Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Санъати меъмори ва монументали дар Рим

Биносозии аввалин дар Рим аз рӯи усули этрусскӣ иҷро карда мешуд, шояд тавассути устоҳои этрусскӣ бошад. Аз ин рӯ, меъмории Рим аз замони тавлидёбии худ шакли маҳимтурини меъмори этрусскӣ – манораи сиркулярӣ,яъне нимдоираи сангини болопӯшида буд. истифодаи ин шакли меъморӣ, ки ба юнониҳо маълум набуд, ба римиҳо имконият фароҳам овард, ки ба иншоот гуногунрангӣ бахшида, нотарсона онро ошёна болои ошёна созанд.

Вале, дар маҷмӯъ, ба меъмории Рим меъмории Юнон таъсири калон расонидааст. Дар иншоотҳои худ римиҳо кушиш ба он мекарданд, ки ба инсон фишор оварад. Барои иншоотҳо монументалӣ хос буда, рангубори берун ва дохили он бодабдаба буда, кушиш ба риояи матаносиби онҳо, таваҷҷӯҳ ба ҷиҳатҳои соддагии меъморӣ, ба бунёди на маҷмааву кохҳо, балки иншоотҳои зарурӣ амалӣ афзалият дода мешуд.

C:\Users\USER\Music\2.jpg
C:\Users\USER\Music\66666.JPG
C:\Users\USER\Music\акведук.jpeg

Кохи Веста Кохи Антонин Акведуки Рим

МЕЪМОРИИ ОРДЕРӢ. Баолами римӣ воридшавии мавҷм эллинизм нисбат ба мавҷҳои маданиятҳои дигар нисбатан пурзуртар буд,ки аз мамлакатҳои Шарқ ворид шуда буданд, ва, ниҳоят аз асри VIII то милод сар карда ба ташаккули маданият, аз он ҷкмла ба меъмории Италия қадим кӯмак расониданд. Эллинизм ба он забони меъморие кӯмак расонид, ки бо амри тақдир санъати Рим тавонист, ки сухани боътимоди худро баён созад. Меъмории Рим аз Юнон, дар навбати аввал ордерро қабул карда, дар асоси образҳои юнонӣ намудҳои (вариантҳои) худ – дорӣ, ионӣ, коринфи, тоскании худро коркард намояд.

Истифодаи шаклҳои нави меъморӣ тағйироти бунёди сутунҳоро тақозо мекард. Барои нигоҳ доштани аркҳо, болопӯш ва гумбазҳо аллакай сутунҳо, ки барои юнониҳо ҳамчун сутун барои болорҳои нишебрӯ ва шифтҳо истифода бурда мешуданд, ба кор намерафтанд. Онҳоро бояд бо ягон чизи дигари нисбатан беҳтару боқувваттарк, бори зиёдро бардошта метавонист, иваз кардан лозим буд. Меъмории римӣ истифодаи сутунҳоро барои мақсади номбурда қариб истифода намебурдагӣ мешаванд ва ба ҷои онҳо аз деворҳои яклухт ва пилятрҳо истифода мебурданд. Сарфи назар аз ин онҳо истифодаи сутунҳоро аз меъмории худ намебароварданд, вале барои римиҳо моҳияти зебу зинат (декоративи)-ро мегиранд. Он чӣ ки ба услуби сутунҳо дахл дорад, римиҳо оид ба ин қисмати иншооти бинокорӣ ягон чизи навро ихтироъ накардаанд. Онҳо усулҳои тайёри .юнониро гирифта ва ба онҳо мувофиқи табъу фаҳмиши худ тағйирот ворид сохтаанд. Ҳамин тариқ, чандин ордер ба вуҷуд меояд.

Ордери дорӣ дар замони дар замони Ҷумҳурӣ дар намудҳое (вариантҳое) ба вуҷуд меояд, ки гоҳ ба ба ордери эллинистӣ ва гоҳ ба ордери классикии Юнон мувофиқат мекард. Дар сутунҳои озодона устувор кардашудаи ордери дорӣ дар замони Ҷумҳурӣ бештар матаносибии хеле сабук дошт – таносубҳои он хеле вазнин мешуданд. Таҳкурсӣ набуданд ё заиф ифода меёфтанд. Бисёртар он намудҳое (вариантҳое) вомехурданд, ки дар ҳолати мобайнии ордерҳои тосканӣ ва дорӣ қарор доштанд. Ордери дории замони имперӣ бисёр вақт омезиши (гибриди) ордери дорӣ ва тосканӣ мебошад.

Ордери дорӣ бо ордери юнонии ҳамном қариб ягон монандие надошта, танҳо бо вайрон карда шудани андозаи (прапорцияи) худ, тафовут дорад: сутун баландтар шудааст (баландӣ ба диаметр ва асоси он на ҳамчун аз 5 — 1 ҳиссса, балки аз 7 : 1 ҳиссат мувофиқат мекунад).

Ордери ионӣ. Ордери ионӣ дар ду намуди (варианти) асосӣ истифода мешуд. Дар яке – капител бо волюта ду тараф дорад, дар мавриди ду тараф бо балюстраҳо; дигараш бошад, ҳарчор тарафашон якхелаанд, волютҳо бошанд, ба ду тараф дар асоси диагонал ёзонида шудаанд. Намуди якум, бо нақшаи нисбатан наздиктар бо капители юнонӣ , афзалиятро дар охирҳои Ҷумҳурӣ ба даст медарорад; он ба таври классикӣ дар ибодатгоҳи Вортуна Виралис дар Рим инъикос гардидааст. Ордери дуюм дар замони Ҷумҳурӣ афзалият дошт ва асосгузори ордери композитсионӣ мебошад.

Ин ордер барои римиҳо нисбат ба замони юнонӣ назокати баланди худро аз даст надода буд. Сутунҳои чунин иншооти меъморӣ бисёр вақт дар қисмати болоишашон бе кунгура сохта мешуданд.

Ордерҳои Рими Қадим

C:\Users\USER\Music\сутун.jpg

Дорӣ Тосканӣ Ионӣ Коринфӣ Композитӣ

Ордери тосканӣ. Аз аввал сар карда намуди этрусскии дорӣ буда ва аз он бо мавҷуд набудани фризи триглифӣ каннелкор тафовут дорад; бисёр вақт он бо мавҷудияти таҳкурсии мустаҳкам ва капители баланд ифода аётааст, ки дар он гарданки шаффоф аз фаста-астрогал ҷудо мешавад. Витрувий ордери тосканиро, ҳамчунанталементи чӯбин тасвир менамояд. Яъне аллакай дар замони Ҷумҳурӣ намудҳои меъморие ба вуҷуд меоянд, ки антаблементҳои сангин доштанд.

Ордери коринфӣ дар асри II то милод ордери дӯстдоштаи меъмории Рим мегардад. Ин ордер он замон дар Шарқ хеле кам истифода бурда мешуд. Ордери Коринф дар замони Ҷумҳурӣ , асосан дар намуди озоди итало-коринфӣ истифода бурда мешуд, ки як навъ намунаи беҳтарини сутунҳои туфсанги Ибодатгоҳи Мудаввар дар Тифол мебошад.. Волютҳои калон ва қаторҳои гулҳое, ки наздик ва дар мувозинати реалистии аканти пурмаъно, бо тақсимоти амиқи ҳалли геометрӣ ва новобаста аз акант ва волют – он махсусиятҳое мебошанд, ки ба капители ин ордер хосанд. Таърихи меъмории Римро ба чор марҳалаи рушди он тақсим кардан мумкин аст.

Ордери композитӣ. Ордери композитӣ ордери меъморӣ буда, он дар Рими Қадим ба вуҷуд омада, омезиши унсурҳои ордерҳои ионӣ ва коринфиро ташкил менамояд. Ин ордер ҳам дар капител чун волюта ва ҳам чун нақшу нигор дар шакли баргҳои акант истифода бурда мешавад.

МАРҲАЛАИ ЯКУМ. Марҳалаи якум аз замони бунёди шаҳри Рим то миёнаҳои асри II то милодро дар бар мегирад. Ин замон ҳанӯз аз биноҳои калон хеле кам сохта шуда буданд ва онҳо бештар моҳияти тоза этрусскӣ доштанд. Аксарияти иншоотҳои бинокорӣ дар аввали марҳалаи мавҷудияти давлати Рим сохта шуда, бештар ба манфиати ҷомеа хизмат мекарданд. Чунин буданд ҷӯю каналҳо барои таъминоти шаҳр, асосан ба воситаи дарғот. Ғайр аз инКлоаки Калон, ки об ва ифлосиҳою халоҷотиро асосан аз қисматҳои пастии Рим ба берун аз шаҳр ба Тибр ҳамроҳ мекарданд. Роҳҳои беҳтарин чун Роҳи Аппи, ки бо сангҳои тарошидаю суфта зич сангфаршкарда,акведукҳо,термҳои Мамертӣ ва базиликҳои нахустин, аз ҷумлаи ин иншоотҳои марҳалаи якуми рушди меъморӣ дар рим буданд.

МАРҲАЛАИ ДУЮМ. Дар ин марҳала намуди меъмории бизилик нашъунамо меёбад, ки ба он таъсири юнонӣ дида мешавад. Ин марҳала, ки аз миёнаҳои асри II то милод ва то афтидани идораи Ҷумҳурӣ (соли 31 то милод) давом кардааст, дар баробари навгониҳои дар марҳалаи якум ишорашуда, бо дар Рим пайдошавии кохҳои нахустини мармарӣ маълум мебошад. Қаблан бошад, кушкҳо аз навъи сангҳои пиперин ва травертинни вулқонҳое, ки дар маҳалҳо мавҷуд буданд, сохта мешуданд. Дар баробари ин, чунин биноҳо, ҳам аз рӯи нақша ва ҳам аз рӯи сохт (конструксия), бештар ба биноҳои юнонӣ монанд шуданд. Ибодатгоҳи римӣ дар марҳалаҳои оянда низ як бинои маъмулии (тселли) шаклаш дарозрӯя, чоркунҷа буда, дар таҳкурсии баланд сохта шуда буд, ки касро поймонакҳо ба болои он танҳо аз тарафи кӯтоҳу пешорӯи он мебаровард. Тавассути ин поймонакҳо боло баромада, ба айвони (портики) сутундор мебароӣ ки дар ҷои чуқурии ондар мавҷуд буда, он касро ба тселла мебаровар, ки он равшаниро танҳо ба воситаи дар ҳамон вақте мегирифт,Ю ки агар он кушода мебуд.

C:\Users\USER\Music\дори.jpg
C:\Users\USER\Music\иони.jpg

Ордери Дорӣ Ордери Ионӣ

Баъзе сутунҳо натанҳо айвонҳо (портикҳо)-и ибодатгоҳ(простил)-ро зебу зинат медоданд. Баъзан дар шафат тарафҳои паҳлугии тселла (родперинтер) устувор карда мешуданд, вале онҳо дар тарафи ақиби он набуданд. Баъзан ба ҷои сутунҳои доимӣ аз ннисутунҳо истифода мебурданд., ки аз деворҳои тселлаҳо баромада меистоданд. Боми бино ҳама вақт ду тарафи нишебрӯя ва фронтони секунҷаи дар блои айвон (портик) гшузошташуда дошт.

C:\Users\USER\Music\тоскани.jpg
C:\Users\USER\Music\коринфи.jpg

Ордери Тосканӣ Ордери Коринфӣ

Дар баробари чунин муқаддасгоҳҳои намуди юнонӣ, римиҳо ба шарафи баъзе худоҳо, ибодатгоҳҳои мудаввар низ бунёд мекарданд, ки дар онҳо худашонро тасвир намуда, ба ин иншоотҳо ва зебу зинати онҳо унсурҳои юнонӣ низ дохил мекарданд.

Аз ибодатгоҳҳое, ки ба мараҳалаи мавриди баррасӣ қарор гирифтааст метавон Ибодатгоҳи Портунро мисол овард, ки то як дараҷа боқӣ монда, айвони (портики) мураккаби ионӣ ва Ибодатгоҳи Мудаввари Вестаро ном бурд, ки бо 20 сутун иҳота карда шудааст.

Чанд иншооти бузурги индавраинаи Римро ном мебарем:

-Табулярий (аз лотинӣ Tabularium) — ,бинои хеле калоне, ки соли 78 то милод барои бойгонии давлатӣ сохта шуда, ба форум тавассути пешорӯи бино баромадан мумкин буд ва аз 11 арки дар болои сутунҳои дорӣ устуворкарда иборат буд.

-Театри чӯбини сеқабатаи М.Скавра (соли 58 то милод сохта шудааст), дар он 80 ҳазор тамошобин ҷой гирифта ва бо 360 сутуни мармарӣ ва ҳайкалчаҳои сершумори биринҷӣ зебу зинат дода шуда буд.

C:\Users\USER\Music\венера.jpg
C:\Users\USER\Music\марсово поле.jpg
C:\Users\USER\Music\рми.png

Майдони Марс Ибодатгоҳи Венераи Ғолиб Театри сангин

-Театри аввалини сангине, ки соли 55 то милод дар Майдони Марс сохта шуда, бо қаторҳои нишасти тамошобинон дар болотар аз бино Ибодатгоҳи Венераи Ғолиб (Venus Victrix) ҷойгир мебошад.

Ҳамаи ин иншоотҳои сохтмон ва баъди онҳо сохта шудани форум ба Ибодатгоҳи Венераи Модар (Venus Genitrix). Амфитеатри бузургтарини сангин, ки болои онро болопӯши абрешимин (velum) барои ҳифозати тамошобинон аз шӯъои офтоби сӯзон ҳимоя мсекард, базиликаи Юлий ва театри сангине, ки дар замони Август сохта шуда, бо номи ӯ номгузорӣ шуда буд ба хотири домоди Август, театри Мартселла сохта шуда буданд, аз байн рафтаанд.

C:\Users\USER\Music\композити.jpg
C:\Users\USER\Music\марси цасосгир.jpg

Ордери Композитсионӣ Ибодатгоҳи Марси Қасосгир

Таҳқиқотҳои ба наздикӣ бо истифода аз 3D – намунасозӣ (моделирования) нишон дод, ки ба таври фавқулодда ҷой додани саҳна дар тарафи ҷанубу шарқӣ, нисбат ба майдонҳои театрии Рим, ки одатан ба тарафи ғарб менигаристанд, беҳуда набудааст. Меъморони Август чунин бунёд кардани театрро барои тантанаҳои пагоҳирӯзӣ пешбинӣ карда будаанд, то ки тамошобинонро аз гармии тафсони Офтоб эмин нигоҳ доранд, чунки ин вақт Офтоб на тамошобинонро балки ба саҳна шӯълаафканӣ мекард.

МАРҲАЛАИ СЕЮМ. Марҳалаи сеюми аз ҳама беҳтарини таърихии меъмории Рим мебошад, ки аз замони ҳокимиятро ғасб кардани Август ва дар Ҷумҳурӣ ба таври пурра ҳукмрон шудан оғоз ёфта, ва то марги Адриан идома меёбад, яъне то соли 138 милодӣ. Дар ин вақт римиҳо аз қир ё худ семент(бетон) ба таври васеъ истифода мебурдагӣ мешаванд. Намудҳои нави иншоотҳои бинокорӣ пайдл мешаванд, масалан, базиликҳое, ки дар онҳо қарордодҳои тиҷфоратӣ ба имзо мерасиданд ҳукми додгоҳ ба тасвибю мерасид, сирк сохта мешавад, ки дар он ҷо мусобиқаҳои аробарони дучарха сурат мегирифтанд, китобхона кушода мешавад, ҷойҳо барои бозӣ, сайру гашт бунёду обод карда мешаванд, ки онҳоро боғот иҳота мекарданд. Намуди нави иншоотҳои монументалӣ – аркҳои ғалаба (триумфальные арки) ба вуҷуд меоянд. Такмили техникаи арксозӣ бо фаъолона бунёд кардани акведук ва пулҳо мусоидат намуданд. Вале аркҳои ғалаба ва сутунҳо, ки бо ҳайкалҳою тасвироти гуногуни дигар орододашуда, ки ба шарафи ғалаба ва истилогариҳои империя сохта шуда буданд, воқеан римӣ буданд. Маҳорати муҳандисии римӣ дар мавриди сохта шудани роҳҳо, пулҳо, акведукҳо,новаҳои халоҷотпартоӣ (канализатсия) ва истеҳкомсозӣ тамошобинро ба ваҷд меоваранд.

C:\Users\USER\Music\базилика.jpg
C:\Users\USER\Music\тиюуарий.jpg

Базиликаи Юлий Табуларий

Санъати римӣ ва санъати юнонӣ дар нозукию мутаносибӣ ақибтар меистод, вале на аз ҷиҳати сифатҳои техникии худ. Ду иншооти аз ҳама маълуми Рим ба ҳамин марҳала рост омадааст: Колизей (амфитеатри аз ҳама калонтарини олами антиқӣ) – яке аз иншоотҳои бузурге, ки римиҳо дар тамоми империя бунёд карда буданд, пантеон, ибодатгоҳ ба хотири ҳамаи худоҳо, деворҳо,шифтҳо ва варшҳои биноҳои ҷамъиятӣ, инчунин қасрҳои императорон ва хонаҳои шахсони алоҳидаи бо нақшу нигор ва ҳотамкорию кошинкор зебу зинат дода шуда буданд.

C:\Users\USER\Music\арка.jpg
C:\Users\USER\Music\август.jpg

Арки Зафари Константин Форуми Август

Август сохтмони объектҳои зиёди меъмориро, ки қаблан оғоз карда буд,, ба анҷом мерасонад ва бо хушу хурсандӣ ва дабдабаи том дар Рим 82 ибодатгоҳро, ки валангор шуда буданд, аз нав барқарор мекунад. Савганди худро, ки ҳангоми муҳориба дар Аксиум эълон дошта буд, форуми мӯҳташамеро ки бо номи ӯ номгузорӣ шуда буд, бахшида ба Марси Қассосгир бунёд мекунад. Қисматҳои боқимондаи бинои ин форум – се сутуни коринфӣ, як қисми девори тселлаи ибодатгоҳ ва баъзе қисматҳои дигари боқимондаро метавон аз ҷумлаи боқимондаҳои олиҷаноби меъмории Рим шиносхт.

C:\Users\USER\Music\панетеон агриипппппа.jpg
C:\Users\USER\Music\мезон карра.jpg

Пантеон Агриппа Мезон Карре

Пантеони Агриппаи соли 26 то милод сохташуда ёдгории боз ҳам олиҷанобтар ва нисбат ба Форуми Август хеле хуб боқӣ мондааст. Август ҳанӯз вақти дар қайди ҳаёт буданаш мақбараи боло тобутро сохтааст, ки аз он танҳо тӯдаи сангҳо боқӣ мондааст. Он ёдгории бузурге буд дар Майдони Марс, майдоне, ки аз 3400 мур ва худи бино аз якчанд қабат иборат буда, яке аз дигаре болотар ҷойгир буда, дар онҳо дарахт шинонида шуда буд; дар баландии он ҳайкали бузурги биринҷии император гузошта шуда буд, ки мӯҳташамии Майдони Марсро боз ҳам мӯҳташамтару гуворотар мекард.

C:\Users\USER\Music\храм памтора.jpg
C:\Users\USER\Music\золотой дом нерона.jpg

Кохҳои Кастора ва Поллукса “Қасри тиллоӣ” – и Нерон

Ба хотири бунёд кардани ншоотҳои гуногуни дар Рим Август ҳақ дошт бигӯяд, ки “ин шаҳрро хиштин қабул карда будам, вале онро мармарӣ монда меравам”. Бо амру роҳбарии Август дар шаҳрҳои дигари империяи Рим низ биноҳои каму беш олиҷанобу мӯҳташам сохта мешаванд. Масалан, кохи Август ва Рома дар Пул (Истрия), боқимондаҳои кохи хеле олиҷаноби Мезон Карре дар Нима, дарвозаҳои Зафар (триумфальная арка) дар Римин, Суза, Аоста ва ғайраҳо аз қабили чуқнин иншоотҳо дар шаҳрҳои музофотӣ мебошанд.

Баъд аз марги Август корҳои сохтмонӣ дар Рим то вақти муайяне камтар мешаванд. Сарфи назар аз ин, Тиберий ба бунёди кохҳои Кастора ва Поллукса оғоз менамояд, ки баъдтар сохтмони онро Калигула ба анҷом мерасонад; боқимондаҳои камбағалонаи ин бинои як вақтҳо забою бодабдаба – се сутун бо қисме аз асоси он ва антаблемента – алҳол дар қисмати поёнии форум маҳфузанд. Клавдий акведуки бо номи худро месозад, ки он аз дарёи Аниони воқеъ дар кӯҳҳои Сабин ба Рим об меовард – иншооти бузурги дарозияш зиёда аз 10 километр буд, ки ба воситаи Кампанияи Рим тул кашида, ва аз аркҳои васеъ иборат буданд, ки новаи каналро дар болои худ нигоҳ медоштанд, ки об ба воситаи он бо шаст ҷорӣ буд.

Ҳамин тариқ, замони императории Нерон мерасад. Нерон, баъди сухтори маълум дар Рим, дар харобаҳои пур аз сухтор боқимонда “Қасри тиллоӣ” месозад, ки он аз ҳамаи иншоотҳои то он замон сохташуджаи меъморӣ ва ороишӣ (декоративӣ) зеботару олиҷаноб ва мӯҳташамтар афзалият дошт ва воқеан сазовори ифтихор ҳам буд. Ин иншооти меъморӣ баъд аз вафоти Нерон, ки воқеан шахсияти истибдодӣ (тиран) буд, аз тарафи халқи ба шӯромада валангор карда мешавад.

Баъди ба тоҷу тахт соҳиб шудани Флавийҳо, фаъолияти меъморӣ аз нав ҷоннок мешавад, ва императорҳои ин хонадон дар Рим ва музофотҳои он иншоотҳои зиёди мӯҳташам месозанд, ки аз рӯи андозаи иншоотҳои бинокорие, ки дар замони салтанати август сохта шуда буданд, ҳеҷ монданӣ надоштанд ва ҳатто аз назари мӯҳташамию арзишмандӣ то як дараҷа афзалият ҳам доштанд. Масалан Веспасин дар шаҳри абадӣ ба сохтани кохи Колизейи машҳурро оғоз мекунад ва онро император Тит соли 70 милодӣ ба анҷом мерасонад. Дар баробари Колизей аз иншоотҳои меъмории ин император термҳои бо номи ӯ ва қасре, ки барои худаш сохта будаз ҷумлаи муҳимтаринҳо буданд.

C:\Users\USER\Music\форуми траян.jpg
C:\Users\USER\Music\максенция.jpg

Форуми Траян Базиликаи Максенсия

Дар аҳ Доминитсиан Римро дарвозаҳои фотеҳ (триумфальные арки) зебу зинат медоданд, ки хоираи ғалабаҳои Титро бар яҳудиҳо ораткарда шудани Иерусалим (Байтулмуқадда0-робабадӣ ардонида буданд.Воқеан, дар бораи усули меъмории Иерусалим: иншооте буд, ки махсусан аҷоибу олиҷаноб барои он, ки дар он бори нахуст намудаи хосаи пурра муайяншудаи аркҳои фотеҳи римие дида мешаванд, и онҳоро қаблн ҳам месохтанд, лекин на инқадар қисматҳояш мутаносиб ва бо зебу зинати камтар, инчунин барои он, ки нимсуту, ки ба дарвоза зебогии такрорнашаванда мебахшид, ва ниҳоят намунаи аввалин аз каптелҳои усули (стили) композитӣ буд. гузашта аз ин, Доминитсиан ба сохтмони Форуми Нав (бо лотинӣ Forum Transitorium), ки дар байни Foruv Romanum ва Форуми Августӣ ҷойгир буда, ва сохтмони онро Нерва ба анҷом расонида, бо номи худ номгузорӣ кард.

Траян форуми дигар сохт, ки он аз рӯи бузургӣ ва арзишмандӣ аз ҳамаи форумҳои то он замон вуҷуддошта афзалият дошт. Меъмори соҳибкироми Апролодори Димишқӣ дар миёнаҷои ин форум базилики хеле васею барҳаво (basilica Ulpia) дар бораи нӯҳ нефа ва сутуни боқимондаро ба хотири Траян ҷой кард, ки дар он лаҳзаҳои гуворои лашкаркашиҳои ӯ бар зидди дакҳо аз тариқи ҳотамкорӣ тасвир карда шудааст

МАРҲАЛАИ ЧОРУМ. Баъд аз Адриан меъмории Рим бо тезӣ рӯ ба нестӣ меорад ва марҳалаи чорум – марҳалаи охирин дар таърихи мсеъмории Рим фаро мерасад, ки он ғалабаи пурраи дини масеҳӣ бар динҳои маҳаллии буддоӣ давом мекунад — аз соли 138 то соли 300. Дар ин давра ҳам ҳар як император кушиш ба харҷ медод, ки ба воситаи ягон иншооти калону мӯҳташам ва хотирмон аз худ хотирае боқӣ монад. Ҳамин тариқ, Антонийи Пуршараф дар Рим ибодатхонаҳои Антонин ва Фасутинро месозад;

Марк Аврелий – сутуни бо номи худро ба монанди сутуни Траян; Септимий Север ба арки Тит тақлид карда, дарвозаҳои фотеҳ (триумфальные арки)-ро ба воситаи ороишҳои вазнини меъморию ҳайкалтарошӣ, инчунин кохи начандон калон, вале аз рӯи баробарӣ ва ҳамоҳангии унсурҳояш, зебою дилкаши Вестаро дар Тивол месозад.

Каракалла Римро аз ҳаммомҳои васею барҳавои ҷамъиятии зебою дилрабо таъмин менамояд. Аврелиан бошад, ибодатгоҳи ниҳоят бузурги Офтобро бунёд мекунад. Дар аҳди Диоклетиан термҳое сохта мешаванд, ки ғунҷоишашон боз ҳам зиёдтар а нисбат ба ҳаммомҳои Каракалла мӯҳташамтарро месозад. Ин император қасри бузургеро дар Спалато (Далмация) сохтааст, ки баъдтар аз сангҳои он қисми зиёди ин шаҳрбунёд карда мешавад.

Иншоотҳои бинокории Константини Бузург дар пойтахти кӯҳнаи Империя дарваозаҳои футуҳот (триумфальные арки) буданд, ки дар се хат воқеъ гардида бо нақши муқарнаси иборат аз ҳайкалҳое мебошанд, ки аз дарвозаи Траян нусхабардорӣ шуда буданд ва базиликае, ки ба он ҳанӯз Максенсий – ёдгории бузургеи меъмории Рим мебошад, ки онро метавон ба офаридаҳои меъмории давраҳои нашъунамои санъати меъморӣ баробар донист, асос гузошта буд. Он бинои бузурге буд дар бораи се нефа дар дохили он ва қисматҳои он мутаносиб, рангубораш дилкашу наук, вале аз назари унсчурҳои хурдаш дар худ аломатҳои рӯ ба таназзул овардани ин намуди санъатро ифода менамуданд.

Ҳар қадаре, ки вақт сипарӣ мешуд, ба меъмории Рим ҳамон қадар таъсири Шарқ бо ҷидду ҷаҳди он ба сӯи мӯҳташамӣ ва бебоманзарии иншоотҳои меъморӣ ба назар мерасид, ки ин раванд махсусиятҳои замони классикии Римро пахш мекард. Махсусан дар иншоотҳое, ки дар аҳди императорони охирин дар чунин музофотҳо ва мулкҳои онҳо, ки дар Сурия ва Арабистон зуҳур меёфтанд, дар ин бора бараъло шаҳодат емедоданд. Чунинанд, масалан, колоннадаҳо (биноҳои серсутун) дар Палмира, деворҳои дарғотҳо барои гӯронидани фавтидагон дар маҳаллаи Петра, шаҳри дар вақташ ободу зебои “Арабистони Сангин” ва баъзе музофоту мулкҳои дигар.

Дар ин марҳалаҳо намудҳои (типҳои) асосии меъморӣ дар Рим сохтмони манзил, бустонсароҳо, форумҳо, базиликаҳо, қасру ибодатгоҳҳо, театрҳо, амфитеатрҳо, иншоотҳои мушандисӣ, роҳҳо,мақбараҳо ва ғайраҳо сохта мешуданд, ки онҳо қисматҳои тамаддуни Рими қадимро ташкил менамоянд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *