Фанни Иқтисоди миллӣ

ТАЪЛИМОТИ КЕЙНС

Таълимоти Кейнс – равияи афкори иқтисодист, ки асосгузораш иқтисоддони англис Ҷ.М. Кейнс мебошад.

Консепсияҳои маълуму машҳур ва қабули умум гардидаи таълимоти Ҷ. Кейнс инҳоянд:

1) назарияи умумии шуғл;

2) консепсияи самаранокии тақозо;

3) консепсияи мултипликатсияи инвеститсионӣ.

Муқаррароти асосии назарияи асосии шуғл инҳоянд:

1) дар баробари афзоиши таъминот бо кор даромади миллӣ меафзояд ва мутаносибан истеъмол низ зиёд мешавад;

2) афзоиши истеъмол нисбат ба даромад сусттар аст, чунки бо мурури афзоиши даромад кўшиши мардум барои сарфаҷўӣ бештар мешавад;

3) афзоиши даромад сабаби афзоиши сарфакорӣ (пасандоз намудан) ва кам шудани истеъмол мегардад;

4) кам шудани истеъмол дар коҳиш ёфтани тақозои самаранок ифода меёбад;

5) тақозо ҳаҷми истеҳсол ва дараҷаи таъмин будан бо ҷойи корро муайян месозад;

6) ҳаҷми ғайрикофии тақозои истеъмолиро бо роҳи афзоиши инвеститсияҳо ҷуброн намудан мумкин аст;

7) ба ҳаҷми умумии таъминот бо кор омилҳои зерин таъсир мерасонанд:

а) майл ба истеъмол;

б) ҳадди аксари самаранокии инвеститсияҳо;

в) меъёри фисад.

Принсипи назарияи Ҷ. Кейнс чун омили муҳимми ҳаҷми умумии таъминот бо кор шуморида шудани инвеститсияҳо мебошад.

Ҷ. М. Кейнс назариёти Ж. Б. Сэйро дар хусуси он, ки тақозои маҷмўӣ муайянкунандаи маҷмўи арзаҳост, рад кардааст. Вай оид ба тақозои самаранок консепсияи худро пешниҳод намуд.

Муқаррароти асосии назарияи тақозои самаранок ба ин қароранд:

1) тақозои маҷмўӣ ба миқдори молҳои аз ҷониби иқтисодиёти миллӣ истеҳсолшуда, ки истеъмолкунан-дагон, муассисаҳо ва давлат омодаанд бо нархи муайян харидорӣ бикунанд, баробар аст;

2) ду омили муайянкунандаи ҳаҷми тақозои маҷмўӣ мавҷуданд: рўҳияи истеъмолкунандагон; самаранокии сармоягузорӣ.

Таъини сармоягузории самаранок барои таҳияи консепсияи мултипликатори инвеститсионӣ мусоидат намуд.

Кушодани моҳияти иқтисодии мултипликатор ва муайян намудани таърифи он асоси консепсияи мултипликатори инвеститсиониро ташкил медиҳад.

Мултипликатор коэфитсиентест, ки таносуби байни афзоиши даромад ва сабабгори ин афзоиш – зиёдшавии ҳаҷми инвеститсияҳоро ифода менамояд.

Таълимоти Ҷ.Кейнс дар ИМА ба таври васеъ густариш ёфт. Дар ҳамин давра дар Чикаго равияи нави назарияи иқтисод – монетаризм ба миён омад.

Монетаризм – равияи афкори иқтисодист, ки бар шакли пулӣ ғун кардани сармоя асос ёфтааст.

Принсипи асосии монетаризм афзоиши сатҳи талабот ба пули нақд ва депозитҳои чекист.

Асосгузори монетаризм М.Фридман мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *