Фанни Иқтисоди миллӣ

Тавозуни бозории тақозо ва арза ва нархи мутавозин

Тавозуни бозорӣ – баробарии тақозо ва арза ба моли муайян, дар замони муайян ва бозори муайян.

Тақозо – категорияи иқтисодӣ – нишондиҳандаи ҳаҷми молҳоест, ки истеъмолкунанда ба онҳо майл дорад ва қудрат дорад бо нархи муайян, дар давоми замони муайян ва дар бозори муайян онҳоро харидорӣ бикунад.

Арза – миқдори молҳои дар бозор пешниҳодшуда дар замони муайян ва бо нархи муайян.

Нархи мутавозин (баробар) – нархест, ки мутобиқи он ҳаҷми тақозо ба ҳаҷми арза мувофиқат мекунад.

Миқдори баробари мол – миқдори моле, ки дар бозор ба нархи мутавозин пешниҳод шудааст.

Тақозо, нархи мутавозин, миқдори баробари мол ба ҳамдигар бевосита вобастаанд, яъне афзоиши тақозо дар ҳолати баробарии шароити дигар, боиси афзоиши баланд шудани нарх, афзоиши миқдори маҳсулот; коҳиши тақозо сабаби паст шудани нарх, кам шудани миқдор маҳсулот мешавад.

Муқаррароти асосии назарии тавозуни бозор чунинанд:

1. Дар сатҳи муайяни пешрафти техника арзиш аз рўи таносуби ҳадди аксари фоиданокии ҷамъиятии миқдори муайяни молҳо ва ҳадди аксари хароҷоти ҷамъиятии истеҳсоли ин миқдори молҳо муайян карда мешавад.

Ҳадди аксари фоиданокӣ – фоиданокиест, ки бевосита бо истеъмоли ҳар як воҳиди иловагии неъмати қонеъкунандаи талаботи муайян алоқаманд аст. Ҳадди аксари хароҷот – афзоиши хароҷоти корхона аст, ки бо истеҳсоли ҳар як воҳиди иловагии маҳсулоти муайяншаванда аз рўи афзоиши хароҷот ба афзоиши маҳсулоти истеҳсолшудае, ки онҳо ба миён овардаанд, алоқаманд аст.

2. Ба ҳадди аксари фоиданокии ҷамъиятӣ миқдори муайяни ҳамаи дигар маҳсулот ва имкони истифода аз захираҳо, ки ба таври алтернативӣ дар истеҳсолоти мавриди назар ба кор андохта мешаванд, таъсир мерасонанд.

Принсипҳои асосии сохтмони модели тавозуни бозори Валрас чунинанд: танзимкунандаи асосӣ дар назарияи тавозуни бозори Л.Валрас сохтори нархҳои тавозун мебошад; маҷмўи тақозо дар хоҷагии халқ аз рўи арзиш ҳамеша ба маҷмўи арза баробар аст; фурўшандаи мол ва хизматрасонӣ барои фурўши онҳо пул гирифта ба он (пул) молҳо ва хизматрасонии дигар мехарад; арза тақозои худиро ба миён меоварад ва онҳо ба таври автоматӣ ба ҳамдигар баробар мешаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *