Мавзухои точики

Андози даромад аз шахсони воқеӣ

Андози даромад аз шахсони воқеӣ — андози мустақиле мебошад, ки даромади андозбандишавандаи шахсони воқеӣ ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ дар соли тақвимӣ ва маблағҳои нигаҳдошташудаи объекти он мебошад. Даромади умумии андозсупоранда — резидент аз даромаде иборат мебошад, ки вай аз манбаъҳои ҶТ ва берун аз он ба даст меорад. Даромади умумии ғайрирезидент бошад, аз даромадҳои манбаъҳои дар ҶТ мавҷуда бадастовардаи вай иборат аст. Ҳамаи даромадҳои андозбандишавандаи шахсони воқеӣ ба даромадҳое, ки ҳамчун музди меҳнат гирифта шудаанд, ба даромадҳо аз фаъолияти иқтисодӣ, ки кори кироя ҳисоб намешавад ва ба ҳама гуна даромади дигар ҷудо мешавад, дохил мегарданд. Андози мазкур ба гурӯҳи андозҳои ҷумҳуриявӣ дохил мешавад. Андозҳо – яке аз шакли нисбатан демократии танзими муносибатҳои иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд, чунки агентҳои андоз дар назди қонунҳое, ки ӯҳдадориҳои андозиро муқаррар мекунанд, баробар мебошанд, яъне усулҳои муносибатҳои якхелаи давлат бо корхонаҳо ва аҳолӣ амалӣ мегарданд.1 Рӯёнидани андозҳо аз даромади аҳолӣ моҳияти махсуси худро дорад ва инчунин характери баргандандагӣ дорад. Ин маънои онро дорад, ки андозҳои ситонидашуда дар шакли нафақаҳо, ҷубронпулиҳо, ҳар гуна пардохтҳо ва ғайраҳо ба воситаи фондҳои ғайрибуҷетии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пардохта мешаванд. Яке аз чунин андозҳо андоз аз даромади шахсони воқеӣ ба шумор меравад.

Барои шахсони воқеӣ қонунгузории андоз ўҳдадории супоридани андоз аз ҳисоби амволро низ муқаррар кардааст. Ашхосе воқеӣ тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои амволиро соҳиб буда, метавонанд онро истифода баранд, тасарруфӣ намяонд ва ё ихтиёрдорӣ кунанд.

Шахсони воқеӣ ҳамчун қоидаи маъмул дорои амволи манқул ва ғайриманқул мебошанд, ки чунин як гурўҳбандии объектҳои андозбандишавандаро дар як қатор адабиётҳои ҳуқуқӣ оиди андоз низ вохўрдан мумкин аст.

Ситонидани андоз амвол таърихан мавҷуд буда, ҳам дар шакли натуралӣ ва ҳам дар шакли аслӣ супоридани онро дар назар дошт. Фаразан, дар аморати Бухоро на танҳо андоз барои «бенамозӣ», балки андоз аз ҳосили заминҳои султонӣ аз аҳолии деҳот, ки 90 дар сади аҳолии умумии аморатро ташкил мекард, дар ҳаҷми аз даҳ чор, яъне аз сад чил ба ҳисоби хазина ситонида мешуд ва барои деҳқон аз даҳ ду ё аз даҳ се боқӣ мемонду халос, ки ба қавли Садриддин Айнӣ чунин ситонидани хироҷу андоз «тороҷгарӣ» буд. Дар ҳолатҳои дигар ситонидани андоз дар шакли натуралӣ татбиқ мегардид, ки одатан ба меъёрҳои шариатӣ оиди закот мутобиқ гардонида шуда буд. Мавридҳое низ буданд, ки зиёд гардидани ин меъёр ба зарари аҳолӣ боиси ошўбҳои оммавӣ мегашт. Масалан, муаллифон дар мавриди ошўби соли 1903 дар воҳаи Вахони Помир ба миён омада, ки дар натиҷаи гирифтани аз 10/1 ва ҳато аз 7/1 сар бузу гўсфанди аҳолӣ (тибқи меъёрҳои шариат аз 40/1 сар муайян карда шуда буд) сар зада буд, ёдовар мешаванд.

Минбаъд ситонидани андозҳо дар шакли натуралӣ идома ёфта бошад, ҳам оҳиста-оҳиста ин намуд андозҳо вобаста ба дигаргуншавии низоми иҷтимоию хоҷагидории ҷомеа барҳам хўрда, ҳамакнун дар шакли молиявӣ ситонида мешуданд.

Супоридани андози амвол аз шахсони воқеӣ дар марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи андозбандии дорандагони васоити нақлиётӣ ва дигар мошинҳо ва механизмҳои худрав» аз 09.01.1992 с. таҳти №494 ва Қонуни ҶТ «Дар бораи андозҳо аз амволи шахсони ҷисмонӣ» аз 27.12.1993 с. таҳти №689 ба танзим дароварда мешуд. Баъдан бо қабули аввалин санади кодификатсионии соҳаи андозбандӣ муқаррароти ин санадҳо бекор карда шуданд.

Таҳкими муносибатҳои андозбандӣ ба мукаммалгардонии низоми андозбандӣ аз амволи шахсони воқеӣ, хусусан, аз амволи ғайриманқул оварда расонид. Кодекси андози ҶТ имрўзҳо мутаносибан супоридани андоз аз амволи шахсони воқеиро аз объектҳои ғайриманқул ва васоити нақлиётӣ пешбинӣ намудааст, ки ба андозҳои маҳаллӣ марбут дониста шуда, ҳар яке мустақилона ситонида мешаванд. Мустақилияти ин намуди андозҳо дар адабиётҳои ҳуқуқӣ низ зери шубҳа гузошта намешавад.

Анлоз аз амволи ғайриманқул мутобиқ ба талаботи боби 46 КА ҶТ ситонида мешавад.

Супорандагони андози номбурда, ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд, ки мутаносибан ҳамчун соҳибмулкон ин амволи худро истифода мебаранд.

Объекти андозбандӣ тибқи м. 326 КА ҶТ амволи зерин ба ҳисоб меравад:

хонаҳои истиқоматӣ;

квартираҳо (ҳуҷраҳо);

бўстонсароҳо;

гаражҳо ва дигар биною иншоотҳо.

Дар мавриди объекти андозбандӣ албатта тафриқотҳо дида мешаванд. Агар дар таносуб бо қонунгузории андози дигар мамолик, масалан Федератсияи Россия гирем, пас дар ин ҷо на танҳо амволи дар боло зикргардида, балки дигар амвол ба мисли тайёраҳо, чархболҳо, теплоходҳо, яхтаҳо, катерҳо, чанаҳои моторӣ, қаиқҳои моторӣ ва дигар васоити обӣ-ҳавоиеро (ба истиснои қаиқҳои дастӣ) номбар кардан мумкин аст, ки ҳамчун объекти андозбандӣ дар ин кишвар баромад менамоянд.

Меъёри андоз айни замон вобаста ба ҳаҷми аз 10 то 50 каратаи андози замин, ки аз м. 266 ва 267 КА ҶТ бармеояд муайян карда мешавад. Андозбандӣ тибқи муқаррароти қонунгузории андоз барои ҳамаи объектони номбаршуда мутобиқи ҳаҷм, яъне дарозӣ, баландӣ ва бари биною иншоотҳо ҳисобу китоб карда шуда, бо коэфитсенти 1,25 зарб зада мешавад.

Ҳамзамон, қонунгузор ҳолатҳоеро пешбинӣ менамояд, ба тадриҷ кам ва ё зиёд шудани меъёри андозбандиро мадди назар намекунад. Масалан, агар баландии фарши таҳхона то шифти он камтар аз 2 метр бошад, пас 50% майдони андозбандӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар сурати зиёдшавии ин ҳаҷм мутаносибан меъёрҳои андоз низ ба фоидаи афзуншавӣ тағйир меёбанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ дар ҳолатҳои алоҳида аз супоридани андоз як қатор категорияҳои аҳолиро метавонанд озод намоянд. Масалан, тибқи б. 2.7 қарори Маҷлиси вакилони халқи н. Ҳисор аз 20.12.2005 с. таҳти №41 «Дар бораи муқаррар намудани андозҳои маҳаллии ноҳия» хонаҳои истиқоматии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда, инчунин хонаҳои истиқоматии маъюбони тамоми гурўҳҳо, нафақахўрон дар ҳолати надоштани аъзои оилаи қобили меҳнат ва муаллимоне, ки дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии деҳот кор мекунанд дар давраи кори онҳо аз супоридани андоз озод карда шудаанд.

Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохтани андоз тибқи м. 330 КА ҶТ муайян карда шуда маблағи андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ аз ҷониби мақомоти андоз, ки дар ҳудуди фаъолияти онҳо амволи ғайриманқул воқеъ гардидааст, тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, дар асоси манбаи маълумот оид ба амволи ғайриманқул, ки дар мақомоти андоз ташаккул ёфтааст, ҳисоб карда мешавад.

Илова бар ин, маблағи андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ дар соли ҷории андоз дар асоси маълумот оид ба амволи ғайриманқул ба санаи 1 январи соли ҷорӣ ҳисоб карда шуда, ҳамзамон ин ҳолат нисбати объектҳои сохташуда, ки ҳуҷҷатҳои техникиашон ба қайд гирифта нашудааст татбиқ мегардад.

Андозсупорандагон – шахсони воқеӣ оиди супоридани андоз то 1 июли соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ огоҳ карда шуда, ўҳдадоранд, ки андозро то 1 октябри соли ҷорӣ пардохт намоянд.

Тибқи тағйироту иловаҳои ба КА ҶТ ворид гардида маблағи андоз ба таври мутаносиб ва ба ҳисоби ҷамъбасти афзоянда на дертар аз 1 феврал (дар ҳаҷми 25%), 1 май (дар ҳаҷми 50%), 1 август (дар ҳаҷми 75%) ва то охири соли ҷории андозситонӣ дар ҳаҷми 100% супорида мешавад.

Дигар намуди андозе, ки шахсони воқеӣ месупоранд ин андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт мебошад. Андози номбурда аз ҷониби шахсони воқеие супорида мешавад, ки дорандагони чунин васоити нақлиётии тибқи муқаррароти боби 47 КА ҶТ мебошанд. Андози мазкур аз ҷониби мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ситонида мешавад.

Қонунгузор ба ҳайси андозсупорандаи ин намуди андоз ҳам шахсони воқеӣ ва ҳам шахсони ҳуқуқиеро эътироф намудааст, ки тибқи м. 331 КА ҶТ соҳиби воситаи нақлиёт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қайд гирифта шаванд, мебошанд.

Ба сифати объекти андозбандӣ ҳама гуна воситаи нақлиётест, ки дар гурўҳи 87 (таҳти рамзҳои 8702-8705, 8711) номгўи молии фаъолияти хориҷии иқтисодӣ нишон дода шудаанд, дохил мешаванд.

Аз пардохти андози номбурда объектони зерин озод карда шудаанд (м.333 КА ҶТ):мошинҳо ва механизмҳои тасмачарх;

комбайнҳои муҳаррикдори ғаллағундорӣ ва махсус, аз ҷумла комбайнҳои пахтачинӣ;

автобусҳо ва тролейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи омма барои мусофиркашонӣ дар шаҳрҳо истифода мебаранд;

мотоколяска ва автомобилҳои бо даст идорашавандаи ба маъюбон тааллуқдошта.

Меъёрҳои андоз тибқи м. 335 КА ҶТ:

Тартиби ҳисобу китоб ва супоридани андозро бошад КА ҶТ муқаррар намуда, он бояд ба буҷети дахлдори маҳаллӣ дар ҷои бақайдгирии воситаҳои нақлиётӣ дар мўҳлати на дертар аз мўҳлате пардохта шавад, ки барои гузаштани бақайдгирӣ, аз нав бақайдгирӣ ё муоинаи ҳарсолаи техникии нақлиёти автомобилӣ пешбинӣ шудааст. Барои мисол агар шахси воқеӣ дорандаи автомошинаи боркаши КамАЗ 5312 борбардориаш 10 тонна бо иқтидори муҳаррикаш 210 қувваи асп бошад он гоҳ ҳисобу китоб аз рўи муқаррароти м. 335 КА ҶТ вобаста ба маоши ҳадди ақал, ки айни замон 20 сомониро ташкил медиҳад дар 2 вариант тибқи формулаи зерин ба амал бароварда мешавад:

Варианти 1-ум 210 х 20 х 8% =336 сомонӣ;

Варианти 2-юм 210 х 1,6 =336 сомонӣ

Мўҳлати муоинаи ҳарсолаи техникии воситаҳои нақлиётро Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Вайрон намудани мўҳлати супоридани андоз барои ҳисоб намудани фоиз тибқи тартиб ва ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс асос мебошад.

Бояд гуфт, ки БДА-и Вазорати корҳои дохилӣ маводҳоеро қабул менамояд, ки тибқи он таруфаҳои андоз бо Кумитаи андоз мувофиқа карда мешаванд. Чунин як мувофиқатнамоӣ 08.08.2007 сурат гирифтааст, ки супоридани андозро аз рўи 92 тамғаи автомобилӣ ва 8 гурўҳи нақлиёт вобаста ба давлати истеҳсолкунандаи асосӣ дар назар дорад. Дар нақшаи зерин номгўи як қатори онҳоро вобаста ба ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоӣ вобаста ба гурўҳ, тамға ва навъ, қувваи муҳаррик ва маблағи андоз пешкаш менамоем (ҳадди аз/то):

Дар ҳолатҳои зерин шахсони воқеӣ андози номбурдаро намесупоранд:

ҳангоми дар қайд набудани васоити нақлиётие, ки бояд дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шаванд;

ҳангоми вайрон будан ё бо дигар сабабҳо истифода набурдани воситаҳои нақлиёте, ки аз қайди номбаршуда гузаштаанд;

3.ҳангоми аз нав ба қайд гирифтани воситаи нақлиёт андоз супорида намешавад, дар сурати аз ҷониби соҳиби пештараи он пардохт намудани андоз.

Насупоридани ин андоз баро шахсони номбурда боиси оқибатҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла бастани ҷарима ва ё манъ кардани муоинаи техникӣ мегардад. Дар ин ҳолатҳо кормандони БДА ҳақ доранд аз ин гуна шахсон талаби ҳучҷатҳои супоридани андозро намоянд. Дар акси ҳол андозсупорандагон аз ҳуқуқи истифодабарии ин гуна нақлиёт маҳрум кардашуда ба муоинаи техникӣ роҳ дода намешаванд..

Мўҳлати супоридани андоз вобаста ба қонугузории ҷорӣ ва пешниҳоди ҳисоботи мақомоти дахлдор оиди гузаштани васоити нақлиётӣ аз 1 – уми апрели соли ҷорӣ то 31 декабр муайян карда шудааст. Аз ин ҷо бармеояд, ки то 1 апрел андозсупоранда бояд андози мазкурро супорад.

Одатан, мавзўъ ва мўҳтавои андози мазкурро ҳамин нуқот ташкил медиҳад.Андоз аз даромади шахсони воқеӣ андози мустақим ба ҳисоб рафта, пардохти ҳатмӣ аз аҳолӣ шуморида мешавад. Ин андоз аввалан дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи андози даромад аз шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа », ки Шӯрои Олии ҶТ аз 6 январи 1992 тасдиқ намуданд, ситонида мешуд. Баъдан мувофиқи Кодекси андози ҶТ ва дастурамали қабулгардидаи Вазорати молияи ҶТ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ тағйироту иловаҳо ворид гардиданд.

Андозсупорандагони ин намуди андоз шахсони воқеии резидент ва ғайрирезиденте, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ё шахсоне, ки даромади андозбандишавандаро аз фаъолияти соҳибкорӣ мегиранд, ба ҳисоб мераванд.

Барои резидентҳо ба сифати объекти андозбандии даромад даромади андозбандишавандаи онҳо ба ҳисоб меравад, ки он ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ дар соли тақвимӣ ва маблағи тарҳшудаи хароҷот ҳамчун андоз барои ҳамин давра муайян карда мешавад.

Андозсупорандагон – ғайрирезидент, ки дар ҶТ ҳамчун муассисаи доимӣ фаъолият менамоянд, нисбати даромади андозбандишавандае, ки ба муассисаи доимӣ алоқаманд аст ва ҳамчун фарқи байни даромади умумии соли тақвимӣ аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбуда ва маблағи хароҷот муайян карда мешавад, мебошанд. Даромади умумии ғайрирезидент бояд аз манбаи пардохт бе нигоҳ доштани маблағ андозбандӣ карда шавад. Шахси воқеи — ғайрирезидент, ки аз манбаи воқеъ дар ҶТ аз меҳнати кироя, аз фурӯш ё додани амволе, ки ба муассисаи доимиаш дар ҶТ алоқаманд намебошад, даромад мегирад, нисбати даромади умумии чунин намуд дар соли тақвимӣ бо кам кардани он ба маблағи нигоҳдошташуда ва марбут ба чунин даромад барои ҳамин давра, супорандаи андоз аз даромад ба ҳисоб меравад.

Воситаи асосии даромади шахсони воқеӣ ин пеш аз ҳама музди меҳнат мебошад, ба ғайр аз ин шахсони воқеӣ метавонад пардохтҳо ва фоида аз кори кироя гирад, инчунин ёрдампулиҳо, нафақа, даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ ва ғ. дохил мешаванд.

Даромади андозбандишавандаи шахси воқеӣ аз рӯи меъёрҳои зерин аз даромад андозбандӣ мешавад:

№№Миқдори даромади андозбандишаванда (ба ҳисоби миёна дар як моҳ) Меъёр ва маблағи андоз

1. На зиёда аз музди меҳнати ҳадди ақали моҳона Аз даромад андозбандӣ намешавад (меъёри сифрӣ)

2. Зиёда аз музди меҳнати ҳадди ақали моҳона то 100 сомонӣ 8 фоиз аз маблағи даромади андозбандишавандаи зиёда аз музди меҳнати ҳадди ақали моҳона

3. Зиёда аз 100 сомонӣ Маблағи андози сатри 2 ҷамъ 13 фоиз аз маблағи даромади андозбан-дишавандаи зиёда аз 100 сомонӣ

Мисоли якум: Ба корманд дар моҳи январ 450 сомонӣ музди меҳнат ҳисоб карда шудааст.

Маблағи андози даромад ба тариқи зерин ҳисоб карда мешавад:

450 сомонӣ-4,5 сомонӣ =445,5 сомонӣ,

дар ин ҷо, 4,5 сомонӣ – маблағи андози иҷтимоӣ, ки бо меъёри 1 фоиз аз маблағи умумии музди меҳнати ҳисобшуда муайян карда мешавад;

445,5 сомонӣ – манбаи (базаи) андозбандишаванда барои ҳисобкунии андози даромад ҳисобида мешавад;

Маблағи андози даромад 50 сомонӣ 92 дирамро ташкил медиҳад (аз 100 сомонӣ маблағи андоз 6 сомонӣ ((100-35)х8%), аз 100 сомонӣ зиёд 44 сомонию 92 дирам, яъне 13 фоиз аз 345,50 сомонӣ).

Мисоли дуюм: Ба коргар дар моҳи аз январ — март музди меҳнат ба маблағи 1350 сомонӣ пардохт намуданд.

Маблағи андози даромад ба тариқи зерин ҳисоб карда мешавад:

1350 сомонӣ – 13,5 сомонӣ = 1336,5 сомонӣ,

дар ин ҷо, 13,5 сомонӣ — маблағи андози иҷтимоӣ, ки бо меъёри 1 фоиз аз маблағи умумии музди меҳнати ҳисобшуда муайян карда мешавад;

1336,5 сомонӣ – манбаи андозбандишаванда барои ҳисобкунии андози даромад, ки дар ҷадвали замимаи № 1 нишон дода шудааст, ҳисобида мешавад;

Маблағи андози даромад чунин ҳисоб карда мешавад:

(300-105)* 8% = 18 сомонӣ

(1336,5 – 300)*13% = 1036,5 * 13% = 134,75 сомонӣ

18+134,75+13,5=166,25 сомонӣ

Маблағи андоз аз даромад 166 сомонӣ 25 дирамро ташкил медиҳад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *