Фании Информатика

Маълумоти умумӣ оиди барномаҳои стандартии windows xp:Роҳбалад ва барномаҳои хидматии дискҳо

Нақша:

4.1. Барномаи стандартии Роҳбалад.
4.2. Барномаҳои хидматии дискҳо.
4.1. Барномаи стандартии Роҳбалад

Системаи амалиётии Windows дорои якчанд барномаҳои стандартӣ мебошанд, ки ҳар яки он вазифаҳо ва имконоти худро доранд.ба гурӯҳи барномаҳои стандартии Windows дохил мешаванд: Роҳбалад (Проводник), таҳриргари матнииБлокнот, таҳриргари матнии WordPad, таҳриргари графики Paint, Калкулятор ва дигар барномаҳои хидматии дискҳо.

Роҳбалад (Проводник) яке аз барномаҳои асосии стандартии системаи амалиётии Windows XP ба шумор рафта, бо ёрии он папкаҳо, хуҷҷатҳо ва дигар барномаҳо бо роҳи хеле осон кофта ёфта мешаванд. Бо ёрии «Проводник» низ ҳамаи амалиётҳоеро, ки бо ёрии барномаи «Мой компютер» иҷро карда мешаванд, амалӣ кардан мумкин аст. Ба мисли барномаҳои дигари Windows XP, ҳангоми омодаи кор сохтани Проводник низ дар экран равзанаи он кушода мешавад.

Барои кушодани барномаи “Проводник” (роҳбалад) дар Windows XP якчанд тарзҳоро истифода бурдан мумкин аст,

  1. Тугмачаи “Пуск”-ро пахш намуда аз он банди “Программы”-ро интихоб менамоем. Баъди ин ба банди “Стандартые” гузашта аз он “Проводник”-ро интихоб менамоем.
  2. Ба болои тугмачаи “Пуск” нишондиҳандаи мушакро оварда тугмачаи рости онро пахш мекунем. Аз менюи пайдошуда “Проводник”-ро интихоб менамоем.
  1. Бо воситаи клавиатура тугмачаҳои Windows ва ҳарфи E(англисӣ) якҷоя пахш мекунем. Дар экран равзанаи “Проводник” кушода мешавад.

Кор бо файлҳо ва папкаҳо дар Роҳбалад; (бо тариқи интихоби гурӯҳи файлҳо, нест кардан, сохтан, аз як ҷой ба ҷои дигар гузарондан)

Чи хеле, ки дар боло қайд кардем, Проводник (Роҳбалад) яке аз программаҳои асосии системаи амалиётии Windows ба шумор рафта, бо ёрии он папкаҳо, ҳуҷҷатҳо ва дигар программаҳо бо роҳи хеле осон кофта ёфта мешаванд. Бо ёрии проводник низ ҳамаи амалиётҳоеро, ки бо ёрии программаи Мой компютер иҷро карда мешудаанд, амалӣ кардан мумкин аст.

Барои бо равзанаи барномаи проводник кор кардан нишондиҳандаи мушро ба болои тугмаи ПускèПрограммӣè СтандартныеèПроводник бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем.

Барои кушодани папкаи Мой компютер нишондиҳандаи мушро ба болои Мой компютер бурда тугмаи рости мушро пахш менамоем пас аз пайдо шудани менюи контекстӣ нишондиҳандаи мушро ба сатри Открыть бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем. Пас аз кушода шудани барномаи Мой компютер диски даркориро, ки дар он папка сохтан лозим аст, интихоб намуда тугмаи рости мушро пахш менамоем пас аз пайдо шудани менюи контекстӣ нишондиҳандаи мушро ба сатри Открыть бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем пас аз кушода шудани диски даркорӣ (яне диски С, ё ки D,) нишондиҳандаи мушро ба; банди ФАЙЛ бурда тугмаи чапи мушро пахш намуда аз он сатри Создать-ро интихоб карда нишондиҳандаи мушро ба болои сатри Папку бурда тугмаи чапи мушро пахш менамоем дар ин ҳолат Новая папка пайдо мегардад, ки дар болои он курсор истодааст.

Пас аз он мо метавонем ба папка номи даркориро гузошта тугмаи Enter- ро пахш намоем. Аввал файл ё папкаи даркориро интихоб намуда нишондиҳандаи мушро ба болои банди ФАЙЛ бурда тугмаи чапи мушро пахш намуда аз он сатри Переименовать-ро интихоб намуда, тугмаи чапи мушро пахш менамоем, дар ин ҳолат курсор дар болои файл ё папкаи интихобкардашудаи мо пайдо мегардад ба он номи даркориро гузошта Enter- ро пахш менамоем.

Дар дохили дискҳо аввал файл ё папкаи даркориро интихоб намуда нишондиҳандаи мушро ба болои банди ФАЙЛ бурда тугмаи чапи мушро пахш намуда аз он сатри удалить-ро интихоб намуда тугмаи чапи мушро пахш менамоем дар ин ҳолат дар ин ҳолат ахбороте пайдо мешавад, ки дар он навишта шудааст (Вы действительно хотите удалит папку “Информатика” и отправить все ее содержимое в корзину) ҳангоми пахш кардани тугмаи ДА папкаи интихобкардашудаи мо ба Карзина партофта мешавад.

Мафҳуми файл ва папка

Дар вақти истифодаи компютерҳои фардӣ, ҳар як истифодабаранда бояд кор бо ҳуҷҷат (файл), папка ва истифодаи дискҳоро донад, чунки; дар тамоми фаъолияти корӣ бо онҳо сару кор дорад. Ба асосҳои кор бо компютерҳои фардӣ тарзҳои сохтани файлҳо ва папкаҳо, нусхакунӣ, гузаронидан, сабтнамоии онҳо, истифодаи барандаҳои гуногуни ахборӣ (дискҳо, дискетаҳо, флешкаҳо),; роҳҳои гуногуни; воридкунии маълумотҳо ба хотира ва ғайраҳо дохиланд.

;Файл калимаи англисӣ буда маънояш ҳуҷҷат мебошад.

Файл гуфта ҷои махсусеро дар диск меноманд, ки дар он маълумотҳо, барномаҳо нигоҳ дошта мешаванд. ;Маълумотҳое, ки ба воситаи тугмачаҳои клавиатура ба компютер дохил карда мешавад, дар вақти дар хотираи он нигоҳ доштан, бо файл номгузорӣ карда мешавад. Файлҳо аз якдигар бо номашон фарқ мекунанд.; Номи файлҳо аз ду қисм иборат аст.

— номи асосӣ;

— номи иловагӣ.

Номи асосӣ аз иловагӣ бо нуқта (.) ҷудо карда мешавад. Масалан, суратҷаласаи. doc , дар инҷо суратҷаласаи номи асосӣ буда,; doc – номи иловагӣ мебошад. Дар; барномаи Windows XP; номи иловагӣ нишон дода намешавад.

Дар барномаи Windows XP; номи асосиро то 252 рамз, номи иловагиро то 3 рамз ишора намудан мумкин аст. Номи пурраро бошад то 256 рамз ишора намудан мумкин аст. Дар вақти номгузории ҳуҷҷат чунин номро интихоб намудан даркор аст, ки вай мазмуни корро дарбар гирад.

Роҳҳои гуногуни сохтани ҳуҷҷат вуҷуд дорад. Вақте, ки мо ягон барномаро ба кор омода менамоем, ин маънои онро дорад, ки мо ҳуҷҷат сохтем. Инчунин ҳуҷҷатро ҳангоми истифодабарии фармани Создать ;аз банди Файл – и менюи барномаҳои амалӣ ё тугмачаҳои лавхаи таҷҳизотҳои барномаҳои амалӣ, сохтан мумкин аст.

Папка – гуфта ҷои махсусеро дар диск меноманд, ки дар он файлҳо нигоҳ дошта мешавад. Папкаҳо низ аз якдигарашон бо номашон фарқ мекнанд. Ќоидаи номгузории папкаҳо ба номгузории файлҳо монанд аст, лекин онҳо номи иловагӣ надоранд.; Папкаҳо рамзи худро дошта дар поёнаш ё дар паҳлӯяш номи онҳо навишта мешаванд. Масалан,

Барои сохтани папка истифодабарандаи компютер нишондиҳандаи мушакро ба ҷои дилхоҳи мизи корӣ ё дигар папка, барнома гузошта, тугмачаи рости онро пахш менамояд, ки дар экран менюи иловагӣ бароварда мешавад, аз онҷо фармони Создать – ро истифода менамоем. Аз; лавхаи пайдогардида фармони Папку -ро, ки бо рамзаш оварда шудааст, истифода мебарем. Дар натиҷа дар ҷое, ки курсор истода буд, рамзи папка бо навиштаҷоти Новая папка бароварда мешавад. Навиштаҷоти новая папкаро тоза намуда, номи ба худамон маъқулро гузошта, дар он ҳуҷҷатҳои даркорӣ нигоҳ медорем.

Ба дигар папка кӯчонидан. Аввал нишонаҳои заруриро интихоб мекунем. Баъд дар менюи Проводник банди Правка-ро интихоб карда ва дар зерменюи пайдошуда сатри Вӣрезатё-ро фаъол мегардонем. Пас аз он нишонаи папкаеро интихоб мекунем, ки дар дохили он бояд нишонаҳои ҷудокардашуда ҷойгир карда шаванд. Баъд аз он аз сари нав дар менюи Проводник банди Правка-ро интихоб карда, дар зерменюи он сатри Вставитё-ро фаъол мегардонем.

Нусхабардорӣ кардан. Аввал нишонаҳои папкаҳоеро ҷудо менамоем, ки онҳо бояд ба дигар папка нусхабардорӣ карда шаванд. Баъд дар менюи Проводник банди Правка-ро интихоб намуда, дар зерменюи он сатри Копироватё (нусхабардорӣ)-ро фаъол мегардонем. Пас аз он нишонаи папкаеро интихоб ме­кунем, ки дар дохили он бояд нишонаҳои ҷудо кардашуда ҷойгир карда шаванд. Баъд дар менюи Проводник аз нав банди Правка-ро интихоб карда, дар зерменюи пайдошуда банди Вставитё (ҷойгир кардан)-ро фаъол мегардонем. Дар натиҷа нишонаҳои интихобшуда ба папкаи ҷудокардашуда нусхабар­дорӣ карда мешаванд.

Нобуд кардан. Барои нобуд кардани ахбори дохили папкаҳои интихобкардашуда ду усул вуҷуд дорад, якӯм, тугмачаи Delete-и клавиатураро пахш кардан ва дуюм, дар менюи Проводник банди Файл-ро интихоб намудан ва дар зерменюи пайдошудаи он сатри Удалитё (нест кардан)-ро фаъол гардонидан. Дар ҳар ду ҳолат ҳам система мепурсад, ки шумо дар ҳақиқат объектҳои интихобкардаатонро ба Корзина партофтанӣ ҳастед. Барои тасдиқ тугмачаи «Да» ва барои инкор тугмачаи «Нет»-ро пахш кардан кифоя аст.

Ба кор даровардани барномаҳо. Агар нишонаҳои интихобкар­дашуда нишонаҳои барномаҳо бошанд, он гоҳ онҳо ҳангоми ду маротиба пайдарҳам пахш кардани тугмаи чапи мушак, мувофиқи тартиби интихобшудаашон, ба кор медароянд.

Таҳрир кардани ҳуҷҷатҳо. Агар нишонаҳои интихобкардашуда нишонаҳои ҳуҷҷатҳо бошанд, он гоҳ матни ҳуҷҷатҳо дар равза­наи он барномаҳое пайдо мешаванд, ки онҳо ба воситаи ин барномаҳо сохта шудаанд. Дар аввал барномае, ки ҳуҷҷати якӯмро сохтааст ба кор медарояд ва дар равзанаи он ахбори дохили ҳуҷҷат пайдо мешавад. Мо имконият пайдо мекунем, ки матни ҳуҷҷатро таҳрир кунем ва онро аз нав ба диск сабт намо­ем. Ҳангоми корро бо ин барнома ба охир расонидан, барномае, ки ҳуҷҷати дуюмро сохтааст ба кор медарояд ва дар равзанаи он матни ахбори ин ҳуҷҷат пайдо мешавад. Бо ҳамин усул ҳуҷҷатҳои боқимонда низ таҳрир шуда, аз нав ба диск сабт карда мешаванд. Қайд намудан зарур аст, ки роҳҳои гуногуни иҷрокунии амалиётҳои дар боло навишта шуда мавҷуданд.

Барномаҳои хидматии дискҳо

Тарзи истифодаи дискҳо

Дискро ба дискдон гузошта барномаи «Мой компютер»-ро кушода аз «Диски; (Е:)» файл ё папкаи даркориро бо ёрии нишондиҳандаи муш интихоб карда, тугмаи тарафи рости мушро пахш менамоем пас аз пайдо шудани менюи контекстӣ сатри Отправить-ро интихоб карда (каме интизор шуда), баъд аз нишон додани равзанаи навбати нишондиҳандаи мушро ба болои Мои документы бурда, тугмаи чапи мушро пахш менамоем. Дар ин ҳолат файл ё папкаи интихобкардашудаи мо аз «Диски; (Е:)» ба папкаи Мои документы нусхабардорӣ карда мешавад.

Дискҳо барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо, кӯчонидани маълумотҳо, ва барномаҳо аз як компютер ба компютери дигар истифода мешаванд. Дискҳоро бо ҳарфҳои калони лотинӣ А, С, D, E, F; ишора карда мешаванд.

Дискдонҳо дар ҳамаи компютерҳо гузошта шудаанд ва онҳо бо тарзҳои гуногун ҷойгир карда шудааст. Дискдонҳо барои гузоштанидискҳо истифода карда мешаванд. Дар компютерҳои ҳозиразамон дисдонҳои зерин истифода бурда мешаванд.

Диски SONY CD ROM (700MB), LG 2 52 x (700MB|80min),

ки дар он танҳо як маротиба файлҳо ва барномаҳо навишта мешаванд. Инчунин дискҳои CDRW (750 – 850MB) ҷой дорад, ки дар он якчанд маротиба файлҳо, барномаҳо, барномаҳои конқертӣ, бозиҳои шавқоварро аз компютер ба дискет вабаръакс гузаронида мешаванд.

Флешка 128, 256, 512 МБ, 1,2,4,8,10,20,40 ГБ ва ғайра бошад, дар он якчанд файлҳо ва барномаҳо; навишта шуда, аз як компютер ба дигар компютер гузоштан мумкин аст.

Тарзи истифода бурдани диски қаиш чунин аст. Диски қаиши 3,5 (А,) – ро ба дискдон гузошта, аз барномаҳои Компютери ман (Мой компютер) ё Роҳбалад (Проводник) истифода мекунем. Аз равзанаи пайдогардида рамзи диски қаишро бо ёрии нишондиҳандаи мушак ду маротиба пай дар пай пахш менамоем. Дар натиҷа рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки дар диски қаиш мавҷуданд, бароварда мешавад.

Аз байни онҳо ҳуҷҷати даркориро интихоб намуда, тугмачаи рости онро пахш менамоем, ки дар натиҷа менюи иловагӣ бароварда мешавад. Аз онҷо фармони Отправить – ро истифода мебарем. Аз лавхаи пайдогардида номи барнома ё папкае, ки дар он ҳуҷҷати интихоб намударо мекӯчонем нишон дода, тугмачаи ОК –ро пахш мекунем. Дар натиҷа ҳуҷҷати интихобгашта нусхабардорӣ карда мешавад. Айнан бо ҳамин роҳ аз дигар барномаҳо ба диски чандир ҳуҷҷатҳоро кӯчонидан мумкин аст. Истифодабаранда метавонад, ҳуҷҷатҳоро хориҷ, аз нав номгузорӣ ва дигар амалиётҳоро иҷро намояд.

Азбаски ҳар гуна информатсия пеш аз ҳама дар дискҳо нигоҳ дошта мешаванд, бинобарин ҳам онҳо ба хизматрасонӣ мӯҳтоҷанд. Махсусан дар мавридҳои барои сабти информатсия навбатӣ нокифоя будани ғунҷоиши диск, аз кор баромадани як ё якчанд сектор ё пайроҳаҳои диск, вайрон ё нест шудани ягон файл чунин зарурат пайдо мешавад. Баъзан бо сабаби аз кор баромадан ё нестшавии ягон файли системавӣ омпютер наметавонад системаи амалиётиро ба кор андозад. Истифодабаранда бояд сари чанд вақт бея гон сабаб ҳам дискҳои компютерашро аз санҷиши профилактикӣ гузаронад. Барои дуруст ва доимо дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани дискҳои компютер барномаҳои махсусе пешбиниӣ шудаанд, ки онҳо вазифаи хидматрасонии дискҳоро иҷро мекунанд. Ин барномаҳо чун барномаҳои архивонӣ, санҷиши дискҳо, ҳамҷоякунии информатсияи дохили дисҳо форматиронии дискҳо ва ғайра.

Архиваторҳо. Архиваторҳо барномаҳое мебошанд, ки аз ҳисоби фишурдани (сабти ҷафс) информатсия андозавии аслии файлҳоро хурд ва аз ҳисоби сарфаи ҷойи холии ҳосилшуда ҳаҷми нисбии дискҳоро зиёд менамояд. Гарчи тарзи кори архиваторҳо гуногун бошад ҳам, вале вазифаашон якхела аст.

Барномаҳои архивонӣ хеле зиёданд. Онҳо аз ҳамдигар ба воситаи усулҳои математикӣ, суръати архивонӣ ва суръати корашон фарқ мекунанд. Барномаҳои PKZIP, LHARC, ARJ, WINZIP, WINRAR мисоли чунин барномаҳо шуда метавонанд.

Барномаи ScanDisk сохтори додашудаҳо, папкаю каталогҳо ва ҷадали ҷойгиршавии файлҳоро санҷида, кластерҳои гумшудаи дискро кофтуков менамояд. Ба ғайр аз ин, вай сатҳи дискро тафтиш ва қитъаҳои ношоями онро муайян месозад. Баъд вай хатогиҳои физикӣ ва мантиқии дискро ислоҳ намуда, қитъаҳои қобили қабули истифода набударо нишона мегузорад, то и пас аз ин дар онҳо информатсия навишта нашавад.пас аз барномаи ScanDisk-ро ба кор андохтан, диск ва намуди санҷишро (бо санҷидани сатҳи диск ё бе санҷидани он) интихоб намудан лозим аст. Баъд барнома ба санҷиши диски интихобшуда шурӯъ мекунад ва ба иҷрои корҳои дигари истифодабаранда халал намерасонад.дар охир барнома аз натиҷаи кори худ, яъне оиди вуҷуд доштан ё надоштани хатогиҳо маълумот медиҳад.

Барномаи хидматии Dеfrag ҳамаи қисмҳои парешони ахбороти файлро дар тамоми диск мекобад ва онҳоро ҳамҷоя мекунад. Ин амалиёт имконият медиҳад, ки муроҷиаткунӣ ба диск тезонида мешавад. Азбаски раванди кори барномаи Dеfrag вақти зиёдро талаб мекунад, истифодабаранда метавонад онро ба кор андохта, худ ба иҷрои кори дигар машғул шавад.

Барои ба кор андохтани барномаҳои хидматӣ чунин амалҳоро иҷро намудан мумкин:

  1. Пуск (Оғоз)Программы (Барномаҳо) Стандартные (Стандартӣ) Служебные (Хидматӣ).
  1. Диски лозимиро (диски сахт ё дискҳои беруна) масалан, Локальный диск (С:) интихоб намуда, тугмаи тарафи рости мушакро пахш менамоем аз менюи контекстӣ банди Свойства-ро интихоб менамоем равзанаи Свойства диска (Хосити диск) пайдо мешавад,ки з якчанд менюи қабатӣ иборат аст, менюи қабатии Сервис-ро интихоб намуда, амалиёти лозимиро мегузаронем (рас. 4.5.).;

Барномаи форматкунии дискҳо. Дискҳои магнитӣ пеш аз он ки истифода шаванд, бояд аз амалиёти форматкунӣ гузаранд ин амалиёт дискҳоро барои сабткунӣ тайёр мекунад.ва форматкунӣ барои ҳамин мақсад истифода бурда мешавад.барои форматикунии дискета ё дискро ба дискдон гузошта барномаи «Мой компютер»-ро кушода аз «Диски 3,5 (А:)» ё диски «Диск (Е:)» -ро интихоб намуда, тугмаи тарафи рости мушакро пахш менамоем, аз менюи контексти банди Форматировать…-ро пахш менамоем, равзанаи форматикунии диск пайдо мешавад (рас. 4.7.). Дар равзанаи пайдошуда тугмаи Начать-ро пахш менамоем, амали форматиунӣ иҷро карда мешавад.

Ҳаминро бояд қайд кард, ки ҳангоми форматикунии дискет ё дискҳои аллакай истифодашуда ва дорои маълумот буда, ҳангоми форматикунӣ ҳама маълумотҳои дохили он нест мешаванд. Барои ин маълумотҳои лозимиро дар дигр диск гузоштан лозим.

Барномаи тозакунии дискҳо. Ин барнома барои тоза намудани файлҳо, каталогҳои дискҳо хизмат мекунад. Файлҳои дар дискҳои компютерӣ тоза гашта дар “Корзина”- и “Мизи корӣ” ҷойгир карда мешаванд. Барои он ки диск пурра аз ин файлҳо тоза гардад, дохили “Сабадча”- ро тоза бояд кард.

Саволҳои санҷишӣ

  1. Вазифаи дискҳо дар компютер аз чӣ иборат аст.
  2. Тарзи истифодаи дискҳо.
  3. Барномаҳои хидматии дискҳоро номбар кунед.
  4. Роҳҳои сохтани ҳуҷҷат ва папкаро дар дискҳои гуногун нишон диҳед.
  5. Тарзҳои гузарондани маълумотҳоро дар дискҳо номбар кунед.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *