Фанни Сиёсатшиноси

Хусусияти таъсири равандхои сиёси ба муносибатхо байни Точикистон ва Арабистони Сауди дар мархилаи муосир

Тарзи амали системаи сиёсии ҷомеа ва инкишофи он, ки асоси моҳияти функсионалӣ ва динамикии хусусиятҳои аслии раванди сиёсӣ дониста мешавад, бо таҳлили амиқи назария ва ғояҳои мухталиф шарҳи дурусти он ба даст меояд. Раванди сиёсӣ дар шароити муосир дар ҳар кишвар вобаста ба ситемаи сиёсӣ ва таркиботи иҷтимоии ҷомеаҳо хусусиятҳои худро дорад. Нақши раванди сиёсӣ дар муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамеша аён буда, давлатҳо асосан бар пояи он равобити байниҳамдигариро ба роҳ мемонанд.

Дар шароити имрӯза, ҷавҳари аслии раванди муносибатҳои байни кишварҳоро навобаста ба манфиатҳои гуногун, ҷанбаи инсонӣ ташкил медиҳад ва умумиятҳои нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ низ дар ин росто нақши табиӣ ва инкорнашавандаи худро доранд. Ҳамин аст, ки умумияти динии мардуми мусулмон аз омилҳои муҳимми ҳамгироии кишварҳое ба шумор меравад, ки аксарияти сокинонашонро мусулмонон ташкил медиҳанд. Лозим ба ёдоварӣ мебошад, ки доираи васеи кишварҳои мусулмонии Шарқ яке аз доираҳои сиёсие мебошад, ки дар коркарди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, ҳолати геополитикӣ ва манофеи иқтисодӣ дар мадди назар қарор дорад. Ин кишварҳо на танҳо аз рӯйи урфу одатҳои ба ҳам монанд, балки аз лиҳози имкониятҳо ва талаботи рушди миллӣ бо якдигар алоқамандӣ доранд(6, 147).

Аз ҷумлаи кишварҳои дорои умумияти динӣ бо Тоҷикистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад, ки ҳанӯз дар моҳи феврали соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни ҳарду давлат барқарор шудааст. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки бо мавқеи муҳимми геополитикӣ дар байни кишварҳои мусулмонӣ ва ташкилотҳои минтақавӣ аз қабили Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва Шӯрои ҳамкории кишварҳои араби Халиҷи Форс нақши калидӣ дорад, дар шароити муосири равандҳои ҷаҳонӣ барои иҷро кардани нақши хоси хеш дар арсаи байналмилалӣ талош менамояд. Ин мамлакат ҷиҳати амалӣ кардани хатти машйи сиёсати худ, ҳам дар кишварҳои пешрафта ва ҳам дар кишварҳои рушдкунанда, пайваста иқдомоти дипломатӣ анҷом медиҳад. Бо доштани иқтидори зиёди иқтисодӣ аз ҳисоби захираҳои ҳангуфти нафт, тавонистааст аз иштирокдорони фаоли ташкилотҳои ҷаҳонии тиҷорату иқтисод шавад. Мавҷудияти ду шаҳри муқаддаси исломӣ Макка ва Мадина дар ин кишвар, ки ҳамчун зодбуму маркази ислом мебошад, дар байни кишварҳои мусулмоннишин муайянкунандаи нақши асосӣ ба гоҳо бозигари нақши ҳалкунандаи сиёсӣ мебошад. Ба иловаи ин, таъсир ва нуфузи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар ҷаҳони ислом ба иқтидори молиявии он, ки умдатан барои пуштибонии мусулмонҳо дар ҷаҳон истифода мешавад, асос ёфтааст.

Бо таваҷҷуҳ ба таъричаи сафару боздидҳои мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, раванди муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи ин ду кишварро метавон ба се марҳилаи асосӣ ҷудо намуд: -барқароршавӣ ва таҳкимбахшии муносибатҳои дипломатӣ, солҳои 1992 – 2002; -таҳия ва имзо шудани Созишномаи умумии ҳамкорӣ ва созишномаҳои ҳамкории соҳавӣ дар бахшҳои гуногун, солҳои 2003 – 2007; -кушодашавии сафоратхонаҳо ва таҳаввулоти ҷиддӣ дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба, солҳои 2008 то имрӯз.

Умуман ба назари кошиносони соҳа, раванди муносибатҳои Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ рушд намуда, «ситеманок гардида, ба шумори самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегардад»(8,38).

Бо вуҷуди доштани имкониятҳои васеъи сармоягузорӣ аз ҷониби Арабистони Саудӣ ва заминаҳои воқеии иҷро намудани лоиҳаҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон, раванди ҳамкориҳо то ҳол ҷавобгӯйи талабот ва равандҳои ҷаҳонӣ дар шароити муосир намебошанд. Агар бигӯем, ки аслан ҳамкории воқеӣ ба таври зарурӣ рушд накардааст, хато намекунем. Ҳаҷми умумии кӯмакҳои молиявии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон дар 10 соли ахир ҳамагӣ 265 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад(13). Дигар нишондиҳандаҳои ҳамкорӣ бо тақдими кӯмакҳои башардӯстонаи Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Барои мисол Ҳукумати ШАС барои эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ бар асари сардии зимистони солҳои 2007-2008, 10 миллион доллари амрикоӣ ҷудо кардааст(3,85). Дар соли 2011 бошад, ба истиқболи моҳи Рамазон Ҳукумати Арабистони Саудӣ ба миқдори 200 тонна маводди ғизоӣ барои муҳтоҷон дар Тоҷикистон ҳадя намуд.

Ҳамкориҳои дуҷониба дар дигар соҳаҳо низ қаноатбахш нестанд. Дар ҳоле ки умумияти динӣ як бахши муҳими умумияти фарҳангӣ миёни миллату халқиятҳои гуногун ба шумор меравад ва Тоҷикистону Арабистони Саудӣ аз он бархурдор мебошанд, ҳамкориҳои фарҳангии фаол тақрибан ба назар намерасад. Ҳамакнун аз барпошавии равобити дипломатӣ байни ҳарду кишвар 20 сол гузашт, вале то ҳол Ҷамъияти дӯстии ин кишварҳо фаолона амал наменамояд. То ҳанӯз ҳафтаҳои фарҳангӣ ё намоишгоҳҳои муштараки китобу иттилооти ин кишварҳо баргузор нагардидааст. Муҳимтар аз ҳама, то ҳол марказҳои фарҳангӣ дар Душанбе ва Риёз ифтитоҳ наёфтаанд.

Метавон гуфт, ки Арабистони Саудӣ аз бузургтарин ҷойҳои гардишгарии динӣ дар байни мусулмонон аст. Ба далели воқеъ будани Каъба дар ин кишвар, теъдоди зиёди мусулмонони ҷаҳон ба он сафар мекунанд. Адои фаризаи ҳаҷ, ки ҷузъи фарҳанги исломӣ мебошад, аз ҷумлаи омилҳоест, ки барои рушди равобити бештар байни кишварҳои мусулмонӣ ва Арабистони Саудӣ мусоидат менамояд. Солҳои ахир ҳар сол беш аз 6 ҳазор зиёраткунандаи тоҷик дар мавсими ҳаҷ озими Макка ва Мадина мешаванд. Дар соли 2012 беш аз 6000 нафар тоҷикистонӣ фаризаи ҳаҷро ба ҷой оварданд, ки ин теъдод дар муқоиса ба солҳои пештар як андоза бештар мебошад. Бо ҳадафи тақвият бахшидани равобити фарҳангӣ, дар назар аст, ки дар Китобхонаи миллии ҶТ гӯшаи Арабистони Саудӣ кушода шавад ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти ин кишвар номгӯйи 650 китобро ба китобхонаи тозатаъсиси кишвар пешниҳод намудааст(10).

Қобили зикр аст, ки Осиёи Миёна бо шумули Тоҷикистон ҳамзамон бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ майдони мусобиқа барои нуфузи бархе кишварҳои қудратманд гардид. Баъзе аз коршиносон, дар баробари Эрону Туркия, Арабистони Саудиро ҳам аз бозигарони ин мусобиқа медонанд. Воқеият ин аст, ки дар Осиёи Миёна умдатан аҳолии мусулмон зиндагӣ мекунанд ва дастрасӣ ба ин минтақа барои кишварҳои нисбатан қудратманду пешрафтаи мусулмонӣ имконпазиру осон ба назар мерасид. Махсусан Арабистони Саудӣ ва Эрон Осиёи Миёнаро ҳамчун минтақаи «бозии маҷмӯъи сифр (zero sum)», яъне ҷойи шурӯъи бозӣ аз сифр, медиданд. Вале пас аз гузашти ду даҳсола маълум мешавад, ки Арабистони Саудӣ дар мусобиқа ширкати фаъол накардааст ва ё зоҳиран ноком мондааст.

Дар ин росто, агар Эрон барои вуруд ба Осиёи Миёна «корти бурд»-и ҳамзабонӣ бо Тоҷикистонро дошт, Арабистони Саудӣ метавонист аз «имтиёз»-и худ барои таъсиррасонӣ ба Ӯзбекистон истифода кунад. Зеро бинобар иттилои бархе аз сарчашмаҳо дар Арабистони Саудӣ диаспораи ӯзбектаборон аз 400 то 800 ҳазор нафарро дар бар мегирад, ки умдатан пас аз инқилоби 1917 ва қисман солҳои 90-уми асри гузашта ба он кишвар рафтаанд. Шумораи ӯзбекистониҳои арабтабор низ кам набуда, теъдоди онҳо беш аз 100 ҳазор гуфта мешавад. Ӯзбектаборони саудӣ дар вазоратҳо, умури дипломатӣ, тиҷорат ва дигар бахшҳои ҳаёти иҷтимоии он кишвар кору фаолият менамоянд(9). Яъне ин ҳама метавонист барои наздикшавии ҳарду кишвар, аз ҳар нигоҳ, заминаи воқеӣ бошад. Бо ҳамин роҳ, Арабистони Саудӣ дар фурсати пайдо шудани «халои идеологӣ» пас аз дарҳамрезии идеологияи коммунистӣ метавонист пеш аз ҳама дар Ӯзбекистон нақши пояшро гузошта, ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир расонад.

Коршиносони масоили сиёсӣ тарафдори ин ақидаанд, ки «нозукиҳои хосси баъзе равияҳо ва ҳизбҳои исломиро, алалхусус чун ваҳҳобия, Ҳизбуттаҳрир ва салафия, ки бевосита ба нооромиву бесуботии ҷомеа мусоидат мекунанд, ба инобат нагирифтан мумкин нест»(4,95). Дар ин росто, агар «Ҳизбуттаҳрир» ҳамчун як ҳизби тундрав бо қароргоҳаш дар Ғарб шинохта шудааст, шунидани номи «ваҳҳобия» ва «салафия» Арабистони Саудиро ба зеҳн меоварад. Акнун дар саҳнаҳои сиёсии бархе кишварҳо ба монанди Миср ба назар мерасад, ки салафиҳо аз Арабистони Саудӣ пуштибонии молӣ меёбанд ва агар гурӯҳе мисли онҳо ба амнияти кишвар халал мерасонанд, мебояд тавассути роҳҳои дипломатӣ аз чунин «пуштибониҳо» ба салафиҳо пешгирӣ ба амал оварда шавад.

Ҳанӯз қабл аз парокандашавии Иттиҳоди шӯравӣ коршиносон тахмин мезаданд, ки «нақши мутаноқизи исломи сиёсӣ ҳам дар ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ, ҳам дар сиёсати ҷаҳонӣ бозтоби ҳамгун ва мутафовит пайдо мекунад»(5,242), ки дар ҳоли ҳозир бармало мулоҳиза мешавад.

Дар ҳоле, ки баъзан масъалаи дастгирӣ ёфтани гурӯҳҳои тундраву террористӣ аз ҷониби Арабистони Саудӣ матраҳ мешавад, воқеияти мубориза бо терроризм дар ин кишвар дигаргуна ба назар мерасад. Маълум аст, ки Арабистони Саудӣ дар ду даҳсолаи ахир борҳо ба мушкилоти гурӯҳакҳои террористӣ рӯбарӯ шуда, азияту машаққати онро ҳам кашидаст. Матбуот ва дигар васоити ахбори оммаи ин кишвар пайваста ёдоварӣ мекунанд, ки Арабистони Саудӣ дар баробари шарик шудан ба паймонҳои байналмилалии зидди терроризм, дорои таҷрибаи зиёд дар ин росто шуда, бархе аз кишварҳо низ аз он истифода мебаранд. Дар баёнияи Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм, ки моҳи феврали соли 2005 дар пойтахти он кишвар шаҳри Риёз баргузор шуд, омадааст: Терроризм таҷассумгари таҳдид ба сулҳу суботи байналмилалӣ мебошад. Мавзеъгирии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар баробари терроризм радду маҳкум намудани ҳамагуна идеологияе, ки боиси бадбинӣ, хушунат ва ҷиноятҳои террористӣ аст, мебошад. Илова бар ин мавзеъгирии Арабистони Саудӣ дар масъалаи мубориза бо терроризм возеҳу равшан буда, дар маҳофили байналмилалӣ терроризмро дар ҳама шакл маҳкум менамояд(1).

Яке аз ҳаракатҳои тундрави исломӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон фаолияти онро дар қаламрави худ мамнӯъ эълон намудааст, Ҳаракати Исломии Туркистон мебошад ва он дар заминаи Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон таъсис ёфтааст. Ҳаракати мазкурро «на танҳо бисёр созмонҳои исломии ҷаҳон, балки намояндагони диаспораҳои ӯзбеки Туркия, Афғонистон, Арабистони Саудӣ ва ғайра маблағгузорӣ мекарданд»(2, 176). Вале месазад ёдоварӣ намуд, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ мебошанд ва дар ростои таъмини бехатарии кишварҳои узв ҳамеша сайъю талош менамояд. Ин Созмон барои таъмини амнияти кишварҳои узв Консепсия оид ба бехатарии СҲИ-ро қабул кардааст(4, 147). Барои ҳамин бояд дарки воқеии масъала ба тавре бошад, ки чунин гурӯҳҳо на аз ҷониби ҳукуматҳо, балки доираҳои алоҳидаи манфиатдор амалӣ мешавад ва ин бояд дар роҳи рушди равобит мушкилоте эҷод накунад.

Ба назари баъзе таҳлилгарони ғарбӣ Арабистони Саудӣ дар минтақаи ОМ, минҷумла дар Афғонистон – ҳамсоякишвари Тоҷикистон аҳдофи худро амалӣ менамояд. Вулф Лапинс шарқшиноси олмонӣ мегӯяд: «Арабистони Саудӣ кӯшиш менамояд, ки таъсири сиёсӣ-динии равияи суннӣ-ваҳҳобиро дар муқобили рақиби асосӣ ва шиа – Эрон тақвият бахшад» (2, 37). Албатта ин ҳама ниёз ба пажӯҳишҳои илман асоснок дошта, муайян кардани воқеият ва нодурустии назарияҳо дар ин бора ба манфиати кишварҳои минтақа хоҳад буд.

Дар ду даҳсолаи ахир дар кишварҳои мусулмоннишин падидаи таваҷҷуҳ ба арзишҳои исломӣ дар ҳаёти иқтисодӣ, хусусан дар фазои молиявӣ ва бонкдорӣ мулоҳиза мешавад, ки «банкинги исломӣ» мисоли равшани ин гуфтаҳо шуда метавонад. Банкинги исломӣ дар Арабистони Саудӣ ба дараҷаи баланди рушд расидааст ва Тоҷикистон метавонад аз таҷрибаи ин кишвар истифода намояд. Ҷалби сармоягузорони соҳаи бонкдории исломии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон низ аз фоида ва манфиат барои ин кишвар холӣ нест.

Агар ба сармоягузорӣ дар бахши энергетика қудратҳои минтақавӣ: Россия, Чин ва Эрон манфиатдоранд, мешавад таваҷҷӯҳи соҳибкорон ва сармоядорони саудиро ба дигар бахшҳо, аз ҷумла туризм ҷалб намуд. Қобили зикр аст, ки пас аз инқилобу нооромиҳои соли 2011 бархе аз кишварҳои араб, минҷумла Тунис ва Миср, ҷаҳонгардони зиёдеро аз даст доданд, ки умдатан аз кишварҳои араби Халиҷи Форс, хусусан аз Арабистони Саудӣ буданд. Акнун садҳо ҳазор туристи саудӣ мехоҳанд ҷойҳои наву муносиб барои гардишгарӣ ва осоишгоҳҳои наву муносибро пайдо намоянд. Тоҷикистон, ки ҳамагуна шароити мусоид аз қабили боду ҳавои муносиб, кӯҳистони ҷаззоб, шикоргоҳҳои бемисол ва дигар авлавиятҳои ҷалби туристҳоро дорост, бояд аз ин фурсат истифода бурда, сармоягузорони саудиро бо додани баъзе имтиёзот дар маҳдудаи якчанд сол, ба бунёди зерсохтори қаввии туризм ва рушди босуръати он ҷалб намояд. Дар ин росто омӯхтан ва амалӣ кардани таҷрибаи рушди туризм аз кишварҳое чун Туркия, Тунис ва Миср бамаврид мебошад. Амалӣ шудани чунин лоиҳаҳо ба раванди сиёсии муносибатҳо байни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ таъсири мусбат хоҳад расонд.

Иқтисоди Арабистони Саудӣ бар пояи нафт истода, хеле пешрафта мебошад. Ҳукумати ин кишвар бар фаолиятҳои умдаи иқтисодӣ назорати дақиқ дорад. Ҳудуди 35 дарсади маҳсулоти асосии дохилӣ ба бахши хусусӣ тааллуқ дорад ва ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусӣ дар ҳарду кишвар айни муддаост. Бояд гуфт Арабистони Саудӣ дар тавлиди нафти хом, полоиши нафт, коркарди маводди кимиёвӣ-нафтӣ ва баъзе бахшҳои дигар пешрафти муваффақона дорад ва барои Тоҷикистон фурсати муносиб аст, ки бо дарназардошти манофеи миллӣ аз он истифода барад. Зеро, «Тоҷикистон дар шароити муосир танҳо бо роҳи рушду тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла бо кишварҳои мусулмонӣ, метавонад ба комёбиҳои муайян дар бахши иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ноил шавад»(8, 162).

Вуҷуд доштани майдонҳои азими нафтӣ дар Арабистони Саудӣ, ки беш аз 65,5%-и захираҳои шинохташудаи нафти ҷаҳонро дар худ ҷой додааст, баёнгари кишвари аз лиҳози иқтисодӣ муҳим будани он мебошад. Барои мисол, майдони нафтии Қувор дар ин кишвар дорои захираҳои азими муодили 60 миллиард бочкаи нафт мебошад, ки тақрибан ду баробари захоири нафти ИМА аст.

Лозим ба ёдоварист, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар тавсиа бахшидани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ-исломӣ метавонад нақши муҳимеро адо намояд. Яке аз хусусиятҳои равобити Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ он аст, ки роҳбарияти олии ҳарду кишвар ба рушди ҳарчӣ бештари ҳамкориҳо дар ҳам бахшҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи зиёд доранд. Илова бар ин, бештари заминаҳои лозима барои пешбурд ва амалӣ намудани созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои соҳавӣ фароҳам омадааст.

Дар охир лозим ба ёдоварист, ки рушду тақвият ёфтани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии исломӣ, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар байни онҳо мавқеи устувор доранд, самараи истиқлолияти давлатии кишвар дониста мешавад. Дар шароити имрӯза, ки равандҳои минтақавӣ ва глобалӣ боз ҳам амиқтар мешаванд, ҷалби сармоя ва истифода бурдани таҷрибаи кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи мусулмонӣ аз қабили Арабистони Саудӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ба монанди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоидат менамояд.

Адабиёти истифодашуда

1.«Аш-шарқ ал-авсат» (рӯзномаи умумиарабӣ), 18/02/2010, шумораи 11405, чопи Ландан

2.Безопасность и стабильность в Центральной Азии после вывода ISAF из Афганистана (Материалы международной конференции.), с. 176, Душанбе, 244 с.

3.Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз, Ҷилди 1, Душанбе, «Ирфон», 296 с., с.85

4.Жданов Н. В., Исламская концепсия миропорядка. Москва, 1991, 568 с.

4.Маҳмадов А. Н., Раҷабов Ш. А. Амният ҳамчун падидаи системаи иҷтимоӣ (Таҷрибаи таҳлили иҷтимоию сиёсӣ), Душанбе, 2007, «Ирфон», 104 с. с.95

5. Медведко Л. И., Германович А. В. Именем Аллаха… Политизация ислама и исламизация политики. –Москва.: Политиздат. 1988. -255 с. С.242

6.Саидов З. Актуальные аспекты внешнеполитического механизма и международной деятельности Республики Таджикистан. Душанбе, «Контраст», 2011, -206 с. Стр. 147

7.Саидов З. Внешняя политика Таджикистана в условиях глобализации. Душанбе, «Авасто», 2004, 592 стр, саҳ. 569

8. Умаров Ф. Республика Таджикистан и мусульманский мир: особенности сотрудничества (монография). –Душанбе, «Ирфон», 2011, 184 с.

9. http://www.cambridge-centralasia.org/?page_id=7

10. http://khovar.tj/foreign-policy/17673-t12631203fai-arabistoni-saud1251-ba-kitobhonai-millii-to1207ikiston.html

11.http://www.president.tj/habarho_011110.html

12.http://www.president.tj/habarho_290611a.html

13. http://www.president.tj/habarho_011110.html

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *