дараҷаи аввали адибони асримиёнагӣ низ ҳаст. Маҳз, ана ҳамин падидаи адабӣ ғояи шоҳи одилро тавлид карду адибон ба тарғиби он камар бастанд.

Ц^аҳонбинӣ ва ацидаҳои ицтимоӣ — ахлоции Бедил.

Маълум аст, ки зери мафҳуми ҷаҳонбинӣ системаи фалсафии таълимоти адиби мутафаккир фаҳмида мешавад. Аз ин нигоҳ, эҷодиёти Бедил ва системаи ҷаҳонбинии ӯ бо таълимоти исломи шариф муқобил нест. Зеро ӯ ҷонибдори таълимоти фалсафаи ваҳдати вуҷуд буда, ҳадди ниҳоии он Холиқ-ҳастии мутлақ ва азалӣ ва сунъи ӯ махлуқ-одам ҷӯён асли хеш аст.

Аз ин рӯ, Бедил инсонро ҳамаҷониба дар маркази эҷод мегузорад. Онро ҳамчун асрори олами сағир ба тасвир мегирад: «Ай шамъи базми қудс, надонам чӣ маҳзарӣ»… Қиёсҳое, ки барои маърифати инсон ба кор гирифта мешавад, ғолибан ба олами моддӣ тааллуқ дошта, таҷрибагоҳи он зиндагӣ, ҳаёт, рӯзгор ва табиат аст. Ин аст, ки инсони тасвиркардаи Бедил пайваста дар гиру дор, раду бадал буда, доираи амалиёту фаъолияташ пур аз низоъ, тазод, мухолифат, бархурд аст. Нерӯи тафаккур, қудрати ақлонӣ, зеҳну заковати ин инсон ҷӯё, кӯшо ва фаъол мебошад. Илму тадқиқ, қиёсу тарҷеҳ, созандагию ихтироъ муҳимтарин сифатҳои фаъолияти инсони тасвиркардаи Бедил аст. Ҳадафи ин инсон:

«Оламеро барорам аз ғафлат.»

Ғафлат хоси ҷаҳони инсонист ва душмани ҳушёриву зиракии инсон аст. Аз сабаби он ки ин инсон оламеро (ҷомеъаро) аз ғафлат азми наҷотдиҳӣ дорад, пас тибқи таълимот ва ҷаҳонбинии Бедил, бархурдҳои мафкуравӣ, зиддиятҳои ботинӣ, низоъҳои сиратӣ ихтилофҳои маънавии ниҳоят аҷоиб ва бозёфти шоири мутафаккир аст, ки боиси кашфи ҷузъиёти афкори ахлоқию фалсафӣ ва адабию зебошиносии мутафаккир аст. Бинобар он, инҳитоту инқирози маънавӣ ва ё рушду таҳаввули он ба огоҳӣ ё ғофилии инсон сахт вобастагӣ дорад.

Бедил ҳам мисли кулли адибони асримиёнагӣ ҷонибдори ахлоқи ҳамида ва барҳамзанандаи ахлоқи разила аст. Зеро ахлоқи разила: ришва, зино, дурӯғ, кибр, қатл, фиреб, ҷаҳл, ғазаб, таносонӣ, муфтхӯрӣ, хабаркашӣ, одамбезорӣ ва ғайра боиси завволи ҷомеа аст. Ахлоқи ҳамида: инсондӯстӣ, ростқавлӣ, вафодорӣ, сабӯрӣ, меҳнатқаринӣ, ҳалолкорӣ, хоксорӣ, шикастанафсӣ, покдоманӣ, саховатмандӣ, софдилӣ ва ғайра сабаби болоравии маънавиёти инсон ва ҷомеа мебошад.

Дар таълимоти ахлоқии Бедил эҷоди бадеъ ҳамчун ифодагари тафаккури инсон — маънавиёти ӯ ва то ба ҳадди баланди фикрӣ расидани он дониста мешавад. Ба назари Бедил, донишу илм ирсӣ нест ва на ҳар кас барои идроки маънӣ омода мебошад. Ба ин маънӣ шоир мегӯяд: Рамзошнои маънӣ ҳар хирасар набошад,

Табъи салими фазлат ирси падар набошад.

Ҳадафи эҷодкор аз қазовати мазкур пеш аз ҳама саъй, ҷиду ҷаҳд ва кӯшишу ҳаракат низ ҳаст. Бедил чун абулмаъонӣ офариниши маъниро дар эҷоди бадеъ дар ҷои аввал мегузорад. Аз ин хотир, ҳунари эҷодкору тахайюли эҷодӣ ҷанбаи марказии шеърро таъмин менамояд.

Аз ин рӯ, ӯ ашъори мадҳиро хуш надорад ва ҳатто сахт накӯҳиш ҳам мекунад:

Ай басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро,

Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли ҷоҳ аст.

В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ,

Рӯсиёҳи адаб аз мадҳи амиру шоҳ аст.

Марҷаи маънии ин сустхаёлон дарёб,

То бидонӣ чӣ қадар фитраташон кӯтоҳ аст.

Сила муштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд,

Гар ҳама пой бар афлок ниҳад, дар чоҳ аст.

Бедили Деҳлавӣ адибонеро, ки истеъдодро хор кардаанд ва ҳунарро тобеи зар донистаанд, сахт танқид менамояд. Асоси эҷодиёти онҳоро ҳирсу тамаъ фароҳам меораду ҳадафи онҳо аз эҷоди бадеъ ба ҷуз тамаъ ва чоплусӣ чизи дигаре нест, носазо мегӯяд:

Дар лафзи туст маънии кавнайн мундариҷ,

Баҳри чӣ бар ҳақиқат худ пай намебарӣ?

Оби ҳаёт аз нафасат мавҷ мезанад,

Аммо чӣ суд, к-аз арақи мову ман тарӣ.

Ғофил зи худ мабош, ки чун шамъи офтоб Иқболи ҳафт маҳфилу нӯҳ қасри ахзарӣ.

Кавну макон гулест ба домони ҳимматат,

Худро агар иҳота кунӣ, чархи дигарӣ.

Олам ҳама мусаххари амри замири туст,

Ай бехабар, ту аз чӣ ҳаворо мусаххарӣ,

Аз ҳеч кас наям силаандеши бешу кам,

Маддоҳи фитратам на Заҳирам, на Анварӣ.

Албатта, панду ахлоқ, андарзу насиҳат дар таърихи адабиёти форс- тоҷик яке аз мавзӯъҳои ҷовидона аст. Ҳатто адибе нест, ки ба ин масъала даст назада бошад. Ба фармудаи Саъдии Шерозӣ:

Муроди мо насиҳат буду гуфтем,

Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

Аз ин рӯ, ҳадаф қарор додани мавзӯъ нав нест, яъне интихоби мавзӯъ суннатӣ бошад ҳам, маърифат ва роҳи ҳалли масъала тозаву нав мебошад. Ӯ ба масъалаи ахлоқу тарбия назари тоза дорад. Воқеан эҷодиёти Бедил инъикоси марҳалаи нави эҳёгарии адабиёти тоҷик аст, ки ба қонунмандии ҳолати сиёсӣ-таърихӣ, иҷтимоӣ-ахлоқӣ, фарҳангӣ- адабӣ, фалсафӣ-эстетикӣ сахт вобастагӣ дорад. Равандҳои мазкур сараввал ҷаҳонбинию маърифати мартабаи инсонро муайян мекард. Ин нахустин асре буд, ки Ғарб сиёсати худро мехост дар қаламрави Ҳиндустон ҷорӣ созад. Яъне бархурдҳои мафкуравӣ низ дар ин давра хеле тезутунд гардида буд. Ғарб барои пойдор сохтани сиёсати худ ҷонибдори хурӯҷи низоъҳои мазҳабӣ миёни халқҳои ин қаламрав буд. Аз ин рӯ, Бедил ба мақому мартабаи инсон, маънавиёту шуури ӯ, ҳиссу дарку маърифати шахс таваҷҷӯҳи махсус дорад. Бедил ҷонибдори низоъҳои мазҳабӣ нест. Дар таълимоте фалсафии ӯ, ки сарчашмааш ислом аст, Холиқ офаранда ва махлуқ офаридашуда аст. Холиқ азалӣ ва ҷовид буда, махлуқ фонист. Вале дар ҷанби махлуқ аъмолу афъоли мутазод ниҳон аст. Ин аст, ки махлуқ дорои сифатҳои ноқису комил, каму зиёд, мавзуниву номавзунӣ, шайтониву раҳмонӣ ва ғайра аст. Бедил дар робита ба интихоби ҷанбаҳои ахлоқи ҳамида ва амали хайр инсонро мухтор медонад. Инсон метавонад бо роҳи нек рафта зиндагии худро беҳтар намояд. Ҳадаф аз омӯзиши нек сайқал додани шууру тафаккур аст, то инсон тағофул наварзад, ғофил намонад. Ба ин мънӣ мегӯяд:

Ман ҳам аз касби илм хурсандам,

Лек бо мақсадест пайвандам.

К-аз усули мадорики ҳикмат Оламеро барорам аз ғайлат.

Аз ин нигоҳ, бурду бохти ҷамъият натиҷаи зиракӣ ё ғофилии инсон дониста мешавад. Ӯ ҷонибдори инсони кӯшо, закӣ, ҷӯё, соҳибмаърифат мебошад, зеро чунин инсон соҳиби истиқлоли фикру андеша аст ва метавонад ба мақсад бирасад:

Кавну макон гулест ба домони ҳимматат,

Худро агар иҳота кунӣ, чархи дигарӣ!

Бедил хамчун адиби мутафиккир қасидае дорад, ки дар он инсон ҳамчун махлуқи муқаддас васф гардида, худшиносии он сахт таъкид карда мешавад.

Умуман дар ин масъала афкори фалсафӣ — иҷтимоии ӯ хилофи шариати исломӣ нест ва Бедил қазовати худро дар ҳамин замина асоснок мекунад. Танҳо мутафаккир зоҳирпарастиро сахт маҳкум месозад. Масалан, риши аз эътидол берун, саллаи калон, либоси фохирона ва ғайра, ки онҳо ифодагари маънавиёту дониш нестанд.

Аҳамияти илм. Бедил илмро яке аз роҳҳои халосӣ аз ғафлату ҷаҳолат медонад. Беш аз ин илм, шахсро соҳиби бахту иқбол месозад:

То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,

З-иқбол даре ба рӯи кас боз нашуд.

Фӯлод ба оҳан шараф аз ҷавҳар ёфт,

Беилм зи ҷинси хеш мумтоз нашуд.

Аммо Бедил дар омӯзиши илм дар ҷои аввал мақсадро мегузорад, ки ҳадаф аз чунин шакл гирифтани қазоват мухторияти инсон мебошад.

Зиёни бекорӣ. Кор омили асосии пешрафт дониста мешавад ва Бедил таъкид мекунад, ки он чи инсон пас аз худ боқӣ мегузорад, самараи кору бори ӯст. Бинобар он, одамон бояд ба корҳои барои умум фоиданоку нафърасон машғул шаванд. Ба шуғли беҳуда даст назананд ва ба хар коре, ки даст мезананд, натиҷаи онро андеша кунанд. Зеро дар дунё танҳо натиҷаи фаъолияти инсон мақому мартабаи ӯро муайян намуда, чиз дигаре дар ин дунё наметавонад баҳои сазовори шахсияти инсон бошад. Бедил маҳз бо назардошти кору бори инсон нозу неъматҳои дигари дунёро муваққатӣ меҳисобад:

Аввалу охир он чӣ шуд маълум,

Кору бор аст, мобақӣ[13] — маъдум[14].

Тарғиби хислатҳои ҳамида. Бедил инсони некӯкор, хайрхоҳ, илмдӯст, ватанпараст, халқдӯст, соҳибмаърифат, ҳалим, фурӯтану хоксор, ширинсухану нармгуфтор, ростқавлу ростгӯ, вафодору устуворро дар эҷодиёташ васф мекунад. Чунончи, инсон набояд фирефтаи дониши худ шавад ва ба кибру ғурур рӯй биёрад:

Ҳарчанд ба дониш аз ҷаҳон афзунӣ,

Ё дар пирӣ муаллими гардунӣ.

Ҳар гоҳ ба пеши кас бари ҳоҷати хеш,

Тифлӣ ба ту зебад, на афлотунӣ.

Бедил ҷонибдори ҳамбастагию иттифоқӣ, якдилию муттаҳидӣ буда, парокандагию нифоқ, парешониву хусуматро танқид мекунад:

Ёрон ба тифоқ агар қадам мешикананд,

Ҷайши арабу аҷам ба ҳам мешикананд.

Аз қудрати иттифоқ ғофил нашавӣ,

Дандонҳо сангро ба ҳам мешикананд.

Ба назари Бедил, ҳимматбаландӣ ҷолибтарину накӯтарин сифати инсон аст. Агар шахс ҳиммати баланд дошта бошад, ҳеҷ душворие наметавонад сади роҳи ӯ гардад. Ӯ нақши ҳамматро аз таҷрибаҳои ҳаёту зиндагӣ ҳосил кардааст. Аз ин рӯ, дар ин бора басо дилпурона ва бо боварии том қазоват менамояд.

Чунончи:

Ҳиммат ҳар ҷо беш кунад кореро,

Душворӣ нест ҳеҷ душвореро.

Якчанд фалоҳате[15] ба кӯшиш беҳад Холӣ созад зи санг кӯҳсореро.

Дар таълимоти ахлоқии Бедил ба ҳимматбаландӣ, шуҷоат, мардонагӣ, диловарӣ, нотарсӣ, устуворӣ, далерӣ, ҷасурӣ, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад:

Дар таҷрибагоҳи одамӣ сулҳу набард,

Ҳиммат ҳалли кадом мушкил, ки накард.

Бедил хислатҳои разилаи инсониро сахт маҳкум мекунад. Ӯ ба хусус мардумозорӣ, чоплусӣ, золимӣ, бераҳмӣ, ҷаҳлу нодонӣ, ҳарзагӯӣ, танбалӣ, серхобӣ, пурхӯрӣ, сарватпарастӣ, кибру ғурур ва ғайраро танқид мекунад:

Золим пӯшад либоси хунбофтаро,

То зер кунад хасми занбунёфтаро.

Бо сангдилон шиори худ сахтӣ кун,

Бардор ба оҳан оҳани тофтаро.

Тазодҳои рӯзгор, ноадолатиҳои зимомдорон боиси харобии халқ ва мулк дониста мешавад:

Ай нони ту гарм, аз тафи дилҳои кабоб,

Аз хиҷлати зулм боядат гаштан об.

То коми ту молида як ангушт асал,

Бунёди ҳазор хона гаштаст хароб.

Арзи чунин оҳангҳои сохти эътирозӣ низ яке аз хизматҳои Бедил аст, ки аз ҳақгӯиву ҳақҷӯӣ ва ҳақбинии мутафаккир гувоҳӣ медиҳанд.

Дигар аз хидматҳои таърихии Бедил дар таърихи эҷоди бадеъ аз он иборат аст, ки ӯ ба дифои каломи бадеъ мехезад. Шоир роҳ намедиҳад, ки баъзе шуарои тамаъкор суханро хору беқадр кунанд. Мамдӯҳони нолоиқро ситоиш кунанду силаву инъом ба даст биёваранд. Ҳунару кирдори онҳоро пешаи шайтонӣ ва ҳамкорӣ бо иблис меҳисобад:

Ай, ки таърифи салотин кардаӣ,

Машқи таълими шаётин кардаӣ.

Чист таълими шаётин? -Ҳубби ҷоҳ[16]Ай шаётин муршидат[17], рӯят сиёҳ.

Дар афкори адабӣ — эстетикии Бедил ба сухан, суханвар ва суханшунав таваҷҷӯҳи махсус ба мушоҳида мерасад. Ӯ шоирони маддоҳ — сила муштоқонро хоркунандагони калом — гадотаъбон ном мебарад. Онҳо имрӯз соҳиби молу сарват ва ганҷу неъматанд ва албатта, ин рӯзаке чанд аст, вале фардо рӯсиёҳу дар чоҳи зулмонианд. Чунончи:

Ай басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро,

Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли чоҳ аст.

В-ай басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ,

Рӯсиёҳи абад аз мадҳи амиру шоҳ аст.

Сила муштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд,

Гар ҳама пой бар афлок ниҳад, дар чоҳ аст.

Ин аст, ки ӯ эҷодиёти хешро дар муқобили ҳамин гуна суханварон мегузорад ва аз эҷодиёташ, ки умре хираду дониш, ақлу заковатро сутудааст, ифтихор менамояд. Ӯ ҳушдор медиҳад, ки аз касе тамаъ накардааст ва нахоҳад кард ва санги маломатро ҷониби Анвариву Заҳири Форёбӣ ҳаво медиҳад ва мегӯяд:

Аз ҳеҷ кас наям силаандеши бешу кам,

Маддоҳи фитратам, на Заҳирам, на Анварӣ…

Дӯстии халқҳои қаламрави Хиндустон ва умуман парастиши инсон низ яке аз мавзӯъҳои марказии эҷодиёти Бедил мебошад. Махсусан, дар ҳолате ки аҷнабиён ба сарзамини Ҳиндустон роҳ ёфта буданд ва онҳо ҷонибдори низоъҳои мазҳабӣ, нооромии авзои ин кишвар буданд. Аз ин ҷост, ки мутафаккир ҳушдор медиҳад, ки дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум воситаи наҷоти халқ ва кишвар ба шумор меравад. Зеро дасисакорон баҳри амалӣ гардонидани дасисаҳои хешу ғаразҳои ниҳонӣ ба ҳар коре қодиранд:

Умрест, ки дар арсаи найранги гараз,

Дорад баду нек сулҳ ё ҷанги гараз.

Гар рабти[18] каломи куфру дин дарёбӣ,

Сози ҳама кӯк[19]аст ба оҳанги гараз.

Дар ҷои дигар шоир ҳолати халқҳои кишварро ба дасте шабеҳ медонад, ки зери санг мондааст. Яъне ҳадаф ноилоҷӣ буда, чораандеширо ногузир меҳисобад:

Домони тааллуқе ба чанг омадааст,

К-ин халқ ба зиндони фаранг омадааст.

Осон натавон кашид монанди нафас,

Дасте, ки зи дил дар таги санг омадааст.

Услуб ва хусусиятҳои бадеии ашъори Бедил.

Осори насрӣ ва манзуми ҳар як адиб дар кадом асре, ки бошад, аз сабки умумии адабӣ берун нест. Вале истеъдодҳо дар таърихи адабиёт тавонистаанд, ки дар ҷузъиёт тозаҷӯиҳо кунанд. Масалан, Рӯдакӣ дар асри X, Носири Хусрав(Х1), Саноӣ (а.Х11), Низомӣ (а.Х11), Ҷалолуддини Балхӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Саъдӣ (а.ХШ), Ҳофизу Камол (а.Х1У), Ҷомӣ(а.ХУ) ва ғайра.

Аз ин нуқтаи назар, осори Бедил низ дар заминаи сабки умумии давр — сабки ҳиндӣ эҷод шудааст ва хусусиятҳои ин сабкро комилан фаро гирифтааст. Аз тарафи дигар, эҷодиёти Бедил, ки онро истеъдоди басо ҳайратовар рӯи кор овардааст, дар ҷузъиёт тозакориҳои хеле сершумор дорад, ки ҳатто сабки умумии даврро сарчашмаҳо сабки бедилӣ ном ниҳодаанд. Ба ин маънӣ, то андозае адабиёти беш аз 700-сола ҷанбаи ҷамъбастӣ мегирад, ки ин падидаро худи Бедил, пеш аз ҳама, ҳис кардааст. Чунончи, мегӯяд:

Зи баъди мо на газал, не қасида мемонад,

Зи хомаҳо ду-се ҳарфи чакида мемонад.

Зеро ҳадафи шоир жанри ҷудогона набуда, умуман, шеър, яъне адабиёт аст.

Ӯ шоирест, ки ҳангоми саррофии сухан ҳунари хоса зоҳир мекунад. Ҳатто ашёҳои муқаррарии табиат: кӯҳ, санг, хок, об, сабза, дарахт, абру борон ва ғайра моҳияти махсуси эстетикӣ мегиранд ва ба таври ҳайратовар ҷаззобу ҷолиб ва зебову назаррабо мешаванд. Ба ин маънӣ Бедил мегӯяд:

Ҳар сангпорае, ки фитад чашми мо бар ӯ,

Аз як назар ақиқи Яман[20] мекунем мо.

Албатта, ин як хусусияти умуман адабиёт аст, вале адибони соҳибистеъдод тавонистаанд, дар ҳунари эҷод аз якдигар бартарӣ дошта бошанд. Ин аст, ки Бедил ҳолати эҷодро ба дами теғ монанд мекунад, ки мақсуди ӯ гузаштан аз ҳастии хеш аст. Яъне эҷодкор месӯзад, то бисозад: Дами теғест, Бедил, роҳи борики сухансанҷӣ,

Забони хома ҳам шақ[21] дорад аз ҳарфофариниҳо.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳими сабки Бедил дар он аст, ки калимаҳо, ибораву таъбирҳо дар алоҳидагӣ фаҳмо, содда, равонанд, вале дар матн хеле печида меоянд, маънии онҳо барои хонанда дастнорас мешавад. Чунончи,дар ин байт:

Гул ба дасту по кӣ баст имшаб, ки чун ранги ҳино Бӯсамуштоқон чаманҳо зери лаб хун кардаанд.

«Маъшуқа» — менависад устод С.Айнӣ мавриди таҳлили байти мазкур, — ба дасту пои худ гул бастааст, ба ин сабаб бӯсамуштоқон — ошиқоне, ки дасту пои ӯро бӯсидан мехостанд, чаманҳоро дар зери лаб гирифта — бӯсида хун карда ба ранги ҳино гардондаанд, то ки маъшуқа дар вақти ба пою дасти худ гул бастан, шояд гулҳои ба ранги ҳиногардидаи ин чаманҳоро банданд ва ба ин восита бӯсиши ин бӯсамуштоқон ҳам ба дасту пои ӯ бирасад». Ин албатта, аз печидагии маъно гувоҳӣ медиҳад.

Ё худ дар ин байт:

Хок шуд фитрат ба пастӣ, лек мижгон бар надошт,

В-ар на аз мо то ба боми осмон як зина буд.

Дар ин байт шоир фалсафаи халлоқияти инсонро дар назар дорад, ки Худо одамро дар биҳишт офарид ва аз сабаби он ки ҷисми ӯ аз олами сифлӣ буд, тоб оварда натавонист ва агар тоб меовард, то олами тақаддус андаке буд.

Муҳим он аст, ки санъатҳои бадеӣ низ дар шакли нисбатан мураккаб ба кор гирифта мешаванд; ташбеҳоти мураккаб, муканно, кинояву маҷозҳои хеле ваҳмӣ, хаёлӣ, иҳому рамзҳои нисбатан дастнорас мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки моҳияти онҳо на ба ҳар кас фаҳмост.

Дигар аз хусусиятҳои уллубии ашъори Бедил аз он иборат ась, ки ӯ баъзан калимаҳои нави мураккаб месозад: силамуштоқ, бӯсамуштоқ, гадотабъ, рамзошно, хирасар, иқтидороҳанг, чаманкулоҳ, тарабсаро, хориҷоҳанг, ҳайратоғоз, тӯфонҷӯшӣ, асарпарвард, тараҳумхирман, саднаргисистонибрат ва ғайра, ки аз ҳиссаҳои гуногуни нутқ сохта шудаанд, ҳатто маънии луғавиашон на ба ҳар кас фаҳмост.

Забони ашъори лирикии Бедил яксон нест, ғазалу қасидаҳои ӯ нисбатан мураккаб ва шеваи қитъаҳову рубоиёташ хеле соддаанд.

Барои намуна чанд байт аз як қитъаи шоирро зикр менамоем:

Ай басо илме, ки аз беилтифотиҳои халқ Дар миҷози маъниогоҳон ҳамон мастур монд.

Бедимоғиҳои мастон чашми шавқе во накард,

Мавҷи май дар ҷом маҳви решаи ангур монд.

Наргисистонҳо ба ҳайрат хуфтаи бедонишист,

Оламе афрӯхт шамъу ҳамчунон бенур монд.

Гар касе маҳрам нашуд андешаи ғафлат кирост?

Ҳусн аз бас бениёзӣ дошт, номанзур монд.

Дар ин қитьа калимаи душворфаҳм нест ва хатто хонандаи оддӣ ҳам маънии онро ба осонӣ дарёфта метавонад.

Ё худ ифодаи маьнии иҷтимоӣ дар ин рубоӣ, ки хеле оммафаҳму сода аст, далели қазовати болост:

Ай ғофили имтиҳон, зи кас қарз магир,

Ҳарчанд расӣ ба ҷон, зи кас қарз магир.

Андӯҳи адо сахт гаронӣ дорад,

Аз фоқа бимиру нон зи кас қарз магир.

Вале забони қасидаҳову ғазалиёт ва маснавиҳои Бедил нисбатан мураккабу печида аст ва худи шоир, «Сайри фикраи осон нест, кӯҳаму кӯтал дорам»- мегӯяд, шояд ба ҳамин қисмати таьлифоти мутафаккир бештар тааллуқ дошта бошад.

Албатта, баьзан ғазалҳои равону фаҳмо низ дучор мешавад ва махсусан, ашьори васфиаш, ки ба тасвири баҳор, ҷузьиёти табиат, ситоиши маҳбуба, баёни ҳасби ҳол ва ғайра бахшида шудааст, зиёданд. Чунончи, ин ғазали баҳорияро чун намуна метавон зикр намуд:

Чашм во кун, ранги асрори дигар дорад баҳор,

Он чӣ дар ваҳмат нағунҷад, ҷилвагар дорад баҳор.

Соате чун бӯи гул аз қайди пироҳан баро,

Аз ту чашми ошноӣ он қадар дорад баҳор.

Каҳкашон ҳам поймоли мавҷи тӯфон гаштааст,

Сабзаро аз хоби ғафлат чанд бардорад баҳор.

Чашм то вокардаӣ, ранг аз назарҳо рафтааст,

Аз насими субҳ доман бар камар дорад баҳор.

Аз хазон оина дорад субҳ, то гул мекунад,

Ҷуз шикастан нест ранги мо, агар дорад баҳор.

Абр менолад, к-аз асбоби нишоти аҷуман,

Ҳар чӣ дорад дар фишори чашми тар дорад баҳор.

Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдӣ қонеам,

Ин маонӣ дар «Гулистон» бештар дорад баҳор.

Мӯ ба мӯям ҳасрати заҳмат табассум мекунад,

Ҳар ки гардад бисмилат, бар ман назар дорад баҳор.

З-ин чаман, Бедил, на сарве ҷасту на шамшод раст,

Аз хаёли қоматаш дуде ба сар дорад баҳор.

Таъсири эҷодиёти Бедил ба адабиёти тоҷик

Ғуломалихони Озод дар «Хизонаи Омира» минависад, ки: «…аҳли Бағдод забони арабӣ ва форсӣ — ҳар дуро медонанд, сӯфиёни он ҷо дар маҷолиси завқ ва самоь аз забони арабӣ бештар ашьори Ибн-ул-Форизи Мисрӣ ва аз забони форсӣ аксар маснавии Носиралӣ мехонданд. Ин гувоҳи он аст, ки Носиралӣ дар қисмати ғарбии Эрон ва Бедил ғолибан дар қисмати шарқӣ машҳур шудаанд».

«Таьсири Бедил, — менависад С.Айнӣ — дар назму наср аз ҳама ҷо зиёдтар дар Осиёи Миёна ривоҷ гирифта ва то Инқилоби октябр давом кард». Вале касе аз пайравон комилан комёб нашудааст. Гӯё худи Бедил инро ҳанӯз дар замонаш ҳис карда бошад, ки мегӯяд:

Муддаӣ, даргузар аз даъвии тарзи Бедил,

Сеҳр мушкил, ки ба кайфияти эъҷоз расад.

Пайравони Бедил асосан ӯро дар шакл пайравй кардаанд. Ба мазмуну мундариҷаи ашъори Бедил касе ворид шуда натавонистааст». Печидагии маъно ва дастнорасии умқи андешаву фикр ба он оварда расонд, ки қисми зиёди пайравон сарддил шуда даст мекашидаанд. Бо вучуди он чанд тан аз шоирони тоҷики Осиёи Миёна: Сарир, Сират, Исои Бухороӣ, Туғрал, Асирии Хуҷандӣ, Ҷавҳарӣ Бедилро хеле хуб пайравӣ кардаанд. Охирин шоири тоҷик, ки ба Бедил нисбатан ӯҳдабароёна тақлид кардааст, Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ мебошад, ки 16-уми феврали соли 1945 аз олам гузаштааст.

Дар мадрасаҳо пас аз китобҳои таълимии исломӣ, аз шоирон аввал Ҳофиз ва сонӣ Бедил омӯхта мешуд.

Ҳатто дар бисёр марказҳои илмӣ-адабӣ: Бухоро Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан мактабҳои умумии бедилхонӣ вуҷуд дошт.

Савол ва супоришҳо:

  1. Оид ба таваллуд ва овони ҷавонии Бедили Деҳлавӣ маълумот диҳед.
  2. Бедил дар синни чандсолагӣ ба шеъргӯӣ оғоз кардааст?
  3. Кадом хешовандони Бедил дар камолоти маънавии ӯ саҳм гузоштаанд?
  4. Бедил ба кадом шаҳрҳои Ҳиндустон сафар кардааст:
  5. Сабаби бо Мирзо сар шудани номи шоир ва хешовандони ӯро шарҳ диҳед.
  6. Поёни умри Бедил дар кадом шаҳр гузаштааст?
  7. Таркиби «Куллиёт»-и Бедил кадом асарҳоро дар бар гирифтааст.
  8. Кадом асарҳои насрии Бедилро медонед?
  9. Мазмуну мӯҳтавои маснавиҳои «Тӯри маърифат» ва «Тилисми ҳайрат»- ро баён кунед.
  10. Маснавии «Муҳити аъзам» дар кадом мавзӯъ эҷод шудааст?
  11. Калонтарин маснавии шоир чӣ ном дорад ва мазмуну мӯҳтавои онро баён кунед.
  12. Мазмуни мухтасари маснавии «Комде ва Мадан»-ро нақл кунед.
  13. Кадом қаҳрамонҳои марказӣ ва лаҳзавии маснавии мазкурро медонед?
  14. Гузориши адлу одилӣ дар маснавии «Комде ва Мадан».
  15. Кадом асарҳои насрии Бедилро медонед?
  16. Таркиби «Девон»-и Бедили Деҳлавиро баён кунед.
  17. Ғазали «Айш донад дили саргашта парешониро» азёд гӯед.
  18. Мазмуни ғазали «Рамиданҳо зи авзои ҷаҳон тарзи дигар дорад»-ро нақл кунед.
  19. Ғазали «Чашми ту ба ҳоли ман гар ним назар хандад» ба кадом мавзӯъ бахшида шудааст?
  20. Маҳорати эҷодии шоирро дар ғазали «Аз ғубори ҷилваи ғайри ту то бастам назар» шарҳ диҳед.
  21. Дар хусуси ҷаҳонбинӣ ва ақоиди иҷтимоии Бедил чӣ медонед?
  22. Назари Бедил оид ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва мазаммати ахлоқи разила.
  23. Услуб ва хусусиятҳои бадеии ашъори Бедилро баён намоед.
  24. Пайравони Бедил дар Мовароуннаҳр киҳо буданд?

[1] Маол — ҷои бозгашт; оқибати кор.

[2] Қудс — покӣ.

[3] Мазҳар — зоҳиршавӣ

[4] Ваҳм — хаёл.

[5] Мукаддар — ғамгин.

[6] Самум — шамоли сӯзон.

[7] Рукн — қисм.

[8] Чарх — осмон.

[9] Маҳфил — замин.

[10] Шайъ- чиз.

[11] Замир — ботин, дил.

[12] Халхол — ҳалқаи тилло ё нуқра, ки занон барои зинат ба пой мебанданд.

[13] Мобақӣ — он чи боқӣ мемонад.

[14] Маъдум — адам, нестӣ.

[15] Фалоҳат — кишоварз.

[16] Ҳубби ҷоҳ — мансабпарастӣ, шӯҳратпарастӣ.

[17] Муршид — пир, шайх.

[18] Рабт — пайвастагӣ, робита.

[19] Кӯк-мувофиқ намудани овозҳо дар мусиқӣ, ҳамоҳангӣ,; ҷӯр.

[20] Ақиқи Ямин — санги қиматбаҳои машҳуре, ки дар Яман ҳосил карда мешавад.

[21] Шақ(қ) — шикоф; чок, шикофта.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *