Фанни Адабиёт

Абдурраҳмони мушфиқӣ

Ба арзи ҳол ҳоҷат, Мушфиқӣ нест, Агар авроқи девони ман он ҷост.

Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба Абдуллохон қасидае навишта, аз мулки хеш- аз Бухоро дур афтодани худро хабар медиҳад.

«Ѓариби мулки хешам дар замони давлатат, шоҳо!»

Мушфиқӣ дар хурдсолӣ аввал аз падар ва сонитар аз модар ятим мемонад. Дар ин бора баъзе ишораҳои шарҳиҳолии ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Чунончи:

Бо падар хурсанд будам, бевафоӣ кард умр, Меҳр бар модар ниҳодам, ёфт модар ҳам вафот.

Мушфиқӣ аз сабаби тангии маишӣ ба хидмати яке аз ҳунармандони шаҳри Бухоро дохил шуда, аз ӯ бисёр дастгириҳо мебинад. Бо дастгирии ин марди шариф таҳсили ибтидоиро ба поён расонида, ба мадрса дохил мешавад.

Мушфиқӣ илмҳои ҷории замонааш: ҳикмат, ҳайат, нуҷум, рамлу ҳисоб, каломро хуб меомӯзад. Хусусан умуми адабӣ ва аз миён назмро бештар дӯст медорад:

Шеър оби ҳаёт аст, хуш он ном, ки монад, Ҷовид зи оби сухани марди сухандон.

Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии шоир дар шаҳри Бухоро сипарӣ мешавад. Ӯ шеъргӯиро дар ҳамин шаҳр шурӯъ кардааст. Мактабҳои адабии Бухоро Мушфиқиро ҳамчун шоири тавоно мепазиранд, вале ҳусудони дарборӣ ӯро хеле фишор медиҳанд. Шоир дар ҷавонӣ ғолибан ашъори мутоибавӣ гуфтааст, зеро даврони ятимӣ ва бепарастории ӯ эҷоди чунин ашъор боис гардидааст.

Мушфиқӣ соли 1564 ба Самарқанд меояд, ки шояд сабаби сафари шоир ҳамоно тангии маишӣ бошад. Шоир дар Самарқанд ба вазифаи китобдори Султон Саид пазируфта мешавад ва даҳ сол дар ин шаҳр истиқомат мекунад. Ӯ дар ситоиши Султон Саид чанд қасида низ эҷод кардааст. Саид чанд қасида низ эҷод кардааст ва девони якуми ғазалиёти худро низ ба ин ҳоким бахшидааст. Аз баъзе ишораҳои шоир пайдост, ки рӯзгори ӯ дар Самарқанд низ чандон хуб набудааст:

Хони олиқадри кайвонманзилат Султон Саид, Пеши даргоҳи ту гардуни муалло ҳеҷ нест.

Арзи ҳоли ман, ки ҳастам заррае беэътибор, Назди хуршеди замири оламро ҳеҷ нест.

Шуд се соли рост, каз ҷинси ҷаву гандум маро, Дона ҷуз дар мазраи парвину ҷавзо ҳеҷ нест.

Қуръа афкандам барои фол, мӯрон саф заданд, Нуқтаҳоро дона пиндоранду аммо ҳеҷ нест.

Ҳамин гуна ишораҳои шикоятӣ дар ашъори Мушфиқӣ хеле зиёд ба назар мерасад. Аксари ишораҳои шоир моҳияти иҷтимоӣ дошта, ҳасрати адиб аз тангии маишӣ мебошад:

Шаҳо, ту мардуми чашми саводи оламро, Ба лутфу раҳмати ту мардуме намеёбам. Шунидам, ки Самарқанд ҷаннати дунёст, Чӣ одамам, ки дар ӯ гандуме намеёбам.

Баъзан чунин ҳолат ҳам рух додааст, ки инъомҳои хон ҳатто ба шоир ё қисман ва ё умуман намерасидаанд. Чунин муносибат Мушфиқиро водор кардааст, ки бевосита ӯ ба худи шоҳ муроҷиат намояд:

Подшоҳо, чакмани инъомро меҳтар надод, Дар либоси назм бо ӯ гуфтугӯ хоҳад шудан. Чун ба таври оштӣ чизе аз ӯ ҳосил нашуд, Ҷанги чакман дар миёни мову ӯ хоҳад шудан.

Дар баъзе мавридҳо Мушфиқӣ ба вазири хон-Осаф ҳам муроҷиат намуда ба ин восита шоҳу вазирро аз нобасомониҳои дохили дарбор огоҳ месозад, ки «об аз сар лой аст» ва бояд пеши чунин кирдорҳои зишт гирифта шавад:

Осафо, шаб омадам сӯи висоқи худ савор, Аспи мискини маро аз фикр сар боло нашуд. Дар хаёли ҷав ҳамав шаб дидам ӯ мепарид, Хостам бар чашми ӯ коҳе ниҳам, пайдо нашуд.

Албатта, чунин шикваҳои Мушфиқӣ оҳанги ҷолиби ҳазлу шӯхӣ низ гирифтаанд ва шояд яке аз сабабҳои аз модди назари амиру вазир дур афтодани талабҳои шоир гардида бошад. Масалан, дар ин байт аз беманзилӣ чунин шикояд менамояд:

Дар Самарқанд имтиҳон кардам, ки ёбам хонае, Беҳтар аз байти тахаллус хонае пайдо намуд.

Аз баъзе ишораҳои шоир бармеояд, ки дар ибтидо рӯзгори шоир нисбатан беҳтар буда, ҳатто муҳити дарбор низ барояш созгор будааст. Мушфиқӣ он хушҳолиҳоро ба ёд оварда, дар як ғазали худ аз гузашти он рӯзҳо афсӯс мехӯрад:

Хуни дил мегиряму ашки ҷигархун мехӯрам,

Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехӯрам. Ваҳ, ки дар аҳди ҷавонӣ пир гаштам, Мушфиқӣ, Чун нагардам пир аз ин ғамҳо, ки акнун мехӯрам?!

Пас аз вафоти Султон Саид соли 980 (1573) бародари хурдии ӯ Ҷавонмардалӣ ба тахт мешинад, вале соли 1576 писарони Ҷавонмардалихон аз падар рӯ гардонида ба Абдуллохон забон як намуда буданд. Абдуллохон худи ҳамон сол Ҷавонмардалихонро қатл намуда, баъди чанд муддат он ду писари Ҷавонмардалихонро низ ба қатл мерасонад. Нобасомониҳо, албатта, ба Мушфиқӣ азми сафари Ҳиндустон мекунад, зеро дер боз чунин орзу дошт. Дар Мовароуннаҳр овоза шуда буд, ки гӯё шоҳи Ҳиндустон Акбаршоҳ шеърпарасту шоирдӯст аст. Мушфиқӣ низ соли 1577 ба Ҳиндустон меравад. Ӯро

Акбаршоҳ хуш пазируфта бошад ҳам, пас аз як сол, соли 1578 шоир боз ба диёри худ меояд:

Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо, Гардид бадал рӯзи сиёҳам ба шаби тор.

Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят,

Хуни ҷигарам мехӯрад ин Ҳиндӣ ҷигархор.

Аз баъзе ғазалҳои Мушфиқӣ маълум мешавад, ки шоир аз сафари Ҳинд пушаймон баргаштааст:

Сафар кардам фироқи дилрабое пеши ман омад, Намерафтам, зарурат шуд, балое пеши ман омад. Ѓаму дарди ҷудоӣ кам шавад аз қатъи манзилҳо, Ба ҳар манзил ғаму дарди ҷудое пеши ман омад. Ба ғурбат мурдан осон менамуду зиндагӣ мушкил, Чӣ кори мушкиле, осоннамое пеши ман омад.

Мушфиқи пас аз сафари Ҳинд бар барбори Абдуллоҳхон роҳ меёбад. Шоир дар як муддати кӯтоҳ дар байни аҳли дарбор ва бевосита Абдуллоҳхон обрӯю эътибор пайдо мекунад. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба мартабаи маликушшуароӣ мушарраф мешавад. Мушкилоти модии рӯзгори ӯ низ беҳтар мегардад. Мутаасифона, ин ҳолат замоне даст медиҳад, ки умри шоир аз шаст гузашта буд. Ба ин маънӣ шоир чунин ишора мекунад:

Имтиҳон карданд пиру ҷавон, Ҳеҷ кори фалак ба сомон нест. Ком бахшад даме, ки ком намонд,

Нон ба вақте диҳад, ки дандон нест.

Поёни умри Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро гузаштааст. Ӯ соли 1588 дар ҳамин шаҳри бостонӣ аз ин олам чашм бастааст. Ӯро дар ҷавори мазори Шайх Ҷамол дафн кардаанд. Дар санги мазори шоир байте аз як ғазали худи ӯ сабт шудааст:

Ба хоки Мушфиқӣ он дам, ки дӯстон гузаранд, Расад ба хотири эшон, ки хоксаре буд.

Мероси адабии Мушфиқӣ

Шуд Мушфиқӣ аз килкат ойини сухан тоза, Мушкиннафасон бинанд анфоси ту мушкинтар.

Аз Абдурраҳмони Мушфиқӣ то рӯзгори кунунӣ осори зерини адабӣ боқӣ мондааст:

    1. Девони мутоибот.
    2. Ду девони ғазалиёт.
    3. Девони қасоид.
    4. Се маснавӣ: а)«Соқинома»

б) «Гулзори Ирам» в) «Ҷаҳоннамо»

Дар эҷодиёти Абдурраҳмони Мушфиқӣ ғазал мақоми аввалиндараҷа дорад. Ду девони ғазалиёти шоир аз чаҳор ҳазор байт

иборат аст. Мавзӯъҳои асосии ғазалиёти шоир асосан ишқу исёнҳои ботинии инсон, садои қаблҳои лабрези муҳаббат, сӯзи ошиқу бемеҳрии маҳбуба, ниёзи ошиқу бениёзии маъшуқа, маю бодагусорӣ, мусиқиву навохоҳӣ, тасвири баҳору ситоиши табиат ва ғайра аст. Ин мавзӯъҳо бо ангезаҳои дигари иҷтимоӣ: ноадолатиҳову золимӣ, бемеҳрию сустпаймонӣ, ҳавобаландиву кибр, фиребу дасисакорӣ, мунфиқиву авомфиребӣ ва ғайра хеле қавианд.

Шоир дар суннати ғазалсароӣ ғолибан ба Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ пайравӣ мекунад:

Назми ту, Мушфиқӣ, ба Камоли Ҳасан расид, Ту гуфтаӣ, ки пайрави пири Хуҷандиям.

Аз ин ҷост, ки ғолибан ҳаҷми ғазалҳои Мушфиқӣ 6-7-байтӣ буда, мавзӯъҳои ишқӣ ҷои аввалиндараҷа доранд. Чунончи:

Дар ғамат дилро фигори хаста мегӯем мо, Аҳли дардем, ин сухан дониста мегӯем мо. Бар дили мо он чи аз тоқи ду абрӯят гузашт, Бо худ аз девонагӣ пайваста мегӯем мо.

Меравӣ тунду дуогӯён зи дунболи туанд, Ваҳ, ки меранҷӣ агар, оҳиста мегӯем мо.

Гуфтам, ай гул, он даҳонро пистаи хандон бигӯ, Ин сухан гуфт аз даҳони писта мегӯем мо.

Риштаи ҷони рақибон бар сари кокул мабанд, Фитнае хоҳад шудан сарбаста мегӯем мо.

Ҳар касе пурсад зи ашки мо ҷавоби ин сухан, Чеҳра аз ханоби ҳасрат шуста мегӯем мо.

Мушфиқӣ, ҳар кас чӣ донад мастиву ворастагӣ, Бо гирифторони аз худ раста мегӯем мо.

Беҳуда нест, ки устод С.Айнӣ ғазали болоро «Ѓазале, ки сар то ба пояш мисли ин ғазал хуб, латиф, равон афтад, кам аст»-мегӯяд.

Бешубҳа, чунин ғазалҳои шоир хеле ҳунармандона, дилкаш, хушадо, мақбулу матлуб эҷод шудаанд. Хусусан, вобаста ба мавзӯъ, мазмуну мӯҳтавои ғазал ҳунари шоир комилан ҷавобгӯ буда, тасвиргарӣ ва маъниофариву мазмунсозӣ барҷастааст. Дар иртибот бо ин ҷанбаъ хусусиятҳои шаклии ғазал низ ҷолиб мебошад.

Ѓазал мураддаф буда, радифи он мураккаб аст ва аз ду калима фароҳам омадаву пас аз қофия ҷой гирифтааст. Қофияҳои ғазал калимаҳои хаста, дониста, пайваста, оҳиста, писта, сарбаста, шуста, роста мебошанд. Қофияҳои мазкур асосан муқайяд буда, таҳкими ғоявии ғазалро таъмин намудаанд.

Ѓазал дар баҳри Рамали мусаммани маҳзуф иншо шуда, афоъили он чунин шакл дорад:

— v — — / — v — — / — v — -/ — v —

— v — — / — v — — / — v — -/ — v —

Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун фоъилун.

Ѓазал ишқӣ бошад ҳам, ҳаҷру фироқ, сӯзу гудоз, нозу истиғно, бераҳмиву бемеҳрии маҳбуба ба тасвир омадааст. Аз ин рӯ, оҳангҳои

иҷтимоӣ пайдо намудани он бесабаб нест. Зеро шоир барои таъсирнокии сухан ва дилнишинии баён, ҳолати образҳои лирикиро хеле нозук муоина мекунад. Ӯ чунин назокати ҳунари эҷодро дар офариниши ғазал аз Ҳасани Деҳлавӣ ва камоли Хуҷандӣ бештар омӯхтааст.

Мушфиқӣ ишқи инсонӣ, муҳаббати заминиро ҳамчун як воситаи хеле ҳалкунандаи ҳаёти инсонҳо, сарнавиштсоз ба тасвир мегирад. Аз ин рӯ, ишқи инсонӣ низ бояд поку покиза ва беолоишу мусаффо бошад. Вале ин ҷанбаъ дар тасвири Мушфиқӣ моҳияти илҳомбахшӣ ҳам дорад ва аз ин рӯ, мушаххас карда мешавад. Барои шоир он лоларӯёни Самарқанд аст:

Мушфиқӣ бе лоларӯёни Самарқанд ин қадар, Сӯхтам, каз доғҳо шуд синаам нақши ҷаҳон.

Дар ғазалиёти Мушфиқӣ ҷузъиёти образҳои лирикӣ хеле ӯҳдабароёна васф карда мешавад. Шоир ба воситаи тавсифҳои «хусни хати голиябӯ», «бандаи рӯ», «ҳаваси ҳар сари мӯ» «хоки сари кӯ» ва ғ. ба маҳбуба сидқан изҳори муҳаббат мекунад. Дар ишқи маҳбуба садоқати асили худро баён менамояд. Зикри ҷузъиёти васфшаванда сӯзу гудози ошиқро ҷонгудозтару синасӯзтар ҷилва медиҳад.

Чунончи:

Волои ҳусни хати ғолиябӯи ту шавам, Ваҳ чӣ зебо шудаӣ, бандаи рӯи ту шавам.

Гар шавад ҳар нафасе дар тани ман ҷони дигар, Ҳар нафас ҷон диҳаму зинда ба бӯи ту шавам.

Ман на он ошиқам имрӯз, ки чун булҳавасон, Талабам коми дилу ранҷа зи хӯи ту шавам.

Сари мӯе шудаам аз ғаму дорам ҳавасе, Ки фидои ҳаваси ҳар сари мӯи ту шавам.

Зиндаву мурда бар инам, ки ба ҷое наравам, Дар қадам бошаму хоки сари кӯи ту шавам. Сад накӯӣ зи рухат дидаму як ҷон додам, Чӣ аҷаб, гар хиҷил аз рӯи накӯи ту шавам.

Мушфиқӣ аз ҳама сӯ рӯи ту дорад ғаму дард, Шавқро раҳгузаре нест, ки сӯи ту шавам.

Дар лирикаи ишқии Мушфиқӣ мавзӯъҳои пурракунандаи ишқу ошиқӣ: май, бодапаймоӣ, садои мусиқӣ, навозандагӣ, баҳор, насими субҳгоҳӣ, садои булбулону ҳазордастон, резиши борони найсону садои ҷӯйчаакҳати гулзорҳову бахмалосо гардидани намуди зоҳирии замин ва ғ. мебошанд:

Рухат имшаб, ки ҳамчун гул зи тоби май арақ карда, Аҷаб дорам, ки моҳ аз ҳола худро дар табақ карда.

Ё ин ки:

Баҳор шуд, кадаҳ он беҳ, ки ранги лола намояд, Бунафша дар назар ояд сари ғизола намояд.

Зи доғи лола расад дар чаман ба хотири мастон, Саводи наргиси соқӣ чу дар пиёла намояд…

Рӯ овардани шоир ба маю бода, мусиқиву суруд рамзи хушгузаронии умр, ғанимат донистани лаҳзаҳои зиндагӣ, баҳрабардорӣ аз ҳаёт, барҳамзании нобасомониҳои рӯзгор, печидагиҳои ҳаёт, канораҷӯӣ аз ғаму дарди замона мебошад. Бо назардошти ҳамин ҷанбаъ шоир таъкид менамояд, ки:

Гар нишоти умр хоҳӣ, бе маи гулгун мабош, Ҳамчу даври гул ғанимат дор ин айёмро.

Вобаста ба рӯзгори нисбатан қашшоқонаи Мушфиқӣ, ҳатто лирикаи ишқии шоир саршор аз мазӯъҳои дигари иҷтимоист. Оҳангҳои иҷтимоӣ, хусусан дар ғазалҳои Мушфиқӣ хеле баландсадо буда, ҳатто баъзан ғазалҳои алоҳидаро фаро гирифтаанд. Дар баъзе ғазалҳои иҷтимоии шоир ҳам радиф (агар мураккаб бошад, боз бештар) ва ҳам қофия бори ғоявӣ мекашанд. Ин ҳолат саргузашти қаҳрамони лирикиро боз ҳам возеҳтару равшантар ва ошкоротар чилвагар месозад:

Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам, Шамъро сӯзам, дили парвонаро оташ занам. То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб, Пеш аз мурдан ба кӯят хонаро оташ занам.

Бо ҳама раъноӣ аз оҳи дилам андеша кун, Хирмане сӯзад агар як донаро оташ занам.

Ин ҳама оташ ба ҷони ман зи дасти дил афтод, Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам. Ҷои ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст, Ҷои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.

Мушфиқӣ дар дафтари айём мазмуни фаност, Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.

Бешубҳа ғазали боло яке аз ғазалҳои шоир аст, ки мазмуни басе баланди иҷтимоӣ дорад. дар эҷоди чунин шеърҳо Мушфиқӣ хеле қавипанҷа мебошад, зеро ҳолати мазкур дар иртибот бо авзои таърихии замони ӯ шояд пеш омада бошад. Ӯ мегӯяд:

Ҳаргиз нафасе шод надидам дили худро, Аз банди ғам озод надидам дили худро.

То ғам нахурад кас нашавад манзиле обод, Ѓам хурдаму обод надидам дили худро.

ва ғайра. Бовуҷуди он Мушфиқӣ комилан навмед нест. Ӯ дар ин ҷода шоири некбин аст:

Замона Мушфиқӣ меҳтарсарой аст, Бувад рӯзе, каз ин меҳнат бароем.

Оҳангҳои иҷтимоӣ дар навъҳои дигари лирикии шоир низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад. Ба ин маънӣ Мушфиқӣ дар ин рубоӣ мегӯяд:

Султон сухан аз сипоҳу зар мегӯяд, Тоҷир сухан аз суду сафар мегӯяд. Дар ҳар сухане шеваи мо тадбир аст, Тақдир, вале ҳарфи дигар мегӯяд.

Дар ин рубои масъалаи қазову қадар баён шудааст. Адиб се тоифаро зикр намуда гуфтан мехоҳад, ки андешаи инсон вобаста ба кору

пешаи ӯст. Аз тарафи дигар, инсон дар кадом ҷой ва кадом пешае, ки фаъолият кунад, хатман суду зиёнро пеши назар меорад. Мақсади ӯ ба даст даровардани фоида мебошад. Аз ин ҷост, ки новобаста ба касбу кор мақмад, ҳавасу орзу пайваста дар сари инсон ҳаст. Диле бе ҳавасу саре бе орзу нест. Масалан, султон пайваста меандешад, ки тавассути зӯрӣ, қувва яъне сипоҳ, суду фоида яъне зар аз куҷо ба даст биёрад. Ё ин ки тоҷир, бозаргон, аҳли савдо ҳамеша саъй дорад, ки ба куҷо сафар кунад ва аз куҷо ба куҷо чӣ биёраду бубарад. Вале ин ҳама аз доираи сарнавишт берун нест. Яъне ин ҳама тарбут ба тақдир аст.

Мушфиқӣ дар баробари мадҳи султонҳо, ситоиши шоҳону амирон, онҳоро танқиду сарзаниш ҳам мекунад. Ӯ дар ин рубоӣ мегӯяд:

Султон, ки зи ҷоҳ рӯ ба дарвеш накард, Сад хона кам аз симу зари хеш накард. Бо он ки замину осмон мулки Худост, Як хона барои худ бино беш накард.

Ҳадаф дар ин рубоӣ низ қазову қадар аст. Ба шоҳ баландии мартаба имкон намедиҳад, ки ҳамнишини дарвеш бошад. Инчунин шоҳон соҳиби зару сими давлатанд, яъне хазинадоранд, вале аз як хона зиёд барояшон зарурат надорад. Ин ҷо мисраи рубойи халқӣ, ки «На шоҳаншоҳ бурда як кафан беш» ба ёд меояд, ки ба рубоии зикршудаи Мушфиқӣ ҳаммазмун мебошад.

Умуман дар лирикаи Мушфиқӣ аз нигоҳи мазмуну мӯҳтаво ва мавзӯъ ғазалиёту рубоиҳои ӯ хеле ва хеле наздиканд. Зеро ишқу ошиқӣ, ҳаҷру висол, сӯзу фироқ, вафову бевафоӣ, садоқату носодиқӣ, сабуриву носабурдӣ, ҳассосиву беҳисӣ ва ғайра дар ғазалиёту рубоиҳо хеле маълум буда, шоир ин навъҳои адабиётро хеле ба ба зиндагии мардум наздик намудааст. Ё худ бо рамзу кинояҳои андаке иктифо мекунад. Масалан, ҳадаф аз май ва мастӣ ба андешаи шоир, фориғ будан аз ғами замон, ғанимат донистани оддитарин лаҳзаҳои рӯзгору зиндагӣ ва ғайра:

Ѓараз аз бода хурдан Мушфиқиро ғайр аз ин набвад, Ки месозад даме фориғ аз ин дайри ғамободаш.

Мушфиқи ба таълифи қасида ҳанӯз хеле барвақт оғоз кардааст ва дар эҷодиёти шоир пас аз ғазал қасоиди ӯ меистад. Девони қасидаҳои Мушфиқӣ аз 3000 байт иборат аст. Ӯ дар шакл ва мазмуну мавзӯи қасидаҳо асосан аз қасоиди анъанавӣ берун нарафтааст. Вале дар шеърияти эҷод, мазмунсозию маъниофарӣ, ҳунари шоирӣ, коргирӣ аз санъатҳои бадеӣ ва ғайра хеле ва хеле шоири навовар ва эҷодкори тозакор аст. Ӯ ғолибан дар қасоиди мадҳӣ қавипанҷа буда, дар мадҳи Султон Саид ва амир Абдулоҳхон ва дигарон қасидаҳо эҷод кардааст.

Мавзӯи қасидаҳои Мушфиқӣ ба ғайр аз мадҳу сано, инчунин пеш аз ҳама аз ҳамду наъти Худо, Муҳаммад ва ёрони ӯ, симоҳои мӯътабари дин, майлҳои сӯфиёна, тасвири манзараҳои диёр, фаслҳои сол, ишқу муҳаббат, саргузашти худи эҷодкор, ҳасби ҳолу ҳолу шиква аз замон, танқиди ноадолатиҳо ва ғайра мебошанд.

Мушфиқӣ яке аз сабабҳои асосии рӯ ба дарбор овардани худро дар осудагиву оромии дарбор медонад ва аз ин рӯ мегӯяд:

Ба ин даргоҳи олӣ Мушфиқӣ баҳри дуо омад, Паноҳ овард аз ҷаври замону фитнаи даврон.

Ӯ Султон Саидро «шоҳи иқлими каромат», «соҳиби фазлу карам», менамояд ва ин ҳокимро басо ситоиш мекунад:

Адли ӯ то хори зулм аз пои мискинон кашид, Нест саҳрое, ки бошад бесуруди хоркаш.

Кас ба аҳди ӯ наафтодааст дар чоҳи бало, Ҷуз дили ошиқ, вале он низ дар чоҳи закан.

Мушфиқӣ дар санои Абдулоҳхони Шайбонӣ ҳам, хеле сидқӣ камар бастааст ва ӯро арбоби давлат дониста, асоси муваффақияти эҷодиёти худро аз шарофати давлатдории ҳамин ҳоким меҳисобад:

Шеъри ман гар зиннате дорад, зи юмни мадҳи туст, Хона орояд, бале, ҳар кас ба қадри меҳмон.

Мушфиқи мамдӯҳи худ-шоҳро баъзан ба шоҳони пешин шабеҳ дониста, ҳатто гоҳо афзал меҳисобад. Чунончи, мегӯяд:

Хусраво, аҳди сухан тоза шуд аз давлати ту, Натавон аҳде аз ин нодиратар пайдо кард.

Наи хушки қалам аз файзи баҳори карамат, Барги эъҷоз бароварду самар пайдо кард.

ва ғайра. Хусусан мавзӯъҳои танқидӣ ва тасаввуфию панду насиҳатии Мушфиқӣ хеле ҷолиб ва ҷаззобанд.

Шоир сарвазир Осафро беибо дев меномад, ки чунин ҷуръат кам андар кам аст. Агар дев роҳбар бошад, пас чӣ гуна низом барқарор хоҳад гашт? Чунончи, мегӯяд:

Осаф, ки дев бошаду девон ба қукми ӯ, Назми умури мулки Сулаймон чӣ сон диҳад? Ӯ масти ҷоми мансабу ҳар дам ба пеши ӯ, Соғар даҳон кушояду шиша забон диҳад.

Дар бештари ашъори лирикии Мушфиқӣ хусусан дар ғазалиёташ, шоир оҳангҳои шиквоӣ, танқидӣ ва эътирозӣ хеле баланд садо додаанд. Зеро шоир аз тангии маишӣ, аз рӯзгори нобасомон, аз ҳаёти вазнин басо бо сӯзу гудоз ва бо ҳасрат сухан мегӯяд. Албатта, қаҳрамони лирикии ӯ ҳангоми тасвир маҳдуд нест ва аз ин ҷиҳат, шояд шоир умуман аҳволи аҳли қаламро дар назар дошта бошад. Ба ҳар ҳол пеш аз ҳама шахсияти шоир бояд фаҳмида шавад. Ӯ ҷое тамоман ноилоҷ мондани худро таъкид кардааст;

Ё ин ки:

Дармони дил куҷост, ки баҳри даво равам, Бечораам, илоҷ надорам куҷо равам?

Рӯи муроде ҳаргиз надидам, Аз номуродӣ умрам сар омад.

Ин аст, ки шоир барои тасалӣ ёфтан ва таскин додани дили худ, ба сӯзи дилу ашки чашм (гиряи ҷигарсӯз) дар ин дунёи бевафо созиш кардан мехоҳад. Аз ин ҷост, ки танқиди рӯирости шоҳону амирон ва вазирону ҳокимон дар эҷодиёти ӯ хеле кам аст. Яъне ӯ созиш кардааст. Аз тарафи дигар, шояд аз ҳамин ҷиҳат бошад, ки шоир бештар ба ҳазлу шӯхӣ ва

ашъори мутоибавӣ рӯ меорад. Албатта, ин мазӯъ низ як навъ эътирози сахт, як шакли танқиди зимомдорони замона мебошад:

Ба ашку оташи дил сохтем аз олами фонӣ, Хаёли сим кам дорему савдои заре камтар.

Дигар аз масъалаҳои бисёр ҷиддӣ дар лирикаи Мушфиқӣ тасвири табиат, манзараҳои диёр, гулу гиёҳ, абру борон, офтобу гармо, насиму боди баҳорон, накҳати баҳориву махмалинпӯшшавии дашту даман, назаррабоии кӯҳу ҳомун, хаёлангезии водиҳои гулпӯш ва ғ. мебошад. Ин ҳолат на танҳо дар ғазалиёту рубоиёт, инчунин дар қасидаҳои ӯ хеле ҷолиб ба тасвир омадааст:

Май хӯрдаву афрӯхта рухсор шукуфа, Гулгул шуда аз хандаи бисёр шукуфа.

Зон пеш, ки дар боғ саропарда занад гул, Зад хаймаи худ пеш ба гулзор шукуфа.

Азбаски ба ташрифи раёҳин гуҳар афшонд, Шуд абр тиҳикисаву зардор шукуфа.

То сабза бар атрофи гулистон пари тӯтист, Аз синаи боз аст намудор шукуфа.

Дар бод мабодо, ки ба шӯхӣ фитад аз шох, Худраставу тифл асту сабӯксор шукуфа.

Ё худ:

Абри найсон ба гулистон чу гуҳарбор шавад, Настаран пургуҳари сода садафвор шавад.

Фалаки шох, каз ӯ сӯбҳи шукуфа бидамад, Авфақи тарфи чаман матлаи анвор шавад. Сабза шона диҳад аз ғолиядон лола барад, То насим ояду машшотаи гулзор шавад…

Ва ё лаҳзае аз фасли тирамоҳро чунин бо хусусиятҳои хоси он дар қасидаи «Васфи хазон» ба қалам медиҳад:

Ба рӯи об хазонро сари тамошо шуд, Ҳазор заврақи заррин зи барг пайдо шуд.

Зи баски хуни гул аз шох рехт наштари хор, Зи чеҳрааш асари заъф ошкоро шуд…

Яке аз мавзӯъҳои хеле марказӣ дар эҷодиёти Мушфиқӣ ҳаҷву мутоиба мебошад. Ӯ ба ин мавзӯъ ҳанӯз аз овони ҷавонӣ-солҳои таҳсил дар мадраса оғоз кардааст. Тақрибан солҳои 1557-58 шоир ашъори ҳаҷвии худро мураттаб намудааст. Ин аст, ки «Девони мутоибот»-и шоир ашъори ҳаҷвӣ- мутоиботии ӯро фаро мегирад. Мушфиқӣ дар бораи арзиши ҳаҷву мутоиба мегӯяд:

Шамшери ҳаҷв олату афзони шоирист, Ин ҷинс бад мадону аз ин навъ бад мабар.

Бештар ҳаҷви ӯ доираи васеи ҳамкасбон, зиёиёни замони Мушфиқиро дар бар мегирад. Инчунин ҳаҷву мутоиботи Мушфиқӣ ба табақаҳои ҳокими замон, амалдорон, соҳибмансабон, сармоядорон низ равона гардидааст:

Хоҷа гандум ваъда карду ним ҷав ҳосил нашуд,

Дар садои ваъда доим ҳиммати дун асту доҳ Ӯ разолат карда бошад, мо қаноат мекунем, Бигзарад ин соли қаҳту монад он рӯи сиёҳ.

Мушфиқӣ аз табақаҳои, соҳибмансабон:

Арбобзода, қозӣ, Масъуди сармоядор ва дигаронро ҳаҷв кардааст.

Ӯ дар бораи Масъуди сармоядор мегӯяд:

Дар кори ту, Масъуд, аҷал дер кунад, Вақт аст, ки зӯр овараду зер кунад.

Аз симу зари ҷаҳон нашуд чашми ту сер, Чашмони туро хоки лаҳад сер кунад.

Ё ин ки Маҳмуд ном муллои Гелонӣ, ки баъд ба Самарқанд омада муқимӣ шудааст, Мушфиқӣ ӯро ҳаҷв мекунад:

Зи Гелон омадӣ, Маҳмуд, берун, Кулоҳ аз Хусрави Дайлам гирифтӣ. Задӣ саркалла бо Заҳҳоки морон, Ту ҳам мағз аз сари одам гирифтӣ.

Дигар аз хусусиятҳои ҳаҷви Мушфиқӣ ва мутоиботи ӯ дар мушаххас ва ҳаётӣ будани мавзӯъ аст.

Ӯ шахсонро бо касбу фаъолияташон номбар мекунад ва кирдори зишти онҳоро ҳаҷву танқид менамояд.

Лексикаи ҳаҷвӣ- мутоибавии ашъори Мушфиқӣ хоси ҳамон касбу пеша, оддӣ, бозорӣ ва баъзан туркист. Аҳёнан аз одоб берун низ мебошанд.

Барои намуна ғазали ҳаҷвии «тақсими мерос»-ро зикр хоҳем кард, ки хеле ҳаҷви малеҳ дорад. дар ин ғазал тавассути санъати таҷову муҳобила аз оғоз то анҷоми он нобаробарии зану мард ва ҳатто хоҳару бародар бошанд ҳам, нобаробарӣ сарфи назар карда намешавад, ба тасвир гирифта мешавад. Аз сӯи дигар, ҳарисӣ нисбат ба молу чиз, сарвату неъмат нишон дода шудааст. Ҳатто шеъри мазкур моҳияти шарҳиҳолӣ дорад:

Ҳамшира хакрҷи мотами бобо аз они ту, Сабр аз ману тараддуди ғавғо аз они ту. Анбори пур зи ғаллаи бобо аз он ман, Он қоҳҳои монда ба саҳро аз они ту.

Ин ҷомахобу бистару болин аз они ман, Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.

Танбӯри пур зи хотами бобо аз они ман, Вон нағмаҳои тарнатороно аз они ту.

Вон ҷои хоби мондаи бобо аз они ман, Тасбеҳи порапораи бобо аз он ту.

Дастор, ҷома, фӯтаи бобо аз они ман, Бетоқативу нолаи шабҳо аз они ту.

Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.

Ҳамёни пур зи тангаи бобо аз они ман, Занги фулуси мондаи бобо аз они ту.

Ҷумла гилему қолини бобо аз они ман, Вон нақшҳои мондаи бурё аз они ту.

Аз рӯи ҳавлӣ то ба лаби бом аз они ман, Аз пушти бом то ба Сурайё аз они ту.

Мардум гусел кардану шиштан аз они ман, Такфини хоб кардани бобо аз они ту.

Рафтан ба сӯи қабру нишастан аз они ман, Дастархони чалкаку ҳалво аз они ту.

Аз ин ғазал бармеояд, ки шоир урфу одати ҷории замонро, ки дар онҳо ба занон чандон эътибор дода намешавад, сахт ҳаҷв мекунад. Зоҳиран он чизҳое, ки ба хоҳар аз мероси бобо пешниҳод карда мешаванд, ҳам аз нигоҳи миқдор, доираи фарогирӣ, ҳаҷм, саршумор, андоза, арзишманди ҳиссаи ба хоҳар пешниҳодшуда бештар аст. Вале амалан ба хоҳар чизе мушаххас дар даст намемонад. Ва он чи ки моли меросист, ба бародар расидааст. Аз ин рӯ, шоир мантиқан ҳамшираро ҳимоя мекунад.

Ё ин ки намунае аз як ғазали дигари шоир, ки бисёр ба мавзӯи муҳим-ишқу масъалаҳои дигари иҷтимоӣ: нодорӣ, тангдастӣ, бенавоӣ, сӯзу фироқ, ҳаҷру зурӣ ва ғайра, ки қаҳрамони лирикиро ҷон ба лаб овардаву ноилоҷ сохтааст, рӯ меорем.

Дар ин ғазал ҳатто хавфи афзалияти рақиб ба назар мерасад. Аз ин ҷост, ки ошиқ-қаҳрамони лирикӣ мехоҳад рӯ ба қатъияту ҷиддият биёрад.

Мушфиқӣ мегӯяд:

Ҳар шабе аз оҳи дил кошонаро оташ занам, Шамъро сӯзам, дили парвонаро оташ занам. То ба рағми ман насозад хонаи ишрат рақиб, Пеш аз мурдан ба кӯят хонаро оташ занам.

Боҳама раъноӣ аз оҳи дилам андеша кун, Хирмане сӯзад агар як донаро оташ занам.

Ин ҳама оташ ба ҷони ман зи дасти дил фитод, Гар ба даст афтад, дили девонаро оташ занам. Ҷои ҳар оташ дар ин вайрона доғи ҳасрат аст, Ҷои он дорад, ки ин вайронаро оташ занам.

Мушфиқӣ дар дафтари айём мазмуни фаност, Оқибат авроқи ин афсонаро оташ занам.

Ѓазали мазкур ишқӣ буда, дар он содди чиноиро (девори хитоӣ) маҳбуба тавассути ҳаҷру ҳиҷрон ва дурӣ аз висол гузоштааст. Ошиқ ҳеҷ илоҷи дигаре барои дарёфти висол намеёбад. Аз ин рӯ, маҳз ба хотири он ки рақиб аз ин пешомад комёб нашавад, дигар ҳеҷ чизро дареғ намедонад. Ошиқ бар хонаву ҷой, шамъу парвона, хирману дона ва умуман аз ҳастӣ мегузараду оташ меафканад. Оташи афкандаи ошиқ, оташи вақеӣ нест, балки дуди оҳи дил аст, ки сӯзону оташосо аст. Аз сабаби он ки ин оташ аз дил аст, пас ҳастӣ дучори фано мебошад. Зеро воситае, илоҷе, дастасие, умеде дигар барои висол дар ӯ намондааст. Албатта, чунин сурат гирифтани мазмунсозиву маъниофарӣ дар ашъори

Мушфиқӣ, пеш аз ҳама дар ғазалиёти ӯ аз нобасомониҳои замони шоир, аз тангии маишӣ, аз дасткӯтоҳӣ пеш омадааст. Ин аст, ки чунин оҳангҳои на танҳо дар ғазалҳои Мушфиқӣ дучор мешаванд, балки ҳамаи шаклҳои шеъриии эҷодиёти ӯро ҳам фаро гирифтаанд. Омӯхтани ин масъала барои равшан намудани бисёр масъалаҳои зиндагиномаи шоир кӯмаки бевоситаи ҷиддитарин хоҳанд намуд.

Маснавии «Гулзори Ирам»

Абдурраҳмони Мушфиқӣ на танҳо дар эҷоди ғазалу қасида, рубоиву шеъри тасмит, муқаттаоту марсия ва ғ. машҳур аст, балки ӯ дар маснависароӣ низ табъи баланд доштааст. Шоир маснавиҳои

«Соқинома», «Гулзори Ирам» ва «Ҷаҳоннамо»-ро эҷод карда дар таҳаввули суннати маснависароӣ низ саҳми сазовор гузоштааст.

Маснавии «Гулзори Ирам» нахустин маснавии Абдурраҳмони Мушфиқӣ буда, аз нигоҳи мавзӯъ, мазмуну мӯҳтаво, образҳову қаҳрамонони асосӣ хеле ҷолиб мебошад. Таърихи таълиф, миқдори абёти онро худи шоир чунин ишора кардааст:

Чун адад хостам аз ин ашъор, Шуд ҳазору саду чиҳил ба шумор Баҳри таърихи ин саҳифа қалам, Ҳафтро дар ду нуҳ ниҳод рақам.

Яъне маснавии мазкур соли 1571/72 таълиф гардида, зоҳиран ба абдулоҳхони Шайбонӣ эҳдо шудааст:

Ай шаҳи нуктадон, ки ҳусни камол, Аз ту дар мулки назм ёфт низом.

То ба номат сухан шудаст қарин Сӯфаи байт гашта шоҳнишин.

Маснавӣ аз 24 фасл иборат буда, дар баҳри Хафифи махбуни маҳзуф иншо шудааст, ки афоъили он чунин аст:

— v — — / v — v — / v v —

Яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаъилун.

Асар ба таври анъанавӣ: ҳамди Худо, наът, муноҷот, санои Пайғамбар (с.) ва ёрони ӯ оғоз мешавад. Баъд сабаби таълифт достон зикр мегардад, ки хоҳиши дӯстон будааст.

Достон аз нақли шахси солхурдае, ки аз достонсароии гузашта хуб огоҳӣ дошт, шурӯъ мегардад:

Дар Мағрибзамин Ақл ном шоҳе буд. Ақл шоҳи одилу доност. Ӯ фарзанд надошт. Ақл баъдтар соҳиби фарзанд шуду тифлро Дил ном кард. Дил ба балоғат расида ҳамаи илму ҳикмати замонро омӯхт. Падараш ӯро ба мулки Бадан қалъае буд, ки Димоғ ном дошт ва Дил дар он ҷо зиндагӣ мекард. Халқ аз усули мамлакатдории Дил розӣ аст. Надиме дар яке аз базмҳо пинҳонӣ ба Дил дар бораи Чашмаи Ҳаёт хабар медиҳад. Дил баъдтар талаби чашмаро мекунад. Дил мамлакатро ба ҳоли худ гузошта бо ғаму гиря барои чашма дар пинҳонӣ менишинад. Дил дар кишвари худ Назар ном ҷосусе дорад. назар аз ҳоли Дил пурсон мешавад. Дил ба Назар асрорро мегӯяд. Назар Дилро мегӯяд, ки ту оромона мулкро идора кун ва ман илоҷи Чашмаи Ҳаётро меёбам. Назар

ҳангоми сайр ба мулке мерасад, ки ягон каси бегона ба ин сарзамин пой нагузоштааст. Мардумони он шоду ғанианд ва ин шаҳр Офият ном дорад:

Муддате чун Назар сафарҳо кард, Ҳар тараф, ҳар тараф назарҳо кард. Сӯи шаҳре фитод чашми Назар,

Ки назираш надида буд дигар. Халқ бар вай зи фитнаҳо эмин, Ҳама дар кӯи Офият сокин.

Назар аз номи шаҳр чун пурсид:

«Кишвари Офият»ҷавоб шунид.

Ҳокими шаҳри Офият Номус ном дошта, Назар бо ӯ ҳамсӯхбат мешавад. Номус мегӯяд, ки оби ҳаёт нест ва ин ҳамон обрӯи инсонӣ аст. Вале Назар ноумед нашуда, ҷустуҷӯро давом медиҳад. Ӯ ба кӯҳе мерасад, он уқобон зиндагӣ мекунанд. Ранги кӯҳ сиёҳ ва ҳавлнок мебошад. Дар он кӯҳ қалъаест, ки Зӯҳву Риё ном дорад. ҳокими қалъа Зарқ аст. Ӯ шахси маккору дилозор аст. Назар ба назди Зарқ омада қиссаи оби Ҳаётро арз мекунад. Зарқ бар хилофи гуфтаи Номус мегӯяд, ки Оби Ҳаёт ҳаст, вале дар ҷаннат. Чамаеро, ки ин ҷо оби Ҳаёт мегӯянд, ҳамон ашки чашмони инсон мебошад. Агар хоҳӣ, ки онро ёбӣ гиряву зорӣ бикун. Назар боз сафарро давом дода ба қалъаи дигар дучор мешавад, ки ҳокими он Ҳиммат буд. Ҳиммат покдил, бофазлу камол буд.

Назар аз Ҳиммат низ имдод мепурсад. Ҳиммат мегӯяд, ки он чашма пинҳон нест, вале роҳ ёфтан ба он ҷо душвор аст, Назар зориҳо мекунад. Ҳиммат мегӯяд:

— Дар мулки Шарқ Ишқ ном шоҳ аст. Ишқ духтаре дорад, ки Ҳусн ном дорад. ишқ барои духтари худ аз нуқраи шаффоф дар кӯҳи Қоф қалъае бино кардааст. Ин қалъа дар шаҳри Дидор мебошад. Дар шаҳри Дидор боғе мавҷуд аст, ки онро Гулшани Рухсор мегӯянд. Чашмаи Оби Зиндагонӣ он ҷост. Ҳусн пайваста аз он чашма менӯшад. Ҳиммат боз мегӯяд, ки: Эй Назар, ман ҷои Оби Ҳаётро гуфтам, вале роҳи он пурхатар аст. Дар сари роҳ шаҳри Сагсор аст ва ҳокими он Рақиб мебошад ва ӯ тобеи Ишқ ва нигоҳбони Дидор аст. Пас аз Дидор ҷовушон манзил доранду баъд манзили дигар аз ҳабашизодагони зангичеҳр аст. Ду камондор онҷо тороҷгарони ақлу дин ҳастанд. Ҳиммат ба бародари худ Қомат, ки сипаҳсолори Ҳусн аст, номае навишта ба Назар медиҳад. Ҷовушони Рақиб-Ҷафо ва Ситам Назарро бандӣ мекунанд. Назар ҳунари зарсозии худро ба Рақиб изҳор мекунад. Рақиб мегӯяд, ки сангро зар мекунад. Рақиб мегӯяд, ки Лола аз Рум ва Сунбул аз Чин биёр ва то гули Форс аз наргиси Ҳабашӣ дар назар накашӣ кор душвор мешавад.

Инҳо дар шаҳри Дидоранд. Пас назару Рақиз ба шаҳри Саломат меоянд, ки дар он ҷо бародари Ҳиммат-Қомат мезист. Дар шаҳри саломат Рақиб хоб меравад. Қомат аз Назар мақсад мепурсад ва Назар рамаи Ҳимматр ба Қомат медиҳад. Қомат назарро ба шаҳри Дидор равон мекунад. Яке аз амирони Ҳусн, ки Зулф ном дошт, аз Ҳиндустон ба Туркистон омада буд, аз гармои ҳаво дар камари кӯҳ истиқомат

мекард. Назар, ки падараш аз Туркистон ва модараш аз Ҳиндустон буд, бо Зулф ошно мешавад. Зулф канд афканда Назарро ба он кӯҳ мебарад ва Назар он ҷо гул, сарв ва булбулу тазарвро тамошо мекунад. Назар Зулфро видоъ мекунад ва Зулф ба ӯ чанд тор аз Зулф медиҳад, ки агар лозим шавад, дар болои сангу оҳан оташ афрӯз ва торе бар рӯи оташ гузор, ман ҳозир мешаваму туро халос хоҳам кард. Назар ба дасти морпоён дар шаҳри Шом асир меафтад ва аз онҳо халос шуда ба шаҳри Дидор меояд он ҷо зангибачаҳоро мебинад:

Ҳама дар рангу бӯй мушкинон, Гулу насрину ёсуманчинон.

Назар кӣ будани онҳоро пурсид. Онҳо гуфтанд, к ғуломони Холи Ҳусн ҳастанд. Назар Ѓамза ном бародаре дорад. ғамза ҳароҳи Ҳусн аст. Назар Ѓамзаро мебинад, ки дар Гулшани Рухсор дар байни наргисзор нишастааст. Ѓамза ба назар ҳамла кард. Дар ҷанг Назарро бандӣ кард, вале шинохт, ки бародараш аст:

Гуфт: Ман будаму бародари худ, Ҳар ду ду нури чашми модари худ. Чун зи хурдӣ ҷудо шудем зи ҳам, Модар аз меҳр мӯҳрае маҳкам.

Дар ду бозуи мо зи лаъли хушоб, Басту аз ҳаҷр кард дида пуроб.

Ҳусн огоҳ шуда Назару Ѓамзаро даъват мекунад. Ҳазинадори Ҳусн Садрхозан дар рӯи коғаз пайкари сангеро кашида ба назар медиҳад. Назар сурати Дилро мешиносад. Дил писари шоҳи Мағрибу Шом мебошад. Ҳусн аз Назар хоҳиш мекунад, ки ӯро ба висоли Дил бирасонад:

Ба Назар роз дар миёна расонд, Шаби ҳиҷрон дар фасона кушод.

Назар саргузашти Дилро ба Ҳусн баён мекунад. Ҳусн ғуломи худ Хаёлро хотаме медиҳад ва бо ҳамроҳии Назар ба пеши Дил равон мекунад. Дил бо Хаёл сӯҳбат карда мехоҳад Ҳуснро бубинад ва бо Хаёл меравад. Вазири Дил ҳолати Дилро ба падари ӯ-Ақ хабар медиҳад.пас аз ақлу вазир мехоҳанд Назару Хаёлро асир гиранд. Назар хотамро ба даҳон андоҳта Дил, Ҳиммат ва Хаёлро гул заду ба назди Ҳусн рафт. Назар хост аз чашмаи Гулшани Рухсор об нӯшад, вале хотамро афтонд. Ин вақт рақиб пайдо шуду Назарро маҳбус кард. Назар мӯе аз Зулфро оташ дод, ки Зулф ҳозир шуду ӯро наҷот дод. Назар воқеаро ба Ҳусн гуфт ва Ҳусн Ѓамзаро бо Назар фиристод, то ки Дилро асиру ақлро дастгир карда биёрад. Зарқи Роҳиб писаре дошт, ки ӯ Тавба ном дошт. Ӯ сокини кӯҳи Зӯҳд буд.

Дил ва Ақлро ба назди Ҳусн меоранд ва Ҳусн дояе дошт, ки номаш Вафо буд. Боре Ҳусн ба Вафо гуфт: Ту Дилро ба қасри висол биёр. Ба ҳамин тариқ, Ҳусн ба висоли Дил мерасад.

Ѓайр низ мехоҳад ба висоли Дил даст ёбад. Ӯ чунин ҳам карда ба висоли Дил мерасад. Хаёл ҳолати Дилу Ѓайрро мебинад:

Ҳарду маҳушу масту лояъқиил,

Аз ҷаҳону ҷаҳониён ғофил.

Ҳусн бохабар шуда Дилро дар кӯҳи Уқоб меафканад. Ѓайр ин ҳолро ба падараш Рақиб мегӯяд. Рақиб бошад табассум, Дил ва Назарро бандӣ мекунад ва онҳоро дар водии Фироқ маҳбус менамояд.

Ҳиммат барои халосии Дил ба шаҳри Қомат омад. Баъд Ҳаммат ба шаҳри Бадан омада Ишқ Ақлро халосӣ бахшид ва ба Маҳр фармуд, ки Рақибро зиндон кунадва Дилу Табассум ва Назарро озод кунад. ақлро аз Чин оварда ба садри вазорат ҷойт медиҳанд. Дар охир ҳама як ҷо ҷамъ шуда Вафо, Ноз ва Меҳр ба ҳам мепайванданд ва Дилу Ҳимматро эҳтиром мекунанд. Дар ҳамин ҷо хутбаи никоҳи Ҳусн ва Дил хонда мешавад. Ҳиммат Дилро ба сӯи чашма ва пайдо кардани Хизр мебарад. Достон ба ҳамин тамом мешавад.

Хусусиятҳои достон

Ин достон рамзӣ буда қаҳра монҳои он асосан узвҳои инсонанд. Хусусиятҳои узвҳо ба назар гирифта шудаанд. Инчунин майлҳои инсонӣ низ ҳар кадом табиати сириштии худро нигоҳ медоранд: Ишқ, Ҳусн, Ақл, Дил, Хаёл, Назар, Ѓамза, Қомат, Ҳиммат, Меҳр, Вафо, Ноз, Зулф, Табассум, Номус, Тавба, Зарқ, Рақиб ва ғ. ширкаткунандагони достонанд.

Тавассути ташхис ва рамзу киноя ҳар кадом амал мекунанд. Муносибату рафтор, гуфтору кирдор ва фаъолияти мусбату манфӣ будаву доштани онҳо мисли он аст, ки онҳо дар вуҷуди инсонӣ доранд.

Масалан, Ѓайр, Зарқ, Тавба бештар садди роҳи ошиқу маъшуқаанд вале, дар достон ҳар кадоми инҳо фаъолияту амали худро мустақилона ба кор мебаранд.

Қаҳрамонҳои асосии асар: Ақлу Дил ва Ишқу Ҳусн мебошанд. Дигар каҳрамонҳои лаҳзагӣ ва ё ёрирасон мебошанд. Онҳо хатти амалиётро фаъол гардонида ба ҷараёни ҳодисаву воқеаҳо таҳким мебахшанд. Ҳадаф аслан баёни ҳолоти ошиқу маъшуқа мебошад, ки онҳо Ҳусну Диланд. Ин қаҳрамонҳо (асосӣ ва ёвар) дар ашъори орифона вазифаи дигар доранд. Инчунин дар ашъори лирикӣ низ дучор мешаванд. Маснавии «Гулзори Ирам» ҳатто аз унвони он пайдост, ки дорои қавитари оҳангҳои ирфонӣ-тасаввуфӣ аст.

Аз нигоҳи сабку услуб, шеваи баёну ҳунари эҷод, истифода вазну қафия, радифу санъатҳои адабӣ, мазмунҳову ҳунари тасвир, корбасти калимаҳову ибораҳо, таъбирҳои халқӣ ва ғайра низ достон хеле ҷолиб аст.

Кӯшиши шоир дар эҷоди маснавӣ аз он иборат аст, ки ӯ хостаст дар заминаи суннати бой ва бисёрсолаи боғановат тозакорӣ бикунад. Ӯ аз ӯҳдаи он ҳам баромада тавонистааст.

Албатта, дар ин мавзӯъ Ибни Сино, Шайх Шоҳубиддин Сӯҳравардӣ («Рисолата фӣ ҳақиқат-ал-Ишқ») вале чун асари адабӣ-бадеӣ Фаттоҳии Нишопурӣ («Ҳусну Дил»), Котибӣ («Хусну Дил») навиштаанд. Мушфиқӣ бештар такя дар Фаттоҳӣ кардааст:

Аввал, ки муншии устод,

Дафтари «Ҳусни Дил» ба дастам дод.

Вале ба қавли Мушфиқӣ, Фаттоҳӣ дар эҷоди асар ба нуқсонҳо бештар роҳ дода аст. Аз ин рӯ, асари ӯро «қолаби бе рӯҳ» ва «чамани бе об» мегӯяд:

Муҷмале қисса он ки дошт зуҳур, Нусхае аз фасеҳи Нишопур.

Гоире аз назм ночашида футӯҳ, Дар назар ҳамчу қолаби берӯҳ…

Ин аст, ки достони Мушфиқӣ бештар дар таърихи адабиёт маҳбубият пайдо кардааст. Шоири асри XVII Нишонӣ аввалин касест, ки навиштааст. Чандин шоирони дигар низ бо ин ном ва ё дар ҳамин мавзӯъ асарҳо навиштааст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *