Фании Информатика

Таърихи пайдоиши ҷадвалҳои электронӣ

Идеяи сохтани ҷадвалҳои электронӣ 11 майи соли 1979 дар донишҷӯи Донишгоҳи Гарварди ШМА Дэн Брикли пайдо шуда буд. Вай пас аз иҷро намудани ҳисоботҳои дурударози пурмашаққати бухгалтерӣ ба ин ақида омадааст. Аз ин рӯ, ӯ бо рафиқи худ Боб Франкстон ҷадвали элекрониро тартиб доданд, ки он Visi Calc ном дошт.

Истифодаи ин барнома бозори компютерҳоро тасфонид ва баъдан барномаи имконияташ нисбатан васеътар, ки SUPER CALC ном дошт, пайдо шуд.

Дар соли 1982 ҷадвали электронии Lotus 1-2-3 сохта ба истифода дода шуд.

Дар соли 1987 фирмаи Microsoft ҷадвали электронии Excel-ро ба истифода дод. Дар ин ҷадвал имкониятҳои мавҷуда мукаммал ва тарзи истифодабарии онҳо ниҳоят қулай гардонида шудаанд.

Аз ин рӯ, ҷадвали электронии Excel дар байни истифодабарндагон ниҳоят васеъ паҳн шуд.

Тарзҳои ба кор даровардани ҷадвали электронии Excel.

Ҷадвали электронии Excel— монанди дигар барномаҳое, ки дар муҳити Windows кор мекунанд, бо тарзҳои гуногун ба кор дароварда мешавад.

1. Нишондиҳандаи мушро ба болои тугмачаи Пуск гузошта, тугмачаи тарафи чапи онро якбор пахш мекунем. Менюи асосии Windоws кушода мешавад. Зерменюи программы-ро бо нишондиҳандаи муш интихоб мекунем, дар тарафи рости он рӯйхати иловаҳои Windows пайдо мешавад. Аз ин рӯйхат Microsoft Excel-ро интихоб карда, тугмачаи тарафи чапи мушро пахш мекунем, ва дар натиҷа равзанаи барномаи Excel кушода мешавад.

2. Бо ёрии нишони (Тамға)-и Microsoft Excel, ки дар мизи кори Windows сохташуда аст, ба кор медароранд. Бо нишондиҳандаи муш ин нишонаро интихоб карда, тугмачаи тарафи чапи онро ду бор пахш мекунем, ва дар натиҷа равзанаи Excel дар мизи кори пайдо мешавад.

Сатри авали равзана сарлавҳаи равзана ном дорад. Дар канори чапи сарлавҳа тугмача ҷой дода шудааст, ки тугмачаи менюи системавӣ ном дорад. Пас аз он Microsoft Excel- Книга1 ва дар тарафи рости сарлавҳа тугмачаҳо —ғункунӣ,васеъкунӣ,пӯшидан ҷойгиранд.

Тугмачаи ғункунӣ равзанаи фаъолро ғун мекунад, вале вай дар ҳолати ғункардашуда корашро идома медиҳад. Дар панели вазифавӣ тугмачаи Microsoft Excel-Книга1-ро ба ҳолати пахшкарданашуда мегузаронад. Агар мо онро бо муш як бор пахш кунем, файл аз нав фаъол мегардад.

Тугмачаи васеъкунӣ бошад равзанаи фаъолро васеъ ва такрор пахш кардани он равзанаро ба ҳолати пештарааш бармегардонад.

Тугмачаи пӯшидан равзанаи фаъолро мепӯшонад.

Сатри дуюм менюи Excel ном дорад.

Сатри сеюм бошад панели таҷҳизотҳои стандартӣ (Стандартная), сатри чорум бошад, панели таҷҳизотҳои фарматиронӣ (Форматирование) ном дорад.

Дар тарафи рости майдони корӣ тасмаи чархзанонии вертикалӣ ва аз қисми поёнии равзана тасмаи чархзанонии горизонталӣ ҷой дода шудааст. Тасмаи вертикалӣ майдони кориро ба болою поён ва тасмаи горизонталӣ ба тарафи чапу рости варақ мегардонад. Дар қисми болоии майдони корӣ адреси сутунҳо бо шрифтҳои лотинии A,B,C,… 256 то ва аз тарафи чап рақамҳои 1,2,3,… то 65536 адреси сатрҳо ҷойгиранд. Буриши сатр ва сутунро катакча меноманд. Программаи Microsoft Excel 16м. 777ҳ. 216катакча иборат аст.

Маълумот дар бораи менюхои программаи MS Excel.

Чи тавре, ки аз равзанаи программаи MS Excel дида мешавад пас аз сатри сарлавҳа сатри менюи программа ҷойгир шудааст. Менюи Файл(Файл), Правка (Таҳрир), Вид (Намуд), Вставка(Гузоштан), Формат (Шаклбандӣ), Сервис (Хизматрасонӣ), Данные (Ахборот), Окно (Равзана), Справка (Маълумот).

Менюҳои программаро бо тарзҳои зерин интихоб кардан мумкин аст.

1. Бо ёрии нишондиҳандаи мушак. Масалан, нишондиҳандаи мушакро ба менюи Файл гузошта тугмаи чапи онро як бор пахш мекунем.

2. Бо ёрии тугмаҳои клавиатура. Масалан,

Alt ва Ф- интихоби менюи Файл

Alt ва П- интихоби менюи Правка

Alt ва В- интихоби менюи Вид

Alt ва А- интихоби менюи Вставка

Alt ва М- интихоби менюи Формат

Alt ва Е- интихоби менюи Сервис

Alt ва Д- интихоби менюи Данные

Alt ва О- интихоби менюи Окно

Alt ва С- интихоби менюи Справка

Тарзи кор бо ҷадвали электронии Excel

Дар авали кор катакчаи А1 фаъол мебошад. Фаъол будани катакча аз рӯи он, ки атрофии он ранги сиёҳи баланд дорад, муайян мегардад. Дар кунҷаки рости поёнии катакчаи фаъол квадратчаи сиёҳи хурд мавҷуд аст, маркери пуркуни ном дорад. Вақте, ки ҷадвали электронии Excel-ро ба кор медарорем, экран дар намуди расми 1 пешниҳод мешавад. Барои гузаштан бо катакчаи дигар тугмачаҳои идоракунии курсорро аз клавиатура истифода намудан мумкин аст. Барои гузаштан ба катакчаи ҳамсоя тугмачаи Enter-ро пахш намудан ё тугмачаҳои идоракунии курсорро истифода намудан мумкин аст. Агар ҷумла нисбати андозаи сутун дарозтар бошад, нишондиҳандаи мушро ба тарафи рости сарлавҳаи ин сутун бурда ҳангоми шакли +-ро гирифтани он тугмачаи тарафи чапи мушро пах шва дар ҳолати пахшкардашуда нигоҳ дошта, ба тарафи рост ба қадри зарури мебарем ва тугмачаро сар медиҳем. Дар натиҷа андозаи ин сутун калон мешавад. Ҳамин тавр қади сатрҳоро ҳам калону хурд карда метавонем. Баъзан барои иҷрои ягон амали математики сохтани формула лозим мешавад, ва формула нисбати катакча дарозтар мешавад. Агар формула ба охир расид, тугмачаи Enter-ро пахш мекунем. Дар ин катакча танҳо натиҷаи ҳисоб аз рӯи формула боқӣ мемонад.

Истифодаи аломати амалҳои арифметикӣ

Дар Excel амалҳои арифметики зерин истифода бурда мешавад:

Ҷамъ, тарҳ, зарб, тақсим, фоиз, бадараҷабардорӣ, хурд калон, баробар, калон ё баробар, хурд ё баробар ва ғайра.

Масалан ифодаи дар Excel чунин навишта мешавад.

=(A2*B2+EXP(-B2)*COS(C2*B2))/(C2*B2-EXP(-B2)*SIN(B2+1))

Дар ин ҷо A2, B2,C2 адреси катакчаҳое мебошанд, ки дар онҳо қимати тағйирёбандаҳои a,b,c навишта шудааст.

Инчунин дар Excel функсияҳои стандарти низ истифода бурда мешавад:

Sinx, cosx, tgx, x2, ex, ва ғайра.

Сохтани диаграммаҳо бо ёрии «Мастер диаграм»

Барои сохтани диаграммаҳо чунин амал намудан лозим аст:

Мисоли 1. Ададҳои 40,50,30 ва 20-ро дар катакчаҳои А1, B1, C1, D1- Ки ҷадвал ҷой медиҳем.

  1. Аз катакчаи А1 сар карда то ба катакчаи D1 қайд мекунем.
  2. Аз панели таҷҳизотҳо
    “Мастер диаграмм”-ро интихоб карда бо муш пахш мекунем.
  3. Аз равзанаи пешниҳодшуда диаграммаи намуди «Круговая»-ро интихоб мекунем.
  4. Аз равзанаи пешниҳодшуда тугмачаи «Далее»-ро ду маротиба пахш мекунем.
  5. Аз равзанаи пешниҳодшуда банди «Подписи данных»-ро интихоб карда дар назди калимаи «Доли» нишона мегузорем. Ва тугмачаи «Готов»-ро пахш карда диаграммаи дар расм буда ҳосил мешавад.

Кор бо формулаҳо дар Ехсеl 2003

Иҷроиши ҳисобкуниҳо дар ячейкаҳо бо воситаи формулаҳо амалӣ карда мешавад, натиҷаи ҳисобкунӣ бошад, дар ячейкае гузошта мешавад, ки дар он формула ҷойгир аст.

Формула бо аломатӣ = (баробарӣ) оғоз мегардад ва аз ададҳо, функсияҳо, маҷмӯи аломатҳо ва амалҳои математикӣ ифода карда мешавад.

Ҳангоми ба ячуйкаҳо дохилкунии формулаҳо клавиатура бояд дар реҷаи ҳарфҳои алифбои лотинӣ бошад. Дар ҳолати акс дар ячейка ба ҷои натиҷа навишти #ИМЯ? пайдо мешавад.

Қариб ҳамаи ҳисоббарориҳо дар Excel асосан бо ёрии формулаҳо анҷом дода мешаванд. Формулаҳои Excel бо ёрии доимиҳои адади, номи ячейкаҳо ва функсияҳои стандартӣ, ки ба воситаи аломати амалҳои математики алоқаманд шудаанд, сохта мешаванд. Истифодабарии қавсҳо дар формулаҳо тартиби мукаррарии иҷрои амалҳоро тағйир дода метавонанд. Ҳангоми ба ягон ячейка дохил намудани формула , программаи Excel ба таври автоматӣ қимати ин ифодаи формулавиро ҳисоб менамояд ва натиҷаашро дар ҳамон ячейка нишон медиҳад. Ҳангоми тағйир ёфтани қимати ячейкаҳои бо ин формула вобастабуда натиҷаи хисобкунӣ низ тағйир меёбад. Агар дар ячейкаи ҷадвал формула маҳфуз бошад, он гоҳ дар варақи кори натиҷаи ададии он инъикос карда мешавад.

Хатогиҳое, ки ҳангоми истифодаи формулаҳо ба вуқӯъ меоянд чунинанд:

#ДЕЛО/0!- ин хатогӣ тақсим ба нулро ифода мекунад. Масалан дар катакчаи А1 адади 10 ва дар катакчаи В1 адади 0 ё ин ки адад набошад. Ва чунин формула =А1/В1 созем ҳамин хатогӣ ба вуқӯъ меояд.

# ИМЯ? – ин хатогӣ ҳангоми нофаҳмо будани ном ва ё адреси катакчаҳо ба вуқӯъ меояд. Масалан ҳангоми ба ҷои шрифтҳои лотини, шрифтҳои руси навишта мешавад.

# ЗНАЧ!- ин хатогӣ ҳангоми номувофиқии типҳо ба вуқӯъ меояд. Масалан дар катакчаи А5 калимаи «Душанбе» ва дар катакчаи B5 адади 20 бошад. Ва чунин формула =А5+В5 созем ҳамин хатогӣ ба вуқӯъ меояд.

# ССЫЛКА! –номумкинии муроҷиат. Масалан дар катакчаи А2 адади 25 ва дар В2 адади 30 бошад. Ва бо чунин формула =А2*В2 бояд ададҳоро зарб кунему натиҷа гирем. Баъд сутуни А-ро ё ин ки катакчаи А2-ро нест кунем, ҳамин хатогӣ ба вуқӯъ меояд.

# ЧИСЛО!- номумкин будани амал. Масалан адади манфиро аз таҳти реша баровардан.

#######- ҷой нашудани адад дар катакча.

10 янв ё 9 – май-1990 — дохил намудани ададҳо дар майдони типии санавӣ ё вақт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *