Фанни Экология

Намудхои махсус ва фавкулодаи таъсирот ба биосфера

Партовҳои истеҳсолот ва истеъмол

Ба қатори намудхои махсуси таъсироти антропогенӣ ба биосфера ифлосшавии мухит бо партовхои хатарнок, таъсироти овозӣ, ифлосшавии биологӣ, таъсири майдонҳои электромагнити ва гайра ворид мешаванд.

Айни замон яке аз масъалаҳои ҳалталаби экологӣ ифлосшавии муҳити атроф бо партовҳои истеҳсолот ва истеъмол хисоб меёбад. Партовҳо ва боқимондаҳои коркарди истеҳсолот, ки дар партовгоҳҳо ҷамъ мешаванд, манбаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ, обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, хоку наботот мебошанд. Ҳамаи партовҳо ба ду гурӯҳ-маишӣ ва саноатӣ (истехсолотӣ) ҷудо мешаванд. Партовҳои маишӣ сахт, моеъ ва газшакл мешаванд. Партовҳои маиши сахт (ПМС) омехтаи моддахои сахт (пластмасса, коғаз, шиша, чарм ва ғайра) мебошанд. Партовҳои маишии моеъ асосан аз обҳои чандидаи хоҷагидориву маишӣ ва партовҳои газшакл аз партофтаҳои газҳои гуногун иборатанд. Партовҳои саноатӣ (истехсолӣ) бокимондахои ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёре мебошанд, ки ҳангоми истеҳсоли маҳсулот ҳосил шудаанд. Партовҳои саноати низ сахт, моеъ ва газшакл мешаванд. Бо сабаби набудани чойҳои махсуси партовҳои саноатиро бештар ба чойҳои манъшуда бурда мепартоянд. Танҳо камтар аз 20%- и партовхо безарар гардонида мешаванд. Қисми зиёди партовҳои саноатиро саноати ангишт ташкил медиҳад, корхонаҳои металургияи сиёҳ ва ранга, неругоҳои барқи гармдиҳи, саноати сохтмон ташкил медиҳанд.

Партовҳои хатарнок хусусияти захролудшавӣ, таркандагӣ, сироятку-нандагӣ ва ангезандагии сухторро доранд, ки ба саломатии инсон ва муҳити атроф зарар доранд.

Партовҳои радиоактивӣ (ПРА) маводҳои сахт, моеъ ва газшакли энергетикаи ядроӣ корхонаҳои ҳарбӣ, соҳаҳои дигари саноат ва соҳаи ҳифзи тандурустӣ буда , дар таркибашон изотопҳои радиоактивии аз меъер зиёд доранд. Элементҳои радиоактивӣ, масалан стронсий-90 функсияҳои ҳаётан муҳими организмро вайрон мекунанд ва хуҷайраҳоро маҳв месозад. Баъзе аз радионуклидҳо хусусияти захролудии худро дар муддати 10-100млн сол нигоҳ медорад. Партовҳои радиоактивӣ камфаъол (камтар аз 0,1 Ки/м3), миёнафаъол (0,1-100км/м3), бисёрфаъол (зиёда аз 100 Ки/м3) мебошанд. Аксари партовҳои радиоактивие, ки дар АЭС нигоҳдори мешаванд. Партовҳои моеъ дар шакли консентрат дар зарфҳои махсус, партовҳои махсус дар зархирагоҳои махсус нигоҳдори карда мешаванд.

Партовҳои диоксидор дар натиҷаи сӯзиши партовҳои саноатӣ ва маишӣ, бензин, маҳсулоти саноати кимиё ва элекротехникӣ ҳосил мешаванд. Диоксинҳо ҳамчунин ҳангоми безараргардонии об бо хлор, истеҳсоли пестисидҳо ва хлор ҳосил мегарданд. Диоксинҳо моддаҳои органикии синтетикӣ мебошанд ва хусусияти мутагенӣ, кансерогенӣ, эмбриотоксинӣ доранд. Онҳо системаи иммунитетро (СПИД-и диоксинӣ) беқувват мекунанд ва дар ҳолати ба организм ворид шудан баданро лоғар ва оқибат бе нишонаҳои беморӣ ба марг мерасонад. Диоксинҳо ҳатто бо миқдори кам таъсири биологӣ мерасонанд.

Таъсироти овозӣ яке аз намудҳои зарарноки таъсирот ба муҳити табиии атроф хисоб меёбад. Ифлосшавии муҳит бо ғалоғулаи овоз дар натиҷаи афзуншавии сатҳи табиии лаппишҳои овозӣ ба вуҷуд меояд. Манбаъҳои антропогении овоз инсонро хаста ва асабӣ мекунанд, фаолияти майнаи сарро суст месозанд, самаранокии меҳнатро паст мекунанд. Дар дараҷаи 60 дБ-и овоз шикоятҳои зиёд мушоҳида мешавад, дар 90 дБ органҳо шунавои ҳасос мешаванд, дар 110-120 дБ гуш ба дард меояд, дар 130 дБва зиёда аз он гуш ношунаво мешавад. Бо қувваи овозии 180 дБ дар металл роғ пайдо мешавад. Манбаҳои асосии овози антропогени нақлиёт (автомобилӣ, рохиоханӣ ва хавоӣ) ва корхонаҳои саноатӣ ба ҳисоб мераванд. Нақлиёти автомобилӣ ба мухити атроф таъсири бештар мерасонанд: дар роҳои автомобилгарди шаҳрҳои калон сатҳи овози наклёт рӯзона ба 90-100 дБ мерасад. Шабона дар баъзе минтақаҳо сатҳи овоз аз 70 дБ поён намефарояд (меъёри сатхи овозӣ шабона 40 дБ мебошад). Хангоми парвози тайёраҳои баландовоз («Ил-76», «Ил-86» ва гайра) дар масофаи зиёда аз 10км дуртар аз фурудгоҳ сатҳи овоз ба 75 дБ мерасад. Таъсироти антропогении овоз ба ҷонварон низ асар мекунад: ҷушоиши ширу тухумгузории мурғон кам мешавад, ҳайвонҳо пеш аз муҳлат мезоянд, парандаҳо низ пеш аз вақти муқаррари бол иваз менамоянд.

Ифлосшавии биологӣ

Ба экосистемаҳо ворид намудани намудҳои организмҳои зиндаеро, шароити мавҷудияти итиҳодҳои биотикиро вайрон месозанд ва ба саломатии инсон зарар мерасонанд, ифлосшавии биологӣ менаманд. Манбаҳои асосии таъсироти биологӣ обҳои шорандаи корхонаҳои саноати хӯрока ва чарм,партовҳои маишию саноатӣ, қабристонҳо, хати канализатсиони, заминҳои обёрикунанда ва ғайра мебошанд. Пайвастагиҳои гуногуни органикӣ ва микроорганизмҳои патогенӣ аз манбаъҳои зикршуда ба хок, чинсҳои куҳи ва обҳои зеризамини омехта мешаванд. Барангезандаҳои бемориҳои сироятӣ ва паразитӣ хатари калон доранд.

Майдони магнитии Замин, ки омили аввалини марҳилавии экологи маҳсуб меёбад, мунтазам ба ҳолати экосистемаҳо таъсир мерасонад. Дар чараёни рушди эволютсионӣ экосистемаҳо ба заминаи табиии электромагнитӣ мутобиқ шуданд. Фақат дар давраи фаъолиятнокии офтоб баъзе дигаргуниҳо мушоҳида мешаванд. Ин зуҳурот, ки тӯфони магнитӣ ном гирифтааст, ба ҳолати ҳамаи экосистемаҳо ва организми инсон таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин давра шахсоне, ки бемории қалб, асаб, фишори хун ва ғайраро доранд, худро бад ҳис мекунанд. Майдони магнитӣ инчунин ба ҷонварон ва махсусан ба паррандагон ва ҳашарот таъсир мекунад.

Рушди раванди илмӣ-техникӣ ба мийдони магнитӣ дигаргуниҳои кули ворид менамояд. Манбаҳои асосии ин таъсирот майдонҳои электромагнитии хатҳои нуқли электрикии стансияҳои радиотелевизионӣ ва радиолокатсионӣ ҳисоб мешаванд. Хатҳои мазкур ва дигар дастгоҳои энергетикӣ нисбат ба ҳисоби миёнаи майдонҳои табиӣ садҳо маротиба зиёдтар майдонҳои электромагнитӣ бо шидатнокии 1000 В/и ба саломатии инсон таъсири худро мегузорад: системаи эндокрини, раванди мубодила, функсияҳои майнаи сар ва сутунмуҳра вайрон мешаванд.

Таъсироти фавқулодда ба биосфера

Таъсироти фавқулоддаи вайронкунанда ба муҳити табиии атроф антропогенӣ (амалиёти ҳарбӣ, садамаҳо) ва табиӣ (офатҳои табиӣ) мешаванд. Аз тамоми намудҳои таъсироти инсон ба муҳити атроф омили калони валангоркунанда амалиёти ҳарбӣ ҳисобида мешавад. Ва ин таъсири мақсадноки инсон ба муҳити атроф экосид (биосид, ҷанги экологӣ) ном гирифтааст. Айни замон яроқи маҳви умум-яроқи ядерӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва бактериологӣ афзалияти вайронкунандагӣ доранд ва ҳар як намуди ин яроқҳо ба муҳити табиии атроф, алалхусус ба инсон таъсири худро мегузорад.

Яроқи ядерӣ ва термоядерӣ бо иқтидор ва ҳадафнокии худ дар шаклимавҷи зарбазан, радиатсия, сирояти радиоктивӣ ва импулси электромагнитӣ фарқ мекунад. Ҳангоми таркиши ядерии мавҷи зарбазани беш аз 50 кПа тамоми ҷангал нобуд мешавад (дарахтон решакан мешаванд), узви дарунии инсон мекафад, устухонҳояш осеб мебинад, пӯсти бадан ва пардаи чашм месузад ва дар ҳолатҳои вазнин ба марг оварда мерасонад.

Дар охири асри XX мафҳуми «зимистони ядерӣ» ворид шуд, ки дар натиҷаи истифодаи яроқи ядерӣ ива термоядерӣ ба вуҷуд омаданаш имконпазир аст. Ҳол он ки дар ин ҳангом дар қисми шимолии кураи Замин ҳарорат зиёда аз 20 0С пастар мешавад. Сухторҳои калон, ки дар натиҷаи таркишҳои ядерӣ бояд ба вуҷуд оянд, дуд ва омехтаҳои газшаклро ба ҳаво мепартоянд ва руи Замин дар тули хафтаҳо ва ҳатто моҳҳо торик (шаби ядерӣ) мешавад. «Зимистони ядерӣ» садамаи глобалии экологӣ буда, экосистемаҳои асосии табии Заминро хароб ва инсониятро маҳв месозад.

Яроқи кимиёвӣ бо мақсади заҳролудкунии инсон ва биота ба воситаи моддаҳои заҳролудкунанда-газҳо, моддаҳои моеъ ва сахт истифода мешавад. Барои ин ракета, мина, бомба ё тайёраҳоро истифода мекунанд. Моддаҳои заҳролудкунанда, нафасгиркунанда ва асабхаробкунанда экосистемаҳои табии, одамон, ҳайвонот ва набототро нобуд месозанд. Дар Ветнам дар натиҷаи пошдиҳии зиёда аз 100 ҳазор тонна дефолиантҳо (гербисидҳо) аз чониби артиши ИМА 12% ҷангал, 40% мангр ва зиёда аз 5% махсулоти кишоварзӣ, ҳашарот ва намудҳои зиёди растаниҳо несту нобуд шуданд. Аз 150 намуди парандаҳо танҳо ҳаждаҳ намудашон боқи монданд, 1,6 млн ветнамиҳо саломатии худро аз даст доданд.

Яроқи бактериологӣ (биологӣ)- маводи заҳрҳо барои нобудкунии одамон истифода мешавад. Яроқи мазкур боиси паҳншавии касалиҳои сирояткунанда (тоун, вабо, малярия ва ғайра) мегарда. Аксари бактерияҳо муддати даҳсолаҳол дар хок маҳфуз мемонанд.

Садамаи техногении экологӣ садамаи тачхизоти техникӣ (нерӯгохи барки атомӣ, танкер ва ғайра) буда, ба муҳити атроф дигаргуниҳои зиёд меоварад ва тамоми мавҷудоти зиндаро нобуд месозад. Садамаҳо ногаҳон рух медиҳанд ва окибатҳои экологии онҳо ба масофаҳои дур паҳн мешаванд. Садамаҳои техногении экологӣ дар натиҷаи вайрон кардани техникаи бехатари, беаҳамияти ва хатои одамон, аз кор баромадани кисмҳои таҷҳизот ва ғайра ба амал меоянд. Садамаҳое, ки дар нерӯгоҳои барқи атомӣ, корхонаҳои коркарди сӯзишвории ядери, конҳои уран, корхонаҳои кимиёвӣ, кубурҳои нафтию газӣ, системаҳои нақлиёт (баҳрӣ, ҳавоӣ ва роҳои оҳан) дарғотҳои обанборҳо ва ғайра рух медиҳанд, хатари калони экологӣ доранд. Бузургтарин садамаи техногенӣ дар таърихи инсоният 26 апрели соли 1986 дар нерӯгоӣи атомии Чернобил ба вуқуъ омад, ки дар ин фоҷиа 29 нафар ҳалок шуданд, 9 млн нафар ба ҷои дигар кучонида шуданд. Оқибатҳои ҳодисаи Чернобил дар дастгоҳи ирсии инсоният танҳо пас аз 40 насл нест мешаванд.

Садамаҳои бузурги иншоотҳои кимиёвӣ низ хеле хатарнок мебошанд, зеро ифлосшавии тамоми қабати назди заминии атмосфера, сарчашмаҳои об ва хок ба амал меояд. Дар корҳонаи истеҳсоли пестисидҳо дар Бхопол (Ҳиндустон) соли 1984 зиёда аз 30 т омехтаҳои заҳрноки фосген ва метилизотсианат аз систернаҳои пулодин хориҷ шудан. Садама дар натиҷаи вайронкунии техникаи бехатари ва ноуҳдабароии кормандон ба вуҷуд омад. Дар ин садама 3 ҳазор нафар ҳалок гардиданд, қариб 20 ҳазор нафар нобино шуданд ва 200 ҳазор нафар осеби майнаи сар гирифтанд ё фалаҷ шуданд. Насле, ки пас аз садамаи мазкур ба дунё омаданд, аксаран носолим таввалуд шуданд.

Садамаи экологие, ки бо системаи нақлиёти баҳри алоқаманд мебошад, дар порти Клайпеда 21 ноябри соли 1971 ба вуқуъ пайваст. Дар ин садама зиёда аз 16 ҳазор тонна мазут аз танкери «Глобе Асими» ба халиҷи Риган баҳри Болтика рехт, ки ба экоситемаи он таъсири манфи расонид. Шумораи фитопланктон па намудҳои гуногуни он якбора кам шуд, роҳи баҳри олуда ва афзоиши табиӣ вайрон гардид.

Офатҳои табиӣ гуфта зуҳуроти табииро маноманд, ки ҳолатҳои садамавии экологиро ба вуҷуд меорад, ки дар натиҷа фавти одамон ва талафоти калони моддӣ рух медиҳад. Заминҷунбӣ, суннами, хуруҷи вулқон, обхезӣ, хушксолӣ ва тӯфон офатҳои маъмул ва пурхатар ба ҳисоб мераванд. Аз руи пайдоишашон офатҳои табиӣ ҳамчун офатҳои эндогенӣ, яъне бо қувваи дохилии Замин алоқаманданд ва экзогенӣ, ки бо нерӯи офтоб вобастагӣ доранд, тасниф мешаванд. Офатҳои эндогени заминларза, суннами, хуруҷи вулқон ва офатҳои экзогени обхезӣ, тӯфон, тӯфони тропикӣ, селоба ва хушксолӣ хисоб мешавад.

Заминҷунбӣ яке аз зуҳуроти пурдаҳшати нерӯи дохилии Замин мебошад . Дар ҷаҳон ду намуд пояси хатарноки сейсмики вучуд дорад: пояси якум кад-кади соҳилҳои уқёнуси Ором тул мекашад ва «ҳалкаи оташ» ба вуҷуд меорад: пояси дуюм аз нимҷазираи Пиреней то архипелоги Малайя тул мекашад. Дар Россия ва Итоди Давулатхои Мустакил минтикаҳои хатарноки сейсмики дар Капат, Крим, Кафкоз, Осиёи Марказӣ, Олтой, Забайкале, Шарқи Дур, Сахалин, чазираҳои Курил ва Камчатка ҷойгир шудаанд. Зиёда аз 20% манотиқи Россия зери хатари заминларзаҳо ҷо гирифтааст.

15 августи соли 1950 дар қисми баландкуҳи Тибет садамаи калонтарини сейсмикӣ рух дод. Қувваи ин заминларза бо қувва таркиши 100 ҳазор бомбаи баробар буд, ки дар натиҷаи он дигаргуниҳои зиёд дар релеф ба амал омад. Моҷҳи августи соли 1999 дар шимолу ғарби Туркия, дар минтақаи баҳри Мармар ҳангоми заминлазар 16 ҳазор нафар ҳалок шуданд, 35 ҳазор ҳаргуна осеб ва ҷароҳатҳо бардоштанд. Даҳҳо ҳазор одамон зери вайронаҳо монданд. Зиёда аз 17 ҳазор биноҳои истиқомати хароб шуданд. Заминҷунбии пурқуввате, ки дар таърихи Россия ба вукуъ омадааст, 25 майи соли 1995 дар Сахалинск рух дод, ки масоқати умумии мавқеи заминҷунби 215 ҳазор км2-ро дар бар гирифт. Шаҷҳри Нефтегорск ба пурраги хароб шуд, ду ҳазор нафар нобуд гардиданд.

Ҳангоме ки зуҳуроти сейсмикӣ дар каъри укёнусхо ба амал меояд, дар сатҳи об мавҷҳои тӯлонӣ пайдо мешаванд, ки онхоро суннами меноманд. Баландии ин гунна мавҷҳои сейсмикӣ дар ҷои пайдоишашон 0,1- 5 м, дар назди соҳилҳо 15-20 м ва зиёда аз он мешаванд. Суннами ба масофаи садҳо ва ҳазорхо километр бо суръати 800-1000 км/с ҳаракат менамояд.

Хуруҷи вулқон яке аз офатҳои хатарноки табиӣ маҳсуб меёбад. Дар рӯи Замин 4 хазор вулқон вуҷуд дорад, ки 540 тои он амалкунанда мебошанд. Дар миқёси вулқонҳои амалкунанда дар Камчатка ва ҷазираҳои Курил ҷойгир шудаанд. Дар садсолаи охир хуруҷи вулқони Тамбори чазираи Сумбаваи Индонезия (соли 1815) пурққуватарин ҳисоб меёбад. Баландии ибтидоии вулқон 4 ба 4000 м расид, пас аз таркиш бошад, то 2850м хуруҷ намуд. Ба атмосфера зиёда 100 км3 ҳинсҳои куҳи партофта шуд, кратери андозааш 6×6,5км ва чукуриаш 700 пайдо шуд. Дар муддати се рӯз дар митақае, ки ба миқёси Фаронса баробар аст ва дар он миллионҳо нафар одамон маскан доштанд, таркиши зулмот ҳукумфармо буд. Шумораи умумии ҳалокшудагон ба даҳҳо ҳазор нафар расид.

Дар байни офатҳои табиии экзогенӣ обхезихо, тӯфони тропикӣ, хушксолӣ, фурӯравӣ ва сел хеле хатарнок мебошанд. Обхези обзеркунии муваққатии қисми хушки дар натиҷаи баланшавии сатҳи об дар дарё, кул, баҳр ё обанбори сунъи мебошад. Хангоми обхезии дарёҳо минтакаҳои зиёд зери об мемонад, одамон ҳалок мегардан, ба муддати зиёд хоҷагидори аз кор мемонад. Масалан, тобистони соли 1950 дар вақти обхези тамоми Приханкайск дар масоҳати 6 ҳазор км2 зери об монд. Обхезии калон тобистони соли 2002 дар дарёи Кубани Краснодар ва Ставропол ба амал омад.

Тӯфонҳои тропикӣ (тунбод, сиклон, тайфун) дар натиҷаи ҳаракати шамоли суръаташ тез дар минтакаҳои тропики пайдоиши меёбанд. Тӯфонҳои тропикиро ҳангоми гузариш аз баҳр ба хушки мавҷҳои баланд, борон ва раъду барқ ҳамроҳи мекунанд. Шамол бо суръати 20м/с ҳама ҷоро валангор месозад. Ҳангоми тундбод суръати шамол ба 50-60 м/с мерасад. Аксари тӯфонҳои тропикӣ дар наздикии баҳри Зард ва ҷазираҳои Филиппин ба вуҷуд меоянд. Баъзеашон то Владивосток ва дигар портҳои шимолии Россия мерасанд. Тӯфони тропики (тайфун) соли 1861 порти Хайфон Ветнамро нобуд сохт ва дар ин тӯфон 300 хазор нафар халок шуданд.

Тeфон (uайритропикӣ, беруназтропикӣ) гирдбод ё сиклон буда, бо суръати зиёда аз 30м/с дар болои уrёнус ба вуxуд меояд. Онро бeрон низ меноманд ва шакли он мисли абри сиёҳ аст. Гирдбодҳои манотиrи Исландия, ки дар натичаи омехташавии ҳавои хунуки соҳилҳои Гренландия ва ҳавои гарми Голфстрим ба вуxуд меоянд, ҳама xоро валангор месозанд.

Хушксолӣ муддати тeлонӣ ҳавои хушк буда, дар натиxаи ҳарорати баланди ҳаво ва беборишӣ, яъне нарасидани рутубат ба амал меояд. Хушксолӣ дар натиxаи кам будани боришот дар тирамоҳ ва зимистону авали баҳор ба вуrуъ меояд.

Хушксолии тeлонӣ ба оrибатҳои вазнини экологӣ, яъне таназзули экосистемаҳои табиӣ, нобудшавии растаниҳо, беҳосилӣ, дар ҳолатҳои муайяни иxтимои-иrтисодӣ ба гуруснагӣ ва фавти одамон оварда мерасад. Дар Россия хушксолиҳои сахти солҳои 1891, 1911, 1921, 1946 воrеъ шгудаанд.

Ярч, селоба, тарма зуҳуроти гравитатсионӣ ҳисоб мешаванд ва натиxаи омехташавии хоку барф ва нишебшавии он ба вуxуд меоянд. ҳамасола ин зуҳурот ҳазорҳо одамонро ба ҳалокат мерасонад. Дар натиxаи пуршиддат гардидани ярчҳо дар Чечня ва Ингушетия (дар зимистон ва баҳори солҳои 1989 ва 1998) 27 ҳазор нафар бе манзили истиrоматӣ монданд.

Равандҳои гравитатсионӣ ба вайроншавии робитаҳои экологӣ, нобудшавии дарахтон ва маҳсулоти кишоварзӣ боис мешаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *