Фании Информатика

Воситаҳои техникии мошинаҳои ҳисоббарор

Нақша:

Меъмории КФ.
Сохторҳои асосии КФ.
Сохторҳои иловагии КФ.
2.1. Меъмории КФ

Компютер (МЭҲ) ин тачхизоти универсалии бо барномаҳо идорашаванда буда, барои нигоҳдорӣ, ва бо тарзи автоматӣ коркард ва паҳнкунии информатсия хизмат мекунад.

Меъмории МЭҲ тасвири умумии сохтор ва вазифаҳои компютер мебошад, ки барои фаҳмидани принсипҳои кор ва системаҳои фармонҳои МЭҲ пешбини шудааст.

Бахшҳои асосии меъмории МЭҲ – протсессор, хотираи дохилӣ, хотираи берунӣ, тачҳизотҳоиворидкунандавахориҷкунанда мебошанд.

Намуди оммавии МЭҲ дар замони мо компютери фардӣ мебошад. Компютери фардӣ шакли хурди МЭҲ буда, барои кори шахсии истифодабаранда пешбинӣ мешавад ва барои истифодабаранда аз ҷиҳати таъминоти барномаҳо муносиб мебошад.

Амалан тамоми моделҳои компютерҳои муосири фардӣ намуди магистрали архитектура доранд. Дар расми зерин накшаи (схемаи) таёизотҳои компютер бо принсипи магистралӣ сохташуда, нишон дода шудааст.


Сохторҳои асосии КФ

Компютерҳои фардии имрӯза аз чор қисмҳои асосии зерин иборат мебошанд:

Монитор;
Блоки системавӣ;
Клавиатура;
Мушак;

Монитор (дисплей) -таҷҳизоти асосии компютер буда, арои намоиш додани информатсияи ба воситаи клавиатура ё дигар таёизотҳои воридкунӣ дохилкардашуда, инчунин барои ба экран баровардани натиҷаҳои кор хизмат мекунад.

Монитор дар зери идоракунии видеоадаптер кор мекунад. Параметрҳои асосии монитор ченаки экрани он мебошад.

Воҳиди ченаки экран дюмҳо мебошанд. Масалан, экрани мониторҳо 14, 15, 17, 19, 20 ва 21 дюма шуда метавонанд.

Экрани монитор ду реҷаи корӣ дорад, матнӣ ва графикӣ,

Дар реҷаи матнӣ, экрани монитор аз 25 сатр ва 80 сутун иборат аст. Ба сатр ва сутунҳои экран рақамҳои тартибӣ (аз нол сар карда) вобаста карда шудаанд. Дар буриши онҳо як рамзро ҷойгир кардан мумкин аст.

Реҷаи графикии экрани монитор ба нуқтаҳои алоҳидаи равшанидиҳанда ҷудо мешавад. Миқдори чунин нуқтаҳо аз намуди монитор вобаста аст, Масалан 640х480, яъне миқдори чунин нуқтаҳо дар хати амудии экран 640 буда ва дар хати уфуқӣ 480 мебошанд

Тавсифҳои асосии монитор инҳооянд,

имконияти нишон додан. Барои мониторҳоиграфикӣмиқдори нуқтаҳоидархатҳоиамудӣвауфуқӣ равшаншаванда (пиксел) нишон дода мешавад;
миқдори рангҳоиинъикосшуда;
андозаи экран;
вазн ва ҳаҷм;

Намудҳои гуногуни мониторҳо мавҷуданд, ки аз якдигар бо миқдори рангҳояшон фарқ мекунанд. Дар байни онҳо монитори рангаи EGA (Enhanotd Graphic Adapter) – адабтери графикии беҳтарин, VGA (Video Graphic Array) – матрисаи видеографикӣ ва SVGA (Super VGA) мавҷуд мебошанд.

Блоки системавӣ сохтори аз ҳама муҳимтарин ва асоситарини компютер мебошад. Вай ахборро қабул менамояд, аз рӯи барнома онро кор карда мебарояд, натиҷаи коркардро ба экран мебарорад ва онро идора менамояд, нигоҳ доштани ахборро дар диски мантиқӣ, алоқаро бо дигар сохторҳои компютер ва инчунин системаи компютерро таъмин менамояд.

Ба блоки системавӣ чунин компоненҳо дохиланд:

Манбаи барқ – барои ҷараёни электрикии таъғирёбандаро ба ҷараёни доимӣ додан хизмат мекунад;

Схемаҳои электроние, ки кори компютерро таъмин ва идора мекунанд: микропроссесор, хотири фаврӣ, платаи асосӣ, контролёрҳои таҷҳизот ва ғайра.

Микропротсессор – элементи аз ҳама асосии компютер мебошад, ки онро майнаи компютер низ меноманд, ки фармонҳои ба вай дохилшавандаро иҷро мекунад (ҳисобкуниҳо, идоракунии кори элементҳои дигари компютер ва ғайра). Микропротсессорҳои Intel 8088, Intel 80286, Intel 80386, Intel 80486, Intel 80586, Pentium 1, 2, 3 моделҳои машҳуртарин ба ҳисоб мерафт. Дар компютерҳои фардии имрӯза асосан микропротсессорҳои Pentium 4 ва D стифода бурда мешавад, ки онро ширкати амрикоии «Intel» истеҳсол менамояд. Ба ғайр аз ин ширкат боз дигар ширкатҳо низ микропросессорро истеҳсол менамоянд. Моделҳои гуногуни микропротсессорҳо аз ҳамдигар аз рӯи суръати иҷрокунии амалҳои оддитарин фарқ мекунанд. Суръати иҷроиши амалҳоро зуддии тактӣ меноманд. Зуддии тактӣ бо мегагерс (МГқ) чен карда мешавад. Вобаста аз нишондоди зуддии тактӣ сермаҳсулӣ ё сифати он муаяйн карда мешавад;

Ба ҳайати протсессор инчунин таёизотҳои зерин дохил мешавад,

таёизотҳоиидоракунӣ;
таёизотҳоиарифметикиюмантиқӣ;
регистрҳоихотираипротсессор.

Таёизотҳоиидоракунӣ аз рӯи фармони додашуда кори ҳамаи таёизотҳои компютерро идора мекунанд.

Таёизотҳоиарифметикиюмантиқӣ воситаи ҳисоббарории протсессор мебошад, ки амалиёти арифметикӣ ва мантиқиро аз рӯи фармонҳои барнома иҷро мекунад.

Регистрҳохотираи дохилии протсессор мебошад. Ҳар яке аз регистрҳо ба монанди сиёҳнависе мебошад, ки бо истифода аз он протсессор амали ҳисобҳоро иҷро карда, дар вақти кор карданаш натиҷаи корашро ҳатман дар хотирааш нигоҳ доштан мегирад. Ҳар як регистр вазифаи махсуси худро дорад. Дар регистр – ҳисобкунаки фармонҳо, суроғаи ҳамон ячейкаи хотираи МЭҲ ҷойгир карда шудааст, ки дар он фармони навбатии иҷрошудаистодаи барнома нигоҳ дошта мешавад. Дар регистри фармонҳо ҳамин фармон дар вақти иҷрои он ҷой дода мешавад. Регистрҳое ҳам мавҷуд аст, ки дар онҳо маълумоти ибтидоӣ ва натиҷаҳои иҷрои фармонҳо ҷой дода шудааст. Натиҷаи бадастомадаро аз регистр ба ячейкаи хотираи фаврӣ навиштан мумкин аст.

Вазифаҳоипротсессорҳо:

1) идора кардани кори компютерҳоифардиромутобиқи барномаи додашуда;

2) иҷрои амалиёти коркарди информатсия.

Хотираи компютер- Хотираи компютерҳо ба дохилӣ ва берунӣ ҷудо мешавад. Хотираи дохилии компютери фардӣ аз хотираи фаврӣ ва хотираи доимӣ иборат мебошад.

Хотираи фаврӣ, хотираи оператсионӣ ва аз барқ вобаста мебошад. Дар хотираи фаврӣ барномаҳо ва маълумоте, ки дар айни ҳол иҷро мегардад, нигоҳ дошта мешавад. Хотираи фаврӣ хотирае мебошад, ки ҳам барои хондан ва ҳам барои навиштани информатсия истифода мегардад. Вақти хомӯш шудани барқ информатсия аз хотираи фаврӣ тоза мешавад.

Хотираи доимӣ, хотираи оператсионӣ ва аз барқ вобаста мебошад. Хотираи доимӣ хотираест, ки танҳо барои хондан пешбинӣ мешавад. Информатсия ба он як маротиба ворид карда мешавад ва ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешавад (ҳам дар ҳолати хомӯш будан ва ҳам дар ҳолати корӣ). Дар хотираи доимӣ информатсияе нигоҳ дошта мешавад, ки барои компютер доимо лозим аст. Инҳо асосан бахшҳои системаи амалиётӣ (барномаҳое назорати таёизотҳо, барномаҳои ибтидоии ба кор андохтани МЭҲ ва ғайра) мебошанд.

Алоқаи информатсионӣ дар байни таёизотҳои компютер ба воситаи шоҳроҳиинформатсионии (номи дигараш – шинаи умумӣ) амалӣ мегардад.

Шоҳроҳ (Магистрал) кабеле мебошад, ки аз симҳои зиёд иборат аст. Бо баъзе симҳо (шинаи маълумот) информатсияи коркардашуда интиқол дода мешавад, бо сими дигар (шинаи суроға) суроғаи хотира ё таёизотҳои беруна ба протсессор робита мекунад. Қисми сеюми шоҳроҳ – шинаи идоракунӣ мебошад, ки ба воситаи он сигналҳои идоракунӣ мегузарад (масалан сигнали ба кор омода будани таёизот, сигнали оғози кори таёизот ва ғайра).

Хотираи оперативӣ (фаврӣ) (dim, sin) — барои мувақатан дар хотира нигоҳ доштани ахбор хизмат мерасонад. Хотираи компютер, пас аз микропротсессор элементи дуюми асосӣ ба ҳисоб меравад. Нигоҳ доштани ахбор — вазифаи асосии хотира мебошад. Компютер дорои якчанд намуди хотира аст. Хотираи асосии он, ки ягон компютер бе он кор карда неметавонад, дар шакли микросхема сохта шудааст. Хотираи асосӣ ба хотираҳои фаврӣ(оперативӣ) ва доимӣ тақсим карда мешавад. Хотираи оперативӣ – ин элементи муҳим ва даркории компютер буда, ҳамаи ахбор ва маълумотҳоеро, ки дар компютер мавҷудаст ворид карда мешаванд, то лаҳзае, ки компютер хомӯш карда мешавад, дар он нигоҳ дошта мешавад. Баъди сабт кардани он, вай дар хотираи доимӣ нигоҳ дошта мешавад.

Хотираи дохилии компютер

Хотираи компютер – аз пайдарҳами муназзами разрядҳои дуӣ (бит) иборат мебошад. Ин пайдарҳамӣ аз рӯи 8 разряд ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, хар як гурӯҳ байти хотираро ба вуҷуд меорад. Яъне, калимаҳои «бит» ва «байт» на танҳо номи воҳидҳои ченаки миқдори информатсия, инчунин воҳидҳои сохтории хотираи МЭҲ-ро ифода мекунанд.

Ҳаҷми хотираи МЭХ бо килобайтҳо (1 Кб = 1024 байт), мегабайтҳо (1 Мбайт (Мб) = 1024 Кбайт), Гигабайтҳо (1 Гбайт (Гб) = 1024 Мбайт) чен карда мешавад.

Ячейкаи хотира гурӯҳи байтҳои пайдарҳами хотираи дохилӣ мебошад, ки дар худ информатсияро нигоҳ медорад ва барои коркарди фармонҳои ҷудогонаи протсессор дастрас мебошад. Информатсияи ячейкаи хотираро калимаи мошин меноманд. Разряднокии ячейкаи хотира ва андозаи калимаи мошин бо битҳо, баробари разряднокии протсессор мебошад.

Байти хотираи дохилӣ рақамгузорӣ шудааст. Рақам аз сифр шурӯъ мешавад. Рақами тартибии байт, суроғаи байт номида мешавад. Принсипи суроғадории хотира чунин маъно дорад, ки ҳар як информатсияи ба хотира ворид карда шуда мутобиқи суроғааш бароварда мешавад.

Регистрҳо гуфта хотираи дохилии протсессорро дар назар доранд. Ҳар як регистр вазифаи сиёҳнависро иҷро мекунад. Протсессор ба воситаи регистр ҳисоб карда натиҷаҳои корро дар хотир нигоҳ медорад. Натиҷаҳои бадастомада аз регистрҳо ба ячейкаи хотираи фаврӣ рӯбардор карда мешавад.

Иваз намудани информатсия байни протсессор ва хотираи дохилӣ ба воситаи калимаҳои мошинӣ иҷро карда мешавад (аз регистр ба ячейка ва баръракс).

Дар таҷҳизоти хотираи берунӣ (воситаҳои магнитии интиқолдиҳанда), ки ҳамчунин таҷҳизоти берунии дар хотир нигоҳдоранда номбар мешаванд, информатсия бо коди дуӣ дода мешавад.

Хотираи дохилӣ аз хотираи фаврӣ ва хотираи доимӣ иборат аст.

Компютерҳои муосир боз бо як намуд хотираи оператсионӣ таъмин карда шудааст, ки вазифаи махсусро иҷро мекунад. Он хотираи видеоӣ мебошад. Хотираи видеоӣ коди расмро, ки дар монитор гузошта мешавад, дар худ нигоҳ медорад. Дар IBM PC хотираи видеоӣ аз бахши нозир (контролер-видеоадаптер, видеокарта), иборат буда фаъолияти мониторро идора мекунад.

Барои тезондани суръати дастрасӣ ба маълумот, таҷҳизоти махсусе, ки кэш-хотира ном дорад, истифода мегардад. Кэш-хотира хотираи аз ҳад зиёди фаврӣ буда, ғунҷоишаш нисбатан хурд мебошад. Дар кэш-хотира қитъаҳои нисбатан зиёд истифодашавандаи хотираи фаврӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳангоме ки протсессор бо хотира кор кардани мешавад, дар ибтидо ҷустуҷӯи маълумоти заруриро дар кэш-хотира анҷом медиҳад.

Картаи овоз. Картаи овоз — таҷҳзотест, ки барои компютерро бо садо таъмин намудан хизмат мекунад.

Хотираи берунии компютер- дискҳо

Нигоҳ доштани информатсия барои истифодаи минбаъдаи он ё интиқол додани он ба одамони дигар ҳамеша барои тараққиёти тамаддуни башарӣ аҳамияти калон дошт. То замони пайдо шудани МЭҲ одам ба ҷойи он истифода бурдани намудҳои бешумори ҳар гунна воситаҳо, китобҳо, суратҳо, сабти магнитофонӣ, кинопленка ва ғайраҳоро ёд гирифт. Дар охирҳои асри ХХ ҳаҷми ҷараёни информатсия якбора афзуда, зарурати нигоҳ доштани он дар таҷҳизоти ғунҷоишаш калон ба миён омад ва пайдоиши МЭҲ барои коркард ва истифодаи воситаҳои интиқолдиҳандаи информатсия шароит фароҳам сохт, ки имкон медоданд информатсияро барои мӯҳлати тӯлонӣ ва дар шакли чамъ нигоҳ доранд.

Дар компютерҳои фардӣ функсияҳои хотираи берунаро дискҳо ва дигар барандагони информатсия мебозанд. Онҳо асосан барои сабт намудан, аз як компютер ба компютери дигар кӯчондан ва дуру дароз ё муваққатан нигоҳ доштани информатсияи лозимӣ, истифода бурда мешаванд.Масалан дискҳои магнитии қаиш (гибкий), винчестр ё сахт (жесткий) ва компакт-дискҳо (CD-ROM), лентаҳои магнитӣ аз ҷумлаи чунин воситаҳои интиқолдиҳанда мебошанд.

Ғунҷоиш, вақти дастрасӣ ба информатсия, боэътимод нигоҳ доштани он, вақти кори бетанаффус нишондиҳандаҳои муҳими чунин воситаҳо мебошанд.

Таҷҳизоте, ки сабти информатсияро дар барандаи информатсионӣ (дискета, CD-ROM) таъмин менамояд, инчунин ҷустуҷӯ ва хондани онро дар хотираи фаврӣ иҷро мекунад, дискдон (дисковод) номида мешавад (рас. 1.8.).

Асоси сабт, нигоҳдорӣ ва хондани информатсияро ду принсип – магнитӣ ва оптикӣ ташкил медиҳад, ки нигоҳ доштани информатсияро баъди хомӯш кардани компютер ҳам таъмин месозад. Асоси сабти магнитиро информатсияи рақамии (дар шакли сифрҳо ва воҳидҳо) ташкил медиҳад. Аз байни дискҳои магнитӣ, дискҳои чандирӣ ва сахт истифода мешавад.

Дискҳоичандиримагнитӣ. Ғунҷоиши дискҳоичандирӣмагнитии диаметрашон 3,5 дюма (89 мм) баробари 1,44 Мб аст (рас. 1.9.). Чунин дискҳо барои сабт, ва нигоҳдории информатсияи начандон калонҳаҷм истифода бурда мешавад.

Диски магнитии сахт (рас1.10.) ё винчестер барои ба таври доимӣ нигоҳ доштани информатсияе, ки ҳангоми кор бо компютер барои барномаҳои системаи амалиётӣ, пакетҳои зуд-зуд истифодашавандаи барномаҳо, таҳриргарони матнҳо ва ғайра зарур аст.

Диски магнитии сахт барои компютер, диски асосӣ ба ҳисоб меравад. Ғунҷоиши ин диск нисбат ба дискетҳо хеле зиёд буда, суръати сабти информатсия ва хондани он дар диск тезтар аст. Ғунҷоиши дискҳои сахти компютерҳои ҳозиразамон ба якчанд гегебайт баробар аст.

Диски CD-ROM (Compact Disc Read Only Memory-компат-диск танҳо барои хондан) (рас.1.11.) барои боэътимод ва дуру дароз нигоҳдории информатсия хизмат мерасонанд. Диаметри диск метавонад 5,25 дюйм ё 3,5 дюйм бошад. Дар CD-ROM – ҳои стандартӣ то 700Мб информатсияро сабт ва нигоҳ медоранд.

Диски CD-ROM барои нигоҳ доштани информатсия мувофиқ мебошад, аммо кор бо онҳо нисбат ба дискҳои магнитии сахт сусттар аст. Аз ин рӯ одатан аз компакт-дискҳо информатсияро ба дискҳои магнитӣ рӯйнавис мекунанд, зеро ки кор бо онҳо сабуктар мебошад. Ба ғайр аз ин, дар чунин дискҳо информатсия як маротиба сабт карда мешавад. Компакт-дискҳое ҳастанд, ки дар он якчанд маротиба информатсия сабт ва тоза карда мешавад, ки онро CD-RW (Compact Disc Read) меноманд.

Дискҳоимагнитиюоптикӣ чунин камбудӣ надоранд. Дар онҳо информатсияро зуд навиштан ва хондан мумкин аст. Дискҳоимагнитиюоптикӣ ҳангоми интиқолдиҳии ҳаҷми калони информатсия нисбат ба дискҳои магнитии чандирӣ боэътимодтар мебошанд.

Винчестер –диски магнитии ҳаҷман хеле калон буда, барои нигоҳ доштани информатсия ва хондани онҳо истифода бурда мешавад.Винчестерро диски асосии (Hard Disk) компютер ҳам меноманд. Дар винчестер одатан барномаҳои системаи амалиётӣ, пакети барномаҳои зуд-зуд истифодашаванда, таҳриргарҳои матнҳо, трансляторҳои забонҳои барномасозӣ, таблитсаҳои электронӣ ва ғайраҳо нигоҳ дошта мешаванд.Винчестер- ин хотираи доимӣ мебошад.

Винчестерҳо аз ҳамдигар аз рӯи характеристикаи зеринашон фарқ мекунанд:

ғунҷоиш- миқдори информатсияе, ки ғунҷонида метавонанд;
зудкорӣ- вақти дастрас намудани информатсия ва суръати хондану сабти онҳо;
интерфейс- намуди контроллёре, ки диск ба он пайваст карда шудааст (асосан IDE/EIDE ва вариантҳои гуногуни SCSI. Дар ин ҷо IDE-Integrated Devise Electronics, EIDE-Extended IDE, SCSI-Smoll Computer System Interface).

Клавиатураи компютер

Клавиатура барои дохил кардани ягон рамз, ахбор, фармон ва идора кардани компютер хизмат мекунад. Клавиатура аз тугмачаҳо иборат аст, ки шумораи онҳо аз 109 то 112 то мебошанд.

Тугмачаҳои клавиатура ба шаш гурӯҳи зерин ҷудо карда мешавад,

Тугмачаҳои ҳарфӣ – ададӣ;

Тугмачаҳои функсионалӣ;

Тугмачаҳои идоракунии компютер;

Тугмачаҳои идоракунии курсор;

Тугмачаҳои ададии иловагӣ;

Индикаторҳо.

Мушак — воситаи дохилкунии ахборот буда барои идоракунии компютер истифода бурда мешавад. Бо воситаи мушак идоракунии компютер осон мегардад. Мушакҳои компютерҳои фардӣ намудҳои гуногун доранд ва вазифаҳои якхеларо иҷро мекунанд. Одатан, дар мушакҳо ду тугмача, ду тугмача ва як чархак ё се-то тугмача дида мешавад. Тугмачаи тарафи чап фаъол буда, вазифаи иҷронамоиро бо як маротиба ё ду маротиба пайдарпай пахш намудан иҷро менамояд ва тугмачаи дар тарафи рост буда, барои ба экран баровардани менюи иловагӣ хизмат менамояд. Чархак барои зудтар аз як ҷой ба ҷои дигари матн е ҳуҷҷат мекунад.

Ҳангоми кор бо мушак вазифаи тугмачаҳои тарафи чап ва рости онро иваз намудан мумкин аст.

Сохторҳои иловагии КФ

Ба ғайр аз сохторҳои асосӣ, компютерҳои фардӣ боз сохторҳои иловагӣ доранд, ки онҳо имконияти функсионалии компютерро зиёд менамоянд. Ба сохтори иловагӣ инҳо дохиланд:

Принтерҳо -барои чоп кардани ахборотҳои ададӣ, матнӣ ва графикӣ дар рӯи қоғаз таъйин шудаанд. Аз рӯи қоидаҳои корашон принтерҳоро ба матритсавӣ, рангпошдиҳанда (струйный) ва лазерӣ ҷудо мекуанд.

Плоттер-асбоби графиксоз буда, барои хоричкунии графику накшахо дар когаз хизмат мерасонад. Плоттерро (Plotter) бештар дар системахои автоматии лоихакаши (САПР) истифода мебаранд. Плоттер дар ду намуд – типи барабани (бо когази лулапечкардашуда кор мекунад) ва типи планшети (бо вараки ватман кор мекунад) истехсол карда мешавад. Барои тасвири предметхоро дар когаз хосил намудан, плоттерхо технологияхои гуногунро истифода мебаранд . Плоттерхои аввалин, ба таври анъанави, бо калам ва перову ранг кор мекарданд. Холо бошад, плоттерхои рангпошанда, лазери ва гайрахо истехсол карда мешаванд.

Экрани сенсорӣ ё ламсӣ (тактильный) экранест, ки болояш қабати махсус пушонида шудааст. Ҳангоми даст расонидан ба ҷойи муайяни экран иҷрои вазифаи интихобшударо, ки компютер ё фармонҳои менюи экран иҷро кунанд, таъмин мекунад. Экрани сенсорӣ махсусан ҳангоми фавран ба ахбор дастрас шудан қулай аст. Чунин дастгоҳро дар компютерҳои банкӣ, фурудгоҳ, инчунин дар соҳаи ҳарбӣ ва саноат метавон мушоҳида кард.

Қалами рушноидиҳанда (Световое перо) ба қалами оддӣ монанд буда, дар нугаш таҷҳизот –элементи рушноиҳискунанда дорад. Ҳангоми пахш кардани қалам аз экран занҷири фотоэлектрикӣ ҳосил шуда, мавқеи воридкунӣ ва ислҳи додашудаҳо муайян карда мешавад. Агар дар рӯи экран чунин қаламро омезиш (перемешать) кард, дар экран ҳамчун дар варақи қоғаз метавон расм кашид ё навишт. Қаламӣ рушноидиҳанда барои ворид кардани ахборот ба компютерҳои фардии бе ҳад хурд- микрокомпютерҳои киссагӣ истифода бурда мешавад. Инчуни он дар системаҳои гуногуни лоиҳасозӣ ва дизайн татбиқ карда мешавад.

Дигитайзер ё планшет графикӣ- асбобест, ки бо усули дасти тасвири предметхоро ба компютер дохил менамояд. Дигитайзерро планшети графики низ мегуянд. Ин асбоб хам, ба мисли плоттер, бештар мкъморӣ ва дизайнер истифода бурда мешавад. Аз дигитайзер рассомон низ, барои бо ёрии компютер кашидани расму тасвирхо, васеъ истифода мебаранд. Ин дастгоҳ имконият медиҳад, ки расмҳо ҳамчун дар варақи қоғаз сохта шаванд. Тасвир дар намуди рақамӣ сохта мешавад, номи дастгоҳ аз ин ҷост ( аз алимаи англисии digit -рақамӣ), Хусусияти асосии дигитайзер аз он иборат аст, ки агар хангоми дохилкунии расм ё кашидани он шахс ба ягон элементи расм ишорат кунад, он гох асбоб ба таври автомати координатахои нуктаи ишорашударо ба компютер дохил менамояд.

Сканер — асбобест, ки ба таври автомати ахбороти матниву графикиро аз когаз ба компютер дохил намояд. Бо ёрии системаи барномаҳои махсус компютер метавонад символхои матн ё элементхои расму графикхои ба воситаи сканер дохилкардашударо шиносад ва кор карда барояд. Сканерхои хозиразамон хатто матнхои дастнависро низ ба компютер дохил карда метавонанд. Барои аз когаз ба мошин дохил намудани информатсия сканер тачхизоти бехамтост. Сканерхо хам ба мисли дигар асбобхо хеле гуногунанд: руимизи, барабани, дасти, ранга, сиеху сафед, арзишашон киммат, арзон ва гайра.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *