Фании Информатика

Операторҳои графикии андоза(масштаб), нуқта ва хати рост

  • Опратори Scale (андоза, масштаб) – Ин оператор барои муйаян намудани андозаи объекти интихобшуда хизмат мерасонад. Дар кисми графикии забони барномасозии Visual Basic оператори Scale васеъ истифода бурда мешавад. Ба воситаи ин оператор мо метавонам дилхоҳ объектро онтихоб намуда андозаи онро меайян намоем. Оператори Scale формати умумии худро дорад. Формати умумии оператори Scale чуни наст:

номи абъект . Scale (x1,y1)-(x2,y2)

Формати оператори Scale – ро шарҳ медиҳем:

номи абъект: номи объект гуфта дар забони барнома нависии Visual Basic дилхоҳ объекте, ки дар он қисми графика ҷой додааст дар назар дошта мешавад. Ба монанди майдони кори форма, элементи графикии Picturebox ва ғайраҳо дар назар дошта мешавад.

Scale оператори интихоби андоза дар объект мебошад.

x1,y1-координатаҳои кунчи болои объект.

x2,y2-координатаҳои кунчи поении объет.

Оператори Line(хати рост) — Бисёр вақт ба мо лозим меряд, ки бо графикҳои хатҳои рост ва росткунҷаҳо сарукор намоем. Яъне сохтани фигураҳои муайян, ки дорои элементҳои хатҳои рост ва ё росткунҷаҳо мебошанд масолан ҷадволҳо тасвири меъмории хонаҳои баланд ошёна графики функсияҳо ва ҳоказо барои ин дар забони барномасозии Visual Basic маҳз оператори Line истифода бурда мешавад, ки намуди он чунин аст.

номи абъект . Line (x1,y1)-(x2,y2), ранг, b/bf.

Бо ёрии он оператор, порчаи хатҳои рост ва рост кунҷаҳо дар як вақт бо ранги муайян кашида мешаванд.

Дар by ҷо: номи объект майдони корие дар назар дошта мешавад, ки тасвири хати рост дар онҷо инъикос меёбад.

Line(хат) – колимаи ёри диҳанда махсус мебошад, ки ба воситаи он хати рост тасвир карда мешавад;

B – параметре мебошад, ки он сохтани росткунҷаро бо ранги муайян карда дар объекти интихоб шуда муайян мекунад. Ҳаминро бояд қайд кард, ки дохили росткцунҷа дар ин ҳолат ранг карда намешавад;

BF – параметре, ки он сохтани росткунҷаро дар як вақт бо пур кардани дохили он бо ранги меайян карда шада таъмин менамоянд.

Барои кашидани хати рост, координатаҳои нуқтаҳои аввала(х1,у1) ва нуқтаи охирин (х2,у2) муайян карда шуда дар онҳо ба хати рост пайваст мешаванд. Ҳардуи by нуқтаҳоро дар намуди нисби низ нишон додан мумкин аст, яъне ба координатаҳои нуқтаҳо калимаи step ҳамроҳ шуданаш мумкин аст.

Ҳангоми иштирок накардани чуфти координатаи аввала (х1,у1) ба сафати нуқтаи аввалаи порчаи хати рост, координатаи нуқтаи наваботи (х2,у2) қабул карда мешавад.

Оператори Pset (нуқта) – Дар забони барномасозии Visual Basic барои гузоштани намудани нуқта хизмат мерасонад. Ду тарзи муайян намудани координатаи нуқтаи лозима ҷой дорад.

Тарзи якум: ба таври бе восита нишон додани координатаҳои мутлақи нуқта дар объети интихобшуда by тарзи паҳншуда тарини муроҷиат ба нуқта ҳисоб меёбад. Инфармон чунин навишта мешавад.

номи абъект . Pset (x,y),ранг

Дар by ҷо: номи объек ин майдоне мебошад, ки дар он тасвири нуқта ҳосил мешавад. х,у – координатаҳои нуқта объекти интихобшуда. Ранг – қимати адади аз ҳудуди аз 0 то 15 иноператор имконият медиҳад, ки дар ҷойҳои дилхоҳи объекти интихобшуда нуқта бо ранги муайянкарда шуда бароранд.

Агар ба сифати координатаҳои мутлақ адади манфи қабул карда шавад, онгоҳ онҳо дар асл қимати нулро соҳиб мешаванд.

Ҳамин тариқ, Pset (-35,30) дар асл Pset (0,30) – ро ифода мекунад, яъне координатаи мутлақи x=-35 , ба х=0 иваз карда шудааст.

Тарзи дуюм: координатиҳои нисби бошанд бо ёрии Step (қадам) дода мешаванд. Координатаҳо дар by ҳолат мавқеи нисбатан охирини нуқтаи графикиеро, ки ба координатаҳои муайяни худ доро аст муайян мекунанд. Бузургии ҷой ивазкуни метавонад адади мусбат ва ё адади манфи бошад.

Ҳамин тариқ оператор дар by намуд ҷунин навишта мешавад:

номи абъект . Pset Step (x,y),ранг

ин ду тарзи муайянкунии координат дар ҳамаи фармонҳои графики истифода бурда мешаванд.

Дар навишти фармони Pset иштироки параметри «ранг» ҳатми намебошад. Агар ин параметр партофта шуда бошад, онгоҳ нуқитаи сохта шуда намуди ранги тасвири асосиро ба худ қабул меномояд.

Барои дарки пурраи маводи овардашуда ва тадбики он дар амалия барномаи графики функсияи квадратиро тартиб медихем, ки дар ин барнома ба тарзи кори операторхои графики дар забони барномасозии Visual Basic пурратар ошноги пайдоменамоем. Дар рафти кори барнома аз кисми дизайнерии он саркарда то коди (алгоритми) барнома харончи, ки дар боло номбар намудем як – як бо тирчахо нишон медихем: аввал кисми дизайнерии барномаро тартибмедихам.

Объекти интихобшуда дар инчо Piturebox – мебошад

.

(Коди барнома)

Private Sub Command1_Click()

a = Val(Text1.Text)

b = Val(Text2.Text)

c = Val(Text3.Text)

Picture1.Scale (10, -10)-(-10, 10) – методи Scale.

Picture1.Line (0, -10)-(-0, 10) – методи Line

For i = -10 To 10

Picture1.PSet (0, -i) — методи PSet

Picture1.Print i

Next i

Picture1.Line (-10, 0)-(10, -0)

For i = -10 To 10

Picture1.PSet (i, 0)

Picture1.Print i

Next i

For x = -10 To 10 Step 0.00001

y = a * x ^ 2 + b * x + c

Picture1.PSet (x, y)

Next x

End Sub

(кисми визуалии барнома)

Дар ин барнома мо метаонем ба пурраги дар бораи операторхои графики ошноги пайдо кунем ва аз методхои он истифода барем

Адабиёти истифодашуда:

1.Микаэл Хальворсон Москва -2005 «Шаг за шагом».

2. Моховой Алексей «Основы программирования».

3. Антоном Минко «Хитростей и трюков для Visual Basica».

4. Н.Г. Волчёнков Программирование наVisual Basic 6 «Учебное пособие 1» Москва ИНФРА-М 2002.

5. Н.Г. Волчёнков Программирование на Visual Basic 6 «Учебное пособие 2» Москва ИНФРА-М 2002.

6. Н.Г. Волчёнков Программирование наVisual Basic 6 «Учебное пособие 3» Москва ИНФРА-М 2002.

7. В.Г.Кузьменко: Программирование наVisual Basic 6 «Самоучитель» Москва Издательство Бином 2002.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *