Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Хукмронии сулолаи Северхо (солхои 193 – 235)

Заминаҳо ва моҳияти умумии бӯҳрони асри 3

Баъд аз вафоти Коммода Публий Гелвий Партинакс – сенатор ва арбоби намоёни ҳарбии замони ҳукмронии Марк Аврелий, император эълон карда мешавад. Ӯ инсони қобилиятноку қавиирода буд, вале кушиши гирифтани пеши роҳи преторианҳо, ки дар аҳди Коммода одат карда буданд, иродаи худро ба гардани ҳокимияти олӣ бор кунанд, барои ӯ фоҷеабор гардид. Марги Пертинакс дар моҳи марти соли 193 бо тезӣ ба ҷанги шаҳрвандии фарогир (солхои 193 – 198) оварда расонид. Чи тавре ки баъди марги Нерон рух дода буд, аз нав барои хокимият номзадхое мубориза мебурданд, ки аз тарафи кӯшунҳои гуногун пешбарӣ шуда буданд. Дар ин мубориза легионҳои Дунай ғалаба карданд, ки ба онҳо Септимий Севар сарварӣ мекард.

C:\Users\USER\Music\Septimius_Severus_Glyptothek_Munich_357.jpg
C:\Users\USER\Music\21.JPG

Септимий Севар Гелвий Партинакс

Замони ҳукмронии Северхо, пеш аз бӯҳрони аср III – бақароршавии панҷоҳ соли бенизомӣ (анархия), марҳалаи охирини нисбатан боэътидол ба шумор меравад. Ин ҳодиса худи мавҷудияти минбаъдаи империяи Римро ба зери савол гузошт. Ба асосгузори сулола лашкаркаш Септимий Север муяссар шуд, ки рақибони худро дар қисматҳои гуногуни империя торумор кунад: Постсения Нигера дар Шарқ ва Клодия Алабина дар Ғарб. Дар як вақт дар ҷанги шаҳрвандӣ ба Септимий Север лозим меомад, ки дар хориҷи кишвар низ барои зада гардонидани хамлаҳои Порт ба Рим мубориза барад. Дар худи Рим когортҳои преторианҳо халъи силоҳ ва пароканда карда шуданд: ин аскарони як вақтҳо ҷузъу томҳои яккачини замони Коммодаро ташкил намуда, интизоми ҳарбиро тамоман фаромӯш карда буданд. Баъди қатл карда шудани Пертинакс ба савдои тахти императорӣ даст заданд, онро ба ҳамон касе ваъда мекарданд, ки пули зиёдтар пардохт намояд. Севар артиши корпуси нави гвардиягиро дар асоси анъанаҳои беҳтарини артиши Дунай ташкил намуд.

Ҳукмронии Септимий Север. Ғалабаро дар ҷанги шаҳрвандӣ Септимий Север барои амали кардани таъқибот бар зидди касоне истифода бурд, ки онҳоро рақибони худ мехисобид. Шумораи зиёди ҷонибдорони Нигера ва Албин дар ҳақиқат ё бардуруғ катл карда ва ба бадарға фиристода шуданд. Дар тахту тоҷ мавқеи худро мустаҳкам карда, Септимий Север як қатор ислоҳотҳо гузаронид, ки дар ниҳояти кор ба Империя моҳияти ҳарбӣ доданд. Артиш предмети асосии ғамхории ин император–аскар гардид. Ба ӯ як сухани ин импепратор нисбат медиҳанд, гуё, ки ба меросхурони худ гуфта бошад: “Аскаронро сарватманд гардонед ва ба боқимондагон аҳамият надиҳед”. Дарвокеъ, вазъи моддӣ ва шароити хизмат барои легионерҳо хеле беҳтар шуд: маоши онҳо то 500 денор дар як сол зиёд карда шуд, аз он ҷумла беқурбшавии пулро дар даҳсолаҳои пешин низ ҷуброн намуданд. Ғайр аз ин, аскарҳо имконият пайдо карданд, ки ба кишоварзӣ низ машғул шуда, ҳамин тариқ, даромади иловагӣ ба даст дароранд. Гузаронидани артиш ба қисман худтаъминкунӣ, бояд ба давлат фоидаи муайяни молиявӣ меовард, лекин баъди ин тадбир ҳам хароҷот барои таъминоти нерӯҳои мусаллаҳ хеле гарон буд.

Ақди никоҳи аскарон ошкоро иҷозат дода шуд, ки пештар ишқварзии (ё ҳамхонаг)-и оддӣ ҳисобида мешуд ва ба сентуриони калон дар легион унвони примпиляр додани мақоми савора ба легионерҳои қаторӣ ва унтер-офитсерҳо имконият фароҳам меовард, ки дар оянда ба мансабҳои калони ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ соҳиб шаванд, ки қаблан чунин имконият вуҷуд надошт. Императон бисёр вақт ҳарбиёни собиқро ба мансабҳои баланд дар маъмурияти шаҳрвандӣ таъйин мекарданд: дар якҷоягӣ бо кадрҳои нав дар сохторҳои шаҳрвандӣ принсипҳои субординатсияи ҳарбӣ ва принсипҳо дохил карда мешуданд, ки онҳо дар мачмӯъ ба кулли низоми идораи давлатӣ дар Рим моҳияти ҳарбиро мемонд.

Шумораи легионҳо, ки то замони Траян то 30 адад буд, ба 33 адад расонида шуд ва яке аз онҳо (легиони II Портӣ) дар Италия, дар наздикиҳои махаллаи кӯҳхои Албинаи Рим мустақар гардонида шуда буд. Дар ин далел шаҳодати пайваста наздик кардани мақоми Италия ва музофотҳоро дидан лозим нест, чунки дар Италия танҳо когортаҳои имтиёзноки преторианӣ (музофотӣ) мустақар буданд.

Ислоҳоти Септимий Север ҷавобе буд ба воқеаҳои бӯҳронии охири асри II. Хатаре, ки ба Империя аз тарафи ҳамсояҳо таҳдид мекард, дарвоқеъ, ба сӯи баланшавии омили ҳарбӣ, яъне – ба болоравии аҳамияти артиш мебурд. Лекин принсипатро бо диктатураи ошкорои ҳарбӣ иваз намуда, Септимий Север Римро ба касалии табобатнашавандаи чунин режимҳо — аломот (синдром)-и табаддулотҳои ҳарбӣ гирифтор намуда, ба тайёр кардани бӯҳрони умумии (системагии) оянда замина гузошт.

C:\Users\USER\Music\каракала.jpg
C:\Users\USER\Music\юлия.jpg
C:\Users\USER\Music\Александр север.jpg

Бассиан Каракалла Юлия Домина Александр Север

Меросхурони Септимий Север. Соли 211 Септимий Север дар Британия ҳангоми ҷанг бо қабилаҳои маҳаллӣ вафот мекунад. Дар зарфи дуюним даҳсолаи оянда ба тахти императорӣ меросхуроне баромаданд, ки на бо ягон истеъдоди худ на завқ ба корҳои давлатиро нишон надоданд. Дар байни онхо аввалин император писари калонии Север Бассиан буд, ки уро дар Рим аз рӯи тарзи либоспӯшӣ “Каракаллой” carakalla – “Плаши галлӣ бо каллапушаш”, ки Бассиан дар Рим солхои 211 – 217 ҷори карда буд, меномиданд. Баъди Бассиан ба тахти императорӣ писари додарзодаи императорзан Юлия Домина Авитт Бассиан менишинад, ки дар таърих бо номи Эпабала (солхои 218 – 222) маълум аст. Хамсари Септимия Севар, Юлия Домина ва хешовандони ӯ ба авлоди коҳинон тааллук дошта, бо парастиши худо Элгабала (ё ки ба Гелиогабела) алоқаманд будааст. Ба сари ҳокмият омада, Авитт Басиана танҳо парастиши Элабалларо дар Рим ҷорӣ карда, дар он вазифаи саркоҳинро иҷро мекард ва худаш ҳам номи Элгабаларо қабул мекунад. Ниҳоят, ҳокимият ба писарамаки Элгибала Александр Север (солҳои 222 – 235) мегузарад, ки ӯ намояндаи охирини ин сулола буд. Ҳамаи онҳо ҳокимиятро дар ҷавонӣ гирифта буданд: Каракалла дар 23-солагӣ¸Элгабол дар 14-солагӣ, Аександр Север – дар 18-солагӣ. Шахсияти калон танҳо префекти преторияи Макрин буд, ки баъди ба қатл расонида шудани Каракалла дар моҳи апрели соли 217 ҳокимиятро ғасб намудааст. Аммо ӯ аз ӯҳдаи мушкилиҳои вазъияти худ баромада натавониста, дар сари ҳокимият танҳо каме зиёдтар аз як сол истода тавониста, баъди ин ҳокимият ба намояндагони хонадони Северҳо мегузарад.

C:\Users\USER\Music\мсеса.jpg
C:\Users\USER\Music\куруш.jpg
C:\Users\USER\Music\Дорои 1.jpg

Юлия Меса Куруш Дорои I

Дар шароите, ки нисфи мардонаи оилаи хонадони ҳукмрон беҳунарӣ нишон доданд, қобилияти фавқулоддаро зан – ҳамсари Септимий Север – Юлия Домна, хоҳари ӯ Юлия Меса ва духтари охиринаш – Мамся нишон медиҳад. Аз соли 211 сар карда ва то афтидани ҳокимияти хонадони Северҳо дар соли 235 роҳбарӣ дар давлати Рим дар “дасти заифи” занҳо буд.

Ислоҳоти калоне, ки ба дигаргунсозиҳои Септимий Север баъд аз соли 211 баробар шуда метавонистанд, танҳо бо як истисно. Соли 212 мувофиқи эдикти (амри) император Каракалла ҳамаи мардуми озоди Империя ҳуқуқи шаҳрвандии Римро гирифтанд.

Ҷараёнёбии паҳншавии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба аҳолии музофотҳо, ки онро Юлий Сезар дар охирҳои асри I оғоз карда буд, ба охир расонида шуд.

Дар ин солҳо ҳукумати Империя диққати зиёдро ба сиёсати ҳарбӣ медод. Табаддулот дар Эрон ба афтидани ҳокимият дар Порти Аршакихо оварда расонид. Сулолаи нави Сосониён анъанаҳои қадимаи форсии Ҳахоманишиёнро аз нав эҳё намуда, кори ҷадалкоронаро дар мубориза бар зидди Империя барои қаламрави шарқии он, ки як вақтҳо ба хайати империяи Куруш ва Дорои I дохил буданд, оғоз намуд, Ҳамагӣ баъд аз се – чор сол баъди дар Эрон ба даст овардани хокимият Ардашери I — соли 230 ба музофотҳои шарқии Рим зада даромад. Хатар чунон даҳшатнок буд, ки императорон Александр Север ва Мамся ба Шарқ омаданд. Қушунҳои Рим рақиби ба сарҳадҳояш наздикшударо фишор дода бароварда, ба дарунтари қаламрави он даромада, Арманистонро аз нав ишгол карда, боҳамин барои воридшавӣ ба Байнаннаҳрайн барои худ роҳ кушоданд¸ вале аз эрониҳо сахт шикаст хурда, маҷбур мешаванд, ки ба ақибнишинӣ сар кунанд. Ҷамъбасти ин ҷанги Рим бар зидди давлати Сосониён он шуд, ки дар байни ин ду давлати пурзури замон сулҳ ба имзо расид ва ин санад ба ягон тараф чизе надод. Ин хулосаи муаллифони Ғарб мебошад. Баракс, ин яҷанг нишон дод, ки Рими замони Империя дигар иқтидоре надорад, ки бар зидди давлати Сосониён истодагарӣ карда тавонад.

Соли 233 Александр Север дар Рим триумф (фотеҳиаш)-ро чашн гирифт, лекин соли ояндаи 234 вазъият аз ӯ талаб кард, ки дар Рейни поён ҳузур дошта бошад¸ зеро дар он ҷо бо Олмон (Германия) ҷанг оғоз гардида буд. Император ба шаҳри Могонсикак (Майни имруза) омад. Зимистони солҳои 234 – 235 ба тадбирҳои тайёрӣ сарф шуд: Артиши Рейн бо навкаскароне, ки ба ин ҷо аз қӯшунҳои дигари Рим оварда шуда буданд, пурра карда шуд. Бояд дар баҳорон ҳуҷуми калон оғоз меёфт, вале моҳи марти соли 235 Александр Север ва модари ӯ аз тарафи аскарони бо сардории Максимин Фракийс исён бардошта ба қатл расонида шуданд.

C:\Users\USER\Music\Максимин Фракиец.jpg
C:\Users\USER\Music\Митра.jpg
C:\Users\USER\Music\Ардашери 1.jpg

Максимин Фракийс Митра Ардашери I

Марги Алексанр Север мутобиқи анъанаҳо оғози бӯҳрони умумии империяи Рим ба ҳисоб меравад. Азбаски ин бӯҳрон бо номи бӯҳрони асри III маълум аст, тибқи анъанаҳо, вазъияти Империя дар замони ҷойгирони Септимия Северро низ ҳамчун бӯҳрон номидан мумкин аст. Нишонаҳои нахустини он ҳанӯз дар замони ҳукмронии Марк Аврелий ва писари ӯ Коммода ба миён омада буданд. Ҳудуди болоии хронологияи ин бӯҳрон ба замони ба сари тахти императорӣ нишастани Диоклетиан дар соли 284 дурусттар ба назар мерасад, императоре, ки тавонист дар Империяи Рим вазъиятро дар асоси муқаррароти (принсипҳои) нав ба эътидол оварад.

Тамоилҳои асосӣ дар бӯҳрони асри III. Таърихи сиёсии замони бӯҳрони асри III (солҳои 235 – 284) ниҳоят дар ҳолати печутоб қарор дорад. Императорон бо суръати ҳайратангези хеле тез иваз мешуданд. Танхо ба баъзеи онҳо муяссар мешуд, ки дар тахти императории Империя якчанд сол бимонанд. Аз ин ҷиҳат рекордгузори қотеъ дар ин замон император Галлиен буд, ки дар ин мансаб ҳамагӣ понздаҳ сол (то соли 268) фаъолият доштааст. Парокандашавии давлат воқеаи баамаломада мегардад: музофотҳои бутун (дар Галлия ва Шарқ)-ро ҳукумати марказӣ дигар дар зери назорати худ нигоҳ дошта наметавонист. Яке аз нишонаҳои вақтро метавон дар ҷудоӣ дар доираҳои элитаи имперӣ бараъло дидан мумкин буд. Ду гурӯҳи бо ҳам муқобил рӯ ба рӯи ҳамдигар меистоданд. Гурӯҳи якумро сенаторҳо, рухониёни шаҳрвандӣ ва дар айни замон магнатҳои калони соҳаи кишовпрзӣ ташкил менамуданд. Ба гурӯҳи дуюм лашкаркашон дохил буданд, ки дар замони баъд аз ҳукмронии Север дар натиҷаи хизмат аз аскари қаторӣ сар карда, ба мансабҳои муҳимми калон муваффақ шуда буданд. Инҳо, чун қоида, аз гушаю канорҳои ҳанӯз кам романишудаи навоҳии Империя буданд, ки аҳолии нимварвари онҳо барои артиш қисми асосии кадрхои ҳарбиро медод.

Ноустувории дохилӣ бо афзоиши хатари беруна мураккабтар мешуд. Варварҳо ба ҳуҷум гузашта, аз ҳар тараф ба қаламрави империяи Рим зада медаромаданд. Ҳукуматдорон ҷидду ҷаҳд ба харҷ медоданд, ки бар зидди онҳо ҳам бо тадбирҳои бевоситаи ҳарбӣ амал кунанд ва ҳам варварҳоро дар заминҳои империяи Рим сокин карда, пешвоёни онҳоро бо тӯҳфаю унвонҳои фахрӣ ҳавасманд кунонанд. Шумораи хеле зиёди варварҳо, асосан германҳо, акнун ба сифати зархарид дар хизмати Рим буданд.

Дар шароити бӯҳрон шиддатнокии иҷтимоӣ яку якбора баланд мешавад. Асри се дар таърихи империя бо як қатор шӯришҳои калон маълум аст. Яке аз онҳо ҳаракати багаудҳо (дар тарҷума “багауда” маънии “гуштингирон”-ро дорад) дар Галлия аз миёнаҳои солҳои 60 асри III ва то замони Диоклетиан ба амал омада буд. Маҳз багаудҳо ба вазъият дар навоҳии деҳотии музофотҳои Галлия назорат мекарданд.

C:\Users\USER\Music\Диоклетиан.jpg
C:\Users\USER\Music\Осирис-и-Исида.-Эрмитаж.-Величественный-ритуал.jpg

Диоклетиан Исида ва Осирис Сераписа

Нишонаҳои барои Империя хатаррнок дар ҳаёти фарҳангӣ низ ба миён омаданд. Шикасти ҷомеаи Рим дар бӯҳрони ҷаҳонбинии анъанавӣ бараъло инъикос гардид. Нишонаҳои ин бӯҳрони рӯҳонӣ пайваста аз байн рафтани эътикодҳои кӯҳна ва,¸дар навбати аввал, дини анъанавии Рим мебошад. Ба ивази он як қатор эътиқодҳои нав, асосан динҳои пайдоиши шарқидоштаи юнонию мисрии Сераписа, тасаввуфи (мистерияи) Осирис ва Исида ва соляри, яъне парастишҳои офтобии баромадашон сурияги, парастиши худои эронии Митра, ки дар байни ҳарбиён маъруфият дошт ва ғайраҳо ба миён омаданд. Доираҳои олии ҷомеа бо ҳаргуна ҷараёнҳои фалсафӣ, ки ба худ шаклҳои аҷоибу ғароиб гирифта буданд, аз қабили ратсионализм ва мистика, бутпарастӣ ва масеҳият (агноститсизм, неоплатонизм), шуғлварзӣ ба ҷодугарӣ, ки дар адабиёти антиқа маъмул буд, моҳияти оммавӣ пайдо намуда, пайваста ба доираҳои аъёну ашрофи (элитаи) ҷомеаи Рим низ роҳ меёбанд.

Аммо нақши нисбатан муҳимро дпр ин ҷараён ба масеҳият, дини нав, инчунин ба эътиқодҳое, ки ба Рим аз Шарқ, аз Фаластин омада буданд, насиб гардида буд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *