Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Рушди сохаи тандурусти ва илми тиб дар Рими Кадим

ТИБ ДАР ЗАМОНИ ШОҲӢ. Мувофиқи анъанаҳо, ки ба он Марк Теренсий Варрон (М.Т.Varron, 116 – 26 то милод) гузоштааст, ки замони бунёдгузории шаҳри Рим дар соли 753 то милод ҳисобида мешавад. Ҳамчун шаҳр-давлат рим дарсоли VI то милод ба миён меояд. Анъанаҳо ҳафт шоҳро дар хотир доранд, ки се нафари онҳо ба сулолаи Тарквиний мансуб мебошанд.

Маданияти этрускҳо ба маданияти римиҳо таъсири калон расонидааст: сокинони шаҳр аз этрускҳо хат ва рақамҳоро бо номи «рақамҳои римӣ», либос, к ибо забони лотинӣ toga номида шудааст ва малакаи шаҳрсозӣ,урфу одату анъанаҳо ва эътиқодҳои диниро қабул кардаанд. Дар замони шоҳ Тарквинийи қадим (асри VI то милод) хушконидани навоҳии ботлоқзор ба воситаи кофтани заҳбурҳо (Cloaka maxima) )оғоз меёбад ки онҳо имрӯз ҳам хизмат мекунанд.

Сохтмони минбаъдаи иншоотҳои санитарию техник, тавлид ва устуворшавии тиби ҳарбӣ идома меёбад Дар Рим мактабҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ кушода мешаванд ва мансаби архиатрии қасрӣ дар марказ ва маҳалҳо таъсис дода мешавад. Дар марҳалаи минбаъдаи рушди ҳуқуқи Рим ва меъёргузории фаъолияти табибон, тиб ба марҳалаи нави рушди худ муваффақ мешавад.

Этрускҳо дар қаламрави Италия бунёдкунандагони аввалини ибодатхонаҳо мешаванд. Коҳинон – гаруснник фолбинҳо (аз лотинӣ — haruspex) дар коллегияи коҳинон муттаҳид гардида, дар ҷомеаи этрускҳо мақоми баландаз рӯи ҷигарҳои чорвоҳои қурбоникарда анъана ва воқеаҳои табиатро пешгӯӣ кунанд ва шарҳу эзоҳ диҳанд. Гаруспикҳоро ба дарбор даъват менамуданд, дар аҳли рикоби лашкаркашон буданд: маслиҳатҳои онҳо баъди иҷозати марбутаи сенат ба амри иҷро медаромаданд. Этрускҳо дар коркарди филизот ба муваффақият ноил гардиданд. Дандонҳои сунъии (протезҳои) онҳо маълуманд, ки аз устухонҳо ҳайвонот ва бо ёрии «кӯпруки» тиллоӣ пайвасткардаи онҳо маълуманд.

C:\Users\USER\Downloads\марк.jpg
C:\Users\USER\Music\загружено.jpg
C:\Users\USER\Music\агриппа.jpg

Марк Теренсий Тарквини Бовиқор Марк Агриппа

Дар замони шоҳӣ (то охирҳои асри III то милод) дар Рим табибони касбӣ мавҷуд набуданд – дар манзилҳояшон бо тавассути мардумӣ табобат мекарданд: бо алафҳо, решаҳо, меваю сабзавот, шираи ҷӯшонидаи онҳо, бисёр вақт бо ҳамроҳииким-кадом калимоти ҷодумонанд. Тибқи шаҳодати нависанда ва арбоби намоёни давлатӣ Марк Порсий Катон (М.Р.Katon Maior солҳои 234 – 149 то милод) , дар тули садсолаҳо воситаи маъмули табобат карам ҳисобида мешуд: -“Карам аз ҳамаи сабзавот аввалин аст, — навишта буд ӯ дар асари худ “Заминдорӣ” – Боз ҷӯшонида ва хоми ӯ… Он ба таври мӯъҷизанок ба меъда дар ҳазми хӯрок кӯмак мерасонад ва пешоб аз он барои ҳама чиз дору аст…Кӯфтаи карамро метавон ба ҳар гуна ҷароҳат ва захм ҳамчун марҳам гузорӣ. Он шифо мебахшад, дардро аз сару чашмҳо бадар мекунад…”.

Дар замони шоҳӣ табби юнонӣ дар заминаи Рим ҳанӯз ҷой ва мавқеи худро наёфта буд.

ТИББИ РИМ ДАР ЗАМОНИ ҶУМҲУРӢ (охирҳои асри VI то милод). Ҳудуди шартӣ дар байни марҳалаи шоҳӣ ва ҷумҳурии таърихи Рим соли 510 то милод – соли шӯриши римиҳо ва сарнагун кардани шоҳи этрускҳо Тарквини Бовиқор ва барпо гардидани ҷумҳурӣ (бо забони лотинӣ res publika — кори халқ) ҳисобида мешавад.

Дар соҳаи тиб ин давра ба чунин муваффақият ҳусни оғоз мебахшад: рушди қонунгузории санитарӣ ва бунёди иншоотҳои санитарию техникӣ. Ароҳмонию устуворшавӣ ва рушди кори тиббӣ ва унсурҳои меъёргузории давлатӣ; ташаккули самти материалистии тиб ва корҳои санитарӣ.

Шаҳодати нисбатан барвақтаи хаттии шаҳрвандони шаҳри Рим оид ба чорабиниҳои моҳияти санитаридошта “Қонунҳои XII ҷадвал” буданд (бо лотинӣ Leges Tabuarus 451 – 450 то милод) мебошанд, ки кӯтоҳию фаҳмогии онҳо то имрӯз ҳам ҳуқуқшиносонро ба ваҷд меоранд. Онҳо дар замони ҷумҳурии барвақта дар зери фишори плебейҳо таҳия карда шуда маҷмӯи қонунҳои ҷомеаи синфии барвақта (дифоъ аз анъанаҳои патриархалӣ, ҳамоҳангии принсипҳои маҳкумкунӣ ва ҷаримаҳои пулӣ ва ғайра) буданд. Ҳамин тавр, ҷадвали VIII чунин омада буд: Агар ба ягон узви бадан зарар расонида бошад ва агар дар байни онҳо оштишавӣ сурат нагирад, пас зарардида низ ҳақ дорад. бар гунаҳгор чунин кор кунад. Агар устухони одами озодро бо даст ва ё бо чӯб шикаста бошад, пас бояд 300 ас ва агар аз ғуломро шикаста бошад, пас 150 ас ҷарима пардозад.

Мутобиқи “Қонунҳои XII ҷадвал” “навзоде, ки (пурра) бо маслуқию зиштрӯӣ фарқ кунад”, бояд аз ҳуқуқ ба ҳаёт маҳрум карда шавад. Чунин золимӣ джар ин давраи таърихи Рим шояд аз шароити гузариш аз ҷомеаи синфии барвақта ба соҳаи мушаххаси иҷтимоию иқтисодӣ ба миён омада бошад. Дар як қатор параграфҳои “Қонунҳои XII ҷадвал” бевосита ба ҳолати сасанитарии Рим дахл карда шудааст.

C:\Users\USER\Music\апераций.jpg
C:\Users\USER\Music\шкм.jpg

Табобати бемор дар Рим

Мушоҳидаи иҷрои ин қонун ва қонунҳои дигар ба зимаи магистратҳои шаҳрӣ – эдилҳо (аз лотинӣ aedes – кох, ибодатгоҳ ) вогузор карда шуда буд, ки худ табиб буданд. Эдилҳо ба рафти сохтмон, ҳолати кӯчаҳою хиёбонҳо, ибодатгоҳҳо, бозорҳо ва терм (ҳаммомхона)-ҳо, тақсими нон, ташкили бозиҳои ҷамъиятӣ ва ба ҳифозати хазинаи давлатӣ низ назорат мекарданд. Ҳуқуқҳои эдилҳо дар қонунҳои минбаъда таҳким ёфта буданд. Ҳамин тариқ, Ҷадвали Гераклӣ дар бораи мунисипатсияҳо, ки баъзеҳо қонунҳои Юлий Сезар (солҳои 100 – 44 то милод) мепиндоранд ба ин масъала якчанд параграф бахшидааст. Яке аз онҳо чунин мефармояд: “Аз назди ҳар кадом манзилдоре, ки роҳи пиёдагард мегузарад, мувофиқи нишондоди эдил бояд дар тамоми тули ин бино бо тахтасангҳо рӯйпуш ва нигоҳубин кунад ва ба шикастани онҳо роҳ надиҳад, ки ӯ дар ин қисмати шаҳр мутобиқи қонуни мазкур ба назорати роҳҳои шаҳр масъул мебошад”.

Дар замони ҷумҳурии барвақта дар шаҳри Рим бунёдкунии акведукҳо (аз лотинӣ aqua — об, ductus – гуҳаронидан) оғоз меёбанд, чунки сарчашмаҳои зеризаминии об тамоми аҳолии шаҳрро аз оби нӯшиданӣ таъмин карда наметавонистанд, вале оби дарёи Тибр бо сабаби ба он ҷорӣ шуда рехтани оби ифлос, истифодаи он дар асри IV то милод аз тариқи қонун манъ карда шуда буд. Экведуки нахустин дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Рим дар соли 312 то милод дар аҳди сензор Аппий Клавдий бунёд карда шуд. Онрро ҳамин тавр – Аппиавӣ (Aqua Appia) номгузорӣ мекунанд. Он оби нӯшокиро ба римиҳо аз чашмаҳои начандон дур аз дарёи Анио меовард. Баъди сипарӣ шудани чил сол – дар соли 272 то милод новаи дуюми экведук (Aqua Vetus)-и дарозиаш 70 километр сохта мешавад. Дар соли 144 акведуки сеюм (Aqua Marcia) сохта мешавад ки 10 километри он аз дар болои кӯпрукҳои манорадор мегузарад. Дарозии ин новаи обгузар 61 километр буда, то имрӯз ба римиҳо хизмат мерасонад. То оғози солшумории милодӣ дар Рим 11 акведук кор мекард, ки дарозии умумии онҳо 436 километр буда 55 километри онҳо аз болои кӯпрукҳои манорадор мегузашт (ду акведуки римӣ то ҳол шаҳрро аз об таъмин мекунанд).

Акведукҳо ихтирои римиҳо набуда, онро аз Шарқ ҳангоми лашкаркашиҳои истилогарона ёд гирифта буданд. Ҳамин тариқ, дар асри VII то милод (се аср пеш аз акведуки якуми римӣ) дар давлати Ошури замони ҳукмронии Синанхериб қубури обгузари бузурге (дар таърих номи ӯро гирифтааст) сохта шудааст, ки аз водию дараҳо гузашта, дар болои кӯпрукҳои манорагӣ қарор гирифта буд.

Дар замони салтанати Рим фкҷедукҳо чӣ дар музофотҳои шарқӣ ва чӣ дар музофотҳои ғарбии империя сохта мешуданд. Дар маҷмӯъ наздики 100 шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ аз тариқи ақведукҳо таъмин карда мешуданд.

Акведукҳои Рими Қадим аз тариқи қонунҳо ҳифз карда мешуданд. Назорат ба ҳолати техникии шабакаи бузурги обгузаронӣ ба зимаи муассисаи махсус – Curato-res aquarum ба амал бароварда мешуд. Барои дидаю дониста вайрон кардани новаи обгузар ва манораҳои новаҳо ба гунаҳгор ҷаримаи калон (то 100 ҳазор сестрий) бор карда мешуд. Агар шикасти он барқасдона надошад, пас гунаҳгор бояд худаш фавран онро бартараф мекард.

Термҳои нахустин (аз юнонӣ thermae – ҳаммоми гарм, аз thermщы – гарм) дар шаҳри Рим дар асри III то милод аз тарафи Марк Агриппа сохта шуда, ӯ онро ба шаҳриён ба истифодаи бепул медиҳад. Барои таъмини онҳо бинои махсус ҷудо мекунад ва барои таъмин кардани онҳо фквкдуки нав мегузаронад.

Барои машҳуршавии худ дар байни шаҳриҳо римиҳои зиёди Рим (аз он ҷумла императорон ҳам) термҳои бо номи худ номгузоришударо месохтанд ва васият мекарданд, ки шаҳриҳо аз онҳо бепул то абад истифода баранд. Барои термҳо аз мулкҳои худ махсус замин ҷудо мекарданд ки хароҷоти термҳо бароварда шавад.

То охирҳои замони ҷумҳурӣ дар шаҳри Рим 170 терм фаъолият дошт, дар замони рӯ ба барҳамхӯрӣ овардани империя (асри IV то милод шумораи он ба ҳазор адад мерасад

. Ҳамин тариқ, термҳои Рим худ гигиенӣ, табобатӣ ва марказҳои ҷамъиятӣ ва маданӣ буданд. Бо меҳнати ғуломон бунёд карда шуда, онҳо тӯҳфаи беҳтарин императорон ва шахсони алоҳида буданд барои аҳолии Рим.

ОҒОЗИ ТАШКИЛИ КОРИ ТИББӢ. Тавре ки дар болотар ҳам гуфта шуд, дар Италияи Қадим то асри II то милод бе табибони касбӣ ҳам рӯз мегузарониданд. Тибби юнонӣ инъикоси нозукию карруфар ҳисобида мешуд. Чунин нуқтаи назар ба бозистии тиб дар Италияи Қадим сабаб шуда буд. табибони нахустин дар он ҷо аз ҷумлаи ғуломоне буданд, ки асир афтида буданд, асосан юнониҳо (аз Юнон, Осиёи Хурд, Миср) буданд. Як қатор касбу кори “зиёитоб” аз тарафи юнониҳо инҳисор карда шуда буд. Табақаи ғуломии зиёиён дар рим , махсусан баъди мавҷудияти Ҷумҳурӣ, махсусан сершумор буданд ва саҳме, ки ғуломони юнонӣ дар бунёди маданияти Рим гузошта буданд, ниҳоят калон буд.Омӯзгорон, табибон, мутрибон қариб бе ягон истисно юнонӣ буданд Ҳар шаҳрванди римии сарватманд кушиш ба харҷ медод, ки ғуломи табиб (servus medicus) дошта бошад. Ғулом соҳиби худ ва хешовандони ӯро табобат мекард.

Сатҳи баланди маданӣ ва касбии ғуломтабиб ӯро дар назди чашмони хуҷаин баланд мебардошт. Шуғлварзии озодонаи чунин мутахассис ба назари ғуломдор хеле даромаднок менамуд. Аз ин рӯ, ғуломмутахассисонро ба ивази пардохти муайян ба фаъолияти озоди даромад иҷозат медоданд.

Табиби ҷавобдода вазифадор буд, ки хуҷаини собиқи худ, оилаи ва ёру дӯстони ӯро бепул табобат кунад ва як қисми даромади худро ба хуҷаин баргардонад. Аз дидгоҳи ҳуқуқ табиби ба озодӣ сардода ба ғуломдор вобаста мондан мегирифт ва ҷомеаи Рим муддати дуру дароз нисбати онҳо бо касе нафрат менигарист.

Дар охирҳои асри III — аввали асри II то милод дар пойтахти Ҷумҳурии Рим табибони озоди юнонӣ пайдо шудан мегиранд. Табиби нахустини озод дар Рим Архатаги (fp .yjym Archagathos) пелопоннесӣ ҳисобида мешавад. Ӯ ба пойтахт дар соли 219 то милод омад, ки ӯро шаҳриён гарму ҷӯшон пешвоз гирифтанд. Ба ӯ ҳуқуқи граждании Рим ва бинои давлатӣ барои ба табибӣ машғул шудан дода мешавад. Оғози фаъолият ба Архатаг обрӯю эътибӣори калон меоварад. Вале баъди дар ҷарроҳӣ аз сӯзондан истифода бурданаш муносибати римимҳо нисбати ӯ бо тезӣ ва куллан тағйир меёбад: ба ӯ “зиндакан” лақаб гузоштанд ва минбаъд ба ӯ муроҷиат намекардагӣ мешаванд.

То он замоне, ки тибби юнонӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Рим эътироф карда мешавад, аз байн якчанд садсола мегузарад. Ба ин эдикти (амри) Юлий Сезар (солҳои 100 – 44 то милод) мурҳалаи муҳим ба шумор меравад, ки мувофиқи он соли 46 то милод ҳам ба табибони баромадашон аз Юнон, Осиёи Хурд, Миср ва музофотҳои дигари давлат омада ва ҳам сокинони маҳаллие, ки илми тибро меомӯхтанд ҳуқуқи фахрии гражданҳои Римро медиҳад. Баъдтар, дар замони империя бо рескрипти император Константин (соли 337) муқаррар карда мешавад, ки “Косибоне, ки дар шаҳрҳо сокин мешаванд, аз ҳамагуна ӯҳдадориҳо озод карда мешаванд, чунки барои омӯзиши косибӣ истироҳат лозим аст, зеро онҳо мехоҳанд, ки ҳам худашон такмил ёбанд ва ҳам фарзандонашонро меомӯзонанд. Рӯйхат чунин аст: меъморон, табибон, байторҳо, рассомон, ҳайкалтарошон… (дар идома 33 касби дигари косибӣ номбар карда мешаванд)”.

Бояд қайд кард, ки табибон ва байторҳо дар ин рӯйхат дар қатори аввалинҳо меистанд. Ҳамин тариқ, дар Ҷумҳурии Рим дар корҳои тиббӣ унсурҳои қонуну қоидаҳои давлатӣ ба вуҷуд омадан мегиранд. Ки дар замони империя таҳким меёбанд.

АСОСҲОИ ФАЛСАФИИ ТИБ ДАР РИМИ ҚАДИМ. Ба ҷаҳонбинии римиҳо аз ҳама зиёдтар таъсири маданият вҷа фалсафаи он халқҳое таъсир расонидааст, ки дар марҳалаҳои муайяни таърих ба ҳайати империяи рим дохил буданд. таълимоти атомистие, ки аз тарафи файласуфони бузурги юнонӣ Левкипп (наздики солҳои 500 – 440 то милод), Демокрит (солҳои 460 – 371 то милод) ва Эпикур (назд.солҳои 342 – назд. соли 270 то милод) офарида шуда буданд, ба фалсафаи римиҳои қадим ворид мегардад ва он дар асарҳои намояндаи машҳуртарини эпикуризми римӣ – файласуф ва шоир Тит Лукретсий Кар (Lucretius Carus, назд.солҳои 96 – 55 то милод) инъикос меёбад. Достони ӯ “Дар бораи ашёҳо” (“De rerum natura”), ки мо онро дар мавзӯҳои дигар борҳо ёдовар шудаем, дар шаш китоб дар амал ба энсиклдопедияи он замон мубаддал гардида ва ақидаҳои пешқадами римиҳоро оид ба соҳаҳои фалсафа, табиатшиносӣ, тиб, психология, таърих (ғояи инкишоф,рад кардани абадзиндагии ҷон, ҳаёти баъдалмавт ва дахолати худоҳо ба ҳаёти Кайҳон) инъикос мегарданд.

Дар достони “Дар бораи табиати ашёҳо” Лукретсий ба сари масъалаҳои табиатшиносӣ ва тиб аз назари таълимоти атомистӣ меояд. Ӯ ба таври оммафаҳм дар бораи сохти мураккаби организмҳои зиндаи иборат аз ҳиссачаҳои хурдтарини дарҳаракатбуда – атомҳо, дар бораи оҳиста – оҳиста рушд кардани олами ҳайвонот ва набототи олам, дар бораи фано гардидани организмҳои ба зинда мондан мувофиқ набуда ва зинда мондани организмҳо ба зиндагӣ мувофиқбуда фикрҳои худро баён менамояд. Ӯ махсусиятҳои баъзе бемориҳо ва баъзе нишонаҳои онҳоро ба ҳақиқат наздик муайян менамояд. Лукретсий дар китоби шашуми достон тасаввуроти худро дар бораи бемориҳои гузаранда баён менамояд.

C:\Users\USER\Music\левкипп.jpg
C:\Users\USER\Music\авл.jpg
C:\Users\USER\Music\а.jpg

Левкипп Авл Корнелий Тселс Асклепиад

Лукретсий дар бораи нақши ҳаво дар бемориҳо фикрҳои ҷолиб баён менамояд. Масалан ӯ мегӯяд, ки дар мавриди нафас кашидан “аз ҳавои омехта” барои инсон марговар аст: ба бадани инсон тухми “беморӣ ва марг” ворид месозад Лукретсий дар бораи консепсияи миазматии пайдоиши бемориҳо ин эҳтимол баъди кашфи микробҳо рад карда мешавад. Дар баробари ин, ба имконияти паҳншавии касалӣ ба воситаи об, хӯрок, ва предметҳои дигар ба он таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд, ки қолаби аввалини консепсияи когнитивиикасалиҳои сирояткунандаро баён месозад, ки он хеле баъд дар асари олими бузурги замони эҳёи Италия Ҷироламо Фракасторо (солҳои 1478 – 1553) “Дар бораи контагияи касалиҳои контагионӣ ва табобат” ҳаматарафа инкишоф дода шудааст.

Таълимоти Эпикур ва ақидаҳои пешқадами Лукретсий ба Асклепиада – табиби машҳури юнонии Рим таъсири калон мерасонад. рушди самти илмии табиатшиносӣ дар тибби Рими қадим ба мактаби ташкилкардаи ӯ зич алоқаманд мебошад. Низоми тиббии ташкилкардаи ӯ — (tuto, celeriter et incunde curare – табобат бехатар, бо тезӣ ва форам аст) бо мусбатии фоидаовари худ аз усулҳои табобатии “зиндакан”-и Архатаги табиби юнонии садсолаи гузашта тафовут дошт.

C:\Users\USER\Music\джиролама.jpg
C:\Users\USER\Music\нерон.jpg

Ҷироламо Фракасто Клавдий Друз

Асклепиад шогирди эразастчиён (яъне пайравони Арзистрат буд, ки аз назарияи он вақт ҳукмрони гуморалӣ даст кашида ва ба қисматҳои сахти баданро афзалтар медонист) буд. Аз ин бармеояд, он ки чаро Асклепиад бемориро, якум, ҳамчун натиҷаи stagnatio (бозистии ҳиссачаҳои сахт дар пораҳо ва каналҳои бадан) меҳисобид ва, — ҳамчун бенизомшавии ҳаракати шираҳо ва маҳкамиҳо. Асклепиад ба маризон маслиҳат медод, ки пиёда гарданд ва аспсаворӣ кунанд, дар ароба ва киштӣ ба саёҳат раванд, — хуллас, бояд доимо дар ҳаракат бошанд. Ба одамони бистаришуда маслиҳат медиҳад, ки дар болои гилем дароз кашинд ва машқҳои гуногунро иҷро намоянд. Мувофиқи ақидаи Асклепиад вазифаи асосии табобат васеъкунии сурохчаҳо ва ҳисссачаҳои хобрафтаро бедор кардан мебошад; муваффақияти табобат коркарди ошкорои усулро коркард намуда ва он танҳо ба таври инфиродӣ истифода бурда шавад; Дорувориро хеле кам таъйин мекард. Асклепиад ҷиддан боварӣ дошт, ки инсони оид ба тиб маълумоти кифоядошта ҳаргиз бемор нахоҳад шуд. Худи ӯ намунаи аввал буд, зеро ягон маротиба бемор нашуда, дар синни пиросолии басо зиёд аз воқеаи нохуше вафот мекунад.

Низоми усулии Асклепиад дар маҷмӯъ дар рушди минбаъдаи тиб дар замони империя ва дар самти табиию илмии Рим таъсири мусбат расонидааст.

ИЛМИ ТИБ ДАР ЗАМОНИ ИМПЕРИЯ (соли 31 то милод – соли 476 милодӣ). Таърихи Империяи Рим ба асррро дар бар гирифтааст – марҳалаи нашъунамои ғуломдорӣ дар ҳавзаи Баҳри Миёназамин ва афтидани империя. Марҳалаи империяро одатан ба ду давра тақсим менамоянд: давраи империяи барвақта (соли 31 то милод – соли 284 милодӣ) ва империяи баъдина (асрҳои III—V).

Илми Рими инвақта моҳияти эмпирикӣ (таҷрибавӣ), тасвирӣ ва компилятивии (истифодаи асарҳои дигарон бе коркарди онҳо) пайдо карда, дар маҷмӯъ моҳияти практитсизми (амалии) худро аз даст надод. Вобаста ба зарурати амалӣ, соҳаи кишоварзӣ , назария ва амалияи юриспруденсия, математика ва илмҳои ба он алоқаманд рушд намуданд, сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ, аз он ҷуқмла терм ва акведукҳо идома ёфтанд. Дар замони империя дар шаҳри Рим терҳои аз ҳама машҳуртарин сохта мешаванд: дар замони императорон Нерон (Клавдий Друз, Германия Тсезар Нерон, солҳои 54 – 68), Марк Аврелийи Север Антонин, бо тахаллуси Каракалла (солҳои 211 – 217) ва Александр Север (солҳои 222 – 253). Аз термҳои дигарон термаҳои Каракалла беҳтар боқӣ монда, бо меэморӣ ва зебу зинат ва ороиши дохилии худ фарқ мекард. Дар асри V онҳоро аз ҷумлаи мӯъҷизаҳои санъати антиқӣ мешумориданд. Дар термаҳои Каракалла шумораи зиёди асарҳои санъати антиқӣ ёфт шудааст: ҳайкалчаҳои Геркулес ва Флора, барзагови Фарнез, тасвири Аполлони Белведерӣ.

Рушди кори тиббӣ дар марҳалаи империя яке аз зуҳуроти практитсизми рим буда ва ин дар устуворшавии тибби ҳарбӣ бараъло намоён гардид.

ТАШАККУЛЁБИИ ТИББИ ҲАРБӢ. Аз диктатори аввалин Сулла (Корнелий Сулла Лютсий, солҳои 83 78 то милод) ҳокимияти императорони Рим ба таври возеҳ моҳияти ҳарбӣ дошта ва ба қӯшун такя мекард. Хеле пеш аз афтидани ҷумҳурӣ артиши Рим, de jure ихтиёриёни гражданӣ мондан гирифта буд, ташаккули ниҳоии он дар аҳди император Август (соли 27 то милод ва соли 14 милодӣ) сурат мегирад. Ислоҳоти ҳарбии ӯ ба қӯшун он намудеро фароҳам овард, ки дар тули қариб ду садсола боқӣ монд.

Дар замони Август қӯшуни Рим аз 27 – 28 легион (ҳар кадом иборат аз 5 – 6 ҳазор нафар), дар охири ҳукмронии ӯ бошад, аз 25 легион иборат мешавад. Онҳо дар он музофотҳое мустақар гардида буданд, ки вазъияти ҳарбӣ нисбатан номаълумтар буд (дар сарҳадҳои Рейн ва Дунай, дар миср, шимолу ғарбии Испания ва ғайра).Легионҳо ва когортаҳои (муҳофизони шахсии император) танҳо аз ҳисоби гражданҳои Рим, ба қӯшунҳои ёрирасон (когортаҳои савора ва пиёдагард, ҳар кадом на зиёдтар аз ҳазор кас) бошад, аз ҳисоби музофотиҳам чафарбар карда мешуданд. Шумораи умумии сарбозон дар замони Август аз 250 ҳазор то 300 ҳазолр нафарро ташкил мекард; нисфи онҳо дар легионҳо ва нисфашон дар қӯшунҳои ёрирасон хизмат мекарданд. Мӯҳлати хизмат дар легионҳо 20 сол ва дар қӯшунҳои ёрирасон 25 сол муқаррар карда шуда буд; то истеъфо аскар ҳақ надошт, ки ба ақди никоҳ дарояд.

Ташаккули ниҳоии қӯшун ва лашкаркашиҳои зиёди истилогаронашумораи зиёди табибони касбиро тақозо мекард. Онҳо дар ҳамаи ҷузъу томҳои қӯшунҳо (легионҳо, когортҳо, адҳо) ва дар ҳамаи намудҳои артиш мавҷуд буданд. Ҳар як когорта чор табиби ҷарроҳ дошт. Дар флот дар ҳар як киштии ҳарбӣ якнафарӣ табиб фаъолият дошт. Барои ҳар ҷанговар лозим буд, ки дар ихтиёри худ мавод барои ёрии аввали тиббӣ барои худаш ва рафиқони ҷангоовараш дошта бошад. Дар ин бора нақши муқарнаси маълум дар сутуне дар троян (Марк Ултсий Траян, солҳои 98 – 117 милодӣ) шаҳодат медиҳад.

Баъди ҳарбу зарӣ захмбардоштагонро ба шаҳрҳои наздиктарин ва ё урдугоҳҳои ҳарбӣ бурда, дар он ҷо (тахминан дар асри II ) барои захмбардоштагон ва беморон муассисаҳои тиббии ҳарбӣ – валегудинария (valetudinarium) барои ҳар 3-4 легион яктогӣ ташкил менамуданд Ҳайати хизматрасонӣ аз табибон, либосу хӯроктаъминкунҳо, асбобдорҳо ва ҳайати худи тиббӣ иборат буд

Ин низоми расонидани ёрии тиббӣ ба ҷанговарони захмбардоштагонро баъдтар дар империяи Византия ҳам қабул карда ва ба он як қатор навгониҳо дохил менамоянд. На дертар аз асри VI дар қӯшуни Византия дастаҳои махсуси санитарӣ ташкил карда мешаванд, ки он барои ҳар 200 – 300 аскар якдастагӣ муайян гардида буд. Захмбардоштагонро шахси савора аз майдони ҷанг deputati мебаровард. Ба ин хотирр дар арафи чапи зинҳои асп ду эзангу андармон карда шуда буд. Ёрирасонҳо бо худ обдон доштанд ва шояд ба захмбардошта ёрии аввалин мерасониданд. Барои ҳар сарбози наҷотдода ба ҷанговарон тилло пардохт мекарданд.

Дар рими қадим ҳанӯз беморхонаҳои давлатӣ (гражданӣ) мавҷуд набуданд: табибон барои муолиҷа ба хонаи беморон мерафтанд ва беморон низ ба қабули табибон ба хонаи онҳо меомаданд. Вале дар мулҳои ғуломдорӣ як навъ беморхона (валетудинария)-ҳое ташкил карда шуда буданд, ки ба онҳо ғуломтабибҳо хизмат мерасониданд. Дар ин бора Колумелла (Лутсий Юний Модерат Колумелла, асри I ) нивисанда ва агроном дар асари худ “Дар бораи кишоварзӣ” («De re rustica» иборат аз 12 китоб) навишта буд.

РУШДИ КОРИ ТИББӢ. Дар баробари тибби ҳарбӣ дар замони империя кори тиббӣ дар шаҳрҳо ва баъзе музофотҳое рушд мекунад, ки ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои табибонро – архиатрҳоро ((аз юнонӣ аг-chiatros — «сартабиб» табиб, аз юнонӣ. arche — оғоз, iatros — табиб) таъсис медодагӣ мешаванд, ки онҳо дар коллегияҳо муттаҳид мешуданд (замони нашъунамои коллегия ба даараи империя рост омадааст). Дар дарбори император archiatri palatini, дар провинцияҳо-—аг-chiatri provinciales,дар шаҳрҳо —archiatri populares хизмат мекарданд. Ин унвон дар замони императории Константин (солҳои 306 – 337) таъсис дода шудааст. Архиатри аввалини император дар рим Ксенофон (асри I милодӣ) – табиби шахсии император Клавдия ҳисобида мешавад, ки ӯро Клавдий ҳамчун зодаи ҷазираи Кос ва зурёти Эскулапи афсонави (римиҳо худо табобаткуни Аскления)-ро меномиданд.

Архиатрҳои дар коллегияҳо муттаҳидгардида дар зери назорати ҳукуматдорони шаҳрӣ ва ҳукумати марказӣ қарор доштанд, ки ба интихобу таъйинкунии онҳо сахт назорат мекарданд. тарзи интихоб имтиҳони ҷиддиро мемонд; баъд аз он табиб унвони Архиатрҳо дар иттиҳодияҳои косибон, дар ҳаммомҳо, театрҳо, сиркҳо ва ғайра фаъолият доштанд «Medicus a Republica probatus» («табибе, давлат тасдиқ кардааст)-ро мегирифт. Онҳо маоши доимӣ мегирифтанд, вале ҳуқуқ доштанд ба фаъолияти шахсии тибба низ машғул шаванд. Табиби машҳури дунёи қадим Гален, аз рӯи пайдоишаш юнонӣ, дар солҳои ҷавониаш дар тули якчанд сол дар мактаби гладиаторҳо дар Пергам табиб шуда кор кардааст. Дар бораи ҳамчун ташхисгарони судӣ истифода бурдани табибон маълумотҳо вуҷуд доранд.

Вазифаи сардори архиатрҳои шаҳрӣ таълими тиб дар мактабҳои махсус буд, ки дар шаҳрҳои Рим, Искандария, Афина. Антиохия, Бериг ва шаҳрҳои дигар таъсис дода шуда буданд. Анатомия дар асоси ҳайвонот, баъзан захмбардоштагон ва беморон таълим дода мешуд. Тибби амалиро дар бистари мариз меомӯхтанд. Қонун вазифаҳои хонандагонро сахт муқаррар карда буд. Онҳо бояд тамоми вақти худро ба омӯзиш сарф мекарданд. Ба онҳо иҷозат дода намешуд, ки дар базмҳо иштирок намуда, шиносои ишубҳанок дошта бошанд.

Дар баробари мактабҳои тиббии давлатӣ дар империяи Рим шумораи начандон зиёди мактабҳои хусусии тиббӣ низ пайдо мешавадл. Эҳтимол яке аз чунин мактабҳо (ки шояд мактаби аввалин)-ро Асклепиад таъсис намуда бошад. Бо мурури замон вазъияти табибон и вазнин озод шуда ва ҳатто имтиёзҳо ба даст оварданд. Дар замони ҷанг табибон ва писарони онҳо аз ӯҳдадолрии умумии ҳарбӣ озод буданд. Чунин сабукӣ аз шумораи зиёди табибонро раҳсипори Рим карданд ва ин ҳолат дар байни табибон сабабгори рақобат мешавад. Дар натиҷаи ин табобат ба ихтисосҳои танг тақситм мешавад. Дар охирҳои асри II дар потахти империя табибони бемориҳои чашм, дандон, муттахассисони табобаткунандаи гурда, ҷарроҳон, ки танҳо як ё ду бемориро ҷарроҳӣ мекарданд пайдо мешаванд.

РУШДИ ДОНИШҲОИ ТИББӢ. Илми Рим дар марҳалаи империя моҳияти эмпирикию тасвиротӣ ва амалӣ дошт, ки он ба практитсизми римӣ хос буд. Дар худ музаффариятҳои тамоми халқҳои Баҳрим Миёназаминро дар бар гирифта, он дар натиҷаи омезиш ва табдилёбию (трансформатсия) ба ҳам роҳ ёфтани маданияти юнонӣ ва шарқӣ ташаккул ёфта буд. Ин раванд нисбатан пурра дар асари энсиклопедии бисёрҷилдаи (иборат аз 20 ҷилд) «Artes» («Санъат») инъикос гардидааст, ки онро Авл Корнелий Тселс (Ce’sus, Aulus Cornelius, солҳои 30/25 то милод — солҳои 45/50 милодӣ) бо забони лотинӣ таҳия намудааст. То ба мо танҳо ҳашт ҷилди он (VI—XIII), омада расидааст, ки ба тиб бахшида шудааст. Онҳо дар миёнаҳои асри ХV (соли 1443) ёфт шудаанд ва бори нахустин соли 1448 дар Флоренсия рӯи чопро дидааст.

Тселс шахси бомаърифат ва ғуломдори сарвҷатманд буда, шумораи зиёди тарҷумон ва нусхабардоронро ҷамъ мекунад ва онҳо онҳо асарҳои сершуморро оид ба фалсафа, риторика, ҳуқуқ, тиб, кишоварзӣ ва кори ҳарбии юнониҳо, искандариягӣ, ҳиндӣ ва муаллифони дигарро баргардону тарҷума мекунанд. Бисйрии инасарҳо боқӣ намондаанд ва дар онҳо бо шарофати Тселс медонем.

Мувофиқи гуфтаи Гален, тселс “дастури амалиеро таҳия намудааст, ки ҳангоми дар валетударияии барои ғуломон муқарраргардида машғул будааст”. Ӯ ба таври муфассал дастовардҳои тибби Римро дар замони империяи барвақта дар соҳаи ташхис,гигиена, назарияи бмориҳо, табобат ва махсусан ҷарроҳиро баён сохтаст. Чор нишонаи шамолхӯрӣ (сурхгавӣ, варамкунӣ, таб ва дард)-ро баён карда, тавре, ки муҳаққиқон мекунанд, онҳоро аз рисолаҳои шинрдии қадим гирифтааст.

Дар бораи рушди ҷарроҳӣ дар замони империя маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳие шаҳодат медиҳанд, ки дар натиҷаи кофтукови шаҳрҳои қадим ба даст оварда шудаанд: дар “хонаи ҷарроҳ” дар Помпей, дар Баден, Бинген, Херсонес ва ҷойҳои дигар. Ба ҷумлаи ин асбобҳо пинсет, шпитс, қапонак, чумча, захмвасеъкунак, арра барои устухонбурӣ, кордҳои ҷарроҳӣва сӯзанҳо, катетерҳо, оинаи доягӣ ва асбобҳои дигаре, ки дар ҷаррорҳӣ ва амалияи момодоягӣ истифода бурда мешаванд.

Асари дар тамоми адабиёти қадима васеъ оид ба тибби гинекология ва бемориҳои кӯдаконро табиби юнонӣ Соран аз Эфес (Soranus, 98—138) таълиф намудаст. Аз бист рисолаи навштаи ӯ танҳо асарҳои “Гинекология”, (Soranus, 98—138), “Дар бораи ҷароҳатбандӣ”, “Дар бораи шикастабандӣ” то ба мо расидаанд. Дар асрҳои III – IV соҳаи тиб ва илми тиб чун илмҳои дигари Рим бо сабаби бӯҳрони сиёсӣ, нобасомониҳои дар робита ба тохтутозҳои варварҳо ба Рим вуҷуддошта, тақсимшавии империяи Рим ба ду қисмат тақсим шудан ва сабабҳои дигар рӯ ба таназзул мениҳад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *