Фанни Сиёсатшиноси

Маданияти сиёсӣ

Маданияти сиёсӣ

Нақша:

  1. Маданияти сиёсӣ, моҳият ва вазифаю аломатҳо.
  2. Роҳҳои ташшаккули маданияти сиёсӣ.
  3. Меъёрҳои маданияти сиёсӣ.

Дар сиёсатшиносии муосир доир ба фарҳанги сиёсӣ, навъҳои фарҳанги сиёсӣ, типҳои фарҳанги сиёсӣ андешаҳо зиёданд. Масалан сиёсатшиносон Г. Алмонд ва Верба чунин типҳои англо-америкоӣ, қитъавӣ-аврупоӣ, авторитарӣ-патриархалӣ, тоталитари ҷудо карда ба англо-америкоӣ хусусияти дунявӣ доштани онро қайд намуда сиёсатро ҳамчун раванди барпошавии манфиатҳои ҳамеша ошти андохтан имконпазир медонанд, маънидод кардаанд. Тибқи ин андеша дар заминаи арзишҳои бунёдӣ ба ҳамгузаштнамоии умумимиллӣ расидан мумкин аст. Типи китавии аврупои-сиёсати ба ҳам муқобилистӣ, хусусияти —- давраи ваақтии сиёсӣ ки баарзишҳои сиёсии ээекторат майл дорад хос аст. «оилаи» калон бо сардории «Подшоҳ-падар», ки хусусияти баланди ананави ва арзиш ҳо дошта такя менамояд.

Дар типпи тотолитарӣ- ташбеҳи калидӣ дар сиёсат «Механизм» ва идеали хосӣ рационалӣ» , ки амали инсонӣ худамалкунанда мегардад ва ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъияти

дар зери назорати сиёсӣ қарор дошта, ҷабр ҳамчун аспоби танзимкунандаи сиёсӣ фаҳмида мешавад.

Ба ғайр аз ин сиёсатшиносӣ муосир фарҳангӣ сиёсиро ба он хотир аз рӯи принципи тамудунӣ конфутсиягӣ- буддоӣ, исломӣ, ҳиндо-буддоӣ, фарҳангӣ сиёсии ғарбӣ ва провославӣ

– словянӣ ҷудо кардаанд, ки индивидуализми ғарбӣ ҷоринамудаи маълумоти дунявӣ эътирофи нақши махсуси синфи миёна, ҳимояи ҳуқуқии инсон ва дигар масъалахои барои ҳаёти ғарб хос танҳо ҳамчун имкони алтернативӣ гузариш ба ҷомеаи баъди саноатӣ ҷамъият, вале на ҳамчун мукамалу ахлоқӣ пешниҳод шудааст.

Имрӯз сурати баланди рушти илму техника ва иқтисодиёти мамлаккатҳои қитъаи осиё ба хусус Хитой имкон медиҳад тасдиқ намоем, ки прогматизм дар ин қитъа муайянкунандаи хоси фарҳанги хоси сиёсӣ мебошад.

Ин мавзӯъ зуҳуроти хеле серпаҳлу буда, онро қариб ҳама фанҳои ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Ҳар кадом фан паҳлӯҳои ба худ дахлдори онро гирифта, назари хешро ифода месозанд.

Фарҳангӣ — сиёсӣ чун қисми таркибӣ ва ё яке аз унсурҳои бағоят мураккаби фарҳанги умумӣ, зуҳуроти идеологӣ, надстройкавии сифати муайян, тарзи фаъолияти амалӣ – маънавӣ ва муносибатҳои чун таъминкунанда, инъикоскунанда, мустаҳкам ва амалӣ гардонандаи манфиатҳои гурӯҳӣ, ҳизбӣ, синфӣ, миллӣ, маҷмӯи андешаҳои муайяни сиёсӣ, арзиш, дониш, маҳорат ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ барои таъмини фаъолият ва инкишофи системаҳои сиёсӣ, иниситутҳои сиёсӣ ва ичтимоии меъёр ва анъанаҳо мебошад.

Фарҳангӣ сиёсӣ, берун аз шоҳроҳи иқтисодии ҷамъият инкишоф ёфта наметавонист, агарчи дорои истиқлолияти нисбӣ аз ҳаёти иқтисодист.

Чи тавре, ки гузаштагони форсу тоҷик аз ҷумла Форобӣ ва Абӯалӣ Ибни Сино таъкид намудаанд, инсон аз рӯи табиати хеш ҳамин тавр сохта шуд, ки барои мавҷудияти хеш ба даст овардани комиллияти олӣ вай ба бисёр чизҳое ниёз дорад, ки худаш дар танҳоӣ онҳоро ба даст оварда наметавонад ва барои ин ба мавҷудияти умумияти одамон эҳтиёҷманд аст, ки ҳар кадом барои хеш ягон ашёро тайёр карда медиҳанд. Дар айни ҳол ҳар кадом нисбат ба ҳамдигар дар ҳолати якхелаанд. Фаъолияти ҳама аъзоёни ҷамъият дар маҷмӯъ ба ҳар кадом он чизеро медиҳад, ки онҳо ба он эҳтиёҷ дошта тавассути онҳо ба камолот мерасанд.

Шарти комил будани ҷамъият, агар ривоҷи истеҳсолот бошад, пас такмили онро бе инкишофи ақлу заковат, дунёфаҳмию ҳамдигаршиносӣ тасаввур кардан мумкин нест, чунки одамон дар ҷараёни зиндагӣ ба ғайр аз муносибатҳои истеҳсолӣ боз ба садҳо муносибатҳои дигар низ дохил мешаванд. Тибқи ҳар кадом навъи муносибат ақлу хиради инсон, дараҷаи шуурнокии вай тағир меёбад.

Хусусан муносибатҳои иқтисодӣ сабаби асосии пайдоиши раванди сиёсию маънавӣ мегардад. Фаробӣ муҳити иҷтимоӣ, муносибати байни ҳамдигарии дар итиҳоди ҷамъиятии одамон ва иродаи инсониро омили ҳалкунанда дар ташаккули симои маънавии инсон медонад.

Аз андешаҳои зикр гашта, он чиз айён аст, ки ҳама гуна муносибатҳо ба ин ё он навъ ифодагари маданияти сиёсии одамон ба ҷомеаанд.

Фарҳанги сиёсӣ ҳамчун сифати сиёсии субъектҳои гуногун: синфҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ, шахсони алоҳида, институтҳои сиёсӣ ва ғ.. баромад менамояд.

Пас барои дарки фарҳангӣ сиёсӣ қабл аз ҳама худи фарҳанг ва навъҳои онро донистан лозим аст, чунки категорияи фарҳанг мафҳуми нодири ҳамаро фарогиранда буда, он инъикоскунандаи дараҷаи

инкишофи ақлу заковат ва фаросати инсон аст.

Воқеан, оламе, ки инсонро иҳота намудааст, аз унсурҳои ашёгии фарҳанги моддӣ ва объектҳои маданияти маънавӣ иборатанд.

Дар ҳаёти ҳаррӯзаи муқаррарӣ мо ба ғайр аз фарҳанги сиёсӣ бо дигар ифодаҳои иборавӣ

«Фарҳанги истеҳсолӣ», «фарҳанги боғдорӣ», «фарҳанги заминистифодабарӣ», «фарҳанги роҳбарии хоҷагидорӣ» ва ғ.дучор мешавем, аммо ҳар кадоми онҳо танҳо ба хусусияти фаъолияти соҳаи алоҳидаи ҳаётӣ нигаронидашуда дар маҷмӯъ чун унсури фарҳанги умумӣ баромад менамоянд.

Алҳол бошад дар зери мафҳуми фарҳанг ҳамаи он чизе, ки чамъияти инсонӣ- тавассути ақл сохтааст ва дар он ақлу фаросат, ҷаҳонбинӣ, мақсад ва завқи хешро гузошта, табиати нав офаридааст, фаҳмида мешавад. Дар маънии васеъаш бошад, фарҳанг маҷмӯи ҳама арзишҳои моддӣ ва маънавии дар ҷамъият сохта шуда фаҳмида мешавад.

Ба унсурҳои фарҳанги моддӣ, иншоот ва биноҳои истеҳсолӣ, мошин ва дастгоҳҳо, хонаҳои сукунатӣ ва ашёҳои маишӣ, садо ва симо, компютер, театр ва толорҳои консертӣ, китобу китобхонаҳо кинофилмҳо сурат ва муҷассамаҳо, қаср ва масҷидҳо дохил мешаванд. Дониш, ғоя, забон, санъат, урфу одат, анъана, меъёрҳои иҷтимоӣ ва арзишҳо ҷиҳати маънавии фарҳангро ташкил медиҳанд.

Як хусусияти хоси ин ду навъи фарҳанг дар он аст, ки бе ҳамдигар дар алоҳидагӣ вуҷуд дошта наметавонанд.

Масалан, китоб унсури маданияти моддӣ бошад ҳам, вале мазмуни дар вай ифодаёфта, ғоя ё образҳои бадеӣ ба арзишҳои маънавӣ дохил мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳар кадом ҷамъият маданияти ба худ хос ташаккул меёбад. Аммо баробари ин ҳар кадом ҷамъият, ки дар он навъи башар зиндагӣ мекунанд, ҳангоми фаъолият як қатор меъёр, талабот, муносибат, муомилот, урфу одат, анъана, шакли табобат, истеҳсолот ва ғ. — ҳоро ба вуҷуд меоранд.

Инҳо барои ҳама одамон аксаран қобили қабуланд, чунки аз истифодаашон баробар фоида мебинанд. Бар хилофи фарҳанги умумӣ фарҳанги сиёсӣ ҳамчун унсури муҳими фарҳанги умумӣ ба сохти сиёсии ҳар кадом мамлакат вобаста буда, на дар ҳама ҷо самари якхела медиҳад. Сиёсатшиносон Г. Алмонд ва Г. Пауэлл фарҳанги сиёсиро «маҷмӯи мавқеи фардӣ ва тавзеҳи (фиенитация) иштирокчиён ҳамон системаи сиёсӣ номида, онро чун соҳаи субъективии ба вуҷудоранда ва ба амали сиёсии моҳиятбахшанда» номидаанд. Онҳо чунин унсурҳои фарҳанги сиёсиро нишон доданд. а) тавзеаърифатӣ – раванди ҳақиқӣ ё дурӯғ оиди объектҳо ва идеяҳои сиёсӣ; б) тавзеҳи ҳаяҷоновар – эҳсоси робита, даъватномаи амали муқобилиятнишондиҳӣ – нисбати объектҳои сиёсӣ; в) тавзеҳи баҳодиҳӣ – муҳокима ва андешаҳо доир ба объектҳои сиёсие, ки одатан барои баҳо додан ба объектҳо ва ҳодисаҳо ҳамчун меъёр истифода мебаранд».

Андешаҳои сиёсӣ, сохторҳои сиёсию давлатӣ, қонун ва қарорҳои танзимдиҳандаи ҳаёти сиёсӣ, назария ва ақидаҳои сиёсӣ, хулоса ҳамагуна институтҳои сиёсӣ, ки ба пешрафти ҷомеаи башарӣ мусоидат менамоянд, фарҳанги сиёсиро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, фарҳанги сиёсӣ гуфта маҷмӯи донишҳои сиёсӣ, арзишҳо, усули рафтореро меноманд, ки тавассути онҳо ба хамтаъсиррасонии субъект ба давлат ва воридшавӣ ба фаъолияти сиёсӣ амалӣ мегардад, (Маевцев В.А. Основы политологии М 1997г стр. 359)

Таърифи зикршуда ба ҳам алоқамандии байни ҷамъияту фарҳангро ифода намояд ҳам, аммо ин таносуби том ва ҷузъ набуда, таносуби том ба сифаташ аст, ки охирин муайянияти ашё зуҳурот, масалан хусусияти аломатҳои сифати фарҳангӣ сиёсӣ тавсиф карда мешавад. Як чизро бояд ба эътибор гирифт, ки бо роҳи синтез навъҳои гуногуни фарҳангро ба аломатҳои сиёсӣ дар тафаккур сохтан мумкин нест. Гузашта аз ин оддитарин зуҳуроти иҷтимоӣ ё сиёсӣ низоми устувори ҳаёти ҷамъиятиро вайрон месозад.

Алалхусус, дар ҳолатҳои бӯҳронӣ тартиб ва низоми як вақт устувор фаъолкунанда вайрон шуда, бесарусомонии сиёсиро дар ҷамъият ба вуҷуд меоранд.

Хусусан, набудани маданияти таҳлилкунии сиёсӣ, муқобилгузорию аз он натиҷагирӣ натавонистан, дар ҳаёт амалӣ гардонида натавонистани нақшаҳо боиси фалаҷии ҳаёти сиёсӣ мегардад. Яъне ин он маъноро дорад, ки меъёрҳо натавонистаанд воқеиятро дар бар гиранд.

Омӯзиши фарҳанги сиёсӣ дар шароити кунунӣ аз он хотир муҳиму замонавист, ки зиддияҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ то рафт чуқуртар гашта, мақомотҳои роҳбарикунанда аз мардум дуртар шуда, зиддияти манфиати гурӯҳҳои алоҳидаи сарватмандон, аз як тараф, ва мақомоти назоратӣ аз ҷониби дигар, зиддияти идеологияи сиёсии пешини сотсиалисти бо идеологияи иқтисоди бозоргонӣ ва идеологияи сиёсии ислом бо ҳарду, қафомонии асримиёнагии аксари аҳолӣ дар ҷодаи баҳо додан ба нақши хеш ва ғ. онро талаб менамоянд, ки ин равандро бояд боз дошт.

Моҳияти ин мушкилот дар он аст, ки маданияти сиёсӣ зуҳуроти хосаи иҷтимоии дорои аломатҳои махсуси худ аст.

Хусусияти зуҳуроти иҷтимоӣ бошанд тавассути системаи нави мафҳум ё дар мутобиқоти дигари аллакай маълум кушода мешавад. Масалан, Н.М. Кейзеров дар

«Маданияти сиёсии ҷомеаи социалисти» (ба забони руси) чор аломати маданияти сиёсиро нишон додааст: номи китоби худ.

  • аломатҳои умумии хоси сиёсат, маданият ва идеология, ҳамчун зуҳуроти рӯбино, муносибатҳои идеологӣ. Ин ҷо махсусияти ба ҳам таъсирнамоии унсурҳои рӯбиноии шаклҳои шуури ҷамъиятӣ зуҳур меёбанд. Ба ин хусусияти умумӣ характери синфият ва ба моддиёт вобаста будани фарҳангӣ сиёсӣ ишора менамояд.
  • аломат ва хислати фарҳанги-сиёсӣ ҳамчун зуҳуроти махсуси ҷамъиятӣ, муносибатҳои идеологӣ, унсури сифатан муайяни рӯбино бо вазифаҳои мушаххаси иҷтимоӣ.
  • аломатҳои алоҳидаи хоси навъҳои ҳархелаи фарҳангӣ — сиёсӣ дар доираи хелҳои таърихӣ вобаста ба субъект ё ки марҳила ва дараҷаи инкишофи он. Масалан, фарҳанги сиёсии синфи коргар, деҳқон, гурӯҳҳои дигари иҷтимоӣ.

Фарҳанги сиёсӣ дар кадом шакле зоҳир нагардад, хусусияти муайянкунандаи вай муносибаташ ба муносибатҳои идеологӣ, ба рӯбино мебошад. Танҳо дар ҳамин асос моҳияти иҷтимоӣ ва хусусиятҳои хоси фарҳанги сиёсиро кушодан имконпазир аст.

Фарҳанги сиёсӣ, аз як тараф, ҳамчун инъикоскунандаи манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни ичтимоӣ, синфӣ, миллӣ, умумӣбашарӣ, аз тарафи дигар, шакли баҳо додан ба тасавуротҳо аз назари таҷрибаи таърихӣ ва ҳозира, таҷрибаи муборизаи сиёсӣ, маҷмӯи донишҳои сиёсӣ ва усули танзими муносибатҳои сиёсӣ баромад менамояд.

Фарҳанги сиёсӣ ҳамчун дараҷаи муайяни шуури ҷамъиятии шахсиятҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо, миллатҳо дар ду дараҷа (назарявию муқаррарӣ) зуҳур мекунад.

Ҷавҳари фарҳанг сиёсиро идеологияи сиёсӣ ташкил медиҳад, ки он дар системаи донишҳои сиёсӣ нақши барандагӣ дорад. Вай, яъне идеологияи сиёсӣ ифодаи мутамарказкунонидашудаи таҷрибаи муборизаҳо (синфӣ, ҳизбӣ, миллӣ) мебошад. Вай аз ҷониби идеологҳо бо назардошти ҳадафҳои ҳизбӣ, синфӣ, миллӣ ва манфиатҳои онҳо дар ояндаи наздику дур кор карда баромада мешавад.

Агар ба чунин даъватҳо, аз ҷумла «Бародарони мусулмон ба ҳам мутаҳид шавед»,

«Бани одам аъзои якдигаранд», «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед» аз назари сиёсӣ баҳо доданӣ шавем, ҳар кадом мутлақо хилофи ҳамдигаранд, аммо ба ҳам омадани инсониятро даъват менамоянд.

Яке аз рӯи нишонаи умумияти динӣ, алалхусус мусулмонон, дигаре «берун аз ҳама таасуби динӣ, ҳизбӣ, синфӣ, миллӣ» ва сеюми иттҳоди аҳли заҳматкаши дунёро ба иттиҳод даъват менамояд.

Шиори аввалу охир ифодагари манфиати гурӯҳҳои муайяни инсоният бошад, андешаи дуюм фарохии заковати инсон ва ба ҳам омадани тамоми инсониятро таъкид менамояд. Вай аз ҳама маҳдудиятҳо берун баромада, байни инсонҳо фақат дар андозае фарқ мегузорад, ки

ҳар кадом узви ҷисми ҳамчун замина, асос ва сабабгори мавҷудияту мӯътадил фаъолият намудани узвҳои дигар ва дар маҷмӯъ тамоми вуҷуд аст.

Аз ин ки идеологҳо кадом ҳадафҳоро дар ҷамъият амали гардониданианд, онҳо кадом манфиатҳоро ҳимоя месозанд, ба мақсади кадом синф, миллат ва гурӯҳҳои сиёсӣ хизмат карданианд, андеша, нуқтаи назар ва таҷрибаи ҳамин гурӯҳҳои иҷтимоиро ба воситаи сиёсати давлатӣ таъвил медиҳанд.

Алҳол, дар фарҳанги сиёсии кунунӣ чанд нуқтаи назар доир ба ҳаёти инсонӣ амал менамояд.

а) Мондеализм лафзи франсавӣ буда, ҳадафи идеологҳояш аз ташкили давлати ягонаи умумиҷаҳонӣ бо роҳбарии миллати яҳуд аст. Тибқи ин идеология дар олам аввал ҳокимияти иқтисодии ягона ташкил ёфта, ҳамагуна монеаҳои миллиро бартараф намуда, ҳама тарзи ягонаи ҳаётро қабул намуда, сипас ҳокимияти ягона ба вуҷуд меояд.

Ҳоло 20 давлати дунё, аз 195, қариб тамоми ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии оламро дар зери таъсири хеш даровардаанд. Ин 20 давлат системаи пулию молии дунёро назорат мекунанд.

Аммо идеологҳо дар аксари мамолики ҷаҳон муносибатҳои иқтисодиёти бозориро ҳамчун рафъкунандаи ҳама балоҳои иҷтимоӣ дар ҳама сатҳ ташвиқу тарғиб месозанд.

Аксар донишмандон дуруст қайд менамоянд, ки оламшумул гаштани системаи ахборотӣ ҳама гуна монеъаҳоро аз байн бардошта фазои ягонаи итилоотие ба вуҷуд меояд, ки аз комёбиҳои ҳамдигар мардуми олам сарафроз мегарданд.

Он ки ин фазои ягонаи итилоотӣ, воқеан, аллакай амал карда истодаасту монеаҳои масофагӣ бардошта шудаанд, касеро дар шубҳа намондааст.

Вале ин фазои итилоотӣ аз тарафи ҳар кадом давлати миллӣ баҳри кадом мақсад истифода мешавад, масъалаи дигар аст.

Шароити кунунии олами як қутбӣ, рафтори сиёсии баъзе сарони давлатҳо ва ҳокимияти сиёсии онҳо, ба манфиати ғаразнок истифода кардани воситаҳои техникии фарҳанги моддӣ, бисёр давлатҳои сусттараққикардаро ба асорат гирифтор менамоянд.

Масалан, Амрико, ки имрӯз қудрати бештари иқтисодию техникӣ дорад, ба ҳар роҳу восита тарзи дунёфаҳмию одамиятфаҳмияшро ба дигарон иҷборан бор карданист. Барои вай пайдо шудани мафҳуми «терроризм», «фундаментализми исломӣ», «фазо баҳри мавҷудият» манфиатҳои оламшумулии Амрико он падидаҳои фарҳанги сиёсиеанд, ки ба худ ҳуқуқи ҳокими ягонаи ҷаҳонро аллакай додааст.

Хусусан баромадҳои сарвари Амрико Буш оиди он, ки вай дар тамоми олам ба муқобили терористҳо муборизаи беамон мебарад, амнияти инсониятро таъмин накарда, шиддати сиёсиро меафзояд.

Акнун ҳар кадом давлати сиёсаташ барои Амрико маъқул набуда, ба рӯихати сиёҳи он афтида худро бе хавф эҳос намекунад. Вай дар вақти барои роҳбарияти Амрико мувофиқ мумкин аст, ҳадафи таҷовуз қарор ёбад.

Яъне имрӯз ҷавҳари асосии фарҳангӣ сиёсии пурқувваттарин давлати дунё Амрикоро зӯри «бузургдавлатӣ» ташкил медиҳад.

Барои фарҳанги сиёсии ин давлати абарқудрат ба ҳисоб нагирифтани меъёрҳои муқаррар кардаи Ташкилоти Миллали Муттаҳид «Эъломияи ҳуқуқи башар» ва дигар санадҳои меъёрии муносибати байни давлатҳо ба ҳукми анъана даромада, риояи онҳоро аз дигарон талаб менамоянд.

Муносибати ҳозираи Амрикоро ба давлатҳои дигари олам муқоиса намуда, боварӣ ҳосил менамоӣ, ки ин давлат, воқеан, таҷовузкор буда, тамоми амалияи сиёсии вай ба паст задани нақши халқҳои дигар ва тарғиби арзишҳои таҷовузкоронаи худ нигаронида шудааст. Таҷовузкориашро бошад ба воситаи машинаи бузургӣ таблиғотиаш ба ташкили афкори

умум тарзе ба ҷаҳониён мерасонад, ки агар ШМА набошад, бенизомӣ тамоми сайёраро фаро мегирифта бошад.

Сиёсатшинос Пугачев В.П., Соловьёв А.И. дар китоби дарсиашон «Введение в политологию» М. 2000г. – 314-315,с. чунин вазифаҳои фарҳанги сиёсиро нишон додаанд.

  1. Ҳаммонанднамоӣ, яъне эҳтиёҷи ҳамешагии инсон барои фаҳмиши мустақилияти хеш ба гурӯҳҳо ва муайян намудани тарзи иштирок ва ифоданамоии манфиатҳои умумияти мазкур аст. Яъне ҳар кадом шахс бояд ба кадом умумияти одамон мутаалиқ аст, донад ва ҷояшро дар он муайян намояд.
  2. Мавқеъ муайянкунӣ-ҷаҳдӣ, инсон барои инъикоси моҳияти зуҳуротҳои сиёсӣ, дарки имкониятҳои хеш ҳангоми амаликунии ҳуқуқ ва озодиҳо дар системаи мушаххаси сиёсӣ:
  3. Мувофиқнамоӣ-қобилияти ба авзои доимотағирёбандаи муҳити сиёсӣ ва шароити амалисозии ҳуқуқӣ, озодиҳо худро мувофиқ намудан:
  4. Баҳамоӣ – якҷояшудан баҳри таъмини амалишавии имконияти гурӯҳҳои гуногун баҳри дар доираи системаи муайяни сиёсӣ, нигоҳ доштани томияти давлат ва муносибати он, умуман, ба ҷамъият:
  5. Коммуникативӣ — таъмин намудани ба ҳамтаъсиррасонии ҳама субъектҳо ва институтҳои ҳокимият дар заминаи истифодабарии мафҳум, аломат ва дигар воситаҳои истифодаи ахбор ва муошират. Яъне тавассути ин воситаҳо ҳокимияти сиёсӣ бо мардум ва мардум ба ҳокимияти сиёсӣ робита пайдо менамоянд.

Системаи таърихан ташаккулёфтаи таҷрибаи наслҳои гузаштаи одамон, ки дар худ гузариш, эътиқод, ҳиссиёт, тарзи рафтор дар фаъолияти субъектҳои раванди сиёсӣ ифода меёбанд ва дар асоси меросият такрористеҳсолкунии ҳаёти сиёсии ҷомеаро таъмин менамоянд.

Хусусиятҳои хос.

  1. муносибатҳои устувор, алоҳидаи такроршуда, муносибати байни равандҳои сиёсиро қайд карда, тарафҳои устувори таҷрибаи сиёсиро мустаҳкаи менамояд.
  2. Маҳсули инкишофи табиию таърихии ҷомеа, натиҷаи эҷоди сиёсии коллективӣ.
  3. Доштани хусусияти умумӣ, муносибатҳои сиёсӣ тавассути маданияти сиёсӣ

«аз мағз мағзаш» гузашта, пурра гардидааст.

  1. Шуури сиёсӣ ва рафтори сиёсии оммаи халқро муайян карда, ба ҳаҷми фарҳанги бузурги сиёсӣ дохил мешавад.

Хусусияти шароити муосири Тоҷикистон

а) инкишофи нокифояи фардӣ, мақоми пасти даъвои сиёси;

в) муносибати фармонбардорӣ нисбати ҳар як маркази ҳокимияти воқеӣ шахсӣ барои иштироки сиёсӣ;

б) тамоил ва комформизм, зудбоварӣ ва мутаҳаррикии принсипҳои;

г) тафаккури идеологишуда, оштинопазирӣ нисбатиафкори ғайримаънавӣ; д) салоҳияти паст дщар идораи ҷомеа ва давлат;

е) нигилизми ҳуқуқӣ;

ж) номукаммалии мавқеи шаҳрвандӣ.

Таркиби маданияти сиёсӣ

  1. Маданияти шуури сиёсӣ.
  2. Маданияти рафтори сиёсӣ.
  3. Маданияти амалӣ.

Ба маданияти шуури сиёсӣ – маданияти иштироки сиёсӣ ва фаъолияти сиёсӣ.

Ба маданияти амалӣ — маданияти раванди электоралӣ, маданияти қабул ва амалӣ намудани қарори сиёсӣ дохил мешавад.

Фарҳанги сиёсӣ дорои чунин вазифаи маърифатӣ, тарбиявӣ, регулятивӣ, коммуникативӣ, меъёрию арзишӣ, интенративӣ, муҳофизатӣ ва пешбининамоӣ аст.

Адабиёт:

    1. Баталов Э.Я. Политическая культура как социальный фенамент.- Вестник МГУ, серия 12. 1995., №5.
    2. Владикова Ю. «Культура и политическая культура» Философия и политика в соврименном мире. — М.: 1989.
    3. Шегорцев В. А. Политическая культура: модели и реальность. — М., 1990.
    4. Россия и запад. (вопросы философии), №6 стр. 50-60 1992г.)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *