Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Рим дар замони ишғолгарихои бузург (солхои 264 – 133 то милод)

КАРФАГЕН – РАҚИБИ АСОСИИ РИМ

Марҳалаи нав дар таърихи Рим замони ишғолгариҳои бузург аз оғози ҷангҳои бисёрсолаи Рим бо Карфаген, ки он мустамликаи бузурги Финикия дар Африқои Шимолӣ буд, сар мешавад. Гузашта аз ин, маҳз се ҷанги Рим бо Карфаген, ки римиҳо аҳолии онро пунҳо ё пуниҳо меномиданд, воқеаи аз ҳама муҳимтарин ва гуворотарин ин марҳала мебошад, гарчанде табиист, ки асрҳои III — II пеш аз мелод ишғолгариҳои Рим бо ин воқеа анҷом напазируфтааст (дар бораи таърихи Карфаген муфассалтар нақл хоҳем кард).

C:\Users\USER\Music\Сардиния.jpg
C:\Users\USER\Music\Сицилия.jpg
C:\Users\USER\Music\Корсика.jpg

Сардиний Ситсилия Корсика

Шаҳри Карфаген аз тарафи мардуми баромадашон аз Тир дар асри IХ пеш аз милод (мувофиқи қиссаҳо 60 – 70 сол пеш аз бунёди Рим) бунёд карда шудааст. Бо шарофати мавқеи олиҷаноби ҷуғрофӣ иқтидори Карфаген бо тезӣ афзун ёфта, он ҳамаи мустамликаҳои финикиро дар Шимоли Африқо ишғол ва баъзе халқҳои маҳаллиро ба худ тобеъ мекунад. Дар Ғарб соҳилҳои уқёнуси Ором ҳудудҳои давлати Финикия мегардад. Дар асри VI пеш аз милод Карфаген даъволгари ҳукмронӣ дар тамоми ғарбии баҳри Миёназамин мешавад, вале дар ин роҳ дар шахси этрусскҳо ба рақиби сазовор рӯ ба рӯ шуд, ки мубориза бар зидди онҳо се садсоларо ташкил дод.

C:\Users\USER\Music\кар.gif

Харитаи Карфаген

Дар оғози асри III пеш аз милод Карфаген давлати пуриқтидор ба шумор рафта, ба он натанҳо заминҳои африқоии ҷануби Испания, инчунин ҷануби Ситсилия, Сардиния ва Корсикаро дар дасти худ нигоҳ медошт. Карфаген ҷумҳурии олигархӣ ва дар он ҳокимият дар дасти якчанд даҳ оилаи бой буда, ба ду гурӯҳбанди сиёсӣ – савдоию косибӣ, ки ба забти васеъи заминҳои он тарафи баҳр манфиатдор буд ва кишоварз, ки берун аз Африқо ҷангҳои истилогаронаро пеш мебурд.

ҶАНГИ ЯКУМИ ПУНӢ (СОЛҲОИ 264 – 241 ТО МИЛОД)

Сабабҳои ҷанги Якуми пунӣ. Дар баробари ишғоли ҷануби Италия Рим ба гулугоҳи танги Мессени баромад, ки он Италияро аз Ситсилия ҷудо мекард. То ин вақт қариб тамоми Ситсилия ба зери дасти Карфаген даромада буд. Бинобар ин, гулугоҳ дар амал сарҳади байни ду давлат шуд. Ду давлате, ки аслан майл ба таҷовузкорӣ доштанд, дар ҳамсоягии ҳамдигар наметавонистанд муддати дуру дароз дар ҳамзистии осоишта бошанд. Аз ин рӯ, баҳонаи ҷанг бо тезӣ ба миён омад.

Нерӯҳои тарафҳо. Нерӯҳои ҳарбии Рим нисбат ба нерӯҳои ҳарбии Карфаген хеле заиф буданд. Рим қӯшуни хушкигарди пуртаҷриба дошт, ки он аз шаҳрвандон, иттифоқчиён ва захираи зиёди одамии Италия иборат буд, вале на флот дошт ва на хазинаи бой. Каврфаген, баракс, флоти пурзӯри ҳарбӣ дошт, ки он аз 500 киштӣ иборат буд ва хазинааш ҳам барои пешбурди ҷанг захираи калон дошт, вале артиши доимӣ надошта, он бештар ба воситаи қӯшуни сарбозонаш зархарид ҷанг карданро афзалтар медонист. Худи пуниҳо дар артиш ба сифати афсарҳо хизмат мекарданд. Лашкаркашони Карфаген ба артиш муддатҳои дуру дароз сарварӣ мекарданд, аз ин рӯ, дар қабули тасмим нисбат ба лашкаркашони Рим бештар мустақилият нишон медоданд. Ҳамин тариқ, дар артиши ҳар кадом мавҷуд будани афзалиятҳо ба муқовимати пуршиддату дуру дарози байниҳамдигарии онҳо мусоидат намуданд.

C:\Users\USER\Music\Гиерон 2.jpg
C:\Users\USER\Music\Атилий Регул.jpg
C:\Users\USER\Music\Гамилкар Барка.jpg

Гиерони II Атилий Регул Гамилкар Барқ

Баҳона барои оғози ҷанг. Дар тӯли 25 сол дар шимолии Ситсилия давлати ғосибе вуҷуд дошт, ки маркази он шаҳри Месана буд. Чунин будани ин давлатро мамертинсҳо ва кирояҳои италиягии Агафокл — золими (тирани) Сиракуза кардаанд, онҳое ки баъди вафоти ӯ дар ин ҷо маскан гирифта буданд. Дар соли 265 пеш аз милод мамертинсҳо аз лашкаркаши сирукузӣ Гиерони II сахт шикаст хӯрданд. Гиерон шоҳи Сиракуза эълон карда шуд, мамертинсҳо бошанд, барои озод кардани мамлакати худ аз пайи ёфтани кӯмакрасон шуданд. Дар ин бора андешаҳо гуногун вуҷуд доштанд. Баъзеҳо пешниҳод мекарданд, ки ба карфагениҳо муроҷиат карда шавад, дигарон – ба римиҳо. Ба ин пешниҳод якумин шуда пуниҳо ҷавоби мусбат доданд ва дастаи начандон калони онҳо Мессенаро ишғол кард, римиҳо бошанд, барои қабули қарор дар бораи кӯмак вақти дуру дароз сарф карданд, зеро хуб мефаҳмиданд, ки иттиҳод бо Мессена ба ҷанг бо Карфаген оварда мерасонад. Сарфи назар аз ин мапҳз ҳамин роҳро интихоб намуданд. Дар соли 264 пеш аз милод артиши Рим ба Ситсилия фуромад ва пениҳоро маҷбур сохт, ки Мессенаро тарк кунанд. Ҳамин тариқ, Ҷанги Якуми Пунӣ ва дар баробари ин, истилогариҳои Рим, ки онро ба ташаккули империя ва ҳукмрон дар қаламрави бузург оварда расонид.

Воқеаҳои асосии рафти ҷанг. Солҳои 264 – 262 пеш аз милод римиҳо дар Ситсилия ба муваффақияти аввалин ноил гардид, бо Гиерон қарордоди иттифоқ ба имзо расонид, ки он иттифоқчии содиқтарини Рим шуд. сарфи назар аз муваффақият дар Ситсилия римиҳо хуб мефаҳмиданд, ки бе флоти пурзӯри ҳарбии баҳрӣ чунин давлати баҳрӣ чун Карфагенро мағлуб кардан имконнопазир аст. Аз ин рӯ, Рим дар муддати кӯтоҳтарин 100 киштӣ сохта, ба ҷанг омодагӣ гирифт. Дар баробари ин римиҳо хуб мефаҳмиданд, ки дар ҳарбу зарби баҳрӣ бар Карфаген ғолиб баромада наметавонанд, чунки онҳо дар чунин муҳориба ва санъати баҳрнвардӣ аз пуниҳо хеле ақиб меистоданд.дар ин ҳолат римиҳо тасмим гирифтанд, ки муҳорибаи баҳриро ба як намуди ҷанг дар хушкӣ табдил диҳанд ва аввалин шуда дар таърихи ҷаҳонӣ ҷанги абордажиро ба кор бурданд. Ба ин мақсад ҳар як киштӣ якчанд даҳ нафар легионерҳоро шинониданд, ки дар баробари наздикшавӣ ба киштии душман, онҳо ба болои он тавассути бо пӯлчаҳои махсус, ки “зоғҳо” ( аз рӯи мелоке, ки ба нул монандӣ дошт, ки пулча ба канори киштӣ қаппонда мешуд)-и махсус мебаромаданд. Ин асбоби сохтаи римиҳо ба онҳо натиҷаи хуб ба бор овард. Аллакай дар бархӯрди аввалин пуниҳо чизе ва усули самаранокеро ба флоти римиҳо муқобил гузошта натавонистанд, дар бархурдҳои минбаъдаи ин ҷанг низ.

C:\Users\USER\Music\1.png
C:\Users\USER\Music\1222.jpg

Харитаи Ҷанги якуми пунӣ

C:\Users\USER\Music\3.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg

Муҳорибаҳои баҳрӣ дар Ҷанги якуми пунӣ

Соли 256 пеш аз милод Рим ба Африқо лашкар мекашад. Баъди ғалаба дар хушкӣ Рим чунин ҳисобид, ки вақти ҷангро ба назди деворҳои Карфаген бурда расонидан ва дар он ҷо шартҳои сулҳро ба Карфаген пешниҳод кардан расидааст. Барои лашкаркашӣ ба Африқо флоти иборат аз 530 киштӣ ва ва дар болои онҳо 40 ҳазор легионер саворбуда тайёр карда шуд. Ба пешвози римиҳо флоти иборат аз 350 киштӣ баромад Дар наздикии соҳилҳои ҷанубии Ситсилия – дар халиҷи Экном задухурди бузурги баҳрӣ ба амал омад, ки он ба ғолибияти римиҳо анҷом ёфт. Талафоти Карфаген қариб 100 киштиро ташкил намуд. Артиши Рим дар зери сарфармондеҳии Атилий Регул бомуваффақият ба соҳили Африқо фуромад. Баъд флот бо як қисм артиш ба Италия баргашт. Ба Регул фармон дода шуда буд, ки барои ҳуҷуми қатъӣ интизори қувваҳои нави ҳарбӣ шавад, лекин бар хилофи амр ӯ ба деворҳои Карфаген наздик шуд. Пуниҳо аз ин ҳолат ба воҳима афтоданд ва тайёр будандттсулҳ банданд, аммо Регул аз муваффақиятҳо саргарм шуда, ба карфагениҳо шартҳои қабулнашаванда мегузорад.. Карфагениҳо шартҳои пешниҳодкардаи регулро рад карданд ва ба муҳорибаи нав тайёрӣ дида, фармондеҳи қӯшуни зархарид лашкаркаши таҷрибаноку номии спартанӣ Ксантиппро таъйин карданд.

Соли 255 пеш аз милод дар лашкаркашии африқоӣ Ксантипп асосан ба лашкари аспсавор ва филҳои ҷангӣ такя карда, Регулро маҷбур кард, ки ба ҷанг дар шароити майдони набард дар ҳамвории васеъ дарояд. Дар натиҷа артиши Римро пурра торумор кард ва худи консул асир афтод. Шикасти боз ҳам мудҳиштар римиҳоро дар пеш буд, вақте ки флоти онҳо ба соҳилҳои Африқо наздик шуд, то ки бартиши Регулро ҷамъ кунад – дар бозгашт қариб тамоми флот ба туфони мудҳиш дучор шуда, аз 364 киштӣ ҳамагӣ на зиёдтар аз 80 киштӣ безарар боқӣ монда. Беш аз 100 ҳазор белзан ва аскарҳо талаф ёфтанд. Ҳамин тариқ, дар лаҳзаи охирин хушбахтии ҳарбӣ аз Рим рӯй гардонид ва ҷанге, ки ба охиррасида ба назар мерасид, боз 15 соли дигар тӯл кашид.

Солҳои 254–248 пеш аз милод амалиётҳои ҳарбӣ дар Ситсилия сурат гирифтанд. Баъди фоҷеа дар Африқо Рим ба амалиётҳои калон ҷуръат накарда, ба ишғоли шаҳрҳои Ситсилия, ки ба Карфаген содиқ буданд, маҳдуд шуд. Ҷангҳои аз ҳама шиддатнок дар хушкӣ ва дар баҳр дар атрофи Лилибея, нуқтаи такягоҳи асосии пуниҳо дар Ситсилия, ба амал омаданд.

Соли 247 пеш аз милод сарфармондеҳи артиши Карфаген Гамилкар Барқ таъйин мегардад. Пайдошавии лашкаркаши ҷавони боистеъдод бо тахаллуси “Барқ” ( “Барқ”) дар майдони набард ҷараёни амалиётҳои ҷангиро ҷоннок кард. Бо ҳамлаҳои худ ба Ситсилия ва Италияи Ҷанубӣ Барқ ба қӯшунҳои Рим зарбаҳои сахти талафотбор меовард. Эҳтимоле вуҷуд дорад, ки мувофиқи он ӯ ният доштааст, ки ба Италия лашкаркашии калон ташкил намояд, вале ин ба Барқа муяссар намешавад. Баъди чанде мақсади Барқро писараш — Ганнибал амалӣ мекунад.

Соли 241 пеш аз милод дар наздикии ҷазираҳои Эгат муҳорибаи охирини ҷанг ба амал омад. Нақшаи Гамилкар Барқ ҷомаи амал напӯшид. Чунки соли 241 пеш аз милод римиҳо ба флоти пуниҳо бори навбатӣ шикаст доданд. Аммо қувваҳои ҳарду тараф ҳам аз ҳад зиёд бемадор шуда буданд, аз ин рӯ, музокироти сулҳ оғоз меёбад. Ин дафъа Рим барои бастани сулҳ ба карфаген пешниҳодҳои қобили қабул манзур намуд: пуниҳо бояд аз Ситсилия даст кашанд, ҳамаи асиронро озод мекунанд, ба андозаи 3200 таланти нуқрагӣ товони ҷанг медиҳанд. Дар ҳамин асос соли 241 пеш аз милод созишномаи сулҳ дар байни Рим ва карфаген ба имзо мерасад.

РИМ ВА КАРФАГЕН ДАР БАЙНИ ДУ ҶАНГ: СОЛҲОИ 241 – 218 ТО МИЛОД

Ҷанги Якуми Пунӣ, ки бо ғалабаи Рим анҷом ёфт, иқтидори шоҳаншоҳии Карфагенро нашикаста, танҳо онро каме заифтар гардонид. Дар Карфаген кайфияти ниқорталабона пурзӯр бу, вале онро яку якбора амалӣ кардан имконнопазир буд. Ғайр аз ин соли 241 пеш аз милод дар Африқо легионерҳои зархариди Карфаген бо сабаби саривақт пардохта нашудани мазди хизмат ва мукофотҳои ваъдагӣ шӯриши калон ба амал омад. Шӯриш се сол давом карда, дар рафти он аз ҳарду тараф ҳам ба золимии беҳадду канор роҳ дода шуд. Танҳо дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди зиёдКарфаген муяссар шуд, ки соли 238 пеш аз милод ин шӯришро пахш кунад.

Карфаген маҷбур буд ба ин талафот тан диҳад, то ки баъд онҳоро аз нав барқарор карда, барои тайёрии ҷанги нав бо Рим такягоҳ пайдо намояд. Сарвари гурӯҳи ниқорталабон Камилкар Барқ соли 237 пеш аз милод бо лашкараш ба ишғоли Испания раҳсипор шуд. Ин дафъа муваффақият ба пуниҳо ёр шуд – қисми зиёди Испания зери ҳокимияти онҳо даромад. Ҳатто марги Гамилкар дар соли 237 пеш аз милод мавқеи Карфагенро заиф накард. Кори ӯро аввал домодаш давом дод ва аз соли 221 пеш аз милод – писараш Ганнибал. Дар соли аз милод Рим бо Карфаген сулҳ баст, ки мувофиқи он Рим ҳокимияти Карфагенро қариб дар тамоми Испания эътироф мекунад, онро Карфаген сарҳадҳои шимолии мулкҳои худ дарёи Эбро (Ибер) эълон менамояд.

Дар ин солҳо фаъолияти римиҳо наонқадар ғайрифаъол буд. Объекти ишғоли онҳо Галлияи Тисзалпӣ буд. Ба муқовимати шадиди галлҳо нигоҳ накарда, римиҳо соли 220 пеш аз милод ҳамаи заминҳои водии дарёи По воқеъгардидаро ба мулкҳои худ ҳамроҳ намуданд. Дар як вақт Рим пиратҳои Ситсилияро, ки ба шаҳрҳои Юнон ва киштиҳои Рим ҳамла ва ғорат мекарданд, торумор намуданд. Вале аз ҳама бештар ташвиши римиҳо аз он буд, ки Карфаген пурзӯртар мешуд ва пеш аз ҳама Ганнибали қӯшунҳояро ба Испания дароварда точанде сиёсати мустақилона пеш мебурд ва ба ҷанг тайёрӣ медид.

ҶАНГИ ДУЮМИ ПУНӢ: СОЛҲОИ 218 – 201 ТО МИЛОД

Ҷанги Дуюми Пунӣ, ки он бо номи иштирокчии аз ҳама машҳури ин ҷанг Ҷанги Ганнибал ҳам меномиданд, саҳифаи дурахшоне мебошад дар таърихи Рим. Бо шарофати сарчашмаю манбаъҳои сершумор ва пеш аз ҳама асарҳои таърихии Полибия ва Тит Ливия, мо тасвири муфассали ин ҷангро дар ихтиёри худ дорем. Мутаассифона, бештари ин манбаю сарчашмаҳо римӣ мебошанд, чунки ҳамаи адабиёт карфагениҳо соли 146 пеш аз милод бо ҳамроҳии шаҳри Карфаген дар оташ сӯхтааст. Вале сарчашмаҳои римӣ ба лашкаркаши машҳур Ганнибал баҳои сазовор додаанд.

C:\Users\USER\Music\2.gif
C:\Users\USER\Music\222.jpg

Харитаи Ҷанги дуюми пунӣ Ганибал дар байни аскарон

Шахсияти Ганнибал (солҳои 246 – 183 пеш аз милод). Ганнибал соли 246 пеш аз милод таваллуд шудааст. Дар синни 9-солагӣ бо ҳамроҳии падараш ба ишғоли Испания сафар кардааст Мувофиқи шаҳодати қисса Гамилкар Барқ пеш аз оғози лашкаркашӣ аз писараш тақозо кард, ки дар бораи абадан бад дидани Рим савганд ёд кунад. Ганнибал ба ин савганд дар тули тамоми ҳаёташ содиқ монд. (соли 183 пеш аз милод худкушӣ кардааст). Дар Испания Ганибал ба ҷанговари олиҷаноб ва лашкаркаши моҳир мубаддал мешавад. Аз ин рӯ, дар соли 221 пеш аз милод ба амр аз Карфаген интизор нашуда, қӯшун худаш ӯро лашкаркаши худ интихоб мекунад.

Ҳарду тараф – ҳам Рим ва ҳам Карфаген хоҳишманди ҷанг буданд. Ҷониби якум ташнаи ғалабаи пурра буд ва тарафи дуюм – барои сарвату зиндагии бо зару зевар. Дар инвазъияти шиддатнок ёфтани баҳона кори начандон мушкил буд. Дар соли 249 пеш аз милод баъди муҳосираи дуру дароз Ганнибал шаҳри испании Сагунтро ишғол менамояд. Гарчанде ки ин шаҳр дар ҷанубтари Эбр воқеъ гардида буд, ҳокимони Рим Ганнибалро ба он гунаҳгор донистанд, ки ӯ қарордоди соли 226 пеш аз милодро вайрон кардааст, чунки Сагунт гӯё иттифоқчии Рим будааст. Сафирони Рим дар Карфаген тақозо карданд, ки Ганнибалро ба Рим супоранд. Вале ҷавоби рад гирифтанд. Ҳамин тариқ, ҷанг оғоз ёфт.

Нақшаи тарафҳо дар ҷанг. Рим мехост ҳуҷуми фотеҳонаи худро тавассути артишҳои ду консул Одатан шумораи артишҳои консулӣ аз 20 ҳазор легионерҳо иборат буд).Яке бояд ба Испания рафта, ба амали Ганнибал халал ворид созад ва дигараш бояд ба Африқо рафта, Карфагенро муҳосира кунад. Вале ин нақшаро ҳисси дурнамои гениалииГаннибал ба шикаст рӯ ба рӯ кард. Ӯ хуб мефаҳмид, ки танҳо дар ҷанги ҳамлакунанда ба пеш фотеҳ хоҳад шуд ва танҳо тавассути лашкаркашӣ ба Италия ва танҳо аз шимол кӯҳҳои Алпро убур карда. Италия Ганнибалро бо сабаби дигар ҳам ба сӯи худ мекашид: ӯ хуб дарк мекард, ки бар Рим танҳо он вақте ғолиб баромадан имконг дорад, ки агар федератсияи Риму Италия вайрон карда шавад. Барои ҳамин бояд халқҳои музлими ба Рим тобеъкардашудаи галлҳо ва италикҳоро ба ҷанги зидди Рим бархезонидан лозим аст. Ин нақша тақозо мекунад, ки ба Рим лашкар кашида, дар назди деворҳои он шартҳои созишномаи сулҳро ҳамчун тақозои қатъӣ ба гардани он бор карда шавад.

Ҷанги Дуюми Пуниро ба 4 марҳала тақсим кардан мумкин аст:

1.Солҳои 218 – 216 пеш аз милод – ғалабаи Ганнибал дар Италия.

2.Солҳои 215 – 212 пеш аз милод – ҷанги байни Карфаген ва римро ба ҷанги ҷаҳонии дунёи қадим табдил додан. Мубориза барои мавқеи стратегӣ.

3.Солҳои 211 – 207 пеш аз милод – гардиши куллӣ дар рафти ҷанг.

4.Солҳои 206 – 201 пеш аз милод – торумори шоҳаншоҳии Карфаген ва шикасти Ганнибал.

Марҳалаи якум (солҳои 218 – 216 пеш аз милод). Баҳори соли 218 пеш аз милод дар зери роҳбарии Ганнибал лашкари 100-ҳазорнафара аз Карфагени Нав – шаҳри асосии зери ҳокимияти пуниҳо дар Испания, зада даромад. Тобистон ӯ ба Пиреней ворид гардида ва ба воситаи Галлияи Ҷанубӣ ба соҳили дарёи Родан расид. Римиҳо танҳо он вақт аз нақшаи Ганнибал огаҳ шуданд, вале акнун дер шуда буд. Ганнибал ба ҷараёни дарёи родин боло рафта, ба соҳили чап гузашта ва дере нагузашта ба доманаи кӯҳҳои Алп расида гирифт. Моҳи сентябри ҳамон сол Ганнибал лашкаркашии машҳури худро ба воситаи Алп давом дода, ба водии дарёи по омад. Мақсад иҷро шуд, вале бо талафоти бузург – дар ихтиёри Ганнибал на зиёдтар аз 30 ҳазор аскар боқӣ монд, махсусан лашкари аспсавор ва филсавор зарари калон дид. Аммо қариб яку якбора ба урдугоҳи карфагениҳо дастаҳои галлҳо, ки ба муқобили Рим шӯриш бардошта буданд, ҳамроҳ шудан мегиранд. Ин падида ба Ганнибал имконият фароҳам овард, кишумораи артиши худро то 40-45 ҳазор нафар рассад ва тирамоҳи соли 218 бори нахуст қӯшунҳои Рим дар Титсин ва Требин шикаст диҳад.ғалабаи аввал аз он ҷиҳат боиси таваҷҷӯҳ аст, ки дар он Публий Корнеллий Спитсиони 17-сола, ғолиби оянда бар Ганнибал, ширкат варзид. Дар барохӯрди назди Титсин ӯ падари худро наҷот дод, ки мавсуф консули Рим буд. Дар натиҷаи ин футуҳот ҳамаи Галлия ба тарафи Ганнибал мегузарад, вале римиҳо ба бебарории аввали худ аҳамияте надоданд.

Яке аз ду консул соли 217 пеш аз милод – Гай Фламиний ваъда дод, ки бар душман бо осонӣ ғалаба хоҳад кард. Аммо Ганнибал бори навбатӣ рақибро фиреб дод. Артиши ӯ роҳи мушкилгузартарини ботлоқзори Этрурияро паси сар карда, дар натиҷаи беморӣ дар он ҷо сарбозони зиёдашро талаф дода (худи Ганнибал ба касали табларза гирифтор шуд), ба ақиби артиши Рим гузашта, дар наздикии кӯли Гразимен ногаҳон ба душман ҳамла меорад. Артиши 30-ҳазорнафараи Рим қариб бо пуррагӣ несту нобуд карда шуд, худи консул бошад, дар майдони ҷанг ҳалок гардид. Ганнибал фармуд, ки римиҳои асирро бо завлонаҳо пойбанд ва италикҳоро озод кунанд, то ки онҳо ба ҳамқабилаҳои худ нақл кунанд, ки Ганнибал бар зидди италикҳо не, балки бар зидди Рим ҷанг мекунад.

Вақте, ки хабари шикаст дар ҷанг ба Рим мерасад, Сенат тасмим гирифт, ки диктаторро таъйин кунад. Ба ин вазифа Квинт Фабий Максим таъйин карда мешавад, ки ӯ тахаллуси “Кунктатор” (“Заифҳаракат” – “Медлитель») номгузорӣ мешавад, ки ин аз усули ҷанги ӯ бар зидди Ганнибал ба миён омадааст. Ҷидду ҷаҳди Ганнибалро барои ҳалли ҷанг дар муҳорибаҳои калон ҳал намудан, Фабий нақшаи амали римиҳоро тағйир дод. Ӯ аз задухурд даст кашида, ҷангро тӯл додан гирифта, бо бархӯрдҳои хурд маҳдуд гардида, роҳи рақибро аз озуқа ва қувваҳои нав ва кӯмак мебурид. Вале ин тарзи пешбурди ҷанг ба ғоратшавии мамлакат бурда мерасонид. Бинобар ин, баъди анҷомёбии диктатураи Фабий дар Рим ҷонибдорони ҷанги тезу босуръат афзалият пайдо намуда, талаб бар он карданд, ки ҳамин тариқ ҷанг ҳарчӣ тезтар ба ғалабаи рим анҷом дода шавад.

C:\Users\USER\Music\Ганнибал.jpg
C:\Users\USER\Music\Фабий.jpg
C:\Users\USER\Music\филип 5.jpg
C:\Users\USER\Music\Капуя.jpg

Ганнибал Фабий Филиппи V Шаҳри Капуя

Ин дафъа соли 216 пеш аз милод консулҳои Рим Терентсий Варон ва Эмилий Павел таъйин мешаванд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки артишро тақсим накунанд ва ба он бо навбат фармондеҳӣ кунанд. Гузашта аз ин, шумораи артиш ду баробар зиёд карда шуд ва он ба 80 ҳазор нафар расонида шуд. Вале тобистони соли 216 Ганнибал дар муҳорибаи назди Канна ғалабаи калонтарин худро ба даст овард. Артиши ӯ қариб ду баробар аз артиши Рим камтар бошад ҳам, он як афзалияти муҳим дошт – шумораи зиёди сарбозони аспсавор. Аз ин афзалият ба таври аъло истифода бурда, Ганнибал тавонист артиши римиҳоро муҳосира ва торумор кунад. Баъди ин римиҳо шӯбҳа надоштанд, ки Ганнибал ба сӯи Рим ҳаракат хоҳад кард, вале ин эҳтимол амалӣ нагардид. Бо кадом сабаб? Мумкин Ганнибал чунин шуморид, ки Рим пурра шикаст хӯрдааст ва худаш сулҳ мепурсад, лекин ин фикри ӯ ғалат баромад.

C:\Users\USER\Music\13.jpg

Марк Терентсий Варрон

Марҳалаи дуюм (солҳои 215 – 212 пеш аз милод). Ғалаба дар назди Канна аз бисёр ҷиҳат марҳалаи ҳалкунанда буд, вале на гардиши куллӣ дар рафти Ҷангҳои Дуюми Пунӣ ба фоидаи Карфаген, балки ба фоидаи Рим. Римиҳо дуруст будани тактикаи Фабияро эътироф мекарданд ва ҷонибдори дуру дароз кашол додани ҷанг буданд. Вале махсусияти асосии замон дар чизи дигар ифода ёфта буд – муяссар нашуд, ки нақшаи Ганнибал барои вайрон кардани федератсияи Риму Италия, амалӣ гардад. Дуруст аст, ки шаҳри Капуя ва як қатор шаҳрҳои дигар ба ихтиёри Ганнибал гузаштанд. Лекин аксарияти кулли италикҳо содиқи рим будани худро тасдиқ намуданд.

C:\Users\USER\Music\2333333333,.jpg
C:\Users\USER\Music\122.jpg

Муҳориба дар Канна Эмилий Павел

Соли 215 пеш аз милод ҷанг қаламравҳои навро дар бар гирифта, ба ҷанги ҷаҳонии дунёи қадим табдил меёбад. Шоҳи Македония Филиппи V бо Ганнибал иттифоқ баст, лекин ба римиҳо муяссар шуд, ки ӯро бо ёрии иттифоқчиёни юнонии худ дар Балкан ба ҷанг кашанд. Дар Ситсилия баъди вафоти Гиерона (соли 215 пеш аз милод) Сиракуза ба тарафи Карфаген мегузарад, дар ғарби ҷазира бошад, артиши калони Карфаген лангар партофт; дар ин вазъият Испания беш аз пеш ба майдони асосии ҷанг табдил меёфт. Дар солҳои 215 – 212 пеш аз милод амалиётҳои ҳарбӣ дар тамоми ҷабҳаҳо гоҳе ғолибият меоварданд ва гоҳе шикаст. Бо вуҷуди ин, афзалияти римиҳо бар пуниҳо бо он сабаб зуҳур ёфт, ки захираи римиҳо бештар буд. Ба онҳо муяссар гардид, ки шумораи умумии артиши худро ба 250 ҳазор легионерҳо расонанд.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\111111111111111111111111.gif
C:\Users\USER\Music\2222222212.jpg

Муҳориба дар Ҷанги Дуюми Пунӣ Консул Гай Фламиний Гасдрубал

Марҳалаи сеюм (солҳои 211 – 207 пеш аз милод). Соли 211 гардиши куллӣ дар рафти ҷанг оғоз меёбад. Дар Италия римиҳо иттифоқчии асосии Ганнибал – Капуяро муҳосира карданд. Бас кардани муҳосираро имконнопазир дониста, Ганнибал тасмим гирифт, ки римиҳоро бо дигар роҳ маҷбур созад, ки муҳосираро аз байн баранд – ӯ ба ҷониби Рим ҳаракат кард. Вале римиҳо пуртоқат будани худро намоиш доданд, ягон аскарро аз ҷабҳаи Капуя ба ҳимояи Рим ҷалб нанамуданд. Ганнибал ҷуръат накард, ки Римро бо ҳамлаи барқосо ба даст орад.ва якчанд рӯз дар назди деворҳои шаҳри шум истода, ӯ ақибнишинӣ кард ва баъди якчанд рӯз Капуя таслим шуд. Дар худи ҳамон сол консул Марк Мартселл Сиракузаро бо ҳамла ба даст овард ва дар рафти он олими машҳури риёзишиноси Сиракуза – Архимед вақти муҳосираи шаҳр ҳалок мешавад.

Ҳокимияти пуниҳо танҳо дар испания мустаҳкам нигоҳ дошта мешуд. Бародари Ганнибал – Гасдрубал, ду артиши Римро торумор кард. Дар ин ҷанг лашкаркашон – бародарон Спитсионҳо ҳалок гардиданд. Роҳбарӣ ба артиши ба Испания фиристодашуда ба Публитсио Корнелия Спитсиони 25 – сола супорида шуд, ки мехост аз карфагениҳо барои марги падар ва амакаш қассос бигирад. Ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, Спитсион якбора лашкаркаши соҳибистеъдод будани худро исбот намуд. Дар соли 209 пеш аз милод бо артишаш ӯ бо як шасти тез ба Карфагени Нав расида гирифт ва шаҳрро бо штурм ба даст овард. Дар соли оянда ӯ Гасдрубалро торумор кард, сарфи назар аз ин ба ӯ муяссар нашуд, ки пеши роҳи ин лашкаркаши Карфагенро, ки бо боқимондаҳои ночизи артиши худ ба Рим ба ёрии бародараш мерафт, пеши роҳи ӯро бигирад. Барои Ганнибал, ки ба ӯ римиҳо дар Италияи Ҷанубӣ сахт фишор меоварданд, ҳамроҳшавӣ бо бародари худ орзуи охирин буд барои дар рафти ҷанг дигаргунӣ ворид намудан. Вале ин орзую умеди Ганнибал барбод рафт. Дар соли 207 пеш аз милоддар задухурди назди Метавр Гасдрубал дар бораи шикаст хӯрдан ва ҳалок шудани бародараш ҳамон гоҳе огаҳ шуд, ки ҷанговари Рим каллаи аз тан ҷудои Ганнибалро ба лагери ӯ партофт. Ҳамин тариқ, лашкаркашии Ганнибал ба Рим ба охир расид.

C:\Users\USER\Music\Марк Мартсел.png
C:\Users\USER\Music\Гаструбал.jpg
C:\Users\USER\Music\Спитсион.jpg
C:\Users\USER\Music\121212112222222222222222.jpg

Марк Мартселл Гасдрубал Спитсион Гиерон

Марҳалаи чорум (солҳои 206 – 201 пеш аз милод). То соли 206 пеш аз милод Испанияро аз тамоми карфагениҳо тоза карда, Стсипион фотеҳона ба Рим баргашта, соли оянда ба вазифаи консулӣ соҳиб мешавад ва ҳамон замон лоиҳаи нақшаи гузаронидани ҳарбиро ба Африқо пешниҳод намуд. Вале римиҳо, ки ҳанӯз фоҷеаи соли 255 пеш аз милод ва шикасти ба наздикӣ ба вуқӯъ пайвастаи Римро фаромӯш накарда буданд, ба қабули ин нақша зид баромаданд. Яке аз сабабҳо он буд, ки Ганнибал мисли пештара дар Италия буд. Вале боварии лашкаркаши ҷавон Стсипион ба қуввваи худ чунон қавӣ буд. Бинобар ин ӯро дар Ситсилия ҳоким таъйин намуданд. Дар баробари ин ба ӯ иҷозат ҳам доданд, ки аз он ҷо ихтиёриёнро ба лашкараш сафарбар карда ва ба Африқо гузарад. Баҳори соли 204 пеш аз милод Стсипион бо артиши 25-ҳазорнафара аз баҳри Миёназамин гузашта, ба соҳили Африқо лангар партофт. Модҳо ба тарафи ӯ гузаштанд, ки ин дигаргунӣ ба артиши Стсипион афзалият фароҳам овард. Карфагениҳо бошанд, маҷбур шуданд, ки ба Ганнибал фармон дар бораи баргаштани ӯ баҳри ҳимояи ватан фармон фиристанд.

Тирамоҳи соли 203 пеш аз милод Ганнибал дар зарфи 15 сол ягон муҳорибаро набохта, Италияро тарк кард. Тирамоҳи соли 202 пеш аз милоддар наздикии Замаи воқеъ дар наздикии Карфаген муҳорибаи охирини Ҷанги Дуюми Пунӣ ба амал омад. Дар ҳолати баробарии қувваҳо ва афзалияти аскари савора (аспсавор) ин дафъа таносуб ба фоидаи римиҳо буд. Муҳориба ниҳоят тезу танд буд. Дар шахси Стсипион Ганнибал рақиби сазоворро вохӯрд, вале дар ниҳояти набард афзалияти Рим дар кавалерия асари худро гузошт ва карфагениҳо торумор карда шуданд. Ганнибал ҳукумати Карфагенро бовар кунонид, ки бояд бо Рим бо кадом шартҳое, ки набошад, бояд сулҳ баста шавад. Ҳамин тариқ, соли 201 пеш милод бо чунин шартҳои барои Карфаген вазнин созишномаи сулҳ бо Рим баста шуд:

-Карфаген аз ҳамаи қаламраваш, ғайр аз заминҳои атрофи шаҳр маҳрум мешавад;

-ба Карфаген доштани флот манъ карда шуд;

-Карфаген ба Рим ба маблағи 10 ҳазор талант товони ҷанг медиҳад;

-Ба Карфаген бе иҷозати Рим пешбурди ҳама гуна ҷанг манъ карда мешавад (ҳатто ҷангҳои мудофиавӣ низ).

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи ду ҷанг Рим муқовимати душмани аз ҳама пурқуввати худ дар ҳавзаи баҳри Миёназамин шикаст. Ғалаба ба Рим бо талафоти калон ба даст омада. Он афзалияти Римро бар Карфаген дар сохтори давлатӣ, низоми сиёсӣ ва ҳарбӣ исбот намуд. ғалаба бар карфаген ба ҳукмронии Рим дар ҷаҳон роҳ кушод.

ҶАНГҲОИ МАКЕДОНӢ ВА МУҚАРРАР ГАРДИДАНИ ҲОКИМИЯТИ РИМ ДАР БАЛКАН (СОЛҲОИ 201 – 146 ТО МИЛОД)

Ҷанги якуми Македонӣ (соли 201 пеш аз милод). Рим дар амал баъди ба анҷомрасии Ҷанги Дуюми Пунӣ ба низоъҳои сершумолри Балкан ва Осиёи Хурд кашида мешавад, аниқтараш ба истилои Шарқ оғоз мекунад. Дар охири асри III пеш аз милод мамлакатҳои ҷаҳони эллинистӣ аллакай ба давраи бурҳон ворид шуданд, вали чунин мамлакатҳо ба монанди Македония ва Сурия (шоҳаншоҳии Селевкиён) дар зери ҳокимияти шоҳҳо Филиппи V ва Антиохи III ҳоло ҳам қувваи даҳшатнокро ифода менамуданд. Аз заифии рақибони худ ва пеш аз ҳама заифии Миср ва Пергам истифода бурда, онҳо бомуваффақият ҷангҳои истилогаронаи худро дар Осиёи хурд ва Шарқи Наздик (солҳои 202 – 201 пеш аз милод) пеш мебурданд. Тобистони соли 201 пеш аз милод аз Пергам, родос ва баъзе ҷамоаҳои дигари юнонӣ ба Рим сафирон омада, бар зидди Филиппи V кӯмак хоҳиш карданд. Римиҳо дар хотир доштанд, ки дар замони барои онҳо хеле мушкили – Ҷанги Дуюми Пунӣ шоҳи македония бо Ганнибал иттифоқ баста буд, ки натиҷаи он Ҷанги Якуми Македонӣ (солҳои 215 – 205 пеш аз милод) гардид, ки он дар сарзамини Юнон ба амал омад ва он ба ягон тараф ғолибият наовард. Аз ин рӯ, Рим худаш мақли онро дошт, ки Филиппи V-ро ҷазо диҳад. Вале ҷанг бо Карфаген аз мамлакат ва мардуми он қувва ва хароҷоти калон Ҷумҳуриро талаб кард. Дар баробари ин, ғалаба дар ҷанг имконият дод, ки шикасти вазнин фаромӯш карда шавад. рим шаҳди ғалабаро соли 201 пеш аз милод чашида, Рим ба Македонгия ҷанг эълон мекунад.

Ҷанги дуюми македонӣ (cолҳои 201 – 197 пеш аз милод). Баҳори соли 201 пеш аз милод дар нимҷазираи Балкан қӯшунҳои Рим фуромаданд ва бар зидди Филиппи V амалиётҳои ҳарбиро сар карданд. Вале дар давраи аввали ҷанг барои римиҳо баҳори ҳамон сол ғалабаҳои дипломатӣ муҳим буданд. Ба Рим муяссар шуд, ки Македонияро бе иттифоқчӣ яккаю танҳо гардонад. Иттифоқчии асосии Филипп Антиохи III дар тӯли ҷанг бетарафиро ихтиёр кард. Қисми зиёди юнониҳо (ифинагиҳо, полийсҳо, родосҳо ва ғайра) муттасил ба тарафи римиҳо гузаштанд, варварҳои бо Македония ҳамсоя аз аввал ба он душман буданд. Дуруст аст, ки дар ду соли аввали амалиётҳои ҷангӣ суст сурат гирифтанд. Танҳо соли 198 пеш аз милод дар баробари ба фронт омадани консуои Рим Тит Фламинин римиҳо ба амалиётҳои фаъол гузаштанд ва дар якҷоягӣ бо иттифоқчиён Филиппи V-ро дар ҳамаи самтҳо фишор дода, баровардан гирифтанд. Муҳорибаи ҳалкунандаи ҷанг тобистони соли 197 пеш аз милод дар водие бо номи “Кинескофил” (“Сари саг”) ба амал омад. Гарчанде рақибон армияи баробар (25 ҳазорӣ аскар) доштанд, римиҳо пурра ғалаба ба даст оварданд. Теппаҳое, ки аз номи онҳо водӣ ном гирифтааст, ба фалангаҳои македонӣ халал расониданд, ки онҳо сифатҳои беҳтарини худро намоиш диҳанд. Легионҳои Рим бори аввал ба фалангаҳои даҳшатноки юнониҳо рӯ ба рӯ шуданд ва мушкилоти муайянро аз сар гузаронида, зарбаи аввалро зада гардонид, баъд рақибро торумор намуданд. Филиппи V сулҳ талаб кард ва дар асоси шартҳои қобили қабул – даст кашидан аз истилогариҳо, даст кашидан аз флоти , пардохти товони начандон зиёд созишномаи сулҳи байни рақибон ба имзо расид.

C:\Users\USER\Music\22.jpg
C:\Users\USER\Music\Тит фламинин.jpg
C:\Users\USER\Music\Марк Портсий Катон.jpg

Ганнибал Тит Фламинин Марк Портсия Катон

“Озодкунии Юнон”. Дар соли 196 пеш аз милод ҳангоми доир гардонидани бозиҳои Истмий проконсули Рим Тит Фламинин қарори Сенати Римро қироат намуд, ки мувофиқи он ба ҳамаи ҷамоаҳои юнонӣ озодӣ ҳадя карда мешуд, яъне ҳуқуқ дода мешуд, ки андоз напардозанд, хароҷоти гарниҳоро ба зима нагиранд, дар асоси қонунҳои Юнон зиндагӣ кунанд. Ин хабар дар байни юнониҳо чсунон хушу хурсандии калонеро ба вуҷуд овард, ки ба Филиппи V лозим омад, ки аз оммаи тамошобинон рӯ ба гурез ниҳад. Дар амал бошад, “озодии Юнон” як чизи пуч бештар набуд. Рим гарнизонҳои худроҳатто аз баъзе шаҳрҳои Юнон набаровард. Вале дар айни замон тавассути шиорҳои олиҷаноби сиёсии худро дар мубориза бар зидди Филиппи V ва Антиохи III устокорона истифода бурда.

C:\Users\USER\Music\Антиох 3.jpg
C:\Users\USER\Music\1212.jpg
C:\Users\USER\Music\21.jpg

Антиохи III Андриск Филиппи V

Ҷанг бо Антиохи III (солҳои 192 – 188 пеш аз милод). Сарфи назар аз эълони “озодии Юнон” юнониҳои зиёд диданд, ки Рим ҷаноби нави раияти Юнон гардидааст. Аз ҳама бештар этолийҳо ба хашму ғазаб омада буданд. Онҳо тасмим гирифтанд, ки бо Филиппи V ва Антиохи III иттифоқ банданд, то ки римиҳоро аз нимҷазираи Балкан пеш кунанд, вале Филиппи V ҳанӯз ба ин тасмим тайёр набуд. Дар баробари ин ӯ аз Антиохи III ранҷида буд. Бинобар ин, бо ӯ аз иттифоқ бастан даст кашид. Умеди ягона Антиохи III буд. Ӯ дар римиҳо хатари калонро бар зидди амалишавии нақшааш дар аз нав барқарор кардани қудрати пешинаи давлати Селевкиён (ҳатто шоҳаншоҳии Искандари Макдуниро) дид. Аз ин рӯ, тирамоҳи соли 192 пеш аз милод ба даъвати юнониҳо ҷавоби мусбат дода артиши начандон худро ба Фессалия фуроварда, қувваҳои юнониҳоро боқуввваттар кард. Вале орзую умеди Антиохи III ҷомаи амал напӯшид. Қисме аз шаҳрҳои бетарафиро ихтиёр карданд. Афина. Иттифоқи Ахей ва ҳатто Македония бошанд, аз тарафи римиҳо баромад карданд, Бинобар ин, соли 191 пеш аз милод дар задухурди назди Фермопил римиҳо бе ягон мушкилӣ артиши Антиохи III-ро торумор карданд, вале артиши Антиох Рим бо ин муваффақияти худ ҷангро бо Антиохи III бас накард. Соли 190 пеш аз милод қӯшунҳои Рим дар зери фармондеҳии Лутсия Стсипион, бародари Ганнибалро мағлубкарда, ба Осиёи Хурд мегузарад. Бо ҳамроҳии бародараш дар ситоди қӯшун Стсипиони Африқоӣ низ буд, ки дар амал роҳбарӣ ба қӯшунро ба зима дошт. Тирамоҳи ҳамон сол артиши 30-ҳазорнафараи Рим дар задухурди назди Магнезия артиши 70-ҳазорнафараи Антиохи III-ро торумор кард- Баҳори соли 188 пеш аз милод созишномаи сулҳи барои Антиох вазнин ба имзо раси. Мувофиқи он давлати Селевкиён аз ҳамаи мустамликаҳояш даросиёи Хурд, аз флоти ҳарбии баҳрӣ, иттифоқҳои ҳарбӣ дасткашид, ӯҳдадор шуд, ки 15 ҳазор талант товони ҷанг пардохт мекунад. Ғалаба дар ҷанг бо Антиохи III оқибатҳои хеле муҳим ба бор овард:

-ба римиҳо нишон дод, ки давлатҳои Шарқ то кадом дараҷа бар иттифоқҳои мустаҳкам, ки бар зидди душмани умумӣ ҷанг мекунанд, ба ғалаба қодир нестанд.

-ҷанг нишон дод, ки артиши мамлакатҳои Шарқ заиф аст, ҳатто дар он вақте, лашкари онҳо чандин маротиба аз лашкари Риму иттифоқчиёнаш зиёд аст.

-ҷанг дар шарқаз ҳамон вақт сар карда бо номи римиҳо ва имконият баҳри бо тезӣ сарватмандшавӣ фаҳмида мешуд.

Ҷанги Сеюми Македонӣ (солҳои 171 – 168 пеш аз милод). Давлати ягонаи эллинистие, ки умеди муқобилистӣ ба Рими истилогар дошт, македония монда буд. Бо шарофати заҳмати беҳамтои Филиппи V Македония натанҳо талафоте, ки ба он ду ҷанги қаблӣ бо Рим расонида буд, барқарор карда тавонист. Балки потенсиали иқтисодӣ ва ҳарбии худро низ баланд кард. Филиппи V (ӯ соли 179 пеш аз милод вафот кард) ба меросхӯри худ давлати пуриқтидори дорои артиши 50-ҳазорнафараро мерос гузошт. Вале бо қатъият амал накарда, бинобар ин, ҳамаи иттифоқчиёнашро аз даст дод. Дар соли 168 пеш аз милод дар назди Пидне задухурде ба амал омад, ки он ба мавҷудияти давлати Македония хотима гузошт. Қӯшуни 40-ҳазорнафараи Персея қариб пурра несту нобуд карда шуд, дере нагузашта худи шоҳи Македония дастгир ва ба Италия фиристода шуд. Македония ба 4 вилояти аз Рим мустақил тақсим карда шуд ва соли 148 пеш аз милод,баъди пахши шӯриши Андриск (Филиппи қалбакӣ) вилоятҳои Македония ба музофоти Рим табдил дода шуд.

Истилои Юнон. Торумори Македония дар соли 168 пеш аз милод шиори римиҳои “озодӣ ба Юнон” ва пурзӯршавии фишори Рим ба шаҳрҳои Юнон нолозиму бемаънӣ гардонид. Дар солҳои 148 – 146 пеш аз милод юнониҳо як кушиши беҳудае карданд, то ки аз зери ҳокимияти Рим раҳоӣ ёбанд. Сарварии шӯриши юнониҳоро иттиҳоди номдори Ахей ба зима дошт. Вале қувваҳои тарафҳо баробар набуданд. Римиҳо шӯриши юнониҳоро бераҳмона пахш карданд, ҳамаи иттиҳодҳои юнониро пароканда карданд, маркази шӯриш – Коринфро ба хок яксон намудан (соли 146 пеш аз милод). Юнон аз тарафи Рим пурра таслим гардонида шуд. Дуруст аст, ки юнониҳо зоҳиран истиқлолияти худро баъд аз соли 146 пеш аз милод ҳам нигоҳ доштанд, зеро қаламрави Юнон ба музофот танҳо дар аҳди Октавиан Август табдил дода шуд. То ин вақт Юнон дар Македония аз тарафи ноиби Рим идора карда мешуд.

ҒАРБИ БАҲРИ МИЁНАЗАМИНРО ИШҒОЛ КАРДАНИ РИМ.ҶАНГИ СЕЮМИ ПУНӢ (СОЛҲОИ 149 – 146 ТО МИЛОД)

Ишғол кардани Испания. Дар қисмати ғарбии баҳри Миёназамин аз Рим азмуваффақиятҳои худ дар ҷанги зидди Карфаген розӣ буда, сиёсати ишғолгароёнаи худро дар асри II пеш аз милод ҳам идома дод. Пуниҳоро аз Испания фишор дода бароварда, римиҳо бар хилофи умеду мардуми маҳаллӣ, ният надоштанд, ки ин заминҳои серҳосилро ба ба ихтиёри онҳо гузошта раванд. Соли 197 пеш аз милод дар қаламрави нимҷазираи Иберия ду музофоти Рим ташкил карда шуд: Испанияи Наздик ва Испанияи Дур. Ин воқеа сабаби асосии оғози ҷангҳои Испания мегардад. Такягоҳи ҳокимияти Рим дар ин ҷо шаҳрҳои соҳилибаҳрии юнонӣ ва мустамликаҳои финикӣ мегарданд, ки аз Рим имтиёзу сабукиҳои зиёд мегиранд ва қабилаҳои ҷангҷӯи марказӣ ва шимолии Испания бошанд, ба ҳукмронии Рим тан доданӣ набуданд. Тобеъ кардани ин қабилаҳо аз ишғоли давлатҳои эллинистии Шарқ мушкилтар баромад. Ҷангҳо дар Испания бе танаффус зиёда аз 60 сол давом карданд. Дар ин ҷанг артиши римиҳо борҳо сахт шикаст хурдаанд, даҳҳо ҳазор легионерҳо ҳангоми лашкаркашбӣ ва ҳарбу зарб ҳалок гардидаанд. Нуқтаи баландтарини ин ҷанг шӯриши Лузитанҳо (қабилае дар қаламрави имрӯзаи Португалия) дар зери фармондеҳии пешвои шуҷоатманд Вириат дар солҳои 147 – 139 ва ҷанги Нумантин дар солҳои 143 – 133 пеш аз милод буд, ки аз рӯи номи шаҳри Нумансия ҳамин тавр номгузорӣ шуда, ба муқобили қӯшунҳои римиҳо қариб даҳ сол истодагарӣ кардааст. Вале римиҳо дар роҳи расидан ба мақсади худ ҷасорати ба онҳо хос нишон дода, дар оғози солҳои 30-юми асри II пеш аз милод бо истиснои қисмати шимолу ғарбии Испания аз они Рим гардонида шуданд.

Ҷанги Сеюми Пунӣ(солҳои 149 – 146 то милод). Карфагени шикаст хӯрда бошад ҳам, пурра торумор карда нашуда, мисли пештара римиҳоро орому беташвиш намегузошт. Соли 153 пеш аз милод ба Карфаген бо сардории Марк Портсия Катон сафирҳои Рим рафтуо карданд. Катон шаҳри бой ва гулгулшукуфтаро дарёфт. Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ӯ Карфагенро бад дида, худ иштирокчии ҷанги зидди Ганнибал ҳам буд. Катон дар баробари ба Рим баргаштани худ талаб кард, ки шаҳри карфаген вайрон карда шавад. То маргаш дар соли 149 пеш аз милод ҳангоми ҳар баромадаш дар Сенат сухани худро бо ҷумлаи зерин хатм мекард: “Бояд тазаккур дод, ки Карфаген бояд несту нобуд карда шавад”. Ин хоҳишу орзуи ӯро дар рим бисёриҳо дастгирӣ мекарданд, бинобар ин, аллакай соли 149 пеш аз милод барои оғози ҷанг бар зидди Карфаген баҳона ҳам ёфта шуд.

C:\Users\USER\Music\Сципион.jpg
C:\Users\USER\Music\2222222222222222221.jpg

Харитаи Ҷанги сеюми пунӣ Стсипион Эмилиан Вариат

Рим Карфагенро барои вайрон кардаи қарордоди соли 201 пеш аз милод муттаҳам кард, зеро бе розигии Рим қаламрави давлати худро аз нумидийҳо муҳофизат намудааст. Бинобар ин, Рим бо карфаген ҷанг эълон мекунад. Пуниҳо ҷангро намехостанд, бинобар ин, ҳатто розӣ шуданд, ки ҳамаи захираҳои аслиҳа ва 300 нафар гаравгонҳоро ба римиҳо супоранд, вале римиҳо аз сокинони Карфаген алаб карданд, ки шаҳрро тарк карда, дар ҷои дигар сокин шаванд. Танҳо баъди ин карфагениҳо ба қарор омаданд ва шабу рӯз барои муҳофизати шаҳри худ тайёрӣ диданд. Барои Рим ба ин қатъияти пуниҳо интизор набуданд, бинобар ин вақтро аз даст доданд. Ба римиҳо лозим омад, ки ба муҳосираи шаҳр оғоз оғоз намоянд, вале ду соли аввал ба римиҳо муваффақияте ба бор наовард. Гузашта аз ин, муҳосираи сустсуратгирифта дар қӯшуни Рим пастшавии интизомро ба миён овард. Бинобар ин, ба сарфармондеҳи нави қӯшун Стсипион Эмилиан, ки ба ин ҷо соли 147 пеш аз милод расида омада буд, ки корро аз ба тартибу низом овардан қӯшун сар кунад. Дере нагузашта ба ӯ муяссар шуд, ки дар қӯшун интизоми оҳанинро ҷорӣ намояд. Баъд аз ин Карфаген пурра аз олами беруна бурида шуда, баҳори соли 146 пеш аз милод он бо ҳамлаи барқосо ишғол карда мешавад.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg

Муҳосираи Карфаген Харобаҳои Карфаген

Ҳарбу зарб дар кӯчаҳои Карфаген шаш шабонарӯз давом карданд. Карфагениҳо дар дар лаҳзаҳои охирини мавҷудияти шаҳри худ шуҷоату иродаи аҷиб нишон медоданд, вале сарфи назар аз ин, аз римиҳо шикаст хурданд. . Қисми зиёди шаҳриҳо ҳалок шуданд, боқимондаи ҷон ба саломатбурда бу ғуломӣ фурӯхта шуданд, Сарфи назар аз эътирози Стсипион Сенат қарор қабул кард, ки шаҳри Карфаген пурра вайрон ва ба хзок яксон карда шавад ва он ҷо то абад лаънатзада эълон карда шавад. Аз мулкҳои Карфаген Рим музофоти Африқоро таъсис доданд.

ВАЗЪИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ РИМ ДАР АСРИ II ТО МИЛОД

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Рими асри I п.а.м. ва баъди он аз байн рафтани Ҷумҳурӣ натиҷаи бӯҳрони ҳамагонии иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Рим буд. Нишонаҳои зиёди хоси он аз зуҳуроти бӯҳронҳо дар давлату ҷомеаҳои дар замони нав фарқиятҳои зиёд дошт, аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳоро мавриди таҳлил қарор дод ва ин корро аз иқтисод оғоз намуд.

Тавре маълум аст, зуҳуроти муҳимтарини бӯҳронҳои иқтисодии асрҳои ХVIII — ХХ пастравии босуръати истеҳсолот, камшавии истеҳсоли маҳсулот, пӯшидашавии корхонаҳо, камшавии ҷойҳои корӣ ва ғайраву ва ҳоказоҳо мебошанд. Бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷомеаҳои қадим дигар хел ва ҳатто баракс, аз он ҷумла дар Ҷумҳурии Рим асрҳои II — I то милод. Иқтисодиёти Рим бемайлон рушд мекард, истеҳсолот рӯ ба боло мерафт, шумораи истеҳсолкунандагон (ғуломон) бо тезӣ меафзуд. Пас табиати бӯҳрон дар чӣ ифода ёфтааст? Табиати бӯрони иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Рим дар он зуҳур ёфтааст, ки воқеияти нави фаъолияти иқтисодӣ уклади (тарзи истеҳсолоти) ҳаёти хоҷагии дар муддати дуру дароз ташаккулёфтаро вайрон кард.Ҳамаи тағйироти муҳим дар иқтисодиёти Рими асрҳои II — I то милодро метавон ба се гурӯҳ тақсим кард. 1.Рушди ғуломдорӣ дар Рим. 2.Паҳншавии заминдории калон, таназзули моликияти хурд бар замин. 3.Рушди босуръати сармояи пулиюсудхурӣ.

Рушди ғуломдорӣ. Дар асрҳои II — I то милод низоми ғуломдории Рим ба марҳалаи гулшукуфии худ мерасад. Ба ин маҷмӯи омилҳои зиёд мусоидат намуданд: Афзоиши бузурги шумораи ғуломон дар Италия дар II пеш аз милод. Табиист, ки манбаи асосии болоравии шумораи ғуломон ҷангҳои Рим мебошад. Нависандагони антиқӣ то ба мо баъзе рақамҳои хосро ба мо расониданд. Масалан, дар мавриди экспедитсияи Рим ба Сардиния (соли 177 п.а.м.) 80 ҳазор сардҳо асир гирифта шудаанд. Нархи ғуломон дар Рим то дараҷае паст фуромад, ки дар натиҷаи он чунин занбурмасал тавлид ёфт: “Арзон, ба монанди сард”. Баъди таслимкунии Эпира (соли 168 п.а.м.) ба Италия 150 ҳазор асир оварда шуд. Ҳамаи карфагениҳои зиндамонда – 50 ҳазор нафарро Рим ба ғуломон (соли 146 п.а.м.) табдил доданд. Ин рақмҳо танҳо баъзе мавридҳои махсуси ба ғуломон табдилдиҳии халқҳои бегонаро ифода менамоянд. Анбӯҳи бузурги асирони ҳарбӣ аз тамоми гӯшаю канорҳо Баҳри Миёнзамин оварда мешуд. Ба ин сарчашмаҳои дигари пурракунии ҳайати ғуломон ин фурӯши қарздорон (музофотиҳою варварҳо) . ғоратгарҳои баҳрӣ, зиёдшавии табии ғуломон буд. Фурӯши ғуломон барои дунёи қадим ба сатҳи баландтарин расид, ҳар сол садҳо ҳазор ғуломон дар бозорҳои ғуломфурӯшӣ ҳавзаи Баҳри Миёназамин фурӯхта мешуданд. Яке аз чунин бозорҳои калонтарини ғуломфурӯшӣ дар ҷазираи Делос воқеъ гардида буд, ки дар он ҷо танҳо дар як рӯз то 10 ҳазор ғуломон фурӯхта мешуданд.

C:\Users\USER\Music\23.jpg
C:\Users\USER\Music\212.jpg

Бозорҳои ғуломфурушӣ дар Ҷумҳурии Рим

Меҳнати ғуломон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт истифода бурда мешуд. Меҳнати шаҳрвандони озодро фишор дода бароварда натавониста бошад ҳам, як қисми зиёди онро ишғол карда буд. Меҳнати ғуломон дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт – косибӣ, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва ғайра истифода бурда мешуд. Ягон оилаи миёнаҳоли Рим бе истифодаи меҳнати якчанд нафар ғуломи хонагӣ руз гузаронида наметавонист.

Таназзули моликияти хурд бар замин. Ба тағйироти сифатӣ ба соҳаи асосии иқтӣисодиёти Ҷумҳурии Рим – кишоварзӣ, омилҳои гуногун таъсир расониданд. Ба хоҷагиҳои кишоварзии Италия Ҷанги дуюми пунӣ зарбаи сахттарин зад. Баъди ин ҷанг ҷангҳои зиёди берун аз Италия суратгирифта даҳҳо ҳазор римиҳо-кишоварзонро аз замин дур карданд, ки ин ҳолат имкон намедод хоҷагии кишоварзӣ аз нав барқарор карда шавад. Аз миёнаҳои асри III то милод. шумораи шаҳрвандоне, ки ба рӯйхати андоз дохил карда мешуданд, дар амал наафзуд, дар миёнаи асри II то милод. бошад, ҳатто рӯ ба камшавӣ ниҳод. Асри III то милод гарчанде ки талафоти римиҳо дар ҷангҳо наонқадар зиёд буданд. Аз барқарор карда натавонистани хоҷагиҳои худ ноумед шуда, ҳазорон нафар римиҳо заминро фурӯхта ба шаҳрҳо рафта, сафҳои пролетариати шаҳрро пур мекарданд.

Дар асри II то милод боигариҳои бузурги аз давлатҳои истилошуда ба Рим ворид гардида, дар сандуқҳои лашкаркашон ва ноибони музофотӣ ҷойгир шуданд. Қисми зиёди ин боигарӣ ба амалиётҳои дар робита ба савдо ва судхӯрӣ равона карда шуда, на камтар аз ин ба харидории замин сарф карда мешуд. Ҳаҷми характерноки мулкдории миёна бар замин 60 гаро ташкил менамуд, ки он ба таври муфассал дар асари Марк Порсий Катон “Дар бораи заминдорӣ” тасвир ёфтааст. Баъзе ашрофон (аристократҳо) дар як вақт якчанд чунин мулкҳоро соҳибӣ мекарданд, баъзеҳо бошанд, латифундияҳои калони иборат аз 250 га замин ва зиёда аз инро доштанд.

Рушди сармояи пулию судхурӣ ва тиҷоратӣ. Савдо ва судхурӣ дар Рим аз замонҳои қадимтарин вуҷуд доштанд, вале дар асрҳои III – II то милод онҳо ба анзозаи ниҳояд калон рафта расиданд. Сабаб барои ин якчандто буд.

-Боигарии бузург дар намуди ғанимати ҳарбӣ, товони ҷанг, анзоз ба Рим ирсол гардид. Як қисми он ба хазинаи давлатӣ муқаррар гардида буд., қисми дигар насиби лашкаркашон, ноибон дар музофотҳо ва сиёсатмадорон мегардид. Маблағгузорӣ ба савдо ва судхурӣ нисбат ба дигар соҳаҳо даромади бештар медод. Вале. вале кушиши дар байни сенаморҳо роҳ надодан ба фасодӣ ва барои ҳамин аз тарафи римиҳо манъ кардани машғулшавии онҳо ба савдою судхурӣ натиҷаи дилхоҳ надода, баракс, дар охирҳои асри III п.а.м. дар ҷомеаи Рим ташаккули табақаи сеюм – саворагон оғоз ёфт. Асоси ин табақаро мансубият ба рӯйхати машҳури молумулкии сентурисяи саворагон буд.

-Дар Ҷумҳурии Рим мавҷуд набудани дастгоҳи бюрократӣ ба он оварда расонид, ки амалиётҳои зиёди молиявӣ ба дасти одамони алоҳида гузаштанд. Низоми харидагирифтан аҳамияти нисбатан калон дошт, ки он барои ҷамъоварии андозҳо дар музофотҳо ташкил карда шуда буданд. Ҳамаи андозу ӯҳдадориҳо, ки музофотҳо мепардохтанд, барои харидкунӣ ба ширкатҳои махсус-публиканҳо (socictacpubhcanorum), ки онҳо ҷидду ҷаҳд баҳри ба даст даровардани даромад мекарданд, ки ин ба қашшоқии бемислу монанди музофотҳо оварда мерасониданд.

ТАҲЛИЛИ ВОҚЕАҲОИ ТАЪРИХИИ РИМ АЗ ТАРАФИ ПОЛИБИЙ

Дар Рими қадим пайдошавии асарҳои нахустин вақти дуру дарози қаблии ғуншавии донишҳоро тақозо кард, Якум, донишҳо оид ба саргузашту қиссаҳои таърихии Рим аз он ҷумла дар бораи ниёгони машҳур ва кору бори онҳо аз насл ба насл дода мешуданд. Дуюм, ёдгориҳои гуногуни эпиграфӣ дар бораи ашхоси мансабдори ҷумҳурии Рим ва шарномаю созишномаҳо дар бораи қонунҳои муҳим ин давлат маҳфузмонда ба аҳамияти калон моликанд. Сеюм, аз қадим боз дар Рим аз тарафи рӯҳониёни понтификҳо солномаҳо (“Анналҳо” – аз лотинӣ “annus” – “сол”) навишта мешуданд, ки ба онҳо ҳарсола маълумотҳо дар бораи анъанаҳои динӣ, воқеаҳои аҷоиб ва воқеаҳои муҳимтарин дохил карда мешуданд. Шиносоӣ бо анъанаҳои таърихнигории юнонии аср III пеш аз милод ва болоравии худшиносии римиҳо дар замони Ҷангҳои Пунӣ анъанаҳои таърихии худи Римро тавлид сохтанд.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\211.jpg
C:\Users\USER\Music\12ц1.jpg

Марк Портсий Катон Полибий Фабий Пиктор

Таърихшиносони аввалини Рим унвони аналчиёнро гирифтанд, чунки асарҳои худро дар шакли анналҳои таърихӣ меофариданд, зеро таърихи Римро сол ба сол инъикос менамуданд. Асари аввалини насрие, ки ба ба рим бахшида шуда буд, дар охири асри III то милод аз тарафи Квин Фабий Пиктор навишта шуда буд, Дар “Анналҳо” худ Фабий Пиктор аз ҳикояҳо дар бораи Дар Италия пайдошавии Энея ва бо бо воқеаҳои Ҷангҳои Дуюми Пунӣ ба охир мерасад. Ин асар , чун асарҳои зиёди дигари таърихнигорони анналӣ бо забони юнонӣ навишта шуда буд ва барои доираи танги мардуми Рим, ки он вақт аллакай он вақт ба маданияти эллинӣ алоқа пайдо карда буданд, навишта шудааст.

Дар байни ҳамаи аналнависҳо эҷодиёти Марк Портсий Катон Тсезар бо гувороию инъикоси воқеият фарқ мекунад. Ин арбоби машҳури давлатии замони Ҷангҳои Пунӣ обрӯи калон пайдо кард, аз он ҷумла ҳамчун нависанда. Бо забони лотинӣ эҷод кардани куллиёти асарҳои адабиёти насрӣ хизмати ӯст. То замони мо асари ӯ “Дар бораи кишоварзӣ”, ки он барои омӯзиши рушди иқтисодии Рим дар асрҳои III — II пеш аз милод ба аҳамияти калон молик аст, омада расидааст. Асари таърихии Катон “Оғоз” (“Оngines” – “Начала”) ном дошта, он натанҳо ба ҳамон замони таърихӣ мувофиқ аст, балки аз ҷиҳати консептуалӣ низ дар он бештар ба таърихи тамоми Италия диққати калон дода шудаа, қаҳрамони асосии таърихи Рим на шахсиятҳои алоҳида, балки ҳамаи мардуми Рим мебошанд. Чун Катон ва аналчиёни дигар ӯ асарҳои худро бо забони лотинӣ навиштааст. Гарчанде, мутаассифона, ҳамаи асарҳои анналчиён бебозгашт аз даст рафта бошанд ҳам, онҳо анъанаҳои таърихнависии Римро ба вуҷуд оварда, барои нависандаҳои дигари ояндаи Рим манбаю сарчашмаҳои муҳим гардиданд.

“Таърихи умумӣ”-иПолибий. Асари нахустине, ки таърихи Римро инъикос 8карда, то замони мо омада расидааст, “Таърихи умумӣ”-и Полибий мебошад, ки дар сри II пеш аз милод навишта шудааст. Полибий яке аз роҳбарони Иттиҳоди Ахей буда ва баъди Ҷанги Сеюми Македонӣ дар Рим ба сифати гаравгон зистааст. Дар ин ҷо ӯ ба ашрофони Рим, аз он ҷумла ба Стсипион Эмилиан муроҷиат мекунад ва ҳамин тариқ таблиғотчии давлати Рим мешавад.

“Таърихи умумӣ”-и Полибий давраи аз соли 204 то соли 146 пеш аз милодро ва он дар бораи таърихи ҳамаи халқҳо ва давлатҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин нақл мекунад. Аммо дар маркази диққати нависанда албатта таърихи Рим буд, чунки мақсади асосии Полибий он буд, ки чӣ тавр, кай ва барои чӣ ҳамаи давлатҳои ва халқҳои маълум дар зери ҳокимияти имиҳо мондаанд, нишон диҳад. Сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ карда, Полибий санъати зоҳирии ҳарбии римиҳоро қайд мекунад, махсусан сохти давлатии Ҷумҳуриро.

Таърихнигори бузург Полибий ба ҷамъоварӣ ва таҳлили танқидии маълумоти дар ихтиёраш қарордошта аҳамияти калон дода, аниқу дақиқ муайян менамуд, ки сабаб ва оқибатҳои воқеаҳои таърихӣ дар чӣ ифода ёфтааст, кушиш ба харҷ медод, ки алоқамандии байниҳамдигарии ҷараёни таърихиро нишон диҳад. Мувофиқи ақидаи ӯ омӯзиши таърих мақсадҳои амалӣ дошта, одамонро меомӯзонад, кӯмак мерасонад, аз таҷрибаи гузашта ояндаро пешбинӣ намоянд. Аз 40 китоби “Таърихи умумӣ” ба таври пурра танҳо панҷ китоби аввал боқӣ мондааст, аз китобҳои дигар – аз онҳо танҳо баъзе лаҳзаҳояшон. Дар ҳамин шаклу ҳолат ҳам куллиёти Полибий сарчашмаи муҳиму асоситарини донишҳои мо дар бораи ҷангҳои истилогаронаи Рим дар асрҳои III — II то милод мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *