Фанни Суханвари (риторика)

Таъсири суханронӣ бар ҳадафи  шунаванд

Ҳар амали хубе, маҳорате, санъти волое қабл аз ҳама ба шавқу ҳавас ва рағбат вобаста аст. Ҳатто агар сухандоне қонуниятҳои сухандониро комилан риоя намояду панду ҳикматҳои бисёре донад ҳам, агар нисбати ҳарфи гуфтааш бетафовут бошад, тир ба ҳадаф нахоҳад расид. Бинобар ин, муҳимтарин нуктае, ки дар ин ҷода бояд ба инобат гирифт, руҳияи суханвариро доро будан аст. Сухандони варзида бояд қалби шунавандаро ба туғён оварад. Ду ҳазор сол пеш аз ин бузургмарде аз Рум гуфтааст: «Агар мехоҳед ба ҳунари суханронӣ ашки чашмони шунавандаро ҷорӣ созед, бояд ақаллан осори ғаму андуҳ дар чеҳраи худатон зоҳир гардад».

Ҳадаф аз суханварӣ таъсир ва тасвир дар нуфуз аст ва дар ин кор лаҳн ва чигунагии оҳангу савти сухангуй муҳим аст ва низ ҳаракату ишорати у. Ва гоҳе мешавад, ки як нигоҳ ё як садо аз сад калима сухан бештар маънӣ дорад ва таъсири амиқ мебахшад ва набояд ғофил шуд, ки нигоҳ, ҳаракат, ишора, лаҳн ва овоз омилҳое ҳастанд, ки далолат бар маъонии табиӣ мекунанд.

Ҳамчунон ки савту оҳанги ҳама кас ба овозхонӣ созгор нест, савту оҳанги ҳамаи ашхос барои сухангуйӣ низ яксон мувофиқат надорад. Баъзе савташон гарм ва ба гуш хушоянд аст ва баъзе нест, яъне хушк ё зиёд нозук ё зиёд дурушт аст, валекин ин фиқра корҳоест табиӣ ва чандон ихтиёрӣ нест. Машқ кардан то як андоза муфид аст, аммо савтеро, ки ба куллӣ номувофиқ аст, наметавон бо ягон тадбири мусоид ислоҳ намуд ва мо ин ҷо фақат ба умуре мепардозем, ки дар ихтиёри сухансагуй бошад.

152

Моҳияти ҳаракат ва ишороти тан, сар, даст, чашму абруро дар сухансароӣ бояд донист. Ва аксари ҳунармандон дар саҳнаи театр беҳаракат сухан мегуянд, ишороте намекунанд ё ҳаракатҳои беқоида ва бемаънӣ мекунанд. Ҳол он ки дар мамолики Ғарб, ки суханварӣ миёни мардум ривоҷ дошта ва аз ин кор натиҷаҳои бузург гирифтаанд, чи дар қадим ва чи имруз, ин гуфтаҳоро ба хубӣ риоя мекунанд. Ҳар кас дар вақте ки машқи суханварӣ мекунад, ҳар дақиқа роҷеъ ба чигунагии лаҳну садо ва савти аъзои баданро меомузад ва дар худ ба мавқеъ таҷриба ва озмоиш мегузаронад, то он ҷо, ки ойинае дар баробари худ гузошта, ҳаракати хешро мебинад ва камбудиҳояшро ислоҳ менамояд ё дар ин хусус аз устодони фан ва дустони наздикаш ёрӣ меҷуяд. Ҳарчанд ки сухан, оҳанг, ҳаракат, ишороти ҳар қавме бо ақвоми дигар тафовут дорад.

Суханвар дар равиши гуфтор ҳар вазъияту ҳолате дошта бошад, шунавандагонро низ дар ҳамин ҳолат бояд мушоҳида кард. Матлабу мақсади хешро бо ҳарорат бояд баён намуд.

Перикл, пешвои маъруфи Юнон, ҳамеша пеш аз суханронӣ аз даргоҳи Худованд илтиҷо ва зорӣ мекард, ки ҳатто ҳарфи хатое зимни гуфтор содир накунаду хотири шунавандаро парешон нагардонад. Зимни баён ба у мадад намояд, то гуфтаҳояш дар дили шунавандагон маъво бигирад.

Дар байни мардуми форсизабон низ зарбулмасале ҳаст: «Забони сурх сари сабз медиҳад барбод». Инак, ҳикояе дар ҳамин маънӣ, ки як ҳарфи хато ва бемавқеъ ба сари кас бадбахтиҳо низ хоҳад овард, зикр мегардад.

Ҳикояро мутолиа намуда, нақл нависед ва фикру ақидаи худро зам намоед:

ҲИКОЯТ

Дар кутуби ҳиндувон мастур аст, ки шабе дузде фурсат ёфта, ба талаби мақсуд аз хона берун омад ва чун сайёди устод ба ҳар тараф метохт ва ба ҳар ҷониб гузар мекард.

Дар аснои роҳ гузари у ба коргоҳи бофандае афтод, ки ҷомаҳои латифу зебо бофтӣ ва анвои такаллуф дар он ба кор мебурд ва нақшҳову суратҳои дилфиреб дар он падид оварда ва наздик омада буд, ки ҷомаро тамом кунад ва коргоҳро бандад. Дузд гуфт: «Мавҷудро аз даст набояд дод ва ёфтаро раҳо набояд кард. Савоб он аст, ки соате он ҷо мақом кунам, то ки марди дебобоф ин ҷомаро аз коргоҳ бигирад ва бихуспад. Ман фурсат ба ғанимат дорам ва ҷомаро аз коргоҳ бибарам». Пас ба ҳилае ба даруни коргоҳи у даромад ва дар гушае махфӣ бинишаст. Марди дебобоф ҳар тор, ки дар мепайвастӣ, гуфтӣ: «Эй забон, ба ту умедвор ҳастам ва аз ту мадад металабам, ки даст аз сари ман бидорӣ ва сари маро бар тан нигоҳ дорӣ».

Марди дебобоф ҳама шаб бо забон дар ин муноҷот буд ва дузд мунтазири он ки магар ҷома бибарад. Чун деборо тамом кард, аз коргоҳ фуру гирифт ва онро неку дарпечид, субҳи содиқ аз ҷониби машриқ расида буд ва олами зулмонӣ нуронӣ гашт. Дузд аз хона берун омад ва бар сари роҳ мунтазир нишаст. Чунон ки мард аз ибодат фориғ гашт, ҷомаро бардошт ва азми сарои подшоҳ кард.

Дузд аз ақиби у мерафт, то маълум намояд, ки теғи забони у чӣ гавҳар зоҳир хоҳад кард. Чун ба даргоҳи подшоҳ рафт ва шоҳ ба боргоҳ омад ва дар тахти салтанат биншасту парда бардоштанд ба қабули одамон. Ҳунарманд ба пеши тахт рафт ва ҷома арза дошт ва ҳангоме ки ҷомаро аз баста берун карданд, ба ҳусни санъату лутфи у ҳайрон шуданд, ба у таҳсину офаринҳо хонданд.

Пас подшоҳи Ҳинд (рой) аз вай пурсид, ки ин ҷомаро наку пардохтаӣ, акнун бигуй, ки ин ҷома ба чӣ кор шояд ва бар куҷо наку ояд?

Он мард гуфт:

-Бифармой, то ин ҷомаро дар ҷомахона ниҳанд, то рузе, ки туро фавт расад, ин ҷомаро ба сандуқи ту андозанд!

Подшоҳ аз ин сухан бағоят биранҷид ва бифармуд, то ҷомаро бисузанд ва он мардро сиёсат кунанд ва забони уро бурида партоянд.

Марди дузд дар он ҷо истода буд ва аҳволи у мушоҳида мекард. Чун ҳукми подшоҳ бишнид, бихандид. Подшоҳро назар ба хандаи у афтод, уро пеш хонд ва аз сабаби ханда пурсид.

Мард гуфт:

-Агар маро бар гуноҳи накарда уқубат нафармоӣ, сурати ҳоли ин мард дар ҳазрати шоҳам тақрир кунам. Дузд чун эмин шуд, ҳоли мадад талабидани уро аз забони зиёнкори хеш дар хидмати подшоҳ бозгуфт.

Подшоҳ чун ин ҳикоят бишнид, гуфт, ки бечора гуноҳе накардааст, аммо шафоати у ба наздики забон мақбул наяфтодааст. Пас рақами афв бар ҷаридаи ҷаримаи у кашид ва уро бифармуд, то қуфли сукунат бар даҳон ниҳод, ки касе бар забони худ эътимод надорад, уро ҳеҷ пирояе беҳтар аз хомушӣ набошад.

НАҚШАИ ТАХМИНИИ БАЁНИ ҲИКОЯ:

1. Ба коргоҳи марди дебобоф рафтани дузд.

2. Ҳунару санъати марди бофанда.

3. Ёрӣ ва мададпурсии усто аз забонаш.

4. Ҷомаи бо санъати воло бофтаи хешро ба подшоҳ пешкаш кардани усто.

5. Муколамаи подшоҳ бо марди дебобоф.

6. Сухани марди дузд.

7. Хулоса аз зарбулмасали «Забони сурх сари сабзро медиҳад барбод».

НАҚШАИ БАЁН ДАР ШАКЛИ ДИГАР:

1. Марди дузд ва устои дебобоф.

2. Гуфтугу бо хеш.

3. Туҳфа ба подшоҳи Ҳинд.

4. Оқибати захми сухан.

5. Мадади дузд баҳри халосии усто.

6. Зи ҳарфи бемурувват ошно бегона мегардад.

Дар ҳамин маънӣ панди устод Рудакиро ба ёд оред:

Замона гуфт маро: хашми хеш дор нигоҳ,

Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст.

Шайх Саъдӣ низ дар ин боб фармуда:

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

Чу дар баста бошад, чӣ донад касе,

Ки цавҳарфуруш аст ё пилавар.

Ленин забонаш лакнат дошт, Сталин ба забони русӣ шикаста ва бо таваққуф ҳарф мезад, вале неруйи сухани онҳо ба дараҷае қудрат дошт, ки торҳои нозуки ҳастии инсонро ба ҷунбиш меоварду мутаассир месохт. Онҳо шояд қудрату истеъдоди фавқуттабиӣ доштанд? Онҳо нотиқони дараҷаи аввал буданд, зеро ба баёни мушкилоте иқдом менамуданд, ки ҳақиқатан бо тамоми ҳастӣ моили он буданд ва тафаккур, ақлу заковат, ҳастии онҳо ба он бахшида шуда буд.

Ҳар шунаванда, агар ҳассос бошад, зимни суханронии нотиқ баръало ҳис мекунад, ки ҳарфи у қалбист ё сатҳӣ, самимист ё сохтакорона. Ҳамеша дар назар бояд дошт, ки омили асосии ҳунари сухандонӣ ба шахси гуянда-ба нотиқ вобаста аст, на ба маводи мавҷуда, ки ба он такя мекунад. Бузурге фармуда: «Ба ҳар забон ки ҳарф бизананд, шахсият, эҳсосот ва майли шумо аз гуфтаҳоятон зоҳир мешавад».

Дар мавқеъ ва ҳолати суханронӣ бо ҳавоси парешон ҳарф назанед. Ҳаракатҳои беҷо таъсири суханро коста гардонад. Хешро мисли як марди қавӣ, ки дар мусобиқа гуё ширкат меварзида бошад, устувор ва бо матонат нагоҳ доред. Сухане, ки бо изтиробу тарс ва нобоварист, таъсир набахшад. Дар каломи ҷовидони худовандӣ — Қуръони маҷид зикр гардидааст, ки матолиби ин китоб бидуни шак саҳеҳ ва танҳо ҳидоятгари инсон аст.

ИН ЗАМИМАҲОРО ДАР ЛАВҲИ ХОТИР МАҲФУЗ ДОРЕД:

1. Ҳолату вазъияти шунаванда ба нотиқ шабоҳат дорад. Агар нотиқ бо камоли майл, самимият ва ҳаяҷон ҳарф бизанад, шунавандагон низ ба ҳамон дараҷа мутаваҷҷеҳи суханони у гарданд.

2. Бояд тавре сухан ронд, ки гуё пайғоме ва муждае ба аҳли толор мерасонед.

3. Ба қадри кофӣ баланд ва хушнаво ҳарф бизанед, то ҳамаи ҳозирон битавонанд гуфтаҳои шуморо бишнаванд ва лаззат баранд.

4. Бо ҳарорати хосса ҳарф бизанед ва шунавандагонро ҳурмат кунеду дусташон доред.

ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӣ

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *