Фанни Сиёсатшиноси

Сарвари сиёсӣ ва элитаи сиёси

Сарвари сиёсӣ ва элитаи сиёси

Нақша:

  1. Мафҳуми пешво, табиат ва моҳияти пешвогӣ.
  2. Вазифаи сарвари сиёсӣ.
  3. Бузургони фарҳангӣ оид ба сифатҳои сарвар.

Дар сиёсатшиносӣ доир ба мафҳуми сарвар, пешво, доҳӣ, лидер, ин ҳама синоними ҳамдигаранд, ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад, ки агарчӣ дар вақтҳои охир истилоҳи «лидер» — ро бештар истифода мебаранд.

Лидер, ки лафзи инглисист ва маънии пешбаранда, идоракунандаи шахсони дигарро дорад, аз он хотир бештар қобили истеъмол аст, ки гӯё маҳз ҳамин мафҳум, нақш, ҷо ва вазифаи онро аниқ инъикос менамояд. Синонимҳои ин калима дар забони тоҷикӣ бо мафҳумҳои пешво, доҳӣ сарвар маъмул буда, дар гуфтугӯҳои муқаррарӣ бештар калимаи сарвар ва ё роҳбарро истифода менамоянд. Аз мавқеи истифодабарӣ ва оҳанги талаффузи ин мафҳум бармеояд, ки сарвар касест, ки гурӯҳ ё синф, ё гурӯҳҳою синф ва дигар табақаҳои ҷамъиятро баҳри иҷрои амале ҳидоят намуда, барои онҳо роҳу равиш ва таҳлили ҳалли он амалро нишон дода, аз қафои хеш баҳри ҳадафи ниҳоӣ роҳбарӣ менамояд.

Чун масъалаҳо дар ҳаёти ҷомеа хеле бисёр ва мураккабанд, дар ҳар марҳилаи мушаххаси ҳаёти ҷамъиятӣ одамон ба масъалаҳои нав ба наве дучор меоянд, ки пештар ба онҳо ошно набуданд, шахсе ё нафаре лозим меояд, то мушкилкушои ин гиреҳ бошад.

Ҷомеаи башарӣ бошад ҳамеша дар сари вақт чунин гиреҳкушоёнро ба майдон меорад. Бесабаб нест, ки аксари мутлақи сиёсатшиносон вобаста ба иҷрои нақш, яке «таъсир», дигаре

«идоракунӣ», сеюмӣ «қабули қарор» ва бархе «навоварон»-ро ба унвони пешвоӣ пешниҳод месозанд.

Аслан сарвар бешак таҷассумгари таъсиррасонӣ, идоракунӣ, қарорқабулнамоӣ ва навоварӣ буда, ин сифатҳо онро аз дигар шахсон фарқ мекунад.

Роҳбари сиёсӣ чун шахси бо эътибори ин ё он гурӯҳ, ташкилот ё тамоми ҷамъият бояд ҳамеша ба ҳайси мутаҳидкунандаи одамон, ҳимоятгари манфиати онҳо, ташаббускори навсозии ҳаёти ҷомеа ва ташкилотчии фаъолияти одамон баромад намояд, зеро рисолати сарвар пеш аз ҳама аз ҳамин иборатанд.

Доир ба пайдоиши пешвоҳо назарияҳои гуногун вуҷуд дорад, ки маъмултаринашон инҳоянд.

а) назарияи хусусияти пешво. Пешво касе мешавад, ки дорои хусусиятҳои махсус (меҳнатдӯстӣ, боҷасоратӣ, навовар, ташкилотчӣ ва рӯҳи эҷодкорӣ) дошта бошад.

б) назарияи вазъият. Сифатҳои пешвоӣ нисбианд ва барои ҳар кас вазъияти муайяне бояд мусоидат намояд, вай лаҳзаро дуруст ба ҳисоб гирифта тавонад ва тибки он амал созад.

в)Назарияи рикобдорони шоҳсозанда. Мустақилан сарвар намешаванд. Пешвои муносибу заруриро ҷустуҷӯ карда ёфта, дар курсии мансаб мешинонанд.

г) Назарияи равонӣ. Аз рӯи назарияи Фрейд инсонро машғулияти бешууронаи шавқу ҳавас идора месозад. Одамоне ҳастанд, ки ҳамин ҳавасро пахш месозанд. Чунин навъҳои сарварон дар сиёсат вомехӯранд, ки:

1. Аз рӯи тарзи тасдиқи пешвоӣ дар гурӯҳ ё ташкилотҳо, лидерҳо ду хеланд: а) расмӣ; б) ғайрирасмӣ.

  1. Аз рӯи тарзи қонуният се хеланд: а) аньанавӣ; б) ошкоро – ратсионалӣ; в) харизматикӣ.
  2. Аз рӯи услуби роҳбарӣ ва идоракунӣ: а) авторитарӣ: б) либералӣ; в) демократӣ.
  3. Аз таьиноташ: а) пешво – байрақдор; б) пешво – хизматгор; в) пешво- савдогар; г) пешво- сӯхторхомӯшкунак.
  4. Аз рӯи услуби рафтори равонӣ: а) параноидӣ – девонаавзо б) намоишгар в) импулсивӣ г) депресивӣ, шизоидӣ.

Тавсифи ин гуна пешвоёнро сиёсатшинос Л.М. Куликов чунин нишон додааст: девонабашара. Барои ин қабил сарварон чунин сифатҳои рӯҳӣ хос аст: бадгумонӣ, нобовари нисбат ба дигарон, назорат намудани онҳо «ба худӣ ва бегона ҷудо кардан ташнаи доимии ҳокимият, кӯшиши пахш намудан ва ё паст задани сиёсатдорони дигар, нуқтаи назари дигаронро қабул накардан: (Иван Грозний 1530 – 1584), (Сталин И. В.)

ПЕШВОИ НАМОИШКОР – артист. худнамоишдиҳиро дӯст медорад, худхоҳӣ, ташнаи дар маркази диққати дигарон будан, аз таъриф зуд аз худ меравад, танқидро тоқат накарда, мардумро аз қафои хеш бурда тавонад ҳам қобилияти кори саркардаашро то охир расонидан надорад. (Александр Керенский 1881-1970. Тротский 1879-1940).

ПЕШВОИ КОМПУЛСИВӢ. – (аълохон). Вай новобаста ба имкониятҳо кӯшиш мекунад, ки ҳама корро ба дараҷаи аъло иҷро кунад, бағоят пухтакор, ба меъёрҳо вобаста ва ҳангоми амал сабуку нарм нест: карахт буда, аз принсипҳо ба душворӣ мегузарад: (Брежнев Л.И.).

ПЕШВОИ (ДЕПРЕССИВӢ). Афзудаҳол соҳибихтиёр нест ва қобилияти пешравӣ надорад, барои ҳамин ба онҳое, ки сиёсат ронда метавонанд, ҳамроҳ мешаванд. Вай аксаран аз ҳаёт қафо монда, рӯҳафтода мешавад. (Эҳтиёткор) (Николаи 1(1868-1918).

ПЕШВОИ ДАРХУДРАФТА – (шизоидӣ). Вай ҳамчун мушоҳидакори бегона, танҳо худро ба хотир гирифта, эҳтиёткорона ҳама чизро дақиқ месанҷад, то хато накунад (Ленин).

Симо ва сифати сарвар аз қадимулайём диққати аҳли фарҳангро ба худ ҷалб карда, ҳар кадом мутафаккир вобаста ба талаботи замон ва шароитҳои таърихӣ пешворо ба таври худ дидан мехостанд.

Қариб ҳама бузургони фарҳангӣ аз Конфуций, Буддо, Зардушт, Геродоту Плутарх то қарни бист изҳори ақида кардаанд. Шахсияти сардор дорои чунин сифатҳои воло бошанд. Подшоҳ бояд ҳоҷатбарори мардум, фурӯтан, ботамкин будан, қавиирода, ҳушёр, парҳезкор, ва бофаросат бошад.

Аз гуфтаҳои боло аён гашт, ки сарвари давлат, ҳақиқатпараст, боадолат, боинсоф, бо меҳру шафқат, дурандеш, оқилу донишманд, қавиирода буда, ғамхори мардум бошад, мардумро баҳри пешрафти устувории ҷамъият муташаккил гардонида тавонад. Ба нооромию беадолатӣ роҳ надиҳад. Ба чоплусону ришвахӯрони дар атрофаш буда, беамон бошад, то ки сарвару ҳокимияташ дар назари халқ бо бадномӣ «шӯҳрат» наёбад. Онро хуб донад, ки сабукфикрӣ, ришвагарӣ, боэътиноӣ нисбат ба эҳтиёҷи аҳли заҳмат ҳаргиз боиси босуботии ҷомеа ва пешрафти он нахоҳад гашт.

Адабиёт:

  1. Философские науки: 1991, № 8. стр. 87-94.
  2. Современная западная социология (словарь). — М. 1990, стр. 159.
  3. Унсурмаолии Кайковус. «Насиҳатнома». – Душанбе, 1987.
  4. В.П. Пугачев, А.И. Соловьев. Введение в политологию (уч. Для вузов) М. 2000г.
  5. Г. Зокиров. Сиёсатшиносӣ. Китоби дарсӣ. — Душанбе – 1995 с.
  6. А. Муҳаббатов. Сиёсатшиносӣ. Дастури таълимӣ. 2000с.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *