Фанни Сиёсатшиноси

Модернизатсияи сиёсӣ

Модернизатсияи сиёсӣ

Нақша:

  1. Маъно ва мазмуни модернизатсия.
  2. Назарияҳои модернизатсия.
  3. Роҳҳои модернизатсияи сиёсӣ.
  4. Зарурият ва моҳияти модернизатсияи сиёсӣ.

Доир ба модернизатсиякунонӣ ду назария вуҷуд дорад.

1.Либералӣ; 2.Консервативӣ.

Назарияи либералии модернизатсия-ин равандро ҳамчун раванди гузориш аз низоми кӯҳнаи сиёсӣ ба низоми нави сиёсии ҳозиразамон пешниҳод менамояд. Либералҳо бар он андешаанд, ки ҳама мамлакатҳо аз рӯи як парадигма(нусха) инкишоф меёбанд. Тибқи фаҳмиши либерали новобаста ба гуногунии фарҳангию ананавӣ ва хусусиятҳои маърифатию иҷтимоӣ, хусусиятҳои суръати рушд дар ҳама мамлакатҳо модели ба ҳаммонанди якхелаи иҷтимоӣ бояд ташаккул ёбад. Иқтисоди бозоргонӣ, ҷомеаи кушода,технологияи нави ахборотӣ, рушти нуқтаҳои комуникатсионӣ,бисёрандешӣ, демократия ва озодӣ хусусияти хоси онҳо бошад. Ҷонибдорони консервативӣ махсусан

С. Хантингтон бар он андеша аст, ки ҳадафи навсозӣ- ин барпо намудани институтҳои мустаҳками муташаккили қобилияти босамар ҳал кардани мушкилотҳои ҷамъият аст.

Ҳама системаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҳамеша баъди гузариши марҳилаи муайян ба ихтилофи муайяну манфиатҳо дучор мегарданд. Ин ба он хотир руҳ медиҳад, ки байни манфиатҳои қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ номувофиқӣ ба амал омада, ҳокимиятдорон онро дар сари вақт ба эътибор намегиранд ва баҳри ҳаллу фаслашон намекушанд ё онҳоро ба эътибор намегиранд. Дар натиҷа ноҷурии муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ объективан ташкилу навсозӣ ва ё тағйири ба талаботи замон мувофиқро тақозо менамояд.

Воқеан доир ба ташкил, ба талаботи манфиатҳо ва ё ҷомиаи башарӣ мувофик сохтани ҳаёти сиёсию иқтисодӣ андешаҳои зиёде вуҷуд дорад. Динамикаи бартарафсозии ақибмонӣ, моделҳои таҳлили онҳоро гузаштагон Ҷон Локк. А Смит нишон додаанд.

Аслан сиёсатшиносон бар он ақидаанд, ки модернизациякунонӣ танҳо ба давраи гузариши давлатҳои қафомонда хос буда, ба он дигар давлатҳои дунъявӣ ниёз надоранд.

Чунин андешаҳо маънои яктарафа фаҳмидани протсесҳои ҳаёти ҷамъиятиро дошта диалектикаи инкишофи онро ба эътибор намегиранд.

Ҳаёти халқу миллатҳои олам гувоҳӣ онанд, ки ҳар кадом давлате, ки баробари ҷомиаи ҷаҳонӣ қадам заданист, вай бояд ҳамеша худро такмил диҳад. Ба хотир биёред бо таъсири сиёсати иҷтимоии ҳокимияти шӯравӣ ва собик давлатҳои дигари сотсиалистӣ, яке аз бойтарин давлати дунё Амрико ба сиёсаташ характери иҷтимоӣ дод. Амрико пай дар пай музди меҳнаткашонро ба хотири он зиёд карда буд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ, таълиму тарбия,

тандурустӣ ва таъмини ҷои корро барои шаҳрвандонаш асоси сиёсати иҷтимоияш қарор дода буд. Аммо ҷонибдорони назарияи «модерн» ҷамъияти «Озодӣ» Амрикоро чун Эталон нишон доданӣ шуда, таъкид мекарданд, ки дигарон онро бояд нусхабардорӣ намоянд.

Модернизатсияро ҳамчун шароити пешакии инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳо ҳисобида, инкишоф танҳо тавассути суръатбахшии асосҳои ташкили ҷамъияти ҳаёти ғарб ёрии иқтисодии онҳо амали асосӣ дониста мешуд, агарчи истиқлоли технологияи иҷтимоӣ ва институтҳои сиёсӣ ҳамчун воситаи пешрафти навсозӣ низ дониста мешаванд.

Ҳол он ки ёрии моддии хориҷӣ ҳамон вақт самари хуб мебахшад, ки он комилан дар заминаи анъанаҳои сиёсии миллӣ ва хусусиятҳои он барои ба роҳ мондани истеҳсолоту такмили ҷамъият равона карда шуда бошанд.

Ҳаёти минбаъдаи давлатҳои ёрии хориҷӣ гирифта нишон дод, ки модернизатсиякунонӣ ҳануз боиси пешрафт намегаштааст. Зарур аст, ки истеҳсолоти неъматҳои моддӣ авалият дошта бошад. Демократия на танҳо заминаи сиёсӣ, балки ба заминаи устувори иқтисодӣ ниёз дорад. Он, ки модернизатсия натиҷаи хуб намебахшад, боз омилҳои зиёди дигаре низ ҳастанд.

Ҳамин зайл солҳои 70-80-ум робитаи модернизатсияю инкишоф аз нав дида шуд. Модернизация на ҳамчун шароити инкишоф, балки вазифаи вай будааст. Мақсади асосӣ тағъироти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсие буд, ки вай бе модели демократии ғарбӣ ҳам инкишоф меёбад. Масалан, дар Чин, Тайван, Малайзия ва соири давлатҳои дигари Шарқ ба хотири нигоҳ доштани давлат, таъмини инкишофи минбаъдаи он такя ба шаклҳои миллии амалигардонии он карда шуд. Муҳим он аст, ки раванди тағйиротҳои иҷтимоӣ, тибқи нақшаи инкишофи истеҳсолот, муносибатҳои сиёсӣ, аз навсозии бо суръати сифатан навро таъмин карда тавонанд.

Гузариш ба модернро ҳамчун марҳилаи тому дарозмуддати инкишоф, чун такрористеҳсолкунии оддии пештар вуҷуд дошта ва пастшавӣ низ ба эътибор гирифта мешавад.

Роҳҳои модернизатсияи ҷомиа ва системаи сиёсӣ

Доир ба модернизатсия андешаҳо гуногунанд. Баъзеҳо индустрикунонии ҷомеаро У. Мур, А. Экстайн К. Гриффин – ислоҳоти замин; Леви-ёрии интенсивии мамлакатҳои тараққикарда; Эйзенштайн инкишофи институтҳоеро, ки тағйиротҳои иҷтимоиро; У. Шрамм воситаи муошир аст, ки арзишҳои умумиро ба ҳама дастрас менамоянд; Хиггинс асоси модернизатсияро дар шаҳрнишиншавии аҳолӣ роҳи асосии инкишоф мебинанд.

Дар интихоби ин роҳҳо ду ақида — либералӣ ва консервативӣ вуҷуд доранд. Масалан, олимон Г. Даль. Г Алмонд, Л Пай пайдоиши синфи миёна ва маълумотнокшавии аҳолиро шароити асосии дигаргуниҳо дар табиат ва ташкили идоракунӣ мебинанд. Тибқи андешаи онҳо ин мудохилаи идеологиро дар ба танзимдарории протсесҳои иҷтимоӣ халал расонида, самаранокии марказонидану амалӣ гаштани қарорҳоро маҳдуд менамоянд.

Умуман, характер ва динамикаи модернизатсия ба конкуренсияи эҷодии элита ва дараҷаи иштиёқмандии шаҳрвандон ба сиёсат вобаста аст. Вариантҳои инкишофи ҷамъият ба мутаносибияти шаклҳои дар бозии сиёсӣ иштирок кунанда дар марҳилаи гузариш вобаста аст.

Чор варианти асосии инкишофи ҳодисот имконпазир аст:

  1. Дар афзалиятдории иштироки элитаҳо бар иштироки шаҳрвандон заминаҳои қулайтари пай дар пай демократикунонии ҷамъият ва амалӣ намудани ислоҳот;
  2. Шароити боло бардоштани нақши элитаҳо дар конкуренсия – лекин фаъолияти пасти оммаҳо.
  3. Афзалияти иштироки сиёсии оммаҳо бар мусобиқаи элитаҳо васеъ шудани нақши оммаҳо боиси шадид гаштани сохти идоракунӣ шуда – азнавсозӣ суст мешавад.
  4. Ба минимум расидани муносибатҳои элитаҳо ва омма дар сиёсат ба бенизомӣ, деинтегриратсияи сотсиумҳою ба системаи сиёсӣ ва пайдоиши диктатура меорад.

Аз назари олими амрикоӣ Р. Даль дар мамолики сусттараққикарда — полиархия муносибатҳои ошкорои сиёсии унсурҳо ва фаъолии баланди сиёсии омма барои ислоҳот замина муҳайё месозад. Роберт Даль таъсири ҳафт шарти ба сӯи полиархӣ ҳаракаткунандаи мамлакатҳоро дар амалӣ сохтани ислоҳоти сиёсӣ нишон додааст:

1). Барои азнавсозии иқтисодӣ – иҷтимои ҷамъият барқарор намудани ҳокимият мустаҳками иҷроия. 2). Ба дараҷаи муайян бардоштани тарақиёти иқтисодӣ- иҷтимоӣ, ки ба азнавсозии сохтори давлат имкон дихад. 3). Барқарор намудани муносибатҳои муайян, баробарӣ-нобаробарӣ: 4). Гуногунии фарҳангии олӣ; 5). Мавҷудияти ҳамешагии ёрии хориҷӣ; 6). Эътиқоди демократӣ; 7). Фаъолшавии фаъолон ва лидерҳо.

Ин олими амрикоӣ таъкид менамояд, ки гузариш ба полиархия бояд ором, пай дар пай, эволютсионӣ ва бе ҳеҷ ҷангҳои ҷиддӣ сурат гирифта, элитаи ҳукмрон мунтазам технологияи ҳукмронию консенсуалиро ба даст гиранд. Авторитаризм бошад барқароршавии ҳукмронии яке аз қувваҳои дар муборизаи сиёсӣ иштироккунандаро мефаҳмад, ки он ҳатман ба рафти модернизатсия таъсири манфӣ мерасонад. Самаранокии минтақавии полиархии ҳокимият ба таъмини бехатарии қувваҳои ба ҳам рақобатдошта барқарор намудани ҳокимияти пурзӯри иҷроия ва марказҳои инкишофёфтаи идоракунӣ дар маҳалҳо вобаста аст.

Назариячиёни пайрави консервативӣ манбаи асосии модернизатсияро дар зиддияту задухӯрди байни аҳолии муташаккилшуда, ба муборизаҳои сиёсӣ ҷалб намудани он ва мавҷудияти сохторҳо ва механизмҳо барои (муайян намудани нақшаҳо) ва манфиати онҳо медонад.

Дар айни ҳол барои идоракунӣ тайёр намудани оммаҳо, истифода бурда натавонистан институтҳои ҳокимият ва чун қоида амалӣ нагаштани натиҷае, ки интизораш буданд, нооромии режимӣ ва ришвахӯрӣ (ришвахӯрон) — ро ба вуҷуд меорад. Ин бошад сари вақт ба сиёсат ҳамроҳ шудани оммаро қафо меандозад.

Аз ин рӯ, дар он мамолике, ки ҷаҳиши саноати индустриалӣ дар заминаи анъанаҳои демократӣ намехобад, ғояи созиш ва кӯшишҳои дигаргунсозии системаи ҳокимият барои ҷамъият оқибати хуб надорад.

Консерваторҳо истеҳсолотро барои пешрафти иқтисодӣ нишондиҳандаи асосӣ ва басубатиро асоси болоравӣ барои сиёсат медонанд. Барои давлатҳои модернизатсияшаванда режими пурзӯри сиёсӣ бо ҳизби дорои ҳуқуқи роҳбарикунандае, ки қобилияти мамлакатро аз нооромиҳо нигоҳ доштан дорад, зарур медонанд. Ҳамин тариқ, бар хилофи Н. Дейн, ки интеграсияи ҷамъиятро дар асоси фарҳанг маълумот, дин ва фалсафаю санъат медонад С. Хангтингтон такя ба муташакилӣ, тарбия ва усулҳои идоракунии авторитарӣ менамояд. Маҳз институтҳои пурқувват ва босуботи давлатиӣ, низоми аниқи ҳуқуқӣ мутобиқшавии баланди системаи сиёсиро ба тағйиротҳои «муҳити беруна» қобилияти баробар ҷавоб дода тавонистани сохторӣ ба талабот ва кӯшишҳои нави аҳолӣ натиҷаҳои дилхоҳи модаернизатсияро таъмин менамоянд.

Сиёсатшиносон бар он ақидаанд, ки ҳама системаҳои сиёсии ҳозира дар худ каме аз ситемаи пештараи анъанавӣ ва каме навро доранд. Барои ҳамин Г. Алмонд ва Д. Пауелл се меъёри дараҷаи андозакунии модернизатсияро пешкаш кардаанд;

  • фарқкунии нақшҳои сиёсӣ;
  • махсусгардонии институтҳои сиёсӣ
  • секуляризатсияи фарҳангӣ (раванди такмили тафаккури сиёсӣ ва фаъолияти сиёсии фард , гузориш аз омили иратсионалӣ (эҳсос, таассурот, анъана), омилҳои рафтори сиёсӣ.

Авторитаризм ба диктатураи ошкоро (Кореяи Ҷануби, Тайван, Чилӣ) табдил ёфта метавонад.

Аҳамияти кунунии назарияи модернизатсия

Назарияи модернизатсия ҳамчун мантиқи махсуси сиёсатшиносӣ ба навишта гирифтани протсесҳои мураккаби гузариш ёрӣ мерасонад. Тадқиқоти бисёре аз он шаҳодат медиҳад, ки он самти инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сӯи марҳилаи худ индустриалӣ меравад. Ин раванди муштарак бо васеъшавии ҳамкории иқтисодӣ ва робитаҳои тиҷорат, паҳншавии комёбиҳои илм ва технология, такмили воситаҳои муошират, баландшавии маълумот ва шаҳрнишиншавӣ инкишоф меёбад.

Адабиёт:

1.Штомпка П. Социология социальных изменений. — М. 1996

2.Пугачев В.П. Соловьёв А.И. Политическое развитие и модарнизация. Введение в политологию. — М. 1996.

3.Назарбоев Н.А. На пороге ХХ1 века

4.Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикистон дар остонаи асри ХХ1 5.Политология (учебник). Алматы 1998

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *