Фанни Сиёсатшиноси

Таҳаввулоти геополитикии ом-ва таъсири он ба сиёсати дохилӣ

  1. Таҳаввулоти геополитикӣ
  2. Мавқеи Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ

Сиёсати геополитикӣ дар асоси се  назарияи илмӣ: тамаддунӣ, ҳарбию стратегӣ ва детерминизми географӣ ташаккул ёфтааст.

Дар замони ҳозира нуқтаи назари футурологҳо барои сиёсат аҳамияти  амалӣ дорад. Давлат метавонад роҳҳои қулайтари  пешравии ҷомеаро муайян  намояд. Дар  пешгўиҳои иҷтимоӣ асосан аз ду  метод:  экстраполативӣ ва  моделкунонӣ истифода бурда мешавад.

Якум, шарти муҳим ва асосӣ- ин  ба таври умумӣ дарк намудани проблемаҳое мебошанд, ки ба тақдир инсоният таъсири ҷиддию ҳалокатовар доранд.

Дуюм, шарти муҳими  принсипиалӣ дар муттаҳидшавии инсоният барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таъмини инкишофи осоишта ва дур шудан аз муқовимати ҷангӣ мебошад.

Сеюм, муттаҳидшавии олам дар масъалаи  ҳалли масъалаҳои  глобалӣ- ин ҳамкории  васеи  ҳамаҷонибаи байни давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Чорум, хамкориҳои байналхалқӣ.

Дигар тарафи илме, ки ин масъалаҳоро  дар зери тадқикоти худ қарор додаст геополитика  мебошад.

Мафҳуми «геополитика» аз калимаи юнони «geo»  -замин, « poljtjca» сиёсат гирифташуда, маънои сиёсати заминро дорад. Геопалитика ин илм ва системаи донишҳо дар бораи назорат аз болои замин ва фазо мебошад.

Асосгузори назарияи  тамаддун ва раванди таърихи олими рус Николай Яковлевич Даниловский  мебошад. Вай дар асари худ

« Россия ва Европа» қайд кардааст, ки мавқей\и  нақшофарандаи асосиро дар таърихи давлат миллатҳои алоҳида не, балки умумиятҳои калони маданию динӣ бозидаанд.

Назарияи стратегияи ҳарбиро бошад олимон Н.Макиавеллӣ, К.Клаузевитс ва  Х.И.Молҳтке инкишоф додаанд. Асосгузори он  ё  акидаҳои  беҳтаринро  олими  амрикой  Алҳфред Мэхен гуфтааст. Ў фазоҳои ҳудудии ҷаҳонро ба чандин минтақа тақсим намуда, диққати  махсусро ба арзҳо 30 ва 40 додааст ва онҳоро «минтақаҳои моҷаро» номидааст, ки дар ин ҷойҳо но вобаста аз сиёсатмадорон манфиатҳои «империяҳои баҳрӣ» бармехуранд, ки онбаҳрҳои беканорро назорат мекунанд ва  «давлатҳои дар  хушкӣ буда» фақат ба қитъаи  Евроазия такя  карда метавонанд.

Сарчашмаи дигари назарияи геополитикӣ ин консепсияи детерминизми географӣ(таълимот дар бораи  қонуният ва сабабияти ҳодисаҳои  табиат ва  ҷамъият) мебошад. Олими фаронса Жан Боден(1530-1596) дар асараш «Шаш китоб дар бораи давлат»  аҳамияти масъалаи детерминизми географиро қайд намудааст. Ў ҳолати ба детерминизми географӣ илоқа доштани  одамонро аз се сабаб иборат медонад: иродаи Илоҳӣ, худсарии инсон ва таъсири он ба табиат.

Дар чобаҷогузории қувваҳои геополитики замони нав Конгресси Вена(1814-1815) асос гузошт. Русия ва империяи Австро- Венгерӣ ба маркази геополитики чаҳон табдил ёфтанд. Соли 1877 султони Туркия унвони «Империяи Усмонӣ»-ро кабул  кард ва Туркия дар сиёсати геополитикии  Шарқии Наздик ва Ҷанубу Шарқии Европа  мавқеи сиёсӣ пайдо кард. Русия то  байни асри  Х1Х дар европа мавқеи ҳалкунанда дошт ва ба  Англияву Австрия, Фаронсаву Туркия муқовимат мекард. Дар ҷанги Қрим солҳои 1853-1856, ки Туркия  ба муқобили  Русия бурд, тамоми мамлакатҳои Европа туркияро тарафдорӣ намуда ба муқобили Русия буданд. Ва Русия шикаст хўрд.

Пас аз шикасти  хўрдани Русия дар Қрим  системаи Венагии сиёсати геополитикӣ камее тағйир ёфт. Дар ин ҳолат иттиҳоди муқаддаси шоҳӣ шикаст хўрд, ки ин  бори гарон ба  Русия ягон фоида наовард.

Дар нимаи дуюми асри Х1Х Русия  сиёсати аниқи  геополитикӣ надошт. Дар солҳои 70 асри Х1Х Русия  дар чанги зидди Туркия ғалаба ба даст овард, то  Истамбул расид ва Булғороияро аз зери зулми империяи Турк озод кард, вале  давлатхои  Ғарб ба Русия имконият надоданд, ки  ғалабаашро дар ин  шаҳр  абадӣ нигоҳ дорад. Дар охири асри Х1Х  дар мамлакатҳои ИМА ва Олмон  саноат хеле тараққӣ кард. Амрикоиҳо дар фазои беканори минтақавии худ муваффақиятҳои  калони инкишофи саноатӣ ва савдоӣ ба даст  оварданд ва испаниҳоро аз Куба ва Филиппин ронданд. Олмон бошад, бо роҳбарии «канслери оҳанин»-и худ Отто фон Бисмарк ба яке аз мамлакатҳои калонтарини контененталӣ  табдил ёфт ва дар сиёсати геополитики ҷаҳон мақоми  пешбарандаро ишғол намуд. Бо роҳбарии Олмон Иттифоқи Сегона ташкил шуд, ки ба он  Олмон, Австрия-Венгрия ва Италия дохил мешуданд. Иттиҳоди  дигарро Фаронса, Англия ва Русия, ки ба номи «Антанта» машҳур аст, ташкил карданд. Мақсади  иттиҳод роҳ надодан ба тақсими ҷаҳони таҷовузкории  европоӣ буд.

Тафаккури геополитикӣ имруз ба ду ҷараён: «Антлантизми нав» муаллифаш  директории  институти тадқиқотӣ- стратегӣ дар назди донишгоҳи  Гарвард С.Хантингтон ва  «Охири таърих» муаллифаш Ф. Фукоям  тақсим шуд. Ба  ақидаи  Самуэл Хантингтон  Ғарбу Шарқ аз  якдигар дар фосилаҳо дуранд. Арзишҳои  Ғарб- ин бозор, озодӣ, демократия ва ҳуқуқҳои инсон мебошад. Арзишҳои  Шарқ коллективизм, анъанапарастӣ, ягонагӣ ва падаршоҳӣ мебошад.

Бармегардем ба мавқей  Тоҷикистон дар арсаи  сиёсати  геополитики ҷаҳонӣ.  Дар замони  ҳозира аксарияти мамлакатҳои  ҷахон  мубталои раванди сиёсати  геополитикӣ гардидаанд, ки ба қатори онҳо  Тоҷикистон  низ доҳил мешавад. Дар ин  раванд  Тоҷикистон бояд тамоми ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсии худро ба тезӣ гузаронад ва  дар қатори дигар мамлакатҳои  пешрафтаи ҷомеаи чаҳонӣ чой ёфта, соҳибихтиёрӣ, бехатарӣ ва  манфиатҳои миллиашро таъмин намоянд. Диққати  бисёр мамлакатҳои  чаҳон нисбат ба  Тоҷикистон  хеле  афзудааст.  Сабаби ин таваҷҷўҳ дар он аст, ки  Тоҷикистон хеле  мавқеи хуби геостратегӣ дошта, манбаи боигариҳои  табии фаровон, захираҳои обӣ, энергетикӣ ва илмию техникӣ  мебошад. Садсолаҳо пеш аз ин бавоситаи худуди Тоҷикистон Роҳи Бузургӣ Абрешим аз Европа ба  Чин ва Ҳиндустон мегузашт. Дар замони ҳозира Ҳукумати Тоҷикистон барои барқарор намудани ин роҳ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст:  сохтумони роҳи мошингарди байни  Тоҷикистон ба воситаи ағбаи  Кулма  ба Ҷумҳурии  Халқии Чин ва сохтумони  туннели  Анзоб ба Шимоли ҷумҳурӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки

Тоҷикистон аз ҷиҳати  мавқеи географӣ дар  маркази  Осиёи Миёна ҷои гирифта, дар ҷануб бо Афғонистон(1344 км.), дар Шарбо Чин(511 км), дар  шимол бо Қирғизистон(590 км) ва  дар Шимолу Ғарб бо Узбекистон(1363 км) сархад дорад.

Имрўз  Тоҷикистон тамоми  қувваро ба он равона карда истодааст,ки пеши роҳи  қоҷоқи  мухаддиро аз Афғонистон гирад. Тоҷикистон ҳамчун  узви комилҳуқуқ дар  ташкилотҳои  байналхалқӣ ба монанди СММ, ОБСЕ, Фонди  байналмиллии асъор, Бонки умумиҷаҳонии инкишоф мавқеи худро дорад. Инчунин аъзои Ташкилоти  ҳамкории иқтисодиётест, ки дар он Эрон, Покистон ва Туркия иштирок доранд. Бо барномаи НАТО «ҳамкорӣ баҳри сулҳ» ва Шартномаи ҳамкорӣ бо Иттиходи  Европа ҳамроҳ гаштааст. Яке  аз воситаҳои муҳим дар ҳалли масъалаҳои  актуалии минтақавӣ ин аз  ҷониби роҳбаронии Олимақоми давлатҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва  Ўзбекистон қабули  Деклоратсияи дар бораи ташкил кардани  «Ташкилоти ҳамкориҳои  Шанхай» (ШОС ) мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *