Фанни Сиёсатшиноси

Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ

Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ

Нақша;

  1. Ҳизбҳо ва зарурияти пайдоиши онҳо.
  2. Аломат ва вазифаҳои ҳизбҳои сиёсӣ.
  3. Ҳаракатҳои оммавӣ ва ҷунбишҳои мардумӣ.

Ҳизб иттиҳоди мураккаби ихтиёрии одамонест, ки онҳоро умумияти манфиатҳо ҳамақида гардонида, баҳри ба даст овардани ҳокимият ё ҳеҷ набошад, дар тақсими мансабҳои давлатӣ иштирок доштан мехоҳанд.

Ҳокимиятро ба он хотир ба даст даровардан мехоҳанд, ки тавассути он ҳадафҳояшонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ амалӣ намоянд.

Пайдоиши ҳизбҳо ва итиҳодияҳои гуногун дар ҷамъият ба омилҳои муайяни иқтисодӣ, сиёсӣ, таърихӣ ва ғ. вобастаанд.

Аз ҷумла бархӯрди манфиатҳои гуногун, ки аз вазъ, таркиби иҷтимоии ҷамъият ва шакли моликият бармеояд, гурӯҳи муайяни одамонеро ба ташкил намудани ташкилоти сиёсие, ки ин бархӯрдҳоро ба танзим даровард, водор месозад.

Алҳол нуқтаи назари Макс Вебер (1864-1920) доир ба марҳилаҳои пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби сиёсатшиносон қабул шудааст. Вай се марҳиларо дар ташкили ҳизбҳои сиёсии Аврупо нишон дода аст:

1.Намояндагони камшумори элитаҳои сиёсӣ аз ҳисоби гурӯҳҳои аристократӣ дар асрҳои XVI- XVII дар Аврупо ба вуҷуд омада, ҳизбҳоро ташкил намудаанд.

  1. Дар асрҳои XVII- XIX як гурӯҳи аз ҷиҳати фаъолияти сиёсӣ хеле фаъоле, ки на танҳо дар сиёсат, балки дар дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок доштанд дар клубҳои сиёсӣ ҷалб карда шудаанд.
  2. Марҳилаи ташаккули ҳизбҳои сиёсии оммавӣ аз ташкили маҳфилҳои аристократию клубҳои сиёсӣ ва ташкили ҳизбҳои оммавӣ — сиёсӣ иборат аст.

Ҳаминро бояд ба инобат гирифт, ки ин марҳилабандӣ то андозае нисбӣ буда, танҳо ба марҳилаи инкишофи муносибатҳои иқтисодию сиёсии капитализм рост меояд.

Охирҳои асри XX дар тафаккури инсоният доир ба бисёр масъалаҳо тағйироти ҷиддӣ ворид намуда, баъзе ҷунбишҳои оммавӣ мардумро водор сохт, ки ба ҳизби сиёсӣ табдил ёфта дар ҳаёти ҷамъият нақши назаррас гузоранд. Масалан, ҷунбиши экологӣ оҳиста — оҳиста дар

тамоми олам паҳн шуда, оқибат дар бисёр давлатҳои Аврупо бо номи ҳизби «зелёный» — ҳо ташаккул ёфт.

Вазифаҳои ҳизбҳои сиёсӣ

Ҳар кадом ҳизби сиёсӣ ҳимоякунандаи манфиатҳои гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ, синфӣ, миллӣ ва умумибашарианд.

Онҳо манфиати кадом гурӯҳҳоеро ҳимоя намоянд, як қатор вазифаҳо доранд.

Дар сиёсатшиносии муосир чунин вазифаҳои ҳизб нишон дода шудаанд: а) ичтимоӣ. б) идеологӣ. в) сиёсӣ. г) идоракунӣ. д) интихобкунӣ.

Вазифаҳои ҳар кадом ҳизб қабл аз ҳама аз талаботи гурӯҳҳои ичтимоие, ки ба он шомиланд, вобастааст. Аз ин рӯ, вазифаи иҷтимоии ҳизб пеш аз ҳама манфиатҳои иҷтимоии як гурӯҳ ё гурӯҳҳои ба ҳам наздики ҷомеаро ҷамъбаст намуда, ҳамчун ифодагари онҳо онро то ба дараҷаи мақомоти роҳбарикунандаи ҳокимияти сиёсии давлат расонида, чораҳои воқеии амалӣ гардонидани онҳоро таҳия намуда, дар амалӣ гаштани онҳо бе восита иштирок менамояд.

Ҳизбҳои сиёсӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки аз ҳисоби гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ сафашро афзуда, дар ҷамъият дастгирии бештаре пайдо намояд.

Вазифаи идеологии ҳизб бояд чунин масъалаҳоро дар бар гирад:

  1. Нақшаи умумии ба мақсадрасиро тартиб дода, барномаи сиёсӣ- иқтисодӣ ва сиёсии ҳизбиро муайян созад, яъне идеологияи ҳизбиро коркарда барояд.
  2. Тавассути воситаҳои дар ихтиёраш дошта идеологияашро таблиғу ташвиқ намуда, аъзоёнашро дар заминаи ғояҳои идеологию сиёсиаш тарбия намояд. Вай бояд ҳамагуна таъғироти дар давлат ва ҷаҳон ба вуҷуд омадаро зуд аз назари таҳлил гузаронда, тибқи онҳо амал намояд. Ҳизб бояд ояндаи ҷомеаро дида тавонад.

Ҳадафи аввалину охирини ҳама ҳизбҳои сиёсӣ масъалаи ба даст овардани ҳокимияти сиёсист. Агар чунин имконият надошта бошад, кӯшиш менамояд, ки ҳеҷ набошад дар тақсими мансабҳои давлатӣ иштирок дошта бошад. Барои ин ҳизб аз байни худ намояндагони болаёқаташро ба аппарати идоракунӣ пешбарӣ менамояд. Онҳо дар тарбия намудани мутахассисон низ саҳм мегузоранд.

Дар интихобот намояндагонашро пешбарӣ намуда, аз имконияти интихоботӣ бо самар истифода мекунад. Яъне вазифаи асосии худ вазифаи сиёсиашро адо менамояд.

Яке аз вазифаҳои муҳими дигари ҳизби сиёсӣ иштирок дар идора кардани ҳокимияти сиёсист. Ҳангоме ки ин ё он ҳизб ба сари қудрат меояд, хоҳунохоҳ ба ҳизби давлатӣ табдил ёфта, марому мақсадашро ба тамоми табақаҳои ҷамъиятӣ таъвил доданӣ мешавад. Ҳизби ба сари ҳокимият омада, фаъолияти тамоми сохторҳои давлатиро тибқи мароми хеш аз нав ташкил намуда, фаъолияти онро дигаргун сохта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро ба даст медарорад.

Маҳз аз фаъолияти роҳбарикунии ҳизб, гузориш ва ҳалли масъалаҳои дар ҳаёти ҷамъиятӣ амалишаванда ба обрӯю эътибори ҳизб вобастааст.

Ҳизби сиёсие, ки дар фаъолияти сиёсию идоракуниаш тавонистааст ба дили мардум бештар роҳ ёбад, аз ҷониби интихобкунандагон дастгирии ҳамаҷониба пайдо менамояд. Яъне вазифаи дигари ҳизб дар ҷомиа аз ҳисоби гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ доштани тарафдорон ҳангоми интихобот аст, ки ин вазифаи интихобии вайро нишон медиҳад.

Ҳизбҳо вобаста ба хусусияти рафтори сиёсиашон дар ҷамъият, мақомашон дар системаи сиёсӣ, ақидаҳояшон доир ба инкишофи ҷамъият, ва самти идеологияшон ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо мешаванд.

Як қисм ҳизбҳое амал менамоянд, ки хусусияти муваққатӣ дошта, дар марҳилаи муайян пайдо шуда, баъдтар пароканда мешаванд. Чунин ҳизбҳо аъзоияти устувор надошта, талаботҳои ба ҳизбҳои анъанавӣ хосро ҳам иҷро наменамояд. Аксари чунин ҳизбҳо ё дар рафти маъракаи интихоботӣ ё дар дохили парлумон аз ҳисоби сиёсатмадорони касбӣ ба вуҷуд омада, онҳоро шаҳрвандони алоҳида ва ё сармоядорон дастгирии молиявӣ мекунанд. Табиист, ки чунин ҳизбҳо бештар манфиати ҳамин гуна гурӯҳҳои иҷтимоиро ҳимоя менамоянд. Одатан, чунин ҳизбҳоро ҳизби кадрӣ мегӯянд. Ба ин гуна ҳизбҳо дар ИМА ҳизби демократӣ ва ҳизби ҷумҳурихоҳон шомиланд.

Ба ғайр аз ҳизбҳои кадрӣ ҳизбҳои оммавӣ амал менамоянд, ки онҳо муташаккил буда, доимо амалкунандаанд.

Аъзоҳақиро дар вақташ супурда, қабл аз ҳама вазифаҳои иҷтимоӣ, идеологӣ ва сиёсиро иҷро менамоянд. Дар назария оид ба ҳизбҳо эътирофи қонунии онҳо мақоми махсус дорад.

Ин аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ҳама гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ҳуқуқи ҳифзи манфиатҳояшонро доранд. Аз ин лиҳоз эътирофи қонунии онҳо ба ҳокимияти сиёсӣ имконият медиҳад, ки аз марому мақсади ҳизбҳо огоҳ буда, фаъолияти онҳоро ба назардошти дурнамоии сиёсию иқтисодӣ зери назорат гирифта мақоми ҳар кадом ҳизбро дар ҷомеа муайян созанд.

Ҳизбҳоро аз рӯи ҳадафи фаъолият ва тарзи фаъолият ба ду навъ ҷудо месозанд: аз рӯи мақсад ҳизбҳои буржуазиро ба (консерваторҳои рост, марказҳои либералӣ, ислоҳотӣ), ҳизбҳои интихоби сотсиалистӣ (комунистӣ, сотсиалистӣ, сотсиал — демократӣ, лебералӣ), майдабуржуазӣ (итфоқи заминдорони Булғор, ҳизби деҳқонии Полша), ҳизби динӣ (ҳизби насронияҳои демократ, Италия ва ғ.)

Аз рӯи тарзи фаъолият ният бошад ҳизбҳои пешрав (ҳизби коммунистии Чин ва ғ.), ҳизбҳои парлумони (Канада, Австрия,) ҳизбҳои маъракаи интихоботӣ (ҳизбҳои ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар ШМА).

Дар охирҳои соли 80-уми асри XX ҳизби хусусияти трансмиллие ба вуҷуд омад, ки узвият ба он фардӣ буд, шаҳрванди ҳар кадом кишвари фаъолияти онро ҷонибдору ҳарсол ҳаққи аъзогӣ диҳанда қабул карда мешавад. Ин ҳизб аз соли 1987 ба фаъолият оғоз намуда, алҳол ба он 135 вакилони парлумонҳо аз 15 кишвар, дорандагони ҷоизаи Нобелӣ шомиланд.

Ҳадафи асосии ин ҳизби радикалӣ мубориза ба муқобили муриш аз гуруснагӣ, фурӯши яроқ, солимгардонии муҳити зист, ҷонибдорони қатъии бекор намудани ҳукми қатл аст.

Ҷонибдорони ин ҳизб бар он ақидаанд, ки ин масъалаҳоро фақат дар дастаҷамъӣ ҳал кардан мумкин аст.

Вобаста ба хусусияти рафтори сиёсӣ ҳизбҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд.

а) ҳизбҳои демократӣ, онҳо ҳизбҳоеанд, ки нисбат ба ҳама навъи ақидаҳо некбинона рафтор намуда, ҷонибдори бисёрандешианд. Ба ҳама ҳизбҳо созиш ва ҳамкорӣ карда метавонанд ва ҳамкорӣ менамоянд.

б) ҳизбҳои тотолитарӣ. Ба ин гурӯҳ ҳизбҳои сиёсие мутаалиқанд, ки итоати мутлақи дигар ҳизбу ҷунбишҳоро хостгор буда, муқобили ҳамагуна гуногунақидагӣ буда, ҷонибдорӣ барқарор созии идеологияи ягона мебошад.

Ин ҳизбҳо баҳри мақсадҳояшон ҳама қувваҳои норозиро дар ҷамъият ба як маҷро дароварда худро ифодагари манфиати онҳо нишон медиҳанд.

Ҳизбҳои сиёсӣ аз ҳамдигар на танҳо аз рӯи мақсади фаъолият ва тарзи фаъолият, балки идеология ҳам фарқ мекунад.

Ҳамин кифоя аст, бигӯем, ки ҳар кадом гурӯҳи иҷтимоӣ дорои идеологияи худ буда, манфиатҳои худро аз ҷиҳати назарявӣ муайян ва асоснок намуда, онҳоро ҳифз мекунад.

Аз ин ҷост, ки дар рафтори сиёсии ҳизбҳо ду тамоил:

а) чап ва б) ростро дида метавонем. Яъне ҳизбҳои сиёсие, ки ба таври куллӣ дигар кардани сохти ҷамъиятро ҷонибдорӣ менамоянд, ҳизбҳои чап ё инқилобӣ номида мешаванд. Вале ҳизбҳои ба муқобили дигаргуниҳои иқилобӣ баромадкунандаро ҳизби рост мегӯянд.

Табиист, ки бомурури инкишофи ҷомеа тағйир ёфтани таносуби қувваҳои ичтимоӣ, дигар шудани фаҳмиши манфиатҳо ин ду мафҳум низ тағйири мазмун кардаанд.

Масалан идеали ҷонибдорони ҳизбҳои рост озодии инсон дар асоси арзиши фардигароӣ ва мустақилияти шахсияти одам, моликияти хусусӣ, инкишофи бозори кушод, рақобати бозор ва ҷонибдори он, ки некӯаҳволиро ҳар кас худаш ба даст орад, ба шумор меравад.

Бисёриҳо гумон доранд, ки ҷонибдорони ин идеология ашхоси фаъол, ташаббускор, корчалон ва солиму серҳаракатанд. Ин қабил бо ёрии дигарон худро таъмин карда метавонанд.

Аммо таҷрибаи имрӯзаи мардуми тоҷик шоҳиди он аст, ки ин ақида асос надорад. Шояд аксари сармоядорони имрӯзаи тоҷик саломатии хуб дошта бошанд, лекин аксари мутлақашон ё ҳеҷ чизе надоштанду дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ бо роҳи ғайришаръӣ соҳиби сарват гаштанд ва ё дар соҳаи савдою хоҷагӣ вазифаи масъулро ба ӯҳда дошта, амволи корхонаашро аз худ намудаанд. Ғайр аз ин, ду роҳ, роҳи сеюм низ ҳаст, ки аз як тараф, душманони сохти шӯравӣ, аз ҷониби дигар, муқобилон робитаи устувор доштани Тоҷикистон бо Руссия, аз тарафи сеюм, гурӯҳҳои муайянро маблағгузорӣ намуда, онҳоро ба ҷанги шаҳрвандӣ сафарбар намуда, дар ивазаш ба ин гурӯҳҳо «кумаки» иқтисодӣ расониданд.

Бесабаб аксари роҳбарону қумандонҳои дар ду ҷониб буда, ҳама сарватманд нагаштаанд.

Ҳизбҳои чап бошад, ҷонибдори ҷамъиятӣ будани моликияти хусусӣ, озодии ҷамъиятии одамон таъмини адолати иҷтимоию сиёсӣ ва баробарии дараҷаи зиндагии омма ба шумор мераванд. Ҳизбҳои чап ба ҷои индивидуализм колективизмро мегузоранд. Хуб медонанд, ки танҳо дастҷамъӣ, ҳангоме, ки ҳама як хела ҳавасманданд, ҷамъияти инсониро пешбурдан имконпазир аст.

Доир ба умумият ва фаъолияти ҳизбҳо А.И. Куликов дар дастури таълимияш чунин схема пешниҳод кардааст:

Тамоил Либерализм Консерватизм
Маънои мафҳум Калимаи лотини озод Нигоҳдоштан, намудан ҳифз
Тамоил пайдо шуд Инкишофи капитализм дар Аврупо дар асрҳои XVII- XVIII Дар асри XVIII- XIX ҳамчун ҷавоб ба бенизомӣ ва харобшавӣ инқилоби бузурги Франция ба вуҷуд овард.
Ғояи асосӣ Ҳадалимкон фардӣ доштани озодии Нигоҳ доштани анъанаҳои устувори ҳаёти ичтимоӣ
Идеологияи кӣ? Идеологияи буржуазия синфи нав- Идеологияи кӯҳнаи аристократяи феодалӣ
Тамоил Неолиберализм Неоконсерватизм
Фарқиятҳои сиёсӣ
  1. Давлат фаъолона иқтисодиётро танзим дода, иллатҳои бозорро бартараф менамояд.
  2. Ба бекорон, аҳолии ғайри меҳнат ва камбизоат фаъолона ёрӣ медиҳад.
  1. Давлат ба

худтанзимдиҳии бозор мудохила накунад.

  1. Ҷонибдори ёрии иҷтимоӣ
Мавқеи умумӣ а) афзалияти ҳуқуқ ва озодиҳои шахс дар ҷомеа.

б) демократикунонии ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷамъият.

в) инкишофи самаранокии бозори озоди иқтисодӣ

г) мудохилаи босуботи давлат дар соҳаи ҳаёти ичтимоӣ- иқтисодӣ.

Новобаста аз он, ки ҳизбҳои коммунистию социал- демократӣ ҳизби меҳнаткашанд, вале байнашон фарқ вуҷуд дорад.

Ҳизбҳои сиёсӣ Тарзи ҳаракат ба социализм Муносибат ба моликият Адолати

ичтимоӣ дар чӣ зоҳир мешавад

Навъи системаҳои сиёсӣ
Коммунистҳо Муборизаи синфӣ ва инқилобӣ Афзалияти моликиятӣ Тақсими баробари бойгариҳои сохташуда Ҷонибдори хоҷагиҳои

марказонидашудаи планӣ

Сотсиалистҳо Ислоҳоти осоишта, мутассил дар ҳаёт ҷорӣ намудани унсурҳои социалистӣ Афзалияти моликияти хусусӣ Барои баробарии имкониятҳо

дар ба даст овардани васоили

зиндагӣ

Барои иқтисоди озоди бозорӣ

Нуқтаи муҳиме, ки имрӯз дар атрофи он ҳама ибрози назар доранд, масъалан бисёрҳизбист ва онро падидаи демократӣ меноманд, ки ин асоси илмӣ надорад.

Адабиёт:

  1. Массовые демократические движения: истоки, политическая роль. М., 1986
  2. Петренко Г. Партия: функция и роль в правовом государстве. Диалог. 1990 №1.
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ҷумҳурият, 1990. 12; дек. 1992, 14 февраль)
  4. Хуморов Д. М. Аҳзоби сиёсӣ: вазъ ва раҳоӣ. (Ҷавонони Тоҷикистон 1992. 2 август).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *