Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Вазъи муносибатхои ичтимоию иктисоди дар Империяи Рим дар асрхои 4 — 5

Рӯ ба таназзул ниҳодани ҷомеаи қадим дар Империяи Рими бевақта дар барҳам хӯрдани низоми полисии моликият ба замин ва таҳким ёфтани моликияти хусусӣ, дар заифшавии алоқаҳо дар байни шаҳрванд (гражданин) ва полис зуҳур ёфт. Таназзул ёфтани шаҳрҳо ба ҷудошавии иҷтимоию иқтисодии миндорони шаҳрӣ алоқаманд буд. Қисмати болоии куриалҳо дар шаҳр мавқеи ҳукмронро ба даст оварда, аз ҳисоби даромадҳои шаҳр бой мешуданд, тамоми масъулиятро барои ҷамъоварии вамъоварии андози давлатиро ба зимаи куриалҳои қаторӣ ва заминдорони хурду миёна вогузормекунад, ба онҳое, ки хоҷагиашон рӯ ба таназзул ниҳода буд, гарчанде, ки тибци маълумоти ритори Антиохия Либания, баъзан воқеаҳои мақсаднок воридшавии плебейҳзои бойшуда аз ҷумлаи куриалҳо – бо роҳи харидории мулкҳо аз заминҳои шаҳрӣ аз тарафи устохонаҳои косибӣ рух медоданд, ки ин кор ба ӯ даромади асосӣ медод, вале онҳо, эҳтимол меравад, ки ин воқеа истиснои хеле кам буд. Зуҳуроти оммавӣ ин муфлисшавии куриалҳо ва ва ҷидду ҷаҳди онҳо баҳри баромадан аз табақаи худ буд. Онҳо аз шаҳрҳои азизи худ фирор карда, кушиш мекарданд, ки заминҳои худро фурӯхта, ба хизмати ҳарбӣ ва ё граждании давлатӣ дароянд ба колонҳои магнатҳо табдил ёбанд, ба ғуломдухтарон хонадор шаванд, писарони худро барои таҳсил ба шаҳрҳои дигар фиристонанд, токи онҳо ба шаҳрҳои худ барнагарданд. Масалан, ба антиохия дар Оронт дар зарфи асри IV шумораи куриалҳо аз 600 то 60 нафар коҳиш меёбад. Дар асрҳои IV – V куриалҳо ба ҷамъоварии андозҳонатанҳо бо амволи худ, балки шахсан масъул буданд. Барои напардохтани андоз амволи онҳоро мусодира мекарданд (дар натиҷаи ин фонди замин шаҳрӣ коҳиш меёфт),шахсро ба зиндон мепартофтанд,ба ҷазои резонандаи обрӯю эътибор дар байни омма гирифтор мекарданд. Масалан, шиканҷа додан дар майдони шаҳрӣ ба сари шахс пӯшонидани кулоҳи масхарабоз. Баромади камбағалони шаҳр бар зидди андозҳои вазнин афзоиш меёбад, Исёнҳои гуруснагии люмпен-пролетарҳо ба амал меомаданд. Ободонии шаҳрҳо рӯ ба таназзул мениҳад аҳолии шаҳр кам мешавад. Аммо ҳамаи ин зуҳурот дар шаҳрҳои гуногуни Империя нобаробар зуҳур меёфтанд. Дар музофотҳои шарқӣ таназзули шаҳрҳо нисбат ба Ғарб камтар ба назар мерасид, чунки дар шарқ ҳуломдории классикӣ кам паҳн гардида буд, бинобар ин, бӯҳрони сохти ғуломдорӣ якқадар сусттар буд. Дар ин ҷо фаъолияти тиҷоратию косибӣ устувортар буд.

Шаҳрҳои хурд дар тамоми Италия нисбат ба шаҳрҳои калон бештар таназзули ёфта буданд, чунки онҳо метавонистанд ба фишори магнатҳо бомуваффақона муқобил истанд. Дар натиҷаи таназзули шаҳрҳои хурд дар асрҳои IV V мувофиқи шаҳодати Либания баъзе шаҳрҳои калон Шарқи Рим – Антиохия ва Оронте, дар асри IV савдои пурҷушу хуруш марказонида шуда буд, инчунин сохтмон дар авҷ буд. Дар баробари ин шаҳрҳои сершумори Сурия ба деҳот табдил меёфтанд ва дар якҷоягӣ бо заминҳояшон аз тарафи мулкҳои калон фуру бурда мешуданд. Дар асрҳои IV – V рушди шаҳрҳо дар дар музофотҳои шарқӣ (Византияи барвақта) на аз ҳисоби умумии болоравии фаъолияти тиҷоратию косибӣ ба амал меомад, балки, балки бештар аз ҳисоби таназзули шаҳрҳои сершумори хурд, ки ба шаҳрҳои калон тобеъ мегардиданд. . Дар пойтахтҳои музофотҳо қасрҳои ҳокимон. Биноҳои гражданӣ ва муассисаҳои ҳарбӣ, амборҳои ва устохонаҳо сохта мешуданд, марказҳои калисовӣ ва истеҳкомҳои ҳарбӣ бунёд карда мешуданд, инчунин биноҳои шахсӣ низ сохта мешуданд; барои сохтани онҳо бисёр вақт биноҳои кӯҳнаи ҷамъиятӣ вайрон карда мешуданд. Сохтмон дар шаҳрҳои калон бештар аз ҳисоби буҷети шаҳрҳои хурд ба амал бароварда мешуд. Масрлеҳи бинокориро бисёр вақт аз ин шаҳрҳо мебароварданд ва барои ин кор бисёр рух медод, ки биноҳои шаҳри хурдро вайрон мекарданд. Дар шаҳрҳои калон гарнизонҳои ҳарбӣ мустақар гардонида мешуданд, чунки дар натиҷаи таназзули низоми полисӣ вазифаи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ беш аз беш ба зимаи давлат вогузор карда мешавад.

ТАШАККУЛЁБИИ ТАБАҚАИ КОЛОНҲО ВА НАҚШИ ТАЪРИХИИ ОН ДАР РИМ

Дар аввал колонат дар Рим як шакли вуҷуддоштаи иҷоракории деҳқонӣ дар Рим аз замонҳои қадим вуҷуд дошт. Ҳанғз дар мулкҳои патритсийҳои Ҷумҳурии барвақта қисми зиёди қувваи кориро одамони тобеъ, клиентҳо ва иҷоракорон ташкил менамуданд. Аммо дар асрҳои IV – III то милод дар ҷараёни заминҳои аз тарафи римиҳо забткарда, манбаи (захираи) замин хеле меафзояд: дар як вақт ба плебейшо низ муяссар гардид, киба (eger publikus) роҳ ёбанд. Минбаъд рушди хоҷагидории ғуломдории типи классикӣ иҷораиозоди хурдро ба канораҳои дурдасти муносибатҳои иқтисодӣ фишор дода баровард, вале тавре маълум гардид, ин падида зуҳуроти муваққатӣ будааст. Аллакай дар замони Ҷумҳурии (асри I п.а.м.) дар мулкҳои калон дар баробари ғуломон иҷоракорони калон – колонҳо низ кор мекарданд.Ба ивази гирифтаниқитъаҳои замин онҳо ба соҳибони замин рентаи пулӣ ё як қисми ҳосилро пардохт мекарданд. Дар асри I пардохти пул афзалият, ки дар садсолаи II бо пардохти ҳосил — аз ¼ то ¾ қисми ҳосил иваз карда мешавад.

Нақши муҳимро дар муносибатҳои колонатӣ ду омил иҷро менамояд: болоравии заминдории калон (махсусан заминдлории императорӣ) ва пастшавии суръати он, баъдз пурра қатъ гардидани хабткориҳои Рим. Дар баробари дар асри II ҷангҳои истилогарона ва гузаштани Империя ба мудофиа, воридкунии ғуломон аз қаламрави варвари дурдаст кам мешавад, ки ин омилдар сохтори захираҳои меҳнатӣ таъсири манфӣ норасонида наметавонист. Дур мулкҳои зиёд ғуломон, қисмати асосии қувваи кориро ташкил менамуданд, қисман бо еолонҳо иваз карда шуданд. Дар навбати худмуттаҳид карда шудани мулкҳои заминдории зийди дар як ҷо марказонидашуда доменҳо бо шумораи зиёди аҳолие, ки аз назари иқтисодӣ ба мулкдорон тобеанд, пайдо мешаванд.

Болоравии заминдории калон дар асрҳои I – II чӣ дар Рим ва чӣ дар бвъзе музофотҳо ба назар мерасад, масалан, дар Африқо, то замони Нерон нисфизаминҳои барои киштукор коромад ҳамагӣ ба шаш мулкдор тааллуц доштанд. Ҳамаи онҳоро император қатл карда буд ва моликияти онҳо ҳамчун андоз мусодира карда шуд, вале ин тадбир унвони моликиятдорро тағйир дод, на моҳияти онро.

То замони ҳукмронии Антонинҳо домени (мулкҳои) император на танҳо хеле афзуд, балки ба сохтори устувор мубаддал гардид. Ҳаёти дохилӣ малтусҳо, яъне мулкҳои императораз тариқи қарордодҳои махсус танзим карда мешуд, ки вазифаҳои колонҳоро нисбати иҷорагирандаи асосӣ (кондуктор) танзим менамуданд. Ин кас ҳамчун пардохт ин ва ё он салтус (замин)-ро гирифта, баъд ба колонҳо ба иҷора медод. Аз назари маъмурӣ домени (заминҳои) император қаламрави домен (мулкҳо)-и император бо сардории прокураторҳо ба округҳо тақсим гардида буданд.

Колонҳои асрҳои I – II шахсан озод набуданд. Дар баробари сипарӣ шудани қарордоди иҷора (адатан панҷсола) онҳо метавонистанд мулкро тарк кунанд. Вале дар садсолаи II колонҳо, тавре ки сарчашмаҳо (мукотибаи Плинийи Хурдӣ, шикояти салтусҳои императорӣ) шаҳодат медиҳанд, аксарияти колонҳо қарздор буданд, бинобар ин, аз мулкҳо рафтани онҳо то чанде мушкилтар мегардид.

Ҷангҳои охири асрҳои II – III бо мавҷи хунини худ, ки сартосари қаламрави Империяро фаро гирифта буд. вазъи умумии иқтисодии римро якбора паст кард, ки ин ба вазъи колонҳо таъсири манфӣ норасонида наметавонист. Дар шароити бӯҳрони пайдарпай тобеияти онҳо аз мулкдор меафзуд, ки ин то дараҷае моҳияти шахсӣ дошт. Марказонидашавии заминҳо давом секард: мулкдорони хурд бисёр рух медод, ки худашон заминҳояшонро ба ҳамсоя ибой ва пуриқтидор медоданд ва аз онҳо чунин ҳимояеро металабанд, ки акнун онро давлати рӯ ба таназзулниҳодаи Рим дода наметавонист. Заминҳои худро акнун ба сифати прекария яъне соҳибии муваққатӣ, на ба сифати мулкдор, баргардонида, собиқ хуҷаинони мустақил ба одамони тобеъ мубаддал шуда. бо худ мулки калонро пур мекарданд. Заминдорони императорӣ, чун дар замони қаблӣ, асосан аз ҳисоби мусодираи заминҳои рақибони сиёсӣ зиёд мешуд. Ба ин тадбир махсусан ба таври васеъ Септимий Север даст мезад, инчунин императорони зиёди дигаре, ки баъди ӯ ҳукмронӣ кардаанд.

Болоравии тобеияти колонҳо аз мулкдорони хусусӣ дар асри IV ба пайдоиши крепостнойчигии Империя оварда мерасонад. Эдикти императории соли 332 колонҳо тарк кардани қитъаҳои заминро манъ кард. Колонҳои фирориро дастгир карда, завлонабанд онҳоро ба хуҷаинонашон бармегардониданд. Наздики ин замон баҳри тобеъкунонии намояндагони табақаҳои дигари аҳолӣ низ тадбирҳо андешида шуданд: куриалчиён ба ба шаҳрҳои худ тобеъ карда шуданд (солҳои 316 ва 325), косибон – ба ба иттиҳодияҳои касбӣ, коллегияҳо ва ғайра.

Ҳамин тавр ба анҷом расид, роҳи дуру дарози рушди колонати антиқии Рим аз шакли иҷораи озод ба тобеияти крепостноӣ. Дар ин колони ба крепостноӣ табдилёфтаи замониантиқаи поён мо як намунаи деҳқони асримиёнагиро мебинеам. Мисли он кидар соҳаи идеологӣ масеҳият дар худ ҷанини ҷаҳонбинии нави хос ба асрҳои Миёнаро ифода мекард, ҳамин тариқ, колонати антиқаи поён дар соҳаи иқтисод ҷанини асрҳои миёнаи баъди антиқа ба миёномадаро ифода менамуд.

ҲАРАКАТҲОИ ХАЛҚӢ ДАР ОХИРҲОИ ИМПЕРИЯИ РИМ

Дар охирҳои асри IV замони устуворшавии империяи Рим, ки тавассути ислоҳоти Диоклетиан ва Константин ба даст омада буд, ба анҷом мерасад. Омилҳои дарозмӯҳлате пурзур мешаванд, ки онҳоро дар вақташ бӯҳрони асри III ба миён оварда буд: марказонида шудани моликият бар замин, фишор дода баровардани меҳнати ғуломон дар истеҳсолот ҷалб гардидани истеҳсолкунандаи бевоситаи озод ба соҳаи ҳокимияти хусусии магнатҳо, таназзули шаҳрҳои антиқӣ, зада даромадани қабилаҳои германӣ ва қабилаҳои дигар ба империяи Рим. Махсусан ин ҷараёнҳо хеле босуръат дар қисмати ғарбии империяи Рим сурат мегирифтанд. Дар соли 395 тақсимшавии ниҳоии империяи Рим ба Ғарбӣ ва шарқӣ ба амал омад. Баъди ин империяи Ғарбӣ танҳо то соли 476 арзи вуҷуд дошт. , империяи шарқии Рим бошад, муттасил ба давлати феодалӣ – Византия табдил меёфт.

Марҳалаи нави тезутундшавии зиддиятҳои антагонистии дохилӣ ва хатари ҳарбӣ дар асри IV – V дар таърихи империяи ғарбии Рим дар болоравии ҳаракатҳои халқӣ зуҳур ёфтааст. Аз тарафи Диоклетиан пахш карда шудани ҳаракати багаудҳо, ки мо онро дар болотар ҳам қайд карда будем, дар Галлия дар оғози асри V аз нав вусъат меёбад. То ин вақт дар ин ҷо чунин вазъият ба амал омад. Бо сабаби болоравии заминдории калон муфлисшавии деҳқонони озод ва тобеъшавии колонҳо пурзур мешавад. ҳукумати Империя қисми бештари қӯшунҳои худро аз музофотҳо, аз он ҷумла аз Галлия барои ҳимояи Италия аз зада даромадани қабилаҳои ҳамсоя, бозмехонад. Дар галлия ҳокимиятро ғосиб Константин ба даст медарорад.

Дар солҳои 406 – 407 Галлия аз тарафи вандалҳо, аланҳо ва свевҳо хароб карда мешавад. Пурзуршавии истисмор ва ва тохтутози варварҳо аҳволи зиндагии халқро яку якбора вазнин мекунад. Дар соли 408 дар шимолу ғарбии вилоятиГаллия, Арморик, ва дар баъзе вилоятҳои дигари галлия шӯриш ба амал омад, ки дар рафти он магистратҳои Рим пеш карда шуда, худидоракунӣ тасис дода мешавад. Эҳтимол меравад, ки шӯриш дар арморик оммаи васеи аҳолиро фаро гирифта буд, Vле корҳои онҳо бо ҷудошавӣ аз Империя маҳдуд шуда буд. Дар як вақт бо ин, шӯриши ҷудоихоҳӣ ба тауври бенизом (стихиявӣ) ва баромадҳои парокандаи деҳқонон, колонҳо ва ва ғуломон бар зидди магнатҳои заминдор ва дастаҳои начандон калони отрядҳои ҳукуматӣ ба амал меомаданд. Ҳамин тариқ, маълум аст, ки дар соли 408 дар лашкаркашиҳои алпӣ зерои фармондеҳии гот Сара багауҳо ғаниматҳои ҳарбии отрядҳои қӯшунҳои империро, ки ба Италия бармегаштанд, мусодира кардаанд.

Дар миёнаҳои солҳои 30-юм ҳаракати халқӣ дар галлия пурзӯр мешавад. Дар солҳои 435 – 437 шӯриши нави арморикиҳо бо мақсади ҷудошавии шимолу ғарбии Галлия аз империяи Рим ба амал меояд. Солномаи Галлия дар айни замон ин шӯришро ҳамчун ҳаракати багаудҳо зери сарварии шахсе, ки тибатон ном доштааст, барои тавсиф карда менамяод. Чунин пиндошта мешавад, ки деҳқонон ва колонҳо натанҳо қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи шӯришгарон будаанд, балки дар он мақоми роҳбариро дар даст доштаанд. Аммо ин дафъа ҳам багаудҳо, эҳтимол аст, ки ба ҳамлаҳои пароканда ба мулку бустонсароҳои магнатҳо ва пеш кардани амалдорони римӣ, қатъ кардани пардохти андозҳо маҳдуд ва ғайраҳо маҳдуд шуда бошанд. Қӯшунҳои имперӣ, ки ин вақт ба мубориза бар зидди фракиҳо, бургундҳо ва вестготҳои ба Галлия зада даромада мубориза мебурданд, яку якбора бар зидди шӯришгарон равона карда шаванд. Танҳо баъди торумори бургундҳо дар соли 436 лашкаркаши Рим Аэтсий ба Арморик аскари савораи уннҳо бо сардории лашкаркаши Рим фиристода мешавад, ва багаудҳо дар ин ҷо пахш карда мешаванд.

C:\Users\USER\Music\Aetius.jpg

Аэтсий

Дар солҳои 417 – 419 Арморика аз нав аз Империя ҷудо мешавад. Барои пахш кардани шӯриш Аэтсий ба ин ҷо қӯшунҳои аланҳоро мефиристонад. Қисмати болоии ҷомеаи арморик бо сардории епископ Герман бо пешвои аланҳо Гоар дар асоси ҳамон шартҳое сулҳ мебандад, ки арморикҳо аз тарафи Аэтсия ва император авф карда мешаванд. Епископ герман барои гуфтушунид ба Рим меравад, вале он бо сабаби шӯриши багаудҳо бо сардории Тибатон, ки ҳангоми пахши шӯриши қаблӣ ҷон ба саломат бурда буд, қатъ мегардад. Ин маънои онро дорад, ки ба пешвои багаудҳо муясар мешавад, ки бар хилофи нерӯи рӯ ба ҷониби Рим ва ашрофони маҳаллӣ деҳқонон, колонҳо, инчунин косибони шаҳриро аз нав ба мубориза бархезонад. Дар “Жити Германи” ҳайати шӯришгарон ҳамчун plebs urbana vel rustika, яъне ҳамчун плебейҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ (ба маънии камбағалон) номида шудаанд.мин карда мешавад, ки мақоми роҳбарикунанда дар шӯриш ин дафъа ҳам дар дасти деҳонон ва колонҳо будааст. . Шӯриш бераҳмона пахш карда шудааст.

Епископи Марсел Салвиан (асри V) ҳаракатҳои халқиро дар Галлия багаудӣ номида, онҳоро на ҳамчун баромадҳои алоҳида, балки ҳамчун ҳаракати доимии кадом як иттиҳод номидааст, ки дар он ҷо гурезагиҳою исёнгарон (rebelles) маскан гирифта буданд. тахмин карда мешавад, ки дар замони муқаррарӣ багаудҳо дастаҳои мусаллаҳро мемонданд, ки дар мамлакат гаштугузор карда, ба мулкҳои магнатҳо ва шаҳрҳои хуб дифоъ карданашуда ҳамла иекарданд. Дар баробари ин онҳо бар зидди отрядҳои қӯшунҳои ҳукуматӣ ба ҷанг медаромаданд. Чӣ тавре ки соли 408 дар Алп рух дода буд. Дар замонҳои шӯришҳои васеи зиддиримӣ отрядҳои багуатӣ иштирокчиёни нисбатан фаъоли онҳо буданд ва ба ҳаракат эътирози иҷтимоиро бар зидди зулми магнатҳои заминдор, ғуломдорон ва ҳокимияти давлатӣ ворид месохтанд. Дар сарчашмаҳо дар бораи дорои артиш будани багаудҳо, ки қобили ба қӯшунҳои ҳукуматӣ ба набард даромаданро доштанд, чизе гуфта нашудааст. Эҳтимол шӯришгарон дар отрядҳо пароканда амал мекардаанд. Баромадҳо ва ҳаракатҳои ҷудоихоҳонаи багаудҳо ба таври воқеӣ ба истилогариҳои варварҳо мусоидат менамуданд.

Ҳаракати дигари халқӣ ҳаракати калисои донатистӣ буд, ки қаноти радикалии он он “агонистикҳо” буда, аз рӯи маънии ин мафҳум “муборизон”, “муқаддасон”, “ҳимоятгарони эътиқоди ҳақиқӣ” номида шудааст. Агонистикҳо дар шӯришҳои камбағалони деҳотӣ, ки дар Африқои Шимолӣ дар солҳои 40-уми асри IV ва даҳсолаҳои аввали асри V рӯй медоданд, фаъолона иштирок мекарданд. Эҳтимол он дар ин шӯришҳо нақши роҳбариро дошта бошад. Ҳаноми шӯришҳо онҳо аз муборизаи динӣ ба муборизаи ошкорои синфӣ мегузаштанд. Дар навоҳии мавриди амали шӯришчиён қароргирифта ҷамъоварии андозҳо қатъ мегардид и озодкунии ғуломони зиёд муясар мегардид..

Агонистикҳо барномаи дақиқи иҷтимоӣ надоштанд. Муҳаққиқони муосир чунин мешуморанд, ки онҳо ғояҳои динирии дини масеҳиро дар бораи ба охир расидани олам ва суди худовандро ба роҳбарӣ мегирифтанд. Онҳо барои худ беҳбудии ҳаёти худро дар ин олам интизор набуданд. Бинобар ин, баъзеи онҳо истисморгарони худро нест карда, , саросемавор ихтиёрӣ худкушӣ мекарданд.

Ҷараёни марказгурез шудани иқтисодӣ ва сиёсӣ пеш аз парокандашавии феодалӣ ба миён омада, пеш аз ҳама дар музофотҳои ғарбии Рим ба назар мерасид, дар он ҷое, ки моликияти хусусӣ ба замин нисбат ба музофотҳои бо шаҳрҳои бой ва заминдории калони императорӣ, бештар рушд карда буд. Ин, аҷаб нест, ки ба забт карда шудани қисмати ғарбии империяи Рим аз тарафи қабилаҳои варварҳо дар асри V мусоидат кардааст. Дар ин бора ҳаракатҳои халқӣ ва тохтутози вҷарварҳо дар ин қисмати Рим шаҳодат медиҳанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *