Интегратсия дар минтакаи Осиё ва Укёнуси Ором
1.Таквият ёфтани вобастагии тарафайн дар минтакаи Осиё ва Укёнуси Ором. Омилхои марказшитоб.
2.Хусусиятхои интегратсияи иктисоди дар МОУО. АСЕАН. Самараи иктисодии АСЕАН. Созишнома оиди амикшавии хамкории байни Австралия ва Зеландияи Нав.
3. Дурнамои интегратсияи иктисодии минтакаи Осиё ва Укёнуси Ором. Сатхи умумиминтакави. Ташкили форуми хамкории Осиё ва Укёнуси Ором. Сохтор ва дурнамои хамкории Осиё ва Укёнуси Ором. Ташкили минтакаи тичорати озоди Укёнуси Ором.
1.Таквият ёфтани вобастагии тарафайн дар минтакаи Осиё ва Укёнуси Ором. Омилхои марказшитоб.
Яке аз хама майдонхои тезтараккикунандаи равандхои интегратсиони ин минтакаи Осиё ва Укёнуси Ором (ОУО) мебошад. Дар дахсолахои охир минтакаи ОУО ба яке аз кисмхои тезтаракки кунандаи кисми хочагии чахони мубаддал гаштааст. Махдудиятхо байни мамлакатхо бартараф карда шуда сархадхои оби паси сар карда мешаванд. Пеш аз хама ин равандхои бузургмикёси интегратсиони бо кушишхои ИМА, ки барои ташкили минтакаи баркамоли фаъолияти тарафайни интеграциони бо шарикони имрузаи худ дар минтакаи бузурги дорои 40%-и ахолии сайёра ва кариб 50%-и МММ-и чахони, шарх дода мешавад. Ба ин мамлакатхо
Ташкили созмонхои хамкории иктисоди дар минтакаи ОУО аз соли 1967 сар шуд, дар асоси ташкили Шурои иктисодии Укёнуси Ором (ТЭС). Баъд соли 1968 Конфронси Укёнуси Ором оиди тичорат ва тараккиёт (ПАФТАД) созмон дода шуд ва соли 1980 Шурои хамкории иктисодии Укёнуси Ором (СТЭС) ташкил карда шуд. Максади хамаи ин созмонхо ин ташкил кардани хамкори дар доираи минтака буд ва дар асоси ин созмонхо Форуми Хамкории иктисодии Осиё ва Укёнуси Ором (АТЭС) таъсис дода шуд. Ин раванди интегратсиони дар минтакаи Осиё ва Укёнуси Ором аз хама бузург ба хисоб меравад.
Хамкории иктисодии Осиё ва Укёнуси Ором (ХИОУО) мохи ноябри соли 1989 дар конфронси якумин вазирони иктисод ва вазирони корхои хоричии 12 мамлакати минтакаи Осиё ва Укёнуси Ором, ки дар Канбер (Австралия) гузаронида шуда буд бо пешниходи сарвазири Австралия Б. Хоук таъсис дода шудааст.
Ба ин 12 мамлакат инхо дохил мешуданд: Австралия, Бруней, Зеландияи Нав, ИМА, Индонезия, Канада, Малайзия, Сингапур, Таиланд, Филиппин, Чумхурии Корея ва Чопон. Баъдтар ба ин форум боз 9 мамлакати дигар дохил шуданд: Ветнам, Гвинеяи Нав, Гонконг, Индонезия, Перу, Федератсияи Россия, Тайван, Чили ва Чумхурии Халкии Хитой. Баъд аз кабули Ветнам, Перу ва Федератсияи Россия мораторияи дахсола оиди кабули аъзоёни нав гузошта шуд.
Ба мамлакатхои аъзои ХИОУО зиёда аз 55%-и ММД-и чахони ва 44%-и хачми тичорати берунаи чахони рост омада дар он чо 46%-и ахолии чахон зиндагони мекунанд. ХИОУО минтакаи аз хама тезтараккикунанда ба хисоб меравад, ки дар он дар дах соли охир 70%-и рушди иктисодии чахони рост меояд. Маълумоти муфассал дар бораи вазъи иктисодии мамлакатхои аъзои ХИОУО дар замимаи I оварда шудааст.
Аз замимаи I дидан мумкин аст, ки ба гайр аз мамлакатхои дорои иктисодиёти бузург дошта ба ХИОУО боз мамлакатхои нисбатан суст таракки карда низ аъзо мебошанд. Бинобар ин гуфтан мумкин аст, ки талаботи асоси барои ворид шудан ба ин гурухи интегратсиони ин на доро будани иктисодиёти бузург балки, таалук доштан ба ин минтака мебошад.
ХИОУО хама вакт кайд карда меистад, ки форуми иктисоди аст на сиёси, ки танхо халкунандаи масъалахои хамкории иктисодии минтакави ва дигар масъалахои бо ин алокамандро бо максади либерализатсияи тичорат ва сармоягузорихо мебошад.
Мамлакатхои Осиё ва Укёнуси Ором сатхи баланди тараккиёти иктисодиро ноил гаштанд, бо рохи мубодилаи фаъоли молу хизматрасони ва сармоя чи дар дохили минтака ва чи берун аз он дар шароити системаи тичорати озоди бисёртарафа дар доираи шартномаи генерали оиди тарифхо ва тичорат (ГАТТ). Нигохдори ва мустахкамкунии ин системаи тичорати озод барои тараккиёти муътадили иктисодии минтака накши махсусро мебозад. Бинобар ин хамкории минтакави ин асбоби махсус мебошад, ки барои суръат бахшидани тараккиёти иктисодию ичтимоии хар як мамлакат дар алохидаги таъсир мерасонад.
Хамкори дар сохахои наклиёт ва энергетика, телекоммуникатсия, захирахои инсони барои рушди иктисоди таъсир мерасонанд, дар он вакте ки номувофик омадани инфрасохтори мавчудаи мамлакат барои рушд монеаи калон мешавад.
Статуси машваратчии расмиро нигох дошта ХИОУО ба механизми коркардабарории коидахои минтакавии нешбурди тичорат ва фаъолияти инвеститсиони табдил гаштааст. Бо ёрии ХИОУО мамлакатхои аъзо ба таври фаъол кушиши ташкили минтакаи тичорати озодро карда истодаанд. Корхо дар асоси Накшаи индивидуалии амал (Individгal action plan) оиди либерализатсияи тичорат ва сармоягузорихо пешбурда мешаванд. Ин накшахо аз тарафи иштирокчиёни ХИОУО тайёр карда шудааст ва ин накшахо хама вакт коркардашуда ислох кунонида мешаванд.
Макомотхои мухимтарини ХИОУО ин вохурихои сардорони хукуматхо, вазирони корхои хоричи, вазирони иктисод ва савдо ва мачлисхои Шахсони баланд вазифадори (ШБВ) аъзои ХИОУО мебошад. Дар ХИОУО кабули карорхо дар се сатх ба рох монда шудааст- вохурихои ШБВ (дар сатхи муовинони вазирхо ва сардори депертаментхои дахлдори вазоратхо), вазирони дахлдор ва сардорони хукуматхо. Карорхои махсус аз тарафи сардорони хукуматхо кабул карда мешаванд, ки хамчун кафолат барои ичроиши ин карорхо баромад мекунад. Барои вохурихои рохбарони хукуматхо бо максади кабули ин ё он карор бояд вохурихои ШБВ ва вазирони дахлдор гузаронида шавад.
Барои халли масъалахои мушаххаси иктисоди дар ХИОУО Шурои машваратии кори (Деловой консультативный совет), Кумитаи савдо ва инвеститсияхо, Кумитаи иктисоди, Зеркумитаи ШБВ оиди хамкории иктисоди ва техники, зеркумитахо оиди фаъолияти гумруки, оиди стандартизатсия ва сертификатсия амал мекунад.
Карорхо дар ХИОУО дар асоси консенсус (аз калимаи лотини маънояш розиги) кабул карда мешавад. Раиси ХИОУО пешвои иктисодиёти ХИОУО мебошад. Вохурихои вазирон ва рохбарони хукуматхо дар худуди мамлакати рохбарикунанда гузаронида мешавад.Раис хар сол иваз карда мешавад. Соли 2000-ум сардори хукумати Бруней, 2001-ум Чумхурии Халкии Хитой, 2002-юм Мексика, 2003-юм Таиланд, 2004-ум Чили, 2005-ум Чумхурии Корея, 2006-ум Ветнам, 2007-ум Австралия, 2008-ум Перу, 2009-ум Сингапур, 2010-ум Япония.
Соли 1993-юм барои бехтаршавии кори Форуми ХИОУО Котиботи байналхалки таъсис дода шуда буд ва он дар Сингапур чойгир шудааст. Як кисми кормандони котибот аз тарафи Хукуматхои мамлакатхои аъзо таъин карда мешаванд.
Хусусиятхои фарккунандаи ХИОУО аз дигар гуруххои интегратсионии бузург:
- Оинномаи худро надорад бинобар ин хамчун «созмон» номгузори карда намешавад.
- Хамкори танхо дар сохаи иктисоди. Аз аввал ХИОУО худро на хамчун форуми сиёси балки хамчун форуми озоди «мачмуи иктисодхо» муаррифи мекард.
- Кариб мавчуд набудани дастгохи идоракунии махсус. ХИОУО хамчун форуми озоди машварати бе ягон сохтори мушкили идоракуни ташкил карда шудааст. Секретариати ХИОУО, ки дар Сингапур чойгир шудааст, 23 дипломатро аз мамлакатхои аъзо ва 20 нафари интихобшударо дар бар мегирад. Макомоти асосии идоракуни ин вохурихои харсолаи мамлакатхои аъзо бо иштироки сардорони Хукуматхо мебошад, ки дар натичаи онхо декраратсия оиди фаъолияти яксолаи Форум кабул карда шуда, фаъолияти минбаъдаи Форум муайян карда мешавад.
- Даст кашидан аз мачбуркуни. ХИОУО хукуки мачбуркуни ва халли конфликтхоро надорад, балки дар асоси машварат ва консенсус амал мекунад.
- Даст кашидан аз корхои банакшагирифташуда. Дар конфронсхои ХИОУО якчанд маротиба масъалаи ташкили Иттиходи иктисодии ОУО хамчун минтакаи озоди тичорат бардошта шуд. Мисол дар вохури дар Осака соли 1995 рузи ташкили чунин минтака муайян шуд 1-уми январи соли 1997 лекин ин карор ичро нашуд.
2.Хусусиятхои интегратсияи иктисоди дар МОУО. АСЕАН. Самараи иктисодии АСЕАН. Созишнома оиди амикшавии хамкории байни Австралия ва Зеландияи Нав.
3. Дурнамои интегратсияи иктисодии минтакаи Осиё ва Укёнуси Ором. Сатхи умумиминтакави. Ташкили форуми хамкории Осиё ва Укёнуси Ором. Сохтор ва дурнамои хамкории Осиё ва Укёнуси Ором. Ташкили минтакаи тичорати озоди Укёнуси Ором.