Фанни Сиёсатшиноси

Тоҷикистон дар раванди глобализатсия

1.Мафҳуми ҷаҳонишавӣ

  1. 2. Равандҳои ҷаҳонишавӣ

Солҳои охир мафҳуми ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) дар таомули муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи мустаҳкам ишғол карда, аз тарафи журналистон, иқтисоддонон, сиёсатмадорон, муҳофизони ҳуқуқҳо, ки бо проблемаҳои байналмилалӣ cару кор доранд, зуд-зуд истифода мешавад. Ҷаҳон торафт тангтар мешавад, дар он сарфи назар аз фарқиятҳои байни мамлакатҳо, қитъаҳо ва миллатҳо беш аз пеш ҷиҳатҳои умумӣ пайдо мегарданд. Фосилаи байни одамон дар тамоми ҷаҳон торафт камтар мешавад ва акнун фосилаҳои калонро ба зудӣ убур карда, мубодилаи иттилоот намудан мумкин аст.

Раванди тадриҷан наздикшавии давлатҳо тўли тамоми таърихи инсоният ба амал омадааст. Ҳанўз дар асри Х1Х муҳақиққон дар бораи фазои ягонаи ҷаҳонӣ навишта буданд. Дар сарҳади байни асрҳои Х1Х ва ХХ ҷаҳон дар натиҷаи вусъати савдо ва маблағгузориҳо дар миқёси глобалӣ ба туфайли телефон, дигар васоити алоқа ба марҳилаи наздикшавии байниҳамдигарӣ ворид гардид. Анҷом ёфтани ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва таъсиси созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мусоидат кард. Дастовардҳои охири солҳои 70-уми асри ХХ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия ба рушди ҷаҳонишавӣ такони наве доданд. Феълан тавассути телефон, кабелҳои оптикӣ ё сигналҳои радио ҳаҷми басо калони иттилоотро амалан дар як лаҳза ва фаврӣ ба ҳар як нуқтаи кураи Замин интиқол додан мумкин аст, ки ба таври инқилобӣ ба болоравии иқтисодиёт кўмак мекунад. Бинобар ин ҷаҳонишавӣ дар худ дар як вақт бисёр равандҳои ҷараёндошта, аз ҷумла интернатсионаликунонии сармоя, савдои байналхалқӣ, инкишофи институтҳои пуриқтидори байналмилалӣ (чун СММ, Шўрои Аврупо, Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо) ва технологияҳои нави алоқаро фаро мегирад, ки одамонро ба ҳам наздик месозанд. Аммо муносибатҳо ҷиҳати муайянсозии ҷаҳонишавӣ басо зиёданд. Масалан, ба андешаи баъзе мумайизон, аз нигоҳи прогресси техникӣ ҷаҳонишавӣ як навъ марҳилаи сифатан нави рушди тамаддуни ҳозираро мемонад ва характери нисбатан ниҳонӣ дорад, зеро муттамарказонии захираҳои зеҳнӣ ва технологияҳои навтарин танҳо дар якчанд мамлакат – пешоҳангони раванди ҷаҳонишавӣ ба амал меояд.

Навлибералҳо бошанд, ҷаҳонишавиро ҳамчун раванди аз ҷониби давлатҳо бартарафсозии манфиатҳои маҳдуди худхоҳонаи миллӣ ва барқарории «ҷомеаи мамлакатҳои мутамаддин»-е баррасӣ мекунанд, ки натиҷаи ба ҳам воридшавии иқтисодиётҳои миллӣ, интернатсионалишавии молия, пурзўршавии корпоратсияҳои трансмиллӣ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ғайра мебошанд. Ва метавон мафҳуми мобайниеро истифода кард, ки хосиятҳои гуногуни ин зуҳуротро ба назар мегирад:

Ҷаҳонишавӣ бадалшавии тадриҷии фазои ҷаҳонӣ ба минтақаи ягонаест, ки дар он бе ягон мамониат сармояҳо, молҳо, хадамот ҳаракат мекунанд, ғояҳо озодона паҳн гашта, барандагони онҳо бо ҳавасмандсозии рушди институтҳои ҳозираи байналмилалӣ ва трансмиллӣ ва мукаммалгардонии механизмҳои амалиёти байниҳамдигарии онҳо озодона ҷой иваз мекунанд. Ба ин тариқ, ҷаҳонишавӣ маънии ба вуҷуд омадани майдони байналмилалии ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ-иттилоотӣ, инфраструктураи ба худ хоси байниминтақавӣ, аз ҷумла иттилоотию табдилотро дорад.

Ҷаҳонишавӣ на танҳо раванди қонунии таърихӣ, инчунин дар асоси худ раванди мусбатест, ки ба пешрафт ва шукуфоии инсоният мусоидат мекунад. Аз як ҷониб, вай бояд сулҳу амнияти умумиро таъмин кунад, паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, биологӣ ва химиявиро барҳам диҳад, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, муҳити зистро ҳамчун шарти зарурии зинда мондани инсон таъмин созад. Аз ҷониби дигар, вай сабаби бекорӣ, муфлисӣ, афзудани ҷудоии технологии байни дороёну нодорон, ҳукмфармоии корпоратсияҳои трансмиллӣ, «бесимо» гаштани инсон (мо ҳамон як ғизоро мехўрем, ҳамон як либосро мепўшем, ҳамон як мусиқиро гўш мекунем, ҳамон як филмро мебинем) ва бисёр оқибатҳои дигар мегардад, ки воқеан ҳам боиси нигаронианд. Бинобар ин дар айни замон ҷомеаи ҷаҳонӣ кўшиш менамояд ба бисёр ҷиҳатҳои ҷаҳонишавӣ назорат барад, то инсоният бо як навъ ҳаракати ба ном зиддиҷаҳонишавӣ, албатта, бо дарки раванди таърихӣ будани ҷаҳонишавӣ, рўирост бар зидди он намебарояд, вале кўшиш мекунад, ки ҷаҳонишавӣ «симои инсонӣ» дошта бошад. Ҳаракати зиддиҷаҳонишавиҳо торафт муташаккилтар гардида, онҳо мувозӣ бо кунгураҳои (форумҳои) умумиҷаҳонии иқтисодӣ кунгураҳои умумиҷаҳонии иҷтимоии худро мегузаронанд. Дар ин кунгураҳо зери шиори «Ҷаҳоне тавонад дигаргун шавад» онҳо масалан, проблемаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар шароити ҷаҳонишавӣ, зарурати риояи принсипҳои ошкороӣ ва масъулиятмандӣ дар фаъолияти институтҳои байналмиллии молиявӣ ва корпоратсияҳои трансмиллӣ, кам кардани бори гарони қарздории мамлакатҳои «ҷаҳони сеюм» ва ғайраро муҳокима мекунанд.

  1. Таҳсилот-дар раванди ҷаҳонишавӣ

Чи тавре, ки гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳад, «иқтисодиёти нав» тасаввуроти анъанавиро оид ба манбаи рушди ҷомеа тагйир додаст ва сармояи инсониро чун омили аввалияи рушду инкишофи ҳаёти иқтисодӣ- иҷтимоӣ эълон доштааст. Ин сармоя бо туфайли тадрису рушди комили маориф ташаккул меёбад ва маҳз маҳсули он ҳам мебошад. Воқеан ҳам сармояи инсони ба унвони омили истеҳсолот ва пешбари пешрафти иқтисодиёт маъниву мафҳуми тозае касб кардааст. Алҳол он на танҳо сарчашмаи маҳсули иловагист, балки боз субъекти даромад ва ё рентаи ҳосила аз инноватсия мебошад. Дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мубориза барои сайди ин сармоя, азхудкунии рентаи он ва барои пайдокарди ҳаққи моликият ба маҳсули он торафт тундутезтар мешавад. Ин ҳол мушаххассозии тадбирҳои ҷиддии тамоми субъектҳои муносиботи чамъиятӣ – давлат, шахсони воқеиву ҳукуқӣ, соҳибкориву тиҷорат ва ниҳодҳои оммавиро дар рушди низомҳои таҳсилот ва инноватсионии милли тақозо дорад. Дар замони муосир, истеҳсоли арзишҳои нав ва ё иловашуда, асосан маҳсулу ҳосилаи донишҳои нав мебошад: онҳо дар силсила ва ё занчири «глобалиӣ», дар сатҳи хеле баланд таҳшин (консентратсия) мешаванд. Фароҳам овардани фазову шароити судманд дар чомеа, ба хотире, ки ба неъматҳои инноватсиоинӣ натанҳо соҳибкорони алоҳида, балки, пеш аз ҳама, иқтисоди милли дар мачмў талабгор бошад, ҳадафи асосии низоми инноватсионииро ташкил медиҳад. Пас, метавон гуфт, ки замина ва ё зербинои кулли ислоҳотро дар ҷомаеи муосир ва ё муҳаррики ин ҷараёнро ислоҳоти низоми таҳсилот ва инноватсионии кишвар ташкил медиҳад. Воқеан ҳам ислоҳоти соҳаи таҳсилоту густариши низоми иноватсионӣ, пеш аз ҳама стратегияи инкишофи дарозмудати мамлакатро муаяйн менамояд. Маҳз ин буд, ки Сарвари давлатамон мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар оғози қарни нав соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок, аввалия эълон доштанд.

Эчоду густариши низоми нави инноватсиони, пеш аз хама аз сатху сифати тадрис ва ташакули сифатии захирахои мехнатӣ, мутахассисон, ки чавобгуи бозори чахонии мехнат аст, алокамандии ногусастани дорад. Аз ин лихоз, хусусиятҳои ҷаҳони муосир моро водор мекунад, ки мо як қатор хулосаҳоро оид ба тамоилу самти инкишофи тадрис ва ё таҳсилот, ки зербинои низом нави инноватсиониро ташкил медиҳад, баррасси намоем. Якум. Тамсила ва ё ниҳодҳои анъанавии таҳсилот, ки дар даврони Шўравӣ ташакул ёфта буд, ба талаботи замони нав ҷавобгўй намебошад. Бинобарон, такмили ниҳоди ва ислоҳоти соҳаи маориф дар кишвар устуворона сурат гирифта, ҳадафи комилан ворид гаштанро ба шоҳроҳи тадриси умумибашарӣ дорад. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар, барои тадрису тарбияи насли ояндаи кишвар — зербинои сармояи инсонӣ, ғани гардонидани нерỹву қобилияти захираҳои меҳнатии кишвар, ки ҷавобгўи талаботи бозори ҷаҳонӣ бошад, корҳои бузурге ба анҷом расидааст. Мазмуни тадрис нав шуд, тамсила (стандартҳои) милли давлатии таҳсилот ба вуҷуд омад. Воқеан ҳам, «тахияи стандартхои давлатии тахсилот, стандарти давлатии тахсилоти томактаби, стандарти тахсилоти ибтидои, стандарти фанни, низомномахои намунавии муассисахои таълими барои хонандагону донишчуён, таъсиси марказхои инкишофи кудакони сини томактабию марказхои иннватсионию технологӣ, илмӣ, озмоишгоххо, нуктахои маълумотдиҳӣ, гузаштани муассисахои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба шакли нави идоракунӣ тахаввулоти чиддиро дар сатхи сифати тахсилот ва низоми маориф ба вучуд овард». (Омўзгор, 9 сентябри соли 2011 С.2.». Дар ин тамсилаҳои нави тадрис сиёсати давлат дар бораи маориф, талаботи таҳсилотии (педагогии) ҷомаеи демократию ҳуқукбунёд нисбат ба таҳсилот, хусусиятҳои миллии мардуми кишвар, шароити табииву иқтисодии Тоҷикистон, пайваста бо тақозои падидаҳои тозаву мусбии ҷаҳони муосир, манзилати авалиндараҷа касб намудааст. Дар воқе, ислоҳоти созандаву судманду дар мавриде рўи кор меояд, ки агар маҷрои вай оғўштаи ғояи баланди умумибашарӣ бошаду, амали милливу минтақавиро гирад. Зимнан бояд таъкид кард, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар заминаҳои ниҳодии рушди таҳсилот фароҳам омадааст: беш аз 50 номгўи санадҳои қонунӣ, барномаҳои давлатӣ марбут ба ин соҳа таҳия ва қабул гаштаанд. Ҳамзамон, бо туфайли сармоягузориҳои бузург теъдоди мактабҳои навини, хеле афзудаст: Масалан, бо дастгирии давалат беш аз 1200 бинои мактаби ҳозирзамон барои 311000 ҷои нишаст сохта ба истифода дода шудаст. (Омўзгор, 24 июни соли 2011) Илова бар ин, теъдодҳои мактабҳое, ки сарчашмаи маблағгузориаш мухталифанду рақобати солимро дар фазои таҳсилотӣ рўи майдон овардаанд, низ зиёд шудаанд. Метавон гуфт, ки суръаҳфизоии тедоди мактабҳои нави замонавӣ нисбат ба афзоиши нуфузи омўзгорони асил боло гирифтааст ва акнун зарур аст, ки ҳампоягии рушди онҳоро таъмин намоем.

Дуюм. Дар ҷаҳони муосир. тамоили фардӣ (индивудали), яъне завқи фардӣ пеш аз ҳама, на ба интихоби муасисаҳои таҳсилот, балки ба барномаҳои таснифшуда, ки ба ниёзи фардӣ мутобиқ аст, ба чашм мерасад. Ба ибораи дигар, фардҳои алоҳидаи чомеа барнома ва ё самти мушахасси донишҳоро, ки вай ба он ниёз дораду аз таҳсили якчояву гурỹхи пайдо карда наметавонад, мечỹяд. Аммо бояд таъкид кард, ки тамоили фардӣ барои таҳияву коркарди барномаи ягонаи беназир барои ҳар як фарди мушахасе, чандон имконнопазир аст. Бинобарон, барномаи фардии таҳсилот, чун ҳамоҳангу ҳамчўр (комбинатсия) аз модулҳои бисёре, ки муассисаҳои таълими пешниҳод мекунанд, хидмат мекунад. Илова бар ин, нуфузи самтҳои амалии таҳсилот боло мегирад. Донише, ки муҳассилин дар толору синфхонаҳо мегирад, ба ғайр аз арзиши донишандўзиву илмӣ, бояд арзиши амалии онро берун аз синфхона дарк намояд. Яъне, раванди гузаришро аз аслҳои таҳсилоти «тахтаи синфӣ» ба тадриси воқеиву ҳаётӣ суръат бахшем. Ҳамин тариқ, чараёни такмилгардиву таъғироти технологияи таҳсилот аз заминаҳои тағироти зудамали постиндустриали бармеояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *