Фанни Сиёсатшиноси

Сиёсат ва муносибатҳои иҷтимоӣ

Яке аз масъалаҳое, ки илмхои гуманитарӣ ва чамъиятиро бештар фаро гирифтааст масъалаи пайдош ва инкишофи илми сиёсатшиносӣ чун илми мустақил ба шумор меравад. Сиёсат дар қатори дигар муносибатҳои ҷамъияти ба монанди иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт дар дараҷаи эътирофи умум қарор дорад. Сиёсат дар замони мо ба талаботи кулли одамон табдил ёфтааст. Одамон новобаста аз фаъолияти худ ба сиёсат ҳамаруза ворид мегарданд. Муҳокимаронӣ ва хулосабарорӣ менамоянд. Пас худи мафхуми «Сиёсат» чист? Дар забони муоширати дуняви онро чун калимаи политика истифода менамоянд. Яке аз асосгузори мафхуми «Политика » Афлотун ба ҳисоб меравад, ва аввалин асари сиёсии ӯ номи « Сиёсат»-ро дорад. Дар асари худ Афлотун сиёсатро санъати идоракунии давлат ва одамон номидааст. Асосан мафхуми «Политология» аз ду калимаи юнони-«Politi» тартиботи сиёсӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон, тарзи амали гардонидани ҳокимият ва « Loqos»-дониш иборат мебошад1.

Дар маънои васеътар сиёсат фаъолияти одамонро дар назар дошта мешавад, ки бо муносибати синфҳо, миллатҳо ва дигар гуруҳҳои иҷтимои алоқаманд буда, максади он ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифода бурдани ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Омилхои муҳими сиёсат гуруҳҳои иҷтимои, этникию миллх ба шумор рафта, манфиатхои онхоро ташкилотхои сиёсӣ, инситутҳои давлатию

ғаири давлатӣ, ҳаракатҳо ва сарварӣ ифода мекунанд. Аз тарафи мутафаккирони адабиёти сиёсӣ сиёсатро илм ва санъат меноманд. Сиёсат аз он сабаб илм дониста мешавад, ки аз ҳамон вақте инсон қонунҳои инкишофи ҷомеаро дарк намуд, аз ҳамон вақт сар

карда роҳи пешрафти ҳаёти сиёсии ҷамъиятро ба фоидаи худ равон кард. Сиёсатро барои он санъат мегӯянд, ки инсон тавассути он бо тарафҳои субъективии хаёти ҷамъияти сарукор дорад. Аз ин лиҳоз инсонро зарур аст, ки дар раванди хаёти сиёсӣ аз шаклу усулҳои гуногуни сиёсӣ истифода барад.

1Политология «Энциклопедический словарь»М.,1993 с.251

Таркиби сиёсат аз чунин ҷузъҳо иборат мебошад:

*муносибатҳои сиёсӣ: шаклхои алоқамандии субъектҳои сиёсат-розигӣ, ҳамкорӣ, мухолифатҳо, идоракунӣ ва итоатнамой дар байни иштирокчиёни хаёти сиёсӣ;

*ҳокимияти сиёсӣ: қобилият ва имкониятҳои бор кардани иродаи худ бар дигарон;

*ташкилотҳои сиёсӣ; кулли институтҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки манфиатҳои шахс, табақаҳо ва гуруҳҳои этникии ҷомеаро ифода мекунанд.;

*маданияти сиёсӣ: шакли муносибатҳое, ки ҳамчун руйдоди сиёсӣ ба амал меоянд;

*шуури сиёсӣ: психологияи сиёсӣ ва идиологияи сиёсӣ, сабаби иштироки сиёсӣ;

Сиёсат хамчун падидаи муҳими ҷамъиятӣ метавонад нақшҳои муайянро иҷро намояд. Сиёсат пеш аз ҳама чун воситаи ташаккул додани муносибати байниҳамдигарии унсурони системаи сиёсии ҷомеа: давлат ва сохторҳои гуногуни он, ҳизбҳои сиёсӣ, шаклҳои

гуногуни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ баромад мекунанд. Дар такмили додани муносибатҳои баиниҳамдигарии синфҳо, гуруҳҳои иҷтимӣ, маргиналии, умумиятхои этникӣ ва дигар чузъиётҳои таркиботи иҷтимоии ҷомеа нақши муҳим мебозад ва муносибати онхоро оид ба ҳокимият рушан мегардонад.

Сиёсат чун яке аз категорияҳои муҳими сиёсатшиносӣ вазифаҳои мушаххас дорад:

*Вазифаи(дуруст ва асосии) сиёсат. Моҷароҳо ва зиддиятҳоро ба таври оқилона ҳал намуда, пеши роҳи онҳоро мегирад.

*Вазифаи идоракунӣ ва ба низомдарорӣ. Сиёсат на фақат манфиатҳои гуруҳҳои гуногуни ҷамъиятро ифода мекунад, балки ба воситаи қабули қарорҳои сиёсӣ ба фаъолияти онхо таъсир мерасонад.

*Вазифаи гуманитарӣ. Ин вазифа ҳамон вақт амалӣ мегардад,ки дар ҷомеа сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳми ҳукумрон ва ҳуқуқу озодиҳои шахс таъмин карда шавад.

*Вазифаи иҷтимоии сиёсат. Сиёсат имконияти васеъ медиҳад, ки манфиатҳои гуруҳҳои калони иҷтимои ва фардӣ таъмин карда шаванд. Сиёсат бояд ҳама вақт манфиати кулли одамонро ифода намояд ва оҳиста-оҳиста характери иҷтимоӣ гирад.

*Вазифаи сафарбарнамои. Фаъолияти аъзои ҷамъиятро баҳри он равона менамояд, ки дар ҷомеа тамоми имкониятҳо барои баланд шудани фаъолияти сиёсии одамон муҳайё карда шавад ва давлат характери ичтимоӣ гирад.

*Вазифаи таъмини якпорчагӣ ва устувории чомеа. Сиёсат лоиҳаи инкишофи ояндаи ҷомеаро кашида, манбаъхои ҳалли онро ҷустуҷӯ менамояд.

Ҳамин тариқ, сиёсат танҳо худ вуҷуд надорад. Ҳадафҳои он хеле гуногун мебошад, ки асоси онро пеш аз ҳама сиёсати давлатӣ ташкил менамояд.

Сиёсати давлатӣ чунин масъалаҳоро иҷро менамояд:

* гузориши масъалаҳои муҳим, муайян намудани мақсадҳои наздик ва

дурнамо, ки бояд дар фосилаи муқарршудаи вақт ҳал карда шаванд;

* ба вуҷуд омадани услуб, восита, шаклҳои фаъолияти ҷамъиятӣ ва ташкилотҳое, ки бо ёрии онхо вазифаҳои ба миён гузошташуда ба осони ҳал карда мешаванд;

* интихоб ва ҷобаҷогузории кардҳое, ки ба фаҳмидану иҷрои вазифаҳои гузошташуда қодиранд.

Сиёсат ба ду навъи асоси: дохилӣ ва хориҷӣ тақсим мегардад. Мақсади ин навъҳои сиёсат ягона буда, онҳо ҳамчун воситае барои нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани системаи муносибатҳои ҷамъиятии мавҷуда амал менамоянд. Сиёсати дохилӣ бо хосиятҳои худ самтҳои асосии сиёсати берунаро муайян менамояд. Дар навбати худ сиёсати беруна ба сиёсати дохилӣ таъсир мерасонад ва ҳатто дар мавриди муайян метавонад самти инкишофи онро дигаргун созад. Хусусияти асосии сиёсати дохилӣ он аст, ки давлат инҳисори ҳокимиятро дорад ва нисбати тамоми субъектҳои дохили онро истифода карда метавонад. Сиёсати берунӣ бошад ин ҷиҳатро надорад, муносибаҳои мамлакатҳо ҳар хел ба амал меоянд ва ҳамаи онҳо баробарҳуқуқанд.

Сиёсати дохилӣ самтҳои асосии фаъолияти на танҳо давлат, балки тамоми унсурони системаи сиёсӣ, равандҳо ва муносибатҳои сиёсиро дарбар мегирад. Вобаста ба соҳаи муносибатҳои ҷамъиятӣ

сиёсат дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад. Аз ҷумла, сиёсати иқтисодӣ, сиёсати иҷтимоӣ, сиёсати фарҳангӣ, сиёсати миллӣ ва ғаира.

Барои ба моҳият ва хусусиятҳои сиёсат сарфаҳм рафтан дарки масъалаҳои муҳими объект ва субъекти он аз аҳамият холӣ нест.

Мафҳуми «объект» аз калимаи лотинӣ objektum гирифта шуда, маънои предметро дорад. Объект ин предмети маърифат ва фаъолияти инсон аст.

Мафҳуми «субъект» низ калимаи лотинии subjekum гирифта шуда, дар маъноҳои гуногун истифода мегардад. Ба мафҳуми субъекти сиёсӣ иштирокчиёни ҳаёти сиёсие дохил мегарданд, ки қобиланд мақсадҳои сиёсии худро муайян намуда, барои амали шудани онҳо кушиш намоянд. Ба субъектҳои сиёсат давлат, ҳизбҳо, сарварони миллатҳо, интихобкунандагон, синфҳо, дохил мешаванд. Дар ҳолате шахс, муассисаю ташкилотҳо, умумиятҳои иҷтимою сиёсӣ ва унсурони дигар ба сифати субъекти сиёсат шинохта мешаванд, ки қобилияти эҷодӣ сиёсатро дошта бошанд.

Муҳимтарин объекти сиёсатро мавҷудият ва амали фаъоли зиддиятҳо ва масъалаҳои гуногуни ҷомеа ташкил медиҳанд. Зиддиятҳо тамоми масъалаҳои ҷомеаро фаро мегирдад. Яке аз шаклҳои маъмули зуҳуроти объекти сиёсат ҳокимият мебошад. Субъектҳои сиёсат бештар руи ба ҳокимият меоранд. Зеро ҳокимият ба сифати воситаи муҳимтарин ва дар бисёр ҳолатҳо, ягонаи амалигардонии мақсадҳо мебошад.

Дар илми сиёсатшиносӣ субъектхои сиёсӣ ба якчанд намуд ҷудо мешаванд:

  • Гурӯҳҳое, ки бевосита дар хаёти сиёсӣ иштирок менамоянд: давлат ҳизбҳо, сарварон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ,
  • Гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ(синфҳо,табақаҳо)дохил мегарданд,
  • Гурӯҳҳои хурде дохил мегарданд,ки дар дохили аппарати идоракунии давлат ва хизбҳо ҳастанд,вале онҳо барои қабули қарори сиёсӣ қобилият ва имконияти реалӣ надоранд.

Иштирокчиёни амалиёти сиёсӣ ба се намуд тақсим мешаванд: иҷтимоӣ, синфӣ, ҳудудӣ ва умуиятҳои манфиатдор. Ба намуди

иҷтимоӣ-синфи буржуазия, синфи коргар, дехконон, ба тариқи муосир

синфҳои олӣ, миёна ва поёнӣ мансубанд.

Асоси умуиятҳои ҳудидро наздикии умумиятҳои ҷуғурофӣ ва таърихӣ ташкил менамоянд. Арои мисол миллатҳоеро овардан мумкин аст, ки аз ҷихати маданӣ, забон ,таърих, анъанахо ва урфу одатҳо ба якдигар наздиканд. Гурӯҳҳои манфиятдор бо роҳҳои гуногун ташаккул меёбанд, пеш аз ҳама дар асоси мафиатхои касбӣ.

Таъсиррасонии реалии бо ҳам алоқаманди субъекти сиёсат дар рафти инкишофи раванди сиёсӣ ба амал меояд.

Муносибатҳои сиёсӣ — ин муносибати байни субъекти сиёсат оиди масъалаи хокимияти сиёсӣ ва амалишавии он мебошад.Муносибатҳои сиёсӣ дар қатори муносибатхои иҷтимоӣ, иктисодӣ дар ҷомеа нақши мухимеро мебозанд. Мазмуни раванди инкишофи муносибатҳои сиёсӣ гуногунҷабха буда, чунин масъалаҳоро дар бар мегирад: кор кардани таълимоти назариявӣ ; ташаккули фикри умум дар бораи номзадхо ба интихобот; ташкил намудани структурахои нави идракунии ҷомеа. Инчунин раванди сиёсӣ манбаъхои худро дорад ба монанди дониш, воситахои молиявию техникӣ, авзои умум, идеология ва вазъи умумии ҷомеа.

Дар ҷомеа дар як вақт метавонад равандҳои бунёдкорӣ ва вайронкорӣ амал намояд, ба монанди кризисҳои иқтисодӣ ва ҳукуматӣ. Раванди инкишофи муносибатҳои сиёсӣ аз ду намуд

иборатан: раванде, ки асоси моҷароҳои иҷтимоӣ пайдо мешаванд ва равандҳое, ки сиёсии оштинопазире, ки бар байни субъектхои сиёсӣ ба амал меояд.

Оид ба моҷароҳои сиёсӣ як қатор мутафаккирон назарияҳои худро баён намудаанд. Ба монанди З.Фрейд, Т.Парсонс, Р.Даренфорд. Моҷароҳо , агар ба таърих назар намоем доимо дар

шаклҳои гуногун дар ҷомеаи инсони вуҷуд доштанд. Даренфорд моҷарро зарурияти табиӣ ва омили пешравии ҷамъият мешуморад. З.Фрейд моҷароро рафтори бешууронаи инсони меҳисобид.

Шаклҳои намоёни мочароҳои сиёсӣ инхоянд: инқилоб, исьён, шуриш, ҷанги шаҳрвандӣ.

Хулоса, сиёсатшиносӣ ҳамчун ил ва «сиёсат» категорияи муҳими ин фан ба институтҳои сиёсии ҷомеа, гурӯҳҳои калони иҷтимоӣ, этникӣ ва шахсони алоҳида имконият медихад, ки дар раванди дигаргунсозиҳои ҳаёти сиёсии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд ва дар таҳкими ҷомеа ҳисса гузоранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *