Фанни Сиёсатшиноси

Элитаи сиёсӣ

Элитаи сиёсӣ

Нақша:

  1. Шароитҳои ташаккули элитаи сиёсӣ.
  2. Вазифаҳои элитаи сиёсӣ.
  3. Навъҳои элитаи сиёсӣ.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки аз рӯзи шинохти инсоният худро ҳамчун вуҷуди соҳибақлу соҳибзавқ ҷомеаи вай ба ду гурӯҳи одамон ҷудо шудааст. Ба гурӯҳи аввал ашхоси алоҳидаи чусту чолок ва ҳунарманду доно ва ба гурӯҳи дигар одамони миёназавқу ҳунар мансуб будаанд. Аз ҳамон давр сар карда, шахсони бо завқу ҳунар, чусту чолок дар байни аксарияти мутлақи аҳолӣ соҳибикром буда, оммаҳо нисбаташон ҳар гуна хусусиятҳои фавқулоддаро молик медонистанд.

Ҳамин табақаи ками аҳолӣ оҳиста-оҳиста дар байни халқ обрӯю эътибори хоса пайдо намуда, гурӯҳи иҷтимоии махсуси одамонро ташкил намуд. Баъдан аз ҳисоби ҳамин гурӯҳ пешвоён ва дигар ашхоси дар ҳаёти ҷамъиятиву иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии ҷомеа нақши бештар мебозидагӣ шудаанд. Бо мурури инкишофи ақлу заковати инсон ин гурӯҳи кам ба ин ё он навъ аксари аҳолиро бо роҳу равиши маданӣ-ахлоқӣ ҳидоят мекардагӣ шуда, маҳз ҳамин гурӯҳ сабабгори тақсими меҳнат дар ҷамъият, хусусияти махсус пайдо намудани меҳнати ҷисмонию фикрӣ гардид.

Минбаъд, аз рӯи эҳтиёҷи инкишофи ҷамъият ва вобаста ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз дохили соҳибақлону соҳибзавқони соҳаҳои мухталифи зиндагӣ одамони боз камтаре дорои сифатҳои болотару волотар ташаккул ёфта, аз тарафи на танҳо доираи одамони ба як навъи фаъолият сару кор дошта, балки аз ҷониби дигар табақаю гурӯҳҳо эътироф мекардагӣ шудаанд.

Ҷамъият ба гурӯҳи ҳокимон ва тобеъон тақсим гардид. Дар навбати худ аз ҳисоби аҳли заҳмати дараҷаҳои гуногун шахсони алоҳида бо ягон хусусияти зеҳнию равонӣ, фарҳангию ҷисмонӣ афзалиятдошта ба назар бештар намудор гашта, дигаронро ба сӯи худ мекашанд ва боиси эътирофи умум мегарданд. Дигар хел карда гӯем дар ҷомеа зарурияти ҳалли масъалаҳои мушаххас ба ҳайси селексионер баромад намуда, соҳибақлони бозаковату бофарҳанг ҷусту чолок ва далеру шуҷоъро аз байни омма ҷудо месозад, ки баъдтар онҳо элитаро ташкил медиҳанд. Зубдагон- элита бошанд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳатто олами ҷино пайдо шуда, боиси эътирофи атрофиёнашон мегарданд. Аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки дар соҳаҳои гуногуни фаъолият: иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ, ҳарбӣ, адабӣ ва ҳатто мафиёзӣ як зумра ашхосеро дидан мумкин аст, ки дар доираи хеш обрӯю эътибори мутлақ дошта, бо ин ё он навъ сухани онҳо барои дигарон ҳамчун раҳнамо хизмат менамоянд. Алҳол дар сиёсатшиносии муосир чунин типҳои элитаро ҷудо кардаанд: а) маънавӣ; б) иктисодӣ; в) ҳарбӣ; г)зеҳнӣ; д) тиҷоратӣ; е) сиёсӣ.

Бар хилофи дигар типҳои элита-зубдагон, элитаисиёсӣ ҳокимияти сиёсиро дар дасти худ ҷамъ намуда ҷамъиятро идора намуда, қарорҳо муҳими стратегӣ қабул менамоянд. (Василенко И.А. Политология. Учебник Москва Юрайть-2010 саҳ. 228-229.) Дар ташакули зубдагон се принципи интихобот маъмул аст, аз рӯи —-(аристокаияи то—— ва дараҷа аз рӯи талаботи дороӣ аристократияи пул ва сармоя ) ва аз рӯи муваффақияти ба даст омада (аристократияи ақлу истеъдод)

Мо ақидаи сотсиолог ва сиёсатшиноси италянӣ Моски (1858-1941)-ро, ки гуё «дар ҳама ҷамият ду гуруҳи шахсон синфи идоракунанда ва синфи идорашаванда»1 вуҷуд дорад, розӣ буда наметавонем, чунки на ҳама ашхоси идоракунанда дорои сифатҳои элитаивист.

Ба ҳама равшан аст, ки раванди ташаккули элита вобаста ба системаи сиёсию сохтори он, вазъият ва сатҳи маърифатию қувваҳои истеҳсолотии ҷамъиятӣ, тарзи фаъолияти сохтори сиёсӣ ва вазъияти умумии сиёсӣ ташаккул меёбанд. Масалан, ҳангоми инқилобҳои иҷтимоӣ, агар зарурати бо роҳи зӯрӣ сарнагун сохтани режими дар сари қудрат буда, ба миён ояд, он гоҳ аз байни қувваҳои мубориз пешвоёни инқилобӣ ба майдон омада, бо роҳи худнишондиҳӣ дар набардҳои сиёсӣ аз ҳамсафони дигари хеш намоёнтар мегарданд. Дар ин набардҳо аз ҳар ду гурӯҳ обрӯмандон ба майдон меоянд, аммо як гурӯҳ ба сари қудрат омада, ҳоким мегарданд ва гурӯҳи дигар дар идора кардани ҳокимияти сиёсӣ ширкат надошта бошад ҳам, вале элитаи ҳамон гурӯҳи иҷтимоии худ боқӣ мемонад. Пас танҳо ҳокимиятдоронро элита донистан ба мақсад мувофиқ нест.

Гузашта аз ин, элита гурӯҳи одамоненанд, ки новобаста аз мансубияти синфию сиёсӣ шахсони хеле бо маърифат, маданӣ, ташкилотчӣ ва намунаи ибрати неку бади дигаронанд.

Аз ин нуқтаи назар ақидаи Парето (1848-1923), ки элита ба онҳое, ки дар идора кардани ҳокимияти сиёсӣ ширкат доранд ва ширкат надоштагон ҷудо намудааст, дурусттар аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари шахсони соҳибмаърифату ташкилотчӣ, кордону покизасиришти дар байни мардум эътибори ҷиддӣ дошта, барои ҳокимият талош надоранд. Онҳо мехоҳанд, ки дигарон онро барои идора кардани ҳокимият пешбарӣ намоянд. Гузашта аз ин, дар ҷамъияте, ки дар он волоияти қонун меъёри ҳаёти сиёсии тамоми ҷомеа нагаштааст, ташаккули элита, хусусан, элитаи сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҳарбӣ дорои ақлу заковати фавқулодда, сатҳи фарҳанги ба мақомоти олӣ мансуббуда набуда, бо фаъолияташон ба пешрафти ҷамъиятӣ мусоидат наменамоянд. Дар чунин вазъият элита бештар пӯшида буда, бо ҳам хеле зич вобастагӣ доранд. Онҳо он қадар иттиҳоди мустаҳкамеро байни хеш барпо месозанд, ки «бегона»-ро он ҷо роҳ нест. Ин гурӯҳ ҷавҳари ҳокимиятро ташкил намуда, барои худ имтиёзи бештаре, бе он ки ба он омма розӣ бошанд ё не, дода, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсатро ба манфиати худ тобеъ кунанд. Бесабаб нест, ки қариб дар ҳеҷ як ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ вакилони мардумӣ барои бозхонди худ пеш аз мӯҳлат қонун қабул накардаанд ва роҳбарони аввал барои маҳдуд намудани ҳокимияти худ ва мӯҳлати иҷрои ваколаташро камтар кардан ташаббус нишон надодаанд. Доир ба кадом амалиётҳо ва рафтори президентҳо қонуншиканӣ дониста мешавад ва чӣ тавр онҳо бо ихтиёри хеш дар ҳолати амалӣ нагаштани барномаи иқтисодию иҷтимоияшон аз ин мансаб истеъфо диҳанд, низ қароре нест. Ин табиист. Ҳар кадом ба ном вакили мардумӣ, ки сазовори боварии гурӯҳи ҳаммаҳалҳою ҳамминтақаҳо гаштаанд, ҳама худро дар курсии президент дидан мехоҳанд. Агар қонуни бозхондӣ пеш аз мӯҳлати худро қабул намоянд, барояшон роҳро ба сӯи курсии сарварӣ ва ё дигар мансаби бобаракат мебанданд. Онҳо дар ин хусус ба манфиати омма эътибор намедиҳанд ва сараввал барои худ шароити қулай муҳайё месозанд.

Президент ва ё Сарвазир ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба воситаи тағйир додани сарқонун ваколаташонро дарозтар намуда, имкони такрор ба такрор пешбаринамоии номзадиашро дошта бошад.

ВАЗИФАҲОИ ЭЛИТАИ СИЁСӢ

Элитаи сиёсӣ бо кадом роҳ ва кадом шароите ташаккул наёфта бошанд, дар ҷомеа дорои вазифаҳои муайян буда, пешрафту инкишофи ҷамъият, барқароршавии режими сиёсӣ аз бисъёр ҷиҳат ба онҳо алоқаманд аст. Вазифаҳои онҳо чунинанд: стратегӣ, коммуникативӣ, ташкилотчигӣ ва ҳамгироӣ.

Дар байни ин вазифаҳо вазифаи кор карда баромадани тактика ва стратегияи инкишофи ҷамъият, муайянсозии барномаи амалҳои сиёсӣ, кор кардани ғояҳои нави пешқадами ба талаботи ҷамъият ҷавобгӯ, ба амалбарории истеҳсолоти таъминкунандаи тараққиёти иқтисодӣ ва босуботии сиёсӣ асосиаанд. Вазифаҳои стратегии элитаи танҳо дар дараҷаи олӣ аъзоёни парламент, аъзоёни шӯрои вазирон, эксперт ва маслиҳатчиён (мушовирон), ёварони президент ва мутахассисони баланд — ихтисоси соҳаи гуногун, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ғайра амалӣ мегарданд.

Барои дар амал тадбиқсозии старатегия тайёрии олии касбӣ ва дониши чуқури назариявӣ доштани элитаи сиёсӣ зарур аст.

Таҷрибаи давлатҳои тозаистиқлол гувоҳӣ он аст, ки дар ҷумҳуриҳое, ки сиёсатдорони касбии собиқадор, экспертҳо, кормандони босалоҳияти иқтисодиро ба идора кардани ҳокимият ҷалб намудаанд, ҷамъият он ҷо ба мушкилиҳои камтари сиёсию иқтисодӣ гирифтор шудааст.

Элитаи бо заковату фарҳанги баланди сиёсӣ дошта имкон доранд, ки на танҳо ҷомеаро аз бесарусомонӣ, бесуботӣ бароранд, балки онро ба маҷрои устувори инкишофи иқтисодӣ дароранд. Ҳама ба он вобаста аст, ки роҳи пешгирифтаи пешвои зубдагони сиёсӣ то кадом андоза асоснок ва илмист. Масалан, дар Руссия ваучеризация, 500 рӯзи аз бӯҳрони иқтисодӣ баромадан боиси пешрафти ислоҳотҳо нагашт. На элитаи сиёсӣ, на иқтисодию ҳарбӣ шояд майли пешбурди ҷамъиятиро надоштанд. Ба ҳар ҳол як чиз мусаллам аст, ки дар ҳама ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аксари зубдагони сиёсию иқтисодӣ ва ҳарбӣ баъди

парокандашавии сохти шӯравӣ ташаккул ёфта, дар ихтиёрашон капитали ибтидоии зиёде надоштаанд. Танҳо баъди ислоҳоти иқтисодӣ онҳо соҳибсарват гашта, аксари кулли аҳолӣ мубталои қашшоқӣ гардид. Яъне тактика ва стратегияи насли «нав»-и элитаи ба тараққиёти иқтисодию сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ мусоидат накард. Дар аксари ин давлатҳо корхонаҳои тавлидотӣ аз фаъолият боз монданд. Сиёсати ғайридавлатигардонӣ ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва баровардани маҳсулоти хушсифат наовард, буҷаи давлати ғанӣ нагашт.

Ин агар, аз як тараф, ба ҳолати афкори умум дар кишвар вобаста бошад, аз тарафи дигар, бо мундариҷаи қарорҳои қабулкардашуда вобаста аст.

Вазифаи дигари элитаи сиёсӣ робитавӣ (коммуникативӣ) буда, вай бояд дар барномаҳои сиёсӣ амалинамоии манфиатҳои гуногуни (гурӯҳҳои сиёсӣ, ҳизбӣ, касбӣ, минтақавӣ) ва дигар табақаҳои иҷтимоии ҷамъиятиро босамар инъикос намоянд. Вай бояд маҳорати аниқ қайд намудани дигаргуниҳои дар афкори мардум ба вуҷудомада хусусияти қайфияти гурӯҳҳои иҷтимоиро муайян карда тавонистан дошта бошад. Дар ҷодаи барқарорсозии робитаи элита бо аҳолӣ нақши воситаҳои ахбори умум ва ташкилотҳои муттасадӣ муҳим буда, аз сифати он ахборот чигунагии муносибати байни элитаи сиёсӣ ва оммаҳо вобаста аст.

Мутаассифона аксари воситаҳои ахбори умум ва тадқиқотҳои сотсиологӣ, ки вазифаашон баҳои аниқ ба вазъияти ҳаёти ҷамъиятӣ, кайфияти рӯҳии мардум, ҳадафҳои аслии элитаи сиёсӣ аст, ахбороти нодуруст паҳн намуда, бо ҳамин боиси бегонашавии ҳокимияти сиёсию омма мегарданд. Кор ба дараҷае мерасад, ки ҳокимияти элитаи давлатро идоракунанда манфиаташон ба манфиати аксарияти аҳолӣ мувофиқ намеоянд. Воситаҳои ахбори умум бошад комилан ба хизмати ин ақалияти ҷамъият дода мешаванд. Чунин давлат на баҳри дифои манфиатҳои аксарият, балки ба манфиати ақаллияти аҳолӣ хизмат менамоянд. Яъне ду ҳокимият дар дохили як мамлакат пайдо шуда, яке худро дар сухан эълон намуда, ҳадафҳои гурӯҳиашонро амалӣ созанд, аксарият бошад ин ақалиятро, яъне элитаи ҳокимро ҳамчун қисми таркибии худ намедонанд. Ин зиддият элитаи дараҷаҳои гуногунро боз ҳам муттаҳидтар мегардонад. Аксарияти аҳолиро бошад, рӯҳи навмедӣ фаро гирифта, ҳар кас худро ба ҳар дар мезанад, то илоҷи зиндагиашро ёбад. Агар аз байни оммаҳо нафаре ин беадолатии сиёсию иҷтимоиро хуб дарк намояд ҳам, мақоли «шӯхи накун ба арбоб, мезанадат ба ҳар боб» — ро ҳамеша пеши хотир оварда, баҳри ислоҳи камбудиҳо намекӯшад. Аз ҳамин лиҳоз даъвоҳои «оташбори элита» суханони баландпарвози эшон ба дили халқ дигар асар намекунад. Ҷомеа ба бӯҳрони шадиди рӯҳӣ гирифтор мегардад.

Вазифаи дигари элитаи сиёсӣ-ташкилотчигӣ аст, зеро оммаи пароканда дар ҳеҷ ҷомеа боиси пешрафти ҳаёт нагаштааст.

Ҷомеа ҳамеша ба сарварони оқилу ташкилотчӣ эҳтиёҷ дорад. Ба хусус шахсоне, ки дар заминаи манфиатҳои умумимиллӣ барномаҳояшонро таҳия месозанду баҳри шарафу номуси халқу миллат оммаҳоро ба ҳам муттаҳид месозанд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақши бузург мебозанд. Элитаи ташкилотчӣ агар соҳибмаърифату соҳибфарҳанг бошанд, оммаҳоро ба қувваи бузурги эҷодкор табдил медиҳанд. Ташкили дурусти фаъолияти оммаҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла:

  • қонунгузорӣ (қабули қарор ва қонунҳо аз ҷониби парламент, президент, ҳукумат)
  • сафарбаркунӣ (шаклҳои гуногуни таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъият, ташаккули кайфият):
  • танзимгарӣ (тақсим ва аз нав тақсимкунии захираҳои моддӣ, молиявӣ ва инсонӣ).
  • мутобиқаткунӣ – (амалҳои марказию минтақавӣ);
  • назораткунӣ вобаста аст.

Вазифаи якҷоякунӣ (интеграция). Ин вазифа дар системаи вазифаҳои зубдагони сиёсии даъвои ҳокимиятдошта басо муҳим буда, устувории пояҳои сиёсию иқтисодӣ, илмию фарҳангии ҷамъият, роҳ надодан ба зиддият ва низоъҳо ба онҳо вобаста аст. Ба хусус муҳайё намудани шароити устувори баробарии қувваҳои сиёсӣ, ба ҳисобгирии манфиати ҳама

қувваҳои сиёсию минтақавӣ дар ҳама сатҳ вазифаи аввалиндараҷаи элитаи сиёсӣ аст. Ин ҷо як чиз қобили қайди махсус аст, ки дар ҷо ба ҷо гузории кадрҳо барои идоракунии ҳокимияти сиёсӣ ва хоҷагӣ такя ба қувваи як минтақа бениҳоят хавфнок буда, ҷомеаро ҳамеша дар ҳолати бӯҳронӣ нигоҳ медорад. Агар элита мақоми аввал дошта дар атрофи хеш намояндагони ҳама ноҳия ва минтақаҳоро гирд наоранд, ҷомеаро ба сӯи тараққиёт бурда наметавонанд. Аз ин рӯ, самаранокии фаъолияти якҷоясозӣ пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки то чӣ андоза бори вазнини масъулияти ҷамъиятӣ дар байни элитаи минтақаҳои гуногун тақсим карда шудаасту муносибати эшон бо ҳамдигар чигунаанд. Дар навбати худ элитаи ҳукмрон бояд хуб дарк кунанд, ки бо худ не, балки ҳама элитаи дар паи муттаҳидсозии оммаҳо буда, манфиатҳои гурӯҳиашонро аз манфиати онҳо болотару авлотар надонад. Дар ҳолати дигар элитаи ба маризи худпарастӣ ва омма ба маризи маҳалгароию нобоварӣ ба ҳокимияти сиёсӣ гирифтор мегарданд.

ОМИЛҲОИ ТАШАККУЛИ ЭЛИТАИ СИЁСӢ

Ташаккули ҳама гурӯҳҳои сиёсию иҷтимоӣ, умуман, ва элитаи сиёсӣ, махсусан, ба чанд омил вобастааст:

-васеъгии базаи иҷтимоии шахсони амалисозандаи интихоб.

-меъёр ва тартиби интихоби элита. Ин ду омил вобаста ба шароитҳои иқтисодию сиёсӣ, вазъи рӯҳияи ҷамъиятӣ, дараҷаи камолоти касбию фарҳанги мазмунашон дар ҳар кишвар тағйир меёбад. Таҷрибаи таърихии халқҳои ҷаҳон собит кардааст, ки ҳалли бисёр масъалаҳо, аз ҷумла ташаккули элитаи сиёсӣ ба режими сиёсии ҳукмрон зич вобастааст. Барои ҳамин мазмуни омилҳои дар боло ишорашуда ва режими сиёсӣ дар ташаккули элитаи сиёсӣ ду тамоилро ба вуҷуд овардааст.

5. Тамоили механизми пӯшидаи ташаккули элитаи сиёсӣ, ки базаи иҷтимоияш хеле танг буда, чун қоида асосан вай аз ҳисоби доираи шахсони ҳукмрон ва доираи селекторҳо ташаккул меёбад.

Ин тарзи ташаккули элитаи сиёсӣ асосан хоси давлатҳои дорои режимҳои сиёсии авторитарӣ ва тоталитарӣ буда, ба он дохил шудани гурӯҳи нави элитаи аз ҳисоби дигар гуруҳҳои иҷтимоӣ имконнопазир аст. Ин тарзи ташаккули элитаи сиёсӣ оқибат ба карахтӣ оварда мерасонад. Чунин тамоил бештар дар он кишоварҳое амал менамояд, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, дар рафти муборизаи яроқнок симоҳои пеш номаълум, вале ташнаи ҳокимият ба майдон омада, ҳокимияти сиёсиро соҳиб гаштаанд.

2. Тамоили дуюм хилофи тамоили якум буда, доираи васеи интихобкунандагон, раванди ошкори интихоб, имконияти даъво кардан барои ишғоли мансаб, ба таври рақобатӣ интихоб шудан, ба сифатҳои шахсии интихобшаванда эътибори ҷиддӣ доданро дар бар мегирад. Чунин тарзи интихобот имкон медиҳад, ки воқеан ҳам беҳтарин ашхоси аз ҷиҳати илму фарҳанг ва ахлоқи ҳамида ба идора кардани ҷамъият ҷалб карда шаванд. Дар ташаккули инкишофи демократии зубдагон он чиз ҷолиби диққат аст, ки дар зинаҳои поёнии идоракунии давлат нисбат ба зинаи миёнаю олӣ намояндагони доираҳои васеи иҷтимоӣ иштирок менамоянд.

Дар зинаи миёнаю олӣ бошад ин доира танг гашта, аксар он аз ҳисоби доираи элитаи сиёсии мақоми аввал ташаккул меёбанд. Барои ҳамин ҳам элитаи дараҷаи олӣ бештар барои ҳифзи манфиатҳои доираи хеш ҷадал менамояд.

Масъалаи дигаре, ки барои сиёсатшиносони муосир муҳим аст,ин сохтори элитаи сиёсии муосир аст, онро сиёсатшиносони Ҳинд П.Шарон ба се гурӯҳ ҷудо намудааст.1. Элитаи олӣ, ки вазифаҳои стратегии сиёсиро дар ҳокимият, ҳизб ва итифоқи касаба ишғол менамоянд. Онҳо қарорҳои муҳими сиёсиро қабул менамоянд; 2. Элитаи миёна.Вай аз ҳисоби одамони бонуфузи ба интихобот роҳ дода шуда –вакилон, губернаторҳо ҳокимони шаҳру вилоятҳо; 3. Элитаи маъмурӣ,ки аз табақаи олии хизматчиёни давлатии вазифаи калиди дошта дар дастгоҳи маъмурӣ.

Адабиёт:

  1. Ашин Г.К. Правлящая этика и обшество, (свободная мысль 1993 №7)
  2. Энгльс об авторитете. ВКН. Маркс Энгельс Ф. — соп. т. 18.
  3. Мальцев Ж. Политическое лидерство. — М. 1992.
  4. Бландель В.П. Саловьёв Л.И. Введение в политологию. – Москва, 2000 г.
  5. Куликов Л.М. Основа социологии и политологии уч. пособис. — М. 2000 г.
  6. Закиров Г.Н. Сиёсатшиносӣ. – Душанбе, 1995

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *