Фанни Сиёсатшиноси

Нақши давлат дар пойдории худогоҳии миллӣ

  1. Нақши давлат дар таҳкими худогоҳии миллӣ
  2. Идеяи милл ва худшиносии миллӣ

Давлат ба сифати ташкилоти асосии батартибандозандаи равандҳо ва муносибатхои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ баромад менамоянд. Давлат ҳамаи ҳодисаҳои ҷомеаро фаро мегирад ва худогоҳии миллиро таъмин менамояд.

Одамон новабаста аз хоҳишашон давлатро эътироф мекунанд.Яке аз институтҳои марказии системаҳои сиёсӣ давлат ба ҳисоб меравад. Давлат аввалан ба маънои мамлакат, ҷомеаъ, халқ,ки дар масоҳати муайян бо ҳокимияти муайян ҷойгир аст фаҳмида мешавад. Ба маънои дигар ҳамчун ташкилоти ҳукмраво дар масоҳати муайян фаҳмида мешавад.

Дар бораи пайдоиши давлат назария ва таълимотҳои зиёде вуҷуд доранд.

Яке аз аввалин шуда дар давраи Қадим Арасту оиди пайдоши давлат назарияи худро пешниҳод намудааст, ки назараияи антиқа шуморида мешавад. Ба ақидаи ў табиати инсон тақозо намудааст, ки дар ҷомеа зиндагӣ кунад ва давлат натиҷаи инкишофи табии дар соҳаи иттиҳоди одамон мебошад.

Назарияи дигар ба теологҳо мансуб аст, ки онҳо давлатро офаридаи худо мешуморанд.

Назарияи патриархалии пайдоиши давлат, ки асосгузори он файласуфи асри 18 Роберт Филмер мебошад давлатро дар натиҷаи ба таври механикӣ муттаҳид гаштани авлодҳо, ба қабилаҳо табдил ёфтани онҳо ва ба умумиятҳои бузургтар муттаҳид гаштани қабилаҳо пайдо гашта меҳисобанд. Дар асрҳои 17-18 ҳангоме, ки дар Европа мутлақият ҳамчун сохти ҷамъияти инкишоф меёфт, назарияи «шартномаи ҷамъиятӣ» ба миёнмеояд. Моҳияти ин назария он аст, ки давлат дар асоси шартномаи байни ҳокимон ва мазлумон пайдо шудааст.

Дар асри 19 «назарияи тобеъ намудан» оид ба пайдоиши давлат ташаккул ёфт. Яке аз намояндагони машҳури он ҳуқуқшинос ва сотсиолог Людовиг Гумплович мебошад. Ў таълимоти худро дар асари «Муборизаи нажодҳо» баён намудааст. Давлат дар натиҷаи гурўҳҳои номуташаккил ва камқувватро тобеъ намудани гурўҳҳои пурқувват пайдо шудааст.

Назарияи мукамалтаринро оид ба пайдоиши давлат марксистон додаанд, мувофиқи он пайдоиши давлатро моликияти хусусӣ ва тақсимшавии ҷомеа ба синфҳо ва гурўҳхои иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Давлат ҳамчун аслиҳае баромад мекунад, ки манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва идеологии гурўҳи иҷтимое, ки соҳиби воситаҳои истеҳсолот аст, ҳимоя менамояд.

Пайдоиши давлатро олимони муосир низ мавриди бахс қарор додаанд. Яке аз онҳо политологи поляк Ежи Вятр мебошад. Ў чунин меҳисобад;

— мавҷудияти таҳдиди беруна, ки раванди ташаккулёбии давлатро метезонад;

-таъсири намунаҳои беруна, яъне мавҷудияти давлат дар байни умумиятҳои ҳудидию иҷтимоӣ ва дарки моҳияту хусусиятҳои он намояндагони умумиятҳои дигари ҳудудию иҷтимоиро водор менамояд, ки давлати худиро созмон диҳанд.

-Муносибатҳои этникӣ. Ҳангоме, ки ҷомеа аз умумиятҳои гуногуни этникӣ таркиб ёфтааст, ҷудошавии одамон ба ғуломон ва озод тезонида мешавад.

-Шароити географӣ .

Назарияи ҳозиразамон ин назарияи ҳуқуқиӣ мебошад,ки он асоси давлатро дар ҳуқуқи халқхо мебинад.

Барои ташаккули давлат якчанд нишона ба монанди ҳудуд, бозори дохилӣ, чиҳатҳои психологию, маънавӣ, аҳолӣ ва ҳокимият зарўранд. Ҳудуди давлат дар худ чунин нишонаҳоро дорост: замин, боигарӣ, фазо ва обҳои ҳудудӣ.

Нишонаи дигари давлат аҳолӣ буда, он метавонад аз як миллат ё якчанд халқият иборат бошад.

Нишонаи сеюми давлат бозор(тиҷорат, асори миллӣ) буда,он барои таъмини ҷиҳатҳои модии давлат зарур аст.

Нишонаи чоруми он ҷиҳати психологӣ ва маънавӣ буда, аз забон ва инкишофи маданияти миллате, ки он дар ташаккули давлат роли калон мебозад, вобастагӣ дорад.

Давлатҳо аз рўи шакл ба ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва сотсиалистӣ; аз рўи шакли идоракунӣ ба республикавӣ ва монархӣ; аз рўи режими сиёсӣ ба тоталитарӣ, авторитарӣ ва демократӣ ва аз рўи сохт: одди(унитарӣ) ва мураккаб(федеративӣ) тақсим мешаванд.

Шакли унитарии давлат дар замони имрўза хеле инкишоф ёфта буда, қисми зиёди мамлакатҳои ҷаҳон ба монанди Юнон,Фаронса, Норвегия, Финладия, мамлакатҳои Амрикои ҷанубӣ, Африқо, Камбоҷа, Лаос, Ҷопон, Тоҷикистон ба ин гурўҳ дохил мегарданд. Дар ин мамлакатҳо шакли унитарии давлатӣ вуҷуд дошта, дар онҳо конститутсияи ягона, системаи ягонаи органҳои ҳокимияти давлатӣ(сарвари давлат, парламент, ҳукумат), шаҳрвандии ягона, системаи ягонаи ҳуқуқҳо,ҳудуди унитарии давлатӣ, ба қисмҳои маъмурӣ тақсим мешаванд,амал мекунад.

Шакли федеративӣ бошад ҳоло дар давлатҳои Аргентина, Бразилия, Венесуела, Мексика, ИМА, Иттиҳоди Австрия, Покистон, Русия, Олмон амал менамояд. Федератсия аз субъектҳо ба монади республикаҳо, штатҳо,заминҳо ва гўшаҳо иборат мебошад. Ҳар як субъект конститутсияи худро дорад. Дар ин намуди давлат ҳуқуқи шаҳрвандон баробар буда, пули ягона ва парламенти дупалатагӣ амал мекунад.

Конфедератсия ин шакли давлатдорие мебошад, ки ба ҳайати он якчанд давлат муттаҳид мешавандвале истиклолияти худро нигоҳ медоранд. Ин давлат ҳавзаи ягонаи ҳудуди иқтисодӣ, шаҳрвандӣ, пули ягона ва органи гумрукии умумӣ доранд. Ба ин мисол шуда метавонад мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ва Шветсария.

Идоракунӣ. Идоракунии монархӣ- шакли идоракуниест, ки тамоми органҳои идоракунии ҳокимият ба монанди органҳои қонунбарор, иҷроя дар дасти як шахс-монарх муттахид мешаванд.

Монархия ба ду шакл таксим мешавад: а) мутлақ (Арабистони саудӣ, Қаттар, Умон, Аморати муттаҳидаи Араб), б) монархияи конститутсионӣ-дар ин ҷо монарх маҳдуд карда шудааст, ва ба воситаи интихобот органхои давлатӣ ташаккул меёбанд(Англия, Шветсия, Испания).

Идоракунии республикавӣ. Республики ин шакли идоракуниест, ки дар он органи олии қонунбарор ба парламент ва президент тааллуқ дорад ва онҳо аз болои фаъолияти ҳукумат назорат мебаранд.

Республикаи президентӣ- президент дар як вақт ҳам сардори давлат ва ҳам сардори ҳокимияти иҷроя мебошад.(Тоҷикистон)

Республикаи парламентӣ аз республикаи президенти бо он фарқ мекунад, дар натиҷаи интихобот ҳизбҳои ғолиб органҳои олии қонунбарорро ташкил медиханд(Италия,Олмон, Ҳиндустон,Австрия, Финландия, Исландия).

Давлат вазифаҳои дохилӣ ва берунаро доро мебошад. Вазифаи дохилӣ аз барқароркунии ҳокимияти сиёсӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ, қабули қарорҳо,қонунҳо, ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рафтори одамон,ташкил намудани оромии ҷомеа, бо ҷои кор таъмин намудан онҳо, таъмини иқтисодӣ:тартиботи муносибатҳои милию пулӣ,бонкию молиявӣ,таъмини манзил ба шаҳрвандони худ,таъмини нафақа ва ғайра иборат мебошад.

Вазифаи беруна ё хориҷаи давлат аз ҳимояи сарҳад, дахолат накардан ба муносибаҳои дохилии давлатҳои дигар, инкишофи муносибатҳои ҳамкорӣ, дўстона бо дигар давлатҳо, ташкил ва инкишофи тиҷорати беруна бо мақсади таъмини иқтисодӣ иборат мебошад.

Нишонаҳо ва аломатҳои асосии давлат чунинанд:

  • мавҷуд будани ҳокимияти ошкоро. Давлат дорои аппарати идоракунӣ ва маҷбурнамои мебошад (артиш, политсия, маҳкамахо).
  • Системаи руёндани андозҳо, ҳифзи қоғазҳои қимматбаҳо ва зайёмҳо барои нигоҳ доштани таъминоти моддии аппарати давлатӣ, артиш, кувваҳои мудофиа;
  • Тақсимоти ҳудудии аҳолӣ-давлатро зарур аст аҳолиро муттахид намуда, манфиатҳои ҳамаи гурўҳҳои иҷтимоиро ба назар гирад;
  • Истиқлолияти давлат дар иҷрои муташаккилонаи вазифаҳои берунаи ва дохилаи давлат ба даст оварда мешавад;
  • Хуқуқ- қонун ва конститутсия бояд асосӣ давлат бошад;
  • Ҳуқуқи истифодаи зурӣ-давлат дар бораи ошкоро истифода бурдани қувва ва маҷбурнамоии ҷисмонӣ, имконияти маҳрум кардани шаҳрвандонро аз арзишҳои олӣ, ба монанди ҳаёт ва озодӣ дорад.
  • Давлат- институти асосии системаи сиёсии ҷомеа буда, аз болои фаъолияти одамон,гурўҳҳои иҷтимоию этникӣ ва иттиҳодияҳои ҳукумронӣ менамояд.

Дар замони имрўза ҷидду ҷаҳди бисёри мамлакатҳо ба он равона шудааст, ки давлатҳои ҳақиқатан демократӣ ва ҳуқуқӣ бунёд намоянд, чунин ақида дар конститутсияи бисёри мамлакатҳои дунё асоснок карда шудааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *