Фанни Сиёсатшиноси

Равандҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналхалқии муосир

Дар ҷаҳони муосир барои амалӣ шудани манфиатҳои сиёсӣ восита ва усулҳои гузаронидани раванди сиёсӣ накши асосиро мебозад. Раванди сиёсӣ ба равандҳои сиёсии дохилӣ ва беруна тақсим мешавад;

  • Раванди сиёсии дохилӣ дар байни субъектҳои сиёсат; синфҳо, гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, миллатҳо, ҳизбҳо, ҳаракатҳои оммавӣ, сарварони сиёсӣ мегузаранд, мақсади асосии онҳо ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ, мебошад.ӣнчунин раванди сиёсии дохилӣ тарафҳои ҳаёти дохилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, демографӣ, маданӣ, ҳарбиро низ фаро мегирад. Раванди сиёсии дохилӣ метавонад, ки бо роҳҳои осоишта ё зӯроварӣ амалӣ гардад.
  • Раванди сиёсии беруна дар муносибат нисбат ба мамлакатҳои дигар истифода бурда мешавад. Ин раванд ҳамчун воситаи муҳим дар муносибатҳои байналхалқӣ дар заминаи принсипҳои созиши байни давлатҳо бурда мешавад.

Ба шаклҳои раванди фаъолияти сиёсӣ,қабули қарорҳои сиёсӣ, идоракунии элитаи ҳарбӣ, пешвоёни обрӯманд, шоҳон ва ҳизбҳои сиёсӣ дохил мешаванд. Раванди сиёсӣ мӯътадил ва ғайримӯътадил мешаванд. Раванди мӯътадили сиёсӣ ин шакли сафарбаркунандаи рафтори сиёсии шаҳрвандон ва қабули қарорҳои сиёсӣ мебошад. Аванди ғайримӯътадил одатан дар давраҳои бӯҳронӣ ҳамчун зарурияти дигаргун кардани ҳаёти сиёсии ҷомеа ба амал меояд.

Омили муҳими дигар дар инкишофи раванди сиёсӣ эволютсия(таҳаввулот) мебошад. Эволютсия дар ҷомеа оромона гузашта, муносибатҳои сиёсӣ ва институтҳои сиёсӣ оҳиста-оҳиста аз принсипи меросият даст накашида, қисман такмил дода мешаванд.

Сарфи назар кардани қонуниятҳои эволютсия сиёсӣ ва инқилобӣ метавонад, ки инкишофи мӯътадили раванди сиёсӣ ва пешрафти ҷамъиятро боздорад.

Раванди сиёсӣ- ин ҳаракати мақсадноки воқеаҳои сиёсӣ ва ҷамъи ҳаракатҳои субъектҳои сиёсӣ буда, барои ба даст овардан, нигоҳ доштан истифода бурдани ҳокимияти сиёсӣ дар ҷомеа равона шудааст.

Имрӯз раванди сиёсиро бе вуҷуд доштани шаклҳои гуногуни фишороварӣ ва зӯроварии сиёсӣ тасаввур кардан мумкин нест. Маҳз ба воситаи мухолифатҳо, зӯроварӣ, инқилобҳои иҷтимоӣ, ошӯбҳо, террор ва дигар воситаҳои зӯроваранда, дар ҷомеа ҳолатӣ фавқулоддаи ниҳоӣ ба вуҷуд меояд, ки он ба амалия ва назарияи сиёсӣ таъсир мерасонад.

Зӯроварӣ ифодакунандаи манфиатҳои синфҳо, гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, пешвоёни сиёсӣ бо шаклҳои гуногуни маҷбурнамоӣ ба мақсади ба даст овардан ё мустаҳкам намудани ҳукмронӣ дар ҷомеа мебошад.

Зӯровари ба намудхои гуногун ифода карда мешавад: аввалан зуроварии рӯирост, ба монанди ҷангҳо, шӯришхои яроқнок, зӯроварии сиёсӣ, сӯйиқасд, баъдан дар намудҳои пардапӯшона.

Инқилоб— ҳодисаи тасодуфӣ набуда. Балки ҷараёни табиӣ- қонунӣ мебошад, ки аз ваъияти шароити моддии ҳаёти ҷамъиятӣ дар зинаҳои муайяни тараққиёт ва зиддиятҳои дохилии ба он хос сар мезанад. Асоси сиёсии инқилобро муборизаи синфӣ ташкил менамояд.

Дигар шакли муҳими раванди сиёсӣ ислоҳот мебошад. Фарқи ислоҳот аз инқилоб дар он аст, ки агар инқилоб ба воситаи зӯрӣ ва яроқ дигаргунисозиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологиро амалӣ гардонад, ислоҳот баръакс, дар шароити ором ва оҳиста-оҳиста вазифаҳои гузоташударо амалӣ мегардонад.

Агар мақсади инқилоб ва ислоҳот барои дигаргунисозиҳои системаи сиёсӣ ва иқтисодӣ равона шуда бошанд, шӯриш ҳамчун шакли раванди сиёсӣ мақсадҳои нисбатан дигар ва шаклҳои зиёд дорад. Шиорҳои муҳимтарини шӯришҳо инҳоянд: таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон, баробарҳуқуқии ҳамаи одамон , ба даст овардани ҳақиқат ва ғайра. Фарқи шӯриш аз ошӯб дар он аст, ки шӯриш амалиёти нисбатан оммавитар буда, иштирокчиёнаш фаъолтар буда мебошанд. Ошӯбэътироз ба фаъолияти гурӯҳҳои ҳукмрон ва ташкилотҳои давлатӣ мебошад.

Дар замони муосир яке аз шаклҳои хеле паҳнгардидаи раванди сиёсӣ терроризм мебошад. Терроризм (кал.лотинӣ –тарс, даҳшат)- ин усули муборизаи сиёсӣ буда, ба амалиётҳои ҳарбӣ, зӯроварии ҷисмонӣ барои ба даст овардани мақсадҳои муайяни сиёсӣ, нест кардани рақибони сиёсӣ (кушатни ходимони сиёси, ҳарбиён ва шаҳрвандони ғаиринизомӣ, таркишҳо, ғорат кардани банкҳо, анборҳои аслиҳа, гирифта гурехтани самалётҳо ва дигар намуди нақлиёт ва ғайра) вобастагӣ дорад.

Терроризм ду намуд дорад: давлатӣ ва оппозитсионӣ. Фарқи байни онҳо дар он аст, ки террори давлатиро органҳои ҳокимияти давлатӣ ва синфҳои ҳукмрон мегузаронанд, террори оппозитсиониро гурӯҳҳои зидди режими мавҷуда. Таҳлили сиёсӣ нишон додаст, ки терроризм одатан дар мамлакатҳое мешавад, ки ҳаёти сиёсӣ ноором ва дараҷаи амалишавии қонунҳо дар зинаи паст қарор гирифтаанд.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки сиёсат ҳамчун ҳодисаи ҷамъиятӣ дар муносибатҳои баиналхалқӣ низ нақши муҳимро

мебозад. Дар охири солҳои 80 ва авали солхои 90-уми асри ХХ дар сиёсати байналхалқӣ ва ҷойгиршавии қувваҳои тағйироти қатъӣ ба амал омаданд. Дар давоми ин солҳо тамоми системаи сиёсии ҷаҳон бо аз байн рафтани системаи ҷаҳонии сотсиализм ва шикаст хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Агар табаддулотҳои глобалии гузашта ба ҷангҳои якум ва дуюми ҷаҳонӣ оварда бошанд, шикаст хӯрдани системаи ҷаҳони сотсиалистӣ нисбатан ба таври осоишта гузашт, ки ин ба аз байн рафтани ҷанги сард асос гузошт.

Бо аз байн рафтани ҷанги сард давраи дуқутбаии сиёсати байналхалқӣ ба охир расид. Акнун сиёсати ҷаҳонӣ як қутба шуд ва дар ин сиёсат мақоми ИМА хеле назаррас мебошад.

Яке аз масъалахои муҳими сиёсӣ ин мувофик омадани принсипи дохилӣ ва берунии сиёсати давлатҳо мебошад.

Нақши пешбарандагии сиёсат дар муносибатҳои байналхалқӣ аз чунин шартҳо вобастагӣ дорад:

— муносибатҳои байналхалқию сиёсие,к ибо муносибатҳои иктисодӣ зич алоқаманд мебошанд;

— муносибатҳои байналхалқию сиёсие, ки дар худ на ин ки фишангҳои муҳими идоракунии сиёсии байналхалқӣ, инчунин равандҳои ғайрисиёсии байналхалқиро фаро мегиранд(СММ ва ғайра);

— сиёсати байналхалқие,ки рӯз то рӯз тамоюли амиқи ҷаҳонӣ мегирад, барои ба танзим даровардани ин тамоюлҳо механизмҳои нав заруранд;

— сиёсати байналхалқие, ки дар тартиботи ҷамъиятии ҷаҳон тасири калон расонида, барои амалиёти давлатҳо ва дигар институтҳои байналхалқӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Имрӯз тамоми ҷаҳон ба минтақаҳои таъсири сиёсии ин ё он гурӯҳҳо, блокҳо тақсим шудааст ва дар шароити хеле душвор ва зиддиятнок муносибатҳои сиёсии байналхалқӣ ташаккул ёфта истодаанд.

Яке аз масъалахои муҳим сиёсати байналхалқӣ ин масъалаи мустаҳкамшавии бехатарии ҷаҳонӣ мебошад, ки дар асоси он бояд яроқи ядроӣ дар ҷаҳон паҳн карда нашавад.

Таркиши сахти геополитики охири асри ХХ ба хамаи масъалаҳои ҳалнашудаи инсоният таъсири калон расонид, ки онхо чунинанд:

  • Масъалаҳои характери иҷтимоию сиёсӣ дошта; пешгирии чанги ядроӣ, қатъ намудани мусаллаҳшавии бошитоб, ҳалли моҷарохои минтақавӣ, байнидавлати, бунёди ҷаҳони бетаҳдид ва зӯроварона, ба амал баровардани боварии байни халқҳо; мустаҳкам намудани бехатарии умум;
  • Масъалаҳое, ки характери иҷтимоӣ-иқтисодӣ доранд: бартарф намудани ақимонии иқтисодӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли бартараф намудани кризисҳои энергетикӣ, захираҳо ва озуқаворӣ; ба тартиб андохтани раванди демографӣ;
  • Масъалаҳои иҷтимоӣ-экологӣ: бехтар кардани муҳити зист, тоза кардани муҳити атроф ва атмосфера аз газҳои зарарнок, тоза кардани табиати зинда ва мурда; ба таври оқилона истифода бурдани бойгарихои зеризаминӣ ва захираҳои оби нӯшокӣ, ҷангалзорҳо ва дигар наботот; пешгирӣ кардани таъсири бади амалиётҳои ҳарбӣ ба табиат;
  • Масъалаҳои инсон: риоя намудани ҳуқуқи иҷтимоӣ, инкишофи мадании шахс, аз байн бурдани бегонашавии шахс аз табиат, ҷамъият, давлат ва натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ.

Ҷомеаи ҷаҳонро, ки имрӯз зиёда аз 6 млрд. одамон ва 230 давлатҳои хурду калон фаро гирифтааст, вазифадор аст, ки ба ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳонӣ диққати махсус диҳад ва онҳоро бо назардошти манфиатҳои халқҳои тамоми ҷаҳон хал намоянд. Дар таҳким ва ҳалли ин масъалаҳо мақоми ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтакавӣ хеле калон мебошад. Махсусан дар ин раванд нақши Созмони Милали Муттаҳид хеле назаррас мебошад. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо ташаббуси мамалакатҳои кооалитсияи зидди гитлерӣ рузи 24 октябри соли 1945 СММ ойинномаи худро ба ҳукми қонун дароварда, ташаккул ёфт. Маркази СММ дар шаҳри Ню-Йорк ҷо гирифтааст. Ташкилотҳои муҳимтарини СММ чунинанд: ассамблеяи генералии СММ , ки дар кори он ҳамаи давлатҳои аъзои СММ иштирок мекунад ва қарор қабул менамоян. Ин ташкилот аз 15 аъзои Шӯрои бехатарӣ иборат мебошад, ки даҳтои онҳо доимӣ нестанд ва ҳар ду сол пас иваз карда мешаванд. Давлатҳои Чин, Русия, англия, ИМА ва Фаронса аъзоёни доимӣ он мебошанд.

Яке аз ташкилотҳои муҳими СММ -Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ташкилоти дигари он Суди байналхалқӣ буда, маркази он дар ш. Гаагаи Нидерландия ҷойгир мебошад. Ташкилоти дигари он Котиботи СММ буда, тамоми ҳуҷҷатҳои СММ, аз ҷумла протоколҳо, шартномаҳо, содирот, воридоти аъзоҳақӣ ва дигар корҳои муҳими СММ ро ба ҷо меорад ва дар муддати панҷ сол таъин карда мешавад.

Инчунин чунин комитетҳо ва комиссияҳо чун ЮНЕСКО-оид ба масъалаҳои маориф, маданият ва илм, ташкилоти байналхалқии тандурустӣ (ВОЗ), Агентии байнихалқии асъор (МВФ), Агентии байналхалқии оид ба энергияи атом(МАГАТЭ), Конфедератсияи оид ба савдо ва тараққиёт(ЮНКТАД), ташкилоти байналхалқии мехнат(МОТ) –ро СММ фаро мегирад. Инчунин беш 2500

ташкилотҳои ҷаҳоние мебошад, ки бо масъалаҳои фурӯши нефт, иқтисод, истифодаи энергетика, Конфедерасияҳои исломӣ , Ташкилоти байналхалқӣ политсияи ҷиноятӣ(ИНТЕРПОЛ), Салиби сурх(МКК) вуҷуд доранд ва дар раванди инкишофи муносибатҳои сиёсии ҷаҳонӣ мақоми калон доранд.

Дар инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ як қатор тамоюлҳои ҷиддие ба амал омадаанд, ки дар инкишофи минбаъдаи муносибатҳои байналхалқӣ таъсири мусбӣ мерасонанд:

  • Тамоюли ғайриидеологии шудани муносибатҳои байналхалқӣ.
  • Гузаштан аз зиддиятҳо баҳамкорӣ.
  • Аз байн рафтани ҳукмронии дуқутба, дар сиёсати ҷаҳонӣ.
  • Демократиякунонӣ ва гуманизатсиякунонии сиёсати ҷаҳонӣ.
  • Васеъшавии муносибатҳои байналхалқӣ.

Чунин тамоюл имконият медиҳад, ки аҳолии курраи замин ба воситаи ташкилотҳои байналхалқию минтақавӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ходимони алоҳидаи давлатию сиёсӣ масъалаҳои хеле нозуки ҳалталабро бо хуби ҳал намоянд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *