Фанни Иқтисоди миллӣ

Самтҳои асосии таъмини бехатарии энергетикию  сӯзишворӣ

Самтҳои асосии таъмини бехатарии энергетикию сӯзишворӣ дар  Тоҷикистон инҳоянд:

  • тезонидани сохтмон ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, ба кор даровардани нерӯгоҳи барқии Роғун;
  • вусъати сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, ташкили истеҳсоли маҷмӯи таҷҳизоту олоти энергетикӣ дар қаламрави  ҷумҳурӣ;
  • азхудкунии конҳои нафту газ, суръатафзоиши ҳаҷми истихроҷи газ ва нафт дар кишвар;
  • зиёд намудани истеҳсоли ангиштсанг барои талаботи аҳолӣ бо сӯзишворӣ;
  • истифода аз имконоти техникии манбаъҳои ғайрианъанавии энергия (офтоб, шамол, биологӣ, геотермалӣ).

Аз рӯйи дурнамои расмии  тараққиёти  иқтисодии ҷумҳурӣ дар давраи то соли 2015 истеҳсоли қувваи барқ дар кишвар наздик ба 30 млрд. кВт-соат расонида мешавад, истихроҷи нафт аз 18,4 ҳазор тоннаи соли 2000 то 400 ҳазор тонна, гази табиӣ –аз 39,9 млн. мто 500 млн. м3,   истихроҷи ангишт бениҳоят босуръат афзуда ба 815 ҳазор тонна, яъне нисбати соли 2000 зиёда аз 40 маротиба меафзояд, ки ҳамаи ин боиси таҳкимёбии назарраси амнияти энергетикии кишвар мегардад.

Захираҳои энергетикии кишвар, ки иқтишоф гаштаанд, миқдори зерини захираҳоро муайян намудаанд:1)*  нафт 117 млн. тонна, гази табиӣ – 857 млрд. метри мукааб, конденсат –26 млн. тонна, ангиштсанг — 4,6 млрд. тонна. Истеҳсоли барқ соли 2005 ба қадри 17,0 млрд. кВт-соат буд.

«Захираҳои нефт дар замин кам мондаанд» — бо чунин сарлавҳа рӯзномаи «Ҷумҳурият»1)* хабаре чоп кардааст, ки дар он  бо ишора ба  рӯзномаи «Аргуметы и факты» оварда шудааст, ки нархи нафт боз ҳам баланд шуда, як барели он ба 50 доллар расидааст. Мувофиқи гуфти мушовири ҳукумати ИМА ва корпоратсияи бузурги нафти Колин Кэмбелл захираи нафт дар замин 1800 гигабаррелро2)* ташкил медод аз он 822 гигабаррелро инсоният сарф кардааст. Ҳар сол инсоният 22 гигабаррел нефт истифода мебарад, камшавии захираи нафти ҷаҳон дар як сол тақрибан 2 фоизро ташкил  медиҳад. Аз рӯйи чунин маълумот агар ҳар сол 2% нафт масраф шавад, дар 50 соли оянда нафти боқимондаи кураи замин ба итмом мерасад!

     … Инсоният  ҳоло дар ҷустуҷӯи сӯзишвории оянда мебошад.     Чунон ки доктори илми геологию  минералогӣ В. Ларин иброз  намудааст, мағзи замин, яъне ядрои замин  на аз оҳан ва металҳо, балки аз гидроген иборат аст. Дар якчанд ҷои  замин  мағзи он ба сатҳаш хеле наздик аст ва бо кофтани 3-4 км он дастрас мегардад. Агар  аз як сӯрохӣ об рехта шавад, аз сӯрохии дигар гидрогени тоза гирифта мешавад. Беҳуда гидрогенро сӯзишвории оянда намегӯянд. Вай аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ҳангоми сӯхтанаш дар нерӯгоҳҳои барқӣ ва муҳаррикҳо оби қатравии тоза ба вуҷуд меояд. Агар гидроген бевосита  аз замин дастрас карда шавад, дар энергетикаи ҷаҳонӣ инқилобе ба вуҷуд меояд. Дар он сурат3)* нафтро танҳо дар саноати нафту кимиёвӣ истифода мебаранд ва он ба садҳо сол хоҳад расид.

           Аз рӯйи истеҳсоли барқ ба ҳар сари аҳолӣ  дар ҷаҳон Норвегия ҷои аввалро ишғол мекунад (с.1993) – 28515 кВт –соат, дар ҷои дуюм Канада меистад — 18278 кВт –соат , Россия ҷои 13-ӯмро ишғол мекунад – 6297 кВт –соат4)*  

     Истеҳсоли барқ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон  ҳоло  2470 кВт-соатро ташкил медиҳад. Агар сатҳи истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ ба 200 млрд кВт-соат расад,  дар он ҳол   мо метавонем ба мавқеи Норвегия бирасем. Дар он сурат ба ҳар  сари аҳолӣ дар мамлакат  зиёда аз 29 ҳазор  кВт.- соат  рост меояд.  Ноилшавӣ ба сатҳи истеҳсоли  то 200 млрд. кВт- соат  – барои ҷумҳурии мо рақами воқеӣ мебошад, зеро аз рӯйи ҳисобҳо иқтидори боэҳтимоли энергетикии дарёҳои кишвар  527 млрд. кВт.-соатро ташкил медиҳад. Пешбинӣ шудааст, ки иқтидори дарёҳои хурд ва миёна 30 млн.кВт. буда, ҳангоми сохтани нерӯгоҳҳои хурд метавонанд дар як сол камаш 100 млрд. кВт-соат барқ истеҳсол намоянд.

1)* Дар ин ҷо захираҳои тавозунӣ (балансӣ) оварда шудаанд. Назария ва амалияи идоракунӣ ва банақшагирии корҳои геологӣ захираҳои иқтишофгаштаи сарватҳои зеризаминиро  аз рўйи имкониятҳои техникӣ ва самаранокии иқтисодии истифодаи онҳо ба захираҳои балансӣ ва  захираҳои берун аз баланс ҷудо мекунанд. Захираҳои балансӣ захираҳое мебошанд, ки дар айни замон истифодаи  онҳо аз ҷиҳати техникӣ имконпазир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ ба мақсад мувофиқ мебошанд. Захираҳои берун аз баланс  — захираҳои миқдоран кам ё дар таркибашон ҳиссаи компонентҳои муфид ночиз буда, дастрасшавиашон аз ҷиҳати техникӣ бениҳоят мушкил, захираҳое, ки усулҳои (технологияи) истихроҷи онҳо пурра омода нашудаанд. Бо инкишофи илму техника ва таҷрибаву технологияи иқтишофи конҳо захираҳои берун аз баланс метавонанд ба гурўҳи захираҳои балансӣ гузаронида шаванд. Масалан, агар дар гузашта конҳои  маъдани мис, ки дар таркибашон 3-5% метал  медоштанд, истифодаи онҳо самаранок ҳисобида мешуд, ҳоло бошад конҳое истифода мешаванд, ки дар таркибашон ҳамагӣ 1-2% ё аз ин ҳам камтар мис доранд. Дар дохили захираҳои балансӣ захираҳои саноатиро ҷудо мекунанд, ки ба онҳо захираҳои канданиҳои фоиданок дар доираи корхонаҳои коркардии кўҳии (конҳои маъдан, шахтаҳо, карерҳо) амалкунанда ё сохташудаистода дохил мешаванд. Захираҳои балансиву берун аз баланс дар маҷмўъ захираҳои геологиро ташкил медиҳанд. Захираҳои сарватҳои зеризаминӣ аз ҷиҳати дараҷаи  иқтишоф, омўхташавӣ ва саҳеҳии маълумотҳо ба категорияҳои А, В, Сва   С2, инчунин  захираҳои тахминбаранда (прогнозӣ) ҷудо мешаванд. Захираҳои категорияи А, В, Сзахираҳои иқтишофгашта  буда, категорияи С2 захираҳое мебошанд, ки ҳоло ҳамагӣ пешакӣ арзёбӣ гаштаанд.  Захираҳои прогнозӣ (тахминбаршуда) дар мавзеҳои алоҳида аз рўйи тасаввуроти умумии геологӣ гумонбар гашта, ба мисли захираҳои ба категорияҳо ҷудошуда тарҳи  ҳудудӣ надоранд. Онҳо ба хотири дурнамосозии дарозмуддат аз рўйи имкониятҳои имконпазири мавзеҳои кон арзёбӣ мегарданд.

1) «Љумҳурият», 21 октябри соли 2004.

2)  Баррели нафт  баробари 159 литр, гигабаррел – миллиард баррел     аст.

3)  «Љумҳурият»,  21 октябри соли 2004

4) Ниг. Россия:экономический и инвестиционный потенциал, саҳ. 64.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *