Фанни Сиёсатшиноси

Ҳокимияти сиёсӣ

Ҳокимияти сиёсӣ

Нақша:

  1. Пайдоиш ва инкишофи ҳокимияти сиёсӣ.
  2. Андешаҳои мутафаккирон оиди ҳокимияти сиёсӣ.
  3. Нақши ҳокимияти сиёсӣ дар пешрафти ҷомеа.

Ҷараёни инкишофиг дуру дарози ҷамъияти обшинаи ибтидоӣ дар зинаи сеюми тараққиёташ дар дохили қабила бою камбағалро ба вуҷуд овард.

Сараввал тамоми аъзоёни қабила инро ҳамчун ҳолати табиӣ медонистанд, чунки тамоми ҳаёти онҳоро як шахс, пешвои қабила идора мекард. Пешво дар байни ҳамқабилагонаш обрӯю эътибори мутлақ дошт. Тақсими меҳнат дар дохили қабила, баъдтар тақсим шудани меҳнати фикрию ҷисмонӣ ва махсусгардонии баъзе навъҳои меҳнат — чорводорӣ, зироаткорӣ, косибӣ ва ғ. барои дар ихтиёри қабила ғун гаштани сарвати муайян гашта, баъдтар пешвои қабила бо он нафароне, ки барои хифзӣ моликияти қабила ҳисобу китоб ва тақсими онро ба ӯҳда доштанд, ҷудо карда шудаанд. Баъдтар ҳамин гурӯҳ бо сарварии пешвои қабила он моликиятро байни ҳам тақсим намуданд, ки ба пайдошавии бою камбағалҳо боис гашт.

Баъдтар ҳамқабилагони қашшоқгашта пурра ба пешво ва атрофиёнаш мутеъ гашта, зиддият байнашон то рафт меафзуд. Ҳамин оқибат ба бархӯрди манфиатҳо ва зиддиятҳои оштинопазир оварда расонид.

Дар чунин ҳолат зарурияти ба таври маданӣ ба низом даровардани тобеъият ва идоракунӣ, ҳимояи манфиатҳо дар заминаи муайян намудани меъёрҳои меъёрию ҳуқуқӣ, тобеъият ва ҳукумронӣ, вобастагӣ ва баҳамвобастагӣ, мустақилӣ ва номустақилӣ ба вуҷуд омаданд. Табиист, ки ин раванд дар ҳудуди муайян ба вуҷуд омада, як навъ ивазнамоии доираи фаъолияти одамро муайян намуд. Акнун пешворо шахси мӯътабар намедонистанд. Ҳолате ба амал омад, ки дар он манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, мақомоти онҳоро ифода ва ҳифзкунанда, дараҷабандии он мақомот ва манфиатҳо ҳукмронию тобеиятро ба расмият дароварда, фаъолияти

одамонро дар доираи муайяни меъёрҳои ҳуқуқӣ ба ҳам вобаста месозад. Чунин ҳолате ба амал меояд, ки он тобеият ва мухторияти табақаҳои гуногуни иҷтимоии ҷамъиятро ба инобат гирифта, онҳоро дар доираи муайяни қувваҳои истеҳсолкунанда, истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолӣ ба хотири пешрафти ҷомиа тавассути воситаҳои гуногун нигоҳ дошта, сафарбар намояд.

Ҳамин тариқ, вайрон шудани ҳокимияти шаҳрвандӣ, ки ба форматсияи ҷомеаи ибтидоӣ хос буд, муносибатҳои наверо ба вуҷуд овард, ки онҳо ба таркиби иҷтимоии ҷамъият узван алоқаманданд.

Аз ҳамон вақте ки синфҳои ҷамъиятӣ пайдо гаштанду ҳар кадом баҳри ҳифзи манфиатҳояшон мекушанд, зарурияти дар ҳадди муайяни эътимол нигоҳ доштани ҷомиа ба ҷои аввал баромад. Яъне ташкилоти сиёсие зарур шуда монд, ки натанҳо зиддиятҳои ҷамъиятиро дар доираи муайян нигоҳ медошт, балки барои дар баробари ташкили истеҳсолоти ҷамъиятию тақсиму мубодила инчунин ба идораи ягона тобеъ намудани кули аъзоёни ҷамъиятро таъмин менамуд. Чунин ташкилот танҳо иттиҳодияҳои ҷамъияти сиёсӣ буда метавонистанд. Ташкилоте, ки ҳукмаш ба ҳама раво буда, ҳама ба он тобеъ бошанд ва аз он касе ҳуқуқи саркашӣ кардан надошта, он бечунучаро иҷро гардад.

Ҳамин тавр ба қавли М. Вебер ҳокимият ин эҳтимолияти он аст, ки як актор дар дораи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳолате меафтад, ки бар хилофи муқобилиятҳо иродаашро амалӣ месозад. Гиденс Э. бошад ҳкимиятро қобилияти мудохила намудан ба силсилаи ҳодисаҳо ба ҳотири як навъ тағир додани онҳо номидааст. Ронг Д. бошад дар зери мафҳуми ҳокимият имконияти таъсиррасони дигар фардҳо гурӯҳҳо бо мақсад ва ният ба дигар фардҳо таъсир расонидан аст.

Аммо дар ҳаёти ҷамъиятӣ мо ба ду навъи ҳокимият сару кор дорем.

а) ҳокимияти падар ба фарзандон, ҳокимияти кордеҳ ба корфармо, ҳокимияти роҳбарияти ҳизб ба аъзоёнаш;

б) ҳокимияти ошкори давлатӣ, ки аз ҳокимияти иқтисодӣ, идеологӣ, маданӣ- маишӣ, оилавӣ. Ҳар ду ҳокимият ҳам дар ҳаёти сиёсӣ нақши муайян доранд. Ҳокимият бешубҳа ин принсипи ҳоким ва маҳкуи буда, табиати тобеъият хеле мураккаб аст. табиати мураккаби онро тавассути сифатҳои хусусии объекти ҳокимият – анъанаи барқарор гаштаи муносибати ҳокимият ва ифодаи манфиатҳои назорати сиёсӣ (таърихи сиёсӣ) шакли фаъоли ҳукмронии шахс дар ҷомеа (рафтори сиёсӣ) ва дарки нақши муносибатҳои ҳокимият (шуури сиёсӣ) ошкор месозад.

Агар дар рафтори объекти ҳокимият мазмуни супоришҳои субъектҳои нақши муайян бозанд, истифодаи зӯрӣ ва дигар чораҳои таъсиррасонии субъеатҳои ҳокимият имкониятҳои нақдии ҳокимиятро таҷассум менамоянд.

Муносибати ҳокимият бошад аз ҷузъҳои субъект ва объекти ҳокимият, захираҳои ҳокимият ва раванди ҳукуматӣ иборат аст.

Чигунагии ҳокимиятро бошад:

а) дараҷаи субъектҳои ҳокимият (давлат, зубдагони сиёсӣ, пешвоён); б) ташкилотҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳо;

в) фардҳо ҳамчун барандаи аввалини муносибатҳои ҳокимият муайян мекунад.

Ҳар кадом ҳокимияти сиёсӣ дорои принсипҳое мебошад, ки тибқи онҳо устувор аст. ин принсипҳо чунинанд.

Қонунӣ, амалӣ, воқеият, эҳтиёткорӣ, коллегиалӣ (бомаслиҳатӣ) тобоварӣ, худидоракунӣ, устуворӣ, махфӣ ва ғ.

Ҳокимият дорои ҷанбаҳои иҷтимоӣ, психологӣ-равонӣ, илмӣ-(сотсиологӣ), ташкилӣ ва сиёсӣ аст. Ҷанбаи иҷтимоӣ муносибати зӯрӣ аст. Ба ақидаи Кнудсен

«ҷомеа на барои он дар идоракунӣ иштирок менамоянд, ки ҳокимият ба даст оранд, балки барои он дар идоракуни ширкат менамоянд»,1 ки барои ин худро ба таври кофӣ «пурқувват» медонанд. Ишора ба қувва аз мантиқи умумии вазифаҳои ҳокимият сар зада, андешаи аз болои дигарон ҳукмронӣ намудану худро нигоҳ доштан сар мезанад. Яъне аз ҳисоби паст задани ҳуқуқи дигарон ба худ имтиёзи

бештаре додан аст, ки озодона барои амалӣ гардонидани ҳадафҳо фаъолият менамояд.

Дар рафти инкишофи ҷамъият урфу одат ва анъанаҳои каму беш муносибати байни фардҳо, оилаҳо, қавму қабилаҳоро муайян кунанда, то рафт хусусияти ҷиддитар пайдо намуда, иҷрои онҳо барои аксари омма ҳатмӣ мегардад. Шароите пайдо мешавад, ки шахси алоҳида ва ё гурӯҳи ашхоси баргузида, қобил, қавиирода, чолоку ҷасур, баъзан бо ақлу хирад низоми муқарраргаштаро ба дасти хеш гирифта, ба ҳокимон табдил меёбанд. Ташкилоти ба вуҷуд овардаи онҳо торафт доираи фаъолияташро зиёд намуда, одамонро дар доираи муайяни муносибатҳо нигоҳ доштанӣ мешавад. Барои ҳамин мақсад ба ташкили қувваҳои низомӣ эҳтиёҷ пайдо мешавад.

Барои нигоҳ доштани қувваҳои низомӣ имконияти моддии таъмини онҳо зарур мегардад.

Ҷомиа одамонеро ба арсаи фаъолият мебарорад, ки онҳо дорои қобилияти ташкил ва роҳбарии мардумро дошта бошанд.

Бесабаб дар сиёсатшиносӣ чунин мафҳумҳо «ҳокимият-ин қобилият»,

«ҳокимият-ин хоҳиш», «ҳокимият-ин ҳуқуқ», «ҳокимият-ин ирода» истифода намешаванд. Чӣ тавре ки И.А. Блохин қайд намудааст, «ҳокимият ин имконияти воқеии дар муносибати байни фардҳо, гурӯҳи одамон, миллат ва, умуман, ҷамъият амалӣ намудани иродаи худ аст».

Мафҳуми ҳокимияти сиёсӣ бошад имконияти воқеии тавассути воситаҳое, ки давлат дар ихтиёр доранд, зоҳир намудани иродаи худ дар муносибати байни фардҳо, гурӯҳҳои одамон, миллат ва ё, умуман, ҷомиа фаҳмида мешавад.

Ҳокимият пеш аз ҳама муносибат ё маҷмӯи муносибатҳост. Маҷмӯъ ба он хотир, ки ҳаёти ҷамъиятӣ хеле серсоҳаю серпаҳлӯ буда, ҳар кадоми он тарафҳо ё соҳаҳо дар ҳар маврид муносибати ҳархеларо талаб менамоянд, агарчи ҳадафи ҳама гуна муносибатҳо бо кадом роҳ ва восита набошанд ба мақсади ниҳоӣ расидани шахси алоҳида ё гурӯҳи ашхос ва ё ҳизбҳои сиёсӣ мебошанд.

Ҳокимияти сиёсӣ дорои чунин функцияҳо мебошад.

  1. Мақсади инкишофи ҷомеаро муайян намуда, роҳҳои алтернативии рушди ҷомеаро интихоб менамояд.
  2. Баҳамоии ҷомеа таъмини тартибот ва томиятро таъмин менамод.
  3. Қазияҳои дар ҷомеа ба вуҷуд омадаро бартараф менамояд.
  4. Барои ҳама воситаҳои заруриро тақсим менамояд.

Ин қувваҳои сиёсӣ дар аксари мавридҳо аз воситаҳои дар ихтиёри давлат буда истифода мебаранд, ҳатто он замоне ҳам, ки фаъолияташон билкул хилофи манфиати омма бошад.

Аз ин рӯ, ҳар кадом субъекти сиёсие, ки мақсади ба даст даровардани ҳокимиятро дорад, аз се чиз — зӯрӣ, бойгарӣ ва дониш истифода менамоянд. Баъзан барои соҳиби ҳокимият гаштан зӯрӣ кифоя буда, метавонад солҳои шадид онро дар даст нигоҳ дорад.

Сиёсатшиносони муосир роҳҳои пайдоиш ва ба даст овардани ҳокимиятро ҳаматарафа таҳлил намуда, қабл аз ҳама фарқият ва умумияти ду мафҳум — ҳокимият ва ҳокимияти сиёсиро ошкор кардаанд.

Доир ба фаҳмиши ин ду мафҳум андешаҳои гуногун вуҷуд доранд. Бархе аз мутафаккирон бар он ақидаанд, ки ҳокимият дар ин ё он шакл дар тамоми давраи ҳаёти ҷамъияти инсонӣ бо ӯ ҳамсафар аст. Фақат бо мурури замон он ҳамеша дучори тағйироти ҷузъӣ мегардад.

Гурӯҳи дигар ба мисли Афлотун, Арасту, Форобӣ, Гегель мавҷудияти ҳокимиятро ба зарурияти ташкили истеҳсолот вобаста дониста, онро таъкид менамоянд, ки бе таъмини итоати комили аъзоёни ҷомеа ба қуввае инсонро аз вартаи тобеият ба қувваҳои табиат берун баровардан имкон надошт.

Чунин матафаккирон мисли Марсель, А.Тоз, М. Дюверже, Буе Жувенель, яке онро ба таркиби биологӣ нисбат дода, дигаре онро ҳодисаи сирфи табиӣ медонанд.

Ақидаи муносибати биологӣ ба ҳокимиятро олимон Ж. Гелорже, Бюдоро ва Ж. Ланыр рад намуда, онро ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ медонанд.

Сиёсатшиноси амрикоӣ Г. Саймон ҳокимиятро ҳамчун восилаи таъсиррасонӣ ва назорат надониста онро синоними ин мафҳумҳо медонад.

Доир ба масъалаи ҳокимият ва муносибатҳои он ақидаи Макс Вебер хеле ҷолиб аст. Вай қайд намудааст, ки «ҳокимият ҳар гуна имконияте мебошад, ки дар дохили муносибатҳои иҷтимоии мазкур, новобаста аз муқовимат, новобаста аз оне, ки чунин имконият ба чӣ асос ёфтааст, ба амал бароварда мешавад.

Чунин гуногунақидагӣ нисбат ба ҳокимият пеш аз ҳама ба мавқеи доштааш дар ҷамъият вобаста аст. Соҳаҳои гуногуни илм ҳам ба ин падидаи сиёсӣ аз мавқеи мавзӯи хеш баҳо медиҳанд.

Аз ҷумла фалсафа ҳокимиятро чунин таъриф медиҳад: «Ҳокимият дар маънои умумӣ, қобилият ва имконияти ба амал баровардани иродаи худ, таъсири муайянкунандагӣ расонидан ба фаъолият, ба рафтори одамон бо ёрии кадоме аз воситаҳо эътибор, ҳуқуқ, зӯрӣ (иқтисодӣ, давлатӣ, оилавӣ) мебошад»1.

Дар ин таъриф ду чиз асоси муайянкунандаи ҳокимият қайд мешавад:

  1. Дар натиҷаи тақсими меҳнат дар дохили оила ҳар кадом аъзо мувофиқи қобилияташон ба коре шуғл пайдо намуда, пайваста онро такмил медиҳад. Ин як навъ махсусгардонии меҳнате буд, ки оқибат ба пайдоиши фаъолияти идоракунӣ ва истеҳсолӣ оварда расонд. Илова бар ин, яке аз шахсони ашхоси ба идоракунӣ кор машғул буда, ба туфайли ба ҳайси пешво эътироф шуданаш имконият пайдо намуд, ки иродаашро ба мардум бор намуда, баҳри ҳадафҳои доштааш эшонро ба худ тобеъ намояд.
  2. Ин тақсимоти меҳнат боиси пайдоиши муносибатҳои махсус гардид, ки онҳоро тавассути қувваю муассисаҳои ба таври махсус ташкил ёфта ба амал баровардан имконпазир гардид.

Ҳокимият дорои чанд тараф аст. Мантиқан он аз объекту субъекти ҳокимият захира ва ҷараёни амалӣ гардонидани ҳокимият сар мезанад.

Дар нақши субъект асосан онҳое баромад менамояд, ки ҳокимияти воқеӣ доранд ва ё нисбат ба дигарон онро зоҳир менамоянд.

Одатан ин ё он шахси алоҳида, гурӯҳе ё синфи муайян ва гурӯҳҳои сиёсии гуногунақида дар симои давлат буда метавонад.

Объекти ҳокимиятро бошад ҳамаи онҳое ташкил медиҳанд, ки таъсири ҳокимият ба эшон равона карда шуда бошад.

Ҳокимият дорои чунин сифатҳост:

  1. Ирода барои ҳокимият, хоҳиши ҳукмронӣ;
  2. Тайёр будан барои ба дӯши хеш гирифтани масъулияти сиёсию иҷтимоӣ;
  3. Босалоҳиятӣ дар масъалаҳои муносибатҳои ҳокимият.

Аз ҳама унсурҳои ҳокимият дар шароити ҳозираи ҷомеаи инсонӣ ҳокимияти сиёсӣ – имкони ошкоро истифода бурдани қувва, баровардани қарорҳост, ҳама имкониятҳоро дошта, дар вазъияти муайян онҳоро истифода мебарад.

Ҳокимият бошад барои амалӣ гардонидани фаъолият сарчашма ё воситаҳои гуногун дорад. Ин воситаҳо чунинанд; а) боигарӣ ё имкониятҳои иқтисодӣ; б) имкониятҳо ё воситаҳои зӯрӣ; в) дониш

Доир ба нақши ҳар кадом ин сарчашмаҳо дар ҳокимият фикру андешаҳои гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо боигарӣ, дигаре қувва ва сеюмӣ донишро муҳимтарин имконияти ҳокимият медонанд. Аммо футурологи амрикоӣ Оквин Поферлер нақши илм-донишро дар ба даст овардани боигарӣ махсус қайд менамояд. Ба андешаи вай

«ҳокимияти ахборотӣ» дар аксар ҳолатҳо аз ҳама муҳимтар аст.

Воситаҳои ахбори умум шакли паҳншудатарини таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии одамон буда, қудрати бузурги созандагӣ ва сӯзандагӣ доранд.

Агар воситаҳои ахбори умум воқияти сиёсию иқтисодиро дуруст ва беғаразона дар байни мардум интишор созанд ва натиҷаҳои онро роҳбарони ҳокимияти сиёсӣ бо самар истифода намоянд, камбудӣ ва иллатҳои ошкоргаштаро бе дард ҳал намуда,

ҳокимиятро устувор месозанд. Вале ба зери назорати хеш даровардани воситаҳои ахбори умум, манъ намудани озодандешӣ ихтилофҳои дар ҷомеа ба амал омадаро боз ҳам шадидтар мегардонад. Агар тақдири хунтаи ҳарбии Юнонро, ки қариб 10 сол дар сари қудрат буда, оддитарин ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандиро зери по карда буд ба хотир биёрем мебинем, ки дар солҳои 70-уми асри гузашта, тавассути муроҷиати донишҷӯёни донишгоҳи Афина ба воситаи радиои умумимиллӣ хунтаи ҳарбӣ дар як рӯз сарнагун карда шуд, гувоҳи он аст.

Манбаи дигари ҳокимият захираҳои иқтисодианд.

Ба ҳама айён аст, ки агар ҳокимият дар ихтиёраш ба ғайр аз воситаҳои қудратӣ воситаи таъсиррасонии иқтисодӣ низ надошта бошад, дуруст фаъолият карда наметавонад. Магар барои гузаронидани интихобот маблағ зарур нест? Албатта, зарур аст. Имрӯз дар аксари мамлакатҳо дар маъракаи интихоботӣ миллионҳо доллар маблағ сарф мешавад. Ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳидае, ки чун субъекти ҳокимият баромад кардан мехоҳанд, ба маблағ ва дастгирии молиявии сармоядорон ниёз доранд, чунки маблағе, ки давлата ҷудо месозад, кофӣ буда наметавонад.

Агар бо роҳи инқилобӣ ҳам гурӯҳе ё ҳизбе ба сари ҳокимият биёяд, барои барқарор сохтани ҳаёти иқтисодӣ маблағгузории бузург талаб карда мешавад. Худи амалисозии ҳар кадом барномаҳои иқтисодӣ низ маблағгузории азимро талаб менамоянд, ба ғайр аз он ки нигоҳ доштани аппарати ҳокимият ҳам харҷи хеле зиёд мехоҳад.

Аз ин рӯ, ҳокимияти сиёсӣ захираҳои иқтисодиро ба хотири он истифода мебаранд, ки

  • ба раванди бо суръати иқтисодиёт дар мавриди зарурӣ таъсир расонад;
  • тағъири сохторҳои иқтисодиро барои истифодаи комёбиҳои илму техника ҳавсманд гардонад, ба манополиякунии соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ роҳ надиҳад;
  • суръати инфилятсияро паст намуда, бекориро кам кунад.

Дар пойдории ҳокимияти сиёсӣ нақши мақомоти қудратӣ хеле калон аст. ба хусус — артиш, милиса, хадамоти амниятӣ, прократура ва суд, техника, яроқ ва ҳабсхонаҳо, ҳар кадом шахсро дар ҳарос нигоҳ медоранд. Инҳо бошанд асосан воситаи баамалбарории ҳокимиятрононанд.

Барои ҳамин ҳам дар аксари давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда ин гурӯҳҳо дар ҳисоби махсуси ҳокимияти сиёсӣ буда, барои дар сатҳи баланд таъмин ва нигоҳ доштани онҳо маблағро дареғ намедонанд. Масалан, дар И М А ва Аврупо қувваҳои мусаллаҳ дар нигоҳдоштани тартиботи конститутсионӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Агар гӯем, ки демократия дар Амрико ин демократияи ҳарбиён аст, хато намекунем.

Адабиёт:

  1. Алёхимин В. Власть как обшественые явление, Социално-политические науки. 1991. № 2.
  2. И.А. Блохин. Основы политологии. — М.: 1997г.
  3. Политология. — М.: 1997.
  4. А.А. Галкин «Соврименный левмафон». — М.: 1985.
  5. В.П. Пугачев А. И. Соловёв Введена в политологию. — М.:2002.
  6. Политология дар зери таҳрири Нисанбоев Алма — Ато 1998

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *