Фанни Сиёсатшиноси

Афкори сиёсӣ: марҳалаҳои асосии ташаккулёбӣ ва инкишоф

Донишҳои сиёсии муосир бештар дар асоси инкишофи афкори сиёсии мамлакатҳои Ғарб ва такмили методҳои тадқиқу таҳлили амалияи онҳо ташаккул ёфтанд ва инкишофи донишҳои сиёсии мамлакатҳои Шарқ низ таъсири фаъол расонидаанд.

Аввалин маротиба андешаҳои сиёсӣ дар мамалакатҳои Шарқи Қадим-Арабистон, Бобулистон, Ҳиндустон, Чин ва Эрон ва инчунин Ғарби Қадим Юнону Рим ташаккул ёфтаанд .

Тафаккури сиёсии Ҳиндустони қадим дар асри Х-У1 то милод ташаккул ёфтааст. Ба табақаҳо ҷудошавии одамон аз он шаҳодат медихад, ки дар ҷамъият гуруҳҳои фармондеҳ ва мутеъ ташаккул ёфтаанд ва аз ҳама гурӯҳи болонишин ва ҳукмрон браҳманҳо буданд. Сиёсати брахманҳо ба он равона карда шуда буд, ки ба воситаи идеологияи динии худ оммаи халқро ба итоаткорӣ ва сабру тоқат нисбат ба табақаҳои ҳукумрон даъват намоянд.

Дар инкишофи тафаккури сиёсии Ҳиндустон махсусан мақоми тазкираи «Артхашастра» хеле калон аст. Дар он масъалаҳои сиёсӣ ва давлатдорӣ хеле васеъ инъикос шудаанд.

Таълимоти дигар, таълимоти буддоӣ мебошад. Асосгӯзори он Сидхарта (соли 567 то милод) бо тахаллуси Буддо (ориф) машҳур буд. Таълимоти ӯ дорои ҳашт рукн буд: пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек, муҷодалаи нек, нигоҳи нек, идроки нек, касбу кори нек, иродаи нек. Буддоя имрӯз як қатор ташкилотҳои байналхалқиро низ фаро гирифтааст. Моҳияти онро тарғиби сарнавишту тақдир ва олами ҳастӣ, эътирофи ақидаҳои архаистӣ ташкил медиҳад.

Яке аз ҷараёнҳои асосии фалсафию сиёсии Чини Қадим таълимоти Конфуция буда, асари асоси ин таълимот «Лун юй» ном дошт. Ҳамчун ҳимоятгари манфиати ғуломдорон Кун Фу цзи(551-479 то эраи мо) асосгузори таълимоти оригиналии ахлоқию сиёсӣ мебошад. Ӯ тарафдори равияи аристократии идоракунии давлат мебошад. Моҳият ин таълимот дар он аст, ки ҷомеаро аз ҳар гуна тағироту ҷунбишҳо эмин дорад.

7

Таълимоти сиёсӣ ва назарияи гуногуни сиёсӣ, ки дар Шарқи Қадим ташаккул ёфтанд, ба афкори сиёсии Юнону Рими қадим таъсир расониданд.

Аз замони Фалес сар карда мутафаккирон дар хусуси муносибатҳои сиёсӣ ва сиёсати давлатҳо бартарии таълимоти худро нишон додани мешуданд. Таълимоти сиёсии Демокрит бо ақидаҳои тамоми ҳаёти одамон аз ҳимояи манфиатҳои давлат иборат бошад, таъмини тартибот, тақсимоти меҳнат бо назардошти ғуломдор оғоз меёфт.

Барномаи сиёсии мутафаккири дигар Афлотун дар асарҳояш «Давлат» ва «Қонунҳо» ҷой дода шудааст. Давлат бо тақсимоти меҳнати байни шаҳрвандони озод ва барои ҷомеа зарури фаъолияти хоса асос меёбад. Ӯ тарафдори сохти респуликавии давлат буда онро аз таркиботи зерин иборат медонад: а) ҳокимон-файласуфон, б) ҷанговарон в) ҳунармандон.

Ҳар як гуруҳ вазифаҳои муайяни худро доранд. Ӯ моликияти хусусӣ ва ойларо сабабгори ҳама зиддиятҳо медонист. Таълимоти Афлотун ба ҳар роҳ сохти иҷтимою сиёсии консервативиро ҳимоя намуда, чархи таърихро боздоштани мешуд. Моҳиятан, таълимоти Афлотун хосияти иртиҷоӣ дошт.

Мутафаккири барҷастаи Юнони Қадим Арасту кушиш менамояд, ки назарияҳои сиёсии худро дар асарҳояш « Сиёсат» ва «Политияи афинагӣ» баён намояд. Аз нуқтаи назари ӯ дар дарки ҳодисаҳои сиёсӣ бештар методи таҳлилро истифода менамояд. Сохтори сиёси давлатро ба 3 қисм; қонунбарорӣ, маъмурӣ ва судӣ ҷудо менамояд.Вале ҳар ду, Арасту ва Афлотун сабабҳои пайдоиши давлатро баён карда наметавонанд. Ба ақидаҳои онхо давлат табиатан вуҷуд дошт.

Тафаккури сиёсӣ дар асрҳои Миёна инкишоф ёфт ва ҷои ақидаҳои сиёсии демократияи ғуломдорӣ ва догмаҳои диниро назарияҳои нави сиёсию иҷтимоӣ ва дунявӣ гирифтанд. Асоси иқтисодиии тафаккури сиёсии ин давраро ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ба воситаҳои истеҳсолот ва вобаста ба он ташаккули синфҳои нави ҷамъиятӣ ташкил менамояд.

Давраи минбаъдаи инкишофи идеяҳои сиёсӣ ба замоне рост омад, ки ҷомеаи феодали оҳиста-оҳиста вайрон шуда, аввалин нишонаҳои ҷомеаи капиталистӣ пайдо гардиданд. Ин шикаст дар таърихи асри миёнаги сабабгори болоравии иқтисодиёти, пайдоши синфи нав буржуазия, инкишофи шаҳрҳо , ҳунармандӣ, савдо, ихтироти техникӣ гардиданд.

8

Яке аз намояндагони маъруфи ин замон Никола Макиавеллӣ(1469-1527) мебошад. Вай дар асараш «Давлат» қайд мекунад, ки шоҳ барои ба даст овардани давлат бояд аз тамоми воситаҳо, ба монанди ришва додан, қатл кардан, зӯроварӣ, фиреб, хоинӣ истифода кунад. Мутафаккири машҳури англис ТомасГоббс(1588-1679) таълимоти Макиавелиро дар бораи давлат инкишоф дода, қайд мекунад, ки пайдоиши давлат хости илоҳӣ набуда, вай маҳсули шуури одамон мебошад. Давлат механизмест, ки инсон барои нигоҳ доштани ҳаёти худ ихтироъ кардааст ва асоси пайдоши он созишномаи ҷамъиятии байни одамон мебошад.

Мутафаккири дигар англис Ҷон Локк(1632-1704) таълимотро дар бораи давлат инкишоф дода, назарияи конститусионӣ-парламентии монархияро пешниҳод намуд. Ӯ яке аз мутафаккиронест, ки идеяи тақсимоти ҳокимиятиро ба се шоха пешниҳод кардааст: ҳокимияти қонунбарор, ичроия ва судӣ. Ин ақидаҳо минбаъд асоси назариявии конститутсияи буржуазии англис гардиданд.

Ақидаҳои зиддифеодализм ва маорифпарварӣ дар Фаронса аз тарафи Шарль Луи Монтеске(1689-1755) ва Волтер(Франсуа Мари Арӯэ) (1694-1778) баён гардидаанд. Монтексё дар асараш «Дар бораи руҳи қонунҳо» исбот мекунад, ки табиат, замин, масоҳати ҳудуди давлат ба қиёфаи ахлоқии халқ. Қонунҳои идоракунӣ ва шаклҳои давлат таъсир расонида метавонад. Ӯ се шакли асосии идоракуниро нишон додаст: республикавӣ, монархӣ ва деспотӣ.

Идеали сиёсии Волтер ин монархияи конститутсионӣ буд.

Мутафаккирони материалисти Фаронса Д.Дидро(1713-1784), Голбах(1723-1789) дар инкишофи идеяҳои сиёсии асри ХУ111 мақоми калон доранд. Онҳо тарафдори давлати монархияе буданд, ки дар он намояндагии халқ ҳузур дошта бошад. Мақоми махсусро дар таълимоти маорифпарварии Фаронса Ж.Ж.Руссо(1712-1778) ишғол менамояд.

Асосгузори назарияи фалсафаи классики немис Иммануэл Кант дар тазкираи худ «Ба сулҳи абадӣ» (1795) нақши сулҳи абадиро кашида, қайд мекунад, ки сулҳи умуми-абадиро ҳамон вақте ба даст овардан мумкин аст, ки агар федерасияи давлатҳои мустақил ва соҳибихтиёр дар шакли республикавӣ ба вуҷуд биёянд. Намояндаи дигари фалсафаи классики немис Г.Гегел (1770-1831) ақидаҳои сиёсии худро дар асарҳояш «Ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва «Давлат» баён намудааст. Ба ақидаи ӯ ягонагӣ дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат

9

фақат дар натиҷаи ҳалли масъалаҳои ба таври осоишта ва роҳи конститутсионӣ ба даст оварда мешавад.

Сотсиалистони хаёлӣ, ки дар се давра инкишоф ёфтаанд чунин намояндагонро дар бар мегирифт: Т.Морр, Компанелла, Морелли, Бабёф, Меле, Сен Симон, Ш.Фуре, Р.Оуэн., Гертсен А.Н., Белинский В., ва Чернишевский Н.Г.

Идеяҳои сиёсӣ инчунин дар ИМА низ инкишоф ёфтанд. Ба зумраи машхуртарин онхо Т.Ҷеферсон(1745-1826),Томас Пейн(1737-1809).

А. Гамелтон(1757-1804) дохил мешаванд.

Дар инкишофи назарияҳои муосири илми сиёсатшиносӣ мавқеи намоёнро ақидаҳои мутафаккирон М.Вебер, Р.Миллс, Л.Гумпулович ва дигарон ишғол намудааст. М.Вебер ҳамчун муаллифи назарияи бюрократизми давлат баромад мекунад. Давлати бюрократии аз ҳама сохти сиёсии мустаҳкам, интизомнок ва боваринок буда, аз ҳамаи дигар системаҳои сиёсӣ бартарӣ дорад. Асоси фаъолияти сиёсии давлати бюрократиро принсипи профессионализм ва ба кадрҳои баландихтисос таъмин будани аппарати идоракунӣ ташкил медиханд. Олими австралигӣ Л.Гумпулович(1883-1909) дар асараш «Сотсиология ва сиёсат» қайд мекунад, ки фақат сотсиология имконият медиҳад, ки сиёсат илми

ҳаёти гардад ва қонуниятҳои инкишофи хаёти сиёсии ҷомеаро амалӣ гардонад.

Марксизм хамчун таълимоти идеявию сиёсии солҳои 40 уми асри Х1Х дар Олмон ба вуҷуд омад. Дар ин ҷо инқилоби буржуазӣ-демократӣ фаълияти худро оғоз намуда, синфи коргар ҳамчун қувваи сиёсии мустақил бо талаботи махсуси худ баромад мекард. Дар чунин шароити синфи коргар ба ҷахонбинии илмӣ, барномаи муборизаи инқилоби муҳтоҷ буд. Ин вазифаро К.Маркс(1818-1883) ва Ф. Энгельс(1820-1895) адо карданд. Ин ду мутафаккир ҳамчун роҳбарони идеявии ҳаракати коргарӣ дар тамоми ҳаёту фаъолияти илмию сиёсии худ ба моҳияти сиёсат, ҳокимияти сиёсӣ ва характери муносибатҳои сиёсӣ диққати доимӣ дода, сиёсати пролетариро хамчун воситаи муҳим ба муқобили сиёсати буржуазӣ равона карданд.

В.И.Ленин (1872-1924) таълимоти К.Маркс ва Ф.Энгелсро дар шароити нави

таърихии давраи гузариш аз капитализм ба империализм инкишоф дода, бисёр

тарафҳои назарияи сиёсиро мувофиқи шароити нав мукаммал гардонд.

10

Муҳимтарин андешаҳои ӯ чунинанд: таълимот дар бораи муборизаи синфӣ, инқилоби сотсиалистӣ, диктатураи пролетарият ва шаклҳои гуногуни он, давлат, демократияи сотсиалистӣ, ҳокимияти сиёсӣ иттифоқи синфи коргару деҳқон, дар бораи сохтумони ҷамъиятӣ сотсиалистӣ, оид ба масъалаҳои миллӣ, дар бораи империализм ҳамчун зинаи охирони капитализм, роли пешбарандагии партияи

коммунистӣ, идеологияи сиёсӣ ва ғайра. Таълимоти марксизм-ленинзмро минбаъд то як андоза дар равиши сохтумони ҷомеаи сотсиалистӣ аз тарафи роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ вайрон карда шуд. Роҳбари дигари Иттиҳоди Шӯравӣ Н. Хрушёв шахспарастии Сталинро танқид карда истода, худаш ба идоракунии авторитарӣ роҳ дод. Сарвари дигар, М.С. Горбачев соли 1985 ба бозсозии ҷомеа шуруъ намуд, вале принсипҳои гуногуни ҷомеаро вайрон карда ба парокандагии давлати бузурги шуравӣ оварда расонид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *