Фанни Суханвари (риторика)

Шароит, омилҳои  суханвар ва суханронӣ

Оё сухангуй ба илҳоме, ки аз дил бармехезад, бовар дорад ё аз роҳи омузиш, парвариш ба нуфуз дар қалбҳо ноил мегардад?

Ҳамин ки кудаке ба дунё меояд, зеҳни у чун иншои аккосӣ соф, бенақшу нигор аст, аммо дар айни ҳол барои пазириши тасвири истеъдод омодагӣ дорад. Бинобар ин, навзод ба ҳукми фитрат бо вуҷуди неруи қалб доштанаш аз донистани моҳияти ҳар як ашё дар оғози зиндагӣ маҳрум аст.

Аз ин ру, нутқ чун инъикоси кайфияти нафсонӣ бар таҷриба ва дониш устувор мебошад. Суханвар наметавонад, даме аз хондану гуфтан ва шунидан кутоҳӣ варзад. Бештар бояд ба китоб, хулқат, ниёзҳои вуҷуди инсонӣ ва сухандонони варзида такя намояд. Суханвари кушодазабон бояд ба василаи балоғат афродро ба мавзуи хитоба тарғиб кунад ва дар назар дошта бошад, баландтарин, фасеҳтарин калом суханест, ки аз руйи имон баён шавад. Қаноатманд кунонидани шунавандагон низ, ки яке аз ҳадафҳои суханвар аст, ба василаи лутфи нафсонӣ ва имон амалӣ мегардад. Зеро гуфтание, ки бар имон бошад, аз дил бармехезад ва ба ҳамин далел дар дилҳо ҷой мегирад.

Алӣ ибни Абутолиб (р) фармудааст: «Касе, ки дар сухани худ содиқ бошад, бурҳони у басе қавӣ аст». Шайх Саъдӣ барои кирдору гуфтор, суханони пандомезе дорад, аз ҷумла дар ҳикояте аз «Гулистон» меоварад: «Фақеҳе падарро гуфт:-Ҳеч аз ин суханони рангину диловези мутакаллимон дар ман асар намекунад, ба ҳукми он ки намебинам эшонро кирдоре мувофиқи гуфтор»:

Тарки дунё ба мардум омузанд,

Хештан симу ғалла андузанд.

Олимеро, ки гуфта бошаду бас,

Ҳар чӣ гуяд, нагирад андар кас.

Олим он кас бувад, ки бад накунад,

На бигуяд ба халқу худ накунад.

Байт:

Олим, ки комронию танпарварӣ кунад,

У хештан гум аст, киро роҳбарӣ кунад?

Муҳимтарин нуктае, ки дар мавқеи суханронӣ бояд ба хотир дошт, ин аст, ки суханрон ҳар ҳолате дошта бошад, шунавандагон ҳам ба ҳамон ҳолат дармеоянд. Бинобар ин, суханрон бояд тавре суҳбат кунад, ки гуфтаҳои худро ҳис намудан ва боҳарорат гуфтани у маълум гардад.

АСРОРИ СУХАНРОНӣ

Сайёҳи машҳур Шокилтон ба қутби ҷануб мусофират намуда, руйи киштии хеш сатрҳои зерини ибратбахшро сабт карда буд: ««Метавон хаёл кард, вале мағлуби хаёлоти хеш нашавӣ».

Ҳамин тариқ, инсон имкон дорад фикр намояд, вале танҳо ба фикр кардан қонеъ нагардад. Инсонро ҳамеша ду давра дар пеш аст: яке бадбахтӣ ва дигаре пирузӣ. Шахс бояд ба ҳар ду қодир бошад ва онро яксон бипазирад.

Агар ҳар як толибилм рузе тавонад, ки соате вақти хешро дар омузиши матлабе сарф намояду шакку шубҳаро аз худ дур созад, чунин шахс, бешубҳа, замоне ба пирузӣ мерасад. Ҳиммати баланд ва ҷидду ҷаҳд ҳатман уро ба мақсуд бирасонад.

Ҳиммат баланд дор, ки мардони рузгор,

Лз ҳиммати баланд ба ҷое расидаанд.

Дар ин боб ҳикояте аз Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ пешкаш мегардад:

ҲИКОЯТ

Муреро диданд, ба зурмандӣ камтар баста ва малахеро дувоздаҳ баробари худ бардошта. Тааҷҷуб карда гуфтанд:

— Ин мурро бубинед, ки бо ин нотавонӣ бореро бо ин гаронӣ чун мекашад.

— Мур чун инро бишунид, бихандиду гуфт:

— Мардон борро ба неруи ҳиммат ва бозуи ҳамият кашанд, на ба қуввати тан ва захомати бадан.

Комёбӣ дар фанни суханронӣ ҳамеша тобеи ду омили аслист. Аввалан, қобилияти шахсӣ ва сониян, дараҷаи майл ва дилбастагӣ. Дар ҳар ҳунаре, санъате, пешае, касбе майл ва дилбастагӣ бояд. Агар мақсади доро шудан дошта бошад, доро мешавад, олим шудан, олим хоҳад шуд. Агар хоҳед, ки як суханвари хубу забардасте шавед, ҳатман комёб мегардед, ба шарте ки аз дилу ҷон толиби он бошед:

Лз даст мадеҳ тариқи эҳсони падар,

То бар бихурӣ зи мулки фармони падар.

Ҷони падарат аз он ҷаҳон мегуяд,

Зинҳор, хилофи ман макун, ҷони падар.

ИН ЗАМИМАҲОРО ДАР ЛАВҲИ ХОТИР НИГОҲ ДОРЕД:

1. Аксари нотиқон зимни суханронӣ сари хешро пойин андохта ба шунавандагон таваҷҷуҳе зоҳир намекунанд. Ин амал ба он монад, ки байни онҳо робитае нест. Ин тартиб дар суханронӣ манфист ва қобили қабул нест.

2. Баёни дилнишину марғуб бояд дар ҳама ҳолатҳо табиӣ бошад. Сухангуй дар таълимгоҳ ва

192

толорҳои бузург зимни суханронӣ ба миқдори шунаванда набояд такя намояд, яъне, барои даҳ ҳазор нафар шунаванда ҳамон тавре суҳбат намояд, ки барои як нафар ҳарф мезанад.

3. Он шахсоне, ки истеъдоди табиъии баёни махсусе доранд, бештар бояд дар ҷаласаҳои бузург ҳунарнамоӣ намоянд.

4. Шахси нотиқ дар мавқеи суханронӣ бояд тавре ҳарф бизанад, ки гуё танҳо як нафар дар муқобилаш истодааст ва у барои ҳамин нафар сухан мегуяд.

5. Бо тамоми эҳсосоти қалби худ ҳарф бизанед, зеро эҳсосот ва самимият беш аз ба кор бурдани тамоми қонунҳои суханронӣ ба хуб ҳарф задани шумо кумак мерасонад.

6. Чаҳор чиз аст, ки тақрибан дар мавқеи ҳарф задани ҳар кас амал мекунад, вале зимни суханронӣ нотиқон онро фаромуш мекунанд. Ҳол он ки дар мадди назар қарор додани ин нуктаҳо шарт ва зарур аст:

а) луғати муҳими ҳар идораро бо таъкид адо намудан;

б) оҳанги гуфтор бояд якмаром набошад ва марбут ба ифода пастию баландии савту оҳанги баён риоя карда шавад;

в) суръат ва сустии талаффузи калимаҳоро кам ва ё зиёд кардан;

г) пеш аз баёни матлаб ва баъдан қадре таҳаммул намудан.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *