Фании Информатика

Сохторхои асосии компютерхои фарди

Компютерҳои фардии ҳозиразамон аз қисмҳои асосии зерин иборат аст:

  1. Блоки системавӣ
  2. Монитор
  3. Клавиатура
  4. Муш
  5. Принтер

Блоки системавӣқисми асоситарини компютер ба ҳисоб меравад. Дар дохили блоки системавӣ манбаи барқ, микропротсессор, хотира ва дигар элементҳои идоракунанда ва таъминкунандаи кори компютер ҷойгир шудаанд.

Манбаи барқ– барои ҷараёни электрики тағйирёбандаро ба ҷараёни доимӣ додан хизмат мекунад.

Микропротсессор– элементи марказии коммпютер ба ҳисоб меравад, ки онро низ майнаи компютер ҳам меноманд.Микропротсессор барои иҷрои амалҳои арифметикию мантиқӣ, нигоҳ доштани барномаҳо ва маълумоти ба онҳо зарур ва идоракунии ҳамаи қисмҳои компютер истифода мешаванд.Дар компютерҳо фардӣ асосан микропротсессорҳои Intel 8088, Intel 80286, Intel 80386, Intel 80486, Intel Pentium 1,2,3,4 истифода бурда мешаванд, ки онро ширкати амрикоии Intel истеҳсол менамояд. Ба ғайр аз ин ширкат боз дигар ширкатҳо низ микропротсессорро истеҳсол менамояд. Моделҳои гуноногуни микропротсессорҳо аз ҳамдигар аз рӯи суръати иҷрокунии амалҳои оддитарин фарқ мекунанд. Суръати иҷроиши амалҳоро зуддии тактӣ меноманд. Зуддии тактӣ бо мегагерс (МГс) чен карда мешавад.

Хотираи компютербарои сабт, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот кор фармуда мешавад.

Хотираи компютер пас аз микропротсессор элементи дуюми асосӣ ба ҳисоб меравад. Хотира ду хел мешавад:хотираи фаврӣ ва хотираи доимӣ.

Хотираи фаврӣбарои мувақатан нигоҳ доштани маълумотҳо хизмат мерасонад.Микропротсессор ахборотҳоро маҳз аз ҳамин хотира мехонад, бо онҳо амалиётҳои дар барнома пешбинишударо мегузаронад ва натиҷаҳои ҳосилшударо боз ба ҳамин хотира равона месозад.

Хотираи доимӣбарои ба муддати дуру дароз нигоҳ доштани маълумотҳо ва барномаҳо хизмат мерасонад. Ба хотираи доимӣ дискҳои қаиш

(з,5 дюйм) ва мудаввар (CD — дискҳо ), дискҳои дурушт ва монанди инҳо мансубанд.

Ҷудокунии хотираи компютер ба хотираи фаврӣ ва хотираи доимӣ бо суръати коркарди маълумот алоқаманд аст. Дар хотираи фаврӣ суръати коркард тезтар ва дар хотираи доимӣ бошад, нисбатан сустар иҷро мешавад. Дар хотираи доимӣ маълумот фақат ба воситаи хотираи доимӣ сабт шуда метавонад.

Монитор.Монитор, ки онро баъзан дисплей низ иеноманд, барои инъикоси матни барномаҳо дар дисплей истифода шуда, яке аз қисмҳои хориҷкунии компютер ба шумор меравад.Монитор ду реҷаи корӣ дорад: реҷаи матнӣ (реҷаи кор бо рамзҳо ва матнҳо) ва реҷаи графикӣ (реҷаи кор бо нуқтаҳои хурдтарини «Пикселҳо», ки имкон медиҳад расму графикаҳо тасвир шаванд).

Намудҳои гуногуни мониторҳо иавҷуданд, ки аз якдигар аз ҷиҳати имкониятҳои худ ва рангҳо фарқ мекунанд. Асосан мониторҳо аз рӯи рангҳо ду намуд мешаванд: мониторҳои сиёҳу сафед ва ранга.

Дар компютерҳои фардии ҳозиразамон бештар мониторҳои ранга истифода бурда мешавад ва мониторҳои сиёҳу сафед бошад, қариб аз байн рафтаанд.

Мониторҳои ранга аз навъҳои зерин иборатанд:

  1. Мониторҳои CGA(Color Graphics Adapter – Адаптери графики ранга, 4 хел намуди рангро дорад).
  2. Мониторҳои EGA (Enhanced Color Adapter – Адаптери рангаи васеъкардашуда, 16 хел намуди рангро дорад).
  3. Мониторҳои VGA (Video Graphics Array – Массиви видеографикӣ, 256 хел тобиши рангро дорад).
  4. Мониторҳои SVGA (Super Video Graphics Array — Массиви видеографики олӣ, аз 65000 то 16 млн. хел тобиши рангро дорад.)

Мониторҳои экранҳояшон ҳамвор.Мониторҳои экранҳояшон ҳамвор аз рӯи технологияи сохташон гуногун мешаванд. Масалан, LCD (моеъкристалӣ), PDP (плазмавӣ), LED (электронӣ — нурӣ), FED (электролюминессентӣ).

Мониторҳоимоеъкристалӣлавҳаи ҳамвори катакчадор «пиксел» Буда, дар байни ду шишаи ҳамвор моеи кристалӣ дорад. Ин монитор хосиятҳои хоси худро дорад. Дар вақти ба ҷараёни электрикӣ пайваст намудани монитор майдонҳои электрикӣ таъсир карда рангҳои гуногунро пайдо мекунанд. Ба воситаи катакчаҳои хурд шуоҳои ранга баромада тасвир ҳосил мешавад. Мониторҳои моеъкристалии ҳазиразамон зиёда аз 16 млн. тобиши рангҳоро доро мебошанд.

Бартарии мониторҳои ҳамвори ҳозиразамон инҳо мебошанд:

_ Ҷарёни электрикиро на он қадар бисёр истифода мебаранд.

_ Сифати баланди тасвирро доранд.

_ Нурафкании электромагнитӣ надоранд ва ҳоказо.

Дар мониторҳоиплазмавӣтасвир дар натиҷаи разряди газӣ, ки бо нурафканӣ ҳамроҳ аст ба вуҷуд меояд.

Дар мониторҳоиэлектролюминессентӣтасвир дар натиҷаи ба хокаи люминессентӣ, ки ба қисми дохилии экран бо панҷараи координатӣ пош дода шудааст, таъсир намудани майдони электрикӣ ба вуҷуд меояд.

Дар мониторҳоиэлектронӣ – нурӣтасвир дар натиҷаи ба рӯи люминофории экран бо нурҳои борики электронҳо нуръафканӣ намудан ба вуҷуд меояд. Сатҳи люминофорӣ се намуди нуқтаҳо ё порчаҳои паҳнро дар бар дорад, ки ки бо рангҳои сурх, сабз, ва кабуд равшан мешаванд. Онҳо бо се нур нуръафканӣ мешаванд. Нурҳои электрониро найчаи электронӣ – нурӣ ҳосил менамояд. Барои ин дар таҷҳизоти мазкур се нуръафкании электронӣ мавҷуданд, ки ҳар кадоме танҳо нуқтаи як рангро равшан карда метавонанд. Интенсивияти ҳар як нурро тағйир дода, равшании нуқтаҳои нуръафканӣ шударо тағйир додан мумкин аст.

Клавиатура– таҷҳизоте, ки аз тугмачаҳо иборат буда, барои дохил намудани рамзҳои алифбоӣ, рақамӣ, китобатӣ ва инчунин, барои дохил намудани фармонҳои идоракунии компютерҳои фардӣ пешбинӣ шудааст

Дар компютерҳои фардии муосир клавиатура тавассути бандари пайдарпай ба блоки системавӣ пайваст мешавад.

Миқдори умумии тугмачаҳо дар намуди базавии клавиатура ба 84 баробар Буда, дар намуди васеъкардашуда ба 104 баробар аст.

Тугмачаҳои клавиатураро асосан ба чор гурӯҳ тақсим мекунанд:

  1. Тугмачаҳои асосӣ.
  2. Тугмачаҳои функсионалӣ.
  3. Тугмачаҳои рақамҳои иловагӣ.
  4. Тугмачаҳои махсус.
  5. 1. Тугмачаҳои асосӣ.Ба ин гурӯҳ тугмачаҳои дохил мешаванд:

Shift– барои гузариши курсор аз ҳарфҳои хурд ба калон.

CapsLock– барои пурра ба ҳарфҳои калон гузаштан.

Пробель– фосила.

  1. Тугмачаҳои функсионалӣ. Ба ин гурӯҳ тугмачаҳо аз F1 то F12 дохил мешаванд. Ин тугмачаҳо таъиноти аниқ надоранд. Дар ҳар як барнома функсияҳои онҳо иваз мешаванд.Дар аксарияти барномаҳо пахши тугмачаи F1 системаи маълумотдиҳии ёрирасон (Help) – ро ба кор медарорад. Тугмачаи F5 дар таҳриргари матнии Ms. Word фармони «Заменить» — ро иҷро менамояд ва F7 бошад формони «Правописание».
  2. Гурӯҳи тугмачаҳои рақамҳои иловагӣ. Ба ин гурӯҳ тугмачаҳое дохил мешаванд, ки дар тарафи рости клавиатура ҷойгир шудаанд. Ба ин гурӯҳ рақамҳо аз 0 то 9, аломатҳои амалҳои арифметикӣ ва инчунин тугмачаҳои зерин дохил мешаванд:Home– гузариши курсор ба авали сатр,Endгузариши курсор ба охири сатр,PageDown– варақгардонии экран ба поён,PageUp– варақгардонии экран ба боло,Delete– нест кардани рамзи тарафи рости курсор,Insert– гузоштани ҷой дар байни калимаҳо ва

NumLock– васлу хомӯш кардани таъиноти тугмачаҳои рақамҳои иловагӣ.

  1. Гурӯҳи тугмачаҳои махсус– Ба ин гурӯҳ тугмачаҳои зерин дохил мешаванд:Esc– боз доштани иҷроиши барнома,Tab– гузоштани ҷой аз авали сатр,CtrlваAlt– ин ду тугмачаро бо ҳамроҳии дигар тугмачаҳои клавиатура истифода мебаранд. Масалан,Ctrl+F2ёShift+Alt.

PrintSсreen– нусхабардорӣ ва чопи экран,ScrolLock– боз доштани функсияҳои тугмачаҳои варақгардонии экран,Pause– муваққатан боз доштани рафти иҷроиши барнома,Enterдохил кардани сатр ё ин ки фармони барномаҳо ба хотираи компютерҳои фардӣ,Backspace– нест кардани тарафи чапи курсор.

Муш– ин таҷҳизоти ба клавиатура иловагии идоракунӣ мебошад. Он ба блоки системавӣ тавассути бандари пайдарпайи PS/2 пайваст мегардад.

Муш дар ИМА дар маркази тадқиқотии ширкати Xerox дар Пало – Алто (PARC – Palo Alto Research Center) ихтироъ шудааст.

Муш ба қуттичае монанд аст, ки аз ду тугмача ва як чархак иборат аст.

Тугмачаи тарафи чап асосан функсияи тугмачаиEnter– ро иҷро намуда, тугмачаи рост менюи системавиро даъват мекунад. Чархак функсияи тугмачаҳоиPageUpваPageDown– ро , ки варақгардонии экран ба боло ва поён мебошад, иҷро мекунад. Њаракатдиҳии мушак дар ҷои ҳамвор ҳаракати объекти графикии экрани монитор – нишондиҳандаи мушакро ба вуҷуд меорад. Барномае, ки кори мушакро идора менамояд ба таркиби системаи амалиётӣ дохил шуда драйвер муш номида мешавад.

Принсипи идоракунии мушак ҳодисавӣ мебошад. Дар ин ҷо ҳодиса гуфта ҷойивазкунии муш ва пахши тугмачаҳои он дар назар дошта мешавад. Њодисаҳои ба вуҷуд омадаро драйвери муш таҳлил намуда, ба барномаи корӣ барои иҷро ирсол менамояд. Мушак барои кор бо элементҳои графики экрани монитор қулай мебошад.

Муш се намуд мешавад:

  1. 1.Мушҳои механикӣ. Яъне он мушҳое, ки дар қисми поёнии он саққочаи оҳании бо резин рӯпӯш кардашуда доранд. Онро дар рӯи қолинчааш ба ҳаракат меорем, нишондиҳандааш дар экран ба худаш параллел ҳаркат мекунад.
  2. Мушҳои оптикӣ. Ин гуна мушҳо ба ҷои саққоча чароғаке доранд, ки онро «светодиод» меноманд. Ба воситаи он мушро идора мекунад.
  3. Мушҳои беноқил. Ин гуна мушҳо монанди он таҷҳизоте, ки дар оинаи нилгун ҳастанд ва бо ёрии он оинаи нилгунро идора мекунанд «Пульт» мебошад ва айнан монанди ҳамин асбоб истифодабаранда метавонад компютерро аз масофа идора кунад.

Принтер.Принтер таҷҳизоте мебошад, ки барои дар рӯи қоғаз ба Чоп баровардани ахбори дар хотираи коммпютер сабтшуда хизмат мекунад. Принтерҳо аз рӯи амалиёташон матрисавӣ, рангпошанда ва лазерӣ мешаванд.

Дарпринтерҳои матрисавӣамали чопкунӣ бо ёрии Сарак. Ки дар рӯи қоғаз ҳаракат менамояд иҷро мешавад. Дар Сарак сӯзанҳои борик воқеанд (диаметри онҳо 0,2 мм) ва дар лаҳзаҳои даркорӣ ба ҳаракат дароварда мешаванд. Комбинатсияи муайяни сӯзанҳо ба тасмаи ранга зарба мезананд ва дар қоғаз тасвир ҳосил ҳосил мешавад; маҷмӯи нуқтаҳои чопшуда намуди ин ё он рамзро ҳосил менамояд. Сараки чопкунанда 9, 18 ё 24 сӯзан дорад, ки ба намуди росткунҷа (матритса) ҷойгир шудаанд. Сифат ва суръати чопкунӣ аз миқдор ва андозаи сӯзанҳо вобаста мебошад.

Принтерҳои рангпошандаахборотро ба воситаи найчаҳои махсус ва қоғазҳои махсус ба чоп медиҳанд. Суръати кори ин гуна принтерҳо нисбат ба принтерҳои матрисавӣ баланд буда, дар 1 дақиқа 8 – 10 варақ матнро ба чоп медиҳанд. Сифати кориашон низ хуб аст ба шарте,ки ахборро бо варақҳои махсус чоп кунем. Ин гуна принтерҳо ахборро ҳам ранга ва ҳам сиёҳу сафед чоп мекунанд. Як рангдон (картреҷ) – и рангаи принтерҳои рангпошанда 150 саҳифа ва сиёҳу сафед 2000 саҳифаро ба чоп медиҳанд.

Принтерҳои лазерӣахборро ба воситаи нусхабардорӣ ва бо ёрии пошидани хокаи махсус ба чоп медиҳад.Суръати кори ин гунна принтерҳо хеле ҳам баланд Буда дар як дақиқа 10 то 24 саҳифаро ба Чоп медиҳанд.Сифати кориаш низ баланд аст. Принтерҳои лазерӣ ахборро ҳам ранга ва ҳам сиёҳу сафед ба Чоп медиҳанд. Як рангдони чунин принтерҳо аз 2500 то 10000 саҳифаро чоп карда метавонад.Истеҳсолкунандагони асосии принтерҳои лазерӣ Canon ва Helwett Packard мебошанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *