Фанни Иқтисоди миллӣ

Маводи озуқа дар сохтори савдои хориҷии кишвар

Бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат аз сатҳи истеҳсоли ватании намудҳои асосии озуқа вобаста аст. Маълумотҳое, ки дар адабиёт оварда мешаванд, нишон медиҳанд, маҳсулоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолмешуда талаботи аҳолиро пурра қонеъ накарда, зарурати аз хориҷ ворид намудани онро дар миқдори зиёд ба миён меорад (ҷадвали 9.2.).

________

1) Мавриди таҳияи тавозун миқдори озуқае, ки аҳолӣ истеъмол мекунад ва барои хӯроки чорво масраф мешавад, дар асоси маълумоти тадқиқотии 925 хонавода дар ҷумҳурӣ ҳисоб карда шудааст. Ҳисоби истеъмоли гӯшт масрафшавии гӯштро барои гузаронидани ҷамъомадҳои маросимӣ (мотамӣ, тӯй ва дигар маросимҳои анъанавии миллӣ) дар бар мегирад.

Захираҳои давлатии ғалла намудҳои зерини захираҳоро дар бар мегирад:

    • захираҳои давлатии ғаллаи озуқаворӣ;
    • захираҳои давлатии ем;
    • захираҳои давлатии ғаллаи тухмӣ;
    • захираҳои давлатии фурӯши ғалла;
    • захираҳои давлатии эҳтиётӣ (ё амниятӣ)

Захираҳои давлатии ғалла аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ ва воридот ташкил меёбанд ва моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, № 200 «Дар бораи ғалла», моддаи 10.

Ҷадвали 9.2.

Истеҳсоли намудҳои асосии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2002*

Номгӯй Тибқи меъёри истеъмол Истеҳсол дар ҷумҳурӣ Конеъ-кунии талаботи аҳолӣ,%
Ба ҳар сари аҳолӣ, кг/дона Ҳаҷм, ҳазор тонна Ба сари аҳолӣ, кг/дона
1 Ғалла ба ҳисоби орд 137 668 101,7 74,2
2 Сабзавот ва полизӣ 142 571 86,9 61,2
3 Меваҷот ва буттамева 78 320 48,7 62,4
4 Гӯшт 68 34,8 5,3 7,8
5 Шир 270 358 54,5 20,2
6 Тухм (млн. дона) 219 48 7 3,2
7 Қанд ва маҳ-сулоти қаннодӣ 31,1 0,66 0,10 0,32
8 Моҳӣ ва маҳ-сулоти моҳӣ 12 0,45 0,07 0,58
9 Равғани растанӣ 12 41 6,2 51,7

*Маъхаз: Материалы Республиканской научно-практической конференции «Продовольственная безопасность Республики Таджикистан» – Душанбе: Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан. Всемирная Продовольственная программа ООН в Таджикистане, 2005, саҳ. 74

Дар Тоҷикистон дар тавозуни савдои хориҷии озуқаворӣ таносуби воридоти озуқаворӣ аз ҳаҷми содирот беш аз 3 маротиба зиёд мебошад (ҷадвали 9.3.).

молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умумии содирот дар солҳои 2004 ва 2005 мутобиқан, 3,2 фоиз, 3,3 фоиз бошад, воридот мутобиқан 9,6 фоиз ва 11,7 фоизро ташкил кардааст.

Молҳои воридшавандаи асосӣ инҳо мебошанд: гандум ва орд, ки таносуби бештарро дар бар мегиранд, қанду шакар, равғани растанӣ, чой, гӯшт, маҳсулот аз орд (макарон, угро, макарони қӯчқорақ, нон, ва печенӣ), сабзавот, меваҷот ва ғайраҳо.

Рақамҳо нишон медиҳанд, ки воридоти молҳои озуқаворӣ дар соли 2005 нисбат ба соли 2004-ум, 1,4 баробар афзудаанд, аз ҷумла:

воридоти сабзавот 2 баробар,

шир ва маҳсулоти ширӣ 19 фоиз,

макарон, угро ва дигарҳо 16 фоиз.

Воридоти гандум, ки соли 2005-ум 283,5 ҳазор тоннаро ташкил кард, нисбат ба соли 2004 (126,2 ҳазор тонна) 2,2 баробар афзудааст.

Воридоти орд дар соли 2005-ум 351,3 ҳазор тоннаро ташкил дода нисбат ба соли 2004 (222,3 ҳазор тонна) 1,6 маротиба зиёд шудааст.

Мавҷудоти маводи озуқа (ба ҳар нафар аҳолӣ) яке аз нишондиҳандаҳои муҳим буда, тавассути тавозуни озуқаворӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар тавозуни озуқаворӣ ҳар кадом намуди маҳсулоти асосии озуқа аз нуқтаи назари мавҷудияташ ва истеъмоли он дар давраи муайян маъмулан як сол нишон дода мешавад. Мавҷудияти умумии худи маҳсулот баробар аст ба миқдори захираи (боқимондаи) он дар оғози давра, бо ҷамъ намудани миқдори истеҳсол ва воридоти маҳсулоти зикршуда дар ҳамон давра. Истеъмоли умумӣ бо роҳи ба истеъмоли озуқа ҷамъ намудани тухмӣ, аз он хориҷ намудани талафоту содирот ва захираи охири давра муайян карда мешавад. Ба ҳар кадом давра мавҷудият ва истеъмоли ҳар кадом мавод бояд мувофиқат кунад.

Ҷадвали 9.3.

Содироту воридоти маҳсулоти асосии озуқаворӣ ва

ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии савдои Тоҷикистон.

(ҳазор тонна)

с. 2004 с. 2005 с. 2004 с.2005
содирот воридот
Молҳои озуқаворӣ 140 130 564 880
Аз ҷумла:
Гандум 126,2 283,5
Орд 0,2 222,3 351,3
қанду шакар 0,0 3,8 98,8 101,9
макарон, угро, мака-

рони қучқорак ва ғайра

6,3 7,3
равғани растанӣ 0,0 0,0 32,7 44,7
шир ва маҳсулоти ширӣ 0,1 0,0 1,6 1,9
гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 6,2 10,1
Тухм 3,2 4,9
чой 0,1 5,9 6,0
сабзавот 45,8 34,3 0,1 0,2
аз он ҷумла бехпиёз 43,6 32,7 0,1 0,2
меваҷот ва бехмева 13,9 16,8 6,5 5,7
маҳсулоти аз нав

коркардаи мева

ва сабзавот

42,7 49,7 0,1 0,7
Картошка 0,3 0,3 0,6 0,6
Ҳиссаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҳаҷми умумӣ,% 3,2 3,3 9,6 11,7

Маъхаз: Буллетени иттилоотӣ дар бораи бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1/2006, саҳ. 22

Дар мавриди мавҷуд будани тавозуни озуқаворӣ барои якчанд сол, аз рӯйи он тамоюли тағйироти мавҷудияти умумии озуқа, воридот, содирот, инчунин масрафшавиро барои истеъмоли аҳолӣ ва хӯроки чорво мушоҳида кардан мумкин аст. Бо роҳи тақсим намудани миқдори мавҷудияти умумии захираи озуқаворӣ барои истеъмол ба шумораи аҳолӣ нишондиҳандаҳои миёнаи мавҷуд будани озуқаворӣ ба ҳар нафар аҳолӣ барои як сол муайян карда мешавад (ҷадвали 9.4.). Нишондиҳандаи мазкур, ки дар миқёси миллӣ ба ҳисоби миёна оварда шудааст, дар он манбаи дастрас будан ба хонавода (имконияти истеҳсол, дарёфт кардан ё гирифтани озуқа бо ҳар усул) ба назар гирифта намешавад.

Ҷадвали 9.4.

Тамоюли мавҷуд будани озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон1 (ба ҳар нафар аҳолӣ, кг дар як моҳ)

2003 с. 2004 Нӯҳ моҳи с. 2004 Нӯҳ моҳи с. 2005
Маҳсулоти ғалладона (ба ҳисоби ғалла) 13,1 13,0 12,1 12,4
Картошка 2,5 2,9 3,0 2,7
Сабзавоту полизӣ 6,5 6,4 10,3 10,7
Меваҷоту буттамева 2,3 3,8 3,3 3,3
Қанду шакар ва

маҳсулоти қаннодӣ

0,8 0,8 0,8 0,8
Гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 0,6 0,6 0,5 0,6
Шир ва маҳсулоти ширӣ 4,2 4,0 4,8 4,4
Тухм (дона) 2 2 2 2
Равғани растанӣ 0,9 1,0 0,9 1,0
Моҳӣ ва маҳсулоти моҳи 0,01 0,01 0,01 0,0
Манбаъ1: Тадқиқоти буҷети хонаводаҳо

Маъхаз: Буллетени иттилоотӣ дар бораи бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1/ 2006, саҳ. 23

Бо озуқаворӣ таъмин набудани хонаводаҳое, ки зиёда аз 70 фоизи даромади худро барои хӯрокворӣ сарф менамоянд. Ин нишондиҳанда чунин вазъиятро метавонад маънидод кунад: ба одамон озуқавории хушсифату барои саломатӣ бехавф, ки талаботашонро ба ғизо қонеъ мекарда бошад ва барои ҳаёти фаъолонаю солимашон зарур бошад, доимо аз рӯйи миқдори маҳсулот, аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ ба миқдори кофӣ дастрас нест. Барои баровардани хулосаҳои дақиқ дар ин бахш зарур аст, ки санҷишҳои хонавода интихобан гузаронида шаванд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *