Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Забоншиноси ва адабиёт дар Рими Кадим

Илми забоншиносӣ дар рим

Забоншиносӣ дар Рими Қадим то миёнаҳои асри II то милод бо омӯзиши асосҳои маданияти хаттӣ маҳдуд гардида буд. Баъдтар омӯзиши забони юнонӣ, адабиёт, поэтика ва риторикаи юнонӣ суръат касб мекунад. Дар ин давра олимони зиёди филолог дар рим ба фаъолият оғоз мекунанд: Варрон ҳамчун муаллифи рисолаҳои зиёд дар бораи забон, Марк Туллий Сисерон, Гай Юлий Сезар. Рисолаи Сезар «Дар бораи аналогия» (соли 54 то милод) кушишеро мебошад дар бораи коркарди принсипҳои тасвири грамматикӣ ва меъёргузорӣ ба забон, дар як вақт шаҳодати рузмаррагии «дурустии» нутқи лотинӣ ва меъёргузории давлатии забон мебошад.

Соли 4 милодӣ аз тарафи Элия Донат «Дастури грамматикӣ» навишта мешавад, ки он китоби дарсии забони лотинӣ дар тамоми Аврупо ба ҳисоб мерафт. Аз рӯи намунаи граматикаи Элия Донат грамматикаҳоро оид ба забонҳои зиёди дигар мураттаб гардонида шуданд. Худи номи Элий Донат (Донастус) асрҳои зиёд синонимии калимаи «грамматика» дар анъанаҳои аврупоӣ мегардад.

C:\Users\USER\Music\элий.jpg
C:\Users\USER\Music\присциан.jpg
C:\Users\USER\Music\фрасимах.jpg

Элий Донат Пристсиана Фрасимах

Баъд аз афтидани Империяи Ғарбии Рим дар соли 476 ҳам аанъанаҳои забоншиносии антиқӣ мавҷудият ва рушди худро дар як қатор марказҳои боқимондаи

юнонию лотинии илмӣ, аз он ҷумла дар пойтахти империяи Шарқии Рим – шаҳри Константинопол ҳам давом медиҳад. Дар нимаҳои асри VI дар ин ҷо рисолаҳои арзишманди то ба мо расидаи грамматикии қадим – “Курси грамматика”-и Пристсианаро меофаранд, ки он аз 18 китоб иборат мебошад. Ин грамматика дар асоси анъанаҳои мактаби Искандария бо истифода аз мушоҳидаҳо ва дастовардҳои грамматикҳои Римӣ таҳия карда шуда буд. Грамматикаи Пристсиан дар амал рушди анъанаиҳои забоншиносии анъанавиро ба анҷом мерасонад, вале ин анъана дар Аврупои шарқӣ марказонида мешавад, аз он ҷумла дар байни славянҳои ҷанубӣ ва шарқӣ, ки илмияти антиқӣ ба воситаи анъанаҳои юнонизабонии Византия роҳ ёфтааст, ки ин зуҳурот ба паҳншавии дини масеҳӣ алоқаманд буд.

Анъанаи антиқии забоншиносӣ дар ҷараёни баррасии яке аз масъалаҳои асосии фалсафаи ҷаҳонбинии юнонӣ ба миён омадааст – масъалаи таносуб дар байни “ашё”, “калима” ва “тафаккур”. Дар ин давра ҳанӯз мафҳум дар бораи забон ҳамчун ягон моҳияте, ки берун аз тафаккур вуҷуд дорад, набуд. Тафаккур ва нутқ дар якҷоягӣ бо “логос” фаҳмида мешуд. Таълимот дар бораи “логос” ягонагии онтологӣ ва мантиқии он ва махсусан худи хосиятҳои грамматикӣ мебошад.

Грамматика ҳамчун илм дар бораи сохти забон аз оғотзёбии нутқи хаттӣ оғоз ёфтааст, ва бо сабаби он, ки нишонаи такягоҳии хати юнонӣ ҳарф буд, пас ин таълимот ҳамчун иерархияи аз ҳарф “сохтани” ҳиҷо, аз ҳиҷо сохтани калима ва аз калима сохтани ҷумла иборат шудааст.

Рӯҳияи демократӣ, мубоҳисаи озоди фалсафӣ, мавҷуд набудани обрӯи ягонаи давлатӣ дар баррасии масъалаи пайдоиши забонҳо ва дар масъалаи меъёргузории забонӣ шароити рушди тафаккури забоншиносии Юнони қадимро муайян намудаанд. Дар нисбати анъанаҳои ҳиндии қадим, ки санскритро забони муқаддаси (сокралӣ) “пайдоиши илоҳидошта” эълон намудааст, анъанаҳои юнонию лотинӣ сарчашмаи “дурустии” нутқро дар худи забон ва мантиқи маърифати олам тавассути забон ҷустуҷӯ мекард. Дар асоси ҳамин ҷустуҷӯ “баҳси антиқӣ дар бораи аналогия (монандкунӣ) ва аномалия (аз меъёрҳо, қонуният ва нодурустиҳо берун баромадан)” ба миён меояд. Ин баҳс забонро низ дар бар мегирад.

C:\Users\USER\Music\горгий.jpg
C:\Users\USER\Music\ритор.jpg

Горгий Исократ

Дар баррасии масъала дар бораи “пайдоиши номҳо” дар байни ҷонибдорони бо “табиат” алоқамандии байниҳамдигарӣ доштани “номҳо” ва “ашёҳо” ва ҷонибдорони алоқа “аз рӯи ҳолат”, “мувофиқи муқарраркунӣ” мерафт. Ин масъаларо Афлотун мантиқан баррасӣ намуда, ба он ақида омад, ки масъалаи мазкурро аниқ аст, ки наметавон ҳал кард. Арасту бошад, чунин мешуморад, ки “ҷустуҷӯи моҳияти табии калимаҳо ба рушди таҳқиқоти шаклию мантиқӣ монеа эҷод менамояд”, ки ин имконият фароҳам меоварад аз калимаҳо ҳамчун рамзҳо истифода бурда шавад, ҳамин тариқ, воқеан зоҳирӣ будани робитаро дар байни “ном” ва “ашё” эътироф менамояд. Дар низоми илмҳо, пешниҳоди Арасту, забон препдмети омӯзиши мантиқ(“диалектика”), грамматика ва риторика мегардад. Арасту дар ҳаргуна навишти забонӣ қисматҳои зеринро медид: унсур, ҳиҷо, пайвандак, ном, феъл, аъзо, падеж, ҷумла, ки онҳоро асоси омӯзиши рамматикии забон ҳисобидааст.

Анъанаи антиқии грамматикаи баррасии забон мувофиқи ҳиссаҳои нутқ ва категорияҳои грамматикӣ на танҳо асоси забоншиносии аврупоиро , балки асоси як қатор анъанаҳои забоншиносиро дар Шарқи миёна ташкил намудааст. Риторҳо ва шоирони антиқӣ, аз он ҷумла асарҳои Фрасимах Халкидон, Горгий ва Исократ, рисолаҳои Арасту “Поэтика” ва “Риторика”, баъдтар рисолаҳои Дионисия Галикарнас “Дар бораи пайвастани калимаҳо”, “Мактубҳо ба Помпей”, аз Деметр Хлор “Дар бораи стил”, аз Тсисерон “”Дар бораи суханвар” ва “Суханвар”, “Поэтикаи Горатсия, “Риторика ба Горения”-и бемуаллиф, рисолаҳои Квинтилиан ва Гермоген дар омӯзиши синтаксис ва стиллистика саҳми калон гузоштаанд; инчунин таълимот дар бораи назм ва наср, дар бораи тропа (гардишҳо) ва фигураҳо, дар бораи сифати нутқ, дар бораи ҳамоҳангии калимаҳо, дар бораи типҳо, ё услубҳо ва нутқ асоси назарияи услуби аврупоии забоншиносӣ гардидаанд, ки дар он саҳми рушди забоншиносӣ дар Рими қадим хеле калон мебошад.

.

АДАБИЁТИ РИМИ ҚАДИМ

I. ПАЙДОИШИ АДАБИЁТИ РИМ.

Оғози баёни ин масъала аз арзи вуҷуд кардани назм ва драмаи Рим дар миёнаҳои асри II то милод сурат мегирад. Қадамҳои нахустин дар роҳи адабиёти бадеб ба дар Рим паҳн гардидани маърифати юнонӣ алоқаманд мебошад. Нависандагони Рими барвақта ба намунаҳои классикии адабиёти Юнон тақлид мекарданд, гарчанде, ки онҳо аз тасвирот (сюжаҳо) ва шаклҳои адабии римиро истифода бурда буданд Барои инкор кардани мавҷудияти назми шифоҳии Рим дар замонҳои хеле қадим асосе вуҷуд надорад. Шаклҳои аз ҳама барвақтаи эҷодиёти шоирӣ, бегуфтугу, бо эътиқодалоақаманд буданд. Ҳамин тариқ, гимни(суруди) динӣ, суруди муқаддас (carmen) ба вуҷуд омадааст, ки намунаи беҳтарини ба мо расидаи он суруди салиев мебошад. Ин суруд ёдгории аз ҳама қадими шеъргӯии озоди андозаи италияӣ мебошад, ки ҳамтои онро мо дар назми шифоҳии халқҳои дигар дида метавонем.

C:\Users\USER\Music\ателаанны.jpg
C:\Users\USER\Music\ливий Андроник.jpg
C:\Users\USER\Music\Гней Невий.jpg

Ателланҳо Ливий Андроник Гней Невий

Дар авлодҳои патритсийҳо шеър ва қиссаҳое мегуфтанд, ки дар онҳо ниёгон шӯҳратёр гардонида мешуданд. Яке аз чун ин намудҳои эҷодӣ элогияҳо номида мешуданд,ки ба хотири намояндагони фавтидаи хонадонҳои аъёну ашроф мураттаб сохта мешуданд. Намунаи аз ҳама барвақтаи элогия мумкин аст эпитафия бошад, ки ба Корнелий Стсипиони Ришдор бахшида шудааст. Аз намудҳои дигари эҷодиёти шифоҳии римӣ метавон сурудҳои мотамии дафнкунии марҳумро номид ки бо усули махсуси гиряолуд иҷро карда мешуданд, Ҳамин тариқ, ҳанӯз то пайдо шудани адабиёти бадеӣ дар маънии аслии он, дар Рим андозаи шеърӣ сохта мешавад, ки он шуъри сатурнӣ ном дошта, онро шоирони аввалин истифода бурдаанд.

Ҷанинҳои драмаи халқии римиро бояд дар иду базмҳои деҳотӣ кофт, вале рушди он бо таъсири халқҳои ҳамсоя ба амал омадааст.. Намуди асосии тасаввуроти драмавӣ ателланҳо буданд. Онҳо дар Этрурия ба вуҷуд омада буданд ва ба амалҳои эътиқодӣ алоқаманд буданд. Вале ин шакли оскамҳо рушд ёфта буданд, ва худи номи “ателлан” аз номи шаҳри Ателлаи Кампания ба миён омадааст. Ателланҳо пъесаҳои махсус буда, мазмуни онҳо аз ҳаёти деҳот ва аз ҳаёти шаҳрҳои хурд гирифта шуда буданд.

Шаклҳои барвақтаи насри Рим. Оғози насри Рим низ ба замонҳои қадим тааллуқ дорад. Дар замонҳои қадим қонунҳои навишта, шартномаҳо, китобҳои ибодаткунӣ ба миён меоянд. Шароити ҳаёти ҷамъиятӣ ба рушди суханварӣ мусоидат мекунад. Баъзе нутқҳои эродшуда навишта шуда буданд Масалан, ба Сисерон нутқи Аппия Клавдий Тсека, ки дар сенат оид ба масъалаи пешниҳоди Пирр дар бора бо ӯ сулҳ бастан пешнищод шудааст, маълум буд. Дар онҳо мо нишондодҳо дар бораи давраи барвақтаи дар Рим пайдо шудани чунин нутқҳои болои тобутро ёфта метавонем.

Шоирони нахустини Рим. Адабиёти римӣ ҳамчун адабиёти тақлидӣ ба вуҷуд меояд. Шоири нахустини римӣ Ливий Андронник ба шумор меравад, ки ӯ “Одиссея”-ро ба забони лотинӣ гардонидааст. Аз рӯи пайдоиши худ Ливий юноние аз Тарента буд. Соли 272 то милод ӯро ҳамчун асир ба Рим меоранд ва баъдозод карда шуда, ба таълими кӯдакони патрони худ ва ашрофони дигар машғул мешавад. Тарҷумаи “Одиссея” аз тариқи шеърҳои сатурнӣ ба ҷо оварда шуда буд. Забони он хеле гуворо ва дар он ҳатто иборасозиҳое роҳ дода шудааст, ки ба забони лотинӣ бегона буданд. Дар мактабҳои римӣ дар тули солҳои зиёд “Одиссея”-ро аз рӯи тарҷумаи Андроник меомӯхтанд..

Ливий Андроник якчанд мазҳака ва фоҷеаҳое навиштааст, ки ё тарҷума ва ё коркарди нави асарҳои юнонӣ буданд. Дар замони дар қайди ҳаёт будани Ливий фаъолияти шоирии Гней Невий (наздики солҳои 274 – 204 то милод)-и содаи Кампан оғоз ёфта, ба ӯ асари назмӣ дар бораи Ҷанги якуми Пунӣ бо инъикоси таърихи мухтасари гузаштаи Рим тааллуқ дорад.

C:\Users\USER\Music\Энний.jpg
C:\Users\USER\Music\тит Макций Плавт.jpg
C:\Users\USER\Music\Менандр.jpg

Энний Тит Максий Плавт Менандр

Ғайр аз ин, Невий якчанд фоҷеа навиштааст, аз он ҷумла чунин фоҷеаҳое, ки мавзӯи онҳоро қиссаҳои римӣ ташкил намудаанд. Бо сабаби он, ки дар фоҷеаҳои Невий римиҳое баромад мекарданд, ки дар тан пераҳани тантанавӣ доштанд, ин асарҳо fabulae praetextae номида шудаанд.

Невий мазҳакаҳо низ навишта буд, ки дар онҳо ӯ ақидаҳои демократии худро пинҳон накардааст. Дар яке аз мазҳакаҳои худ дар бораи Стсипиони Калонии абарқудрат истеҳзоомезона, ба суроғаи Метелла равона карда, чунин баҳо додааст: “Бо сабаби тақдири талх Метелла дар Рим консул шудааст”. Барои шеърҳои худ Невий ба зиндон партофта мешавад ва аз он дар натиҷаи тарафгирии трибунҳои халқӣ озод карда мешавад. Сарфи назар аз ин ӯ маҷбур мешавад, ки Римро тарк кунад.

Баъд аз Ҷанги дуюми Пунӣ асарҳои шоир Энний (солҳои 239 – 169 то милод) ба миён меоянд. Энний зодаи Бруттия буда, дар Ҷанги дуюми Пунӣ ширкат варзида, баъди он дар ҷазираи Сардиния ҳамчун сентуриён хизмат кардааст. Дар ин ҷо ӯ бо Катони Калонӣ вомехурад, ки ӯ Эннияро бо худ ба Рим меорад. Аз замин вақт сар карда Энний дар Рим истиқомат карда ба касби омӯзгорӣ ва фаъолияти адабӣ машғул мешавад. Энний ҳуқуқи граждании Римро мегирад.

Асари асосии Энний “Солнома” («Annales») буд, вале ғайр аз ин асар, ӯ ба монанди пешгузаштагони худ фоҷеа ҷва мазҳака менавишт. Энний аввалин шуда ба адабиёти лотинӣ гекзакметрро ворид месозад. Ҳамин тариқ, андозаҳои шеъри юнонӣ, ки ба ҷойивазкунии овозҳои кӯтоҳ ва дароз асос ёфта буданд, мумкин буд дар назми лотинӣ низ мавриди истифода қарор гиранд. Энний ҳанӯз дар замони дар қайди ҳаёт буданаш маъруф буд, баъд аз марг бошад, — яке аз шоирони беҳтарини соҳиби обрую эътибор. Аз асарҳои ҳарчори ин шоирон – Ливий, Андроник, Невия ва Энния то замони мо танҳо пораҳо боқӣ мондаанд.

Чанд шоиру нависандаи дигари Рими қадимро бо шарҳи мухтасар ном мебарем.

Плавт. Дар тули чандин аср мазҳакаҳои Тит Максия Плавт (солҳои 254 – 184 то милод) намуна ҳисобида мешуданд. Плавт дар Умбрия таваллуд шуда буд. Ба Рим омада, ӯ ба труппаи актёрҳо ба кор медарояд, ки дар ин кор бебарор буд, баъди ин ба тиҷорат машғул мешавад, дар вақтҳои холӣ бошад, мазҳака менавишт ва ба ӯ муяссар мегардид, ки онҳоро фурӯшад. Тақдири минбаъдаи Плавт номаълум аст. Танҳо маълум аст, ки ӯ соли 184 то милод вафот кардааст. Ба Плавт лозим мсеояд, ки бисёртар дар сафар бошад ва бо одамоне вохурад, ки намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеаи Италия буданд. Аз мазҳакаҳои Плавт “Амфитрион” дар бораи хиёнату садоқати зану шавҳар, “Ҷанговари Лофзан”, дар бораи сарбозе, ки дар қӯшуни Селевк хизмат мекардааст ва саргузашти ошиқии фиребгаронаи ӯ сухан меравад

. Теренсий. Публий Теренсийи Африқоӣ (наздики солҳои 190 – 159 то милод) зодаи Карфаген буда, ҳанӯз дар овони ҷавониаш ба Рим ба сифати ғулом меафтад. Ҷаноби ӯ ба ӯ маълумоти хуб дода, ба озодӣ ҷавоб медиҳад. Теренсий дар байни доираҳои олии ҷомеаи Рим зиндагӣ мекард ва мазҳакаҳои ӯ ба тамошобинони соҳибмаърифат нигаронида шуда буданд. теренсий низ ба муаллифони юнонӣ тақлид мекард ва пеш аз ҳама – ба Менандр, ки муаллифи мазҳакаи наваттикагӣ буд. Ҳамаи асарҳои Теренсий бо нозукбаёнии худ фарқ мекарданд.

C:\Users\USER\Music\ГАй Саллюстий Крисп.jpg
C:\Users\USER\Music\Марк Теренсий Варрон.jpg
C:\Users\USER\Music\Гай Валерий Катулл.jpg

Гай Силюстий Крисп МаркТеренсий Варрон Гай Валерий Катулл

Ҳаҷвия (сатира). Намояндаи дигари махфили Стсипион — Лутсилия (солҳои 180 – 102 то милод) бо асарҳои ҳаҷвиии худ маълум аст, ки дар онҳо ҳаёти ҷамъиятии замон инъикос ёфта буд: ӯ ҷиноятҳои савганшиканиро маҳкум мекард. Лутсилия иллатҳои ҷомеаи замони худ – сахтию карру фарро ба зери тозиёнаи танқид мегирифт, вале дар баробари ин ӯ ба мавзӯҳои адабӣ ва ғайра дахл мекард. Калимаи satura дар аввал маънии таомро дошт, ки аз меваю сабзавоти гуногун иборат буд ва то Летсилия ҳам маънии гуногун дошт. saturaз сатираҳои Летсилия танҳо пораҳо боқӣ мондаанд.

Аз замони Лутсилий сар карда. сатира (ҳаҷв) ба жанри адабии Рим мубаддал шуда, рушди минбаъдаи он дар марҳалаи оянда ба амал меояд. Дар охирҳои асри III счар карда то миёнаҳои асри II то милод адабиёти Рим, дар аввал тақлидӣ ва оҳиста-оҳиста ба нишонаҳои навгонии худро гирифта ва мустақилона рушд мекунад. Алабиёт ҷомеаи Римро бо ғояҳои нав шиносонида, ба созмон додани забони лотинӣ мусоидат мекунад, ки он минбаъд дар дар тули садсолаҳои зиёд омӯхта мешуд. .

II. АДАБИЁТИ РИМ ДАР ЗАМОНИ БАЪД АЗ ҶУМҲУРӢ.

Назми Рим. Дар адабиёти Рими охири Ҷумҳурӣ Гай Юлий Тсезар мақоми баландро ишғол менамояд. Ӯ баъди Сисерон шахси дуюми суханвари Рим машҳур гардидааст. Ҳам аз назари шакл ва ҳам аз назари мазмун рисолаҳои ҳарбии ӯ, ки бо номи “Ёддоштҳо аз ҷанги Галлия” ва “Дастхатҳо дар бораи ҷанги гражданӣ” маълуманд. Ба ӯ асарҳои дигар низ тааллуқ доранд, ки то замони мо боқӣ намондаанд. Сезар ҳамчун суханвар ба аттикачиён мепайваст. Нутқҳои ӯ боқӣ намондаанд, Iiле Сисерон онҳоро олиҷаноб ном мебарад ва дар бораи малаю маҳорати дар минбар баромад кардани ӯро таърифу тавсиф менамояд

Ёддоштҳои саргузаштии (мемуарҳо) Сезар мақсадҳои сиёсӣ доштанд. “Ёддоштҳо аз ҷанги Галлия” ҷанги ӯро дар Галлия ҳақ мешумориданд ва ба аҳамияти ишғолгариҳои нав ишора мекарданд. “Дастхатҳо дар бораи ҷанги гражданӣ” тамоми ҷавобгариро дар ин ҷанг ба зимаи рақибони Сезар бор карда ва беҳунарии ҳарбии онҳоро нишон медиҳанд. “Дастхатҳо дар бораи ҷанги гражданӣ” пайравони худро пайдо менамояд: шахси наздик ба Сезар наздик – афсар Гирсий (консули соли 43 то милод ки дар наздикии Мутин ҳалок гардидааст) таълифи асари Сезарро давом дода, китоби ҳаштуми “Дастхатҳо дар бораи ҷанги гражданӣ” –ро менависад. Аз тарафи Гирсий ва иштирокчиёни дигари ҷангҳои Сезар лашкаркашиҳои дигари Юлий Сезар тасвир карда шудаанд.

Гай Силюстий Крисп. Ба асарҳои ёддоштӣ наздик асарҳои таърихие меистоданд, ки ба воқеаҳои алоҳидаи таърихи Рим бахшида шуда буданд. Аз таърихнигорони он замон махсусан Гай Силюстий Крисп меистод, ки ҷонибдори Сезар буд. Асарҳои ӯ “Дар бораи сӯиқасди Каталина”, “Ҷанги Югурианӣ” ва ҳатто “Мактубҳо ба Сезар” на танҳо сарчашмаҳои муҳими таърихӣ, инчунин асарҳои калони адабӣ ба шумор мераванд.

Марк Теренсий Варрон. Яке аз нависандагони сермаҳсули он замон Марк Теренсий Варрон (солҳои 116 – 27 то милод) буд. Ӯ хонандагони худро бо тасвироти (сюжаҳои) гуногуни худ, ки дар асарҳои худ ба онҳо дахл мекард ва бо шумораи зиёди асарҳои худ тамошобинонро ба ваҷд оварда буд.

Асарҳои Варрон қариб ҳамаи соҳаҳои донишро дар бар гирифта буданд. Вале Варрон на танҳо нависанда буд, Марк Теренсий Варрон лки ба ӯ чандин асари назм низ тааллуқ дошт. Ҳаҷвиёти (сатираҳои) ӯ махсусан машҳур буданд. Дар асоси пораҳои то ба мо расида метавонем,, ки онҳо мақсадҳои муайяни сиёсӣ ва дидактиқӣ доштанд. Масалан, ба мулоҳизаҳои фалсафии бебунёд, хиради зиндагии римиро муқобил мегузошт. Варрон ба масъалаҳои муҳими ҳаётӣ низ дахл намудааст Баъд аз муқаррар гардидани триумвирати якум ӯ ҳаҷвияеро (сатираеро) бо номи “Деви даҳшатноки сесара” ба чоп мерасонад.

Гай Валерий Катулл. Дар байни шоирони нав бечуну чаро Гай Валерий Катулл (наздики солҳои 87 – 54 то милод) дар ҷойи аввал меистод. Ӯ дар шаҳри Верон таваллуд шуда, баъди ба камол расидан ба шаҳри Рим омада, ба намояндагони ҷавони ашрофӣ наздикӣ пайдо менамояд ва , ки дар байни онҳо одамони соҳибистеъдод кам набуданд.

Ба Катулла назми юнонӣ ва эллинистӣ хуб маълум буд. Як қатор шеърҳои эҷодкардаи ӯ хоса дар зери рӯҳияи искандариягӣ (“Тӯи Фетида ваПелея”, ду суради никоҳӣ – эпигаламӣ ва ғайра) навишта шуда буданд. Катулла он соҳибэҳтиромии илмиёро ифода менамояд, ки он аз шоири мактаби искандариягӣ тақозо карда мешуд, вале, дар баробари ин, ӯ характеристикаи ҳиссиёти ҳақиқии инсониеро тасвир намудааст, ки он пур аз реализм мебошад. Дар адабиёти ҷаҳонӣ шеърҳои лирикии Катулл мақоми махсусро ба даст овардаанд, ки шеърҳои асосиашро ба Лесбияи маҳбуби худ бахшидааст.

III. АДАБИЁТИ ИМПЕРИЯИ БАРВАҚТАИ РИМ

Ҳаёти адабӣ дар замони Август. Замони Август давраи нашъунамои маданияти Рим ба шумор а ин вақт чунин асарҳои адабӣ ва санъат офарида шуда буданд, ки онҳо аҳамияти таърихии ҷаҳонӣ пайдо карда ва дар тули асрҳои зиёд ҳамчун намунаҳои беҳтарин ба шумор мерафтанд. Ин асарҳо натиҷаи рушди бисёрасраи маданияти Рим буданд ва дар айни замон ҷараёнҳои ғоявиеро ифода менамуданд, ки барои замони август хос буданд, Нашъунамои назми Рим ба замони салтанати Август рост омадааст.Ҷанги гражданӣ он хати ушдеро бурида нагузаштааст ки он ба миёнаҳои асри I то милод дахл дорад шоирони замони август анъанаҳои замони Лукретсий ва Катулларо идома доданд,

Сулҳу ваҳдате, ки Август муқаррар намуд, бегуфтугу аҳамияти калон дошт, махсусан барои табақаҳои имтиёзноки ҷомеаи Италия. Беҳуда нест, ки шоирони аз рӯи пайдоишашон италиягӣ ба Рим истеъдодҳоеро доданд, ки назми Римро абадзинда гардонидаанд.

Барои насри бадеии ин давраина жанри таърихӣ хос аст. Асчарҳои безаволи инвақта «Таърих»-и Тит Ливия мебошад. Асарҳои дигари таърихии замони Август то мо боқӣ намондаанд. Бисёрии онҳо, мувофиқи он маълумотҳои ниҳоят камее, ки боқӣ мондаанд, эҳтимолл меравад, ки моҳияти публитсистӣ доштаанд.

Асри Сисерон замони нашъунамои суханварии шӯълавари римӣ ба ҳисоб меравад. Санъати суханварӣ дар замони Август низ аҳамияти худро гум накарда, онро дар мактабҳо таълим медоданд ва он ба жанрҳои гуногуни адабӣ таъсири худро мерасонад. Вале санъати суханварӣ рӯ ба таназзулравӣ оғоз менамояд, чунки шароити ҷамъиятӣдигар ба нашъунамои он мусоидат намекард. Татсит ин зуҳуротро чунин мефаҳмонад: «Оромии тулонӣ, беамалии бетанафуси халқ, оромии доимӣ дар сенат ва беш аз пеш тартиботи сахти принсепс ҳукмрон гардидан, чун дигар соҳаҳо, суханвариро ҳам ба марг дучор гардонид».

Дар баробари ин замони салтанати Август давраи фаъолияти эҷодии шоирони беҳтарини Рим буд. Калонии онҳо Вергилий ва Горатсий фаъолияти сиёсии худро ҳанӯз дар замони ҷангҳои гражданӣ оғоз карда буданд.

C:\Users\USER\Music\Публий Вергилий Марон.jpg
C:\Users\USER\Music\ТИт Гораций Флакк.jpg
C:\Users\USER\Music\Ювенал.jpg

Вергилий Марон Тит Горатсий Флакк Ювенал

Вергилий. Публий Вергилий Марон (солҳои 70 – 19 то милод) дар шимоли Италия дар наздикии шаҳри Маангун, дар оилаи заминдори калон таваллуд шуда, маълумоти хуб ба даст даровардааст, адабиёт ва сузанвариро омӯхтааст, ба фалсафаи эпикурӣ шиносоӣ доштааст.

Воқеаҳои тезутунди замони ҷангҳои гражданӣ ба тақдири Вергилий низ таъсир расонидааст. Мулки начандон калони ӯ бояд ба ихтиёри собиқадорон мегузаштааст. Вале ӯро ҷонибдории дӯстонаш дар назди Октавиан наҷот медиҳад. Ин дафъа вергилий тавонистааст, ки заминашро дар дасти худ нигоҳ дорад. Вале дар тақсимоти дуюм онро аз даст медиҳад. Аммо бо ёрии Метсенат Вергилий (ба зери ҳомояи ӯ гузашта буд) соҳиби мулки дигари начандон калон мешавад.

Вергилий бо “Буколикамҳо”-и худ машҳур мешавад. Он аз даҳ шеър, эклог, иборат буд, ки дар зери таъсири ғояҳои шоири асри III то милоди юнонӣ Феокрит, навишта шудааст. Дар як қатор эклог Вергилий подабонҳоро тасвир менамояд, ки оид ба эҷодиёти шоирӣ дар фазои табиат дар ҳолати мусобиқа қарор дошта, табиати муҳит ва подаҳои худро тараннум менамоянд. Дар баъзе эклогҳо мавзӯ\ҳои ишуӣ низ мавҷуданд. Ба образҳои гуногуни асотирӣ низ диққати калон дода шудааст. Чун дар Феокрит, амалиёт дар баъзе эклогҳо дар Ситсилия сурат мегирад, дар ҷойҳои дигар бошад, амалиёт дар Италияи Шимолии ба шоир маҳбуб ба амал меояд. Дар ин асарҳое, ки ба табиат ва ҳаёти деҳотӣ бахшида шудаанд, мавзӯҳои сиёсии ба муаллиф ҳамзамон инъикос ёфтаанд. Дар эклоги нӯҳум дар бораи ҷанговарони бехудое, ки заминҳоро ишғол мекунанд, нақл карда мешавад. Дар эклоги якум (эҳтимол аз дигар эклогҳо навишта бошад) яке аз подабонҳо маҷбур мешаваад, ки замини дӯстдоштаи кишти худро тарк кунад, подабони дигар бошад, ба шарафи худои нав, ки дар рим қарор дошта ва Вергилий бо номи ӯ, ки, бегуфтугу, Октавианро дар назар дорад, тоату ибодат мекунад.

Наздикиҳои соли 29 то милод асари нави Вергилий “Георгика” арзи ҳастӣ мекунад. Ин асари дидактикӣ буда, ба хуҷаини деҳотӣ панду ҳикмат пешниҳод менамояд. Ин асар бо ташаббуси Метсенат таълиф карда шудааст. Дар он меҳнати шарафманди кишоварз ҳавасманд гардонида шуда ва ҳам Италия тараннум карда мешавад. Арзишмандии “Георгика” дар он ифода ёфтааст, ки ин рисолаи хушку холӣ дар бораи хоҷагии деҳотӣ, тавассути шеър навишта шудааст. Асари асосии назмии Вергилий бо номи ниёи афсонавии авлоди Юлийҳо – Энея навишта шуда, “Энеида” мебошад. Он мувофиқи намунаи достонҳои номдори юнонӣ “Илиада” ва “Одиссея” офарида шудааст.

Андеша ва ғояи сосии “Энеида”ба тамоили сиёсатсолории Август ри пурра мувофиқат мекард. Вергилий ниёи афсонавии ӯро, ки на танҳо бо шарофати нотарс будани худ, инчунин бо сабаби парҳезкорӣ, ки нисбати худоҳо ва ҳам нисбати наздикони худ ба муваффақият ноил мешаванд, тараннум мекунад. Дар образи парҳезкор Энея римии идеалӣ дода шудааст, ки рафтори ӯ намунае шуда метавонад, барои зурётҳо. Достон моҳияти динию дидактикӣ дорад. Он бояд ҳурмату эҳтироми кӯҳнаи римиро нисбати худоҳо, тарсу ваҳм дар назди онҳо, боварӣ ба нишона ва бедор кардан ба иҷрои аҳкоми шаъну шараф ва урфу одатҳои динӣ аз нав эҳё намояд.

Дар таърихи адабиёти Рим эҷодиёти Вергилий яке аз марҳалаҳои муҳимтарин мебошад. Вергилий ба мактаби Искандария шиносоӣ дошт; Таълимоти искандариягӣ ба эҷодиёти ӯ таъсири калон расонидааст, вале сарфи назар аз ин, Вергилий тоза асарҳои римиро меофарад.

Эҷодиёти Горатсий. Шоири дигари бузурги замони Август Крит Горатсий Флакк (солҳои 65 – 8 милодӣ) низ ба мактаби Метсенат тааллуқ дошт. Яке аз асарҳои барвақтаи Горатсий ҳаҷвиёт (сатира) буд. Горатсий ба Лутсия пайравӣ мекунад, вале ӯ, пеш аз ҳама, ба нафосати шакл аваҷҷӯҳ зоҳр менаояд Горатсий иллат ва камбудиҳои одамони ӯро иҳотакарда, сахтӣ, баднафсӣ, карру фари аз ҳад зиёд ва талош барои меросро маҳкм ва ба зери танқиди сахт мегирад. Дар шеърҳои ӯ таассуф ва қаҳру ғазаб дида намешавад. Ҳаҷвиёт (сатира) дар замони вазнини салтанати триумвират навишта шудаанд; шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки на номҳоро ва на гурӯҳҳои иҷтимоиро ном намебарад.

Кайфияти сиёсии худро Горатсий дар “этюдҳо” ифода менамояд, ки чун сатираҳо низ дар марҳалаи барвақтаи фаъолияти ӯ навид.

Асарҳои беҳтарини Горатсий, бегуфтугу, оддаҳои (мадҳияҳои) ӯ мебошанд. Дар онҳо низ ҳаёти сиёсии он замон инъикос гардидааст. Лекин дар оддаҳои Горатсий мавзӯҳои сиёсӣ набуданд. Чун Катулла Горатсий шоири лирикӣ буд. Ӯ дар мавқеи мӯътадилӣ қарор дошт, вале, дар баробари ин, аз кайфу сафо мӯътадил истифода бурданро тавсия мекард. Ин аст шиори ӯ: “Carpe diem” — «Рӯзона истифода бибар». Дар асари машҳури худ ки бо номи “Ҳайкал” – “Памятник” маълум аст, минбаъд пайравони зиёд пайдо карда буд, Горатсий мефармояд, ки номи ӯ то он замоне сазовори ҳурмату эҳтиром хоҳад буд, ки Рим вуҷуд дошта бошад, чунки “таронагӯии золийиро ба суруди италиягӣ рехтааст”.

IV. АДАБИЁТИ РИМ ДАР АСРҲОИ I – II.

Моҳияти умумии адабиёти замони Август бо фаъолияти шоирони Рим маълум аст. Беҳуда нест, ки ин замон асри тиллоии адабиёти Рим ҳисобида шудааст. Вае дар солҳои охирини салтанати Август то як дараҷа рӯ ба таназзул ниҳодани адабиёти Рим ба мушоҳида мерасид. Вале сарфи назар аз ин, назд “ба муд дохил мегардад”, ки шунавандагон ва баҳодиҳандагон ташнаи он буданд. Асарҳои ҳаҷвнигорони римӣ Мартсиал ва Ювенал дар ин бора шаҳодат медиҳанд.

Дар асоси он чӣ ки аз асарҳои шоирони он замон то ба мо расидаанд, баъзе махсусиятҳоро, ки хоси адабиёти асрҳои I – II мебошанд, муқаррар кардан мумкин аст. Назм дар Рим паҳн мешавад. Анъанаи дар байни омма муаррифӣ кардан, дар байни омма қироат кардан, ки дар замони Август Азиний Поллион ҷорӣ карда шуда буд, ба қоидаи умум мубаддал гардида буд. Шоирони касбие ба вуҷуд омада буданд, ки на аз ҳисоби назру ниёзи сарпарастони худ, балки аз ҳисоби чопи асарҳои худ рӯз мегузарониданд

Дар ин замон ҳаргуна афоризмҳо ва шеърҳои кӯтоҳи ба самаранокии таъсир равона кардашуда пайдо мешаванд. Дар назми ин давра навгонӣ хеле кам ба назар мерасид. пайравӣ ба намунаҳои лотинӣ яке хусусиётҳои шеърнависӣ буд. Вергилий беҳамто шудан мегирад. Ба ӯ шоирони сершумор мекарданд, ҳатто Колумелла ҳам, ки асарҳои насрӣ дар бораи соҳаи кишоварзӣ ва китоберо дар бораи нигоҳубини дарахтони мевагӣ эҷод менамояд, ки он бо шеър ифода ёфтааст, яъне он ҳамчун роҳхате буд ба “георгикҳо”. Италия ва Рим дар замони Юлийҳо – Клавдийҳо ва Флавийҳо афзалият додан ба ҳаёти маданиро нигоҳ медоранд. Вале агар дар замони Август ҳамаи шоирон зодагони Италия буданд, дар замони баъдина шоирони музофотӣ афзалият пайдо менамоянд. Лукан, Коломелла, сенека, Марсиал, Квинтилиан баромади шаҳрҳои испанӣ буданд, Апуллий африқоӣ буд. Аз нависандагони он замон нисбатан ду шоир Мартсиал ва Ювенал маъруф гардидаанд.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\2.jpg
C:\Users\USER\Music\3.jpg

Мартсиал Детсим Магн Авсоний Клавдий Клавдиан

Мартсиал. Марк Валерий Мартсиал (солҳои 40 – 104). Зодаи Испания буда, маълумоти суханвариро дар ватани риторӣ – шаҳрои Искандария гирифта ва ҳанӯз дар замони салтанати Нерон ба Рим меояд. Дар асарҳои худ ӯ на як бору ду бор ба тасвири ҳаёти камбағал – шоир бармегардад, ки ҷидду ҷаҳд ба он мекунад, ки бо хайрияҳои сароватмандони ба патронҳои худ тобеъ зиндагӣ кунад. Вале дар байни онҳо одамони ҳавобаланду сахт ва бераҳм бисёр будаанд. Мартсиал ба клиентҳо ҳам раҳм намекунад, ки онҳо аз пуштибонҳои худ садақаро интизор мешуданд.

Ювенал. Дар бораи Детсима Юния Ювенал маълумоти кам вуҷуд дорад. Ӯ дар шаҳри понтии Аквин дар нимаи дуюми асри I ба дунё омадааст, маълумоти суханварӣ гирифтааст; фаъолияти нависандагии ӯ дар замони салтанати Траян ва адриан гузаштааст. Ювенал ҳамчун яке аз ҳаҷвнигорон (сатӣирикҳо)-и оштинопазир ва золим машҳур гардидааст. .

Маҳкумкунии урфу одатҳои замони ӯ, дар Ювенал бо пессимизми пурраи ӯ маҳдуд гардидааст. Он 16 ҳҷвияе (сатирае), ки боқӣ мондааст, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти Римро дар бар гирифтааст. Ӯ низ ба ҳамон мавзӯе дахл мекунад, ки Мартсиал ҳам Ӯ бо афсус қайд мекунад, к, патроне, ки ба қадри хизматҳои ӯ, инчунин клиентҳои дар ҳолати таҳқиромези қарордошта расида тавонад. Якуе аз ҳаҷвиёти (сатираи) ӯ ба иллатҳои Рим нисбати занон бахшида шудааст. Ювенал иллатҳои одамони ашрофро шӯҳратпарастии онҳо ва ифтихор аз ниёгони дури худро масхара мекунад.

V. АДАБИЁТИ ИМПЕРИЯИ БАЪДИНАИ РИМ.

Ин замон дар таърихи адабиёти Рим ноаён нагузаштааст. Асарҳои оламшумули адабӣ офарида шудаанд, ки аз ёдгориҳои адабии замони классикӣ монданӣ надоштанд. Барои асри IV он чӣ характернок буд, ки ҷомеаи олӣ ҳанӯз ба анъанаҳои бутпарастӣ содиқ монда буд. Дар адабиёти ин давра мавзӯҳои бутпарастӣ боқӣ монда ва овозҳое баланд садо медоданд, ки бар зидди масеҳият эътирозро ифода менамуданд. Тасвироти (сюжетҳои) асотирӣ барои шоирон як воситаи дӯстдошта арзи вуҷуд доштанд ва аз онҳо истифода мебурданд. вале ингуна асарҳо танҳо доираи маҳдуди одамонро қонеъ мекарданд.

C:\Users\USER\Music\Сципион Старший.png
C:\Users\USER\Music\Децим Магн Авсоний.jpg
C:\Users\USER\Music\4.jpg

Стсипиони Калонӣ Детсим Магн Авсоний Поллион

Дар байни шоирони охирини антиқӣ Детсим Магн Авсоний (солҳои 310 – 393) фарқ карда меистод. Клавдий Клавдиан (охирҳои асри IV –оғози асри V) ва Клавдий Рутилий аз ҷумлаи шоирони индавраинаи Империяи Рим ба шумор мераванд.

МЕРОСИ АДАБИИ ТАМАДДУНИ РИМ.

Империяи Ғарбии Рим меафтад ва мувофиқи баъзе муҳаққиқон, бо ҳамроҳии он қариб ҳамаи он чӣ ки Рим бунёд карда буд, фано шудааст ва рушди минбаъда гӯё, қариб дар ҷои холӣ ба миён омада бошад. Вале агар ҳатто дар замони таърихи “королигариҳои варварҳо”-и ғарбӣ дастовардҳои зиёди моддӣ ва фарҳангии антиқӣ ба хотири фаромӯшӣ дода шуда бошад ҳам, бисяр арзишмандиҳое, ки Рим ба вуҷуд оварда буд, дар Ғарб ҳам ҳаёти худро идома медоданд. Дар Шарқ бошад, дар Византия анъанаҳои антиқӣ мавриди таваҷҷӯҳ гардида, дар амал рушди онҳо ҳеҷ гоҳ қатъ нагардида буданд. Чӣ дар Ғарб ва чӣ дар Шарқи Аврупо дини масеҳӣ ҳукмрон мегардад, ки он арзишҳои антиқиро ба худ ҷабида мегирифт. Бо шарофати асарҳои “падарони калисо” одамони бомаърифат бо баъзе нишондодҳои фалсафа, бо таърих ва асотирҳо шинос мешуданд. Анъанаҳои адабиёти Рим, жанрҳои адабӣ,, мавзую мазмун ва симоҳои адабии Рими қадим ба адабиёти минбаъдаи Аврупо таъсири калон расонидааст. Дар асарҳои адабиёти асрҳои минаъда чунин роҳу усулҳои таълифи асар, ки шоирону нависандагони Рим истифода мебурданд ва мебаранд. Аз ин рӯ, адабиёти Рими қадим мавриди таваҷҷӯҳи муҳаққону шоирон ва дӯстдорони адабиёт мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *