Фанни Адабиёт

Образи бадеӣ

Образ калимаи русӣ буда, маънои сурат, симо ва нақшро дорад. Нависанда маҷмӯи хислату характери ашхоси алоҳидаро омухта, пас онҳоро дар симои як шахси алоҳида дар раванди ҳодисаю воқеаҳои мухталиф нишон медиҳад. Ба ҳамин восита адиб образи инсонро меофарад. Чунон ки В.Г.Белинскиӣ мегӯяд: «Адиб бо образҳо фикр мекунад, вай ҳақиқатро исбот намекунад, балки онро нишон медиҳад».

Масалан, дар афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» халқ хислатҳои нотарсӣ, далерй, паҳлавонӣ ва ҷоннисории як гуруҳ ҷавонони тоҷикро дар образ (симо, тимсол)-и Эраҷ ҷамъбаст намудааст. Ё дар нақлу ривоятҳо образҳои Томирис, Куруш, Луқмони Ҳаким, Фирдавсӣ ва Восеъ тасвир ёфтаанд, ки аз рафти ҳодисаҳо хислату характер, ҷаҳонбинии онҳо аён гардидааст.

Образҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: а) образҳои мусбат, б) образҳои манфй. Ҳамаи образҳое, ки нависанда ба онҳо таваҷҷӯҳ дорад, бо камоли майл ҷиҳатҳои нағзи хислату характери онҳоро тасвир намуда, беҳтарин афкори пешқадами худро дар симои онҳо нишон додааст, образҳои мусбат ном доранд. Масалан, Эраҷ, Восеъ, Темурмалик, Сафар Одинаев ва дигарон ба гуруҳи образҳои мусбат дохил мешаванд.

Дар асарҳои бадеӣ ашхосе амал мекунанд, ки онҳо хислату характери манфур, зишт доранд, ба инсон бадӣ мекунанд, барои хароб намудани ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд ва нависанда кору амалиёти онҳоро бо нафрат ба қалам медиҳад. Ана ҳамин гуна ашхос ба образҳои манфӣ дохил мешаванд. Масалан, ба гуруҳи образҳои манфӣ Ҳенгилдев, Иблис, Мор, Заҳҳок ва дигарон мансубанд.

ПЕРСОНАЖ (ИШТИРОККУНАНДА)

Ҳар як асари бадеӣ иштироккунанда дорад. Баъзан иштироккунандагони асарҳои бадеӣ ҳайвонот, паррандагон ва наботот, хок, санг, гул, чинор низ мешаванд. Вале дар симои онҳо амалиёти инсонҳо дар назар дошта шудааст. Кулли иштироккунандагони асари бадеиро дар адабиётшиносӣ хоҳ образи манфӣ бошад, хоҳ мусбат, персонажи асари бадеӣ ё ба тарзи диғар гӯем, ипггироккунандаи асари бадеӣ мегӯянд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *