Фанни Иқтисоди миллӣ

Шакл, намуд ва гуногунрангиҳои туризм

Самаранокии иқтисодии фаъолияти туризм аз бисёр ҷиҳат бо таснифоти шаклҳои он муайян карда мешавад.

Таҳти таснифоти шаклҳои туризм гурӯҳбандии онҳо аз рӯи аломатҳои ягона, ки аз ҳадафҳои амалии муайян вобаста мебошанд, фаҳмида мешавад.

Ҳар як шакли туризм бо талаботҳои ба худ хоси сайёҳон тавсиф карда мешавад ва гурӯҳи мувофиқи хизматрасониҳоро, ки талаботҳои мазкурро қонеъ мегардонанд, пешбинӣ мекунад.

Дар ҷараёни истеҳсолӣ-хизматрасонии туризм ҷудо мекунанд:

шакли туризм;

намуди туризм;

намудҳои туризм.

Шакли туризм бо он алоқаманд аст, ки оё сайёҳ сарҳади давлатии мамлакати худро убур мекунад, яъне асоси ҷудо намудани туризм ба шаклҳо аломати ҳудудӣ мебошад.

Аз рӯи ин аломат ду шакли туризмро ҷудо мекунанд: дохилӣ ва байналхалқӣ.

Туризми дохилӣ – ин туризми ватанӣ дар дохили мамлакати худ, сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсоне, ки дар он доимӣ зиндагӣ мекунанд.

Туризми байналхалқӣ – ин туризм ба мамлакати дигар, яъне туризми хориҷӣ мебошад. Он берунбароӣ ва воридшавӣ мешавад. Туризми берунбароӣ – ин дар хориҷа сайругашт намудани шахсоне мебошад, ки доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Туризми воридшавӣ – ин сайругашт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсоне мебошад, ки доимӣ дар ҶТ зиндагӣ намекунанд. Туризми байналхалқӣ таҳти таъсири омилҳои гуногун инкишоф меёбад, ки метавон ба се гурӯҳ тақсим намуд: демографӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ.

Ба омилҳои демографӣ дохил мешаванд: афзоиши аҳолии ҷаҳон, ҷараёни шаҳришавӣ, ки ба тамарказшавии аҳолӣ ва ташаккули одати зиндагии серҳаракат оварда мерасонад. Аҳолии шаҳрҳои калон зарурияти иваз намудани муҳитро барои барқарор намудани сарфи қувваи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ сахт ҳис мекунанд. Шавқу рағбат дар байни халқҳои мамлакатҳои гуногун, ки забони модарии умумӣ доранд, афзоиш меёбад, ки пеш аз ҳама бо набудани монеаи забондонӣ, умумияти фарҳанг ва таърих ба миён омадааст.

Омилҳои иқтисодӣ бо рушдииқтисодиёти ҷаҳонӣ, ки дар он тамоюли мустаҳками афзоиши истеҳсоли хизматрасонӣ нисбати истеҳсоли молӣ ва чун натиҷа афзоиши ҳиссаи истеъмолоти хизматрасонӣ (аз он ҷумла хизматрасонии туризм) дар истеъмолоти умумии аҳолӣ мушоҳида карда мешавад, алоқаманд мебошанд. Ба омилҳои иқтисодӣ вусъат ёфтани прогрессии илмӣ-техникӣ дар соҳаи туризм, афзоиши даромади аҳолӣ ва ғ. дохил мешаванд. Рушди пояи моддӣ-техникии туризми хориҷӣ, ташкили шаклҳои нави пазироӣ ва хизматрасонии сайёҳон ба сердаромад гардонидани ҳаракати сайёҳон ва ба соҳа дохил намудани ҷойҳои истироҳатии нав мусоидат мекунанд.

Омилҳои иҷтимоӣ – омлҳое мебошанд, ки бо шароитҳои зиндагӣ ва фаъолияти инсон алоқаманданд. Афзоиши давомнокии рухсатии пардохтшаванда, инчунин тамоюлҳои тақсим намудани рухсатӣ ба ду қисм, ки имконият медиҳад, то дар як сол ду маротиба (дар зимистон ва дар тобистон) саёҳат анҷом дода шавад, ба рушди туризми байналхалқӣ таъсири мустақим мерасонанд. Инчунин паст кардани синну соли баромадан ба нафақа, ки бо назардошти афзоиши давомнокии умр боиси пайдоиши сайёҳони ба ном синну соли сеюм гардидааст, ба рушди туризм мусоидат мекунад.

Намуди туризм бо хусусияти инъикоси натиҷаҳои молиявӣ дар буҷети мамлакат ё минтақаи он алоқаманд аст. Аз рӯи ин нишона ду намуди туризмро фарқ мекунанд: фаъол ва ғайрифаъол.

Омадани сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ё сайёҳони ватанӣ ба минтақаи мазкури мамлакат туризми фаъол ба ҳисоб меравад. Туризми фаъол омили ворид намудани маблағ (асъор) ба мамлакати мазкур ё минтақаи он мегардад.

Саёҳати шаҳрвандони як мамлакат дар мамлакатҳои дигар ё баромадани сайёҳон аз минтақаи мазкури мамлакат туризми ғайрифаъол ба ҳисоб меравад. Туризми ғайрифаъол омили ба берун баровардани маблағ (асъор) аз мамлакати мазкур ё минтақа мегардад.

Шаклҳои туризм аз рӯи аломатҳои хос ба навъҳои алоҳида ҷудо мешаванд. Ба ин аломатҳо мансубанд: ҳадафи асосии саёҳат, хусусияти ташкили саёҳат, шиддатнокии селаи сайёҳӣ, давомнокии саёҳат, нишонаи синну солӣ, нақлиёти истифодашаванда, шакли ҳамкорӣ.

Вобаста ба ҳадафи асосии саёҳат чунин навъҳои туризмро ҷудо мекунанд: истироҳатӣ, маърифатӣ, илмӣ, расмӣ.

Туризми истироҳатӣ – ин туризм бо мақсади истироҳат, солимгардонӣ ва табобат мебошад. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки будубоши шаҳрвандон дар санаторияҳои махсус (ҳам ҳангоми мавҷуд будани варақаи беморӣ ва ҳам дар вақти набудани варақаи беморӣ) ба туризм дохил намешавад, зеро дар ин ҳолат санатория – ин яке аз навъҳои беморхона мебошад. Ҳаракати одамон дар рӯзҳои истироҳат бо мақсади истироҳат, дилхушӣ, машғул шудан ба варзиш туризми «охири ҳафта» номида мешавад.

Туризми маърифатӣ ё фарҳангӣ – ин саёҳат бо мақсади шиносоӣ бо ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва объектҳои табиии беназир аз рӯи барномаи муайян мебошад.

Дар туризми илмӣ – ҳузур дар конгрессҳо, симпозиумҳо ва ғ. одатан бо сайрҳои экскурсионии минбаъда бартарӣ доранд.

Туризми корӣ (расмӣ) (сафарҳои тоҷирон бо ҳадафҳои корӣ) яке аз намудҳои динамикӣ ва даромадноки туризм ба ҳисоб меравад.

Аз рӯи хислати ташкили саёҳат туризмҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ, муташккил ва ҳаваскорӣ (ғайримуташаккил), доимӣ ва сайёрро ҷудо мекунанд.

Саёҳати як нафар бо нақшаи шахсӣ, ки муайян намудани ноҳияҳои сафар, давомнокии таваққуфҳо, шароитҳои шабгузаронӣ ва ғ. дар бар мегирад, туризми инфиродӣ номида мешавад; саёҳати гурӯҳи одамон (аз он ҷумла, оила) бошад, бо ҳамон шартҳо ё бо нақшаи субъекти хоҷагидори сайёҳӣ туризми гурӯҳӣ номида мешавад.

Саёҳати як нафар ё гурӯҳи сайёҳон аз рӯи хатсайр ва тартиби аниқи аз ҷониби субъекти хоҷагидори сайёҳӣ муайянгардида, туризми муташаккил ном дорад. Сайёҳон ва субъекти хоҷагидори сайёҳии мазкур байни худ бо талабот ва ӯҳдадориҳои мутақобил алоқаманд мебошанд.

Сайёҳони муташаккил бо маҷмӯи хизматрасониҳои сайёҳӣ аз рӯи роҳхати пешакӣ бадастоварда (истироҳаткунандагони базаҳои сайёҳӣ, санатория ва хонаҳои истироҳат аз рӯи курсовка — ҳуҷҷат барои таъмини муолиҷа ва хӯрок дар курорт) ба мӯҳлати муайян таъмин карда мешаванд. ба сайёҳони муташаккил, инчунин онҳое низ дохил мешаванд, ки барои мӯҳлати муайян танҳо як қисми хизматрасониҳои сайёҳиро (масалан курсовка танҳо барои хӯрок) ба даст овардаанд.

Саёҳати сайёҳи ҷудогона ё гурӯҳи сайёҳон, к ибо субъектони хоҷагидори сайёҳӣ бо ягон ӯҳдадориҳои мутақобил алоқаманд нестанд, туризми ҳаваскорӣ (ғайримуташаккил) номида мешавад. Туризми ҳаваскорӣ – ин саёҳат бо истифодаи усулҳои фаъоли ҳаракат мебошад, ки мустақилона аз ҷониби худи сайёҳон ташкил карда мешаванд.

Туризми доимӣ бо макони доимии ҷойгиркунии сайёҳ дар тамоми давраи амали роҳхати сайёҳӣ алоқаманд мебошад. Туризми сайёр – ин туризме мебошад, ки бо саёҳатҳо (турҳо, круизҳо) алоқаманд аст.

Туризми иҷтимоӣ – ин саёҳатест, ки аз воситаҳои барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ҷудо намудаи давлат субсидия карда мешавад.

Аз рӯи шиддатнокии роҳхатҳои сайёҳӣ туризми доимӣ ва мавсимӣ фарқ карда мешаванд. дар давоми сол ва нисбатан мунтазам диданнамудан аз минтақаҳои сайёҳӣ туризми доимӣ ҳисобида мешавад. Ин пеш аз ҳама ба марказҳои нисбатан машҳури тамаддун, фарҳанг, солимгардонӣ: шаҳрҳои машҳури ҷаҳон, осоишгоҳҳо, макони мавҷудияти лой ва обҳои минералии нодир хос мебошад.

Баъзе минтақаҳо сайёҳонро асосан дар мавсими муайяни сол ҷалб менамоянд. Чунин туризм мавсимӣ ҳисоб карда мешавад. Минтақаҳои сайёҳие, ки танҳо дар мавсими муайяни сол (масалан, зимистон ё тобистон) сайёҳонро ҷалб менамоянд, чун минтақаи сайёҳии якмавсима тавсиф карда мешаванд. Минтақаҳое, ки дар тамоми фаслҳои сол (ҳам зимистон ва ҳам тобистон) сайёҳон дидан менамоянд, минтақаҳои думавсима номида мешаванд. Мавсимҳо вобаста ба сатҳи шиддатнокии сафари сайёҳон ба минтақаи сайёҳии мазкур ба мавсимҳои авҷгирӣ (яъне нисбатан сербор), ором (бо сатҳи миёнаи серборӣ) ва хомӯш (сайёҳон қариб ба он ҷо сафар намекунанд) тақсим карда мешаванд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *