Фании Информатика

Маълумоти умумӣ оиди барномаҳои стандартии: Блокнот ва Калкулятор

Нақша:
1. Маълумот оиди барномаи Блокнот.

2. Маълумот оиди барномаи Калкулятор.

1. Маълумот оиди барномаи Блокнот

Барномаи таҳригари мтнии Блокнот

Барномаи Блокнот –таҳриргари матнӣ ба ҳисоб рафта, барои азназаргузаронии файлҳои матнии типи .ТХТ, сохтани ҳуҷҷатҳои на чандон калон ва азхудкунии тугмаҳои клавиатура истифода бурда мешавад. Ин барномаро бо ёрии фармони Менюи асосии система ба кор даровардан мукин аст: Пуск (Оғоз)Программы (Барномаҳо) Стандартные (Стандартӣ) Блокнот (Блокнот).

Тарзи дохилкунии матн бо ёрии Блонот хеле оддӣ аст. Барои дохилкунии матни ягон ҳуҷҷат ештар аз блоки ҳарфӣ-рақамии клавиатура истифода мебаранд. Ҳангоми ба канори рости равзанаи барнома расидани матн, истифодабаранда бояд тугмаи Enter-ро пахш намояд. Агар ӯ хоҳад, ки матн ба таври автоматӣ аз сатр гузаронида шавад, он гоҳ ӯ бояд аз фармони менюи равзана ФорматПеренос по словам (Қолиб►Гузариш аз рӯи калимаҳо) истифода барад.

Блокнот имконият медиҳад, ки мтни ҳуҷҷат ба воситаи танҳо яке аз намудҳои ҳуруфҳо дохил карда шавад.

Интихоби ҳуруф, андоза ва тарзи зоҳиршавии ҳуруф (муқаррарӣ, мои,ғафс вағафсу моил) бо ёрии фармони равзанаи он Формат Шрифт (ҚолабҲуруф) идора карда мешавад.

Ҳуҷҷати сохташударо бо ёрии фармони ФайлСохранить как (Файл►Сабткунӣ Хамчун) дар хотира (инчестер ё дискҳои берунӣ) нигоҳ доштан мумкин аст. Агар шумо ҳангоми тахрирунии

матн тугмаи функсионалии Ғ5 –ро зер кунед, он гоҳ дар матни

ҳуҷҷататон ба таври автоматӣ таърихи рӯз ва вақти ҷорӣ гузошта мешавад.

2. Маълумот оиди барномаи Калкулятор

Барномаи Калкулятор барои иҷрокунии ҳисоббарориҳои оддитаринии риёзӣ, оморӣ, муҳандисӣ, илмӣ вағайра истифода бурда мешавад. Ин барнома бо ёрии фармони Менюи асосӣ ба кор дароварда мешавад: Пуск® Программы® Стандартные® Калькулятор. Барномаи Калкулятор дар ду реҷа кор карда метавонад:

  1. Муқаррарӣ;
  2. Муҳандисӣ.

(Расми 1). Барои аз як реҷа ба реҷаи дигар гузаштан, аз фармонҳои менюи равзанаи Калкулятор истифода мебаранд:

Вид ® Обычный ва Вид ® Инженерный

Бо ёрии Калкулятори инжинерӣ ҳамаи амалҳои арифметикиро иҷро ва қимати функсияҳои математикию омориро ҳисоб намудан мумкин аст. Рақамҳоро бо ёрии клавиатура ё худи равзанаи барнома (бо ёрии муш) дохил намудан мумкин аст. Тарзи кори ин барнома аз калкуляторҳои муқарарӣ (дастӣ) ягон фарқе надорад.

Таъиноти баъзе тугмаҳои барномаи Калкуляторро дар шакли таблитсаи зерин меорем:

Тугмахои

калкулятор

Тугмахои

клавиатура

Вазифаи тугмаҳо
CESCБекоркунии амалиёти ҷорӣ
CEDelНесткунии қимти адади ҷорӣ
BackBackSpaseНесткунии рақами охирони адади ҷорӣ
MCCtrl+LТозакунии хотираи Калкулятор
MRCtrl+RДохилкунии қимат аз хотираи Калкулятор
M+Ctrl+PҶамъкунии қимати адади ҷорӣ бо қимати адади дар хотира маҳфузбуда ва аз нав нигоҳдории натиҷа дар хотираи Калкулятор
MSCtrl+MҶойгиркунии қимати адад ба хотираи Калкулятор
+/-F9Ивазкунии аломати қимати адади ҷорӣ
1/xRЁфтани қимати баръакси адади ҷорӣ
Sqrt@Аз решаи квадрати баровардани қимати адади ҷорӣ
%%Ба фоиз табдилдихии кимати адад

Саволҳои санҷишӣ

  1. Барномаи Paint ба гурӯҳи кадом барномаҳо дохил мешавад?
  2. Равзанаи барнома аз кадом қисмҳо иборат аст?
  3. Чанд намуди калкуляторро шумо медонед?
  4. Калкулятор дар чанд реҷа кор мекунад?

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *