Фанни Суханвари (риторика)

Таъкид бар калимоти муҳим ва тағйири

САДО БА ТАНОСУБИ КАЛИМА ВА ҶУМЛА

Гуфтор аз ду омил: маънавӣ (андеша) ва моддӣ (суръат, калима, ҷумла ва калом) ба вуҷуд меояд. Ба ибораи дигар ҳамин ки ҳадаферо барои дар миён гузоридан бо дигарон интихоб кунем, василаи ҷилавгир шудани онро луғат ва бо баёни дурусту таъсирбахшу хушоянди он метавонем иҷрои вазифае иршоду нуфуз дар дилҳоро барои худ таъмин намоем.

Агар кушиш кунем, ки ҷумлае мутобиқи қоидаҳои дастури забон танзиму бо беҳтарин сурате баён шавад, ниме аз кори омузишу парвариш ҷомаи амал пӯшидааст, сухане ба газоф нагуфтем.

Ростии ҷумлаҳо ё қолаби афкорро чӣ гуна бояд баён кард? Табиист, ки ҷойгири дуруст ва талаффузи саҳеҳ, калима ва оҳанги дилписанде, ки дар адои он ба таври табиӣ ба кор меравад ва муҳимтар аз ҳама такя бар ҳарфе ё ҳамаи ҳарфҳои калимаҳо дар ҷумлаҳо, мавриди назари суханвар аз аҳамияти хосса бархурдоранд ва дар афкори гуянда тавассути шунаванда асари муъҷизаосо ба бор меоварад.

Муҳимтарин нукта дар интихоби калимаҳо ин аст, ки битавонем аз миёни ҳазорон таъбире ва тамсиле, ки барои баёни матлабе ҳаст, онҳоеро интихоб кунем, ки комилан барои баёни мақсуду матлаб ва бар ҳадаф муносиб ва созгор афтад.

Бинобар ин, касе, ки мехоҳад аз баҳри беканори хаёлоти шоир гавҳари маъонӣ берун оварад, бояд монанди ғаввос дар умқи он фуру равад ва барои дарёфтани асрори шоир бояд чашми ботинии у бештар бино бошад.

Дар суханварӣ меъёри солиму халалнопазир барои таъйини ҷое, ки бояд такя, ҳарф ё маҷмуаи ҳарфҳоро равшантар баён кард, дар ихтиёр нест. Ташхиси завқ ва иҳотаи гуянда ва кумак ба мақсуди худ меъёрофарин аст.

Дар хондан ва ифодаи шеър, бахусус, бархурдорӣ аз такя ба руйи ҳарф ё луғат ва нуктаҳо асли матлабро ҷилвагар месозад, маънии байт низ (дар сурате ки калимаҳои дур аз зеҳн надошта бошад) худ ба худ равшан мегардад ва шунаванда ба бузургиҳои андешаи сароянда пай мебарад ва аз таъсири сухан ончиро бо руҳ ва эҳсоси у пайвастагӣ дорад, ба осонӣ ба даст меоварад.

Ҳар гоҳ ғазал, қасида, қитъа ё навиштаҳоеро якнавохт бихонем, талаффуз кунем, гумон намеравад, муассир ва омузанда ҷилва кунад ва ҳатто худи хонанда ҳам ба бетаъсирии он чӣ мехонад, таваҷҷуҳ мекунад ва орзу дорад, ки кори хастакунанда ва бесуди хештанро ба зудӣ ба поён расонад.

Усулан, суханронии хуб ва дилписанду марғуб (илова бар офариниши сухан, рукнҳои он, назми мантиқӣ ва шароити моддию маънавии суханвар) бояд бар се омили асосӣ такя дошта бошад: дурустии ҷумлаҳо, омузанда ва дилписанд будани матлаб, муҳимтар аз он ду гунҷонидани эҳсосот ба таносуби ҷумлаҳо мебошад. Мақсад аз риояти ин се асл лаҳн ва гуфторро хушоянд месозад ва шунавандагон ба ҳадафи суханвар раҳнамун мегарданд.

Суръат дар гуфтору кайфияти он мавқеи санҷида дорад ва суханвар бояд пайваста дар тағйири он ба таносуби мавзуъ, ба хотири шунавандагон бикушад. Ҳамеша бояд пас аз таҷассуми андешае таваққуфи мухтасаре воҷиб шавад, сипас ба баёни фикри дигаре бипардозад. Худи мо бояд ташхис диҳем, ки шунаванда мавзуъро дарку қабул карда ва омодаи пазироии матлаби дигар мебошад. Суръат дар оғози сухан муфид аст, вале наметавон ҳамаи андешаҳоро тунду босуръат гуфту минбарро тарк намуд. Дуруст аст, гоҳе тунду бошитоб ва дуруст гуфтугу кардан нишонаи қудрати суханрон аст. Ин усули суханронӣ бештар барои як ё якчанд нафар ба кор меравад, вале манбаи сухан хубу парҳез аз камият ва таваҷҷуҳи ботинӣ ва ҳамаҷониба ба кайфият аст.

Арзиши ҳақиқати баён дар фаҳми мақсадҳо ва таъсир дар дилҳо мебошад ва бешитоб дар гуфтор, ки насанҷида гуфтанро дар пай дорад, наметавон ба ин матлаб даст ёфт. Мо мехоҳем аз натиҷаҳои суханварӣ хулосаҳои судманд ва дар ҷиҳати ризои Ҳақ касб кунем ва ба ҳамин ҷиҳат дар равиши гуфтор, баён кардани ҷумлаҳо таҷассуми андешаҳо ба кор равад. Беҳтар аст, бо ифода ва ҷумлаҳои интихобнамуда ё байти муносиб гуфторро ба поён бирасонем. Масалан бигуем: «Кош ақрабаки замон дақиқае чанд аз ҳаракат боз меистод, то чанд нуктаи муфиди дигарро бозгу кунем», ё байте:

Шарҳи ин ҳиҷрону ин хуни ҷигар,

Ин замон бигзор то вақти дигар.

БАРХУРДОРӣ АЗ УСУЛИ НАҚД ДАР СУХАНВАРӣ

Сухансанҷӣ ё ки дар истилоҳи ғарбиҳо «критик» яъне рой задану сабуку вазнин кардан аст. Дар адабиёти ғании ҷовидонии форсӣ аз дер истилоҳоти «нақди шеър», «нақдулнаср» ё «қарзулшеър» ва «қарзулнаср» ва «ноқид» маъмул аст.

Мутаассифона, дар назари бештар муосирон «нақд» ба маънии хурдагирӣ, айбҷуйӣ ва бадгуйӣ ба кор меравад. Дар сурате ки нақд, яъне: сара (холис)-ро аз носара (махлут) ҷудо кардани хубиҳо, бадиҳои асареро дар ду паллаи тарозуи дониш дар сурате ки паллаи хубӣ бар бадӣ бартарӣ нишон дод, онро муфиду мақбул шинохтан ва дар ғайри ин сурат, бесуду бефоидааш пиндоштан аст.

Мунаққид (ноқид) бояд вуҷудан пок ва орӣ аз ҳар гуна дустӣ ва душманӣ, навишта ё гуфторро дар тарозуи санҷиш қарор диҳад. Айбҳоро ҷудо кунад, ҳуснҳоро интихоб намояд ва пас аз он ҳукми қатъии ахлоқӣ содир кунад.

Дар кишвари мо дар қарнҳои гузашта нақди иҷтимоӣ дар осори адабӣ бештар аз забони ҳайвонот (монанди «Калила ва Димна» ё «Муш ва Гурба»-и Убайди Зоконӣ) таҷассум гардида, бар зидди иддае зуроварону таҷовузкорон будааст.

Дар нақди осори адабӣ маъмулан соҳибони тазкира ҳамаи суханваронро (дар арсаи балоғат) яккасавори майдони забоноварӣ ба ҳисоб оварда ва зимни баёни зиндагӣ гуяндае, ки он гуна васфаш кардаанд, боз илова намудаанд: «Мутаассифона, шеъре аз у ба даст наомад», ғофил аз он ки агар дастбурди хазон баргҳои эҷодиёти шоириро резонида бошад, бар асари камаҳамиятии шеъри у будааст, вагарна муҳол аст, ки шеъри хуб дар хонаи дилҳо ҷой нагирад ва гардиши рузгор битавонад қалами бутлон бар гуфтаҳои муассири шоир бикашад.Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тусӣ дар ин маврид барҳақ фармуда:

Биноҳои обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Намирам аз ин пас ки ман зиндаам.

Ки тухми суханро парокандаам.

Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,

Пас аз марг бар ман кунад офарин.

Мутаассифона, ҳама маъмулан, аз нақд меҳаросанд ва ҳаргиз намехоҳанд касе бо диққат арзиши аслии асарашонро маълум кунад ва роҳи рост нишон диҳад, дар сурате ки нутқ ё навиштаи ашхос агар дар маърази санҷишу ташхис норасоиҳо қарор нагирад, ҳаргиз сухан камол нахоҳад пазируфт.

Суханвар бояд пас аз эроди нутқ, ҳатто рузҳои пеш аз он омодаи нақд бошад, пурсишҳои эҳтимолиро, ки мумкин аст дар поёни ҳар хитоба ба амал ояд, дар назар бигирад ва посух таҳия бикунад, манбаъҳои гуфтаҳои барҷастаро фаромуш нанамояд. Аз ҷониби худ бедалел зимни сухан аз касе хурдагирӣ накунад, зеро агар худ дар матлабе мушкилие дошта бошад, чӣ гуна метавонад дигаронро иршоду аз душвориҳо осуда ва эмин бошад.

РАНГОРАНГИИ МАТЛАБ, ПАРҲЕЗ АЗ ЯКНАВОХТӣ ВА ЗИКРИ СУХАНИ НАВ

Бо диди куллӣ санъати суханвариро аз се омили муҳим иборат медонем: шахсияту суханрониҳои

сухангуй, равиши баён ва роҳу расме, ки дар эроди матолибе ба кор меравад ва суханоне, ки дар паси гуфтор нуҳуфта аст.

Ҳар гоҳ ду омили нахуст, чунонки шоиста ва сазост, дар суханвар мавҷуд бошад, дигар омилҳо тариқи пушида аст, зеро шахсияти табиъии нотиқ таҳти тасарруф қарор дорад.

Ҳамаи шумо хондани ғазал аз Ҳофиз ё Саъдиро аз ду шахс дида ва шунидаед ва ё дар иҷрои ду санъаткори асил. Он ки дар хондани абёт мавриди назар аз завқи солиму эҳсоси асил кумак мегирад, ба арзиши сурудаи гуянда меафзояд ва роҳҳои нуфузро дар дилҳо мекушояд ва ба ибораи дигар, ҷони тозае ба сухани гуянда медиҳад, вале дигаре камтар аз хубиҳои манзумаро бо лаҳни нохушоянд ва дурӣ аз қоидаҳои забонӣ, хондани нодуруст бар ҳадар медиҳад. Шояд ба ҳамин ҷиҳат аст, ки шоирони барҷаста дар қарнҳои гузашта барои худ «ровӣ» интихоб мекарданд ва уро дар мукофоту бахшишҳо шарики саҳмгузоранда мешумориданд. Шайх Саъдӣ гуфтааст:

Зи ровӣ чунин ёд дорам хабар,

Ки пешаш фиристод тунге шакар.

Бинобар ин, аҳамияти рангорангии баён дар матолиби суханронӣ, зеру бам кардани оҳанги калимот ва мафҳуму мавзуъҳо ошкор мегардад. Гумон меравад, ки касоне якнавохт ва бидуни ин тағйири оҳанге сухан мегуянд ва аз ба кор бурдани ифодаҳои нағзу бикр дар назари ҳозирон кутоҳӣ мекунанд, дар ҳақиқат, нақши муҳиме надоранд. Чунин ашхос набояд интизори муъҷиза аз суханронии худ дошта бошанд ва фикр кунанд, ки шунавандагон баъд аз шунидани суханронии онҳо сахт шефта ва маҷзуби гуфтори онон хоҳанд шуд.

Сухани равону фасеҳ ва табиӣ бешак, дилпазир бошад. Ҳар гоҳ сухан мухталиф бошад, ҷолиб хоҳад буд. Агар якнавохту дилгиркунанда ва якмаром бошад, малолатангез аст. Яъне, гоҳ хабар бошад, гоҳ иншо, баъзан вақт шеър ё масале, ҳикоёте дар зимни калом бар ҳасбу ҳоли муносиб эрод шавад ва замоне ҳазлу шухӣ ва зарофат ба миён орад, ҳамчунин аз воситаҳои тасвир: ташбеҳу кинояву истиора ва маҷозу талмеҳ ба кор барад.

Дар наср низ чунин аст. Басо навиштаҳои нависандагонеро дидаем, ки чун сатре ё маъние навиштаанд, албатта, шеъре ё масале ё ҳадисе форсӣ ё арабӣ барои далели фикр овардаанд.

Аз бисёр хурдани хурокҳое, ки чарбӣ ва ширинӣ дорад, бояд парҳез кард, зеро зуд табъро бизанад ва мизоҷро табоҳ гардонад.

Лафзро бояд тобеи маънӣ қарор дод, на маъниро тобеи лафз. Лафз барои маънӣ ҳамчун тан аст баҳри ҷон ё хирқа барои тан. Агар ҷон набошад, тан ҳар қадар зебо бошад, мурда аст, аз у коре барнамеояд. Тан низ агар зишт ё ранҷур, ноқис бошад, ҷомаи ороста барои у беҳуда ва носоз аст ва дар ин маврид Шайх Саъдӣ мефармояд:

Марде, ки ҳеч ҷома надорад ба иттифок,

Беҳтар зи ҷомае, ки дар у ҳеч мард нест.

Падармурдаро соя бар сар фикан,

Ғубораш бияфшону хораш бикан.

Чу бинӣ ятиме сарафканда пеш,

Мадеҳ буса бар руйи фарзанди хеш.

Ятим ар бигиряд, кӣ нозаш харад?

В-агар хашм гирад, кӣ бораш барад?!

Ба раҳмат бикун обаш аз дида пок,

Ба шафқат бияфшонаш аз чеҳра хок.

Агар сояе худ бирафт аз сараш,

Ту дар сояе хештан парвараш.

Ман он гаҳ сари тоҷвар доштам, Ки сар дар канори падар доштам.

Агар дар вуҷудам нишастӣ магас, Парешон шудӣ хотири чанд кас.

Кунун душманон гар барандам асир,

Набошад кас аз дустонам насир,

Маро бошад аз дарди тифлон хабар,

Ки дар тифлӣ аз сар бирафтам падар.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *