Саволҳои ТестиФанни Сиёсатшиноси

Тест аз фанни сиёсатшиноси бо чавобхояш

1.

Низоми ташаккули сиёсатро тавсиф намоед;

A) замоне, ки зиддиятҳои байни одамон афзояд, зарурат ба танзими рафтору кирдори одамон ба миён меояд;

B) замоне, ки ташкилотҳои сиёсӣ пайдо шаванд ва ба муборизаи сиёсӣ машғул гарданд, зарурат ба танзими рафтору кирдори одамон ба миён меояд;

C) вақте ки ҳизбҳои сиёсӣ ташаккул ёбанд, зарурат ба танзими рафтору кирдори одамон ба миён меояд;

D) баробари пайдоиши давлат сиёсат пайдо мегардад;

ОтветE) сиёсат дар ҷое пайдо мегардад, ки ризоияти табиии байни одамон халалдор гардида, зарурат ба танзими рафтору кирдори одамон ба миён меояд;

2.

Дар ҷомеаи сиёсӣ зистан ва аз сиёсат дар канор будан мумкин аст?

ОтветA) не. Дар бораи сиёсат муҳокима рондан аллакай одамонро вориди сиёсат мегардонад. Одамон новобаста аз хоҳишашон ба низоми сиёсии ҷомеа худро мутобиқ менамоянд;

B) бале, одамон новобаста аз хоҳишашон ба низоми сиёсии ҷомеа худро мутобиқ менамоянд;

C) дар бораи сиёсат муҳокима рондан аллакай одамонро вориди сиёсат мегардонад;

D) дар бораи сиёсат муҳокима рондан аллакай одамонро вориди сиёсат гардонида наметавонад;

E) одамон вобаста ба хоҳишашон ба низоми сиёсии ҷомеа худро мутобиқ менамоянд;

3.

Арасту дар кадом асараш инcонро моҳиятан мавҷудоти сиёсӣ меномад?

A) дар «Политияи афиниягӣ»;

ОтветB) дар «Сиёсат»;

C) Дар «Давлат»;

D) дар «Қонунҳо»;

E) дар «Синфи ҳоким»;

4.

Дар Юнони Қадим мафҳуми «Политика» («Сиёсат») –ро дар кадом маъно мефаҳмиданд?

A) дар маънои идораи ҷомеа;

B) дар маънои идораи ҷомеаи ғуломдорӣ;

ОтветC) дар маънои санъати идораи давлат;

D) дар маънои сарварӣ;

E) дар маънои роҳбарӣ ба корҳои хоҷагидорӣ;

5.

Дар кишварҳои Шарқ бештар кадом шакли фаҳмиши мафҳуми «сиёсат» маъмул буд?

A) сиёсатро дар маънои идоракунӣ мефаҳмиданд;

B) сиёсатро дар маънои боваркунонӣ мефаҳмиданд;

C) сиёсатро дар маънои тарзи муносибат мефаҳмиданд;

ОтветD) сиёсатро, аслан дар маънои зӯригарӣ мефаҳмиданд;

E) сиёсатро дар маънои роҳбарӣ мефаҳмиданд;

6.

Консидеран сиёсатро чӣ тавр таъриф додааст?

A) ҳамчун маҷмӯи ақидаҳо ва назарияи байни худ дар ҳолати ҷангбуда, медонист;

B) системаҳои гуногуни маъмурию давлатӣ, ки яке аз дигаре мартабаи вазириро баҳри манфиати миллат мерабояд, дарк намуда онро сиёсат маънидод кардааст;

C) системаҳои маъмурӣ, ки мартабаи вазириро баҳри манфиати миллат мерабояд, ин яке аз дигаре мартабаи вазириро баҳри манфиати миллат мерабояд;

D) ҳамчун маҷмӯи ақидаҳои байни худ дар ҳолати муқовимат карор дошта, ки яке аз дигаре мартабаи вазириро баҳри манфиати миллат мерабояд;

ОтветE) ҳамчун маҷмӯи ақидаҳо ва назарияи байни худ дар ҳолати ҷангбуда ва принсипҳои асосии ҳукумат ё системаҳои гуногуни маъмурие медонист, ки яке аз дигаре мартабаи вазириро баҳри манфиати миллат мерабояд;

7.

М.Вебер сиёсатро чӣ тавр таъриф додааст?

A) кӯшиши иштирок дар идоракунӣ медонист;

B) кӯшиши иштирок дар раванди таъсиррасонӣ ва қабули қарори сиёсӣ шарҳ додааст;

C) муборизаи байниҳамдигарии ҳизбҳои сиёсӣ барои давлат;

D) муборизаи байниҳамдигарии одамон барои мақоми иҷтимоӣ;

ОтветE) кӯшиши иштирок намудан дар ҳокимият ё таъсир расонидан дар тақсимоти ҳокимият, хоҳ байни давлатҳо ва ё хоҳ дар дохили давлат байни гурӯҳи одамон мебошад;

8.

К.Опалек сиёсатро чӣ тавр таъриф додааст?

A) сиёсат фаъолиятест, ки маркази қабули қарор ба амал мебарорад;

B) сиёсат фаъолиятест, ки бо ёрии воситаҳои муайян равона намудааст;

C) сиёсат фаъолиятест, ки маркази қабули қарори гурӯҳӣ ба амал мебарорад;

ОтветD) сиёсат фаъолиятест, ки маркази қабули қарори гурӯҳӣ (ташкилоти расмии ҷамъиятӣ) барои амалӣ гардонидани мақсадҳои гузошташуда бо ёрии воситаҳои муайян равона намудааст;

E) сиёсат фаъолиятест, ки маркази қабули қарори гурӯҳӣ ба он муқовимат дорад;

9.

Таърифи марксистии сиёсатро баён намоед;

A) сиёсат — ин корҳои давлатӣ ва ҷамъиятиест, ки ба муносибатҳои байни синфҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ алоқаманд аст;

B) сиёсат — ин корҳои давлатӣ ва соҳаи фаъолият аст;

ОтветC) сиёсат — ин корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, соҳаи фаъолиятест, ки ба муносибатҳои байни синфҳо, миллатҳо ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ алоқаманд буда, асоси онро масъалаҳои ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифодаи ҳокимияти давлатӣ ташкил медиҳанд;

D) сиёсат соҳаи фаъолиятест, ки ба муносибатҳои байни синфҳо, миллатҳо ва дигар гурӯҳҳоииҷтимоӣ алоқаманд буда, асоси онро масъалаҳои ба даст овардан, нигоҳ доштан ва истифодаи ҳокимияти давлатӣ ташкил медиҳанд;

E) сиёсат — ин корҳои давлатиест, ки ба муносибатҳои байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ алоқаманд буда, асоси онро масъалаҳои истифодаи ҳокимияти давлатӣ ташкил медиҳанд;

10.

Асосҳои методологии муносибати марксизм ба сиёсатро маънидод намоед;

A) муносибати ҳуқуқӣ ба ҳодисаҳои сиёсиро рад намуда, дар заминаи таълимоти диалектикӣ ҳодисаҳоро маънидод менамояд;

ОтветB) муносибати шаклию ҳуқуқӣ ба ҳодисаҳои сиёсиро рад намуда, дар заминаи таълимоти диалектикаи материалистӣ раванду ҳодисаҳоро маънидод менамояд;

C) муносибати шаклӣ ба ҳодисаҳоро эътироф намуда, дар заминаи таълимоти диалектикаи материалистӣ раванду ҳодисаҳоро маънидод менамояд;

D) муносибати шаклию ҳуқуқӣ ба ҳодисаҳои сиёсиро эътироф намуда, раванду ҳодисаҳоро маънидод менамояд;

E) дар заминаи таълимоти позитивизми марксистӣ раванду ҳодисаҳоро маънидод менамояд;

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *