Фанни Сиёсатшиноси

Равандҳои ҳамгироӣ дар осиёи марказӣ

  1. Равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ
  2. Мавқеи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамгироӣ

Дар мархилаи хозира дар сиёсати хоричии Чумхурии Точикистон доштани робитаи хасанаи наздик ва собит ба кишвархои хамсоя -Чумхурии Узбекистон, Киргизистон, Афгонистон ва Чин ва минтака-Чумхурии Казокистон, Туркманистон, Эрон, Покистон ва Хиндустон ба хотири эъчоди катарбанди бовари ва амнияти дар тули арзхои кишвар ва таъмини сулху ороми дар минтакаи Осиёи Маркази аз аввалиятхо ба шумор меравад.

Барои ин Чумхурии Точикистонро зарур аст ,ки дар муносибат бо кишвархои хамсоя ва минтака сиёсати дусти , хамсоягии нек , хамзистии осоишта ва дахолат накардан ба корхои дохилии якдигарро пеш гирифта, дар хали мушкилоти мавчуда ва масъалахои бахсталаб, ба шумули масъалахои сархади , аз хама гуна зури ва фишор худдори намуда,ба рохи халкхои мусолиматомези сиёси ва гуфтушунидхо афзалият дихад.

Бо Чумхурии Узбекистон , ки хамсояи дар ба дар ва бо вай марзи тулоние дорем , доштани муносибати хасанаи хама тарафа ва устувори иктисоди, тичорати ва фарханги ба манфиати милли ва давлатии мо мебошад .Дар муносибатхои мо бо Чумхурии Узбекистон хамчунин умумияти таърихии кавму миллатхои сарзаминхои имрузаи мо ,пайвандхои хешу табори, омилхои муаянкунанда буда ,доштани хамкорихои судманди баробар устувор такозо мекунанд.»Барои мо, точикон -гуфтааст Сардори Давлат ва хукумати Чумхурии Точикистон Э.Ш Рахмонов, — муносибати дустона, мустакам ва тулони бо Узбекистон хам такозои таърихи ва хам ниёзи мардумист».

Точикон ва гузаштагони миллати узбек асрхои аср пахлуи якдигар,дар хайати низомхои сиёсии гуногун зиндаги мекарданд.Чумхурии Точикитон ва Чумхурии Узбекистон такрибан дар як вакт сохиби истиклол гардидани Узбекистон дар таърихи соли 1991 ва Точикистон ва рузи 9 сентябри хамон сол пратаколи баркарор намудани робитахои дипломати байни ин ду кишвари хамсоя агар чи хануз 22 октябри соли 1992 ба имзо расида, Сафорати Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Узбекистон соли 1992 боз шуда ,4 январи 1993 «Шартномаи хама тарафа оид ба дусти ва ёрии хамдигари» ки зоти худ беназир буд, баста шуда буд, Сафорати Чумхурии Узбекистон дар Душанбе танхо дар мохи июл соли 1998 ба фаъолият сар кард, яъне пас аз як сол як мохи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиклоли сулх ва ризоияти милли дар Точикистон (27 июни 1997)

Хушбахтона, аз соли 1998 сар карда муносибатхои Чумхурии Узбекистон бо Чумхурии Точикистон тагироти мусбате ба назар мерасад. Ин муносибатхо андак бошад, хам фаъолтар ва пурмухтавотар гардидаанд.

Чумхурии мардумии Чин-аз бузургтарин хамсояхои Ч.Т ба хисоб меравад ва дар минтака ва дунё нуфузи муасире дорад.Нуфузи вай мархила ба мархила бо болоравии иктисодиаш ва иктидори низомиаш афзоиш меёбад.Бинобар ин бо Чин доштани муносибати диплдоматии устувор хамкорихои густурдаи тичорати,иктисоди,низоми ва фарханги ба манфиати Точикистон буда, пеши рохи хама гуна хавфу хатари эхтимолиро хохад гирифт. Хамрох шудани чумхурии мо ба «Созишнома дар бораи тадбирхои тахкими бовари дар сохаи низоми дар лоияхои сархади» байни Чин, Росия, Киргизистон ва Точикистон (апрели 1996)»,»Созишнома оид ба махдуд кардани нерухои мусаллахи тарафайн дар нохияхои сархади (24-апрели соли 1997)» ва ба имзо расидани «Созишнома байни ЧТ ба Чумхурии халкии Хитой дар бораи сархади давлвтии Точикистон ва Хитой» (1999) ва дар мохи майи соли2002 ба пурраги хал гардидани он ба имзои «Созишномаи иловаги оид ба сархади давлатии Точикистон ва Чин» аз ахамияти багоят калоне бархурдор буда,аз мухимтарин дастовардхои дипломатияи точик дар даврони истиклолият ба шумор меравад. Зеро мо натанхо бо Чин дар тули 700 км хамсархад хастем.

Кишвари 4-уме ки Ч.Т мустакиман бо он хамсархад аст, Чумхурии Киргизистон мебошад .Ин ду кишвар на танхо хамсархад ,балки аз чихати шароити чугрофи иктисоди ва ичтимои , имконот , ахоли ,захирахои тибии ба хам монанд мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *